Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 211 "Дар бораи Тартиби амали намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 02.05.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби амали намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 233)

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" ва бо мақсади танзими масъалаҳои муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои саривақтии қарори мазкурро таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 233).

3) Ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 233):

- ҳамасола рӯйхати ном ба номи хоҷагиҳо ва оилаҳои дар минтақаҳои хавфноки экологӣ иқоматдоштарр тартиб дода, барои тасдиқ ба комиссияи доимоамалкунанда дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 233);

- дар байни аҳолии минтақаҳои хавфноки экологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар ҳолати саркашӣ аз кӯчидан ба минтақаҳои бехавф аз оқибатҳои манфии имконпазир хаттӣ огоҳ намоянд.

4) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда оид ба кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 233).

5) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000 № 467 "Дар бораи Низомномаи тартиби кӯчонидани хоҷагиҳо аз минтақаҳои хавфноки экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 майи соли 2010 № 211

ш. Душанбе