ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1.
Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21 моддаи 239, соли 2000, № 11 моддаи 513) "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
Моддаи 21 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Дар мавридҳои зарурӣ ба воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштани номи ходимони барҷастаи ҷамъиятию сиёсӣ ва илму фарҳанг, ки дар қайди ҳаёт нестанд, мумкин аст".
Ба моддаи 23, сатри дуюм баъди калимаи "пешниҳоди" калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
Моддаи 2.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
22 апрели соли 2003 № 23
РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН
КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН
О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О порядке решения вопросов административно-территориального устройства Республики Таджикистан"
Статья 1
Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан "О порядке решения вопросов административно-территориального устройства Республики Таджикистан" от 4 ноября 1995 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан 1995г., №21., ст. 239; 2000 г., № 11 , ст. 513) следующие изменения и дополнения:
Статью 21 изложить в следующей редакции:
"Разрешается в необходимых случаях посмертное присвоение имен выдающихся общественно-политических деятелей, деятелей науки и культуры административно-территориальным единицам и населенным пунктам по ходатайству Правительства Республики Таджикистан".
В статье 23 во второй строке после слов "по ходатайству" добавить словами "Правительства Республики Таджикистан".
Статья 2
Настоящий Закон вступает в силу после официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Э.РАХМОНОВ
г. Душанбе
22 апреля 2003 года №23