Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.03.2011 № 149, аз 3.06.2011 № 292, аз 15.11.2011 № 570)
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ" ва бо мақсади самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, зарурати танзими барқ дар дохили ҷумҳурӣ, дастгирии сектори воқеии иқтисодиёт, инчунин ҷиҳати оқилона истифода бурдани энергияи барқ дар мавсими тобистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида тасдиқ ва аз 1 майи соли 2010 мавриди амал қарор дода шаванд (замима мегарданд).
2) Тарифи имтиёзнок барои Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" дар давраи моҳҳои май-сентябр бе дарназардошти меъёри барқи истифодашаванда татбиқ карда шавад" .
3) Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" пардохти саривақтӣ ва пурраи ҳаққи истифодаи энергияи барқро таъмин намояд .
4) Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба Нархномаи №09-01-2010 "Тарифҳо барои энергияи барқ ва гармӣ" тибқи қарори мазкур тағйироти дахлдор ворид намоянд.
5) Дар тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2009 № 678 "Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ" тасдиқ карда шудаанд:
- банди 2 хориҷ карда шавад;
- аз банди 4 калимаҳои "насосҳо ва истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ ва" хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 19 майи соли 2010 № 259
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 майи соли 2010 № 259
тасдиқ шудааст
Тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида
(Бо назардошти ААИ)
+---+----------------------+------------------+----------------------ҷ
|р/т| Энергияи барқ |Дар мавсими баҳору|Дар мавсими тирамоҳу |
| | |тобистон (аз 1 май|зимистон (аз 1 октябр |
| | |то 30 сентябр) |то 30 апрел) |
| | +------------------+----------------------+
| | | Дирам ба 1 кВт. соат |
+---+----------------------+------------------+----------------------+
| 1.|Барои Корхонаи воҳиди | | |
| |давлатии "Ширкати | | |
| |Алюминийи Тоҷик" | 5,0 | 8,2 |
+---+------------Р---------+------------------+----------------------+
| 2.|Бо карори Хукумати ЧТ аз 12.03.2011 № 148 |
| |хорич карда шуд. |
| | |
+---+----------------------------------------------------------------+
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2011, № 292
Тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида
(Бо дарназардошти ААИ)
+---+-----------------------------+----------------+-----------------ҷ
|р/т|Энергияи барқ |Дар мавсими |Дар мавсими |
| | |баҳору тобистон |тирамоҳу зимистон|
| | |(аз 1 май то |(аз 1 октябр то |
| | |30 сентябр) |30 апрел) |
| | +----------------+-----------------+
| | | Дирам ба 1 кВт. соат |
+---+-----------------------------+----------------+-----------------+
|2 |Барои насосҳои обкашие, ки | | |
| |барои истеҳсолу интиқоли оби | | |
| |нӯшокӣ ва канализатсия, | | |
| |насосҳои обкашии обёрӣ ва | | |
| |истгоҳҳои насосҳои обёрии | | |
| |мошинӣ, новобаста аз шакли | 1,5 | 5,7 |
| |моликият ва мансубияти | | |
| |идоравиашон (ба истиснои | | |
| |насосҳои обкашӣ, истгоҳҳои | | |
| |насосҳои обёрии мошинӣ ва | | |
| |базаҳои таъмирию истеҳсолии | | |
| |Вазорати мелиоратсия ва | | |
| |захираҳои оби Ҷумҳурии | | |
| |Тоҷикистон) истифода | | |
| |мешаванд | | |
+---+-----------------------------+----------------+-----------------+
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ" ва бо мақсади самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, зарурати танзими барқ дар дохили ҷумҳурӣ, дастгирии сектори воқеии иқтисодиёт, инчунин ҷиҳати оқилона истифода бурдани энергияи барқ дар мавсими тобистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида тасдиқ ва аз 1 майи соли 2010 мавриди амал қарор дода шаванд (замима мегарданд).
2) Тарифи имтиёзнок барои Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ҳангоми афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ танҳо барои барқи истифодашаванда, ки аз 18 млн. кВт. соат дар як шабонарӯз зиёд аст, татбиқ карда мешавад.
3) Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" пардохти саривақтӣ ва пурраи ҳаққи истифодаи энергияи барқро таъмин намоянд.
4) Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба Нархномаи №09-01-2010 "Тарифҳо барои энергияи барқ ва гармӣ" тибқи қарори мазкур тағйироти дахлдор ворид намоянд.
5) Дар тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2009 №678 "Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ" тасдиқ карда шудаанд:
- банди 2 хориҷ карда шавад;
- аз банди 4 калимаҳои "насосҳо ва истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ ва" хориҷ карда шакии
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 19 майи соли 2010 № 259
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 майи соли 2010 № 259
тасдиқ шудааст
Тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида
(Бо назардошти ААИ)
+---+----------------------+------------------+----------------------ҷ
|р/т| Энергияи барқ |Дар мавсими баҳору|Дар мавсими тирамоҳу |
| | |тобистон (аз 1 май|зимистон (аз 1 октябр |
| | |то 30 сентябр) |то 30 апрел) |
| | +------------------+----------------------+
| | | Дирам ба 1 кВт. соат |
+---+----------------------+------------------+----------------------+
| 1.|Барои Корхонаи воҳиди | | |
| |давлатии "Ширкати | | |
| |Алюминийи Тоҷик" | 5,0 | 8,2 |
+---+----------------------+------------------+----------------------+
| 2.|Барои насосҳои обкашӣ,| | |
| |истгоҳҳои насосҳои | | |
| |обёрии мошинӣ | 1,5 | 5,7 |
+---+----------------------+------------------+----------------------+