Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010 № 80 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2005 № 137"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2005 № 137

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :

1) Ба Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2005 № 137 тасдиқ карда шудааст, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- ба банди 41 сархатҳои дуюм ва сеюм дар таҳрири зайл илова карда шаванд:

"Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар воҳидҳои махсуси сохтори мақомоти корҳои дохилӣ (Дастаи таъиноти махсуси милитсия, Ротаи махсуси зудамали милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилӣ, дастаҳои махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил) адои хизмат менамоянд, бо назардошти мушкилӣ, хусусияти кори онҳо ва бо сабаби дар тайёрии доимии ҷангӣ қарор доштанашон, бар замми маоши вазифавиашон иловапулии ҳармоҳа ба андозаи 40 фоиз аз маоши вазифавӣ пардохта мешавад.

Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба ҳолати тайёрии доимии ҷангӣ омода карда шуда, дар гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ё дигар амалиёти махсуси бар зидди гурӯҳҳои ҷиноии муташаккил ва трансмиллӣ равонагардида ҷалб карда мешаванд, бар замми маоши вазифавиашон иловапулӣ ба андозаи 40 фоиз аз маоши вазифавӣ пардохта мешавад".

2) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон карорҳои худро ба қарори мазкур мувофиқ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 феврали соли 2010 № 80

ш. Душанбе

аз 27 феврали соли 2010 № 80

ш. Душанбе

...