Низомномаи Гузаронидан, барқароркунӣ ва хориҷ намудани хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2010 № 160

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

таҳти № 567  

аз 11 марти с.2010

"БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ"

Бо фармоиши

Вазири маорифи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "4" феврали соли 2010, №160

тасдиқ карда шудааст

Низомномаи гузаронидан, барқароркунӣ ва хориҷ намудани хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Низомномаи гузаронидан, барқароркунӣ ва хориҷ намудани хонандагон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва банди 61 Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009, №126 тасдиқ карда шудааст, таҳия гардидааст.

2) Низомномаи мазкур тартиби гузаронидан, барқарор намудан ва хориҷ намудани хонандагону донишҷӯёнро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ новобаста аз шакли моликият муайян менамояд.

3) Ба хонандагону донишҷӯён муассисаҳои таълимӣ, ки таҳсилоти миёнаи касбӣ медиҳанд, дохил мешаванд:

-хонандагон-таҳсилгирандагони муассисаи таълимие, ки барномаи таълимии таҳсилоти миёнаро аз худ менамоянд.

-донишҷӯён-таҳсилгирандагони муассисаи таълимие, ки барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро аз худ менамоянд.

4) Хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ доранд аз як муассисаи таълимӣ ба дигар муассисаи таълимӣ, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба дигар шакли таълим гузаранд.

5) Барқарор намудан, гузаронидани хонандагон, донишҷӯён аз як муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба дигар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки равияи якхела доранд, танҳо дар давраи таътили тобистона бо ризоияти директорони ҳар ду муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси хулосаи экспертии комиссияи махсуси назди қисми таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иҷозат дода мешавад.

6) Гузаронидани донишҷӯён аз як муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи дигари миёнаи касбӣ танҳо аз курси дуюм ба роҳ монда мешавад.

7) Барқароркунӣ ва гузаронидани донишҷӯёни курси якуми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба истисное, ки Низомномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст манъ аст.

8) Барқароркунии хонандагон ва донишҷӯёне, ки бо сабабҳои гуногун аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ хориҷ шуда, ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд, пас аз адои хизмат дар мӯҳлатҳои муайяншуда тибқи банди 5-и ҳамин Низомнома сурат гирифта, дар ҳамон шакли таълими қаблияшон барқарор карда мешаванд.

9) Хонандагон, донишҷӯёни аз курсҳои дуюм ва курсҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо сабабҳои узрнок хориҷшуда дар мӯҳлати то 5 сол ба шакли қаблии таҳсилашон (рӯзона, ғоибона, шабона, ройгон ё ғайриройгон) зимни мавҷуд будани ҳамон шакли таълим ва ба ҳамон ихтисоси қаблӣ (дар сурати мавҷуд набудан ба ихтисоси ба он наздик) барқарор карда мешаванд.

10) Хонандагон, донишҷӯёне, ки аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо сабаби қарзи академӣ ё бо сабабҳои дигар хориҷ шудаанд, агар аз давраи хориҷ шуданашон зиёда аз 5 сол гузашта бошад, ба таври истисно танҳо бо иҷозати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда мешаванд.

11) Донишҷӯён аз шӯъбаи ғоибона ба шӯъбаи рӯзона ё аз шӯъбаи рӯзона ба ғоибона дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо дар давраи таътили тобистона бо назардошти иҷрои соатҳои барномаҳои таълимӣ ва аз 4 фарқияти академӣ (санҷиш ва имтиҳон) зиёд надошта баъди хатми курси дуюм ба курси худаш ба ҳамон шакли таълим (ройгон ё ғайриройгон) гузаронида мешаванд.

Ҳангоми гузариш ва барқарор намудани шаҳрванд барои давом додани таҳсил ба шӯъбаи ғоибона фаъолияти корӣ аз рӯи ихтисоси интихобкарда ба инобат гирифта мешавад.

Ҳангоми гузариш ва ё барқароршавӣ бо фармони директори муассисаи таълимӣ тартиб ва мӯҳлати супоридани қарзҳои академӣ, фарқиятҳои нақша ва барномаҳои таълимӣ то саршавии дарсҳо дар соли хониш муайян карда мешавад.

Дар сурати аз тарафи хонанда, донишҷӯ бартараф накардани фарқиятҳои нақшаи таълимӣ дар вақти муайянкардашуда, минбаъд ҳамчун қарзи академӣ ҳисобида шуда, барои гузаронидан аз курс ба курс ё барқарор намудан таъсир мерасонад.

12) Мӯҳлати хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати танаффус дар таҳсил дохил карда намешавад. Афсарон ва дигар хизматчиёни ҳарбӣ, ки аз мӯҳлати муайяншуда дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд хизмат кардаанд ё хизмати шоёни ҳарбӣ доранд, ба муассисаҳои таълимӣ новобаста аз мӯҳлати танаффус барқарор карда мешаванд.

13) Гузаронидани таҳсилгирандагоне, ки дар асоси шартнома таҳсил менамояд, аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи таълимии дигар ё аз як ихтисос ба ихтисоси дигар танҳо бо ризоияти директори муассисаи таълимӣ, ташкилот ё сарпарасте, ки хонанда, донишҷӯ бо он шартнома дорад, иҷозат дода мешавад.

Гузаронидани хонанда ва донишҷӯён аз гурӯҳи шартномавӣ ба гурӯҳи буҷавӣ дар асоси Низомномаи гузаронидани таҳсилгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гурӯҳҳои ғайриройгон ба гурӯҳҳои ройгон амалӣ карда мешавад.

-Хонандагон, донишҷӯёне, ки бо сабаби қарзи академӣ аз муассисаи таълимӣ хориҷ шудаанд, бо мақсади такроран омӯхтани фанҳои азхуднашуда дар давраи таътили зимистона ё тобистона аз ибтидои ҳамон нимсолаи таълимӣ, ки аз он қарзи академӣ доранд, барқарор карда мешаванд.

-Хонандагон, донишҷӯёне, ки аз муассисаҳои таълимӣ бо сабаби қарзи академӣ ё бо сабабҳои дигари узрнок хориҷ шудаанд, агар аз давраи хориҷшавиашон на зиёда аз 5 сол гузашта бошад, дар сурати мавҷуд будани собиқаи корӣ дар муддати 10 моҳи аввали пас аз хориҷ шудан барқарор карда мешаванд. Ҳамчунин гузаронидани донишҷӯён аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи таълимии дигар ё аз як ихтисос ба ихтисоси дигар тибқи банди 5- и ҳамин Низомнома бо фармони директори муассисаи таълимӣ дар асоси хулосаи экспертии комиссияи махсуси назди қисми таълимии муассиса ба амал бароварда мешавад.

-Гузаронидани хонандагон, донишҷӯёни хориҷшуда аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи таълимии дигар танҳо баъди барқарор шудан ба муассисаи таълимие, ки хонанда донишҷӯ қаблан дар он таҳсил менамуд, иҷозат дода мешавад.

-Гузаронидан аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи таълимии дигар ё аз як ихтисос ба ихтисоси дигар танҳо як маротиба иҷозат дода мешавад. Барқароркунӣ ба муассисаҳои таълимӣ зиёда аз се маротиба манъ буда, имтиёзҳо танҳо баъди барқароркунии якум нигоҳ дошта мешаванд.

-Хонандагон, донишҷӯёне, ки дар гурӯҳи буҷавии муассисаҳои таълимӣ таҳсил намуда, хоҳиши гузариш ба муассисаи таълимии хориҷи кишвар доранд, танҳо дар сурати риояи талаботи тарафайн (пардохти ҷубронпулӣ) иҷозат дода мешаванд.

14)Хонанда, донишҷӯе, ки мехоҳад ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии дигар гузарад, бояд ба директори ҳамон муассисаи таълимӣ ариза нависад ва баъди гирифтани ризоияти хаттӣ ба директори муассисаи таълимие, ки дар он таҳсил менамояд, бо ариза муроҷиат кунад. Дар сурати ба тариқи мусбат ҳал шудани масъала фармони директори муассисаи таълимие, ки донишҷӯ дар он таҳсил менамояд, бо мазмуни "ба сабаби гузаронидан ба " (номи муассисаи таълимӣ) хориҷ карда шуд" бароварда мешавад ва дар муддати 10 рӯз ба нишонии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии қабулкунанда ҳуҷҷатҳои зерини донишҷӯ фиристода мешавад:

- ҳуҷҷатҳои шахсии хонанда, донишҷӯ;

- варақаи таҳсили хонанда, донишҷӯ;

- маълумотномаи академӣ;

- нусха аз фармон оид ба гузаронидан;

- номгӯи ҳуҷҷатҳои фиристодашуда.

15) Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки хонанда, донишҷӯро қабул мекунад, вазифадор аст дар асоси ариза (дар нусхаи ариза бояд имзо, мӯҳр ва иҷозати директор возеҳ бошад), фармон ҷиҳати иштирок намудани хонанда-донишҷӯ ба дарсҳо ба тасвиб мерасонад.

16) Фармони директор дар бораи қабул ва гузаронидани хонанда-донишҷӯ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо баъд аз ворид гардидани ҳуҷҷатҳои хонанда-донишҷӯ бароварда мешавад. Дар фармон мӯҳлати супурдани фарқиятҳо тибқи нақшаи таълимӣ (дар ҳолати мавҷудияти зиёда аз 4 фарқият хонанда донишҷӯ ба як курс поёнтар қабул карда мешавад) дар асоси пешниҳоди қисми таълимӣ ё деканат, ки дар он фанҳо нишон дода шудаанд, муайян карда мешавад. Мӯҳлати супурдани фарқиятҳо на бояд аз ду моҳ зиёд бошад.

17) Муассисаи таълимӣ аризаи хонанда-донишҷӯйро оид ба гузаронидан дар муддати ду ҳафта дида мебарояд ва ҳангоми ба таври мусбат ҳал шудани масъала шартҳои гузаронидан (мӯҳлат, ихтисос, курс)-ро муайян месозад. Дар сурати ба таври манфӣ ҳал шудани масъала сабабҳои рад кардани аризаи хонанда, донишҷӯ маълум карда мешавад.

18) Ба аризаи хонанда-донишҷӯ дар ҳар ду муассисаи таълимӣ дафтарчаи имтиҳонӣ ё худ нусхаи он замима карда мешавад.

19) Гузаронидан дар дохили муассисаи таълимӣ тибқи аризаи хонанда-донишҷӯ ва хулосаи экспертии комиссияи махсуси назди қисми таълимии муассисаи таълимӣ дар сурати мавҷуд будани ҷойҳои холӣ, мувофиқ будани равия ва мавҷудияти на зиёда аз 4 фарқияти академӣ (ба истиснои ихтисосҳои тиббӣ) бо фармони директор ба амал бароварда мешавад.

20) Барои барқароркунӣ хонанда-донишҷӯ ба номи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ариза навишта, ба он дафтарчаи имтиҳонӣ, маълумотнома ва ҳуҷҷатҳои дигари заруриро оид ба фаъолияти меҳнатиаш дар давраи пас аз хориҷ шудан замима менамояд. Муассисаи таълимӣ аризаро оид ба барқароркунӣ дар муддати як ҳафта (аз рӯзи ба қайд гирифта шуданаш) дида мебарояд. Дар сурати манфӣ ҳал шудани масъала сабаб ва хулосаи экспертии комиссияи махсуси муассисаи таълимиро дастраси хонандадонишҷӯ мегардонад.

21) Фармони директори муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ оид ба барқароркунии хонанда-донишҷӯ дар асоси хулосаи экспертии комиссияи барқароркунии назди қисми таълимии муассисаи таълимӣ бароварда мешавад. Дар фармон мӯҳлати супурдани қарзҳои академӣ, фарқиятҳо аз рӯи нақшаи таълимӣ, ки қисми таълимӣ ё деканати факултет муайян намудааст, нишон дода мешавад. Дар сурати дар мӯҳлати муқарраргардида насупурдани қарзҳои академӣ ва фарқиятҳо фармони дигари директор оид ба бекор кардани фармони барқароркунӣ бароварда мешавад. Мӯҳлати супурдани қарзҳои академӣ ва фарқиятҳо набояд аз 2 моҳ зиёд бошад.

Барқароркунӣ ё ба сафи хонандагон-донишҷӯёни муассисаи таълимӣ қабул кардан дар асоси маълумотномаи академӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ мумкин аст ҳуҷҷатҳои шахсии хонанда, донишҷӯ аз таълимгоҳе, ки он то хориҷкунӣ таҳсил карда буд, талаб карда мешавад.

Ба хонандагон-донишҷӯёни барқароршуда дар асоси натиҷаи ҷамъбасти нимсолаи аввали баъди барқарор намудан идрорпулӣ муайян карда мешавад.

Ба донишҷӯёни ба таълимгоҳ барқароркардашуда дафтарчаи имтиҳонӣ дода мешавад. Дар дафтарчаи имтиҳонӣ ҳамаи фанҳои пеш омӯхташуда бо нишон додани баҳоҳои гирифташуда оварда мешавад.

Барои барқарор намудан, гузаронидан аз як барномаи таълимӣ ба дигар барномаи таълимӣ, аз як муассисаи таълимӣ ба дигар муассисаи таълимӣ маблағ ситонида намешавад, агар хонанда- донишҷӯ аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил намояд.

Хонандагону донишҷӯёни гурӯҳҳои шартномавӣ, ки дар давоми семестр барои насупоридани маблағи таҳсил хориҷ карда шудаанд, ҳуқуқ доранд дар муддати 4 ҳафтаи баъди хориҷ намудан баробари супоридани маблағи таҳсил барқарор карда шаванд.

Барқарор намудани хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ба муассисаҳои таълимии давлатӣ ба ихтисосҳои монанд ё ҳамон ихтисоси таҳсил мекардааш дар давраи таътили тобистона ва зимистона дар асоси пурра супоридани хароҷоти таҳсил ба амал бароварда мешавад.

22) Мувофиқи моддаи 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" барои бесабаб иҷро накардани нақша ва барномаи таълимӣ дар мӯҳлати муайяншуда, риоя накардани Оинномаи муассисаи таълимӣ, тартиботи дохила нисбати хонандагону донишҷӯён метавонанд ҷазо то хориҷ намудан аз муассисаи таълимӣ андешида шаванд.

Хонанда-донишҷӯ дар ҳолатҳои зерин аз муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ хориҷ карда мешавад:

-бинобар вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷати комиссияи тиббию машваратӣ;

-ба сабаби гузаштан ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии дигар;

-барои давомоти нокифоя (зиёдтар аз 36 соат дар як моҳ);

-барои қарздории академӣ;

-ба таълим шурӯъ накардани донишҷӯ баъд аз рухсатии академӣ;

-сари вақт напардохтани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома;

-дар мӯҳлати муқарраргардида насупоридани ду ва ё зиёда аз он санҷишу имтиҳонҳо;

-барои содир кардани ҷиноят;

-барои вайрон кардани раванди таълиму тарбия, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ.

23) Хориҷ намудани хонандагону донишҷӯён аз муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фармони директор дар асоси пешниҳоди мудири қисми таълимӣ, мудири шӯъба ё декани факултет сурат мегирад.

Хориҷ намудани хонанда-донишҷӯ бо ташаббуси раёсати муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ҳолатҳои беморӣ, истироҳат, рухсатии академӣ ё дар ҳолати ҳомиладорӣ ва таваллуд манъ аст.

Пас аз хориҷ шудан ба хонанда-донишҷӯ варақаи академӣ дода мешавад. Мазмун ва шакли маълумотномаи академӣ, ки ба хонандагон-донишҷӯён ҳангоми гузаронидан ва хориҷ намудан дода мешавад, аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад (Замима мегардад). Маълумотномаи академӣ маҷмӯи фанни таълим, соатҳои таълимӣ ва баҳои гирифтаи хонанда, донишҷӯро дар ҳар як нимсола фаро мегирад. Маълумотномаи академӣ аз тарафи директор ё муовини директор оид ба таълим ва котиб имзо шуда, бо мӯҳри нишондори муассисаи таълимӣ тасдиқ мегардад.

Нусхаи аслии ҳуҷҷатҳое, ки хонанда, донишҷӯ дар асоси он ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул гардида буд, баргардонида мешавад. Ҳуҷҷатҳои боқимондаи шахсии хонанда- донишҷӯ дар ин маврид ба бойгонии муассисаи таълимӣ супорида мешавад.

Ҳангоми хориҷкунии хонанда-донишҷӯ аз таълимгоҳ дар парвандаи шахсии ӯ ҳуҷҷатҳои зерин илова карда мешаванд: варақаҳои таълимӣ бо нишон додани иҷрои нақшаи таълимӣ, нусхаи фармон оид ба хориҷкунӣ ё гузаронидан, инчунин дафтарчаи имтиҳонӣ.

Варақаи маълумотномаи академӣ дар таълимгоҳ бо ранги сиёҳ навишта мешавад. Ҳангоми пуркунӣ дар варақаи академӣ маълумот дар бораи ҳаҷми фанҳои омӯхташуда ва баҳоҳои гирифташуда дар ҳар семестр алоҳида оварда мешаванд.

Дар маълумотномаи академӣ фанҳое, ки хонанда, донишҷӯ баҳои ғайриқаноатбахш гирифтааст, навишта намешаванд.

Варақаи маълумотномаи академӣ дар таълимгоҳ ҳамчун ҳуҷҷати ҳисоботии асосӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Барои бақайдгирии маълумотномаи академии додашуда дар таълимгоҳ китоби махсус ташкил карда мешавад, ки дар он маълумотҳои зерин ҷой дода мешаванд.

1. Рақами тартибии бақайдгирӣ.

2. Ном ва номи падари шахсе, ки маълумотномаи академӣ мегирад.

3. Индекс (нишонӣ) ва рақами маълумотномаи академӣ.

4. Вақти (санаи) додани маълумотнома.

5. Забонхати шахсе, ки маълумотномаро гирифтааст.

6. Асос ва санаи ирсол намудани парвандаи шахсӣ бо нишон додани таълимгоҳе, ки равон карда шудааст.

Рақами тартибии бақайдгирӣ ва санаи додан дар маълумотномаи академӣ оварда мешаванд.

 Утверждено распоряжением
 Министра образования
 Республики Таджикистан                      

 от "4" февраля 2010 г., №160

   "ЗАРЕГИСТРИРОВАНО"    

        Министерством юстиции   
 Республики Таджикистан  
 за №567 от 11 марта 2010г. 

Положение о переводе, восстановления и отчисления учащихся и студентов среднего профессионального образования Республики Таджикистан

Общее положение

1)Положение о переводе, восстановления и отчисления учащихся и студентов, среднего профессионального образования Республики Таджикистан разработано на основании статьи 39 Закона "Об образовании РТ" и пункта 61 Типового положения учреждения среднего профессионального образования Республики Таджикистан утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 27 февраля 2009 года,№126.

2) Настоящее Положение определяет порядок перевода, восстановления и отчисления учащихся и студентов среднего профессионального учебного заведения независимо от форм собственности.

3) В числе учащихся или студентов учебных заведений, которое даёт среднее профессиональное образование, входят:

- учащиеся, обучающиеся учебных заведений, осваивающие учебную программу среднего профессионального образования;

- студенты, обучающиеся учебных заведений, осваивающие учебную программу среднего профессионального образования.

4)Учащиеся и студенты средних профессиональных учебных заведений имеют право на перевод с одного учебного заведения в другое, с одной специальности на другую, с одной формы обучения на другую форму обучения.

5)Восстановление, перевод учащихся или студентов средних профессиональных учебных заведений, которые имеют одинаковые направления разрешаются только в период летних каникул с согласования директоров учебных заведений на основе решения экспертной специальной комиссии при учебной части начального и средне-специальных заведений.

6)Перевод с одного среднего профессионального учебного заведения в другое, осуществляется со II курса.

7)Восстановление и перевод студентов I курса средних профессиональных учебных заведений, кроме случаев, которые определяются Положением Министерства образования Республики Таджикистан - запрещено.

8)Восстановление учащихся или студентов, которые были отчислены по различным причинам, призыв в ряды Вооружённых Сил Республики Таджикистан, по окончанию срока службы; в определённое время осуществляется согласно п.5 настоящего Положения, на ту же форму обучению.

9)Учащиеся или студенты средних профессиональных учебных заведений II курса и выше, отчисленные по уважительным причинам, восстанавливаются в течение 5 лет на прежнюю форму обучения (дневную, заочную, вечернюю, бюджетную или внебюджетную), при наличии формы обучения и предыдущей специальности (в случае отсутствия этой специальности на родственную специальность).

10)Учащиеся или студенты, которые отчислены за академические задолженности и по другим причинам из средних профессиональных учебных заведений, если с момента отчисления прошло более 5 лет, восстановление производится по разрешению Министерства образования Республики Таджикистан в порядке исключительния. Вид обучения (бюджетная и внебюджетная) для восстанавливающихся учащихся или студентов определяет Министерство образования Республики Таджикистан.

11)Перевод с заочной формы обучения на дневную или с дневной формы обучения на заочную, для учащихся или студентов средних профессиональных учебных заведений, производится только в летние каникулы, учитывая выполнение учебного плана (при этом разница не должна превышать до 4-ёх зачётов и экзаменов). Перевод разрешается по окончанию II курса на тот курс, где учащейся или студент обучался, учитывая вид обучения (бюджетная и внебюджетная).

При переводе и восстановление учащихся или студентов для продолжения обучения на заочной форме учитывается его деятельность по избранной специальности.

При переводе и восстановление приказом директора учебного заведения устанавливается порядок и сроки сдачи академических задолженностей или разницы по выполнению учебной программы, при этом сроки устанавливаются до начала учебных занятий.

12)В случае со стороны учащегося или студента не ликвидации разницы по выполнению учебной программы в установленные сроки, в последующем считаются академической задолженностью, что влияет на перевод с курса на курс.

13)В период срочной службы в Вооружённых Силах Республики Таджикистан учащимся или студентам предоставляется академический отпуск. Солдаты и военнослужащие, которые отслужили в рядах Вооружённых Силах РТ или находились на почётной службе больше установленного срока, подлежат восстановлению не зависимо от перерыва и срока службы.

Перевод из одного учебного заведения в другое или с одной специальности на другую для учащихся или студентов, которые обучаются на контрактной основе производится с согласия директоров учебных заведений и организации с которой он имеет договор.

Перевод учащихся или студентов из договорной группы в бюджетную производится в соответствии с Положением перевода учащихся или студентов средних профессиональных учебных заведений Республики Таджикистан.

Учащиеся или студенты, которые ранее были отчислены из учебного заведения за академическую неуспеваемость с целью повторного обучения предметов, восстанавливаются в период летних и зимних каникул в тот семестр, с которого был отчислен.

Восстановление учащихся или студентов отчисленных из средних профессиональных учебных заведений за академическую неуспеваемость или выбывших из учебного заведения по уважительной причине может производиться при наличии стажа работы по специальности не менее 10 месяцев и не превышающих срока с момента отчисления 5-ти лет. Так же перевод учащихся или студентов с одного учебного заведения в другое или с одной специальности на другую согласно п.5 этого же Положения производится приказом директора учебного заведения на основе заключения экспертной комиссии при учебной части учебного заведения.

Перевод учащихся или студентов, ранее отчисленных из учебного заведения, где обучались, в другое учебное заведение, производится после восстановления в учебное заведение, где были ранее отчислены.

Перевод с одного учебного заведения в другое учебное заведение или с одной специальности на другую разрешается только один раз. Восстановление в учебные заведения разрешается не более трёх раз, при этом льготы сохраняются только после первого восстановления.

Учащиеся или студенты, которые обучаются в бюджетных группах средне-специальных учебных заведениях, при желании перевода и обучения в зарубежных учебных заведениях осуществляется при выполнении обоюдных условий (оплаты за обучение).

14)Учащийся или студент, который хочет перевестись в другое среднее профессиональное учебное заведение, пишет заявление на имя директора учебного заведения, в которое переводится и после письменного согласия обращается с заявлением к директору учебного заведения в котором он обучается. В случае положительного решения вопроса, выходит приказ на студента с содержанием "В связи с переводом (название учебного заведения) отчислить из числа студентов", в 10-ти дневной срок направляются следующие документы учащегося или студента в адрес учебного заведения в которое он (а) переводится:

- личное дело учащегося или студента;

- личный листок учащегося или студента;

- академическая справка;

- выписка из приказа о переводе;

- опись отправленных документов.

15)Директор начального или среднего профессионального учебного заведения, которое принимает учащегося или студента, обязаны на основании заявления (на ксерокопии заявления подпись, печать и разрешение директора, должны быть видными), издать приказ об участии учащегося или студента на занятиях.

16)Приказ директора о приёме и переводе учащегося или студента в среднее профессиональное учебное заведение выйдет только после приёма всех документов на учащегося или студента. В приказе указывается разница, согласно учебного плана, представленная учебной частью или деканатом (в случае больше 4-ёх разнице учащейся, студент принимается на 1 курс ниже). Срок сдачи разницы не должен превышать 2-ух месяцев.

17) Среднего профессионального учебное заведение рассматривает заявление учащегося или студента в течение двух недель и в случае положительного решения данного вопроса определяются условия перевода (срок, специальность, курс). В случае отрицательного решения вопроса, указываются причины.

18)К заявлению учащегося или студента обоих учебных заведений прилагается зачётная книжка или её копия.

19)Перевод внутри учебного заведения происходит согласно заявления учащегося или студента, вывода специальной экспертной комиссии при учебной части и приказа директора учебного заведения, в случае свободного места или совпадения направлений, или специальности, и не превышения 4-ёх академических разниц (за исключением медицинских специальностей).

20)Восстановление учащегося или студента среднего профессионального учебного заведения происходит на основании заявления на имя директора, предоставления зачётной книжки, справки и других нужных документов о его деятельности после исключения. Учебное заведение рассматривает заявление в течение 1-ой недели (со дня регистрации). В случае отрицательного решения вопроса учащегося или студента доводят до сведения о причинах заключения специальной экспертной комиссии.

21)Приказ директора или средних профессиональных учебных заведений о восстановлении учащегося или студента издаётся на основании заключения специальной экспертной комиссией о восстановлении при учебном отделе. В приказе указываются сроки сдачи академических задолженностей и разницы по учебным планам, которые определяют учебная часть или деканат факультета. В случае не ликвидации академических задолженностей и разницы предметов по учебным планам издаётся приказ директора о недействительности предыдущего приказа об отчислении. Сроки сдачи академических задолженностей и разницы в предметах не должны превышать 2-ух месяцев.

Восстановление или зачисление в число учащихся или студентов в учебное заведение производится на основании академической справки. В случае необходимости учебное заведение вправе затребовать личное дело учащегося или студента из учебного заведения, в котором он обучился до отчисления.

Восстановленным учащимся или студентам на основании результатов сдачи экзаменационной сессии, полугодия назначается стипендия.

Восстановленным студентам в учебном заведении выдаётся зачётная книжка. В зачётную книжку переносятся все оценки по ранее изученным предметам.

Для восстановления, перевода с одной специальности на другую, из одного учебного заведения в другое, с учащегося или студента не взыскивается оплата за обучение при условии, если он обучался на бюджетной основе.

Учащиеся или студенты, обучающиеся на договорной основе, которые в течение семестра были отчислены за неуплату за обучение, имеют право в течение 4-ёх недель после отчисления восстановиться, при условии оплаты за обучение.

Восстановление учащихся или студентов негосударственных учебных заведений в государственные учебные заведения происходит в период летних или зимних каникул, по родственной специальности или специальности, по которой он обучался, на основании полной оплаты за обучение.

22)Согласно статьи 39 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" за невыполнение учебного плана и программы в установленные сроки, несоблюдения Устава учебного заведения, нарушения внутреннего распорядка, к учащимся или студентам применяются административные меры наказания - вплоть до их отчисления.

Учащийся или студент в ниже следующих случаях может быть отчислен из начальных или средне-специальных учебных заведений:

- по состоянию здоровья, на основании медицинской комиссии ВКК;

- по причине перевода в другое учебное заведение;

- по причине не посещаемости (более 36 часов в месяц);

- по академической задолженности;

- неприступившим к занятиям после окончания академического отпуска;

- за несвоевременную оплату за обучение согласно договора;

- за несвоевременную сдачу задолженностей (2-ух или более зачётов и экзаменов);

- за совершение уголовного преступления;

- за нарушение учебного процесса, внутреннего распорядка и Устава начального или средне-специального учебного заведения.

23)Отчисление учащихся или студентов из средних профессиональных учебных заведений производится приказом директора на основании представленного рапорта учебной частью, начальника отдела или декана факультета.

Отчисление учащегося или студента по инициативе руководства средних профессиональных учебных заведений в случаях болезни, нахождения в отпуске, академическом отпуске или по беременности и родам - запрещается.

После отчисления учащегося или студента выдаётся академическая справка. Содержание и форма академической справки, назначенная Министерством образования Республики Таджикистан (приложение прилагается) которая выдаётся учащимся или студентам при переводе и отчислении. Академическая справка содержит сданные учебные предметы, учебные часы и оценки на каждое полугодие. Академическая справка подписывается директором или заместителем директора по учебной работе, секретарём и заверяется гербовой печатью учебного заведения.

Подлинные документы учащегося или студента, на основании которых был зачислен в средние профессиональные учебные заведения, возвращаются. В этом случае остальные личные документы учащегося или студента сдаются в архив учебного заведения. Во время исключения учащегося или студента из учебного заведения в его личное дело добавляются следующие документы: копия приказа об исключении или переводе и зачётная книжка.

Академическая справка пишется чёрной тушью. Во время заполнения академической справки даётся отдельная информация по всем изученным предметам и полученным оценкам по каждому семестру.

В академической справке учащегося, студента полученные неудовлетворительные оценки по предметам, не пишутся.

Академическая справка сохраняется в учебном заведении как основной отчётный документ.

Для регистрации выдаваемых академических справок в учебном заведении ведётся особая книга, в которую вносятся следующие данные:

-Порядковый регистрационный номер.

-Фамилия, имя и отчество лица, получившего академическую справку.

-Индекс и номер академической справки.

-Дата выдачи справки.

-Расписка лица, получившего справку.

Порядковый регистрационный номер и дата выдачи проставляются на академической справке.