Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 майи соли 2010
№ 211 тасдиқ шудааст
Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 233)
1. Муқаррароти умумӣ
1) Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими раванди муҳоҷиркунонии аҳолиро аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ба мавзеъҳои бехавф муайян менамояд.
2) Муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шахсоне мебошанд, ки манзили худро бар асари офатҳои экологӣ ноилоҷ тарк кардаанд.
3) Кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфноки экологӣ дар ҳолатҳои зерин сурат мегирад:
- дучори ярч
- фурӯравии замин
- тармафароӣ
- ҳолатҳои фавқулоддаи техногенӣ
- сел ва дигар офатҳои табиӣ.
4) Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Хадамот) мақомоти ваколатдор ва ҳамоҳангсози масъалаҳои муҳоҷирати экологӣ буда, ташкил ва назорати иҷрои корҳоро дар ин раванд амалӣ менамояд .
5) Барои амалӣ намудани раванди муҳоҷиркунонии аҳолӣ комиссияҳои доимоамалкунанда дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Комиссияи ҳукуматӣ) ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо (минбаъд - Комиссияи маҳаллӣ) таъсис дода мешаванд .
6) Мақоми муҳоҷирони экологиро Хадамот дар асоси пешниҳоди Комиссияи маҳаллӣ муайян намуда, то якуми феврали ҳар соли тақвимӣ барои тасдиқ ба Комиссияи ҳукуматӣ пешниҳод менамояд. Инчунин, бо дарназардошти ба вуқӯъ омадани вазъи босуръати омилҳои берунаи табиӣ, Хадамот бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон руйхати аввалиндараҷаи муҳоҷирони экологиро фавран барои тасдиқ ба Комиссияи ҳукуматӣ пешниҳод менамояд. Ҳангоми аз тарафи Комиссияи ҳукуматӣ тасдиқ гардидани рӯйхати муҳоҷирони экологӣ, ба онҳо пеш аз кӯчонидан ба мавзеи нави зист аз тарафи мақоми ваколатдор шаҳодатномаи муҳоҷири экологӣ супорида мешавад. Намунаи шаҳодатномаи муҳоҷири экологӣ аз тарафи Хадамот таҳия ва тасдиқ карда мешавад .
7) Хадамот ҳангоми пешниҳод намудани рӯйхати муҳоҷирони экологӣ барои тасдиқ ба Комиссияи ҳукуматӣ, аз комиссияҳои маҳаллӣ ҳуҷҷатҳои зеринро талаб менамояд :
- санади Комиссияи маҳаллӣ оид ба муайян намудани минтақаи экологӣ, шумораи хоҷагиҳо ва мӯҳлати кӯчонидани онҳо;
- пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои шахсии ашхоси дар мавзеи хавфнок иқоматдошта;
- пешниҳоди хулосаи расмии раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба кӯчонидан ба дигар минтақа, қабул, ҷо ба ҷо намудан, ҳолати санитарии муносиб, таъминот бо ҷойи корӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ, ки барои ҳаёти муҳоҷирони экологӣ заруранд.
8) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тибқи рӯйхати тасдиқнамудаи Комиссияи ҳукуматӣ муҳоҷирони экологиро дар мавзеъҳои нави зист бо хонаи истиқоматӣ ва ё қитъаи замин барои сохтмони манзил таъмин менамоянд.
9) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори дахлдор ва лоиҳаи Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологиро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд .
10) Дар Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ бояд масъалаҳои зерин пешбинӣ карда шаванд:
- номгӯи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки муҳоҷирони экологиро иросол ва қабул менамоянд;
- мӯҳлати кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ;
- теъдоди хоҷагӣ ва оилаҳои муҳоҷирони кӯчонидашаванда.
11) Ҳангоми ба вуқӯъ омадани вазъи босуръати омилҳои берунаи табиӣ, ғайринақшавӣ муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ танҳо бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Тартиби муайян намудани мақоми муҳоҷири экологӣ
12) Асос барои муайян намудани мақоми муҳоҷири экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- дархости шаҳрванд;
- пешниҳоди мақоми дахлдори давлатӣ;
- дар асоси хулосаи муҳандисӣ-геологии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи маҳаллӣ муайян гардидани мавзеи хавфноки экологӣ .
13) Дархости шаҳрвандон ва мақомоти дахлдори давлатӣ аз тарафи Комиссияи маҳаллӣ дар мӯҳлати даҳ рӯз баррасӣ гардида, аз натиҷаи он ба дархосткунанда бо замимаи хулосаи асоснокшуда оид ба мавҷуд будани мавзеи хавфноки экологӣ ва ё мавҷуд набудани он маълумот ирсол мегардад.
14) Намунаи дархости (аризаи) шаҳрванд оид ба эътироф намудани ӯ ҳамчун муҳоҷири экологӣ аз тарафи Хадамот тасдиқ карда мешавад .
15) Комиссияи маҳаллӣ дар ҳолати хатарнок ҳисобидани мавзеи хавфноки экологӣ тибқи банди 7) ҳуҷҷатҳои заруриро ба Хадамот пешниҳод менамояд .
3. Дастгирии давлатии муҳоҷирони экологӣ
16) Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри таъмини ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии муҳоҷирони экологӣ корҳои зеринро анҷом медиҳанд:
- ҳар сол аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо намудани маблағҳо барои қарзи имтиёзнок, кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ва пардохти маблағҳои нақлиётӣ;
- таъмини хизматрасонии нақлиётӣ ҳангоми кӯчонидани муҳоҷирон аз мавзеъҳои хавфноки экологӣ ба ҷойҳои бехавф;
- таъмини сохтмони роҳҳои нақлиётӣ ва таҷдиду барқарорсозии роҳҳои дохили хоҷагӣ дар маҳалҳои нави зисти муҳоҷирон;
- таъмини хизматрасонии тиббӣ ҳангоми кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ ба маҳали нави зист;
- бунёди сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва бо мутахассисони соҳа таъмин кардани онҳо;
- бунёди сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ дар маҳали нави зисти муҳоҷирони экологӣ;
- таъмини бехатарии корвони муҳоҷирони экологӣ ҳангоми сафарбар намудани онҳо ба маҳали нави зист;
- ташкили корҳо оид ба гузаронидани хатҳои обгузар барои таъминот бо оби нӯшокӣ, инчунин барои обёрӣ кардани заминҳои наздиҳавлигӣ (полезӣ), дар маҳали нави зисти муҳоҷирони экологӣ;
- мусоидат дар ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва аз худ кардани заминҳои нокорам ва бекорхобида дар маҳали нави зисти муҳоҷирони экологӣ;
- ба таври ройгон ҷудо намудани қитъаҳои замин дар мавзеъҳо бехавф барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, аз қабили омода намудани нақшаи кулл ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ;
- дар ҳолати зарурӣ таъмин намудани муҳоҷирони экологӣ бо хаймаҳо;
- таҳияи Нақшаи генералии маҳали зисти нави муҳоҷирони экологӣ;
- мусоидат ҳангоми рафти корҳои сохтмони иншоот ва хонаҳои истиқоматии муҳоҷирони экологӣ;
- мусоидат доир ба гузаронидани хатҳои интиқоли барқ дар маҳали нави зисти муҳоҷирони экологӣ;
- барпо кардани зербинои деҳот.
4. Тартиби баруйхатгирии муҳоҷирони экологӣ
17) Барӯйхатгирии муҳоҷирони экологӣ аз тарафи Комиссияи маҳаллӣ сурат мегирад.
18) Комиссияи маҳаллӣ руйхати муҳоҷирони экологиро тибқи санад тартиб дода онро барои маъқул донистан ба раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамояд.
19) Комиссияи маҳаллӣ ҳангоми тартиб додани рӯйхати муҳоҷирони экологӣ мавзеи онҳоро аз рӯи дараҷаи хавфнокӣ ба гурӯҳҳо ҷудо менамояд.
20) Комиссияи маҳаллӣ дар рӯйхати муҳоҷирони экологӣ теъдоди хоҷагӣ, оила ва шумораи умумии онҳоро дарҷ менамояд.
21) Асос барои барӯйхатгирӣ ва эътироф кардани мақоми муҳоҷирони экологӣ ин муайян намудани мавзеи хатарноки экологӣ дар асоси пешниҳоди хулосаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад .
22) Нисбати фаъолияти Комиссияи маҳаллӣ оид ба мавҷуд будани мавзеи хавфноки экологӣ ва ё мавҷуд набудани он, инчунин дар ҳолати норозӣ будани муҳоҷирони экологӣ ҳангоми барӯйхатгирӣ, шаҳрвандон метавонанд тибқи тартиби муқарраргардида шикоят намоянд.
5. Тартиби кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ ва ҷо ба ҷо кардани онҳо дар мавзеи нави зист
23) Кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ аз минтақаҳои хавфноки экологӣ баъд аз тасдиқ гардидани рӯйхати онҳо аз тарафи Комиссияи ҳукуматӣ анҷом дода мешавад.
24) Хадамот тибқи Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологиро якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ташкил менамояд .
25) Ҳангоми кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ корҳои зерин бояд анҷом дода шаванд:
-тартиб додани нақшаи чорабиниҳо оид ба кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ;
-гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муҳоҷирони экологӣ;
-таъмини хизматрасонии нақлиётӣ барои кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ;
-таъмини бехатарии корвони муҳоҷирони экологӣ ҳангоми сафарбар намудани онҳо ба маҳали нави зист;
-таъмини хизматрасонии тиббӣ ҳангоми сафари корвони муҳоҷирони экологӣ;
-дар фаслҳои баҳор, тобистон ва тирамоҳ кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ.
26) Кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ аз минтақаҳои хавфноки экологӣ дар мадди аввал нисбати хоҷагиҳое (оила) амалӣ карда мешавад, ки мувофиқи хулосаҳои муҳандисӣ-геологии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи маҳаллӣ дар мавзеи хавфнокии баланд қарор доранд .
27) Баъд аз кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ ба мавзеи нави зист, аз тарафи Хадамот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо санади қабул ва ҷо ба ҷо намудани муҳоҷирони экологӣ тартиб дода мешавад. Санади намунавӣ оид ба қабул ва ҷо ба ҷо намудани муҳоҷирони экологӣ аз тарафи Хадамот таҳия ва тасдиқ карда мешавад .
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои бозгашти муҳоҷирони кӯчонидашуда ба мавзеъҳои пештараи зисти дар минтақаҳои хавфнок ҷойгирбуда, баъди кӯчонидан хонаҳои истиқоматии онҳо вайрон карда, дар ин хусус санад таҳия шуда ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешавад.
28) Ба оилаҳое, ки аз минтақаҳои хавфноки экологӣ кӯчонидани мешаванд, қарзи имтиёзнок ва кӯмаки яквақтаинаи моддӣ дар ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Пардохти маблағи қарзи имтиёзнок ва кӯмаки яквақтаинаи моддӣ дар давоми даҳ рӯзи баъд аз гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигии муҳоҷирон анҷом дода мешавад .
29) Тартиби пардохти маблағи қарзи имтиёзнок ва кӯмаки яквақтаинаи моддиро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
30) Баргардонидани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 50 фоиз аз миқдори умумии он аз ҷониби муҳоҷирони экологӣ аз соли чоруми баъд аз гирифтани қарз оғоз гардида, аз ҷониби сохторҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар маҳалҳо дар давоми 2 сол амалӣ карда мешавад .
31) Ҳангоми вафот ё дар ҳолати бемории вазнин қарор доштани сардори оилаи муҳоҷири экологӣ, тамоми масъалаҳои молиявӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ ба ӯҳдаи яке аз аъзои қобили меҳнати оила, ки дар шаҳодатномаи муҳоҷиратӣ сабт шудааст, мегузарад.
32) Муҳоҷирони экологии аз минтақаҳои хавфнок ба мавзеъҳои бехавф кӯчонидашуда ҳуқуқи баргаштанро ба мавзеъҳои зисти пештара надоранд.
6. Ташкили қабули муҳоҷирони экологӣ дар маҳали нави зист ва назорат оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқии иҷтимоии онҳо
33) Хадамот дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабул ва ҷобаҷокунии муҳоҷирони экологиро дар маҳалҳои нави зист ташкил мекунад .
34) Хадамот дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии тарафи қабулкунандаи муҳоҷирон бо ҷалби дигар мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ нисбати таъмини ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии муҳоҷирон кӯмаки амалӣ расонида, дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, омӯзиш ва бозомӯзӣ ба касбу ихтисосҳои дар бозори меҳнат талаботдошта, беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагонӣ бо роҳи бунёд намудани инфрасохтори деҳот, ташкил намудани чорабиниҳои маданию равшаннамоӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим тадбирҳои амалӣ меандешад .
7. Таҳияи махзани маълумот оид ба муҳоҷирони экологӣ
35) Хадамот бо мақсади ҷорӣ намудани системаи баҳисобгирии ҷараёни муҳоҷирати экологӣ, маҳзани маълумотро ташкил мекунад .
36) Хадамот ҳар нимсола ва дар охири соли ҳисоботӣ вазъи муҳоҷирати экологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил намуда, ба Комиссияи доимоамалкунанда дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассал пешниҳод менамояд .