Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009 № 413
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Аз номгӯи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009 № 413 тасдиқ карда шудааст, хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзии зерин хориҷ карда шаванд:
Хоҷагии деҳқонии "Тайлонов"-и шаҳри Панҷакент;
Хоҷагии деҳқонии "Фирӯз"-и ноҳияи Конибодом;
Хоҷагии деҳқонии "Шаҳристон"-и ноҳияи Шаҳристон;
Хоҷагии деҳқонии "Сайёд"-и шаҳри Истаравшан;
Хоҷагии деҳқонии "Қалъаи Ҳоҷӣ"-и ноҳияи Ғончӣ;
Хоҷагии деҳқонии ба номи "М. Вайсов"- и ноҳияи Балҷувон;
Хоҷагии деҳқонии "Самар"-и ноҳияи Ҳисор;
Хоҷагии деҳқонии "Ҳаёти нав"-и ноҳияи Тоҷикобод.
2) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мӯҳлати се моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии дастгирии давлатии соҳаи тухмипарвариро таҳлил намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 марти соли 2010 № 170
ш. Душанбе