Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2010 № 165 "Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии пешгирии бемориҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии пешгирии бемориҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади пешгирӣ, паст намудани афзоиши беморшавӣ ва маъюбшавӣ аз бемориҳои касбӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи миллии пешгирии бемориҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо маблағгузории Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи соҳаи тандурустӣ ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ таъмин намоянд.

3) Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи мақсаду вазифаҳои пешбининамудаи Барномаи мазкур ҳамаи чораҳои заруриро андешанд.

4) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии татбиқи Барномаро таъмин намояд;

б) дар бораи натиҷаҳои татбиқи Барнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол маълумот пешниҳод намояд.

5) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои Барномаи мазкур Шӯрои ҳамоҳангсозӣ таъсис диҳанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 марти соли 2010 № 165

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Национальной программы профилактики профессиональных заболеваний в Республике Таджикистан на 2010-2015 годы

В соответствии со статьей 13 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", с целью профилактики, снижения темпов прироста заболеваемости и инвалидности от профессиональных заболеваний, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Национальную программу профилактики профессиональных заболеваний в Республике Таджикистан на 2010-2015 годы (прилагается).

2) Министерству здравоохранения Республики Таджикистан, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов в рамках предусмотренных средств финансирования сектора здравоохранения и привлечения местных и зарубежных инвесторов обеспечить выполнение настоящей Программы.

3) Министерствам и ведомствам, председателям ГорноБадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять все необходимые меры для реализации целей и задач предусмотренных настоящей Программой.

4) Министерству здравоохранения Республики Таджикистан:

а) обеспечить координацию и техническую поддержку реализации Программы;

б) о результатах реализации Программы ежегодно информировать Правительство Республики Таджикистан.

5) Исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов создать Координационный совет по выполнению настоящей Программы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан               Эмомали Рахмон

от 30 марта 2010 года № 165

г. Душанбе