Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 майи соли 2010
№ 224 тасдиқ шудааст
Барномаи миллии пешгирии осеббардорӣ, такмили кӯмаки тиббӣ ҳангоми осеббардорӣ ва оқибатҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015
1. Сарсухан
Айни замон масъалаи осеббардорӣ вобаста ба муҳимии тиббию иҷтимоии худ яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи тиб ба ҳисоб меравад. Дар ҳақиқат ҳам ин масъала то дараҷаи муайян ҳам ба минтақаҳои алоҳида ва ҳам ба тамоми дунё алоқаманд мебошанд. Вобаста ба сатҳ ва вазнинӣ, дараҷаи баланди фавт байни шахсони синну соли қобили меҳнат ва ҷиддияти оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ баъзе муаллифон осеббардориро ҳамчун масъалаи умдаю афзалиятноки сиёсати давлатӣ баррасӣ менамоянд. Бесабаб нест, ки ин масъала аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳамчун "хитоби тамаддуни муосир ба ҷомеа" арзёбӣ гардидааст, зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди нафарони дар натиҷаи осебҳо фавтида аз шумораи қурбоншудагони ҷангҳои замони муосир чандин маротиба бештаранд.
Осеббардорӣ ба саломатии аҳолии ҳар кадом мамлакат таҳдид менамояд. Дар миқёси глобалӣ 9 фоизи фавт ба осеббардорӣ алоқаманд мебошад (ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 5 миллион нафар одамон аз осеббардорӣ мефавтанд). Аз 15 сабаби асосии ҳалокати одамони аз 15 то 29-сола 8 ҳолати он ба осеббардорӣ алоқаманд мебошад. Ин осебҳо бар асари садамаи нақлиётӣ, худкушӣ, куштор, ғарқшавӣ, сӯхтан, заҳмдоршавӣ ҳангоми амалиёти ҳарбӣ, заҳролудшавӣ ва афтиш рух медиҳанд. Мутобиқи маълумоти расмии оморӣ ба ҳар як ҳолати марговар даҳҳо ҳодисаҳои бистарикунонӣ, садҳо муроҷиат ба шӯъбаҳои ёрии таъҷилӣ ва ҳазорҳо муроҷиати дармонгоҳӣ рост меояд. Онҳое, ки баъди осеббардорӣ зинда мемонанд, ба шаклҳои гуногуни маъюбияти муваққатӣ ё доимӣ гирифтор мебошанд.
Дар Тоҷикистон низ осеббардорӣ дар сохтори беморӣ, фавт ва маъюбият яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол намуда, дорои тамоюли афзоиш мебошад. Сабаби асосӣ ба шуғли аксари аҳолӣ ба корҳои пастсифати дастӣ иҷрошаванда ва дорои дараҷаи баланди хавф, роҳу роҳравҳои вайрона, воситаҳои нақлиёти фарсуда, сатҳи пасти шароити маишӣ ва дигар омилҳо вобаста аст.
Тадриҷан баландшавии сатҳи осеббардорӣ, набудани ҳамкории дақиқ дар муносибати байниҳамдигарии бахшҳо оид ба ин масъала, мураккабии махсуси таъмини офияти зарардидагони осеббардорӣ ҳангоми паст будани таъминоти моддию техникӣ, инчунин қабул гардидани "Консепсияи ислоҳоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳофизати тандурустии аҳолӣ дар давраи то соли 2010", ки ба дастрасии баробар ба хизматрасонии соҳаи тандурустӣ нигаронида шуда, ҷавобгӯи талаботи табақаҳои камбизоати аҳолӣ мебошад, бо роҳи тақвияти хадамоти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ зарурияти таҳия ва татбиқи Барномаи миллиеро тақозо менамоянд, ки масъалаҳои пешгирии осеббардориро бо барномаи ҳатмии омӯзиш ва тайёр намудани кадрҳо дар кишвар дар бар мегирад.
2. Системаи тандурустӣ
Дар тӯли даҳсолаи охир дар Тоҷикистон сифат ва хизматрасонии тиббӣ то андозае коҳиш ёфт. Системаи тандурустӣ беш аз пеш ба пардохтҳои ғайрирасмии хусусӣ барои хизматрасонии асосии тиббӣ тобеъ мегардад, то ин ки норасоии дорувории ниҳоят зарурӣ ва таҷҳизоти тиббиро паси сар намояд. Хариди маводи доруворӣ бештар тавассути роҳҳои ғайрирасмӣ сурат гарифта, масъалаҳои мубрами назорат, сифати доруворӣ ва таъиноти дурусти табобатиро ба миён меорад. Аз ин рӯ бояд ҳар чӣ зудтар барои беҳбуди соҳаи эпидемиологӣ, баланд бардоштани дараҷаи воқифии аҳолӣ ва дарки ҷамъиятӣ, таҳкими чораҳои пешгирикунанда таваҷҷӯҳ зоҳир намуд, то ин ки паҳншавии бемориҳо ва инкишофи онҳо дар Тоҷикистон пешгирӣ карда шавад.
Барои татбиқи самтҳои асосии стратегӣ дар ҷумҳурӣ 27 шӯъбаи махсусгардонидашудаи осебшиносию ортопедӣ барои 967 кат ва 280 катҳои осебшиносӣ дар таркиби 32 шӯъбаҳои соҳаи ҷарроҳӣ мавҷуд аст. Захираи умумии катҳои осебшиносию ортопедӣ 1247 ададро ташкил медиҳад. Дар мамлакат 2 кафедраи осебшиносӣ ва ортопедӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии осебшиносӣ ва ортопедӣ, 14 бунгоҳи осебшиносӣ ва 61 ҳуҷраи осебшиносию ортопедӣ дар системаи силсилаи ибтидоӣ амал мекунанд.
Ба мақсади татбиқи самтҳои асосии стратегӣ дар ҷумҳурӣ Кумитаи ҳамоҳангсозии татбиқи Барнома бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода мешавад.
Фаъолияти хадамоти осебшиносӣ ва ортопедӣ дар соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мазкур танзим карда мешавад.
Хадамоти соҳаи осебшиносию ортопедӣ, дар ҷумҳурӣ ҳангоми осеббардорӣ ва иллатҳои узвҳои такягоҳию ҳаракат ёрии махсусгардонидашудаи тиббиро таъмин намуда, дар фаъолияти худ ба шабакаи умумии табобатӣ алоқаи зич доранд.
Дар ҷумҳурӣ 319 нафар осебшиносу ортопед фаъолият карда, аз ҷумла 71 фоиз дорои дараҷаҳои гуногуни касбӣ мебошавд. Таъминот бо табибони осебшиносу ортопед ба 10000 нафар 1,8 нафар рост меояд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 осебшиносу ортопед, вилояти Суғд - 114, Хатлон - 48, шаҳри Душанбе 100 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 48 табиби осебшиносу ортопед кор мекунанд. Мутаассифона, тақсимоти номутаносиби табибони осебшиносону ортопед дар минтақаҳо ҷой дорад. Дар 7 ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 9 ноҳияи вилояти Хатлон, 2 ноҳияи вилояти Суғд ва 2 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ аз сабаби набудани осебшиносу ортопед чунин хизматрасониро табибони соҳаи ҷарроҳӣ анҷом медиҳанд.
Айни замон соҳаи осебшиносӣ ва ортопедии мамлакат соҳиби нерӯи зерини илмӣ: 1 профессор (доктори илми тиб), 13 номзади илми тиб, аз онҳо 3 нафар дотсент мебошад.
Кафедраҳои осебшиносӣ ва ортопедии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон, ки дар базаи Марказии миллии тиббӣ ҷойгир шудаанд, инчунин Маркази ҷумҳуриявии осебшиносӣ ва ортопедӣ муассисаҳои асосии махсусгардонидашудаи табобатии Тоҷикистон мебошад.
Омодасозии заминавии мутахассисон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, коллеҷҳои тиббӣ ва баъдан дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон таъмин карда мешавад. Омодагии пасаздипломии мутахассисон баланд бардоштани дараҷаи тахассуси роҳбарони Барномаро дар сатҳҳои гуногун дар назар дошта, мувофиқан консепсияи нави таълими духтурони амалияи умумӣ, табибони оилавӣ, кормандони миёнаи тиббӣ, табибони дигар ихтисос, кормандони миёнаи тиббӣ, инчунин тайёрии махсуси табибони рентгенолог, мутахассисони соҳаи артроскопия ва истифодаи дигар технологияи замонавиро пешбинӣ менамояд.
Омодасозии кадрҳо вобаста ба аз худ намудани усулҳои замонавии пешгирӣ, ташхис ва табобати осеб ва оқибатҳои гуногуни фарогири он гузаронида мешавад. Омӯзиши кормандони тиб вобаста ба аз худ намудани усули эндопротезии буғумҳо, артроскопия, ҷарроҳии захми каминвазивии дасту пой, электромиография ва дигар ихтисосҳо ба нақша гирифта мешавад. Ба ғайр аз ин, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва кормандони илмӣ дар ҷумҳурӣ дар доираи ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо таъмин карда мешавад.
3. Вазъи эпидемиологии осеббардорӣ дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Дар давраи офатҳои табиию техногенӣ ва дигар таҳдидҳои ҷаҳони муосир осеббардорӣ ва масоили марбут ба он ба проблемаи мубрами тиббию иҷтимоӣ табдил ёфт. Зоҳир намудани таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба ин масъала ба гуногунҷабҳа ва ғайримуқаррарӣ будани проблема, инчунин афзоиши вазни қиёсии осеббардорӣ, маъюбӣ, ориза ва фавт дар сохтори бемориҳо вобаста аст. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳамасола дар дунё аз осеб то 2 млн. одамон вафот мекунанд. Дар сохтори онҳо ба осебҳои омехта аз 70,0 то 86,6 фоиз рост меояд. Фавт аз осебҳои омехта ба 17 то 45 фоиз, маъюбияти доимӣ ба 12 то 48 фоизи зарардидагон таҳдид карда, фавт ҳангоми ин осебҳо аз 1 то 15 фоизро ташкил менамояд. Дар Аврупо ҳамасола осеббардорӣ сабаби марги беш аз 42000 инсон мегардад, ки ба синни 20 нарасидаанд ва 70 миллион бистарӣ ва ниёзманди ёрии фаврии тиббӣ мешаванд. Осеббардорӣ на танҳо захираҳои соҳаи тандурустӣ, балки дар маҷмӯъ захираҳои ҷаъмиятиро низ хароб менамояд ва метавонад минбаъд ба даромади оила ва сифати зиндагӣ низ таъсир расонад.
2) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 138.2 ҳазор осебҳои гуногун ба қайд гирифта мешавад. Чуноне, ки таҷриба нишон медиҳад, ин рақами ниҳоӣ нест, зеро аксари беморон, ки осеби сабук ё начандон вазнин мебардоранд, барои гирифтани ёрии тиббӣ муроҷиат нанамуда, ба худтабобат машғул мешаванд. Дар сохтори бемориҳои умумӣ осеббардорӣ дар мавқеи чорум буда, ҳамчун боиси марговарӣ низ дар мавқеи чорум ва ҳамчун боиси корношоямии муваққатӣ дар мавқеи дуюм, меистад. Дар соли 2006 нишондиҳандаи осеббардорӣ 1855,7 ҳодиса ба 100000 нафар ва дар соли 2007 1950,4 ҳодиса ба 100000 нафар расид. Умуман, дар солҳои охир вазни қиёсии осеббардорӣ дар сохтори бемориҳо 5,6 фоизро ташкил дод. Аз ҳодисаҳои осеббардории дар боло зикршуда 65 фоиз дорои нишонаҳои маъюбии муваққатӣ ва 12,3 то 43,8 фоиз дорои аломатҳои маъюбии устувор мебошанд. Хусусияти тафриқавии осеббардорӣ дар Тоҷикистон аз тағйирёбии сифатии сохтори он аз ҳисоби баланд шудани вазни қиёсии осебҳои якҷоя ва омехта, инчунин зиёдшавии миқдори шикастҳои кушодаи устухон, оризаҳои баъдиосебӣ, инчунин афзудани вазни қиёсии осебҳои маишӣ (аз 18,4 фоиз то 31,8 фоиз), кӯчагӣ (аз 17,1 фоиз то 29,6 фоиз), садамаи нақлиётӣ (аз 19,8 фоиз то 22,9 фоиз), захми тир (аз 0,1 то 2,6 фоиз) ва пастшавии микдори осебҳои истеҳсолӣ (аз 35 фоиз то 4,6 фоиз) иборат мебошад. Таҳлил нишон дод, ки бештари осебдидагон (70,2 фоиз) мардон мебошанд. Имрӯзҳо махсусан хатари афзоиши осеббардорӣ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ, кӯчагӣ ва маишӣ ба мушоҳида расида, зиёд шудани осеббардории бачагон ташвишовар аст. Барои Тоҷикистон баландшавии вазни қиёсии оризаҳои осебӣ (аз 15 то 25 фоиз) низ хос мебошад ва аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки кӯмаки то бистарикунонӣ камсамар буда, сари вақт муроҷиат сурат намегирад, инчунин воқифии аҳолӣ нокифоя мебошад. Ин тамоюл ҳам барои ҷумҳурӣ ва ҳам барои минтақаҳои алоҳида хоса аст.
Таҳлили сохтори осеббардорӣ тибқи маълумоти муассисаҳои алоҳидаи тиббӣ дар маҳалҳои муайян нишон медиҳад, ки се мавқеи аввалро осебҳои даст (30,4 фоиз), пой (28,5 фоиз) ва сар (15,8 фоиз) ишғол намуда, аз чор се ҳиссаи тамоми осебҳоро (74,7 фоиз) ташкил медиҳанд. Ин раванд дар байни гурӯҳҳои асосии аҳолӣ мушоҳида мешавад. Ба хусусиятҳои тафриқавии осеббардорӣ тамоюли баландшавии вазни қиёсии осебҳои якҷоя хос аст (то 30 фоиз).
3) Ба ҳамин маънӣ, вазъи осеббардорӣ ва оқибатҳои он дар ҷумҳурӣ мураккаб буда, ба тағйироти дорои хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ, заминаи сусти моддию техникии соҳаи осебшиносӣ, баландшавии омилҳои хатари осеббардорӣ, воқиф набудани аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирии осеб ва расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ҳангоми осеббардорӣ, инчунин ошноии нокифояи табибони самти ҷарроҳӣ бо хусусиятҳои ташхис ва муолиҷаи осебҳои вазнини замони муосир вобаста аст.
4. Мушкилоти соҳаи осебшиносӣ
Айни замон дар самти пешгирии осебҳо вобаста ба сатҳи пасти воқифии аҳолӣ, фаъолияти сусти маърифатӣ байни омма ва ҷомеа проблемаҳои мубрам мавҷуданд. Аз сабаби набудани феҳристи ягонаи давлатӣ, маълумоти расмии оморӣ наметавонад вазъи воқеиро инъикос намояд. Маълумоти мавҷудаи оморӣ ба нишондиҳандаҳои муроҷиати аҳолӣ ба муассисаҳои табобатии махсусгардонидашуда асос ёфта, он теъдоди зиёди ниёзмандонро, ки барои ёрии амбулаторӣ ба табибони халқӣ муроҷиат намудаанд, дар бар намегирад.
Бинобар сатҳи пасти корҳои ташкилию методӣ дар муассисаҳои пешгирикунандаю муолиҷавии соҳаи умумӣ ва давраи тобистарикунонӣ беморон дар ҳолати вазнини оризавӣ ба табобатгоҳ расонида мешаванд.
Ҳолати физикии инфрасохтор ва ҷиҳозонии шӯъбаҳои осебшиносию ортопедии махсусгардонидашуда, бунгоҳ ва утоқҳои осебшиносӣ ва кӯмаки тобистарикунонӣ бо таҷҳизоти замонавии муолиҷавию ташхисии тиббӣ ва воситаҳои таъиноти тиббӣ таваҷҷӯҳи махсусро тақозо менамояд. Дар муассисаи асосии осебшиносии миқёси ҷумҳуриявӣ томографи магнитию резонансӣ, денситометр ва электромиограф мавҷуд нестанд.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ барои пайвасти устухонҳо системаи муттамарказ оид ба татбиқи васлакҳо мавҷуд нест. Бидуни истисно ҳамаи беморони осеббардошта баъди табобат ба офиятгардонии рӯҳӣ ва муолиҷавӣ ниёз дошта, мутаассифона чунин маркази ҷумҳуриявӣ вуҷуд надорад. Фаъолияти сохтори феълии комиссияи тиббию меҳнатӣ низ беморони осебдидаро қаноатманд намегардонад. Бинобар ҷумҳуриро тарк намудани ин мутахассисон эҳтиёҷ ба тарбияи кадрҳои соҳибихтисос оид ба осебшиносӣ афзоиш меёбад.
Ҳамин тавр, вазъи эпидемиологии осебшиносӣ дар ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки барои таҳия ва қабули Барномаи миллии пешгирии осеббардорӣ ва такмили кӯмаки тибби ҳангоми осеббардорӣ ва оқибатҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 (минбаъд Барнома) талаботи ҷиддӣ ба миён омадааст.
5. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
1) Мақсади Барнома аз пешгирӣ ва паст намудани вазни қиёсии фавт ва маъюбият ҳангоми осебҳо бо роҳи кам кардан ё ба ҳадди ақал расонидани таъсири омилҳои хатари осеббардорӣ, воқиф сохтани духтурони осебшинос бо технологияи муосир ва принсипҳои табобати осеб, ҷиҳозонидани шӯъбаҳои осебшиносию ортопедӣ бо таҷҳизоти муосир барои табобати осебҳои узвҳои такягоҳу ҳаракат ва тарғиби донишҳои тиббӣ ҷиҳати пешгирии осеббардорӣ ва огоҳсозии аҳолӣ бо усулҳои расонидани кӯмаки аввалия ҳангоми осеббардорӣ иборат мебошад.
2) Вазифаҳои Барнома иборатанд аз:
- баланд бардоштани сифати чорабиниҳои пешгирикунанда байни аҳолӣ дар ҳама сатҳҳои системаи тандурустӣ дар ҳамкории зич байни вазорату идораҳои манфиатдор, ки барои паст кардан ва пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатари осеббардорӣ нигаронида шудаанд;
- беҳтар намудани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ дар ҳама давраҳои таҳлияи тиббӣ, такмили кӯмаки махсусгардонидашудаи осебшиносӣ ба аҳолӣ бо назардошти татбиқи технологияи муосир;
- муносибгардонии хизматрасонии соҳаи осебшиносӣ бо назардошти хусусиятҳои иқлимию ҷуғрофии ҷумҳурӣ.
6. Ташаккули Барнома ва ӯҳдадорӣ
Вобаста ба хусусияти умумидавлатии Барнома ва аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштани онро ба инобат гирифта, роҳбарии умумии Барнома ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахши тандурустиро сарпарастӣ менамояд, гузошта мешавад. Барномаро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, ки ваколатдор шудааст татбиқи Барномаро вобаста ба чорабиниҳое ҳамоҳанг созад, ки иҷрои онҳо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо алоқаманд аст.
Дар сатҳи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳамоҳангсозони Барнома муовинони раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳое мебошанд, ки соҳаи тандурустиро сарпарастӣ менамоянд. Муовинони ҳамоҳангсозон сардорони идораҳои (мудирони шӯъбаи) тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сардухтурони шаҳру ноҳияҳо мебошанд.
Барои дар амал татбиқ намудани Барнома ҷалби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Вазорати молия, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо мегардад.
7. Вазифаҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома чунин корҳоро амалӣ менамояд:
- якҷоя бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси "Маркази тиббии фалокатҳо" чораҳо андешад;
- мутахассисони варзидаро оид ба пешгирии осебҳо ҳам дар сатҳи мамлакат ва ҳам дар маҳалҳо ҷустуҷӯ намуда, барои ҷалби онҳо ба фаъолият мусоидат намояд;
- ба фаъолият ҷиҳати пешгирии осеббардорӣ ва зӯроварӣ дар сохтори вазорат якҷоя ба ҳамкорони берунӣ мусоидат намояд;
- бояд саъй намуд, ки пешгирии осеббардорӣ ва зӯроварӣ дар соҳаи тандурустии ҷомеа қисми ҷудонашавандаи нақшаи стратегии миллӣ ва маҳаллӣ бошад;
- нашр ва пахши ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла гузоришҳои миллиро роҳбарӣ намояд;
- таҳияи Нақшаҳои миллии фаъолиятро сарвари намояд;
- азму талоши ҷамъоварӣ ва паҳн намудани маълумот ва дигар ахбореро, ки ба маъсалаи мазкур марбутанд, ҳамоҳанг созад;
- барои татбиқ ва арзёбии самаранокии барномаҳои пешгирикунанда, ки муфидии худро собит сохтаанд, мусоидат намояд;
- хизматрасонии тиббию санитариро таҳлил намуда, тадбирҳоеро манзур дорад, ки барои расонидани кӯмаки ҳадди ақал ба осебдидагон нигаронида шудааст;
- барои дар амал ҷорӣ намудани чорабиниҳои барномавию стратегӣ, стратегияи байналмилалӣ ва минтақавӣ мусоидат намуда, мониторинги ҷараёни онро анҷом диҳад;
- мубодилаи таҷрибаро, ки ҳангоми таҳия, татбиқ, назорат ва таҳқиқи самаранокии Барномаи миллӣ ба даст омадааст, анҷом диҳад;
- иштироки фаъоли кишварро ҷиҳати пешгирии осеббардорӣ ва зӯроварии дорои миқёси байналмилалӣ бо роҳи ташкил намудани вохӯриҳо дар мамлакат ё дастгирии қарорҳо ҳавасманд созад;
- маълумот ҷамъ оварад, омилҳои хавфро таҳлил ва ёрии фаврӣ ва нақшавии дарозмуддатро таъмин намояд, фаъолияти бахшҳои гуногуни бисёрсоҳавиро дар соҳаи пешгирӣ ҳамоҳанг сохта, барои ворид намудани тағйирот дар сиёсат ва қонунгузорӣ маъракаҳо доир намояд;
- фаъолияти хадамоти осебшиносию ортопедиро мутобиқи Консепсияи ислоҳоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил диҳад, ки барои ҳамгироии он бо кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ нигаронида шудааст;
- барои таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои махсусгардонидашудаи осебшиносию ортопедӣ бо технологияи муосир кӯмак намояд;
- системаи мониторинги доимии ҷараёни татбиқи Барномаро ҷорӣ намояд;
- усулҳои нави ташхис ва табобати беморони осебдидаро амалӣ гардонад;
- дар назди яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе, маркази вилоятҳо ва шаҳрҳо барои интиқоли ҷасади шаҳрвандоне, ки фавти онҳо ба ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, содири ҷиноят ё дигар ҳаводиси нохуш алоқаманд мебошанд, автомашинаҳои махсус ҷудо намояд;
- дар назди марказҳои наркологии шаҳри Душанбе ва вилоятҳо дар заминаи автомашинаҳои сабукрав барои ҳамкорӣ бо мақомоти Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхисгоҳи сайёри наркологӣ таъсис диҳад ва нуқтаҳои ташхиси наркологии мавҷударо бо таҷҳизоти муосир ва мутахассисони касбӣ таъмин намояд;
- барои бо ашёи аёнии профилактикӣ муҷаҳҳаз намудани ҳуҷраҳои масъулини хизматрасонӣ оид ба пешгирии осеббардорӣ мусоидат намояд;
- аз ҳисоби кормандони Раёсати зидди сӯхтор ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парамедикҳоро тайёр намояд.
2) Вазорати маорифи Ҷумҳури Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ба барномаи таълимии мактабҳои олӣ, таҳсилоти умумӣ ва гимназияю омӯзишгоҳҳо дар ҷараёни таълими қоидаҳои ҳаракат дар ҳаҷми соатҳои муқарраршуда масъалаҳои пешгирии осеббардорӣ, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми осеб дидан ва тарғиби тарзи ҳаёти солимро дохил намояд.
3) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома чунин корҳоро амалӣ менамояд:
- барои такмили чораҳои меъёрӣ, ки ба пешгирии осеббардории истеҳсолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳангоми осеббардорӣ равона шудааст, тадбирҳо андешад;
- барои таъмини дастрасии хизматрасонӣ ба ҳар шахси маъюби дараҷаҳои мухталиф чораҳо андешад, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба аз ҷомеа ҷудонамоӣ ва таҳқири маъюбон таҳия созад;
- фаъолиятро барои сифатан беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти протезию ортопедӣ пурзӯр намояд.
4) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст Вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- бо мақсади сари вақт бартараф кардани оқибатҳои садамаҳои нақлиётии ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон таҳдидкунанда, дигар оқибатҳои вазнин, расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба ҷабрдидагон ва анҷомдиҳии корҳои наҷотдиҳӣ дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои минтақавии он гурӯҳҳои махсус таъсис дода, онҳоро бо воситаҳои нақлиёти махсус ва таҷҳизоти зарурии замонавӣ таъмин намояд;
- ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи истеҳсолоти дорои хатари осеббардорӣ ва омилҳои табии иқлимиро, ки боиси осеб дидани аҳолӣ мегарданд, пешниҳод намояд;
- дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои расонидани кӯмаки тиббиро ҳангоми осеббардории оммавӣ, техникӣ ва офатҳои табиӣ тартиб диҳад.
5) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ҷудо намудани маблағҳоро пешбинӣ намояд.
6) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ барои тадбиқи Барнома мусоидат намояд.
7) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома чунин корҳоро амалӣ менамояд:
- дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои Барномаро ҳамоҳанг созад;
- дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи судманди расониданд, кӯмаки тиббиро ба зарардидагон дар роҳҳои сохташаванда ва сохташуда тартиб диҳад;
- ба мақомоти омории давлатӣ дар бораи осеббардорӣ маълумот пешниҳод намояд;
- дар доираи салоҳияти худ оид ба пешгирии осеббардории нақлиётӣ, кӯчагӣ ва маишӣ чораҳои мушаххас андешад;
- ба марказҳои осебшиносии махсусгардонидашуда бо мақсади таъмини ёрии тиббӣ ба осебдидагон саривақт иттилоъ диҳад.
8) Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома чунин корҳоро амалӣ менамояд:
- барои беҳбуди бехатарии роҳҳо ва коммуникатсия, аз ҷумла бо равшании сунъӣ таъмин намудани роҳҳои автомобилгард, хусусан дар маҳалҳои аҳолинишин чораҳо андешад;
- якҷоя бо вазоратҳои тандурустӣ ва корҳои дохилӣ системаи судманди расонидани кӯмаки тиббиро ба зарардидагон дар роҳҳои сохташаванда ва сохташуда тартиб диҳад.
9) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома барои пешгирии осеббардорӣ, расонидани ёрӣ ва муолиҷа ҳангоми осеб мунтазам чорабиниҳои маърифатӣ доир намояд.
10) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи татбиқи Барнома чунин корҳоро амалӣ менамояд:
- мутобиқи шароити маҳал Барномаи мазкурро татбиқ намуда, чорабиниҳоро аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда ва дастгирии иҷтимоии аҳолиро анҷом диҳанд.
Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ташкилотҳои ҷаъмиятӣ, аз ҷумла ҷамъиятҳои илмию таҷрибавии осебшиносон ва ортопедҳо манфиати беморони осебдидаро ҳимоя намуда, дар чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба осебдидагон иштирок намоянд. Барномаи мазкур бо Барномаҳои зерин алоқаманд аст:
- Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2010, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2003 №84 тасдиқ гардидааст;
- Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саломатии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2004 №348 тасдиқ гардидааст.
8. Системаи иттилоотӣ
Системаи иттилоотӣ Барномаро бо маълумоти оморӣ таъмин месозад, ки барои идоракунӣ, мониторинг ва баҳодиҳии татбиқи Барнома дар ҳама сатҳҳо зарур аст.
Шарти асосии фаъолияти системаи иттилоотӣ аз он иборат аст, ки дар ҳамаи қаламрави ҷумҳурӣ истифодаи ҳуҷҷатҳои ягонаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботиро оид ба осебшиносӣ ва ортопедӣ пешбинӣ менамояд:
- маълумотнома дар бораи беморе, ки дар ҳаёташ бори аввал осеб ташхис шудааст - нусхаи №090/у;
- иқтибос аз варақаи бемории бистаришуда - нусхаи №027-2/у;
- варақаи санҷиши мушоҳидаҳои амбулаторӣ - нусхаи №ОЗО-6/у.
Дар ҷараёни татбиқи Барнома таҳия ва ҷорӣ намудани дигар ҳуҷҷатҳои стандартӣ барои баҳисобгирӣ ва бақайдгирии осеб ва оқибатҳои он пешбинӣ шудааст.
Барои баҳодиҳии натиҷаҳои ҷорӣ ва табодули таҷриба дар маҳалҳои гуногун семинар ва конфронсҳои илмию амалӣ гузаронида мешаванд.
9. Мониторинг ва баҳодиҳии Барнома
Барои бомуваффақият иҷро намудани Барнома баҳодиҳии бетанаффуси он муҳим буда, он бояд ба меъёри баҳодиҳии ҳам раванд ва ҳам натиҷагириҳо асос ёбад. Воситаи аз ҳама сарфакоронаи баҳодиҳии мубрамӣ ва қобили амал будани Барномаи пешниҳодшуда метавонад лоиҳои таҷрибавӣ бошад, ки тавассути он ҳар як камбудии нақшаи Барномаро саривақт, бе боздоштани фаъолияти мавҷуда дар соҳаи тандурустӣ ё хароҷоти барзиёди захираҳои маҳдуд ошкор ва ислоҳ кардан мумкин аст.
Барои татбиқи Барномаи миллии пешгирии осеббардорӣ ва такмили кӯмаки тиббӣ ҳангоми осеббардорӣ ва оқибатҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015, Нақшаи татбиқи Барнома ва мӯҳлати иҷрои чорабиниҳо таҳия шудааст (замимаи 1).
10. Сафарбарии иҷтимоӣ
Мақсади сафарбарии иҷтимоӣ аз иштироки фаъоли беморони осебдида ва мубталои оқибатҳои он, хешовандон, духтурони осебшинос, духтурони дигар ихтисос, кормандони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, кормандони миёнаи тиб, инчунин созмонҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ, ташхис, табобат ва беҳтар намудани сифати зиндагии беморон иборат аст.
Роҳҳои татбиқи сафарбарии иҷтимоӣ:
- таҳия ва нашри маводи методӣ оид ба осебҳо барои кормандони тиб, кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва истифодаи оммавӣ;
- таъмини воқифии аҳолӣ оид ба масъалаҳои осеббардорӣ, табобати осеб ва оқибатҳои он бо воситаҳои ахбори омма;
- ҳамкории байни бахшҳо
11. Бахши иқтисодӣ
Маблағҳо барои татбиқи Барнома ҷиҳати дарёфти васоити техникӣ, олоти ташхис ва доруворӣ, дастгоҳу таҷҳизоте, ки барои ҳимояи манфиатҳои беморони осебдида ниҳоят муҳим аст, инчунин хароҷоти нақлиёт барои гузаронидани корҳои муолиҷавию пешгирӣ, ташкилию дастурӣ, машваратию иттилоотӣ зарур мебошад.
Маблағгузории Барнома аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои пешбинигардида амалӣ карда мешавад.
Манбаъҳои буҷети татбиқи Барнома замима мегардад (замимаи 2).
Замимаи 1
ба Барномаи миллии пешгирии осеббардорӣ
ва такмили кӯмаки тиббӣ ҳангоми осеббардорӣ
ва оқибатҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2010-2015
Нақшаи татбиқи Барнома
Ниг. ба замима