Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2010
№ 228 тасдиқ шудааст
Низомномаи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.10.2012 № 564, аз 29.10.2015 № 618)
1) Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ (минбаъд-хариди давлатӣ) амалӣ менамояд.
2) Агентӣ ба Сохтори мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.
3) Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
2. Ваколатҳо
4) Агентӣ ваколатҳои зеринро дар бахши фаъолияти муқарраргардида амалӣ менамояд:
- оид ба масъалаҳои ба Агентӣ дахлдошта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод менамояд;
- оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ки барои хариди мол, кор ва хизматрасонӣ пешбинӣ шудаанд, пешниҳодҳо тайёр мекунад;
- риояи ҳатмии талаботи қонунгузориро дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ таъмин менамояд;
- дар амалӣ намудани хариди давлатӣ маслиҳат медиҳад, инчунин барои ҷустуҷӯи молрасонҳои имконпазир ва молистеъмолкунандагон мусоидат мекунад;
- дар озмунҳои харид оид ба хариди давлатӣ, ки аз номи ташкилотҳои харидори дорои мақоми ташкилоти соқибихтисос набуда мегузаронад, иштироки беғаразонаи молрасонҳо (пудратчиён) ва рушди рақобати озодро байни довталабон таъмин менамояд;
- арзу шикоятҳоро оид ба масълаҳои хариди давлатӣ баррасӣ менамояд;
- оид ба хариди давлатӣ иттилоот ҷамъ мекунад ва онро интишор менамояд;
- такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон оид ба хариди давлатиро ташкил менамояд;
- ба ташкилотҳои харидор вобаста ба масъалаи дуруст мавриди амал қарор додани интихоби усули хариди давлатӣ ҳангоми анҷом додани хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ тавсияҳо медиҳад;
- ҳисоботи семоҳаро дар самти фаъолияти худ омода месозад;
- махзани маълумоти молрасонҳои (пудратчиёни) ватанию хориҷиро ташкил намуда, феҳристи молрасонҳои (пудратчиёни) беэътимодро пеш мебарад;
- оид ба масъалаҳои такмили механизми хариди давлатӣ мавод омода ва пешниҳод мекунад;
- аз рӯи тартиби муқарраргардида нашрияи Бюллетени хариди давлатиро таъсис дода, фаъолияти онро ба роҳ мемонад;
- тибқи тартиби муқаррагардида бо мақомоти давлатии мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд;
- ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ доир ба масъалаҳое, ки ба соҳаи муқаррагардидаи фаъолияти Агентӣ вобаста мебошанд, тавзеҳ медиҳад;
- барои ғайримарказонидани хариди давлатӣ тадбирҳои амалӣ андешида, феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибихтисосро, ки мустақилона хариди давлатиро анҷом медиҳанд, таҳия мекунад ва ҳар моҳ ба мақомоти иҷроияи дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар сирӣ бо қонун ҳифзшавандаро таъмин менамояд;
- фаъолияти дигарро дар соҳаи муқарраргардида, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Таҷикистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ мегардонад.
5) Агентӣ бо мақсади татбиқи ваколатҳои дар соҳаи фаъолияти худ муқарраргардида ҳуқуқ дорад:
- фаъолияти ташкилотҳои харидорро оид ба риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хариди давлатӣ назорат кунад;
- барои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани ташхис ва машварат мутахассисони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро ба таври ройгон, инчунин мутахасисонеро, ки хизматчии давлатӣ намебошанд, ба таври музднок ва аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушунид анҷом диҳад, қарордод бандад;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ташкилотҳои харидор барои риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хариди давлатӣ чораҷӯӣ намояд;
- бо мақсади татбиқи вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда ваколатҳои дигарро, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд, амалӣ намояд.
3. Ташкили фаъолият
6) Агентиро Директор роҳбарӣ менамояд, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
7) Директори Агентӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар доираи фаъолияти муқарраршуда масъулияти шахсӣ дорад.
8) Директор як муовин дорад, ки бо пешниҳоди Директори Агентӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
9) Директор:
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории Агенитро тасдиқ менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро мутобиқи Низомномаи мазкур пешниҳод менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамуда оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии сохтори Агентӣ пешниҳод ирсол мекунад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои иҷрои хизмати давлатиро дар дастгоҳи марказӣ ва шӯъбаҳои Агентӣ дар минтақаҳо ҳал менамояд;
- ҷадвали штатӣ ва ҳайати воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва бахшҳоро дар доираи муқаррарнамудаи теъдод ва фонди музди меҳнат, харҷномаҳоро барои нигоҳдории Агентӣ дар доираи маблағгузории пешбинишуда тасдиқ менамояд;
- фармоиш интишор менамояд, ки иҷрои онҳо барои кормандони Агентӣ ҳатмӣ мебошад;
- кормандони Дастгоҳи марказӣ ва бахшҳоро бо тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд; _
- нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои фаъолияти Агентӣ, инчунин ҳисоботро оид ба иҷрои онҳо тасдиқ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида номзадии кормандони Агентиро барои сарфароз намудан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои дигарро амалӣ мегардонад.
10) Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ ба забони давлатӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
11) Маҳали ҷойгиршавии Агентӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисор Муҳаммад, 10/17.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2010
№ 228 тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.10.2012 № 564)
Роҳбарият
Раёсати ташкил ва анҷом додани хариди давлатӣ
Шӯъбаи таҳлил, назорат ва таъминоти иттилоотии хариди давлатӣ
Бахши ҳуқуқ, такмил ва мониторинги хариди давлатӣ
Бахши умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус
Бахши молия ва баҳисобгирии муҳисибавӣ
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2010
№ 228 тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ дар вилояти Суғд
Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ дар вилояти Хатлон
Бахши минтақавии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон
Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Рашт