Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 207 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Бо мақсади мутобиқсозии низоми таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи низоми таҳсилоти умумии ҷаҳонӣ ва мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Муқаррар карда шавад, ки татбиқи Консепсияи мазкур аз соли 2011 оғоз ёфта, давра ба давра ба роҳ монда мешавад.

3) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои дахлдор, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои қарори мазкур тадбирҳои амалӣ андешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

4) Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дода шавад, ки барои татбиқи Консепсияи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5) Хароҷоти татбиқи Консепсияи мазкур дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ, ки ҳар сол барои соҳаи маориф пешбинӣ мегарданд, амалӣ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 майи соли 2010 № 207

ш. Душанбе