Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2010 № 301, аз 31.08.2012 № 474, аз 7.03.2014 № 176, аз 20.08.2018 № 433)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010, № 832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад
2) Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои тобеи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3 ва 4)
3) Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 41 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад
4) Бисту чор воҳиди басти кории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 10 воҳиди корӣ зиёд карда, панҷ воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шавад
5) Ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини Раис аз ҷумла муовини якум ва Ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад
6) Ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад
7) Дар заминаи воҳидҳои кории танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва оид ба дини сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе "Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим", дар шаҳру ноҳияҳо "Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим" дар назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шаванд
8) Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 35 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва барои 6 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи мазкур анҷом дода шавад
9) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ масъалаи ҷойгиркунонии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намояд .
10) Ба қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шаванд:
- дар матни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 470 "Дар бораи ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ ва умра" ва Дастурамали тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра калимаҳои "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро", "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистои" ва "Вазорат" мутобиқан ба калимаҳои "Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро", "Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кумита" иваз карда шаванд
- дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 389 "Дар бораи тасдиқи Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ" калимаҳои "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд
11) Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд ва санадҳои худро ба қарори мазкур мувофиқ намоянд
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 майи соли 2010 № 226
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010, № 832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2) Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2 ва 3).
3) Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 24 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
4) Бисту чор воҳиди басти кории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.
5) Ба Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 1 муовини Раис ва Ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад.
6) Ба Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 2 адад муқаррар карда шавад
7) Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар доираи воҳидҳои амалкунандаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воҳидҳои корӣ оид ба корҳои дин ҷудо карда шаванд.
8) Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
9) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ масъалаи ҷойгиркунонии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намояд.
10) Ба қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шаванд:
- дар матни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 470 "Дар бораи ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ ва умра" ва Дастурамали тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра калимаҳои "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро", "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазорат" мутобиқан ба калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро", "Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кумита" иваз карда шаванд;
- дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 389 "Дар бораи тасдиқи Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ" калимаҳои "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
11) Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд ва санадҳои худро ба қарори мазкур мувофиқ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 майи соли 2010, № 226
ш. Душанбе