Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи кор бо ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:
1) Барномаи кор бо ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи дурнамои миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти Барномаи мазкурро ба инобат гирад.
3) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи кор бо ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 муқаррар карда шавад.
4) Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалӣ гардонидани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 март доир ба корҳои анҷомдодашуда ва ҳангоми зарурат ҷиҳати такмили он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 майи соли 2010 № 278
ш. Душавбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Программы работы с несовершеннолетними в Республике Таджикистан на период 2010-2015 годов
В соответствии со статьей 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Программу работы с несовершеннолетними в Республике Таджикистан на период 2010-2015 годов (прилагается).
2) Министерству экономического, развития и торговли Республики Таджикистан при разработке среднесрочной перспективы социально-экономического развития Республики Таджикистан принять во внимание положения настоящей Программы.
3) Министерство внутренних дел Республики Таджикистан установить координатором реализации Программы работы с несовершеннолетними в Республике Таджикистан на период 2010-2015 годов.
4) Соответствующим министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти принять необходимые меры по реализации данной Программы, ежегодно до 1 марта представить Правительству Республики Таджикистан подробную информацию о проделанной работе и при необходимости по её усовершенствованию.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 29 мая 2010 года № 278
г. Душанбе