Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 майи соли 2010
№ 208 тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӯСТИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2011-2013
Шиносномаи
Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013
Номи Барнома

Асоси қонунӣ ва меъёрии ҳуқуқии таҳияи Барнома
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ" ва Консепсияи миллии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳиягар ва ҳамоҳангсози давлатии Барнома
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳадафҳои Барнома
тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватанпарастӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан баҳри ҳифзи амният, таҳкими истиқлолият ва ободии Ватан;
аз таблиғоти ифротгароёна ва оштинопазири милливу мазҳабӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон, пешгирӣ кардани зуҳуроти ифротгароӣ ва таасуби динӣ дар байни ҷавонон;
мусоидат ва тавсеа бахшидани эҳсоси худшиносӣ, садоқат ба Ватан, нангу номуси миллӣ ва фароҳам овардани шароит барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон
Вазифаҳои асосии Барнома
таблиғи ғояҳои асосии миллӣ аз қабили садоқат ба Ватан, ифтихор аз гузаштаи бошарафона, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ байни ҷавонону наврасон;
пос доштани анъанаҳои меҳнативу ҷангии падарону бобоён, сарнавишти ибратбахши гузаштагони худ ва омӯзиши фидокорию ҷонбозиҳои каҳрамонони халқи тоҷик;
истифодаи усулҳои нави кор бо насли ҷавон ва тадбирҳои самарабахш дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон; ташаккули андешаву афкори пешрафтаи чавонон ҷиҳати рушди ҷомеа; фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоӣ ва ташкилӣ барои ташаккули ҳисси ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва садоқат ба Ватан дар байни ҷавонон;
таҳкими асосҳои илмию назариявӣ, методӣ, меъёрию ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва кадрии сиёсати давлатии ҷавонон дар самти тарбияи ҳарбию ватандӯстии насли наврас; беҳтар намудан ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастӣ ва тайёрии ҳарбии пеш аз даъватшавии ҷавонон; таъмини дастгирии давлатии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии насли наврас;
таҳия ва татбиқи шаклу усулҳои самараноки тарбияи ватанпарастӣ ва тайёрии ҳарбии пеш аз даъватшавии ҷавонон.
Натиҷаҳои ниҳоие, ки аз татбиқи Барнома пешбинӣ мешаванд
фаъолият дар самти тарбияи ҳарбию ватандустӣ тақвият меёбад;
эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихори милливу хештаншиносӣ дар байни ҷавонон боло меравад;
кӯшиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ афзуда, ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳои беҳтару муассиртари таблиғи ғояҳои ватандӯстиву ифтихори миллӣ чораҳо андешида мешаванд;
амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии фаъолияти қувваҳои ифротгароӣ, ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷавонон оид ба ҳифзи Ватану миллат густариш меёбад;
эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, арзишҳои маънавӣ, забони модарӣ, таъриху фарҳанги қадим ва рамзҳои давлатӣ зиёд мегардад;
ҳамоҳангсозии байнисоҳавии тарбияи ватанпарастии ҷавонон ташаккул ва густариш меёбад;
- асосҳои илмию назариявӣ, методӣ, меъёрию ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва кадрии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон дар соҳаи тарбияи ватанпарастӣ ва тайёрии ҳарбии пеш аз даъватшавии ҷавонон тавсеа ва мустаҳкам мегардад;
- ҷараёни тайёрии ҳарбии пеш аз даъватшавии ҷавонон ва хизмати ҳарбии онҳо беҳтар мешавад;
- фаъолияти сохторҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва тайёрии ҳарбии пеш аз даъватшавии ҷавонон ба сатҳи сифатан нав мебарояд;
- фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон беҳтар мегардад;
- шаклу усулҳои наву самарабахши тарбияи ватанпарастӣ ва тайёрии ҳарбии пеш аз даъватшавии ҷавонон дарёфт ва амалӣ мегарданд.
Иҷрокунандагони чорабиниҳои Барнома
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо.
Зарурати қабул ва татбиқи Барнома
Ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ақлу хирад, бунёдкориву созандагии ҷавонон такя намуда, ояндаи дурахшони хешро бо онҳо мепайвандад.
Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари нерӯи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуқтаро ҳанӯз аз рӯзҳои аввалини соҳибистиқлолии кишвар дарк намуда, дар ин самт чораҳои судманд андешид, ки ҳоло натиҷаҳои самарабахш оварда истодаанд. Дар партави ташаббусу ғамхорӣ ва тадбирҳои муҳими роҳбарияти мамлакат, имрӯз ҷавонон ҷиҳати донишандӯзӣ, гирифтани касбу ҳунар дар соҳаҳои мухталифи ҳаёт имконоти калон дошта, тадриҷан ба ҳаёти дурахшон ворид шуда истодаанд. Ин падида баёнгари таваҷҷӯҳ ба таълим, фаъолияти ҷавонон ва такя ба нерӯ ва хирад, бунёдкориву созандагии онҳо буда, аз оғоз то имрӯз ба наҷоти кишвар аз бунбасту мушкилиҳои зиёд мусоидат менамояд.
Бинонбар ин, раванди тарбия, таваҷҷӯҳ ва такя ба ҷавонон сол аз сол вусъати тоза мегирад. Аз ҷониби Ҳукумат қарору барномаҳои тоза дар ин самт қабул гардида, дар доираи онҳо тадбирҳои муҳим иҷро мешаванд, ки Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон" барои солҳои 2006-2010 аз зумраи онҳо буда, масъулияти сохторҳои давлатиро баланд намуд.
Раванди татбиқи Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон" барои солҳои 2006-2010 дар давоми панҷ сол собит намуд, ки асосҳои илмию назариявӣ ва методии тарбияи ватанпарастии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ ташаккул ёфтааст. Таҳия ва нашри адабиётҳои илмиву бадеӣ, тавсияномаву дастурҳо ва китобҳои дарсӣ далели ин маҳсуб меёбад. Имрӯз қисми зиёди ҷавонон аз моҳияту мафҳумҳои "Ватан" ва "ватандӯстӣ" огаҳӣ пайдо кардаанд.
Яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюли ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ коҳиш ёфта, майли ҷавонон ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои маънавии ниёгони худ афзуда истодааст.
Фаъолияти шӯрои байнисоҳавии тарбияи ватанпарастии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ густариш ёфта, тамоми чорабиниҳои хусусияти маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявидошта якҷоя бо сохторҳои марбутаи давлативу ҷамъиятӣ амалӣ карда мешаванд. Ин бесабаб нест. Зеро дар раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия бояд барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд ва танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад.
Ин ҳадаф пеш аз ҳама аз таъмини ягонагии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи дарки тақсимнопазир донистани он вобаста аст. Орзуи асосии ҷавонони Тоҷикистон имрӯз ояндаи дурахшони кишвари худ мебошад. Дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, саҳмгузории онҳо дар бунёди НБО - и Роғун шаҳодати ин аст.
Яке аз омилҳои асосие, ки мавқеи ҷавононро дар ҷомеаи имрӯза нисбат ба Ватан муайян мекунад маъракаи даъвати ҳамасолаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мебошад. Дар ҷараёни даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ тамоюли мусбӣ ба назар мерасад, фисади зиёди ҷавонон бо хоҳиши худ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмат мераванд.
Дар натиҷаи фаъолияти муштараки вазорату идораҳо дар давоми 10 рӯзи маъракаи даъвати тирамоҳи соли 2009 қариб 25 шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъватии ҳарбии худро пеш аз мӯҳлат иҷро намуданд. Ин бесабаб нест, зеро баргузории чорабиниҳои фарҳангиву таблиғотӣ, хусусан ба роҳ мондани ташрифи хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба қисмҳои низомӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Аз рӯи натиҷаҳои амалигардонии Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010" хулоса баровардан мумкин аст, ки Барномаи мазкур қариб 90 фоиз ҷавононро ҳамчун гурӯҳи мақсаднок фаро гирифта, ба ҳисси ватандӯстии ин қишри фаъоли ҷомеа таъсири мусбии худро расонидааст.
Вале, ин ҳанӯз қонеъкунанда набуда, ба ҳисси масъулиятнокии бештар водор месозад. Дастовардҳои кунуниро дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон бояд таҳким бахшида, афзун гардонем. Баҳри дарёфти роҳҳои беҳтару пурсамари тарбияи ватанпарастиву худшиносӣ ва таблиғи ғояҳои бузурги башарии ҷавонон пайваста талош кунем. Дар доираи фаъолияти вазорату идораҳои масъул мо бояд чунин чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ намоем, ки ба сатҳи баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, худшиносию ватандӯстӣ, созандагию бунёдкорӣ ва пеш аз ҳама пухтагии сиёсии ҷавонон мусоидат намоянд.
Зеро дар шароити кунунии кишвари соҳибистиқлоламон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ, созандагию бунёдкорӣ ва вусъати тоза бахшидан ба раванди сиёсати давлатии ҷавонон яке аз омилҳои асосии таҳкими истиқлолияти комил ва самти муҳимтарини пешрафти ҷомеа ба шумор меравад. Ҷавонон бидуни ин арзишҳо наметавонанд фарзандони арзандаи миллат ва ворисони сазовори Ватану ниёгони хеш бошанд.
Сарвари давлат сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид менамояд, ки "Ҷавонон нерӯи фаъолу қувваи созандаи ҷомеаи мо мебошад. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи давлати соҳибистиқлол мебошанд". Ба таърихи инсоният назар карда, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки моҳияти Ватан-модар ва муҳаббат ба он дар ҳама давру замон дар маркази таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ва хусусан мутафаккирону табақаҳои пешрафтаи он буд.
Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон муҳимтарин механизми ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон пайваста тадбирҳои муҳим, мушаххас ва амалӣ андешида мешаванд.
Дар ин раванд нақши фарҳанги миллӣ, хусусан санъати мусиқӣ ва рассомӣ, ки ҷавонони кишвар ба он майли зиёд доранд, хеле калон аст. Ин ҷиҳати ҳисси ватанпарастӣ ва худшиносии ҷавонони Тоҷикистон заминаи муҳим хоҳад гардид.
Дар саҳифаҳои таърихи башарият ҳар як халқу миллат тавассути илму фарҳанг ва санъат ҷойи худро пайдо мекунад. Дорои таъриху фарҳанг ва санъати бою қадима будани халқи тоҷик ба оламиён маълум аст. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги сиёсию ҳуқуқии он ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад. Миллате, ки ояндаи саодатманди хешро дидан мехоҳад бояд ба маънавиёт рӯй орад. Сарчашмаи маънавиёт бошад китоб аст. Насли ҷавонро мо имрӯз бояд ба омӯхтани таъриху фарҳанги миллӣ равона намоем. Воқеан, агар мо хоҳони он бошем, ки дар дилҳои насли ҷавони кишвар ҳисси муҳаббат ба Ватан, ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан дошта бошад, онҳо қабл аз ҳама бояд аз забон, таърих ва фарҳанги пурғановати халқи худ огаҳӣ дошта бошанд, маҳз барои ҳамин моро лозим аст, ки майли ҷавононро ба мутолиаи ин сарвати бебаҳо-китоб, равона намоем. Ҳамаи мутафаккирони бузург, ки шаъну мартабаи хешро аз китоб дарёфтаанд, онро ба муаллими бузург баробар намуда, ҷавононро даъват менамоянд, ки аз овони кӯдакӣ ба китоб рӯй оранд.
Шояд ҳоло мо бештар аз миллатҳои дигар ба китоб ниёз дошта бошем. Китоб имрӯз барои мо на танҳо воситаи интиқоли меросҳои илмӣ ва фарҳангии гузашта мебошад ва нақши китоб имрӯз беш аз он аст, ки мо тасаввур мекунем. Ин ганҷинаи бебаҳои маънавӣ дар ҷомеаи муосир рӯҳи муҳаббат ва далериро дар ҷавонон парвариш менамояд. Китоби хуб ва арзишманд барои ҷавонон ҳамчун мураббии бузург маҳсуб меёбад. Махсусан ҳоло, ки ақибмонии фарҳангӣ пояҳои ахлоқии ҷомеаи моро вайрон месозад ва раванди ҷаҳонишавӣ бисёр арзишҳои маънавиро ба коми худ фурӯ мебарад. Дар ҷаҳони муосир марзҳои амнияти кишвари мо танҳо бо фазои замину обу ҳаво маҳдуд намешавад. Вазъи фарҳангие, ки дар ҷаҳони имрӯза ба амал омадааст, моро водор месозад, ки аз марзҳои ахлоқӣ ва маънавиямон низ дифоъ кунем. Мо - ҷавонон бояд роҳбалади мероси арзандаи ниёгони хеш бошем. Зеро дур будан аз фарҳанги гузашта ва фаромӯш намудани анъанаҳои неки ниёгони худ бузургтарин иштибоҳ дар худшиносии миллӣ мебошад. Ташаккули шахсият дар ҷомеа маҳз тавассути донишу хирад ба даст меояд, ки дар ин раванд нақши китоб аз ҳама асосӣ аст. Ҳар чӣ бештар мо ба китобҳои нодири мутафаккирони бузурги худ рӯй орем, ҳамон андоза ба худшиносии миллӣ. Зарурати аввали худшиносӣ бозгашт ба мабдаи худ аст. Ҳифз намудани фарҳанги миллӣ аз таблиғоти иртиҷоӣ маҳз тавассути дарки таъриху фарҳанги пурғановати миллӣ муяссар мешавад. Аз ин рӯ, ҷавононро лозим аст, ки китобҳои донишмандони гузаштаву имрӯзаи миллати худро ҳарчӣ бештар мутолиа намуда, онҳоро дар зиндагӣ чун дастуру роҳнамо истифода намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар таъкид намуда буданд, ки "Миллати мо аз қадим китобдору китобхон буд ва ин анъанаро ҳифз карда, бояд идома диҳем."
Дар раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон субъектҳои тарбия-оила, муассисаҳои томактабӣ, ҳамаи намуду зинаҳои, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои фарҳанг, сохторҳои давлатии масъули тарбия, аз ҷумла мақомоти қудратии мамлакат бояд дар маҷмӯъ низоми ягонаро ташкил диҳанд. Танҳо дар чунин маврид, ҳадафи тарбия ягона, тарзу услубҳо бошанд гуногун шуда метавонанд.
Яке аз шартҳои муҳими пойдории низоми ягонаи тарбияи ватанпарварии ҷавонон ва робитаи мустаҳками ҳамаи унсурҳои он, аз мадди назар дур накардани ҳадафу мақсадҳои ниҳоие, ки низоми номбурда барои ба даст овардани онҳо талош меварзад, мебошад. Зеро сабаби бақо ва пойдории ҳама гуна низоми идеологӣ, мавҷудияти мақсади ниҳоӣ ё ҳадафи ягона аст. Масалан, ҷозибият ва пойдории дини ислом аз тавҳидэътиқод ба худои ягона сарчашма мегирад. Аз ин нуқтаи назар дар раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия бояд барои расидан ба ҳадафи ягона талош варзанд, танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст меояд.
Ин ҳадаф пеш аз ҳама аз таъмини ягонагии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи дарки яклухтии он иборат мебошад. Мақсади асосии насли ҷавони тоҷик бояд рушду равнақи кишвари худ бошад.
Ватандӯстии ҷавонон дар шароити кунунӣ аз шинохти мавқеи таърихии худ, мавқеи имрӯза ва ояндаи миллати худ ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ иборат аст. Ватандӯстии ҳақиқӣ тадбирҳои инқилобӣ ва дигаргуниҳои фарҳангии иҷтимоию сиёсиро талаб менамояд.
Ватандӯстӣ падидаест, ки инъикоскунандаи хусусиятҳои рӯҳиву равонии аъзои ҷомеа, дараҷа ва нақши таърихиву сиёсии миллат ва дарки ҷойи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ, ташаккули ифтихори созандагии миллӣ аст. Сатҳ ва дараҷаи он бештар аз дониш, ақл, хотир ва хирад вобаста аст.
Бояд зикр намуд, ки қисме аз ин арзишҳо ирсӣ мебошанд ва такомулу ба сатҳи сифати ахлоқӣ расонидани онҳо вазифаи оила, муассисаҳои соҳаи таълиму тарбия, аз ҷумла муассисаҳои фарҳанг ба шумор меравад. Дар ин самт бояд корҳои муайян аз ҷониби муассисаҳои фарҳангӣ ва иттилоотӣ тавассути барномаҳои консертӣ ва театрикунонидашуда, сӯҳбату вохӯриҳо, намоишгоҳҳои китобҳо, муарифии асарҳо, шабнишиниҳои саволу ҷавоб, викторинаҳо, ташкили маҳфилҳои гуногун, таҳия ва пахши барномаҳои телевизиониву радио бо омодагии ҳамаҷониба, бо назардошти ташрифи иштирокчиёни мушаххас, бо мазмуну мӯҳтавои ҷолиб гузаронида шаванд, то ин ки самараи дилхоҳ диҳанд.
Яке аз арзишҳои пурқимати маънавии мардуми мо ин ҳисси ифтихор аз мероси пурғановату оламшумули ниёгони мо аст, вале танҳо ифтихор намудан кифоя нест, онро бояд ҳифз намуда, ба таври зарурӣ истифода бурд ва ба оламиён саҳифаҳои номаълуми ин таърихро муаррифӣ намуд.
Мутаассифона, яке аз тазодҳо дар раванди тарбияи ватанпарастӣ аз он иборат аст, ки мо дорои арзишҳои пурқимати маънавӣ ва субъектҳои зиёди тарбия ҳастем, вале бо мушкилоти зиёд дучор мешавем. Сабаби асосӣ қабл аз ҳама дар мавҷуд набудани низоми ягонаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва ба таври ҷудогона фаъолият намудани субъектҳои алоҳидаи он ба шумор меравад.
Ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба тарбияи ватанпарастӣ собит месозад, ки бояд дар ин самт усулҳои нави кор бо насли наврас ва тадбирҳои самарабахш таҳия ва амалӣ карда шаванд. Барои он ки дар дилҳои насли навраси кишвар ҳисси муҳаббат ба Ватан, ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш бошад, онҳо қабл аз ҳама бояд аз забон, таърих ва фарҳанги пурғановату арзишманди мардуми худ огаҳӣ дошта бошанд.
Қабули Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 талаботи марҳилаи кунунӣ буда, амалӣ намудани он аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар ҳалли мушкилоти ҷомеа саҳмгузор мебошанд, метавонанд монеаҳои мавҷударо рафъ намуда, ба мустаҳкам гардидани ҳисси муҳаббат ба Ватан, ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии ҷавонон мусоидат намояд ва масьулияти онҳоро дар рушду равнақи кишвар, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ бештар гардонад.
Воситаҳои татбиқи Барнома
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози давлатии амалӣ намудани Барнома буда, барои иҷрои самараноки он вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро ҷалб менамояд. Ҷиҳати иҷрои бандҳои алоҳида ва номгӯи чорабиниҳои Барномаи мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд, ки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳуқуқ доранд дар он ширкат намоянд. Ғолибони озмун ҷиҳати муаррифии барнома ё лоиҳаҳо даьват карда мешаванд. Бо муассисаҳо ва ё ташкилотҳои ҷамьиятии дар озмун ғолибомада оид ба татбиқи лоиҳа Созишномаҳо баста мешаванд, ки дар онҳо ӯҳдадории тарафҳо ва тарзи маблағгузории барномаву лоиҳаҳо дарҷ мегарданд.
Ба инобат гирифта шудааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси ин Барнома вобаста ба шароит ва имконияти маҳал барномаҳои комплексиву мақсадноки мушаххасро таҳия ва тасдиқ намуда, ҷиҳати татбиқи босамари он чораҳои зарурӣ меандешанд.
Манбаъҳои маблағгузорӣ
Маблағгузории чорабиниҳои Барнома дар солҳои 2011-2013 аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ба амал бароварда мешавад.
***Ҷадвал оварда намешавад.