Барномаи миллии пешгирии бемориҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 аз 30 марти соли 2010 № 165

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 марти соли 2010

№ 165 тасдиқ шудааст

Барномаи миллии пешгирии бемориҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015

Муқаддима

Дигаргуниҳои куллии муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, пайдо шудани корхонаҳои сершумор бо шаклҳои нави моликият, кам шудани эътибор ба масъалаҳои муҳофизати меҳнат, махсусан барои шахсоне, ки дар шароитҳои зараровар кор мекунанд, ба ҳолати саломатии онҳо таъсири манфӣ расонида, ногузир боиси инкишофи бемориҳои касбӣ ва аз ҷиҳати касбӣ асоснокшуда мегарданд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз ҳазор корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо миқдори зиёди коргарон дар робитаи бевосита бо шароитҳои зарарноки меҳнат кор мекунанд. Комилан тасдиқ кардан ҷоиз нест, ки солҳои охир шароити меҳнат ба таври назаррас беҳтар шудааст, балки баръакс. Вобаста ба ҳамин, ҳалли масоили бемориҳои касбӣ ба рӯйхати вазифаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ворид карда шудааст. Сессияи шастуми Ассамблеяи Умумиҷаҳонии Тандурустӣ 23 майи соли 2007 резолютсия қабул намуда, Нақшаи глобалии амалиёти муҳофизати саломатии кормандонро барои солҳои 2008-2017 маъқул донист ва махсус таъкид намуд, ки саломатии кормандон шарти аввалиндараҷаю зарурии баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва рушди иқтисодиёт мебошад. Кормандон нисфи шумораи умумии аҳолии тамоми ҷаҳонро ташкил мекунанд ва дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ саҳми асосиро мегузоранд. Саломатии онҳо нафақат бо омилҳои хатари дар ҷои корӣ мавҷудбуда, балки бо омилҳои иҷтимоию фардӣ, ҳамчунин дастрас будани хизматрасонии тиббию санитарӣ муайян карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар ҳамаи мамлакатҳои дигар тамоюли инкишофи бемориҳои касбӣ ва аз ҷиҳати касбӣ асоснокшуда мушоҳида карда мешавад. Дурнамои рушди саноати истихроҷ ва коркарди маъдан, инкишофи минбаъдаи истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ, ворид намудани технологияҳои нав ба саломатии кормандони дар робита бо шароитҳои зараровари меҳнат машғулбуда ҳатман таъсир расонида, боиси инкишофи бемориҳои касбӣ ва аз ҷиҳати касбӣ асоснокшуда мешаванд. Бенизомии заминаи ҳуқуқии системаи муҳофизати меҳнати кормандоне, ки дар робита бо омилҳои зараровари истеҳсолот кор мекунанд, набудани ҳамкории байнисохтории мувофиқакардашуда таҳия ва татбиқи барномаи асосноки пешгирии бемориҳои касбиро афзалиятнок ва саривақтӣ мегардонанд.

2. Заминаҳо

1) Маълумоти умумӣ дар бораи мамлакат

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои Осиёи Миёна буда, ҳудудҳои он 700 км аз ғарб ба шарқ ва 350 км аз шимол ба ҷануб тӯл кашидааст. Бештар аз 93 фоизи қаламрави мамалакат кӯҳсор буда, аҳолии ҷумҳурӣ 7,2 млн. нафарро ташкил медиҳад. Зиёдшавии аҳолии мамлакат ҳамасола ба 2 фоиз мерасад. Беш аз 70 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ намуда, 26,5 фоизро аҳолии шаҳрнишин ташкил медиҳад.

2) Вазъи демографӣ

Хусусиятҳои вазъи демографӣ дар ҷумҳурӣ ба тағйироти куллии сиёсӣ ва иҷтимою иқтисодии баъди ҷанги шаҳрвандӣ бамиёномада, бад шудани шароити зиндагии мардум, ташаккули муносибатҳои бозаргонӣ, қисман вайрон шудани сохтори синну солӣ ва ҷинсии аҳолӣ, суст шудани ҳифзи иҷтимоии оилаҳои серфарзанд, тағйир ёфтани сохтори миллии аҳолӣ ва кам шудани ҳиссаи он қисме, ки ба камфарзандӣ моил буд, алоқаманд аст. Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2008 7215,7 ҳазор нафарро ташкил медод, ки аз ин 3619,6 ҳазор нафар мардон ва 3447,9 ҳазор нафар занон буданд. Шахсони қобили меҳнат дар ин давра 4210.0 ҳазор нафарро ташкил медод.

Вазъи умумии демографӣ ба дараҷаи баланди таваллуд (28,0 ба 1000 нафари аҳолӣ) ва фавти нисбатан ками аҳолӣ (4,7 ба 1000 нафари аҳолӣ), бисёр фавтидани кӯдакон (14,2 ба 1000 нафари аҳолӣ) ва марги зиёди модарон (28 ба 100000 нафари зиндатаваллудкардагон), дараҷаи пасти шаҳришавӣ ва шумораи зиёди муҳоҷирати меҳнатӣ асос ёфтааст.

Ҳамин тариқ пайдоиши корхонаҳои сершумор бо шаклҳои гуногуни моликият, суст шудани эътибор ба масъалаҳои муҳофизати меҳнат, махсусан барои онҳое, ки дар робита бо шароитҳои зараровар кор мекунанд, ба вазъи саломатии кормандон таъсири манфӣ расонида, барои инкишофи бемориҳои касбӣ ва аз ҷиҳати касбӣ асоснокшуда мусоидат мекунанд.

3) Вазъи иқтисодии давлат

Имрӯзҳо Тоҷикистон дар давраи дигаргунсозии куллии рушди худ қарор дорад. Вазъи иқтисодӣ дар давлате, ки солҳои 1992-97 ҷанги мудҳиши шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, имрӯзҳо дар роҳи барқароршавӣ буда, пешравиҳои мусбӣ ба назар мерасанд. Иқтисоди давраи осоишта бо гузаронидани як қатор ислоҳоти ибтидоии иқтисодӣ дастгирӣ ёфта, дар соли 2008 нисбат ба соли 2005 ба болоравии бештар аз 5 маротиба маҳсулоти умумии дохилӣ оварда расонд. Сарчашмаҳои болорави торафт гуногун мешаванд. Таҳким ёфтани ҷараёни хусусигардонӣ, махсусан дар бахши кишоварзӣ, дар радифи ислоҳоти корхонаҳои давлатии коммуналӣ ва зиёд шудани ҳаҷми сармоягузорӣ ба инфрасохтори давлатӣ омилҳое мебошанд, ки унсурҳои асосии дурнамои рушди миллиро инъикос мекунанд. Мувофиқи созишнома бо Хазинаи Байналмилалии Асъор дараҷаи қарзгирӣ барои лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ, бинобар мавҷудияти қарзи калони берунаи Тоҷикистон набояд аз 3 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд бошад. Ҳангоми маблағгузории маҳдуди беруна Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон умед дорад даромади давлатиро дар таносуби фоиз аз ҳисоби маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо гузаронидани як қатор ислоҳот, ки ба содда кардани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар намудани андозситонӣ равона шудааст, зиёд намояд.

Тафсири сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон барои соли 2003 шаҳодат медиҳад, ки суръати баланди рушди иқтисодӣ дар чанд соли охир ба паст шудани камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ таъсири мусбӣ расонидааст. Тибқи маълумоти наве, ки Бонки умумиҷаҳонӣ ба сатҳи камбизоатии Тоҷикистон арзёбӣ намудааст, ҳамаи нишондиҳандаҳои асосии камбизоатӣ дар соли 2009 53% - ро ташкил медиҳад, ки ин дар қиёс нисбат ба 72% - и соли 2007 паст мебошад. Ба ҳар ҳол, нисбат ба камбизоатие, ки аз рӯи дараҷаи даромади аҳолӣ бармеомад, суръати баланди рушди иқтисодӣ ба дараҷаи даромади аҳолӣ таъсири назаррас расонд.

Ба ҳамаи чораҳои андешидаи роҳбарияти мамлакат нигоҳ накарда, дар маҷмӯъ вазъи камбизоатӣ ҷиддӣ боқӣ монда, то ҳанӯз аз рӯи нишондиҳандаҳои худ дар ҷаҳон аз ҳама боло мебошад.

4) Низоми тандурустӣ

Баъди парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳам сифат ва ҳам дастрасии мардум ба хизматрасонии тандурустӣ якбора бад шуд.

Дараҷаи пасти хароҷоти давлатӣ барои мӯътадил фаъолият намудани системаи мавҷуда нокифоя буда, барои қонеъ намудани талаботи таъхирнопазири инвеститсионӣ ё барои бевосита равона намудани захираҳо ба гурӯҳҳои эҳтиёҷманди аҳолии мамлакат тамоман кифоят намекунад. Системаи тандурустӣ бештар ба пардохтҳои ғайрирасмии хусусӣ барои хизматрасонии тиббӣ ва кӯмаки берунаи хориҷӣ муҳтоҷ гардидааст, то ки нокифоягии шадиди маводи зарурии доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро бартараф намояд. Дар соли 2007 ҳаҷми умумии хароҷоти хусусӣ барои хизматрасонии тиббӣ 24 доллари ШМА- ро ба ҳар як нафари аҳолӣ ташкил дод. Дар қиёс бо 17,7 фоизи хароҷоти ҳукумат ва 9,9 фоизи хароҷоти манбаъҳои байналмилали барои тандурустӣ, пардохтҳои хусусӣ 72,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷотро дар бар мегиранд. Системаи тандурустии Тоҷикистон бештар дар заминаи хизматрасонии госпиталии дараҷаи сеюм, хизматрасонии профилактикӣ ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки ба ин намуди хизматрасонӣ кам муроҷиат мекунанд ё хизмати пастсифат расонида мешавад, асос ёфтааст. Хариди доруворӣ бештар бо роҳҳои ғайрирасмӣ амалӣ карда мешавад, ки ин ҳолат вобаста ба назорати сифати доруворӣ ва таъиноти муолиҷаи дуруст мушкилоти ҷиддиеро ба миён меорад. Хоҷагидорон тандурустиро яке аз сабабҳои калони ташвиши худ меҳисобанд, ки он 30 фоизи тамоми хароҷоти рӯзгорро ташкил медиҳад.

Шумораи бақайдгирифташудаи беморони сил зиёд гардида, аз 56,1 нисбат ба 100000 нафари аҳолии соли 2000 дар соли 2009 ба 80,9 нисбат ба 100000 нафари аҳолӣ расидааст.Тибқи маълумоти мавҷуда дар ҷумҳурӣ 1595 ҳодисаи сирояти вируси норасоии муҳассали одам ҷой дорад ва эҳтимол меравад, ки ин рақам то охири соли 2015 ба 6800 мерасад. Дараҷаи беморшавии вараҷа 6150 ҳодиса ба 100000 нафари аҳолӣ рост меояд. Маблағгузории байналмилалӣ дар самти мубориза бо вараҷа дар натиҷаи қатъ кардани маблағгузорӣ аз тарафи ташкилоти USAID комилан кам карда шуд, ки ин омил барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳазорсола дар самти мубориза бо вараҷа таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамин тариқ, бидуни ба таври назаррас афзудани инвеститсия барои назорати бемориҳо дар гумон аст, ки Тоҷикистон тавонад то соли 2015 паҳншавии вараҷа, сил ва дигар бемориҳо, аз ҷумла вируси норасоии муҳассали одамро боздорад. Бо чунин шумораи зиёди вазифаҳои таъхирнопазир ва талабот дар бахши тандурустӣ ва назорати бемориҳо, хадамоти эпидемиологӣ низ метавонад аз мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур монад. Воқеъан, имконияти хадамоти санитарию эпидемиологӣ таи даҳсолаи охир нисбат ба дигар унсурҳои системаи тандурустӣ ҳатто хеле камтар гардид. Дар маҷмӯъ пардохтҳои хусусӣ ва ёрии байналмилалӣ, ки бисёр паҳлӯҳои бахши тандурустиро дастгирӣ мекунанд, наметавонанд хадамоти тавонои давлатиро иваз намоянд, ки барои иҷрои вазифа ва пешрафти худ роҳбарӣ ва пешвоии ҳукуматиро талаб мекунад. Барои беҳтар намудани кори хадамоти эпидемиологӣ, баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии аҳолӣ ва дарки ҷамъиятӣ, таҳким бахшидани чораҳои пешгирӣ ҷиҳати боздоштани паҳншавӣ ва инкишофи бемориҳо дар Тоҷикистон аҳамияти фаврӣ додан зарур аст. Ва ниҳоят, ин инвеститсияҳо метавонистанд хароҷоти назарраси давлатро сарфа намоянд.

5) Вазъи эпидемиологӣ оид ба бемориҳои касбӣ

Вазъият дар ҷаҳон

Тибқи маълумоти Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ҳамарӯза дар ҷаҳон дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳои бо кор алоқаманд, қариб 5000 одам ба ҳалокат мерасад, ки 2,2 миллион ҳодисаро дар як сол ташкил медиҳад. Талафоти иқтисодии бо маъюбшавӣ ва бемориҳои бо фаъолияти меҳнатӣ вобастабуда то 4 фоизи иқтисодиёти оламро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар Федератсияи Россия ҳамасола 3,5 ҳазор одамон ба ҳалокат расида, қариб 12 ҳазор нафар ҷарроҳатҳои вазнин, қариб 75 ҳазор нафар ҷароҳатҳои сабук мебардоранд, ҳамасола то 7-8 ҳазор бемориҳои касбӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки боиси талафоти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ мегарданд. Аз рӯи ҳисобҳои Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Россия ин талафот ба афзоиши ҳарсолаи аз тарафи ҳукумат банақшагирифтаи ҳаҷми маҳсулот баробар мебошанд.

Қайд кардан зарур аст, ки аз соли 1996 инҷониб стратегияи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ба тибби меҳнат ва бемориҳои касбӣ нигаронида шудааст. Солҳои 90 асри ҶҶ дар бисёре аз мамлакатҳои аврупоӣ фаъолнокшавии ҷустуҷӯи қарорҳои нави сиёсӣ, консептуалӣ, амалӣ ва кӯшиши такмил додани заминаи қонунзории тибби меҳнат ва бемориҳои касбӣ мушоҳида карда шуд.

Барои тағйироти минбаъда дар соҳаи қонунгузорӣ ва корҳои амалии ташкил намудани тибби меҳнат ва бемориҳои касбӣ роҳнамо гардиданд: Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат -№ 155 (1981) оид ба амнияту беҳдошти меҳнат ва № 161 (1985) доир ба хадамоти тибби меҳнат; дерективаи Шӯрои Аврупо 89/391/ЕСС (1989) оид ба ҷорӣ намудани чораҳои беҳтар намудани амният ва саломатии кормандон ҳангоми кор; Стратегияи глобалии соли 1996 қабулнамудаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ "Саломатии коргарон то соли 2000" ва ғайра.

Стратегияи муосири Шӯрои Аврупо ва директиваҳои 89/391/ЕСС барои корфармоён дар соҳаи саломатӣ ва бехатарӣ ҳангоми кор бо пурзӯр намудани пешгирии хатар тавассути ҳамбастагии чораҳои мухталифамалҳои қонунгузорӣ, гуфтугӯи иҷтимоӣ, чораҳои пешрафту таҷрибаи пешқадам, масъулияти иҷтимоӣ ва ҳавасмандкунии иқтисодӣ асоснок гардидаанд.

Дар ин ҳолат бештар ба пешгирии бемориҳои касбие диққат дода мешавад, ки дар натиҷаи таъсири моддаҳои хатарнок, аз қабили асбест ба вуҷуд омада, бо талафи шунавоӣ ва иллатҳои устухонбандию мушакҳо алоқаманд мебошанд; хатарҳои иҷтимоӣ бошанд, ба монанди фалаҷшавии асаб ва таъқиб дар ҷои кор, хатарҳои мутеъ будан ба истеъмоли машрубот, маводи нашъаовар ва доруҳо вобастаанд. Чораҳои пешбинишудаи пешгириро ҳамчунин ба коргарони маъюб равона намуда, омилҳои синну солиро, махсусан нисбат ба ҷавонон ва гурӯҳҳои калонсол ба эътибор гирифтан лозим аст.

Соли 2006 Ташкилоти байналмилалии меҳнат Конвенсияи №187 дар бораи асосҳои ба бехатарӣ ва беҳдошти меҳнат таъсиркунандаро қабул намуд, ки мақсади асосии он такмил додани ҳифз ва беҳдошти меҳнат барои пешгирии ҳодисаҳои маъюбшавӣ дар истеҳсолот, бемориҳои касбӣ, фавти одамон дар истеҳсолот, тавассути таҳияи сиёсати миллӣ, системаи миллӣ ва барномаи миллӣ мебошад.

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат соли 2008 (28 апрел) ба масъалаҳои пешгирии хатарҳои касбӣ бахшида шуда буд, ки таҳти шиори "Ҳаёти ман, кори ман, меҳнати бехатари ман" баргузор гардид. Ин иқдом дар бораи афзалиятнокӣ ва аҳамияти башардӯстона, иҷтимоию иқтисодӣ, иттиҳодиявӣ ва ҷамъиятӣ будани масъалаҳои арзёбии хатарҳои ҷои корӣ оид ба кам намудани маъюбшавӣ дар истеҳсолот, бемориҳои касбӣ ва аз ҷиҳати истеҳсолӣ асоснокшуда шаҳодат медиҳад.

6) Вазъият дар ҷумҳурӣ

Таи бист соли охир шумораи беморони гирифтори бемории касбӣ дар Тоҷикистон чун дар тамоми ҷаҳон торафт зиёд шуда истодааст. Баробари болоравии вазъи иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ болоравии шумораи корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла металлургияи ранга, саноати кимёӣ, истеҳсоли нуриҳои азотӣ, энергетика, хӯрокворӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ба назар мерасад, ки ин дар баробари худ ба болоравии шумораи гирифторшавии бемориҳои касбӣ аз ҷумлаи кормандони дар ин иншоот фаъолиятдошта мусоидат мекунад.

Муоинаҳои ҳатмии тиббӣ ҳангоми ба кор даромадан ва муоинаҳои даврагӣ дар аксарияти муасисаҳои табобатию профилактикӣ ба таври бояду шояд гузаронида намешаванд. Ғайр аз ин, ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ ба барҳам додани хадамоти сехӣ оварда расонд, системаи диспансеризатсия дар корхонаҳои дорои шароитҳои зарарноки меҳнат суст гардид, ки ин ҳолат албатта ба саломатии коргарони дар робита бо шароитҳои зарарноки меҳнат фаъолиятдошта, болоравии гирифторони бемориҳои касбӣ ва маъюбшавӣ ногузир таъсир мерасонад. Назорати табибони сехӣ дар якҷоягӣ бо кормандони хадамоти санитарию эпидемиологӣ низ суст гардид. Агар муоинаҳои қаблии пеш аз бакор даромаданро марказҳои саломатӣ гузаронанд ҳам, муоинаҳои даврагии профилактикӣ ё тамоман гузаронида намешаванд ё бо камбудиҳои зиёд, бесифат, бе иштироки тамоми мутахассисони зарурӣ ва таҳқиқҳои ҳатмии лабораторӣ гузаронида мешаванд.

Боз як вазъиятро мебояд қайд намуд: солҳои охир бо пайдо шудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ роҳбарони баъзе корхонаҳое, ки дар он сокинони ҷумҳурӣ, инчунин коргарони бурунмарзӣ фаъолият мекунанд, на танҳо ба маслиҳати табибон гӯш намедиҳанд, балки онҳоро ҳатто ба қаламрави корхонаи худ роҳ намедиҳанд.

Масъалаи нарасидани табибони сехӣ ва патологҳои касбиро бошад, бо роҳи гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати байниноҳиявии такмили ихтисос ҳал намудан мумкин аст.

Бо мақсади дар оянда устувор намудани фаъолияти муоинаи қаблии тиббӣ ҳангоми ба кор даромадан ва муоинаи даврии тиббӣ, назорати гузаронидани корҳои ташкилию методӣ оид ба ташхиси коргароне, ки дар робита бо шароитҳои вазнин кор мекунанд, омилҳои истеҳсолӣ, паст намудани сатҳи беморшавӣ ва маъюбшавӣ дар истеҳсорот, барқарор намудани Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои касбӣ, ҳамчун воҳиди мустақили дорои сохтори дахлдор зарур мебошад.

3. Масъалаҳои соҳаи бемориҳои касбӣ

1) Душвориҳои ташхиси барвақтӣ ва саривақтии бемориҳои касбӣ натиҷаи ба таври кофӣ тасаввурот надоштани маъмурияти корхонаҳои саноатӣ дар бораи бемории касбӣ, суст ба роҳ монда шудани корҳои маърифатӣ дар байни коргароне, ки дар шароити зарарноки меҳнатӣ кор мекунанд, мавҷуд набудан ё заиф будани ҳушдории табибони шабакаи умумии тиббӣ мебошанд.

2) Набудани феҳристи ягонаи корхонаҳои дорои шароитҳои зарарноки меҳнатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба мансубияти идоравӣ ва шакли моликият бо ворид намудани системаи бақайдгирӣ.

3) Набудан ва зарурияти гузаронидани паспортизатсияи корхонаҳои дорои шароитҳои зарарноки меҳнатӣ.

4) Набудани қарордодҳо ва рӯйхати тасдиқшудаи кору ихтисосҳое, ки иҷрои онҳо бо таъсири шароитҳои зараноки меҳнат алоқаманд буда, метавонанд боиси инкишофи бемориҳои касбӣ гарданд.

5) Набудани омилҳои асосии муайянкунандаи хатари инкишофи бемориҳои касбӣ, тартиб додан ва тасдиқ намудани номгӯи воситаҳои зарарнок ва омилҳои истеҳсолот, ки кор бо онҳо метавонад боиси инкишофи бемориҳои касбӣ гардад.

6) Набудани дастурамали тасдиқшудаи истифодаи руйхати бемориҳои касбӣ.

7) Набудани изҳороти тасдиқшудаи тиббӣ барои роҳ додан ба кори бо воситаҳои зарарнок ва омилҳои номусоид алоқаманд.

8) Набудани муоинаҳои тасдиқшудаи ҳатмии тиббӣ ҳангоми ба кор даромадан ва муоинаҳои даврагии тиббӣ, ҳаҷми онҳо (ҳаҷми таҳқиқоти ҳатмии озмоишӣ ва функсионалӣ, маслиҳати табибони мутахассис).

9) Набудани тартиби тасдиқшудаи гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмии пешакӣ, ҳангоми ба кор даромадан ва муоинаҳои даврагии тиббӣ.

10) Набудани тартиби ягонаи тасдиқшудаи муқаррар намудан ва бақайдгирии бемориҳои касбӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

11) Зарурияти тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси хадамоти паталогияи касбӣ.

Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ вазъи эпидемиологӣ оид ба бемориҳои касбӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки эътибор додан ва ташхиси барвақтии бемориҳои касбӣ дар сатҳи хеле паст қарор дорад.

4. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

Мақсади асосии Барномаи мазкур пешгирии беморшавӣ ва паст намудани сатҳи маъюбӣ аз бемориҳои касбӣ, диагностикаи муосир, расонидани ёрии махсус ба гирифторони бемориҳои касбӣ, аз ҷумла ёрии таъҷилӣ, таъмини ҳама гуна намудҳои табобат, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тандурустӣ мебошад.

Вазифаҳои Барнома:

Комёбӣ ба мақсадҳои гузошташуда ҳал намудани вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- тартиб додани феҳристи ягонаи мувофиқашудаи корхонаҳои дорои шароитҳои зарарноки меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба мансубияти идоравӣ ва шакли моликият;

- муқаррар намудани мавҷудияти таъсири зараровар дар корхонаҳо бо роҳи таҳияи харитаи токсикологии онҳо якҷоя бо Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ;

- таҷдиди рӯйхати бемориҳои касбӣ, номгӯи воситаҳои зарарнок ва омилҳои истеҳсолие, ки ҳангоми кор гузаронидани муоинаҳои пешакии тиббӣ дар вақти ба кор даромадан ва муоинаҳои даврагӣ ҳатмӣ мебошанд;

- муайян намудани изҳороти умумии тиббӣ барои роҳ додан ба кори бо шароитҳои зарарноки меҳнат алоқаманд;

- муайян намудани тартиб ва ҳаҷми ташхисҳои пешакии тиббӣ (ҳангоми ба кор қабул шудан) ва даврагӣ;

- муқаррар намудани тартиби ягонаи гузаштани ташхис ва бақайдгирии бемориҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва ҷойҳои кории амалкунанда омӯхтани таъсисдиҳии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ ва воҳидҳои сохтории он;

- тайёр намудани мутахассисони бемориҳои касбӣ берун аз марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гузаронидани мониторинги гигиении муҳити зист ва арзёбии сифати ташхиси ҳарсолаи тиббии коргарони корхонаҳои дорои шароитҳои зарарноки меҳнат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба мансубияти идоравӣ ва шакли моликият.

5. Ташаккули Барнома ва ӯҳдадориҳо

Роҳбарии умумии Барномаро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд ва ба он ҳуқуқи ҳамоҳангсозии корҳо оид ба татбиқи Барнома мутобиқи чорабиниҳое, ки иҷрои онҳо ба ваколати дигар вазорату идораҳо дохил мебошанд, дода мешавад.

Дар сатҳи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳамоҳангсозии Барномаро муовинони раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки мутасаддии соҳаи тандурустӣ мебошанд, ба ӯҳда доранд. Муовинони ҳамоҳангсозон сардорони раёсатҳои (шӯъбаҳои) тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сартабибони шаҳрҳо ва ноҳияҳо мебошанд.

Барои амалӣ намудани Барномаи мазкур ҷалби вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҳифзи муҳити зист, телевизион ва радио, Хадамоти гумрук, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст. Барои татбиқ намудани самтҳои асосии стратегӣ дар ҷумҳурӣ, муассисаҳои махсусгардонидашудаи қисмҳои тиббии санитарӣ ва дар марказҳои саломатӣ "табибони сехӣ", кафедраи бемориҳои касбии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мавҷуданд. Вобаста ба ҳамин, зарурияти ташкили Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ асоснок мебошад.

Иҷрои Барнома дар ҳамкори бо сохторҳои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ амалӣ карда мешавад.

1) Сохтори соҳа ва ӯҳдадориҳо

Хадамоти бемориҳои касбӣ дар ҷумҳурӣ ташхиси махсусгардонидашудаи тиббӣ, табобат ва назорати диспансерии беморони гирифтори бемориҳои касбиро таъмин мекунад. Дар фаъолияти худ он бо шабакаи умумии табобатӣ ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ зич алоқаманд мебошад.

Айни замон хадамоти бемориҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз Клиникаи Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии Тоҷикистон иборат буда, дорои 50 кат мебошад.

2) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:

- бо мақсади бақайдгирии саривақтии корхонаҳои истеҳсолии дорои шароитҳои зарарноки меҳнат дар асоси бандҳои 1 ва 2 Барномаи мазкур кори вазорату идораҳоро ҳамоҳанг созад;

- бақайдигрии саривақтии истеҳсолоти дорои шароитҳои зарарноки меҳнатро таъмин намояд;

- назорати доимӣ барои ташкил ва босифат гузаронидани муоинаҳои тиббӣ ҳангоми ба кор қабул намудан ва муоинаҳои тиббии даврагӣ;

- ҳалли масъалаҳои гузаронидани муоинаҳои тиббӣ ҳангоми ба кор қабул намудан аз ҷониби муассисаҳои давлатии муолиҷавию профилактикӣ, ба ҳайати комиссия дохил намудани мутахассисон оид ба масъалаҳои тибби меҳнатӣ ва бемориҳои касбӣ;

- назораи доимии сифати тайёр намудани мутахассисон оид ба масъалаҳои беҳдошти меҳнат ва бемориҳои касбӣ дар системаи таҳсилоти дипломӣ ва баъдидипломӣ;

- назорати риояи меъёрҳои санитарӣ дар саноат ва истеҳсолоти дорои шароитҳои зарарноки меҳнат;

- таҳияи дастурамал оид ба истифодаи рӯйхати бемориҳои касбӣ;

- таҳия ва тасдиқи изҳороти тиббӣ барои роҳ додан ба кори дорои шароитҳои зарарноки меҳнат;

- ворид намудани системаи мониторинги доимӣ барои беҳдошти шароити меҳнат ва ҳолати саломатии коргароне, ки дар шароитҳои зарарноки меҳнат кор мекунанд, паспортизатсияи истеҳсолот ва саноат;

- гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба методҳои мухталифи диагностикӣ ва солимгардонии беморон;

- дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва ҷойҳои кории амалкунанда омӯхтани таъсисдиҳии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ ва воҳидҳои сохтории он.

3) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:

- дар барномаи таълимии "Тарзи ҳаёти солим" ва биология масъалаҳои пешгирии бемориҳо ва тарзи ҳаёти солимро тартиб намояд;

- омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои олии касбӣ ҷиҳати гузаронидани муоинаҳои тиббӣ мусоидат намоянд.

4) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:

- Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани ташхиси экспертии бемориҳои касбӣ иштироки мутахассисони паталогияи касбиро таъмин намояд.

5) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯхдадор аст:

- ҳамасола барои пешниҳоди лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз рӯи Барномаи мазкур доир ба рушд ва сохтори системаи бемориҳои касбӣ мусоидат намояд.

6) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:

- барои сабзонидани навъҳои хушсифати сабзавоту меваҳо, назорат ва маҳдуд намудани истифодаи пестидсидҳо, нитрат ва нитритҳо чораҳо андешад;

- барои пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот, ки аз онҳо ба коргарони бо чунин ҳайвонот сарукордошта мегузаранд, чораҳо андешад.

7) Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯхдадор аст;

- ҳолати экологии кишварро вобаста ба омилҳои зарарноки муҳити атроф назорат намояд;

- оид ба баландшавии миқдори воситаҳои зарарноки муҳити атроф Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро саривақт огоҳ намояд.

8) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:

- ҷиҳати пешбурди корҳои маърифати дар байни аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои касбӣ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он мунтазам мусоидат намояд.

9) Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст чораҳои зарурӣ андешад.

10) Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия дар доираи Барнома ӯҳдадор аст чораҳои зарурӣ андешад.

11) Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст, чораҳои зарурӣ андешад.

12) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадоранд:

"Барномаи миллии пешгирӣ ва ташхиси бемориҳои касбӣ барои солҳои 2010-2015"-ро ҷорӣ намоянд ва дастгирии иҷтимоии аҳолиро таъмин карда, чорабиниҳоро аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ намоянд.

Бинобар вазъияти вазнини таъминоти моддию техникӣ ва молиявӣ, ки ба миён омадааст, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи Барномаро дар ҳамкории зич бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва бо назардошти тавсияҳои ташкилоти умимиҷаҳонии тандурустӣ ба нақша мегирад.

6. Робита бо дигар Барномаҳо

- Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010:

- Барномаи миллии пешгирии вируси норасоии масунияти одам, бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният ва бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда;

- Барномаи миллии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 20102015;

- Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015.

7. Стратегияи Барнома

Стратегияи Барнома пешбинӣ менамояд:

- таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, тартиби ташкили мубориза бо бемориҳои касбӣ ва расонидани кӯмаки тиббӣ ба гирифторони бемориҳои касбӣ;

- мукаммалсози ҳуҷҷатҳои бақайдгирию ҳисоботии давлатӣ оид ба истеҳсолот дар корхонаҳои дорои шароити зарарноки меҳнатӣ;

- мукаммалсозии Барномаи тайёрӣ ва такмили ихтисос оид ба бемориҳои касбӣ;

- таҳияи нақшаи назорат ва идораи фаслҳои Барнома, ки пешгирӣ ва баҳисобгирии ҳарсолаи маъюбшавиро аз бемориҳои касбӣ пешбинӣ мекунад;

- истифода ва ҷорӣ намудани дастовардҳои навтарини илм дар соҳаи пешгирии бемориҳои касбӣ.

8. Системаи иттилоотӣ

Системаи иттилоотӣ Барномаро бо маълумоти оморӣ, ки барои идоракунӣ, мониторинг ва арзёбии иҷрои Барнома дар ҳамаи сатҳҳо зарур мебошанд, таъмин менамояд.

Принсипи асосии фаъолияти система дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ истифода бурдани ҳуҷҷатҳои ягонаи бақайдгирию ҳисоботиро оид ба бемориҳои касбӣ пешбинӣ менамояд:

- санадҳои гузаронидани ташхиси тиббии ҳарсола;

- варақаи назорати беморӣ ва осебҳо - ф №16 ВН;

- ҳисоботи қисмҳои тиббию санитарӣ дар ҳар шашмоҳа.

9. Тайёр намудани кормандони соҳа

Тайёр намудани кормандони соҳа дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино амалӣ карда мешавад ва таҳсилоти баъдидипломии онҳо дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Тайёрии баъдидипломии мутахассисони такмили ихтисос ҳам роҳбарони Барномаро дар сатҳҳои гуногун ва ҳам тибқи консепсияи нави таълим табибони амалияи умумӣ, табибони сехӣ, табибони дигар ихтисосҳо, инчунин тайёрии махсуси табибон-лаборантҳо, табибон-рентгенологҳо, эндоскопистҳоро пешбинӣ менамояд.

10. Нақшаи татбиқи Барнома

1) Вазифаи 1. Тартиб додани регистри ягонаи мувофиқашудаи корхонаҳои дорои шароитҳои зарарноки меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба мансубияти идоравӣ ва шакли моликият. Чорабиниҳо:

- тартиб додани номгӯи корхонаҳо, шумораи коркунони корхонаҳои саноатии дорои шароити зарарноки меҳнат;

- таҷдиди мунтазами он;

- ҳамасола пешниҳод намудани ҳисобот ба Хадамоти назорати давлати санитарию эпидемиологӣ ва Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ.

Индикатори арзёбӣ:

- то соли 2014 тартиб додани феҳристи корхонаҳои дорои шароити зарарноки меҳнат ба охир расонида шавад.

2) Вазифаи 2. Муқаррар намудани мавҷудияти таъсири зараровар дар корхонаҳо бо роҳи таҳияи харитаи токсикологӣ якҷоя бо Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ.

Чорабиниҳо:

- гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ дар корхонаҳои дорои шароити зарарноки меҳнат;

- баҳисобгири корхонаҳои дорои шароити зарарноки меҳнат;

- таҳияи харитаи токсикологии корхонаҳои дорои шароити зарарноки меҳнат ва омилҳои истеҳсолӣ якҷоя бо Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ.

Индикатори арзёбӣ:

- то соли 2014 таҳия намудани харитаи токсикологии корхонаҳои дорои шароити зарарноки меҳнат.

3) Вазифаи 3. Таҷдиди рӯйхати бемориҳои касбӣ, номгӯи воситаҳои зарарнок ва омилҳои истеҳсолие, ки ҳангоми кор бо онҳо гузаронидани муоинаи қаблии тиббӣ вақти ба кор қабул шудан ва муоинаҳои тиббии даврагӣ ҳатмӣ мебошанд.

Чорабинӣ:

- дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон нав кардани рӯйхати бемориҳои касбӣ, номгӯи воситаҳои зарарнок ва омилҳои истеҳсолие, ки кор бо онҳо бо таъсири омилҳои зарарнок алоқаманд буда, ҳангоми ба кор қабул шудан муоинаҳои тиббии пешакӣ ва даврагӣ ҳатмӣ мебошанд.

Индикатори арзёбӣ:

- дар давоми соли 2010 пешниҳод намудани лоиҳаи қарори дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4) Вазифаи 4. Муайян намудани изҳороти умумии тиббӣ барои роҳ додан ба кор бо шароитҳои зарарноки меҳнат.

Чорабинӣ:

- аз ҷониби гурӯҳи кории мутахассисон таҳия намудани номгӯи изҳороти умумии тиббӣ барои кор ва робита бо шароитҳои зарарноки меҳнат ва омилҳои истеҳсолӣ.

Индикатори арзёбӣ:

- дар давоми соли 2010 пешниҳод намудани фармони дахлдори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5) Вазифаи 5. Муайян намудани тартиб ва ҳаҷми муоинаҳои қаблии тиббӣ ҳангоми ба кор қабул шудан ва муоинаҳои тиббии даврагӣ.

Чорабинӣ:

- аз ҷониби гурӯҳи кории мутахассисон таҳия намудани тартиб ва ҳаҷми муоинаҳои тиббӣ ҳангоми ба кор қабул шудан ва муоинаҳои тиббии даврагӣ.

6) Вазифаи 6. Муайян намудани тартиби ягонаи гузаронидани муоина ва бақайдгирии бемориҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чорабинӣ:

- аз ҷониби гурӯҳи кории мутахассисон тартиби ягонаи гузоштани ташхис ва бақайдгирии бемориҳои касбӣ.

Индикатори арзёбӣ:

- дар давоми соли 2010 тайёр намудани фармони дахлдори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7) Вазифаи 7. Таъсиси Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ ва воҳидҳои сохтории он.

Чорабинӣ:

- ҷудо намудани Клиника аз Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотӣ ва профилактикаи тиббии Тоҷикистон.

Индикатори арзёбӣ:

- дар давоми соли 2010 тайёр намудани қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

8) Вазифаи 8. Тайёр намудани мутахассисони бемориҳои касбӣ дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чорабиниҳо:

- Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузориро барои тайёр кардани мутахассисони бемориҳои касбӣ дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намояд.

- Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар Нақшаи тайёр намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар ихтисосҳои заруриро оид ба бемориҳои касбӣ ворид намояд.

Индикатори баҳодиҳӣ:

- дар давраи то соли 2015 вазоратҳои тандурустӣ, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории заруриро аз рӯи буҷети тасдиқгардида пешбинӣ намоянд.

9) Вазифаи 9. Гузаронидани мониторинги гигиении муҳити зист ва сифати муоинаи ҳарсолаи тиббии коргарони корхонаҳои дорои шароитҳои зарарноки меҳнат ва омилҳои истеҳсолӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба мансубияти идоравӣ ва шакли моликият.

Чорабиниҳо

- таҳияи тартиби гузаронидани мониторинги гигиении муҳити зист ва сифати муоинаи ҳарсолаи тиббии коргарони корхонаҳои дорои шароитҳои зарарноки меҳнат ва омилҳои итеҳсолӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба мансубияти идоравӣ ва шакли моликият.

- таҳияи нақшаи якҷояи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ;

- ҳисоботдиҳии мунтазам оид ба натиҷаҳои мониторинг дар Шӯрои ҳамоҳангсозӣ.

Индикатори арзёбӣ:

- то соли 2015 муҳокимаи ҳарсолаи натиҷаҳои мониторинг дар Шӯрои ҳамоҳангсозӣ.

12. Мониторинг ва арзёбии Барнома

Барои татбиқи бомуваффақияти Барнома арзёбии мунтазаме, ки ба ҷараён ва дастовардҳо асоснок карда шудаанд, ҳалкунанда мебошанд. Дар ин ҳолат камбудиҳои татбиқи нақша дар марҳилаи аввал бе қатъшавии фаъолият дар соҳаи зикршудаи тандурустӣ ва ё хароҷоти изофагии захираҳои маҳдудбуда метавонад ошкор ва бартараф карда шаванд.

Мониторинг ва арзёбии тамоми бобҳои Барнома аз рӯи нишондиҳандаи зерин амалӣ карда мешаванд: меъёрҳои арзёбии ҷараён, меъёрҳои арзёбии таъсир ва меъёрҳои арзёбии натиҷаҳо.

13. Маблағгузории Барнома

Барнома аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмурияти корхонаҳои саноатие, ки шароити номусоиди корӣ доранд, дар доираи маблағҳои барои соҳаи тандурустӣ ва ёрии иҷтимоӣ пешбинишуда маблағгузорӣ карда мешавад.

Маблағҳо ҳангоми татбиқи Барнома барои хариди воситаҳои техникӣ, таҷҳизоти ташхисӣ ва доруворӣ, аз ҷумла хароҷоти нақлиётӣ барои гузаронидани корҳои ташкилию методӣ, машваратӣ ва иттилоотӣ сарф карда мешаванд.

Барои инкишофи бомуваффақият ва татбиқи Барнома дастгирии молиявию техникии ташкилотҳои байналмилалӣ зарур аст.

Вазоратҳои дахлдор ҳангоми таҳияи Нақшаи татбиқи Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишуда хароҷоти онро низ ҳар сол пешбинӣ менамоянд.

14. Манбаъҳои эҳтимолии буҷет барои татбиқи Барномаи миллии пешгирии бемориҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015

+--+---------------------------------+---------------------+---------ҷ
|№ |Номгӯи чорабиниҳо                |       Манбаи        |  Мӯҳлат |
|  |                                 |      маблағгузорӣ   |         |
|  |                                 |                     |         |
+--+---------------------------------+---------------------+---------+
|1.|Ташкил намудани муоинаҳои        |                     |         |
|  |профилактикӣ ҳангоми ба кор қабул| Вазорати тандурустӣ |2010-2015|
|  |шудан                            |                     |         |

|2.|Гузаронидани муоинаҳои нақшавии  | Аз ҳисоби корфармо  |2010-2015|
|  |тиббии даврагии коргароне, ки дар|                     |         |
|  |шароити зарарнок кор мекунанд    |                     |         |

|3.|Таъсиси хадамоти озмоишию ташхисӣ| Вазорати тандурустӣ |2010-2014|
|  |барои гузаронидани муоинаи       |                     |         |
|  |шаклҳои  токлиникии бемориҳои    |                     |         |
|  |касбӣ (озмоишгоҳи токсикологӣ,   |                     |         |
|  |иммунологӣ, биокимиёӣ, радиологӣ,|                     |         |
|  |эндоскопӣ, фаъолияти узвҳои      |                     |         |
|  |нафаскашӣ, томографияи магнитию  |                     |         |
|  |резонансӣ, ташхиси рентгенографӣ)|                     |         |

|4 |Таъсиси феҳристи ягонаи          | Аз ҳисоби корхонаҳо |2011-2014|
|  |корхонаҳои дорои шароитҳои       |                     |         |
|  |зараноки меҳнат ва омилҳои       |                     |         |
|  |истеҳсолӣ                        |                     |         |

|5.|Таҳияи харитаи токсикологии      | Аз ҳисоби корхонаҳо |2011-2014|
|  |корхонаҳои дорои шароитҳои       |                     |         |
|  |зараноки меҳнат                  |                     |         |

|6.|Тайёр намудани мутахассисон      | Вазорати тандурустӣ |2010-2015|
|  |(тахассуснокии ибтидоӣ,          | Вазорати рушди      |         |
|  |такмили ихтисос, аспирантура,    | иқтисод ва савдо    |         |
|  |докторантура).                   |                     |         |

|7 |Мониторинги касбӣ ва гигиении    | Аз ҳисоби корхонаҳо |2010-2015|
|  |шароити меҳнат ва истеҳсолоти    | ва Вазорати         |         |
|  |дорои шароитҳои зараноки         | тандурустӣ          |         |
|  |меҳнатӣ                          |                     |         |

|8 |Корҳои илмию таҳқиқотӣ           | Вазорати тандурустӣ |2010-2015|

|9 |Доир намудани семинарҳо,         | Вазорати тандурустӣ |2010-2015|
|  |курсҳои такмили ихтисоси         |                     |         |
|  |табибони тибби амалия аз рӯйи    |                     |         |
|  |бемориҳои касбӣ                  |                     |         |

|10|Харидорӣ намудани дастгоҳу       | Вазорати тандурустӣ |2010-2014|
|  |таҷҳизот барои ташхиси           |                     |         |
|  |бемориҳои касбӣ, аз ҷумла        |                     |         |
|  |рентгени сайёри флюрографияи     |                     |         |
|  |автоматикӣ, тастроскоп,          |                     |         |
|  |бронхоскоп, дастгоҳҳои           |                     |         |
|  |ултрасадо, сабти барқии кори     |                     |         |
|  |дил, мултископ, капилляроскоп,   |                     |         |
|  |аудиометр)                       |                     |         |