Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани ташхиси иҷтимоии барномаҳои давлатии мақсаднок ва инвеститсионии таҳияшаванда дар самти таъсири онҳо ба таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади амалӣ намудани "Нақшаи генералии татбиқи Консепсияи таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015" ҷиҳати ташаккули масъулияти иҷтимоии корфармоён, баҳогузории самараноки иҷтимоии барномаҳои давлатии мақсаднок ва инвеститсионии таҳияшаванда оид ба масъалаҳои таъсири онҳо ба таъсису нигоҳдории ҷойҳои корӣ ва шуғли аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани ташхиси иҷтимоии барномаҳои давлатии мақсаднок ва инвеститсионии таҳияшаванда дар самти таъсири онҳо ба таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фармоишдиҳандагон ва ҳамоҳангсозони давлатии барномаҳои давлатии мақсаднок ва инвеститсионии таҳияшаванда минбаъд барномаҳои таҳиянамудаи худро барои гузаронидани ташхиси иҷтимоӣ ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд.
3) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхиси иҷтимоии барномаҳои мақсадноки давлатиро дар самти таъсири онҳо ба таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ, аз ҷумла барои маъюбон ва гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ таъмин намуда, хулосаи ташхисн иҷтимоиро ба таҳиякунандагони барнома ирсол намояд.
4) Ба зербанди "б" банди 5 Низомномаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, ки бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 №102 тасдиқ гардидааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-гузаронидани ташхиси иҷтимоии барномаҳои давлатии мақсаднок ва инвеститсионии таҳияшаванда".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 12 феврали соли 2010 № 53
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 феврали соли 2010 № 53
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани ташхиси иҷтимоии барномаҳои давлатии мақсаднок ва инвеститсионии таҳияшаванда дар самти таъсири онҳо ба таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1) Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани ташхиси иҷтимоии барномаҳои давлатии мақсаднок ва инвеститсионии таҳияшаванда дар самти таъсири онҳо ба таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ (минбаъд-Низомнома) дар асоси банди 8 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 №660 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи генералии татбиқи Консепсияи таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015" ҷиҳати ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор таҳия гардидааст.
2) Низомнома меъёрҳои асосии баҳогузорӣ, талаботи ҳатмӣ ба мундариҷаи барномаҳо ва тартиби гузаронидани ташхиси иҷтимоии онҳоро дар самти таъсир расонидан ба таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ ва шуғли аҳолӣ муайян менамояд.
3) Дар Низомнома мафҳум ва истилоҳоти зерин истифода мешаванд:
- ташхиси иҷтимоӣ - тибқи меъёрҳои муқарраргардида баҳогузории барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар самти таъсири онҳо ба таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ ва шуғлнокии аҳолӣ бо мақсади ошкор намудани имкониятҳои расонидани таъсири мусбӣ ва манфӣ ба бозори меҳнат дар ҳолати қабул шудани онҳо;
- рафтори аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъулиятноки корфармо -рафторе, ки ба дастгирӣ ва баланд бардоштани шуғли самараноки аҳолӣ, ки ба афзоиши маҳсулнокии меҳнат, рушди устувори муассиса (ташкилот) ва рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат менамояд, равона гардидааст;
- шуғли самараноки аҳолӣ - шуғли аҳолӣ, ки даромади мувофиқ, саломатӣ, худинкишофдиҳии шахсият, афзоиши дараҷаи маълумотнокӣ ва касбии ҳар як аъзои ҷамъиятро дар асоси афзоиши маҳсулнокии меҳнати ҷамъиятӣ таъмин менамояд.
4) Мақсади гузаронидани ташхиси иҷтимоӣ дар корфармоён ташаккул додани рафтори аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъулиятнок дар бозори меҳнат, истифодаи оқилонаи захираҳои меҳнатӣ, дастгирии шуғлнокӣ ва даромади аҳолӣ бо роҳи таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ мебошад.
5) Мавзӯи ташхиси иҷтимоӣ барномаҳои мақсаднок ва инвеститсионии аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидор таҳиягардида, дар самти таъсири онҳо ба таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ мебошанд.
2. Меъёрҳои асосии баҳогузории барномаҳои давлатии мақсаднок ва инвеститсионӣ ҳангоми гузаронидани ташхиси иҷтимоӣ
6) Ташхиси иҷтимоии барномаҳои давлатии мақсаднок ва инвеститсионӣ аз баҳогузории онҳо тибқи меъёрҳои асосии зерин иборат аст:
- дар онҳо мавҷуд будан ё набудани чорабиниҳо оид ба таъсис ва (ё) нигоҳдории (навкунии) ҷойҳои корӣ, аз ҷумла тибқи квота муқарраргардида;
- дар онҳо мавҷуд будан ё набудани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сифати қувваҳои корӣ ва ҷойҳои корӣ тибқи талаботи бозори меҳнат;
- натиҷаҳои пешбинишуда аз татбиқи чорабиниҳо дар самти таъмини шуғли аҳолӣ ҳангоми фаъолияти иқтисодии дахлдор ва ё дар ҳудуди дахлдор;
- мавҷуд будан ё набудани кормандони аз кор озодшаванда ва амалиёт ҷиҳати осон намудани оқибатҳои аз кор озодкунӣ.
3. Талаботҳои ҳатмӣ ба мундариҷаи барномаҳои давлатии мақсаднок ва инвеститсионии таҳияшаванда дар самти таъсири онҳо ба бозори меҳнат
7) Барои баҳогузории таъсири барномаҳои давлатии мақсаднок ва инвеститсионии таҳияшаванда ба бозори меҳнат ва самаранокии шуғли аҳолӣ лоиҳаи ин ҳуҷҷатҳо ва тавзеҳнома ба онҳо бояд чунин маълумотҳоро дошта бошанд:
- рӯйхати чорабиниҳо, ки ба таъсис ва нигоҳдории (навкунии) ҷойҳои корӣ нигаронида шудаанд;
- андозаҳои миқдорӣ ва сифатии ҷойҳои кории таъсисдодашаванда ва (ё) нигоҳдошташаванда (навшаванда), аз ҷумла ҷойҳои кории барҳамдодашаванда, тибқи квота барои шахсони ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан эҳтиёҷдошта;
- пешгӯии талабот ва бо коргарон ва мутахассисон мувофиқи ихтисосу вазифаҳо банд кунонидани онҳо;
- шумораи коргароне, ки ба онҳо дар натиҷаи татбиқи барномаҳо такмили исхтисос ва бозомӯзӣ лозим мешавад;
- сатҳи музди меҳнати миёнаи коргарон дар ҷойҳои кории таъсисшаванда, нигоҳдошташаванда (навшаванда), аз ҷумла, тибқи квота муқарраргардида.
4. Тартиби гузаронидани ташхиси иҷтимоӣ
8) Ташхиси иҷтимоии барномаҳо аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон амалӣ мегардад.
9) Барои гирифтани хулоса оид ба натиҷаҳои ташхиси иҷтимоӣ вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки ба татбиқи амаликунонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муайянгардидаи фаъолият машғуланд, барномаҳоро дар давраи мувофиқакунонии онҳо ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристанд.
10) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоя бо мақомоти дар банди 8 ҳамин Низомнома нишондодашуда, дар давоми 14 рӯзи корӣ аз рӯзи воридшавии барнома, ташхиси иҷтимоии онҳоро гузаронида, хулоса омода менамояд ва онро ба мақомоти дахлдор ирсол месозад.
11) Ҳангоми зарурат бо мақсади гузаронидани ташхиси иҷтимоӣ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони вазорату идораҳо, ки ба салоҳияташон барномаҳои таҳияшаванда дахл доранд, метавонад гурӯҳи коршиносонро ташкил намояд.
12) Хулоса барои таҳиякунандагони барномаҳо хислати ҳатмӣ дошта, тибқи тартиби муқарраргардида дар рафти баррасии минбаъда ба лоиҳаи Барнома замима мегардад.