Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 245 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 589"

Санаи амалкуни: 30.08.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 589

 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2019 № 440)

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010 №832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №589 "Дар бораи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 2 қарор рақамҳои "280" ва "200" мутобиқан ба рақамҳои "170" ва "170" иваз карда шаванд;

- сархати дуюми банди 3 қарор дар таҳрири зайл ифода шавад:

-"Лимити автомошинаҳои хизматӣ барои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 13 адад муқаррар карда шавад.".

2) Дар Низомномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №589 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар таҳияи сиёсати давлатии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат иштирок намуда, вазифаҳоро оид ба таҳияву татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши таҳлил ва таҳияи консепсияҳо, стратегияҳои кӯтоҳмуддат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат, барномаҳо ва дурнамоҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, савдо, рушди иқтисодии минтақаҳо, патентҳо ва ташаккули захираҳои иттилоотӣ, инчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои гузаронидани мониторинг, баҳодиҳии татбиқи стратегияҳои миллии рушд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва барномаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ менамояд."

- дар банди 2 калимаҳои "хадамот, агентиҳои" ба калимаҳои "ташкилоту муассисаҳои" иваз карда шаванд;

- сархатҳои бисту нӯҳум, аз чилу чорум то панҷоҳу дуюми банди 5 ва сархати чоруми банди 6 хориҷ карда шаванд;

- дар сархати ҳаштуми банди 6 калимаҳои "ва савдои биржавӣ" хориҷ карда шавад;

- баъд аз сархати дуюм банди 5 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"-дар таҳияи сиёсати давлатии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат иштирок менамояд;";

- банди 8 хориҷ карда шавад;

- аз сархати сеюми банди 9 калимаҳои "Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд;

- аз сархатҳои шашум ва дувоздаҳуми банди 9 калимаҳои "агентиҳои назди Вазорат" ва "фармон ва" хориҷ карда шаванд;

3) Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №589 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2 ва 3).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 майи соли 2010 № 245

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2010 № 245

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ

Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт

Сарраёсати таҳлили конъюнктураи бозор ва танзими фаъолияти тиҷоратӣ

Сарраёсати пешгӯии сиёсати сармоягузорӣ ва танзими рушди минтақаҳо

Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ

Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ

Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ

Раёсати котибот

Раёсати молиявию баҳисобгирӣ

Раёсати кадрҳо ва бахши махсус

Раёсати корҳо

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2010 № 245

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Раёсатҳои (шӯъбаҳои) минтақавии рушди иқтисод ва савдо

Намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2010 № 245

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати давлатии "Суғдсавдо"

Маркази миллии патенту иттилоот

Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ"

Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Суғд"

Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"

Муассисаи давлатии "Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2019 № 440)

Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқгисодии "Ишкошим"