Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 224 "Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии пешгирии осеббардорӣ, такмили кӯмаки тиббӣ ҳангоми осеббардорӣ ва оқибатҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии пешгирии осеббардорӣ, такмили кӯмаки тиббӣ ҳангоми осеббардорӣ ва оқибатҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи миллии пешгирии осеббардорӣ, такмили кӯмаки тиббӣ ҳангоми осеббардорӣ ва оқибатҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо маблағгузории Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои буҷетии пешбинишудаи соҳаи тандурустӣ таъмин намоянд.

3) Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи вазифаҳои пешбининамудаи Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ авдешанд.

4) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи вазифаҳои пешбинигардида Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии Барномаи мазкурро таъсис диҳанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 майи соли 2010 № 224

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Национальной программы профилактики травматизма и совершенствования медицинской помощи при травмах и их последствиях в Республике Таджикистан на 2010-2015 годы

В соответствии со статьей 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Национальную программу профилактики травматизма и совершенствования медицинской помощи при травмах и их последствиях в Республике Таджикистан на 2010-2015 годы (прилагается).

2) Министерству здравоохранения Республики Таджикистан, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить выполнение настоящей Программы в рамках бюджетных средств, предусмотренных по финансированию сектора здравоохранения.

3) Министерствам и ведомствам, председателям ГорноБадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять необходимые меры для реализации задач, предусмотренных настоящей Программой.

4) Министерству здравоохранения Республики Таджикистан совместно с заинтересованными министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти ГорноБадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов для реализации предусмотренных задач создать Координационный совет по выполнению настоящей Программы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан               Эмомали Рахмон

от 3 мая 2010 года № 224

 г. Душанбе