Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010 № 91 "Дар бораи тасдиқи намунаҳои варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди ҷумҳурии тоҷикистон иқомати доимӣ доранд"

Санаи амалкуни: 01.03.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи намунаҳои варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2018 № 101)

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" ва моддаҳои 5 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Намунаҳои варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

2) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр кардани варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрвандро, қи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд, тибқи тартиботи муқарраргардида таъмин намояд.

3) Хароҷоти тайёр кардани варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2018 № 101).

4) Варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд дар қисми Корхонаи воҳиди давлатии Маҷмааи табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда шавад.

5) Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2003 № 222 "Дар бораи тадбирҳои ташкили истеҳсоли хуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ" бандҳои 101, 102, 103 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"101. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ

102. Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд

103. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 феврали соли 2010 № 91

ш. Душанбе

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" феврали соли 2010 № 91

тасдиқ шудааст

Тавсифи варақаи гувоҳномаи иқомат, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ дода мешавад

Барои истеҳсоли маҳсулоти маҳсуси полиграфии баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ, ғайр аз рангҳои аз ҷиҳати технологӣ баҳисобгирифташуда бояд рангҳои маҳсуси дорои люминессенсияи (ғайр аз ранги кабуд) зери шуои ултрабунафш дидашаванда истифода бурда шаванд. Таҳранги варақа бояд аз ду тӯри рангаи болои ҳам омада истеҳсол шуда, яке аз ин тӯрҳо дорои сохтори унсурҳои графики ғайримунтазам бошад.

Ғайр аз ин тасвири ниҳонӣ (дар дохили чаҳорчӯбаҳо ва розеткаҳо) дар чопи металлографӣ, унсурҳои ба назар нонамоёне, ки дар зери шуои ИС арзи вуҷуд мекунанд, истифода бурда шаванд.

1) Варақаи гувоҳномаи иқомате, ки ба шаҳрванди хориҷӣ (минбаъд варақа ном бурда мешавад) дода мешавад, дар намуди ҳисоби мошинӣ аз рӯи намунаи ягона тайёр карда шуда, ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

2) Варақаи андозааш 125 х 88 мм аз 16 саҳифаи (бе муқова) дар хати қат дӯхташуда иборат мебошад.

3) Силсила ва рақами варақа дар қисми поёнии ҳар як саҳифа дарҷ шудаанд. Силсилаи варақа бо ҳарфҳои "ШХ" ишора гардида, рақамҳо аз ҳафт адад иборат мебошанд.

4) Рақамҳои саҳифаҳо аз 1 то 16 дар маркази қисми поёнии ҳар як саҳифа ҷойгир шудаанд.

5) Муқоваи ранги кабуддоштаи гувоҳномаи иқомат аз маводи фарсуданашаванда тайёр карда мешавад.

6) Дар муқоваи варақа Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - нишон) бо ранги зарринтоб нақшкӯбӣ шудааст. Дар зери тасвири нишон дар се сатр навиштаҷоти "Гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ" бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ сабт шудааст.

7) Дар тарафи дохили қисми пеши муқоваи гувоҳномаи иқомат дар марказ тасвири рангаи нишон ва дар саҳифаҳои боқимондаю тарафи дохилии муқоваи қафо бошад - нишони якранги бо нишонаҳои обии ба шакли ситора иҳоташуда ҷойгир шудаанд.

8) Матнҳо дар варақаи гувоҳномаи иқомат ба забони тоҷикӣ иҷро гардида, бо ҳарфҳои хурд бо забонҳои англисӣ ва русӣ такроран сабт шудаанд.

9) Дар саҳифаи 1 Ёддошт ба гувоҳномаи иқомат бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ ва бо матни зерин сабт шудааст:

Ёддошт ба гувоҳномаи иқомат

1. Гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ё ин ки шахси бе шаҳрвандӣ мебошад, ки барои зисти доимӣ ё муваққатӣ дар ҷумҳурӣ ҳуқуқ дода, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад.

2. Ҳангоми хориҷ шудан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳномаи иқомат бояд ба мақомоти корҳои дохилие, ки онро додааст, бозпас гардонида шавад.

3. Дар сурати гум кардан ё ин ки рабудани гувоҳномаи иқомат соҳиби он вазифадор аст, ки фавран дар ин бора ба таври хаттӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯи ҷои зист ё истиқомати муваққатӣ хабар диҳад.

Дар қисми поёнии саҳифа матни зерин ҷойгир шудааст: "Гувоҳномаи иқомат 16 саҳифаи рақамгузоришударо дар бар мегирад".

10) Саҳифаҳои аз 2 то 8 барои қайдҳои хизматӣ дар бораи қайд аз рӯи ҷои зист ва аз қайд баровардани соҳиби гувоҳномаи иқомат пешбинӣ гардидаанд. Дар маркази қисми болоии саҳифа матни "Қайди ҷои зист" бо се забон дарҷ шудааст.

11) Саҳифаи 9 барои гузоштани мӯҳр дар бораи қайди ақди никоҳ ё ин ки бекор кардани он пешбинӣ гардидааст. Дар қисми болоии саҳифа матни "Қайдҳои махсус" бо се забон сабт шудааст.

12) Саҳифаҳои аз 10 то 12 барои қайдҳои хизматӣ дар бораи тамдиди гувоҳномаи иқомат пешбинӣ шудаанд.

Дар қисми болоии саҳифаи 10 матни "Қайдҳо дар бораи тамдиди гувоҳномаи иқомат" ҷой дода шудааст. Дар қисми миёна ва поёнии ин саҳифа, инчунин дар қисми болоӣ, миёна ва поёнии саҳифаҳои 11, 12 матни зерин ҷойгир карда шудааст: "Мӯҳлати эътибори гувоҳномаи иқомат то "__" с.20 тамдид карда шудааст. Ҷ.М. ва имзои шахси мансабдор".

13) Саҳифаҳои аз 13 то 14 барои ҷой додани қайдҳои хизматӣ дар бораи ҷои иҷозатдодашудаи истиқомати соҳиби гувоҳномаи иқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Дар қисми болоии саҳифа матни "Иҷозат барои истиқомати муваққатӣ" ҷой дода шудааст. Дар қисми болоӣ, миёна ва поёнии саҳифа матни

"Истиқомат дар иҷозат дода шудааст.

Ҷ.М. имзои шахси мансабдор"

14) Саҳифаи 15 барои ворид намудани маълумот дар бораи фарзандони соҳиби гувоҳнома пешбинӣ гардидааст. Дар қисми болоии саҳифа матни "Фарзандоне, ки ба гувоҳномаи иқомат ворид карда шудаанд" сабт ёфтааст. Дар поён маълумот дар бораи худи фарзандон - ном ва насаб, синну сол, муносибат ба соҳиби гувоҳномаи иқомат, дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо ворид карда шудаанд, ҷойгир карда мешавад.

15) Дар саҳифаи 16 дар қисми болоии саҳифа матни "Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷойгир шудааст. Байни калимаҳо Нишон ҷойгир аст, сипас матни дар бораи соҳиби гувоҳномаи иқомат маълумотдиҳанда ҷойгир карда шудааст:

1) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;

2) таърихи вуруд (воридшавӣ) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) мақсади вуруд (воридшавӣ);

4) вазъи оилавӣ.

Дар кунҷи поёнии рост чорчӯба, ки барои имзои соҳиби гувоҳномаи иқомат пешбинӣ шудааст, ҷой дода шудааст.

16) Саҳифаи дохилии қисми қафои муқова барои ҷойгир намудани маълумоти шахсии соҳиби гувоҳномаи иқомат пешбинӣ шудааст. Чоряки поёнии саҳифа минтақаи ҳисоби мошиние мебошад, ки дар он дар ду сатр рамзи (коди) ҳарфию рақамӣ ҷойгир шуда, мутобиқи стандарти байналмилалӣ иттилооти асосии дар хуҷҷати мазкур мавҷудбударо дар бар мегирад.

Дар қисми боқимондаи саҳифа аз боло навиштаҷоти уфуқии "Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷойгир карда мешавад. Аз поёнтари ин сабтҳо як хати уфуқӣ кашида шудааст. Дар зери он дар қисми чап ҷой барои акси (сурати) соҳиби гувоҳномаи иқомат андозааш 35 х 45 мм пешбинӣ шуда, дар қисми рост матни зерин ҷой дода мешавад:

Силсила ва рақами гувоҳномаи иқомат

Номи хонаводагӣ

Ном ва насаб

Соли таваллуд ва ҷинс

Ҷои таваллуд

Шаҳрвандӣ

Таърихи дода шудан ва мӯҳлати эътибор

Мақомоте, ки гувоҳномаи иқоматро додааст

Таърихи қабули қарор.

17) Барои таъмини эминнигоҳдорӣ ва муҳофизат аз қалбакисозии сабту аксҳо дар саҳифаи дохилии қисми қафои муқоваи варақа байни ин саҳифа ва саҳифаи 16 пардае (плёнкае) дӯхта мешавад, ки бо он саҳифаи дахлдор ламинатсия мегардад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" феврали соли 2010 № 91

тасдиқ шудааст

Тавсифи намунаи гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд

Барои истеҳсоли маҳсулоти маҳсуси полиграфии баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ, ғайр аз рангҳои аз ҷиҳати технологӣ баҳисобгирифташуда бояд рангҳои маҳсуси дорои люминессенсияи (ғайр аз ранги кабуд) зери шуои ултрабунафш дидашаванда истифода бурда шаванд. Таҳранги варақа бояд аз ду тӯри рангаи болои ҳам омада истеҳсол шуда, яке аз ин тӯрҳо дорои сохтори унсурҳои графики ғайримунтазам мебошанд.

1) Варақаи гувоҳномаи иқомат, ки ба шахси бешаҳрванд (минбаъд ҳамчун варақа ном бурда мешавад) дода мешавад, дар намуди ҳисоби мошинӣ аз рӯи намунаи ягона тайёр карда шуда, ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

3) Силсила ва рақами варақа дар қисми поёнии ҳар як саҳифа дарҷ шудаанд. Силсилаи варақа бо ҳарфҳои "ШБ" ишора гардида, рақамҳо аз ҳафт адад иборат мебошанд.

5) Муқоваи ранги сабздоштаи гувоҳномаи иқомат аз маводи фарсуданашаванда тайёр карда мешавад.

6) Дар муқоваи варақа Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - нишон) бо ранги зарринтоб нақшкӯбӣ шудааст. Дар зери тасвири нишон дар се сатр навиштаҷоти "Гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахси бешаҳрванд" бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ сабт шудааст.

7) Дар тарафи дохили қисми пеши муқоваи гувоҳномаи иқомат дар марказ тасвири рангаи нишон ва дар саҳифаҳои боқимондаю тарафи дохилии муқоваи қафо бошад - нишони якранги бо нишонаҳои обии ба шакли пахта иҳоташуда ҷойгир шудаанд.

3. Дар сурати гум кардан ё рабудани гувоҳномаи иқомат соҳиби он вазифадор аст, ки фавран аз ин бора ба таври хаттӣ ба мақомоти корҳои дохилии ҷои зист ё истиқомати муваққатӣ хабар диҳад.

Дар қисми поёнии саҳифа матни зерин ҷойгир шудааст: "Гувоҳномаи иқомат 16 саҳифаи рақамгузоришударо дар бар мегирад."

10) Саҳифаҳои 2-9 барои қайдҳои хизматӣ дар бораи қайд аз рӯи ҷои зист ва аз қайд баровардани соҳиби гувоҳномаи иқомат пешбинӣ гардида, дар маркази қисми болоии саҳифа матни "Қайди ҷои зист" бо се забон дарҷ шудааст.

11) Саҳифаи 10 барои гузоштани мӯҳр дар бораи қайди ақди никоҳ ё ин ки бекор кардани он пешбинӣ гардидааст. Дар қисми болоии саҳифа матни "Қайдҳои махсус" бо се забон сабт шудааст.

12) Саҳифаи 11 барои қайдҳои хизматӣ дар бораи ҷои иҷозатдодашудаи истиқомати соҳиби гувоҳномаи иқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Дар қисмҳои болоӣ, миёна ва поёнии саҳифа матни "Истиқомат___________ дар иҷозат дода шудааст

ҷ.м. имзои шахси мансабдор" дарҷ ёфтааст.

13) Саҳифаҳои 12-13-14 барои ҷойгир кардани қайдҳои хизматӣ дар бораи тамдид намудани гувоҳномаи иқомат пешбинӣ шудаанд.

Дар қисми болоии саҳифаи 12 матни "Қайдҳо дар бораи тамдид намудани гувоҳномаи иқомат" ҷойгир шудааст. Дар қисми миёна ва поёнии саҳифаҳои 12, 13, 14 ҳамчунин матни зерии бо се забон ҷой дода шудааст:

"Мӯҳлати эътибори гувоҳномаи иқомат то "___"___________с.20__ тамдид карда шудааст. Ҷ.М. ва имзои шахси мансабдор"

14) Саҳифаи 15 барои ворид намудани маълумот дар бораи фарзандони соҳиби шаҳодатнома пешбинӣ гардидааст. Дар қисми болоии саҳифа матни "Фарзандоне, ки ба гувоҳномаи иқомат ворид карда шудаанд" сабт ёфтааст. Дар поён маълумот дар бораи худи фарзандон - ном ва насаб, синну сол, муносибат ба соҳиби гувоҳномаи иқомат, дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо ворид карда шудаанд, ҷойгир карда мешавад.

15) Дар саҳифаи 16 матни намуди шаҳодатномаи шахси бе шаҳрвандӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми болою марказии саҳифа дарҷ шудааст, сипас матни дар бораи соҳиби гувоҳномаи иқомат маълумотдиҳанда ҷойгир карда шудааст:

4) вазъи оилавӣ;

5) имзои соҳиби гувоҳнома.

16) Саҳифаи дохилии қисми қафои муқова барои ҷойгир намудани маълумоти шахсии соҳиби гувоҳномаи иқомат пешбинӣ шудааст. Чоряки поёнии саҳифа минтақаи ҳисоби мошиние мебошад, ки дар он дар ду сатр рамзи (коди) ҳарфию рақамӣ ҷойгир шуда, мутобиқи стандарти байналмилалӣ иттилооти асосии дар ҳуҷҷати мазкур мавҷудбударо дар бар мегирад.

Дар қисми боқимондаи саҳифа аз боло навиштаҷоти уфуқии "Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷойгир карда мешавад. Аз поёнтари ин сабтҳо як хати уфуқӣ кашида шудааст. Дар зери он дар қисми чап ҷой барои акси (сурати) соҳиби гувоҳномаи иқомат андозааш 35 х 45 мм пешбинӣ шуда, дар қисми рост матни зерин ҷой дода мешавад:

Силсила ва рақами гувоҳномаи иқомат

Номи хонаводагӣ

Ном ва насаб

Соли таваллуд

Ҷинс

Ҷои таваллуд

Шаҳрвандӣ

Таърихи дода шудан

Мӯҳлати эътибор

Таърихи қабули қарор

Имзои шахси мансабдор

17) Барои таъмини эминнигоҳдорӣ ва муҳофизат аз қалбакисозии сабту аксҳо дар саҳифаи дохилии қисми қафои муқоваи варақа байни ин саҳифа ва саҳифаи 16 пардае (плёнка) дӯхта мешавад, ки бо он саҳифаи дахлдор ламинатсия мегардад.

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" феврали соли 2010 № 91

тасдиқ шудааст

Тавсифи варақаи шаҳодатномае, ки ба шахсони бешаҳрванд дода мешавад

Барои истеҳсоли маҳсулоти маҳсуси полиграфии баҳисобгириву ҳисоботи қатьӣ, ғайр аз рангҳои аз ҷиҳати технологӣ баҳисобгирифташуда бояд рангҳои махсуси дорои люминессенсияи (ғайр аз ранги кабуд) зери шуои ултрабунафш дидашаванда истифода бурда шаванд. Таҳранги варақа бояд аз ду тӯри рангаи болои ҳам омада истеҳсол шуда, яке аз ин тӯрҳо дорои сохтори унсурҳои графики ғайримунтазам мебошанд.

1) Варақаи шаҳодатномае, ки ба шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - варақа номида мешавад) дода мешавад, дар намуди ҳисоби мошинӣ аз рӯи намунаи ягона тайёр карда шуда, ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

2) Варақаи андозааш 125х88мм аз 12 саҳифаи (бе муқова) дар хати қат духташуда иборат мебошад. Муқоваи варақаи шаҳодатнома ранги сурхи торик дошта, аз маводи фарсуданашаванда тайёр карда мешавад.

3) Силсила ва рақами варақа дар қисми поёнии ҳар як саҳифа дарҷ шудааст. Силсилаи варақа бо ҳарфи "А" ишора гардида, рақамҳо аз ҳафт адад иборат мебошанд.

4) Дар муқоваи варақа Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-нишон) бо ранги заринтоб нақшкӯбӣ шудааст. Дар зери тасвири нишон ду сатр навиштаҷоти "Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" сабт шудааст.

5) Дар тарафи дохилии қисми пеши муқоваи шаҳодатнома дар марказ акси рангаи нишони давлатӣ ва дар саҳифаҳои боқимондаю тарафи дохилии муқоваи қафо бошад - нишони давлатии якранги бо нишонаҳои обии ба шакли нишони давлати иҳоташуда ҷойгир шудаанд.

6) Рақами саҳифаҳо аз 1 то 12 дар маркази қисади поёнии ҳар як саҳифа ҷойгир шудаанд.

7) Дар саҳифаи 1 навиштаҷот ба шаҳодатнома бо матни зерин сабт шудааст:

Соҳиби шаҳодатнома баъд аз бозгашт аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст дар муддати 10 рӯз шаҳодатномаро ба мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯи ҷои дастраскунии он супорад.

8) Саҳифаҳои 2-8 барои ҷойгир кардани қайдҳои хизматӣ дар бораи раводид, бақайдгирӣ ва азқайдбарории соҳиби шаҳодатнома.

9) Саҳифаи 9 барои ҷойгиркунии қайдҳои хизматӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар қисмати болоии саҳифаи 9 чунин матн навишта шудааст: "Қайдҳо дар бораи тамдиди шаҳодатнома". Дар мобайни қисмати поёнии ҳамин саҳифа матни зерин ҷойгир карда шудааст: "Мӯҳлати эътибори санади зист то "___"________с.20__ тамдид карда шудааст. Ҷ.М. ва имзои шахси мансабдор"

10) Саҳифаҳои 10-11 барои ворид намудани маълумот дар бораи фарзандони соҳиби шаҳодатнома пешбинӣ гардидааст. Дар қисмати болои саҳифа матни "Фарзандоне, ки ба шаҳодатнома ворид карда шудаанд" сабт ёфтааст. Дар поёнтар маълумот дар бораи худи фарзандон - ном ва насаб, сину сол ва ҷинс, ҷойгир карда мешавад.

11) Матнҳо дар варақаҳои шаҳодатнома бо забони тоҷикӣ навишта шуда, бо ҳарфҳои хурд бо забони англисӣ сабт шудааст.

12) Дар саҳифаи 12 матни намуди шаҳодатномаи шахси бе шаҳрванд барои ба хориҷа рафтан бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ бо тасвири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми болои марказии саҳифа дарҷ шудааст, сипас ҷой барои имзои соҳиби шаҳодатнома пешбинӣ шудаст.

13) Саҳифаи дохилии қисми қафои муқова барои ҷойгир намудани маълумоти шахсии соҳиби шаҳодатнома пешбинӣ шудааст. Чоряки поёнии саҳифа минтақаи ҳисоби мошиние мебошад, ки дар он дар ду сатр рамзи (коди) ҳарфию рақамӣ ҷойгир шуда, мутобиқи стандарти байналмилалӣ иттилооти асосии дар ҳуҷҷати мазкур мавҷудбударо дар бар мегирад.

14) Дар қисми боқимондаи саҳифа аз боло навиштаҷоти уфуқии "Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷойгир карда мешавад. Аз поёнтзри ин сабтҳо як хати уфуқӣ кашида шудааст. Дар зери он дар қисми чап ҷой барои акси (сурати) соҳиби санади зист андозааш 35 х 45 мм пешбинӣ шуда, дар қисми рост матни зерин ҷой дода мешавад:

Силсила ва рақами шаҳодатнома

Номи хонаводагӣ

Ном ва насаб

Соли таваллуд

Ҷинс

Ҷои таваллуд

Шаҳрвандӣ

Таърихи дода шудан

Мӯҳлати эътибор

Мақомоте, ки шаҳодатномаро додааст

Таърихи қабули қарор

Имзои шахси мансабдор.

15) Барои таъмини эминнигоҳдорӣ ва муҳофизат аз қалбакисозии сабту аксҳо дар саҳифаи дохилии қисми қафои муқоваи варақа байни ин саҳифа ва саҳифаи 12 пардае (плёнка) дӯхта мешавад, ки бо он саҳифаи дахлдор ламинатсия мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи намунаҳои варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" ва моддаҳои 5 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Намунаҳои варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

2) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр кардани варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрвандро, қи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд, тибқи тартиботи муқарраргардида таъмин намояд.

3) Хароҷоти тайёр кардани варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомати доимӣ доранд, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шавад.