Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 19 июни соли 2002, № 666

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 июни соли 2002 № 666

тасдиқ шудааст

Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ

МУХАФФАФОТ:

БОР Бонки Осиёгии Рушд

АМО Ассотсиатсияи истифодабарандагони об

КАС Комплекси агросаноатӣ

БУ Бонки умумиҷаҳонӣ

ММД Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ

ТУТ Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ

ВМКБ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

САД Стандарти асосии давлатӣ

ШДҲТ Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"

ШДСҲ Ширкати давлатии саҳомию ҳолдингӣ

АДСЗДС Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкорӣ

НОБ Нерӯгоҳи обию барқӣ

ҲСПКСК Ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ

ИНИ Индекси нархҳои истеъмолӣ

КМ Кодекси меҳнат

НОБ Нерӯгоҳи обию барқӣ

ХБА Хазинаи байналхалқии асъор

ВТ Вазорати тандурустии Ғумҳурии Тоҷикистон

ТБМ Ташкилоти байналмилалии меҳнат

ВМ Вазорати молияи Ғумҳурии Тоҷикистон

ВМ ва

ҲИА Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии

ХБА Хазинаи байналхалқии асъор Ғумҳурии Тоҷикистон

ВИС Вазорати иқтисод ва савдои Ғумҳурии Тоҷикистон

ВА Вазорати адлия

ААИ Андоз аз арзиши изофа

КИТ Корҳои илмию тадқиқотӣ

ПИТ Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ

СҒ Созмонҳои ғайриҳукуматӣ

АУД Амалияи умумии духтурӣ

СММ Созмони Милали Муттаҳид

ШСЗТ Шарҳи сатҳи зиндагии Тоҷикистон

БСД Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ

ҲВСПКСК Ҳуҷҷати васатии Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ

КҲА Консентратсияи ҳадди аксар

КАТС Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ

БҚҲ Баробарии қобилияти харидорӣ

БРСММ Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид

ҲҒТ Ҳукумати Ғумҳурии Тоҷикистон

ҒТ Ғумҳурии Тоҷикистон

ИДМ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

ГКС Гурӯҳҳои кории секториалӣ (соҳавӣ)

СК Соҳаи кишоварзӣ

ТАСИФ Фонди иҷтимоию сармоягузории Тоҷикистон

ЗАТ Заводи алюминии Тоҷикистон

РОТ Роҳи оҳани Тоҷикистон

НФА Нуктаи фелдшерию акушерӣ

ФҲИА Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ғумҳурии Тоҷикистон

СК Соҳаи кишоварзӣ

МУҚАДДИМА

Даҳ сол қабл, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол гардид. Мутаассифона дар давраи аввали истиқрори давлатдорӣ ба Тоҷикистон муяссар нагардид аз афзалият ва неъматҳое, ки истиқлолият фароҳам меоварад, пурра бархурдор бошад.

Масъалаҳои даҳсолаҳо замгардидаи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ аз ҷониби қувваҳои хориҷию дохилӣ барои оташ задани ҷанги гражданӣ дар дохили кишвар истифода гардид ва дар натиҷа даҳҳо ҳазор одамон ҷони худро аз даст доданд, бисёр тоҷикистониён маҷбур буданд Ватани худро тарк кунанд, ба соҳаи иқтисод ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ зарари назаррас расонида шуд.

Оқибатҳои харобиовари ҷангро барои ояндаи халқи тоҷик дарк намуда, Ҳукумати кишвар баъди барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ роҳи устувори сиёсиро, ки ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ - танҳо бо роҳи сулҳомез ва гуфтушунид нигаронида шуда буд, пеш гирифт. Роҳ ба сӯи сулҳи Тоҷикистон тӯлонӣ ва ниҳоят душвор буд. Барои ноил шудан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ зарур буд, ки кӯшишҳои беандоза сафарбар гардида, аз худ иродаю матонат нишон дод ва қадам ба қадам ба он наздик шуд. Бо имзои созишномаи сулҳ ва татбиқи пурраи шартҳои он ба яке аз давомноктарин ва даҳшатноктарин муноқишаҳо дар фазои кишварҳои баъдишӯравӣ нуқта гузошта шуд. Ҳамзамон бо дарёфти роҳҳои истиқрори сулҳ Ҳукумати Тоҷикистонро зарур буд, ки вазифаҳои трансформатсияи иқтисодиётро низ ҳал намояд, зеро танҳо бо чунин усул кишвар метавонист аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ раҳо ёбад, оқибатҳои ҷанги гражданӣ ва офатҳои табиӣ, ки кишварро фаро гирифта буд, рафъ гардад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда оид ба ислоҳоти иқтисодиёти Тоҷикистон дар истиқрори макроиқтисодӣ ва молиявӣ пешрафти назаррас ба даст омад. Оид ба дигаргунсозии сохторӣ, ки барои пешрафти самарабахши иқтисоди бозаргонӣ зарур аст, як қатор тадбирҳо андешида шуд. Вале вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ниҳоят мураккаб боқӣ мемонад. Тоҷикистон дар байни 174 кишвари вобаста ба индекси рушди инсон арзёбишаванда ҷойи 103-умро ишғол мекунад. Нисбат ба ҳамаи кишварҳои собиқ шӯравӣ сокинони Тоҷикистон аз ҳама бештар камбизоат ба шумор мераванд. Дар айни замон 60 фоизи аҳолии Тоҷикистон худро нодор ҳисоб мекунанд. Камбизоатӣ, ки вобаста ба сатҳи даромад ва истеъмол, сатҳи дастрас будани маълумот, тандурустӣ, таъминот бо об, ҳама гуна навъи энергия, хизматрасонии нақлиётӣ, воситаи ахбори умумро дар бар мегирад, пеш аз ҳама ба гурӯҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ нисбатан камтар ҳифзшуда таъсир мерасонад: атфол, шахсони пиронсол ва дигарон. Махсусан ин масъала дар деҳот, ки бештар аз 73 фоиз аҳолӣ дар он зиндагӣ мекунад, баръало ба мушоҳида мерасад. Камбизоатӣ дар Тоҷикистон махсусан дар ҷараёни ҷанги гражданӣ афзоиш ёфт.

Ҳамзамон Тоҷикистон аз нигоҳи бойигариҳои зеризаминӣ хеле бой буда, дорои захираҳои бузурги табиӣ мебошад, ки дар заминаи онҳо метавонад корхонаҳои маъданҳои кӯҳӣ, саноати маводи сохтмон, дорусозӣ, энергетика, инчунин корхонаҳои коркарди пахта, шоҳибофӣ ва маҳсулоти меваю сабзавот сохта шавад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов муяссар гардид, ки таҳияи Ҳуҷҷати доманадори Стартегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро ҳавасманд намояд. Ба даст овардани мақсадҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо дарназардошти иқтисодиёти воқеӣ самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ҳуҷҷат зикр мегардад, ки таъмиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ниҳоят муҳим аст. Бо ҳамин асос дар назар дошта шудааст, ки барои аксари аҳолӣ, махсусан барои гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ, аз рушди иқтисодӣ тавассути усулҳои муайяннамудаи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, имтиёзҳо фароҳам оварда шавад. Дар стратегия самтҳои асосие, ки бояд ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона гардад, муайян карда шавад. Ин ҳуҷҷат барои муайян кардани амалҳои мушаххас ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоати заминаи асосӣ ба шумор меравад.

Ҳуҷҷати мазкур баъди Ҳуҷҷати васатии стартегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ (октябри соли 2000) таҳия гардида, ҳангоми омодасозӣ маводи мухталиф, аз ҷумла дастурҳои барномавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (парламент соли 2001) дар мавриди арзёбии камбизоатӣ дар Тоҷикистон зикр намуда буд, Барномаҳои инвеститсияҳои давлатӣ ва кӯмаки техникӣ барои солҳои 2001-2003, маълумоти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодоти вазорату идораҳо, инчунин натиҷаҳои тадқиқотҳои иҷтимоии як қатор созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, истифода шуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дорад Барномаи мазкурро бо ҳамкории Фонди байналмилалии асъор, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид (ПРООН), дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои донор татбиқ намояд.

1. Раванди иштирок

Барои таҳияи Ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 марти соли 2000 Гурӯҳи кории президентӣ таъсис ёфт. Ба ҳайати гурӯҳ, ки онро Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати иқтисодӣ роҳбарӣ менамуд, олимони машҳур ва шахсони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Моҳи октябри соли 2000 Гурӯҳи кории президентӣ ҳуҷҷати васатии стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро таҳия намуд, ки он барои омодасозии ҳуҷҷати ниҳоӣ заминаи асосӣ ба шумор меравад. Ҳуҷҷати васатӣ дар рӯзномаҳои марказии миллӣ бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ нашр гардид.

Бо мақсади таъмини иштироки васеи аҳли ҷомеа 9 гурӯҳҳои кории бахшӣ ташкил ёфт, ки ба он намояндагони Парламент, Ҳукумат, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, донишгоҳҳо ва донишкадаҳо, бахшҳои хусусӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷомеа вобаста ба самтҳои зайл иштирок намуданд: макроиқтисодиёт; ислоҳоти идораи давлатӣ; ҳифзи иҷтимоӣ; маориф; тандурустӣ; кишоварзӣ; хусусигардонӣ; меҳнат ва рушди бахши хусусӣ; инфраструктура ва алоқа; туризм, истироҳат ва ҳифзи муҳити зист. Барои ҳамоҳангсозии Гурӯҳи кории президентӣ Маркази ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шуд.

Аз моҳи март соли 2001 56 семинар ва мизи мудаввар оид ба муҳокимаи тарҳҳои бахшии Ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатӣ гузаронида шуд, ки бештар аз 2000 иштирокчиёнро аз гурӯҳҳои мухталифи аҳли ҷомеа дар бар гириф. Мақсад, вазифаҳо, инчунин тадбирҳо ва фаъолияти Ҳукумат вобаста ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар воситаҳои ахбори умум (телевизион ва радио) мунтазам инъикос мегардид. Ба ғайр аз семинарҳо ва мизҳои мудаввар барои гирифтани иттилооти иловагӣ 2 тадқиқот гузаронида шуд: ташхиси камбизоатӣ бо роҳи таъсиси гурӯҳҳои фокусӣ; тадқиқоти ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеаҳои маҳаллӣ вобаста ба масъалаҳои камбизоатӣ. Ин тадқиқот мутаносибан моҳҳои март ва майи соли 2001 хотима ёфтанд.

Машваратчиёни маҳаллӣ протоколи ҳамаи семинарҳоро бо пешниҳодот ва тавсияҳо дар семинарҳо баёнашуда таҳия намуданд. Як қисми ин пешниҳодот ва тавсияҳо ҳангоми такмили Ҳуҷҷатҳои бахшии паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба инобат гирифта шуданд. Дар таҳияи Ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ (ФБА, БУ, БОР, ПРООН) иштирок намуданд. Машваратчиёни ин ташкилотҳо оид ба лоиҳаи Ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатӣ тавзеҳот манзур доштанд. Ҷараёни иштирок таҳти мусоидати Ҳукумат ҳам дар кишвар ва ҳам аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷараёни мулоқоти машваратии кишварҳои донор, ки моҳи майи соли 2001 дар Токио (Япония) баргузор гардида буд, баҳои баланд гирифт.

2. Камбизоатӣ дар Тоҷикистон ва омилҳои муайянкунандаи он

Камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи нав нест ва то ба даст овардани истиқлолият низ дар байни собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ, ки он вақт сатҳи баландтарини аҳолии камбизоат дар кишвар мавҷуд буд, ба ҳар як нафар даромади аз ҳама камтарин рост меомад. Аксаран сабаби он сиёсати иқтисодие буд, ки афзалиятҳои қиёсшавандаи кишвар ва минтақаҳои онро ба инобат намегирифт.

Сохтори иқтисодие, ки аз соли 1991 ба мерос мондааст, дар шароити нави иқтисодӣ қобили рақобат набуд ва ҷанги гражданӣ татбиқи ислоҳоти сохториро ба муддате ба таъхир гузошт. Давраи гузариш ва ҷанг механизмҳои расмӣ ва ғайрирасмии ҳифзи иҷтимоиро нотавон сохт, ки он боиси афзоиши теъдоди мардуми нодор гардид. Дар натиҷаи гузариш аз иқтисодиёти фармонфармоию маъмурӣ ба иқтисодиёти бозаргонӣ, тағйирёбии нархҳои нисбӣ, гусаста гардидани робитаҳои хоҷагидорӣ бо ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, қатъи маблағгузории буҷетӣ аз Маскав, ки 40 фоизи буҷети Тоҷикистонро ташкил менамуд ва ҷанги граждании тӯлонӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз соли 1991 сар карда то соли 1996 босуръат паст мегардид. Ин боиси ба таври оммавӣ бекор мондани қувваҳои корӣ, махсусан дар шакли ниҳонӣ гардид. Сатҳи баланди беқурбшавии пул ба паст шудани даромади воқеии аҳолӣ оварда расонд ва ба нобаробарии иқтисодӣ мусодат карда, фазои инвеститсионро халалдор менамуд. Сатҳи нокифояи истеҳсолоти худӣ боиси афзоиши воридот, касодии баланси пардохт ва девалватсияи асъори миллӣ гардид. Дар чунин шароит қарзи берунаи давлат, пардохтҳо оид ба хизматрасонии он афзоиш ёфта ва дар айни замон устувории системаи фискалиро халалдор месозад.

Камбизоатӣ дар Тоҷикистон зуҳуроти бисёрҷониба мебошад. Чуноне, ки тадқиқоти мухталиф гувоҳӣ медиҳанд, камбизоатие, ки дар асоси даромад ва истеъмол муайян мегардад, ниҳоят баланд аст. Ин махсусан аз сабаби маҳдуд будани имконотест, ки сатҳи зарурии даромадро таъмин менамояд ва он бо сатҳи пасти музди меҳнат, махсусан дар деҳот, собит мегардад. Ин ҳамчунин ба аҳолӣ маҳдуд будани дастрасии активҳои истеҳсолиро инъикос менамояд. Вале камбизоатӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин бо паст гардидани дастрасии аҳолӣ ба чунин хизматрасониҳои асосии давлатӣ ба монанди маориф, тандурустӣ, таъминот бо об тасниф мегардад.

Сатҳи камбизоатӣ вобаста бо омилҳои истифодашавандаи муайянсозии камбизоатӣ ниҳоят фарқкунанда мебошад. Доираи камбизоатӣ дар Тоҷикистон вобаста ба омилҳое, ки ташкилотҳои мухталифи байналмилалӣ ва ватанӣ таҳия намудаанд, аз 17 то 97 фоиз дакка мехӯрад. Тибқи яке аз тадқиқот қариб 60 фоизи аҳолӣ худро нодор ҳисоб мекунанд. Ҳукумат арзёбии худи аҳолиро ба сифати омили муайянсозии камбизоатӣ қабул кардааст.

Даромади мавҷудаи сокинони Тоҷикистон ниҳоят паст буда, асосан аз даромад аз фурӯши озуқаворӣ ва дигар ашёи хоҷагии хонавода иборат аст. Дар соли 2001 музди миёнаи меҳнат 25,07 сомониро ташкил дод. Ҳаҷми кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ниҳоят паст аст. Дар байни он хоҷагиҳои хонавода, ки худро камбизоат ҳисоб мекунанд, ҷубронпулиҳо ва кӯмаки иҷтимоӣ аз ҳаҷми умумии даромад ҳамагӣ 8 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки манбаи асосии даромад дар байни панҷяки поёнии оилаҳои камбизоат танҳо аз се як ҳиссаи ҳамаи даромадҳо ё дар байни квантилҳои болои бошад тақрибан нисфи онро ташкил медиҳад.

Нобаробарии иқтисодӣ низ афзоиш ёфт. Хароҷоти гурӯҳи хоҷагиҳои хонаводаи аз ҳама бойтарин нисбат ба хароҷоти гурӯҳи хоҷагиҳои хонаводаи аз ҳама нодортарин чор маротиба бештар аст. Хоҷагиҳои хонаводаи аз ҳама нодор тақрибан 80 фоизи даромади худро барои озуқа масраф менамоянд. Қисми бештари эҳтиёҷоти худро ба озуқа онҳо тавассути истеҳсолоти натуралии худ ва кӯмаки башардӯстона мепӯшонанд. Натиҷаҳои Таҳлили сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон, ки соли 1999 сурат гирифт, нишон медиҳад, ки аз чор се ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва ба онҳо дар муқоиса ба шаҳр (18.6 фоиз) аксари бештари аҳолии нодортарин (23.4 фоиз) рост меояд. Вобаста ба минтақаҳо аз теъдоди умумии аҳолии нодор 45.7 фоиз дар вилояти Хатлон, 26.1 фоиз дар вилояти Суғд, 19.2 фоиз дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 6.9 фоиз дар ВМКБ ва 2.1. фоиз дар Душанбе зиндагӣ мекунанд. Вале теъдоди аз ҳама бештари аҳолии камбизоат дар ВМКБ (39 фоиз) муттамарказ гардиданд.

Гурӯҳҳои аз ҳама камтар ҳифзшудаи аҳли ҷомеа - атфол, пиронсолон, беморон ва маъюбон ба шумор мераванд. Хатари нодорӣ вобаста ба теъдоди фарзандони то синни 15 сола, ки дар хоҷагиҳои хонаводаҳо зиндагӣ мекунанд, зуд афзоиш меёбад. Танҳо 7 фоизи одамони яккаву танҳо, ки дар хоҷагиҳояшон бе фарзанд зиндагӣ мекунанд дар муқоиса бо 31 фоизи онҳое, ки дар хоҷагиҳояшон бо 5 ё бештар фарзанд сукунат доранд, нодортар мебошанд. Ҳамчун натиҷаи ҷанги гражданӣ масъалаи "атфоли кӯча" низ тезу тунд гардид. Масъалаи атфоли таҳти сарпарастии институтсионалӣ қарордошта вобаста ба масъалаҳои маблағгузорӣ, рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва эмотсионалӣ ниҳоят ташвишовар аст. Раванде вуҷуд дорад, ки чунин атфол бо масъалаҳои фарогирии минбаъда ба таҳсил ё кори ояндадор дучор хоҳанд шуд.

Эҳтимоли ба гурӯҳи камбизоат афтидани аҳолии пиронсол (болотар аз 65 сола) нисбат ба гурӯҳи аҳолии калонсол, ки аз 16 то 64 сола мебошанд, бештар аст. Вале таносуби фоизии камбизоатон дар байни пиронсолон (синни 75 сола ва болотар аз он) нисбат ба атфол бештар аст. Пиронсолоне, ки танҳо зиндагӣ мекунанд, аз ҳама нодортарин ба шумор мераванд. Тибқи иттилооти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди чунин пиронсолон тақрибан 9 ҳазор нафар мебошад.

Сарфи назар аз он, ки тибқи омори расмӣ байни мардон ва занон вобаста ба фоизи камбизоатӣ фарқи назаррас вуҷуд надорад, вазъи занон нисбат ба вазни мардон махсусан дар хоҷагиҳое, ки сарвари онҳо занон мебошанд, хеле мушкилтар аст. Ҷанги гражданӣ боиси он гардид, ки тақрибан 25.000 хоҷагиро, махсусан дар вилояти Хатлон ва гурӯҳи ноҳияҳои Ғарм занон сарварӣ менамоянд. Аксар ба чунин хоҷагиҳои хонавода захираҳои замин ва дигар захираҳои кишоварзӣ нисбатан камтар дастрас мегардад.

Чун дар дигар кишварҳои ҷаҳон хатари камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба сатҳи маълумот мутаносибии аксӣ дорад. Нодорӣ бештар дар байни онҳое ба назар мерасад, ки дорои маълумоти миёна ва олӣ намебошанд. Натиҷаҳои Таҳлили сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мардуми бемаълумот нисбат ба дорои маълумоти олӣ бо эҳтимоли бештар аз дуюним маротиба дар хоҷагиҳои хонаводаи нодортартарин зиндагӣ мекунанд. Аз сабаби маҳдуд будани захираҳои давлатӣ ба аксари аҳолии нодор дастрасии маълумот, махсусан дар сатҳи маълумоти заминавӣ, камтар мегардад. Шаклҳои ғайрирасмии пардохт барои хизматрасонии таълимӣ васеъ паҳн гардидааст. Ҳарчанд дар давраи шӯравӣ системаи маориф қариб 100 фоизи аҳолиро дар бар мегирифт, чунин ба назар мерасад, ки дар маҷмӯъ сифати маориф, махсусан дар деҳот, ниҳоят паст будаст. Ин ҳам яке аз сабабҳои фундаменталӣ вобаста ба сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар ҳамон замон буд, ки имрӯз низ таъсири худро мерасонад.

Афзоиши шумораи бекорон низ ба баланд гардидани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд. Мутобиқи баъзе арзёбиҳо сатҳи бекорӣ аз се як қисми тамоми қувваи кории кишварро дар бар мегирад. Усулҳои куҳнаи системаи фарогирии қувваҳои корӣ фаъол нестанд ва механизмҳои нави бозаргонӣ ҳанӯз барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ иқтидори зарурӣ надоранд.

Ҳамчунин инфраструктура ва хизматрасонии техникии на он қадар тараққикардаи Тоҷикистон, ки қисман аз сабаби ҷанги гражданӣ ва офатҳои табиӣ сурат гирифт, дастрас будани бозорҳо, рушди бахши хусусӣ ва рақобат, инчунин баланд бурдани самаранокии хизматрасонии ҷамъиятиро ба монанди маориф ва тандурустӣ мушкилтар гардонд. Камтар аз нисфи хоҷагиҳо аз оби қубурҳои обгузар истифода бурда, аз чор як ҳиссаи хоҷагиҳо танҳо ба оби дарёҳо, кӯл ва ҷӯйбору чашмасор умед мебанданд ва 75 фоизи хоҷагиҳо аз манбаи оби гарм маҳруманд. Аз се ду ҳиссаи хоҷагиҳои хонаводаҳо хонаи худро дар ҷараёни на бештар аз 4 моҳ гарм мекунанд ва танҳо 14 фоизи хоҷагиҳо дар хона телефон доранд.

3. Самтҳои умумии сиёсат ва мақсади Ҳукумат дар Стратегияи Паст Кардани Сатҳи Камбизоатӣ

Мақсади асосии стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз афзоиши даромади воқеӣ дар кишвар, тақсими одилонаи натиҷаҳои рушди иқтисодӣ, аз ҷумла таъмини баланд бардоштани сатҳи зиндагии гурӯҳҳои нисбатан нодори аҳолӣ иборат мебошад

Ҳукумат чор унсури асосиеро, ки дар якҷоягӣ метавонанд ҷузъи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро ташкил диҳанд, муайян намудааст:

* ҳавасмандгардонии рушди босуръат ва аз нигоҳи иҷтимоӣ одилонаи иқтисодӣ бо ҷалби муассири захираҳои меҳнатӣ ва самтгирии устувор ба содирот;

* фароҳамоварии самарабахш ва одилонаи хизматрасониҳои бунёдии иҷтимоӣ;

* ба таври инфиродӣ дастгирӣ намудани гурӯҳҳои камбизоаттарини аҳолӣ;

* идораи самарабахш ва баланд бардоштани амният.

Татбиқи стратегияи мазкур барои он зарур аст, ки стратегияҳои соҳавӣ ба масъалаҳои саҳми онҳо дар рушди ин чор соҳаи зикргардида бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Бахшҳои муҳиме, ки аз нигоҳи оддигардонии масъалаҳои камбизоатӣ муҳиманд, аз инҳо иборатанд:маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, хусусигардонӣ, меҳнат ва рушди бахши хусусӣ, инфраструктура ва телекоммуникатсия, ҳифзи муҳити зист ва туризм. Ба ғайр аз қабули сиёсати дахлдор ва тадбирҳо дар доираи ҳар як бахшҳои зикргардида стартегияи самарабахш оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба идораи самарабахши вазъи макроиқтисодӣ ва идораи самарабахши давлатӣ эҳтиёҷ пайдо хоҳад кард.

Бо мақсади муқоисаи рушди ба даст омада дар соҳаи мубориза бо камбизоатӣ Ҳукумат якчанд омилҳои камбизоатиро интихоб намуда, инчунин як қатор нишондиҳандаҳои алоҳидаи сифатии мақсаднокро муқаррар намуд, ки дар ҷараёни вақти муайян вобаста ба ҳар яке аз онҳо бояд расид. Ҳангоми интихоби нишондиҳандаҳо. Ҳукумат баъзе аз онҳоеро, ки Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Мақсадҳои Рушд дар ҳазорсола инъикос кардааст, қабул намуд. Дар ҷадвали зер як қатор нишондиҳандаҳо, вазъи ҷории Тоҷикистон вобаста ба онҳо ва нишондиҳандаҳои мақсадноке, ки бояд расид, оварда шудааст.

Минбаъд тибқи матн мақсадҳои муқаррарнамудаи Ҳукумат вобаста ба ҳар кадоме аз ин бахшҳо, инчунин сатратегияи соҳавии мунтазира бо мақсади татбиқи стратегияи умумии паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои мақсадноки дар боло зикргардида инъикос карда мешаванд.

Ҷадвали 1.

Нишондиҳандаҳои мақсаднок оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ

+-----------------------------+------+---------------+---------------ҷ
|Нишондиҳандаҳо               |с.2001|Нишондиҳандаҳои|Нишондиҳандаҳои|
|                             |      |мақсадноки     |мақсаднок      |
|                             |      |миёнамуддат    |барои 2015*    |
|                             |      |барои          |               |
|                             |      |с. 2006        |               |
+-----------------------------+------+---------------+---------------+
|Фоизи аҳолӣ, ки дар ҳолати   |      |               |               |
|қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд     | 83   |    75         |     60        |
|                             |      |               |               |

|Фарогирӣ ба маълумоти ибтидоӣ|      |               |               |
|(фоиз)                       | 77,7 |    82         |     90        |

|Фавти атфол ба ҳар 1000      |      |               |               |
|таваллудшудагон (с.2000)     | 36.7 |    32         |     25        |

|Фавти модарон ба ҳар         |      |               |               |
|100000 зинда тавллудшудагон  |      |               |               |
|(с.2000) (с.2000)            | 43,1 |    40         |     35        |

|Фоизи аҳолӣ, ки барояш       |      |               |               |
|хизматрасонии тандурустии    |      |               |               |
|репродуктивӣ дастрас аст     | 21,8 |    24         |     30        |
+-----------Р-----------------+------+---------------+---------------+
|                             |      |               |               |
|Ҳиссаи бахши хусусӣ дар      |      |               |               |
|ММД (фоиз)                   | 30   |    40         |     60        |

|Фоизи аҳолӣ, ки барояш оби   |      |               |               |
|нӯшокии тоза дастрас аст     | 51,2 |    58         |     80        |
+-Р---------------------------+------+---------------+---------------+
|                             |      |               |               |
|Сатҳи шуғли аҳолии қобили    |      |               |               |
|кор (%)                      | 56   |    59         |     65-70     |

|Зичии телефон ба 100 нафар   |      |               |               |
|аҳолӣ                        | 3,6  |    4          |     5         |

* Соле, ки Созмони Милали Муттаҳид барои ба даст овардани Мақсадҳои Рушд барои Ҳазорсола муқаррар намудааст.

3.1 Идораи вазъи макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодӣ

Бо мақсади фароҳамоварии шароит ҷиҳати рушди босуръат ва аз нигоҳи иҷтимоӣ одилонаи иқтисодӣ, ки барои афзоиши даромади аҳолӣ ва беҳбуди стандартҳои ҳаётӣ заруранд, идораи вазъи макроиқтисодӣ барои таъсиси муҳити устувори иқтисодӣ тавассути сиёсати дахлдори молиявию кредитӣ ва андозу буҷетӣ ва сиёсати қурби мубодила нигаронида мешавад. Дар доираи муқаррарнамудаи ҷараёни глобализатсия Ҳукумат рушди иқтисодии ба содирот нигаронидашударо ҷиҳати ҳалли мақсадҳои вобаста ба қарзи беруна ва бадастоварии фоида, аз афзалиятҳои муқоисавии кишвар ҳавасманд мегардонад. Махсусан ба идораи дақиқи қарзи беруна, бо мақсади таъмини он, ки пардохт барои хизматрасонӣ бояд идорашаванда бошад, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад.

Тибқи баъзе дурнамоҳо рушди иқтисодиёт дар ҷараёни чанд соли минбаъда дар 1 сол дар сатҳи то 6 фоиз дар назар дошта шудааст. Манбаи асосии рушд аз афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ, ки ба таҷдиди сохтори хоҷагиҳои калони давлатӣ ва кооперативӣ вобаста аст ва чуноне интизор меравад, бо суратбахшии ислоҳоти замин идома меёбад, иборат хоҳад буд. Ҳамчунин интизор меравад, ки таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи хусусӣ, аз ҷумла фаъолияти бахшҳои ғайрирасмӣ манбаи асосии таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзоиши ҳосилнокӣ мегардад. Ба сифати ҳавасмандгардонии бахшҳои ғайрирасмӣ Ҳукумат ҷиҳати таъсиси системаи бонкии рақобатпазир, мусоидат ба ҷалби амонатҳо ва афзоиши имконоти кредитӣ, тадбирҳо меандешад.

3.2 Идораи давлатӣ

Пешбурди сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла сиёсате, ки мустақиман барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъин гардидааст, таҳти салоҳияти Ҳукумат мебошад. Барои ин системаи пурқудрати идораи давлатии дорои механизми самарабахши хизматрасонии давлатӣ зарур аст. Ислоҳоти системаи судӣ омили муҳими ҳифзи гурӯҳи камбизоати аҳолӣ ба шумор меравад. Қудрати гурӯҳҳои камбизоатӣ аҳолӣ дар ҷомеа маҳдуд буда, ҷиҳати таъмини ҳифзи он ба системаи самарабахши судӣ эҳтиёҷ доранд. Системаи судӣ инчунин дар мубориза бар зидди коррупсия нақши муҳимро ба ҷо меорад. Ҳангоме, ки ҳокимияти қонунгузор низ бояд самарабахш фаъолият кунад, аз нигоҳи паст кардани сатҳи камбизоатӣ бошад такя ба ислоҳот бояд ба зиммаи системаҳои иҷроия ва судӣ гузошта шавад.

Сарфи назар аз тадбирҳои анҷомёфта як қатор сохторҳои амалкунандаи ҳукуматӣ ва вазифаҳои онҳо бо мақсади қонеъгардонии талаботи иқтисоди бозаргонӣ таҷдиди сохторро тақозо менамояд. Мақсади ислоҳоти системаи идораи давлатӣ аз таҷдиди назари вазифаҳои вазорату идораҳо, таъсиси системаи хадамоти давлатии дорои кормандони баландихтисос ва музди меҳнати дахлдор, ки ба коррупсия ҳамроҳ нестанд, иборат мебошанд. Системаи мазкур бояд вобаста бо таҳия, татбиқ ва пешбурди мониторинги амалӣ намудани барномаи Ҳукумат имконият дошта бошад.

Паст кардани сатҳи камбизоатӣ идораи нисбатан мукаммал ва институтҳои самарабахш ва фоидаовари ҳам давлатӣ ва ҳам бахши хусусиро ҷиҳати афзоиши сатҳи ҳифзи гурӯҳҳои нисбатан камбизоат ва тавсеаи дастрасии хизматрасонӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ тақозо менамояд. Ин ҳамчунин таҳкими интизоми молиявӣ, афзоиши ҳосилнокӣ, мубориза бо коррупсия, зиёд кардани музди меҳнат ва тахассуси кормандони маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро талаб мекунад. Ин институтҳо бояд ба таври ошкоро ва усули ҳисоботдиҳӣ кор кунанд ва барои ҳамаи аҳолӣ, аз ҷумла мардуми камбизоат, дастрас бошанд.

3.3 Ҳифзи иҷтимоӣ

Унсури сеюми стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба кӯмаки унвонии (инфиродии) гурӯҳҳои нисбатан нодори аҳолӣ нигаронида шудааст. Ба ин гурӯҳи одамон пиронсолон, нафақахӯрон, атфоли оилаҳои нодор, ятимон, оилаҳои бесарпараст, инчунин маъюбон шомиланд. Чунин навъи дастгирӣ дар се шакл сурат мегирад: додани ҷубронпулиҳои компенсатсионӣ (ёрдампулӣ) ба атфоли оилаҳои нодор; пардохти саривақтии нафақа ба нафақахӯрон ва хизматрасонии мухталиф ба шаҳрвандони ғайри қобили меҳнат. Мақсад аз ин кафолатдиҳии даромадҳо ба аҳолии камбизоат бо роҳи додани ҷубронпулиҳои мустақим, баланд бардоштани имконот бо роҳи тавсеаи дастрас будани активҳои истеҳсолӣ ва афзоиши имконот барои гирифтани маълумоти заминавӣ бо роҳи фароҳамоварии адабиёт ва маводи зарурии таълимӣ иборат аст.

3.4 Маориф

Маориф ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа мусоидат менамояд. Маориф имконоти индивидумҳоро барои гирифтани даромад зиёд намуда, қувваи кории таълимгирифта нерӯро барои рушди иқтисодиёт тақвият мебахшад. Инвеститсия барои рушди таълим ва сармояи инсон ба афзоиши ҳосилнокии ҳамаи бахшҳои иқтисод ва бо ин роҳ ба инкишофи суръатноки иқтисодиёт мусоидат намуда, ба камбизоатон шароит медиҳад аз имконоти навин истифода баранд.

Коэффитсенти дохилшавӣ ба муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи таълимӣ поён рафта, атфоли оилаҳои нодор аксаран наметавонанд дар мактаб таҳсил кунанд. Ҳамчунин номутаносибии гендерии назаррас мавҷуд аст ва теъдоди духтарони дорои маълумот нисбати ба писарон камтар мебошад. Аз ин рӯ мақсади асосии Ҳукумат дар ин бахш аз нигоҳи оддигардонии масъалаҳои камбизоатӣ аз таъмини дастрас будани маълумоти заминавӣ барои аҳолӣ, инчунин зиёд намудани таносуби хонандагон дар муассисаҳои миёнаи таълимӣ иборат мебошад. Барои Ҳукумат ҳамчунин беҳбуди сифати таълим, ки бо як қатор сабабҳо дар даҳсолаи охир таназзул ёфтааст, самти афзалиятнок ба шумор меравад.

3.5 Тандурустӣ

Тандурустӣ унсури бунёдии осудаҳолии аҳолӣ ба шумор меравад. Беҳбуди фаъолияти соҳаи тандурустӣ метавонад дар афзоиши нерӯи инсонӣ саҳми муносиб гузорад. Сиёсати давлат дар ин самт ба беҳбуди саломатии аҳолӣ нигаронида мешавад, ки имкон медиҳад ба рушди иқтисод таъсири мусбӣ расонида шавад.

Бо афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба баъзе навъҳои беморӣ ҳолати тандурустии аҳолӣ бад гардид. Аксари оилаҳои камбизоат аз хизматрасонии тандурустӣ бархурдор нестанд ва ҳамзамон сифати хизматрасонӣ паст мегардад. Таъмини ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас будани тандурустӣ, сарфи назар аз сатҳи зиндагӣ аз ҷониби муассисаҳои муолиҷавӣ ва муассисаҳои ҷамъиятии соҳаи тандурустӣ мақсади асосии Стартегияи давлатӣ дар бахш самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин дар соҳаи беҳбуди сифати хизматрасонӣ ва таъмини мувозинат байни хизматрасониҳои профилактикӣ ва муолиҷавии тиббӣ низ дастгирии назаррас сурат хоҳад гирифт.

3.6 Соҳаи кишоварзӣ

Бо дарназардошти муҳимии ин бахш барои иқтисоди миллӣ вобаста ба ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, шуғл, инчунин ҳиссаи он дар содироти кишвар ва бо дарназардошти он далел, ки аз чор се қисми аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд, соҳаи кишоварзӣ дар мубориза бо камбизоатӣ нақши муҳимро иҷро хоҳад кард. Таҷрибаи солҳои гузашта дар соҳаи ҷараёни амалкунандаи таҷдиди сохтори хоҷагиҳои калони давлатӣ ва коллективӣ нишон дод, ки ҳангоми маҳдуд будани заминҳои кишт гузариш ба хоҷагиҳои хусусии деҳқонӣ метавонад ба таври назаррас ҳосилнокиро баланд бардорад. Ҳукумат ба идомаи ин раванд ҳавасманд буда, ният дорад бо мақсади афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ дигар воситаҳоро низ истифода намояд ва бо ин усул содиротро афзун созад, ҷойҳои корӣ таъсис диҳад, саноати коркардро бо ашё таъмин ва ба амнияти озуқавории кишвар мусоидат намояд.

3.7 Хусусигардонӣ, меҳнат ва рушди бахши хусусӣ

Сатҳи мавҷудаи бекорӣ ва пурра ба шуғл фаро гирифта нашудани аҳолӣ дар Тоҷикистон ниҳоят баланд буда, манбаи асосии камбизоатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, таъсиси ҷойҳои корӣ яке аз роҳҳои самарабахши паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Ба ғайр аз пешбурди рушди соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таъсиси ҷойҳои корӣ Ҳукумат ҳамчунин дидаю дониста ба се соҳа бештар таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳад кард: фароҳамоварии муҳити мусоид барои фаъолияти корхонаҳои хусусӣ, аз ҷумла бахши ғайрирасмӣ; таъсиси бозори меҳнати хуб фаъолияткунанда; хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ.

Хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ бояд корхонаҳои хусусиро ҳавасманд гардонад, рақобатпазириро афзун сохта, ба ҷалби инвеститсияҳои хориҷи ва дохилӣ мусоидат намояд.

Сиёсат дар соҳаи бозори меҳнат ба мақсадҳои зайл нигаронида мешавад: таъсиси бозори нисбатан чандири меҳнат тавассути таълим ва бозомӯзии кормандон; машварат ҷиҳати таъмин бо кор ва кӯмак ба онҳое, ки кор мекобанд. Афзоиши истеҳсолот дар бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ унсури марказии стратегияи муваффақонаи Ҳукумат дар соҳаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба шумор меравад. Рафъи монеаҳо дар роҳи таъсиси чунин корхонаҳои хурд ва миёнаи хусусӣ, фаъолияти бахши ғайрирасмӣ ва дар маҷмӯъ фароҳамоварии муҳити мусоид барои ташаббуси бахши хусусӣ унсури марказӣ дар мубориза бо камбизоатӣ ба шумор меравад.

3.8 Инфраструктура ва алоқа

Хизматрасонии самарабахш ва боэътимоди инфраструктура барои рушди иқтисодиёт ниҳоят зарур буда, он дар беҳбуди шароити зиндагии аҳолӣ нақши сазовор мегузорад. Чунин навъи хизматрасониҳо ба аҳолии камбизоат мустақиман тавассути дастрас будани мол ва хизматрасонӣ, ҷойи корӣ ва иттилоот таъсир мерасонанд; озодии ҳаракатро таъмин менамоянд; ҳамчунин дастрас будани маориф ва тандурустиро фароҳам меоварад. Мақсади асосии Ҳукумат дар бахши инфраструктура аз таъмини дастрас будани хизматрасониҳои боэътимод ва қобили қабули ҷамъиятӣ дар соҳаи таъмини барқ, нақлиёт, иттилоот ва коммуникатсия, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ иборат мебошад.

Ҳангоме, ки дар ноҳияҳои шаҳрҳо ба беҳбуди эътимоднокии инфраструктура аҳамият зоҳир мегардад, дар ноҳияҳои деҳот ба дастрас будани хизматрасонӣ вобаста ба таъмини қувваи барқ, оби тозаи нӯшокӣ, инчунин телекоммуникатсия ва иттилоот, ки дар аксар ноҳияҳои дурдаст вуҷуд надорад, афзалият дода мешавад. Дар соҳаи нақлиёт маблағ на танҳо барои барқарорсозӣ ва хизматрасонии техникии роҳҳои асосии автомобилӣ, ҳамчунин барои таъсиси шабакаҳои муассири роҳҳои фаръӣ ҷудо карда мешаванд. Ҳангоми муқаррар намудани тарифҳо ба ин хизматрасониҳо Ҳукумат ҳам эҳтиёҷоти корхонаҳоеро, ки чунин хизматрасониро, ҷиҳати барқарорсозии худтаъминкунии онҳо вобаста ба молия анҷом медиҳанд, ҳам муҳимии қобили қабул будани тарифҳоро барои гурӯҳҳои камбизоатӣ аҳолӣ ба инобат мегирад.

3.9 Ҳифзи муҳити зист ва туризм

Гурӯҳҳои аҳолии камбизоат ба захираҳои табиӣ вобаста ба осудаҳолии худ ниҳоят эҳтиёҷманданд ва аз ҳама бештар аз бад гардидани ҳолати муҳити зист, ифлосшавии манбаъҳои об ва оқибатҳои офати табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ ва обхезӣ зарар мебинанд. Ҳифзи муҳити зист, тавлиди устувори қувваи барқ ва пешгирии офатҳои табиӣ қисми ҷудонопазири стратегияи мубориза бо камбизоатӣ ба шумор меравад.

Сарфи назар аз он, ки ба Тоҷикистон шумораи зиёди туристон сафар намекунанд, барои рушди навъҳои алоҳидаи туризм иқтидорҳо мавҷуд аст ва он имконият медиҳад, ки барои гирифтани даромад ва таъсиси ҷойҳои корӣ шароит муҳайё карда шавад. Рушди фаъолият ва хизматрасонӣ дар ин бахш бояд ба ташаббусҳои шахсӣ асос ёбад. Нақши Ҳукумат аз он иборат хоҳад буд, ки монеаҳои дорои хусусиятии маъмуриро барҳам диҳад ва барои баланд бардоштани обрӯю эътибори кишвар дар хориҷи он мусоидат намояд.

4. АРЗЁБИИ ВАЗЪИ ҶОРӢ, ПРОБЛЕМАҲО ВА АФЗАЛИЯТҲОИ СТРАТЕГИЯИ ПАСТ КАРДАНИ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ

4.1 Идораи вазъи макроиқтисодӣ

Ислоҳоти иқтисодӣ. Бо мақсади пешгирии таназзули иқтисодиёт аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият Ҳукумат ба татбиқи Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995-2000 шурӯъ намуд, ки онро барномаи иқтисодии мубориза бо камбизоатӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ иваз кард ва он давраҳои солҳои 1998 ва 2001-ро дар бар гирифт. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 ба Ҳукумат имконият дод таваҷҷӯҳи худро ба ислоҳот муттамарказ намояд, ки ба истиқрори вазъи макроиқтисодӣ ва як қатор дигаргуниҳои сохтории барои таъсиси асосҳои иқтисоди бозаргонӣ таъингардида нигаронида шудааст. Дар соҳаи назорати суръати инфлятсия ва ба охир расонидани хусусигардонии корхонаҳои хурд низ пешравии назаррас ба даст оварда шуд. Дар соли 1999 ҷараёни таҷдиди сохтори корхонаҳои бузург оғоз гардид. Дар хоҷагии қишлоқ ислоҳоти нисбатан амиқ сурат гирифта, дар аввали солҳои 2001 ҳуқуқи истифодаи тақрибан 50 фоизи заминҳои кишт ба шахсони алоҳида гузашт. Хусусигардонии заводҳои пахта хотима ёфт. Системаи хазинадорӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Созишнома оид ба таҷдиди сохтори чор бонки бузургтарини тиҷоратӣ дар амал татбиқ гардид. Натиҷаи татбиқи ин ислоҳот ва фазои нисбатан мусоиди сиёсӣ ба рушди назарраси маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мусоидат намуд, ки сураъати рушди он дар маҷмӯъ аз соли 1997 то соли 2001 32,5 фоизро ташкил дод. Дар соли 2001 рушди ММД 10,2 фоиз буд (замимаи 4). Вале аз сабаби сураъти баланди афзоиши аҳолӣ рушди ММД ба ҳар сар аҳолӣ он қадар назаррас нест.

Инфлятсия. Аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият ва то соли 1999 сатҳи инфлятсия аз сабаби мавҷудияти буҷети инфлятсионии маблағгузорӣ ва фароҳамоварии кредитҳои мақсадноки давлатӣ ба корхонаю хоҷагиҳо ниҳоят баланд буд. Сарфи назар аз ин дар соли 1996 ин раванд баръакс гардид (нигар ба Замимаи 5). То охири соли 2000 баъди моҳи октябр ба муомилот барвардани асъори нави миллии сомонӣ нархҳо боз ҳам баландтар шуданд. Таҷрибаи мавҷудаи гузаронидани чунин ислоҳот дар гузашта ва номуайянӣ, инчунин вуҷуд доштани бозоргирии ниҳоят баланд (ликвидност), ки дар нимаи дуюми сол ба миён омад, боиси авҷи нави инфлятсия гардида, дар моҳҳои октябр ва ноябри соли 2000 мутаносибан

12.4 ва 7.7 фоизро ташкил дод ва суръати солонаи инфлятсия андаке бенштар аз 60 фоиз буд. Гузаронидани сиёсати қотеъонаи молию кредитӣ дар соли 2001 ва эътимод ба асъори миллӣ имкон дод, ки минбаъд, дар соли 2001 сатҳи инфлятсия то 12.5 фоиз паст карда шавад. Дар натиҷа аз охири соли 2000 сар карда, қурби мубодилаи номиналӣ нисбатан устувор мебошад.

Сиёсати қурби мубодила ва тиҷорат. Бо мақсади пешбурди сиёсати чандир дар соҳаи қурби мубодила ва баланд бурдани самарабахшии бозори асъор моҳи июли соли 2000 Ҳукумат усули ТМВБ-ро, ки дар он Бонки миллии Точикистон ягона расонандаи асъори хориҷӣ буд барҳам дод ва бозори байнибонкии асъорро таъсис дод. Инчунин бо мақсади таҳкими асъори миллӣ аз соли 2000 Вазорати молия ҳамаи андозро бо сомонӣ ҷамъоварӣ менамояд.

Тоҷикистон дорои иқтисодиёти ба таври кифоя боз мебошад ва ҳиссаи содироти мол бо ММД дар соли 2001 63 фоизро ташкил дод. Сарфи назар аз баланд гардидани андозҳои воридотӣ дар оғози соли 1999, ки баъди ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид гардидани Тоҷикистон сурат гирифт, низоми тиҷорати хориҷӣ ҳанӯз озод боқӣ мемонад. Махсусгардонии назаррас ба истеҳсоли пахта ва алюминий, ки аз се ду ҳиссаи содироти Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ҷумҳуриро вобаста ба тағйироти нархҳои ҷаҳонӣ ба ин ду моддаи содирот тобеъ месозад ва ба тағйирёбии воридоти асъори хориҷӣ сабаб мегардад. Тағйирёбии назарраси нархҳои ҷаҳонӣ ба нархи пахта ва алюминий, ки соли 2001 ба миён омад, ҳам барои истеҳсолкунандагон ва ҳам барои Ҳукумат мушкилиҳои зиёдеро пеш овард. Дар айни замон нархҳо ба пахта то сатҳи ниҳоӣ паст омада, истеҳсоли он даромаднок нест ва метавонад боиси боз доштани рушди иқтисодӣ гардад.

Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон дорои касри баланси ҷории пардохтӣ ва ҳаҷми зиёди қарзи беруна буд. Касри тиҷорати хориҷӣ моҳиятан субсидияҳоро иваз намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун як қисми иттиҳоди Шӯравӣ ба даст меовард. Сарфи назар аз гузаронидани сиёсати чандири асъорӣ аз соли 1996 касри баланси ҷории пардохтӣ дар соли 1998 аз ММД тақрибан 9.3 фоизро ташкил менамуд. Баъди бӯҳрони иқтисодӣ дар Россия ва моҳиятан беқурб гардидани рубли тоҷикӣ касри тиҷорати беруна асосоан аз ҳисоби кам гардидани вордот аз ММД то 3.4 фоиз таназзул ёфт. Дар солҳои 2000-2001 касри ҳисобҳои баланси ҷории пардохтӣ аз сабаби хушксолӣ, ки ба истеҳсоли ғалла таъсир расонд ва мутаносибан зиёд гардидани воридот, инчунин афзоиши нарх ба ҳомили энергия мутаносибан аз ММД 6-7 фоизро ташкил дод.

Қарзи беруна. Ҳарчанд моҳи октябри соли 1993 Тоҷикистон бо Россия дар мавриди "варианти 0" созишномаро ба имзо расонд, дар соли 2000 қарзи маҷмӯии давлатии Тоҷикистон аз ММД 129 фоизро ташкил дод. Кредиторони асосии Тоҷикистон кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмонҳои байналмилалӣ молиявӣ мебошанд. Қисми қарз ба қарзҳои дуҷонибаи дар асоси имтиёз реструктизатсияшуда ва кредитҳои дарозмӯҳлати фароҳамовардаи ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ рост меояд. Вале қисми бештари қарз, асосан қарзҳои дуҷониба, таҳти низоми беимтиёз пардохта мешавад. Ба таври мисол тибқи дараҷабандии Ташаббус барои кишварҳои нисбатан камбизоат ва дорои қарзи зиёд (ХИПИК) Тоҷикистонро метавон ба гурӯҳи кишварҳои нодортарини қарзаш мунтазам афзоянда дохил намуд. Қарзҳо махсусан ба молияи давлатӣ душвории зиёде пеш меоваранд. Дар охири соли 2000 арзиши воқеии (номиналии) қарз аз даромади буҷет 400 фоиз бештар буд, ки аз зинаи нави 250 фоизаи ХИПИК хеле баландтар аст. Сарфи назар аз як қатор созишҳо вобаста ба реструктизатсияи қарз, ки бо кредиторони асосии расмӣ дар соли 1996-2001 ба даст омад, ҳанӯз хароҷот барои хизматрасонии қарз ниҳоят баланд аст. Ин барои рушди иқтисодӣ хатар пеш меоварад ва имконияти паст кардани сатҳи камбизоатиро маҳдуд месозад.

Сиёсати андозу буҷет. Даромади буҷети давлатӣ нисбат ба ММД дар сатҳи паст қарор дорад (15.2 фоиз дар соли 2000). Хароҷоти буҷет нисбат ба ММД аз сабаби оқилона кам кардани хароҷот, мунтазам таназзул меёбад ва 15.0 фоизро ташкил медиҳад. Ҳарчанд Ҳукумат аз соли 1995 сар карда, принсипи маблағгузории бекасри буҷетро нигоҳ медорад, вале вобаста ба ҳодисаҳои беруна ва офатҳои табиии мухталиф он маҷбур буд то соли 1999 роҳи инфлятсионии маблағгузориро пеш гирад. Мунтазам паст гардидани андоз ба содироти пахта ва алюминий якҷоя бо паст гардидани нархҳои ҷаҳонӣ ба онҳо боиси кам гардидани даромад мегардад. Аз соли 1999 инҷониб паст гардидани даромад аз ҳисоби беҳбуд бахшидани ҷамъоварии андоз, инчунин аз ҳисоби грантҳои фароҳамовардаи ташкилоти байналмилалӣ ҷуброн мегардад. Аз соли 2000 сар карда, гузариш ба принсипи ситонидани андоз аз арзиши иловашуда дар нуктаи таъинот бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил анҷом дода шуд. Ислоҳоти ҷойдоштаи системаи буҷетӣ таҳияи лоиҳаи буҷетро барои давраи се сол дар бар мегирад.

Сиёсати пулию кредитӣ ва фаъолияти бонкӣ. Ҳарчанд Ҳукумат ҷонибдори сиёсати қотеонаи пулию кредитӣ бшад ҳам, вале ҳар сари чанд вақт маҷбур аст аз нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи пулию кредитӣ бо сабаби он, ки омилҳои молиявии рафъи ликвиднокии зиёд ҳанӯз он қадар инкишоф наёфтаанд, сарфи назар намояд. Ноустувории бахши бонкии Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки он ба таври самарабахш ҳангоми сафарбаркунии амонатҳо ва маблағгузории инвеститсияҳо вазифаҳои миёнаравро анҷом диҳад. Проблемаҳои асосӣ аз инҳо иборатанд: паст буданди сатҳи боварии аҳолӣ ба бонкҳо, ки боиси ҳаҷми ками дипозитҳо ва мутаносибан имкониятҳо оид ба фароҳамоварии хизматрасонии кредитӣ мегардад; кори сусти шӯъбаи кредитии бонкҳо, аз ҷумла оид ба арзёбии хатари кредитӣ; мавҷуд будани ҳаҷми калони қарзҳои мӯҳлаташон гузашта, ки боиси ноустувории бонкҳо мегардад ва имкон намедиҳад онҳо вазифаҳои худро анҷом диҳанд. Ин дар навбати худ нобовариро ба бахши бонкӣ тақвият мебахшад.

Масъалаҳои асосӣ. Як қатор тадқиқот ва пурсишҳои доирнамудан агентиҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ нишон медиҳад, ки захираҳои мавҷуда ба таври самарабахш истифода намегарданд. Бо мақсади ислоҳи вазъ дар ин соҳа дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикӣ Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна таъсис дода шуд, ки барои идора, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги истифодаи қарзи беруна масъул мебошад. Ҳамчунин таъсиси махзани дахлдори маълумот оид ба идораи кӯмак дар назар аст, ки якҷоя бо ПГИ амал мекунад. Дар назар аст, ки Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна дар бораи кӯмаки беруна ва истифодаи он гузоришҳои ҳамасола таҳия хоҳад кард.

Такмили системаи истифодаи захираҳо барои ба даст овардани рушди босуръати иқтисодӣ омили асосӣ ба шумор меравад. Асосан масъалаҳо аз сабаби норасоиҳо дар нархгузории мавҷуда, инчунин инкишоф наёфтани бозорҳо, рақобати паст, инфраструктураи ақибмонда, аз ҷумла рушди сусти системаи бонкӣ, бозори коғазҳои қиматнок ва номукаммалии заминаҳои қонунгузорию ҳуқуқӣ, сатҳи пасти монетизатсияи иқтисодиёт ба миён омаданд. Ҳанӯз субсидияҳои мустақим ва ғайримустақим ба назар мерасад.

Масъалаҳои асосӣ дар соҳаи андозу буҷет ба маъмурияти сусти андоз ва системаи бесамари ҷамъоварии андоз, хароҷоти нисбатан камсамари давлатӣ, номукаммалии системаи мониторинг оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои хароҷотӣ ва ҳанӯз ҳам усули ғайриқаноатбахши идораи қарзи беруна марбут мебошанд. Зарур аст, ки қарзҳои нав асосан бо шартҳои имтиёзнок ҷалб карда шуда, қарзҳои мавҷуда таҳти реструктизатсия қарор гиранд. Илова ба ин зарур аст, ки барои аз ҳисоб баровардани қисми қарзҳо ва реструктизатсияи ин қарзҳо бо истифодаи механизмҳое, ки нисбат ба кишварҳои дорои иқтисоди гузариш ва қарзҳои зиёди беруна истифода мегарданд, гуфтушунид анҷом дода шавад.

Норасоии инвеститсия масъалаи ниҳоят муҳим мебошад. Натиҷаи ин каср аз ҳосилнокии паст ва ҳаҷми истеҳсолот, инчунин инфраструктураи суст иборат аст. Ҳолати бади инфраструктура дар навбати худ боиси ҷалби таваҷҷӯҳи инвесторон намегардад ва сатҳи пасти амонатҳои миллӣ бештар чунин инвеститсияҳоро бозмедорад. Истеҳсолоти саноатӣ дар якчанд корхонаҳои бузург муттамарказ гардиданд. Бо вуҷуди ин иқтидорҳои назаррасе мавҷуданд, ки қисми бештари онҳо истифода намешаванд ва молу хизматрасонии ин корхонаҳо аксаран ғайри қобили рақобат мебошанд.

Афзалиятҳо дар соҳаи мубориза бо камбизоатӣ. Сарфи назар аз он, ки махсусан дар соҳаи ислоҳоти сохторӣ ва истиқрори вазъи макроиқтисодӣ дастовардҳо ба назар мерасанд ва онҳо ба татбиқи стратегияи мубориза бо камбизоатӣ мусоидат менамоянд, ҳанӯз корҳои зиёдеро бояд анҷом дод. Дар доираи стратегияи маҷмӯии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, тадбирҳо дар соҳаи идораи вазъи макроиқтисодӣ Ҳукумат се мақсади асосиро пеш гирифтааст: фароҳамоварии муҳити устувори иқтисодӣ ва молиявӣ тавассути якчанд тадбирҳо, махсусан дар соҳаи сиёсати пулию кредитӣ ва андозу буҷет; ҳавасмандгардонии эҳёи системаи самарабахши тиҷоратии бонкҳо барои ҷалби амонатҳо ва миёнаравии молиявӣ бо таваҷҷӯҳи махсус ба эҳтиёҷоти корхонаҳои хурд ва миёна; инчунин таъмини афзоиши ҳаҷми маблағҳои фароҳамовардаи давлат барои эҳтиёҷоти бахшҳои иҷтимоӣ - маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ -тавассути такмили системаи пурра намудани қисми даромад, идораи дақиқи қарзҳои беруна ва дигар роҳу усул.

4.2 Идораи давлатӣ

Системаи амалкунанда. Ислоҳоти ҳокимияти давлатӣ ва идора дар Тоҷикистон аз соли 1994, бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки тақсими ҳокимиятро дар кишвар ба се шоха муқаррар намуд: қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ. Ин ислоҳот дар соли 1999 идома ёфта, дар кишвар бо ташаккули Парламенти дупалатагӣ ва Шӯрои адлия анҷом дода шуд. Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия мебошад. Рушди системаи судӣ идома меёбад.

Проблемаҳо дар соҳаи идораи давлатӣ. Системаи мақомоти идораи давлатӣ ба такмил ва мутобиқгардонӣ ба талаботи рушди иқтисоди бозаргонӣ эҳтиёҷ дорад. Нақш ва масъулияти давлат дар иқтисоди бозаргонӣ на ҳамеша дуруст дарк карда мешавад. Системаи мавҷудаи идора ҳам бо сохтори кӯҳнашуда, штатҳои номутобиқ, такрори вазифаҳои вазорату идораҳо тасниф гардида, механизми ҳамоҳангсозии фаъолият вуҷуд надорад. Системаи судӣ бо масъалаҳои вобаста ба он, ки қисми зиёди қонунгузорӣ самти бозаргонӣ надорад, рӯ ба рӯ аст ва судяҳо ба дарки тағйирот, ки муносибатҳои бозаргонӣ пеш овардаанд, омода нестанд. Ба ғайр аз ин қонунгузорӣ дар соҳаи ҳуқуқи амволӣ ва қарордодҳо саҳеҳу фаҳмо нест ва хилофи якдигар мебошанд. Ҳамаи ин ҷанбаҳои суст дар маҷмӯъ ҷараёни ислоҳоти иқтисодиро душвортар мегардонанд.

Дар як қисми вазорату кумитаҳои давлатӣ ҳанӯз таҷдиди сохтор сурат нагирифта, сатҳи масъулият барои таҳияи сиёсат ва танзим дар бахшҳои дахлдор муайян нагардидааст, мақсадҳои стратегӣ ва афзалиятҳои рушди бахшҳо, инчунин нишондиҳандаҳои дақиқи ҳисоботдиҳӣ муқаррар нашудааст. Як қисми мақомоти давлатии идора на аз ҳисоби буҷе,т балки аз ҳисоби корхонаҳои тобеъ маблағгузорӣ мегарданд. Ҳамаи ин ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла имконоти татбиқи самарабахши стартегияи мубориза алайҳи камбизоатӣ махсусан дар чунин бахшҳо ба монанди маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва кишоварзӣ инъикос меёбад.

Вобаста ба он, ки ислоҳоти идораи давлатӣ дар сатҳи рушди ибтидоӣ қарор дорад, дар ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳам баъзе унсурҳои усули директивии идора ба мушоҳида мерасад. Як қисми корхонаҳои давлатии саноатӣ ба шароити нав мутобиқ нагардидаанд ва кӯмаку дастгирии давлатиро мунтазиранд. Як қисми хизматчиёни давлатӣ барои фаъолият дар шароити нави бозаргонӣ одат накардаанд ва аз ин рӯ на ҳамеша усули нави корро дастгирӣ менамоянд.

Замин, об, қаъри замин ва дигар захираҳои табиӣ таҳти моликияти давлатӣ қарор дошта, таҳти арзёбии бозаргонӣ қарор нагирифтаанд. Ҳангоми истифода таркиби рентаи онҳо ба инобат гирифта намешавад. Заминаи молиявӣ ва кадрии вазорату идораҳо суст буда, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда халал мерасонад. Сатҳи музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ниҳоят паст аст. Дар натиҷа мақомоти давлатӣ на ба таҳияи сиёсат ва ҷараёни татбиқи он, балки ба зиёд намудани ваколати худ ва афзоиши маблағгузории буҷетӣ кӯшиш менамоянд.

Сустӣ ва мавҷуд набудани ҳамоҳангсозии фаъолияти назоратӣ самараи санҷишҳои гузаронидашударо оид ба истифодаи маблағҳои давлатӣ ва амвол паст мекунад. Қарорҳои субъективӣ ҳангоми таҳияи барномаҳои буҷетӣ боиси он мегардад, ки маблағҳои буҷетии маҳдуд низ ба таври дахлдор ва судманд истифода намегарданд. Ҳамоҳангсозии нокифоя байни институтҳои давлатӣ самарабахшии санҷиши истифодаи маблағҳо, инчунин сифати хизматрасонии ҷамъиятиро паст мекунад. Тадбирҳое, ки ҷиҳати таъмини ошкорӣ ва саҳеҳии фаъолияти мақомоти давлатӣ гузаронида мешаванд, ҳанӯз дорои хусусияти системавӣ намебошанд (интишор дар воситаҳои ахбори умум ва муҳокимаи васеи қонунҳои муҳим, барномаҳои умумидавлатӣ, барномаҳои мустақими телевизион бо иштироки шахсони мансабдори олимақом ва ғайра).

Норасоиҳои фаъолияти идораи давлатиро дарк намуда, Ҳукумат ҷиҳати баланд бардоштани самарабахшӣ тадбирҳои ибтидоӣ андешид. Дар соли 2001 Кумитаи назорати молиявии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки он ҷиҳати татбиқи назорати истифодаи самарабахши маблағ ва амволи давлатӣ таъин гардида аст. Ҳамчунин идораи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки барои таъмини фаъолияти касбии кормандони дастгоҳи вазорату идораҳо таъин гардидааст. Ҳамзамон корҳо оид ба таҷдиди сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва таҷдиди назари вазифаҳои давлатии аз ҷониби онҳо татбиқшаванда, такмили сохтори дастгоҳҳои марказӣ ва тадбирҳо оид ба баланд бардоштани ҳавасмандсозӣ ва афзоиши музди меҳнат оғоз гардид.

Афзалиятҳо дар соҳаи мубориза бо камбизоатӣ. Таъсиси системаи нисбатан самарабахши идораи давлатӣ хусусияти тадриҷӣ дошта, вақтро тақозо менамояд. Илова бар тағйиротҳо дар сохтори Ҳукумат ҳамчунин малака ва дигаргунсозии менталитет зарур аст. Дар мавриди сиёсате, ки ба манфиати гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ пеш гирифта шудааст, ду афзалият вуҷуд дорад. Якум, дар ҳоле, ки ислоҳот ҳамаи шохаҳои ҳокимиятқонунгузорӣ, иҷроия ва судиро дахл мекунад, тадбирҳои нисбатан бетаъхир аз тадбирҳо оид ба таҳкими ҳокимияти иҷроия иборат мебошад. Тадбирҳо дар ин соҳа ба ин маънӣ афзалиятнок ба ҳисоб хоҳанд рафт. Дуюм, дар доираи он, ки ислоҳоти системаи идора дар маҷмӯъ на дар алоҳидагӣ, балки аз бахш ба бахш татбиқ мегардад, корҳо дар бахшҳое, ки мустақиман ба гурӯҳҳои аҳолии камбизоат дахл дорад, ба таври мисол ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ- ба шумули тадбирҳои афзалиятнок дохил хоҳад шуд.

4.3 Ҳифзи иҷтимоӣ

Кам гардидани трансфертҳои давлатӣ ва гусаста гардидани робитаҳои анъанавии иқтисодӣ ба осудаҳолии одамон аз гурӯҳи "нодорони анъанавӣ"нафақахӯрон, оилаҳои серфарзанд ва бесарпараст таъсири назаррас расонд. Дар айни замон гурӯҳи нави аҳолӣ -"нодорони коркунанда" ба миён омадаанд. Сатҳи музди меҳнат дар асл то дараҷае паст гардид, ки ҳатто одамони дорои ҷои кор вобаста ба шумораи узви оила ба гурӯҳи нодор шомил мешаванд.

Ҳамзамон бо афзоиши теъдоди одамоне, ки ба гурӯҳи нисбатан камтар ҳифзшуда шомиланд, имконоти давлат ҷиҳати маблағгузории тадбирҳо вобаста ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ моҳиятан таназзул ёфт. Заминаи ҳуқуқие, ки барои расонидани кӯмак ба шаҳрвандони камбизоат таҳия гардидааст, аз сабаби нокифоягии маблағ ва таҷҳизоти техникӣ наметавонад ба таври пурра татбиқ гардад. Дар Тоҷикистон ду навъи асосии кӯмакпулӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вуҷуд дорад: барномаи ҷубронпулӣ барои атфоли оилаҳои камбизоат ва таъмини нафақавӣ, ки бо усули суғуртаи иҷтимоӣ ба пиронсолон, маъюбон ва аҳолии камбизоат фароҳам оварда мешавад. Илова ба ин нисбат ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ба таври мисол маъюбон ва ятимон, дастгирии институтсионалӣ сурат мегирад.

Барномаи ҷубронпулиҳо. Дар соли 2001 ҳаҷми умумии солонаи маблағгузории давлатии барномаи ҷубронпулӣ 4.4 млн. сомониро ташкил дод. Тақрибан 0,8 миллион нафар (камтар аз 20 фоизи шумораи умумии аҳолӣ) ба гурӯҳе дохил мешаванд, ки ба чунин кӯмак эҳтиёҷ доранд, вале амалан як қисми хурди онҳо аз ин кӯмакпулиҳо бархурдоранд. Пардохти ҷубронпули нисбат ба он, ки дар буҷет пешбинӣ шуда буд, ниҳоят пасттар аст. Андозаи ҷубронпулӣ то дараҷае паст аст, ки ҳатто онҳое, ки ин пардохтро мегиранд, ҳамчун камбизоат баррасӣ мегарданд.

Дар натиҷаи нокифоягии захираҳои молиявӣ ва маъмурӣ барномаи ҷубронпулӣ бо мушкили зайл рӯ ба рӯ аст: фарогирии нокифоя, яъне қисми зиёди одамоне, ки бояд ҷубронпулӣ гиранд, онро намегиранд; сатҳи сусти унвонӣ будани онҳо - пардохт ба касоне сурат мегирад, ки ба гирифтани он ҳақ надоранд; ҳаҷми ниҳоят пасти пардохт. Зиёд аз 77 фоизи атфол аз оилаҳои ниҳоят камбизоат ба кӯмаки унвонии пулӣ фаро гирифта нашудаанд. Сабабҳои асосӣ аз инҳо иборатанд: барои гирифтани ҷубронпулӣ бояд ҳуҷҷатҳои бисёр ба расмият дароварда шавад, ки вақти ниҳоят зиёдро тақозо менамояд; маҳалҳои аҳолинишин аз муассисаҳои бонкҳои амонатӣ ва шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дур ҷойгир шудаанд; мавҷуд набудан механизми расонидани ҷубронпулӣ ба хонаи гирандагон ва воқеан ниҳоят ночиз будани ҷубронпулӣ, ки одамон ҳатто ба гирифтани он ҳозир намешаванд. Дар гузаштаи начандон дур бо мақсади такмили системаи анҷом додани пардохт ҷиҳати паст кардани хароҷоти амалиётӣ, оддигардонии қоидаҳои фароҳамоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ, инчунин гузариш аз пардохти ҳармоҳаи ҷубронпулӣ ба пардохти кварталӣ ду ислоҳоти ин барнома анҷом дода шуд, вале ин ислоҳот он қадар дорои самараи назаррас набуданд.

Аз моҳи апрели соли 2000 Ҳукумат дар ду ноҳияи кишвар лоиҳаҳои таҷрибавиро татбиқ намуд, ки дар доираи он ба атфоли оилаҳои ниҳоят камбизоат кӯмакпулӣ ба маблағи 6 сомонӣ (дар се моҳ) фароҳам оварда шуд. Мақсади лоиҳа расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат ва ҳавасмандсозии фарзандони онҳо барои таҳсил дар мактаб буд. Дар ҷараёни татбиқи лоиҳа якчанд масъалаҳо ошкор гардиданд: системаи муайян намудани эҳтиёҷмандон саҳеҳ набуд ва маблағҳо саривақт ворид намегардиданд; ниҳоят дур ҷойгир будани бонкҳои амонатие, ки тавассути онҳо пардохт сурат мегирифт. Бо дарназардошти таҷрибаи ҳосилшуда аз соли 2002 шурӯъ шуда, ин амалия дар ҳама ҳудуди кишвар татбиқ мегардад.

Нафақа. Шакли дигари ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмини нафақавӣ иборат аст. Маблағи миёнаи нафақа нисбат ба маош аз 50 фоиз дар соли 1995 то 24 фоиз дар соли 2001 паст гардид. Дар гузашта қарзҳои зиёд мавҷуд буд, вале қарзҳо вобаста ба нафақа аз 5229 млн.сомонӣ дар соли 2000 то 660.5 ҳазор сомонӣ дар соли 2002 кам карда шуд. Дар соли 2001 ҳаҷми миёнаи нафақа 6,01 сомониро ташкил дод (2.5 дол.ШМА).

Ҳарчанд системаи таъминоти нафақа нисбат ба системаи ҷубронпулӣ андаке беҳтар фаъолият мекунад, дар ин ҷо низ масъалаҳое мавҷуданд, ки ҳалли онҳо ниҳоят зарур мебошад, аз ҷумла миқдори ками ҳисоби миёнаи нафақа, мавҷуд набудани индексатсияи нафақа бо дарназардошти инфлятсия, нокифоягии мутахассисони касбӣ, мавҷуд набудани хадамоти нафақарасон ба хонаҳои шаҳрвандони эҳтиёҷманд. Ҳамчунин сарфи назар аз он, ки қарори Ҳукумат дар бораи ҷорӣ намудани системаи захиравӣ қабул гардид, то ҳанӯз аз сабаби набудани маблағ механизми татбиқи он таҳия нашудааст.

Мақоми маъюбон ва сарпарастии институтсионалӣ. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" сиёсати давлатиро нисбат ба маъюбон муайян месозад. Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоӣ қонунгузорӣ барои онҳо имконоти татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои баробар ба ҳамаи дигар шаҳрвандонро муқаррар намудааст ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа ҳавасманд гардонида мешавад. Мутаассифона Қонуни мавҷуда аз сабаби дар он мавҷуд набудани аксари имтиёзот самарабахш татбиқ намегардад. Ҳамчунин марказҳои барқарорсозӣ вуҷуд надоранд ва ҷойҳои кории муқаррарнамудаи Қонун фароҳам оварда намешаванд. Муассисаҳои махсусгардонидашуда оид ба муолиҷаи маъюбон ҷавобгӯи талабот намебошанд.

Пештар маъюбон, ятимон ва дигар гурӯҳи аҳолии камбизоат метавонистанд дар институтҳои навъи хона- интернатҳо, марказҳои минтақавӣ ва ғайра таъмин гарданд. Дар айни замон аз сабаби нокифоягии захираҳои молиявӣ чунин муассисаҳо дар вазъи ногувор қарор дошта, хатари аз байн рафтани онҳо вуҷуд дорад. Барои рафъи мушкилоти молиявии худ баъзе муассисаҳо хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода, аксари онҳо ба чорводорӣ, паррандапарварӣ, парвариши оруи асал, таъсиси гармхонаҳо машғуланд, ки он ба беҳбуди ҳолати озуқаворӣ ва таъминот мусоидат менамояд. Даромади боқимонда аз пешбурди чунин хоҷагидорӣ барои хароҷотҳои амалиётӣ пардохт мешавад, вале бояд тазаккур дод, ки ин муассисаҳо ҳанӯз ҳам дар ҳолати ногувор қарор доранд, наметавонанд бо иқтидори пурра кор кунанд ва барои сокинони худ ба таври қаноатбахш хизмат расонанд.

Афзалиятҳо дар соҳаи мубориза бо камбизоатӣ. Ҳамаи чорабиниҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мустақиман ба расонидани кӯмак ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ нигаронида шудаанд. Дар доираи ҳар яке аз се навъи имтиёзот ҷиҳати рафъи норасоиҳои асосии зайли системаи амалкунанда бояд тадбирҳо андешида шавад: а) барномаи ҷубронпулӣ ва пардохти нафақа ғайриқаноатбахш ва бесамар идора карда мешавад; унвонӣ будани ҷубронпулиҳо ғайриқаноатбахш мебошад; зарур аст, ки системаи самарабахши амалиётӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад; (б) ҳаҷми пардохтҳои пешниҳодшаванда ниҳоят паст аст. Зарур аст, ки ҳаҷми маблағҳои пулии давлатии барои ҳифзи иҷтимоӣ равонашаванда, ба шарте агар система беҳтар фаъолият кунад, зиёд карда шавад; (в) зарур аст, ки системаи нафақа таҳти ислоҳот қарор гирад; (г) зарур аст, ки вариантҳои алтернативӣ оид ба сарпарастии институтсионалӣ дарёфт гардад, зеро чунин хизматрасонӣ ҳангоми дуруст ба роҳ мондани он ниҳоят гарон аст; яке аз вариантҳо - рушди системаи хизматрасонии иҷтимоӣ.

4.4 Маориф

Вазъи ҷорӣ. Тоҷикистон аз гузашта шабакаи доманадори муассисаҳои таълимӣ ва нерӯи лозими кадрҳои педагогӣ, коэффисиенти баланди фарогирии атфолро дар системаи маълумот ва баробарҳуқуқии гендериро ҷиҳати соҳиб шудан ба маълумоти заминавии ҳатмӣ ба мерос гирифт. Баъди бадастоварии истиқлолият коэффисиенти фарогирӣ дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна ба монанди муассисаҳои таълимии омодасозӣ кам гардид; сифати таълим таназзул ёфта, таносуби гендерӣ афзоиш ёфт. Шумораи ҷой дар мактабҳои миёна дар соли 1999 дар муқоиса бо соли 1990 паст рафта, шумораи хонандагон бошад 12 фоиз афзуд. Аксари онҳое, ки ба мактаб намераванд, аз оилаҳои камбизоате мебошанд, ки барои пардохти хароҷоти таълим, аз ҷумла либос, пойафзол, адабиёт ва пардохтҳои ғайрирасмӣ ба муаллимон имкон надоранд. Ҳангоме, ки маълумоти заминавӣ ҳанӯз бепул буд, пардохтҳои ғайрирасмӣ ба омӯзгорон ҳамчун кори оддӣ ба шумор меравад. Ин ҳамчунин ба муассисаҳои томактабӣ низ дахл дорад: 30 фоизи духтарон ва 20 фоизи писарон аз оилаҳои камбизоат мактаб намехонанд.

Ҳолати бинои мактабҳо қисман дар натиҷаи ҷанги гражданӣ, ки дар ҷараёни он 20 фоизи мактабҳо хароб ё ғорат гардидаанд, ба талабот ҷавоб намедиҳад. Қисми зиёди мактабҳо, махсусан мактабҳои деҳот, ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ доранд. Бинои аксари мактабҳо гарм карда намешавад, оби тозаи нӯшокӣ ва ташноб вуҷуд надорад, ки дар натиҷа ҳодисаҳои гирифтор шудан ба бемориҳои мухталиф ба мушоҳида мерасад. Ҳолати ғайриқаноатбахши бино ва иншооти муассисаҳои таълимӣ боиси паст гардидани иштирок дар машғулиятҳо мегардад, ки он ба сифати ҷараёни таълим таъсири манфӣ мерасонад.

Аксари омӯзгорон аз сабаби паст будани музди меҳнат ва шароити бад ҷойҳои кории худро тарк намуданд. Шумораи хонандагон аз меъёр хеле зиёд буда , аксари мактабҳо дар ду ва ҳатто се баст фаъолият мекунанд. Тадқиқоти дар мактабҳои таҷрибавӣ гузаронидашуда нишон медиҳад, ки музди меҳнати омӯзгорон танҳо 20 фоизи хароҷоти асосии онҳоро таъмин менамояд. 80 фоизи хароҷоти боқимондаро муаллимон бояд аз музди иловагии фориғ аз вақти корӣ ё аз пардохтҳои ғайрирасмӣ, пӯшонанд. Вазъи бӯҳронӣ дар таълиму тарбияи омӯзгорон низ боиси паст гардидани обрӯю эътибори касби омӯзгорон мегардадд. 10 фоизи омӯзгорон дорои тахсус намебошанд.

Дар муассисаҳои таълимӣ то ҳанӯз асосан нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои давраи шӯравӣ истифода гардида, онҳо ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ мутобиқ гардонида нашудаанд, ки аксаран сабаби он мавҷуд набудани маблағ мебошад. Мавҷуд набудани технологияи замонавии иттилоотӣ дар муассисаҳои педагогии таълимӣ имкон намедиҳад дастовардҳои ҷаҳонӣ дар ҷараёни таълим истифода бурда шавад. Аз системаи таълим хориҷ гардидани мутахассисон ва мавҷуд набудани робита бо марказҳои таълимии байналмилалӣ низ корҳоро оид ба таҳияи нақшаҳои замонавии таълимӣ, маҳдуд месозад.

Масъалаҳо. Бо мақсади боздоштани сатҳи таназзули системаи маориф ба Ҳукумат зарур аст, ки як қатор масъалаҳо, аз ҷумла норасогии захираҳо, нақшаҳои кӯҳнаи таълимӣ ва методикаи таълим, инчунин масъалаҳои ҳалли мушкилоти атфоли оилаҳои камбизоатро ҷиҳати фарогирӣ ба мактаб ҳаллу фасл намояд. Масъалаи бунёдӣ аз маблағгузории нокифоя иборат аст. Хароҷоти давлат барои маориф аз 5.8 дол.ШМА ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 1990 ба 3.7 дол.ШМА дар соли 2000, яъне қариб 40 фоиз таназзул ёфт. Ҳамчунин барои фавран барқарорсозии бино, азнавтаҷҳизонӣ ва таъминот бо адабиёту маводи таълимӣ, зиёд кардани музди меҳнати омӯзгорон, такмили системаи таълими омӯзгорон ва таҳрири нақшаи таълимӣ, маблағҳо заруранд.

Бо мақсади афзоиши фарогирии атфол аз оилаҳои камбизоат зарур аст, ки асоси монеаҳои мавҷуда дақиқ муайян карда шавад. Дар доирае, ки агар танҳо сабабҳои молиявӣ мавҷуд бошанд, ин мушкилотро метавон бо кӯмаки барномаҳои фароҳамоварии ҷубронпулиҳо ҳал намуд. Сатҳи пасти фарогирии атфол дар муассисаҳои томактабӣ низ боиси гусаста гардиданди робита бо системаи маориф мешавад.

Афзалиятҳо дар соҳаи мубориза бо камбизоатӣ. Боздоштани пастравии коэффисиенти фарогирӣ дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна, аз ҷумла тавассути зиёд кардани шумораи атфол аз оилаҳои камбизоат ва духтарон, инчунин беҳбуди сифати маориф самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат дар соҳаи маориф ва дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бо камбизоатӣ мебошад.

4.5 Тандурустӣ

Дар гузашта Тоҷикистон вобаста ба нишондиҳандаҳои асосӣ дар соҳаи тандурустӣ бо кишварҳои дорои даромади миёна дар як қатор қарор дошт. Вале аз он замон махсусан нисбат ба аҳолии камбизоат вазъ моҳиятан тағйир ёфт ва дастрасии хизматрасонии хушсифати тандурустӣ барояшон маҳдуд гардид. Сатҳи хароҷоти буҷетӣ ба тандурустӣ дар минтақа яке аз пасттаринҳо буда, аз соли 1991 ин ҷониб ба таври назаррас таназзул ёфт.

Ҳодисаҳои беморӣ дар кишвар дар давраи солҳои 1995 то 2000 27 фоиз афзуд. Дар соли 1999 мушкилоти асосӣ бемориҳои ғайрисироятӣ ба ҳисоб мерафт, ҳол он ки зудии бақайдгирии бемориҳои алоҳидаи сироятӣ аз дараҷаи эпидемикӣ баланд буд. Махсусан ҳолати психологии аҳолӣ ва одамоне, ки аз оқибатҳои муноқишаҳои гражданӣ азият мекашанд, боиси ташвиш аст.

Мутобиқи арзёбии ЮНИСЕФ 21 фоизи атфоли синни 1-2 сола дар кишвар дар соли 2000 умуман эм карда нашудаанд. Дар баъзе минтақаҳо то 60 фоизи таҷҳизоти яхдон кор намекард ва ин барномаи эмкуниро халалдор менамуд. Дар кишвар гирифторӣ ба бемории сил вазъи душворро ба миён овард ва фавти вобаста ба он аз 7 ҳолат дар соли 1998 то 11 ҳолат дар соли 2001 ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ рост меояд. Ҳар сол ҳодисаҳои беморӣ аз 25 то 30 фоиз афзоиш меёбад. Дар соли 2000 ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ

44.9 бемор бори нахустин тибқи ташхиси шаклҳои фаъоли сил муайян гардиданд. Бо дарназардошти сатҳи пасти ҳисоботдиҳӣ ва ташхис теъдоди воқеии беморон нисбати ба қайд гирифта шудагон хеле зиёд аст. Дар муассисаҳои ёрирасони ҳамли ҷумҳурӣ ҳар сол тақрибан 10 ҳазор тифл бо вазни камтар аз 2.5 кг таваллуд мешаванд, ки дар байни онҳо сатҳи беморӣ нисбат ба атфоли расида 5 маротиба ва фавт 20 маротиба баландтар мебошад. Шумораи атфоли бо захмҳои модарзод таваллудшуда ҳар сол 72 фоизро ташкил медиҳад.

Хадамоти бистарикунонӣ аз буҷети давлатии мавҷуда барои тандурустӣ беш аз 70 фоизашро ба даст меорад, ки дар байни 1428 муассиса тақсим карда мешавад. Ба ғайр аз ин тақрибан 156 марказҳое, ки аз буҷети давлатӣ, агентиҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ маблағгузорӣ мегарданд, хадамоти аввалияи тиббию санитариро дар чунин соҳаҳо ба монанди бемориҳои атфол, барномаҳои эмкунӣ, тибби оилавӣ, корҳои ҳамшираи шафқат, саломатии репродуктивӣ, наркология, мубориза бо бемориҳои тропикӣ (вараҷа), сил, СПИД, масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дастгирӣ менамоянд. Вале мавҷудияти муассисаҳои тиббӣ ва хизматрасонии тиббӣ на ҳамеша бо дастрас будани он мутобиқат дорад. Дар аксари муассисаҳо ҳатто оддитарин таҷҳизоти тиббӣ, маводи сарф ва доруворӣ вуҷуд надоранд. Аммалан ҳамаи статсионарҳо аз оби гарм маҳрум буда, оби сард, қувваи барқ намерасад ва дар фасли зимистон гарм карда намешаванд, коммуникатсияи санитарӣ ё мавҷуд нест ё дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дорад. Дастгоҳҳо ва асбобу анҷоми муолиҷавию ташхисии мавҷуда ё кӯҳна ё таъмирталаб гардидаанд. Вазъ, махсусан дар деҳот, аз сабаби маблағгузории нокифоя ва мавҷуд набудани кадрҳои тиббӣ, ниҳоят ташвишовар аст. Кам кардани хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи тандурустӣ боиси ба миён омадани пардохтҳои ғайрирасмӣ барои хизматрасонии тиббӣ гардид, ки он дастрас будани хизматрасониро барои гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ ниҳоят маҳдуд намуд. Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ танҳо 16 фоизи буҷети барои тандурустӣ ҷудогардидаро ба даст меоранд, ки асосан барои пардохти музди меҳнат масраф мегардад. Атфоли то синни 3 сола, нафақахӯрон, маъюбон вобаста ба беморӣ, ашхоси мубталои бемориҳои саратон, сил ва дигар беморон наметавонанд маводи дорувориро ройгон ба даст оваранд. Қариб нисфи эҳтиёҷмандони муолиҷа ба худмуолиҷа машғуланд.

Мушкилот. Сохтори мавҷудаи системаи тандурустӣ дар муқоиса бо хизматрасониҳои аввалияи тиббию санитарӣ, пурра ба хизматрасонии тиббии сатҳи дуюм ва сеюм такя менамояд ва ин сатҳҳо низ ба таври кифоя ҳамгироӣ нашудаанд. Дар натиҷа тамоюле ба назар мерасад, ки беморон на ба марказҳои ибтидоии марказӣ, балки ба шифохонаҳои наздиктарин муроҷат мекунанд. Ҳамчунин байни тадбирҳои профилактикӣ (марказҳои тандурустии ҷамъиятӣ) ва муассисаҳои муолиҷавӣ мувозинат вуҷуд надорад. Бояд марказҳои тандурустии ҷамъиятӣ бо дигар зинаҳои системаи тандурустӣ нисбатан бештар алоқаманд карда шаванд.

Ба мисли системаи маориф системаи тандурустӣ низ нокифоягиии маблағгузориро шадидан эҳсос менамояд. Эҳтиёҷоти фаврӣ ба тавсеа, барқарорсозӣ ва таҷҳизонии муассисаҳои сатҳи ибтидоии тандурустӣ ва баъзе аз муассисаҳои сатҳи баланд эҳсос гардида, онҳо бояд бо доруворӣ ва маводи зарурӣ таъмин карда шаванд. Ин ҳамчунин ба хизматрасонии вобаста ба эмкунӣ, кори лабораторияҳои мухталифи бактериологӣ, вирусологӣ, паразитологӣ, биохимикӣ ва клиникӣ, ки ғайрифаъол мебошанд, тааллуқ дорад. Системаи назорати сифати доруворӣ, аз ҷумла дорувории ба кишвар воридшаванда, ниҳоят суст аст. Сиёсати миллӣ дар соҳаи доруворӣ вуҷуд надорад.

Сатҳи пасти музди меҳнати кормандони тиб боиси нарасидани кормандони таълимдида, духтурони оилавӣ ва ҳамшираҳои шафқат ки қодиранд кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ расонанд, инчунин боиси тақсими нобаробарии кормандон байни шаҳру деҳот гардид, ва он дастрас будани хизматрасониро барои онҳое, ки дар деҳот сукунат доранд, ниҳоят паст намуд. Ин низ моҳиятан ба сифати ташхис ва муолиҷа таъсири назаррас расонд.

Ҳамчунин омори дақиқи тиббӣ ва омори тандурустӣ вуҷуд надорад. Дар системаи бақайдгирӣ ва шакли ҳисоботдиҳӣ, инчунин робита байни муассисаҳои тиббӣ баъзан аз сабаби мавҷуд набудани нақлиёт норасоиҳо ба мушоҳида мерасанд. Ҳамаи иттилоот ба усули дастии ҷамъоварии маводи оморӣ асос ёфтааст. Заминаи иттилоотии бахши фармасевтӣ таҳкиму тақвиятро тақозо менамояд, ки он боиси касодии бозори фармасевтӣ ва ақибмонӣ аз дастовардҳои пешқадами соҳаи фармасевтӣ мегардад.

Афзалиятҳо дар соҳаи мубориза бо камбизоатӣ. Стратегия дар бахши тандурустӣ ба тавсеа ва беҳбуди сатҳи аввалияи тандурустӣ, аз ҷумла сифати хизматрасонӣ нигаронида шудааст, ки бояд ҷиҳати дастрасии тиб барои гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ ва дар маҷмӯъ барои ҳамаи аҳолӣ, мусоидат намояд. Ҳамчунин Ҳукумат ба таври алоҳида масъалаи қобили қабул будани хизматрасониро вобаста ба системаи мавҷудаи пардохтҳои ғайрирасмӣ барои муолиҷа, баррасӣ хоҳад кард. Ба таҳкими хизматрасонии тиббии ҷамъиятӣ, махсусан ба барномаҳои эмкунӣ афзалият дода мешавад. Ва ниҳоят барои хубтар фаҳмидани эҳтиёҷоти шахсони камбизоат ба хизматрасонии тиббӣ ба таҳкими такмили омори тиббӣ вобаста ба ҳодисаҳои беморӣ дар байни гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ, кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

4.6 Кишоварзӣ

Дар давраи шӯравӣ соҳаи кишоварзӣ дар иқтисодиёти кишвар нақши муҳим дошт. Сарфи назар аз масъалаҳои зиёди имрӯза, ки ба рушди ин соҳа халал мерасонад, рафти воқеаҳо аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият аҳамияти калони соҳаи кишоварзиро ҳамчун системаи ҳифз аз бӯҳрон дар саноат ва ҳамчун инъикоси воқеии умед ба рушди иқтисодӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ бараъло равшан намуд.

Ислоҳоти замин. Замини кишоварзӣ дар Тоҷикистон захираи камёфт мебошад. Заминҳои кишоварзӣ ва махсусан обёришаванда камёбу нодиранд. Бо дарназардошти чарогоҳҳо заминҳои кишоварзӣ танҳо 4.57 млн. гектарро ташкил медиҳад, аз ҷумла заминҳои кишт ҳамагӣ 0.7 млн.га ё ба ҳар як сари аҳолӣ 0.11 гектар. Аз ин рӯ проблемаи асосӣ дастрасии деҳқонон ба замин ва тақсими одилонаи он мебошад. Таҷдиди сохтори колхозу совхозҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва бо фармони Президент ҷудо кардани заминҳои иловагӣ барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон истифодаи инфиродии заминро тавсеа мебахшад, вале ин ҷараён хеле суст сурат гирифта истодааст.

Барои суръатбахшии ҷараёни ислоҳоти замин ва таъмини мустақилияти хоҷагиҳои нав дар Кумитаи давлатии заминсозӣ барои ба фермерҳо фароҳамоварии хизматрасонии хушсифати машваратӣ, аз ҷумла дорои хусусияти ҳуқуқӣ ва хизматрасони вобаста ба таълим, шӯъбаи махсус таъсис дода шуд. Вале аз сабаби мушкилии раванд ва маҳдудияти имконоти институтсиалии ин Кумита ба дастрасии одилонаи замин, аз ҷумла барои камбизоатони деҳот, инҳо халал мерасонанд: қарзҳои баланд ва расмиёти мураккаби ба даст овардани шаҳодатнома барои истифодаи замин; аз сабаби номукаммалии қонунгузорӣ вайронкунии зиёди қоидаҳои тақсими замин ва мавҷуд набудани ёрии ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз расмиёти мавҷуда, надониста ва ё нафаҳмидани ҳуқуқи истифодаи замин; интиқоли қарзҳои колхозу совхозҳо ба зиммаи хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) навтаъсис.

Дар натиҷа азнавтаъсисдиҳии колхозҳо ба ассотсиатсияи деҳқонон дар қабули қарорҳо тағйирот ба амал меояд. Вале қарорҳо дар амал оид ба идораи хоҷагӣ, аз ҷумла вобаста ба сохтори ҷойгиронии майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ ва номгӯи маҳсулот, аз ҷониби роҳбарони алоҳида ва давлат қабул карда мешаванд. Ҳанӯз ҳам далелҳои дахолат ба ҷараёни нархгузорӣ, захира ва фурӯши маҳсулот ҷой дорад, инфраструктура оид ба таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣкооперативҳои таъминкунанда, ташкилотҳои тиҷоратию захиравӣ, ширкатҳое, ки воситаҳои механизатсияи хурд ва хизматрасонии нақлиётиро фароҳам меоранд, таъсис дода нашудаанд.

Ирригатсия. Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат таҳти таъсири номусоиди шароити табиӣ қарор дорад. Хушксолии солҳои 2000-2001, ки дар соли 2002 низ оқибатҳои он эҳсос хоҳад шуд, ба кам гардидани истеҳсоли зироат, махсусан гандум, таъсир расонд. Вобаста ба иқлими хушк шарти асосии рушди соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон зарурати обёрии сунъӣ мебошад. Ин боис гардид, ки дар кишвар, дар солҳои қабл, комплекси обу хоҷагии замонавӣ, ки аз системаи ниҳоят мураккаб ва нодир иборат аст, сохта шавад. Барои дар ҳолати мӯътадили истифода қарор додани он хароҷоти ниҳояти калони ҳамасола тақозо мегардад. Бо гузаштани кишвар ба муносибатҳои бозаргонӣ аз соли обёрии 1996 шурӯъ карда, барои хизматрасонӣ ҷиҳати ба истеъмолкунандагон додани об маблағ ситонида мешавад. Вале хоҷагиҳои истифодабарандаи об тавонистанд танҳо як қисми ночизи ҳамаи хароҷотро пӯшонанд. Касодшавии маҷмӯаи иншооти ирригатсионӣ ва таъмини об, боиси паст гардидани самаранокии система гардида, ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаро ниҳоят бад сохта, боиси обёрӣ кардани чарогоҳҳо гардид.

Махсусан вазъи насосҳои обӣ ва стансияҳои насосӣ, ки тақрибан 300 ҳазор гектар ё 40 фоизи заминҳои обёришавандаро фаро мегиранд, ниҳоят ташвишовар аст. Минтақаҳои обёрии мошинӣ муҳити мусоиди зист ва манбаи таъминоти ҳаётии тақрибан 2 млн. сокинони деҳот мебошад. Аз сабаби бадии ҳолати системаҳои обёрӣ ва дренажӣ, ки хизматрасонии техникӣ амалан дар ҷараёни даҳ соли охир сурат нагирифтааст, 9200 гектар заминҳои обёришаванда (1.3 фоиз аз масоҳати умумии он) аз муомилоти кишоварзӣ хориҷ гардида, 83.3 ҳазор гектар (11.6 фоиз) дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор дорад. Аз ин рӯ ҷиҳати аз муомилоти кишоварзӣ хориҷ нагардидани заминҳои обёришаванда бояд ҳам тадбирҳои кӯтоҳмӯҳлат ва ҳам дарозмӯҳлат қабул карда шавад. Сарфи назар аз таъсис ёфтани хоҷагиҳои деҳқонӣ он ба ҳалли масъалаҳои марбутият ва истифодаи шабакаҳои дохилихоҷагии обёрӣ ва дренажӣ, иншоот, инчунин муносибатҳои мутақобилаи онҳоро бо сохтори нави хоҷагидорӣ таъмин нанамуд. Таъсиси ассотсиатсияи истифодабарандагони об аз ислоҳоти замин қафо мемонад ва масъалаҳои зиёдеро пеш меоварад.

Пахта. Сарфи назар аз озодшавии (либерализатсияи) нарх ва бозорҳо, ки боиси кам гардидани майдони истеҳсоли пахта гардид, дар бахши пахтакорӣ рақобати зарурӣ вуҷуд надорад. Ҳолатҳои дахолати давлат, ба таваққуф гузоштани пардохтҳо ва нархҳои беасос паст барои ашёи хоми пахта, ки миёнаравони молиявӣ пешниҳод мекунанд, ба мушоҳида мерасад. Камбуди тухмиҳои хушсифат, нуриҳои минералӣ ва воситаҳои ҳифзи растанӣ боиси ниҳоят паст гардидани ҳосилнокии пахта гардиданд (тақрибан 2 маротиба). Аз сабаби мавҷуд набудани нархномаҳо ва дастурҳо ба захираҳои моддию техникӣ ва пахта бештар хатари вобаста ба қарордодҳои форвардӣ ба зиммаи истеҳсолкунандагони пахта гузошта мешавад. Вазъи истеҳсолкунандагони пахта дар ҳамин давра ва вақтҳои охир вобаста ба паст шудани нархи он хеле душвор гардида, ба таври мисол, дар соли 2000 қарзи истеҳсолкунандагони пахта дар назди инвесторон тақрибан 100 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод.

Чорводорӣ. Кишти зироатҳи хӯрока ба таври назаррас кам гардид, ки ҳамзамон бо воридоти зироати хӯрока ва хӯрокаҳои омехта яке аз сабабҳои таназзули ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулоти чорводорӣ дар бахши ҷамъиятӣ мебошад. Ҳанӯз сатҳи баланди талафи ҳайвонот вобаста ба бемориҳои мухталифи сироятӣ ҷой дошта, барои харидории доруворӣ маблағ намерасад. Дар амал бахши хусусӣ аз ҷониби хадамоти байторӣ хизмат расонида намешавад. Ҳарчанд саршумори асосии ҳайвонот дар айни замон дар бахши хусусӣ муттамарказ гардидааст, чарогоҳ бошад таҳти ихтиёри мақомоти давлатӣ (Ҳукуматҳо) қарор дорад. Ин барои таъмини бахши хусусӣ бо хӯрока проблемаҳои зиёдро пеш меоварад.

Кредитҳо. Норасоии захираҳои кредитӣ барои кишоварзӣ ва дигар фаъолият монеаи асосӣ мебошад. Инфраструктураи молиявӣ ва муассисаҳои молиявӣ ниҳоят суст инкишоф ёфта, рақобат байни ташкилоти миёнарав дар сатҳи паст қарор дорад. Фаъолияти дахлдори ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ оид ба фароҳамоварии микрокредитҳо ба таври васеъ паҳн нагардидааст. Барномаҳои микромаблағгузорӣ андаке беш аз 8 фоизи хоҷагиҳои шахсиро фаро гирифтааст. Натиҷаи эътимоди пасти аҳолӣ ба муассисаҳои бонкӣ гувоҳи сатҳи пасти саҳмҳо ва пешниҳоди захираҳои кредитӣ гардидааст. Ба андешаи сокинони деҳот ставкаҳои фоизӣ вобаста ба кредитҳои бонкҳои тиҷоратӣ ҳатто бо дарназардошти инфлятсия хеле баланд мебошад. Заминро фурӯхтан манъ аст, ҳарчанд тибқи тартиби муайян метавон ҳуқуқи иҷора барои онро истифода намуд. Ба ғайр аз ин бонкҳо аз сабаби дар гузашта ҷой доштани инфлятсияи баланд танҳо крдетиҳои кӯтоҳмӯҳлат медиҳанд. Ба аксари сокинони деҳот кредити хурд зарур аст, аммо бонкҳо чунин кредит намедиҳанд.

Хизматрасониҳои ёрирасон дар соҳаи кишоварзӣ. Системаи тиҷоратию захиравии таназзулёфта боиси ба миён омадани проблемаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсолкунандагон гардид. Инфраструктураи ақибмонда, ба мувофиқа нарасидани фаъолият дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мавҷуд набудани иттилоот ва коммуникатсияи бад, баромадани истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро ба бозорҳои байниминтақавӣ ва ҷаҳонӣ душвор гардонд. Боррасониҳои дохилиҷумҳуриявӣ ба бозорҳои кишвар аз сабаби арзиши баланди ҳамлу нақли бор душвор гардида, ба он омилҳои ғайрибозаргонӣ низ мусоидат менамоянд. Пешниҳодоти бахши хусусӣ аз тарафи истеъмолкунандагоне, ки дар он зиндагӣ мекунанд, маҳдуд гардидааст.

Аз сабаби нокифоягии маблағгузорӣ нерӯи илмӣ дар соҳаи аграрӣ ниҳоят кам гардид. Тухмипарварӣ, селексия ва ҳифзи растанӣ фаъолият намекунад. Хадамоти иттилоотию машваратие, ки барои шаклҳои нави хоҷагидорӣ заруранд, танҳо нав қомат рост карда истодааст. Созмонҳои мустақили фермерҳо, ки манфиатҳои узви худро ҳифз мекунанд ва дар асоси ихтиёрӣ ва демократӣ таъсис ёфта бошанд, вуҷуд надоранд.

Таърихан соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ хеле суст инкишоф ёфтааст, қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард мешуд. Дар айни замон аз сабаби мавҷуд набудани воситаҳои гардон, инчунин таҷҳизоти кӯҳна ва фарсуда саноати коркард танҳо 20-30 фоизи иқтидори худро истифода мебарад.

Андозбандӣ ва қарзҳо. Навъҳои мухталифи андоз барои хоҷагиҳои начандон калони фермерӣ бори гарон мебошанд. Онҳо таҳти 12 навъи андози ҷумҳуриявӣ ва як қатор надозҳои сатҳи маҳаллӣ қарор доранд. Ҳар як корманди сеюми соҳаи кишоварзӣ музди меҳнатро сари вақт намегирад. Дар моҳи декабри соли 2001 ҳаҷми миёнаи қарз вобаста ба музди меҳнат барои ҳар як корманди соҳаи кишоварзӣ ба музди меҳнати семоҳа баробар буда, дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 49 фоизи қарзро ташкил дод. Аз сабаби он, ки пардохт дар деҳот бе ин ҳам ниҳоят паст аст, ин танҳо мушкилоти молиявии хоҷагиҳоро амиқтар мегардонад.

Афзалиятҳо дар соҳаи мубориза бо камбизоатӣ. Рушди кишоварзӣ метавонад дар ҷидду ҷаҳди Ҳукумат дар мубориза бо камбизоатӣ тавассути ба таври васеъ афзоиш додани хоҷагиҳо ва фароҳам овардани имконият барои пешрафти соҳаи хизматрасонӣ дар деҳот ва саноат нақши муҳимро ба ҷо орад. Барои ноил шудан ба дастовардҳо бояд стартегияи паст кардани камбизоатӣ дар ин бахш се соҳаро баррасӣ намояд: (а) истифодаи самарабахш ва ба шахсони нодор дастрас будани захираҳои асосӣ, аз ҷумла замин ва об; (б) таъсиси муҳити мусоид барои рушди бахши хусусӣ дар соҳаи кишоварзӣ; (в) ислоҳоти системаи мавҷудаи идора дар бахш, аз ҷумла амалияи мавҷудаи дахолат ба ҷараёни қабули қарори дар бахши хусусӣ. Диққати асосӣ ба таҳияи сиёсат ва вазифаҳои меъёрии Ҳукумат, инчунин хизматрасонии ёрирасон, ки аз ҷониби бахшҳои хусусӣ сурат намегирад, равона хоҳад шуд (ба таври мисол, тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва машваратҳо).

4.7 Хусусигардонӣ, меҳнат ва рушди бахши хусусӣ

Хусусигардонӣ. Ҷараёни хусусигардони дар Тоҷикистон соли 1991, дар шароити душвори иҷтимоию сиёсӣ сурат гирифт. Таҳия ва татбиқи барномаи хусусигардони дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Барои хусусигардонии замин, корхонаҳои маҷмӯи мудофиавӣ, иншооти иҷтимоӣ ва баъзе дигар иншооти таъиноти стратегӣ маҳдудиятҳо муқаррар гардиданд. Дар Тоҷикисон ҳама гуна шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дода шудааст.

Корхонаҳои хурд аввалин шуда хусусӣ гардиданд ва татбиқи барномаҳои хусусигардонии хурд ба итмом расид. Хусусигардонии корхонаҳои миёна ва бузург дар соли 1998 оғоз гардид. Ошкоро набудани гузаронидани тиҷорат, нархҳои ибтидоии ниҳоят баланди иншооти хусусигардонидашаванда, қобили пардохт набудани иштирокчиёни хусусигардонӣ, душвор будани дастрасии захираҳои кредитӣ, мавҷуд набудани механизми дастгирии баъди хусусигардонӣ сабабҳои асосии суст гузаштани хусусигардонии корхонаҳо ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин амалияи муфлисшавӣ ва татбиқи ҳуқуқи кредитор ҳанӯз инкишоф наёфтааст. Тақрибан аз 1500 корхонаи бузургу миёнаи давлатӣ то оғози моҳи ноябри соли 2001 359 адад хусусӣ гардид. Аз бештар аз 400 корхонаҳои стратегӣ, ки хусусигардонии онҳо бо қарори Ҳукумат анҷом дода мешавад, то имрӯз танҳо 22 заводи пахтатозакунӣ хусусӣ гардонида шудааст.

Хусусигардонии корхонаҳои саноати химиявӣ ва коркарди кӯҳӣ аз сабаби арзиши баланди навсозии корхонаҳо ва рақобати баланди маҳсулоти онҳо дар бозори ҷаҳонӣ, инчунин нақши муҳиме, ки ин корхонаҳо барои таъмини шуғли даромадҳо дар як қатор минтақаҳо доранд, ба мушкилот рӯ ба рӯ шуд. ӯҳдадориҳои баланди потенсиалии молиявии ин корхонаҳо инвесторони хориҷиро ба ҳарос меоранд. Қоидаҳои дақиқи тақсими ин ӯҳдадориҳо байни мақомоти давлатӣ ва инвесторони хусусӣ вуҷуд надорад.

Хусусигардонӣ ва азнавтаъсисдиҳии корхонаҳо ба ширкатҳои саҳомӣ боиси таҷдиди сохтори мунтазира, ки метавонист рақобатпазирии корхонаҳои саноатиро ба таври дахлдор баланд бардорад, нагардид. То қабули Қонуни нав "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Тоҷикистон" дар соли 1997 дар аксари ҳолатҳо активҳои хусусишавандаи корхонаҳо аз ҷониби роҳбарони онҳо ва кормандони қаторӣ, ки барои таҷдиди сохтор дорои маблағи кофӣ набуданд, ба даст оварда мешуд. Аз моҳи феврали соли 2000 сар карда, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи тартиби гузаронидани амволи корхонаҳо ба низоми консерватсия" амал мекунад. То имрӯз мутобиқи тартиби пешбининамудаи Ҳукумат консерватсияи амволи корхонаҳои давлатӣ дар 11 корхона анҷом дода шуд.

Афзоиши рақобат ва кам шудани субсидия дар бисёр корхонаҳо ва ҳатто бахшҳои асосӣ боиси маҳдудияти истеҳсолот гардид. Аксари корхонаҳои саноатӣ зиёновар буда, аз ҳисоби субсидияҳои мустақим ва ғайримустақими давлат фаъолияро давом медиҳанд ва баъзе дигари онҳо, сарфи назар аз пешравӣ дар иқтисодиёт аз фаъолият боз мондаанд. Қонуни амалкунанда дар бораи муфлисшавии корхонаҳо, ки соли 1992 қабул гардид, ҳамаи нозукиҳои вобаста ба расмиёти муфлисшавиро дар бар намегирад ва мақомоти судӣ бошад вобаста ба пешбурди расмиёти муфлисшавӣ таҷрибаи корӣ надоранд.

Меҳнат. Ҳарчанд сатҳи расмии бекорӣ дар ҷумҳурӣ аз аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъол 2.5 фоизро ташкил медиҳад (соли 2001), сатҳи ниҳонии бекорӣ ба 11-15 фоиз ва дар давраи кам шудани ҳаҷми корҳои мавсимӣ бошад сатҳи бекории ниҳонӣ то ба 33 фоиз мерасад.

Ҳамчунин эҳтиёҷот ба муассисаҳои нав, қонунҳо ва муқаррароти танзимкунандаи марбут ба бозори меҳнат ба мушоҳида мерасад. Принсипҳои қаблан истифодашавандаи "таъмини шуғли ҳамагонӣ" ва Қонун "Дар бораи шуғли аҳолӣ" имрӯз қобили истифода нестанд. Дар сатҳи давлатӣ дар марҳилаи бавуҷудоии консепсияи шуғл оид ба ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилооти вобаста ба бозори меҳнат нерӯ нокифоя буда, механизми арзёбии қувваи корӣ на дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва на дар сатҳи минтақавӣ вуҷуд надорад. Имконоти сусти молиявии хадамоти шуғл, таҷҳизоти техникии онҳо ва номукаммалии қонунгузорӣ имкон намедиҳанд, ки дар бозори меҳнат сиёсати судманд пеш бурда шавад.

Сатҳи пасти музди меҳнат боиси ҳосилнокии пасти меҳнат мегардад. Дар соли 2001 музди меҳнати номиналии моҳонаи як коргар 25.07 сомониро ташкил дод, ки дар як моҳ ба 10.6 доллари ШМА ё дар як рӯз 0.53 доллари ШМА барбар аст, ки аз панҷ як қисми стандари ҷаҳонии камбизоатиро ташкил медиҳад. Муқаррар намудани омилҳои иҷтимоӣ ба монанди ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат, ҳаҷми ҳадди аққали нафақа ва стипендия аз сабаби маҳдудияти имконот бо минимуми рӯзгузаронӣ пайваста нашудаанд ва ҳиссаи онҳо дар он аз 10 фоиз бештар намебошад.

Ҳавасмандкунии муайян намудани системаи пардохти музди меҳнат, ки ба принсипҳои иқтисоди бозорӣ, минҷумла муносибатҳои мусоиди меҳнатӣ асос меебад, муҳим мебошад.

Сатҳи тахассусии захираҳои менатӣ низ таназзул меёбад. То имрӯз тарбияи касбии кадрҳо дар системаи омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ сурат мегирад. Мавҷуд набудани маблағҳои буҷетӣ ба системаи муассисаҳои таълимоти касбии ибтидоии литсейҳо ва омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ имкон намедиҳад, ки таъмири биноҳо, харидории техника, мошин, асбобу таҷҳизотро анҷом диҳанд ва технологияи навро истифода баранд.

Ба ғайр аз ин рушди нисбатан сусти бахши соҳибкории хурд имкон намедиҳад, ки дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ таъсири дахлдор расонад. Дар ҷумҳурӣ инфраструктурае, ки метавонад бизнеси хурдро таъмин кунад, нокифоя инкишоф ёфтааст. Бизнеси хурд наметавонад ба бозори сармояҳо ба таври баробар роҳ ёбад.

Сарфи назар аз ташаббус ва сиёсати ҷории мақомоти шуғли аҳолӣ ҷиҳати таъмин бо ҷойи кор, тарбияи касбӣ ва истифодаи нақшаҳои корҳои ҷамъиятии як қатор фондҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъмин бо микрокредитҳо, аксари одамон ҷойи кор надоранд ва ин боиси шумораи зиёди муҳоҷирати меҳнатӣ мегардад. Аз нигоҳи иҷтимоию ҳуқуқӣ ҳифз нашудани муҳоҷирони меҳнатӣ боиси далелҳои мухталифи вайрон кардани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо мегардад. Ҳамзамон муҳоҷирати меҳнатӣ тибқи қарордод хеле кам ба назар мерасад.

Масъалаи мониторинги ҷараёни муҳоҷират низ аз масъалаи муҳим боқӣ мемонад. Ба ғайр аз ин аксари муҳоҷирони меҳнатӣ ба талаботи тахасусии корфармоён ҷавобгӯ намебошанд ва аз ин рӯ қисми асосии муҳоҷирони меҳнатӣ дар соҳаи на он қадар ҷолиб фаъолият намуда, навъҳои корҳои ғайритахассусиро анҷом медиҳанд.

Бинобар он, ки ҷумҳурӣ кишвари кӯҳсор мебошад ва мунтазам таҳти таъсири омилҳои сершумори геодинамикӣ қарор мегирад, масъалаи муҳоҷирати экологии аҳолӣ аз маҳалҳои аз нигоҳи экзогеннӣ бехатар масъалаи мубрам ба ҳисоб меравад. Ба ғайр аз ин дар ҷумҳурӣ ноҳияҳои кӯҳию наздикӯҳии камаҳолӣ ва сераҳолӣ мавҷуданд, ки дар онҳо қувваи корӣ ё зиёд ё ниҳоят кам ба мушоҳида мерасанд. Аз ин рӯ масъалаи истифодаи самарабахши захираҳои меҳнатӣ, ки ҳалли онро ба кӯчонидани ихтиёрии аҳолӣ метавон ҳал намуд, ниҳоят муҳим мебошад.

Ҳамчунин вазъи ниҳоят ногувори вобаста ба таъмини шароити солим ва бехатари меҳнат яке аз проблемаҳои рӯз ба шумор меравад. Мутобиқи маълумоти расмӣ дар соли 1999 талафоти вақти корӣ вобаста ба корношоямии муваққатии кормандон дар ҷумҳурӣ барои 1 коргар 26.2 одам/рӯзро ташкил намуд. 271 нафар ҷароҳат бардошта, 28 нафар фавтиданд. Вазъи ғайриқаноатбахши таъмини бехатарии меҳнат ба як қатор омилҳо вобаста аст: номукаммалии қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба соҳаи шароити меҳант ва ҳифзи меҳнат, мавҷуд набудани барномаҳои мақсаднок. Хадамоти таъсисёбандаи экспертизаи шароити меҳнат ба таъминоти техникӣ ва кадрӣ эҳтиёҷ дорад.

Ҳамчунин номутаносибии назаррас дар ҳалли масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи меҳнат мавҷуд аст. Вазъи занон нисбат ба вазъи мардон хеле мураккабтар мебошад. Занон асосан дар соҳаҳои каммузди иқтисодиёт, аз ҷумла дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ кор мекунанд. Сатҳи омодагии касбии занон ниҳоят паст мебошад. Махсусан масъалаи хоҷагии хонаводагӣ, ки сарвари онҳо асосан занонанд, проблемаи мубрам ба ҳисоб меравад. Шумораи чунин хоҷагиҳои хонаводагӣ дар кишвар бештар аз 25 ҳазор мебошад. Чунин хоҷагиҳои хонаводагӣ аксаран захираҳои замин ва дигар захираҳои кишоварзиро камтар дарстрас менамоянд.

Рушди бахши хусусӣ. То ҳолати 1 январи соли 2002 шумораи корхонаҳои фаъоли соҳибкории хурд 1181адад ё дар муқоиса бо соли 2000 161 адад ва теъдоди кормандони онҳо дар соли 2001 11.7 ҳазор нафар ё дар муқоиса бо соли 2000 0.9 ҳазор нафар камтаранд. Инро чунин шарҳ додан мумкин аст, ки як қисми ин корхонаҳо ба шакли фаъолияти патентӣ гузаштанд. Дар соли 2001 шумораи хоҷагиҳои фаъоли деҳқонӣ ва фермерӣ 11934 адад буд. Дар маҷмӯъ дар соҳаи бизнеси хурд, аз ҷумла кормандоне, ки дар корхонаҳои соҳибкории хурд, хоҷагиҳои деҳқонӣ кор мекунанд ва ба фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба патент машғуланд, беш аз 300 ҳазор нафар ҷалб шуданд.

Бахши хусусӣ дар айни замон асосан хоҷагии қишлоқ, соҳаи тиҷорат, хӯроки умумӣ ва хизматрасониро фаро гирифтааст. Имконоти рушди бахши хусусӣ ҳанӯз ба таври бояду шояд истифода намегардад. Яке аз монеаҳои асосӣ -ин номукаммалии асосҳои қонунгузорӣ ва нокифоягии механизмҳои ҳавасмандгардонӣ мебошад. Суст гардидани системаи ҳавасмандгардонӣ ба таҷдиди сохтори корхонаҳо ва рушди бахши хусусӣ таъсири манфӣ мерасонад ва он дар навбати худ ҳосилнокии иқтисодро дар маҷмӯъ паст мекунад. Ин якчанд олмилҳо дорад. Сарфи назар аз он, ки нархҳо ба молу хизматрасонӣ дар Тоҷикистон озоданд, маҳдудиятҳои ҷойдоштаи дорои хусусияти минтақавӣ монеаҳои тиҷоратӣ ва мавҷудияти қарзҳо боиси ба таври назаррас паст гардидан самарабахшии механизми муқаррар намудани нархҳо мегардад. Омили дигар аз мавҷудияти робитаҳои амудӣ ва уфуқии байни корхонаҳои калони давлатӣ мебошад, ки аз ҳокимияти соҳавии худ истифода бурда, рақобатро халалдор месозанд.

Ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ, маҳдудсозӣ ва рафъи фаъолияти монополистӣ, рушди рақобат ва соҳибкорӣ, инчунин таъмини назорати риояи қонунгузорӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соли 2001 Ҳукумат Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкориро таъсис дод. Вазифаи асосии он мусоидат ҷиҳати ташаккули муносибатҳои бозаргонӣ дар асоси рушди рақобат ва соҳибкорӣ, инкишофи фаъолияти инвеститсионии субъектҳои соҳибкорӣ аст. Агентии мазкур ҳамчунин назорати фаъолияти монополияҳои табииро анҷом дода, дар муқаррар намудани тарифҳо дар электроэнергетика, газ, хизматрасонии нақлиётӣ ва алоқа мақоми ҳамоҳангсоз мебошад. Дар назар аст, ки мақоми мазкур барои фароҳамоварии шароит ҷиҳати рушди бахши хусусӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои аҳолии камбизоат омили муҳим хоҳад буд.

Монеаҳои асосӣ дар самти таҷдиди сохтори корхонаҳои мавҷуда ва ширкатҳои нав, ки ба бозор ворид мешаванд, аз инҳо иборатанд: таҳриф дар системаи ҳавасмандгардонии иқтисодӣ; имконоти нокифоя ҷиҳати гирифтани маблағгузории рақобатнок; сустии рақобат байни корхонаҳо ва сохторҳои бозаргонӣ (аз ҷумла нокифоягии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва тадбирҳои таҳияшуда ҷиҳати таъмини рушди соҳибкорӣ ва рақобат); ҳавасмандсозии нокифоя барои идораи корпоративӣ, мавҷуд набудани низоми самарабахши муфлисшавӣ, сустии қувваҳои боздоранда ва ҳамвазн нисбат ба коррупсия.

Афзалиятҳо дар соҳаи мубориза бо камбизоатӣ. Тавсеа ва рушди фаъолияти бахши хусусӣ, инкишофи воситаҳои ҳавасмандгардонии меҳнат ва муносибатҳои меҳнатӣ дар мубориза бо камбизоатӣ яке аз қувваҳои пешбаранда хоҳад буд. Вазифаи асосии Ҳукумат аз ҳавасмандгардонии рушди бахши хусусӣ ва таъмини фаъолияти бозорҳо иборат аст. Ин пеш аз ҳама (а) рушди заминаи меъёрию ҳуқуқиро нисбат ба ширкатҳое дар бар мегирад, ки ба бозор ва истифодаи захираҳои меҳнатӣ ворид мешаванд ва ворид шудаанд; (б) тақвияти рақобат тавассути хусусигардонӣ ва афзалият барои хусусигардонии корхонаҳо, ки ба соҳаи кишоварзӣ алоқаманданд; (в) тадбирҳо оид ба рушди бозорҳои молиявӣ ва фароҳамоварии воситаҳои кредитӣ.

4.8 Инфраструктура

Инфраструктура дар кори самарабахши иқтисодиёт яке аз ҷузъҳои муҳиме ба шумор меравад, ки дар чунин соҳаҳо ба монанди энергетика, нақлиёт, телекоммуникатсия, радио, телевизион ва таъмини об хизмат мерасонад.

Энергетика. Энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз нерӯи назаррас барои рушд, дар ҳолати ногувор қарор дорад. Аз сабаби набудани маблағгузорӣ электроэнергетика, бахши нафту газ ва саноати ангишт амалан сармоягузорӣ нашудаанд. Дар натиҷа дар айни замон иқтидорҳои мавҷудаи стансияҳои барқии амалкунанда то 15- 50% кам гардидааст. Дар маҷмӯъ вобаста ба шабакаҳои тақсимкунанда ва зерстансияҳо то имрӯз тақрибан 50% таҷҳизот ва шабакаҳо ба барқарорсозӣ ё таъмири асосӣ эҳтиёҷ доранд. Ҳаҷми истеҳсоли ангишт ва газ ниҳоят таназзул ёфт. Амалан корҳои пармакунии чоҳҳо сурат нагирифтааст. Қарзи истифодабарандагон барои қувваи барқ то ҳолати оғози соли 2001 қариб 150 млн. сомониро (68 млн. дол. ШМА) ташкил медиҳад.

Сарфи назар аз таназзул дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ва паст гардидани ҳаҷми умумии қувваи барқ, ҳиссаи он дар истеъмоли умумии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ то 84% афзоиш ёфт. Чунин вазъ ба гузаштани як қатор корхонаҳои саноатӣ ва аҳолӣ ба таъминоти барқу гармӣ алоқаманд мебошад ва аз сабаби қатъи воридоти сӯзишвории мухталиф ба Тоҷикистон, ки қаблан аҳолӣ, соҳаи кишоварзӣ ва саноат ба таври васеъ истифода менамуданд, нархҳои нисбатан арзони қувваи барқ, инчунин мусоидии истифодаи он ба миён омадааст. Дар айни замон касри қувваи барқи истиҳсоли худӣ барои пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иқтисодиёт 15 фоиз ё қариб 2 млрд.кв.соатро дар як сол ташкил медиҳад. Ин камбуди қувваи барқро Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон харидорӣ менамояд. Ҷумҳурӣ инчунин нафт ва газро ҳамчун сӯзишворӣ барои нерӯгоҳҳои гармии барқӣ ва эҳтиёҷоти аҳолӣ ворид менамояд. Вале таъминоти боэътимод ва хушсифати қувваи барқ махсусан ба ноҳияҳои дурдаст, ки қувваи барқ дар мавсими зимистон танҳо якчанд соат дар як рӯз дода мешавад, вуҷуд надорад. Дар солҳои охир ҳатто дар шаҳрҳои калон низ ба таври мунтазам қувваи барқ қатъ мегардад. Шиддати пасти қувваи барқи шабакаҳо имкон намедиҳад, ки корҳои таҷҳизоти технологӣ пурра таъмин гардад, он ба сифати хизматрасонӣ таъсири манфӣ расонида, боиси аз кор баромадани таҷҳизот мегардад.

Нақлиёт. Вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, шароити махсуси манзари кӯҳӣ, коммуникатсияи асосии нақлиётии барои интиқоли бор ва мусофирон таъйингардида, роҳҳои автомобилгард ва нақлиёти автомобилӣ мебошад. Қисми зиёди роҳҳои автомобилгард ҳанӯз солҳои 60-70 сохта шуда, ба стандартҳои замонавии техникӣ ҷавобгӯ намебошанд. Дарозии умумии роҳҳои автомобилгард дар Тоҷикистон 30 ҳазор км мебошад, ки аз он 13747 км роҳҳои истифодаи умумӣ буда, аз ҷумла 4782 км дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, 8965 км дорои аҳамияти маҳаллӣ аст. Зиччии роҳҳои автомобилгард дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 0.194 км ба км2 ё 4.38 км ба ҳазор нафар мебошад.

Дар фасли зимистон роҳҳои ағбаҳои баландкӯҳ баста шуда, аҳолии дар ноҳияҳои баландкӯҳ сукунатдошта пурра дар иҳота мемонанд. Дар ин фасл робитаҳои нақлиётии ноҳияҳои шимолӣ бо марказ тавассути роҳи оҳан ва роҳи ҳавоӣ сурат гирифта, ҳамзамон хароҷоти нақлиётӣ баланд мегардад. Шабакаи роҳҳои автомобилӣ дар даврае сохта шуда буд, ки ҳанӯз сарҳадҳои миллӣ мавҷуд набуданд ва убур кардани ҳудуди кишварҳои ҳамсоя душворие надошт. Шароит дар айни замон тағйир ёфта, сарҳадҳо бо кишварҳои ҳамсоя, ки тавассути онҳо ҳаракати нақлиёт таъмин мегардад, баста шудааст.

Оқибатҳои вазъи ноустувори ҷамъиятию сиёсӣ дар соҳои 1992-1995 ва офатҳои табии бемислу монанд ба ҳолати хоҷагии роҳи ҷумҳурӣ низ таъсири манфӣ расонид. Роҳҳои кӯҳӣ дар натиҷаи обхезиҳо зуд-зуд корношоям мегарданд. Дар натиҷа дар давраи солҳои 1997-2001 тақрибан 3618 км роҳҳои автомобилгард, 517 кӯпрук, инчунин бисёр биною иншооти хадамоти истифодадиҳӣ хароб шуданд. Ҳамчунин теъдоди зиёд техника ва механизмҳои роҳсозию бинокорӣ корношоям гардид.

Нақлиёти роҳи оҳан яке аз ҳалқаи муҳими стратегияи иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Қариб 90 фоизи ҳамлу нақли беруна тавассути нақлиёти роҳи оҳан сурат мегирад. Нақлиёти роҳи оҳан аз се қитъаи аз ҳамдигар ҷудо иборат аст: шимолӣ - дар вилояти Суғд; марказӣ - дар водии Ҳисор; ҷанубӣ - дар вилояти Хатлон. Робита байни онҳо танҳо тавассути қаламрави ӯзбекистон ва Туркманистон сурат мегирад. Дарозии умумии роҳи оҳан 860 км мебошад. Интиқоли ҳавоӣ аз ҷониби ягона ширкати ҳавоии Тоҷикистон - Ширкати ҳавоии "Тоҷикистон" анҷом дода мешавад, ки он давлатӣ мебошад. Аз фурӯдгоҳҳои воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд парвозҳои байналмилалӣ сурат мегиранд. Ширкати ҳавоӣ дорои 41 киштии ҳавоӣ мебошад, ки дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудааст.

Ҳолати ғайриқаноатбахши инфраструктураи мавҷудаи нақлиёт рушди саноат, соҳаи кишоварзӣ, энергетика ва туризмро бозмедорад. Аҳолии деҳот чиҳати интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бозор, харидории молу маводи мавриди ниёз ва хизматрасонӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ мебошанд. Ҳамаи ин душвориҳо ба осудаҳолии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад ва боиси паст гардидани сатҳи зиндагӣ мегардад.

Телекоммуникатсия, радио ва телевизион. Системаи телекоммуникатсия барои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни глобализатсия ва дастрас будани бозорҳои ҷаҳонӣ ниҳоят зарур аст. Сиситемаи мазкур дар айни замон нокифоя тараққӣ карда, эҳтиёҷоти ҷомеаро нисбат ба сифат ва хизматрасонӣ қонеъ намегардонад. Ба шаҳрҳо, ки дар он 27 фоизи аҳолӣ зиндагӣ мекунад , 85 фоизи ҳамаи хатҳои телефон рост меояд. Дар аксарияти ноҳияҳо бошад камтар аз 1 фоизи аҳолӣ ба инфраструктураи телекоммуникатсия пайваст шуда метавонанд. Шумораи телефонҳо барои 100 нафар аҳолии шаҳр 9.3 адад ва дар деҳот танҳо 0.6 адад рост меояд. Воқеан телефонҳои ҷамъиятӣ (таксофонҳо), ки барои аҳолии камбизоат дастрас буд, ҳоло вуҷуд надорад. Зичии телекоммуникатсия дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пасттар мебошад.

Иттилооте, ки тавассути телевизион ва радио пахш мегардад, барои гурӯҳҳои камбизоат нисбатан дастрас ва оперативӣ ба шумор меравад. Илова бар барномаҳои давлатӣ якчанд стансияҳои телевизион ва радиои хусусӣ амал мекунад ва теъдоди онҳо ниҳоят кам аст. Дар ҷумҳурӣ телевизиони кабелӣ ва барномаҳои радио дар деапазони FM вуҷуд надорад. Маҳдудият ва мавҷуд набудани интихоби кифояи барномаҳои телевизион ва радио, аз ҷумла дорои хусусияти маърифатӣ, ба мушоҳида мерасад.

Таъминоти обу гармӣ, хоҷагии коммуналӣ. Дар айни замон дар системаи таъминоти оби Тоҷикистон тақрибан 30 фоизи шабакаҳои обгузар вобаста ба сабабҳои мухталиф, амал намекунад. Танҳо беш аз нисфи аҳолӣ аз оби қубурҳои обгузар истифода мебаранд. Қисми боқимондаи аҳолӣ обро мустақиман аз дарёю каналҳо, ҷӯйбор, чашмаҳо ва дигар манбаъҳои об истифода мебаранд. Ҳамзамон сифати об, ки тавассути шабакаи об расонида мешавад, беҳбудиро тақозо менамояд, зеро самарабахшии иншооти поксозӣ аз 40 фоиз болотар нест. Бо канализатсия фарогирии аҳолӣ дар шаҳрҳо амалан қаноатбахш бошад, ҳам вале дар маҷмӯъ дар кишвар 23 фоизро ташкил медиҳад. Ин боиси хатари иловагии мубталоӣ ба бемориҳои сироятӣ мегардад. Мавҷуд набудани ченкунакҳо, ки хароҷоти обро нишон диҳад, имкон намедиҳад мувозинаи таъминот бо об мушоҳида гардад ва дар натиҷа талафоти зиёд сурат мегирад. Қариб ҳамаи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нарасидани об ва сари вақт таъмин намудан бо он азоб мекашанд.

Масъалаҳои асосӣ дар инфраструктура. Проблемаи умумӣ барои ҳамаи корхонаҳои бахш - хоҷагии аз нигоҳи маънавӣ ва физикӣ фарсуда мебошад, ки аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон мерос мондааст: парки воситаҳои нақлиёт, техника ва асосбу анҷоми роҳсозию бинокорӣ, локомотиву вагонҳо, тайёраҳо, системаи интиқоли об, шабакаҳои барқии тақсимкунанда ва зерстансияи таҷҳизоти системаи телекоммуникатсионӣ, телевизиону радио кайҳо мӯҳлати истифодаашон гузаштааст. Истифодаи техникаи кӯҳна боиси хароҷоти иловагӣ мегардад. Аз сабаби нокифоягии маблағҳои молиявӣ заминаи системаи сусти таъмин ва мавҷуд набудани мутахассисони касбӣ имконоти таъмири хушсифтаи онҳо вуҷуд надорад.

То оғози ислоҳот корхонаҳои бахш ба таҳияи сиёсат, назорат ва танзим, инчунин ба фаъолият ва истифодаи субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмир ва хадамоти диспетчерии онҳо ҷалб гардида буданд. Ҳоло бошад ҷудосозии ин вазифаҳо сурат мегирад. Ҳоло Вазорати энергетика ва нақлиёт таъсис ёфта, вазифаҳои Вазорати алоқа таҳти таҷдиди назар қарор гирифтааст. Нокифоягии рақобат дар бахши инфраструктура барои рушди бахш ва ба он ворид гардидани сармояи хусусӣ монеаи асосӣ мебошад.

Заминаи мавҷудаи қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқии бахши инфраструктура имконияти рушди онро маҳдуд сохта, озодгардонии хизматрасонии бахшро таъмин наменамояд. Бо мақсади ислоҳоти заминаи қонунгузорию ҳуқуқии бахш Қонун "Дар бораи энергетика" ва "Дар бораи нақлиёт" қабул ва қонуни нав "Дар бораи алоқа" таҳия мегардад. Вале заминаи меъёрию ҳуқуқии бахш ҳанӯз ба қонунҳои қабулшуда мутобиқ гардонида нашудааст.

Аз сабаби мавҷуд набудани маблағгузории бахш қисми зиёди мутахассисони касбӣ ва кормандон маҷбур шуданд корхонаҳои худро тарк намоянд. Баъзе мутахассисон ба сохторҳои тиҷоратӣ шомил шуда, қисми дигар муҳоҷират намуданд. Ҳамчунин вазъи ногувори тарбияи мутахассисони ҷавон боиси ташвиш аст. Муассисаҳои таълимӣ ба ҳайати омӯзгорони соҳибихтисос эҳтиёҷ дошта, дар онҳо барномаҳои замонавии методии омодасозии мутахассисон барои кор бо технологияи баланд вуҷуд надорад ва онҳо дорои заминаи замонавии техникӣ ва таҷҳизот намебошанд. Тарбияи мутахассисон берун аз ҳудуди кишвар бошад маблағҳои зиёдеро тақозо менамояд.

Дар айни замон тарифҳои муқарраргардида ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ асос наёфтаанд, зеро онҳо ҷуброни ҳама хароҷотро барои қувваи барқ, об, хизматрасониҳои нақлиётӣ, иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ таъмин наменамоянд (аз ҷумла қарзҳои дарозмӯҳлати ниҳоӣ). Дар бахши инфраструктура масъалаҳои қарзи дебиторӣ, ки ба маблағҳои нопардохта оммавии аҳолӣ алоқаманданд, вуҷуд дорад. Ин аз як ҷиҳат ба ғайри қобили пардохт будани аҳолӣ ва аз ҷониби дигар ба мукаммал набудани заминаи ҳуқуқии муносибатҳои мутақобилаи корхонаҳои бахш бо мизоҷон, вобаста аст.

Ҳамчунин истифодаи ғайриоқилонаи қувваи барқ ва об ба мушоҳида расида, дар айни замон барномаҳои сарфаи қувваи барқ ва об вуҷуд надорад. Истифодаи об дар кишвар аз сабаби паст гардидани сурдмандии фаъолияти инфраструктураи таъмини об, мавҷуд набудани ҳавасмандгардонии бозаргонии истифодбарандагони об ҷиҳати сарфаи он, нархи ниҳоят ночиз барои об; мавҷуд набудани механизмҳои муассири идора ва истифодаи захираҳои об хеле зиёд гардид. Ҳамчунин бояд ба таври мутаносиб оид ба масъалаҳои сарфаи қувваи барқ ва об ташаккули афкори умум сурат гирад.

Афзалият ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ. Дар доираи дурнамои паст кардани сатҳи камбизоатӣ масъалаҳои умумии вобаста ба рушди инфраструктура аз инҳо иборатанд:

* саҳми инфраструктура дар рушди иқтисодӣ, бо дарназардошти таҳияи афзалиятҳо дар сиёсат ва эҳтиёҷоти инвеститсионӣ барои дастгирии инкишофи устувори даромад ва ҷойҳои корӣ;

* ба аҳолии камбизоат дастраст будани об, қувваи барқ нақлиёт ва иттилоот;

* қобили қабул будан; Чи тавр бояд барои хизматрасонии бахши инфраструктура нархро муайян намуд, ки он мақсадҳои аз нигоҳи молиявӣ қобили амал будани корхонаҳо ва дастрас будан ба аҳолии камбизоатро таъмин намояд.

4.9 Ҳифзи муҳити зист ва туризм

Муҳити зист. Тоҷикистон дорои имконоти нодири табиӣ ва рекреатсионӣ, системаи экологии зебо ва тағйирнаёфта, навъҳои гуногуни ғании биологӣ мебошад. Мавҷуд набудани Барномаи фаъоли ҳифзи муҳити зист ва афзоиши камбизоатӣ ба муҳити зист тавассути буридани дарахтон, ифлосшавии об ва фазои атмосфера, эрозия ва шӯр шудани заминҳои кишоварзӣ, ба чарогоҳҳо табдил додани марғзорҳо таъсири манфӣ расонд. Фаъолияти ҳифзи табиат, ки ба қонеъгардонии талабот ба хизматрасонии нисбатан бештару беҳтари коммуналӣ нигаронида шудааст (оби тозаи нӯшокӣ, коркарди партовҳо), барҳам додани таҳдидҳои нисбатан шадиди экологӣ барои саломатии инсон ва бехатарии системаи экологӣ, инчунин таъмини аз нигоҳи экологӣ устувори рушди иқтисодӣ, беҳбуди бунёдиро тақозо менамояд.

Ҳамчунин пешгирии офатҳои табиӣ масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Муҳити табиии Тоҷикистон ҳамеша таҳти таъсири офатҳои мухталифи табиӣ қарор мегирад. Аз ҷумла заминҷунбӣ, яхч, обхезӣ, тармафароӣ, ҳаракати пиряхҳо, кӯлҳои баландкӯҳи дорои хатари кандашавӣ, боронҳои сахт, сел ва обхезӣ, эрозияи обӣ ва ғайра мисоли онҳо мебошанд. Ҳамаи ин офтаҳои табиӣ зарари калони моддӣ расонида, аксар боиси талафоти инсон мегарданд. Вале дар кишвар Стратегияи миллӣ оид ба пешгирии офатҳои табиӣ таҳия нашудааст, инчунин хадамоти махсусгардонидашуда ва мутаносибан муҷаҳҳаз барои омӯзиш, пешгӯи, ноҳиябандӣ ва мониторинги таъсири зараровари манбаъҳои имконпазири офатҳои табиӣ, барои таҳия ва иҷрои тадбирҳои пешгирикунанда вуҷуд надорад.

Ҳукумат ба татбиқи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1998-2008 шурӯъ намуд, ки он ба таъмини истифодаи самрабахши захираи Тоҷикистон, дар ҳолати оптималӣ нигаҳ доштани ҳолати замин, ҷангалзор, чарогоҳҳо, захираҳои об, ҳавои атмосфера, ҳифзи баробарии биологӣ, ҳимояи навъҳои нодир ва азбайнравандаи олами ҳайвонот ва наботот (флора ва фауна) нигаронида шудааст. Дар айни замон тадқиқоти сатҳи ифлосшавии системаи экологӣ оғоз гардида, комиссияи махсус вайрон намудани қонуни ҳифзи табиатро назорат менамояд, Бо мақсади ҳифзи иншооти нодири табиӣ ва маҷмӯаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор мамнӯъгоҳ, 13 фармоишгоҳ ва 2 боғи (парки) табиӣ (парки миллии Тоҷикистон ва парки таърихию табиии Шеркент) таъсии дода шудааст.

Маблағҳое, ки аз буҷети давлатӣ бо мақсади ҳифзи муҳити зист ҷудо мегарданд, ҳатто барои гузаронидани оддитарин тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ҳифзи табиат кифоят намекунанд ва манбаъҳои алтернативӣ барои анҷом додани ин корҳо дар айни замон вуҷуд надорад. Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба монанди Системаи глобалии мониторинги муҳити зист (СГҲМЗ), Заминаи глобалии маълумоти иттилоотӣ оид ба захираҳо, Феҳристи байналмилалӣ вобаста ба маводи нисбатан заҳролуди химиявӣ, Системаи иттилоотии байналмилалӣ оид ба муҳити зист ва дигар ҳуҷҷатҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Заминаи меъёрии қонунгузорӣ ва танзимкунанда оид ба ҳифзи муҳити зист ба таҷдиди назар ва мутобиқгардонӣ (унификатсия) эҳтиёҷ дорад.

Мавҷуд набудани системаи хушсифати мониторинги экологӣ имконоти мақомоти ҳифзи табиатро оид ба назорати сатҳи партовҳо дар манбаъҳои ифлоскунанда маҳдуд месозад. Ба самарабахшии сиёсати экологӣ маърифати (огоҳии) пасти аҳолӣ, афзалият надоштани вазифаҳои экологӣ аз нигоҳи сиёсӣ ва мавҷуд набудани далелҳои дақиқи хароҷоти экологие, ки аз харобшавии муҳити зист ба миён омадааст, таъсири манфӣ мерасонад.

Стратегияи мазкур ташкили ҳавасмандсозии манфиатҳои иқтисодии корхонаҳоро бо вазифаҳои беҳбуди ҳолати муҳити зист, таҳкими муассисаҳои ҳифзи табиат ва таҳияи усули маблағгузории барнома ва лоиҳаи афзалиятноки экологӣ алоқаманд месозад, пешбинӣ мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарк менамояд, ки ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ дар айни замон бе дарназардошти талаботи экологӣ ва ба таъхир гузоштани ҳалли масъалаи экологӣ барои оянда метавонад минбаъд боиси хароҷоти калони иқтисодӣ гардад.

Туризм. Дар натиҷаи надоштани маълумоти кофӣ оид ба вазъи воқеӣ, рушди нокифояи инфраструктура, ки ҳангоми ҷанги гражданӣ зарар дидааст ва сатҳи пасти рақобат бахши туризм ҳар чанд барои рушди минбаъда нерӯи кофӣ дошта бошад ҳам, ба таври зарурӣ инкишоф наёфтааст. Инфраструктураи мавҷуди туризм ва баъзе аз муассисаҳои санаторию курортии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бештар аз 116 иншоот ва 9 санатория) ба талаботи рушди фаъоли туризм ҷавобгӯ намебошанд, зеро беш аз 80 фоизи онҳо ба таҷдиди сохтор ва таҷҳизонидан эҳтиёҷ доранд. Дар кишвар иншооти замонавии туристии (меҳмонхонаи 4-5 ситорадор, марказҳои фароғат ва истироҳат) ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ, вуҷуд надорад.

Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ба зиммаи он масъулияти соҳаи туризм вогузор шудааст, танҳо дар рӯзҳои наздик ба таҳияи тавсияҳо оид ба рушди бахш шурӯъ намуд, Дар айни замон литсензия ва ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти туристиро танҳо якчанд ширкатҳо ба даст овардаанд. Заминаи мавҷудаи қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқии бахши туризм пешрафти онро маҳдуд сохта, ба инкишофи рақобат имконият намедиҳад. Маблағгузории туризм аз буҷети давлатӣ сурат намегирад ва маблағҳои маҳдуде, ки аз фаъолияти туристӣ ба даст меояд, асосан барои пӯшонидани хароҷоти ширкатҳо ва рекламаҳо дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ сарф мешавад.

Зуд-зуд қатъ кардани қувваи барқ ва об, сифати пасти системаи телекоммуникатсия, мавҷуд набудани рақобат дар бозори ҳамлу нақли ҳавоӣ, иттилоот оид ба парвозҳо дар системаҳои байналмилалии иттилоотӣ, маҳдуд будани хатҳои парвози мустақим ба бозорҳои асосии туристӣ, мавҷуд набудани системаи брон - инҳо масъалаҳое мебошанд, ки сафари туристонро халалдор ва маҳдуд месозанд.

Афзалиятҳо ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ. Фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист, ки барои аҳолии камбизоат нақши муҳим дорад, тадбирҳои вобаста ба ифлосшавии об, эрозияи хок, биёбоншавӣ ва идораи офатҳои табииро дар бар мегирад. Рушди туризм, ки метавонад ҳангоми хароҷоти ками молиявӣ босуръат боиси афзоиши ҷойҳои корӣ гардад, асосан масъулияти бахши хусусӣ ба шумор меравад. Нақши Ҳукумат аз фароҳамсозии муҳити дуруст барои инвеститсияҳои хусусӣ дар бахш тавассути заминаи дахлдори меъёрӣ, ки рақобатро ҳавасманд мегардонад, инчунин дар миқёси байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон, иборат мебошад.

5. Тадбирҳои пешниҳодшаванда ҷиҳати татбиқи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ

Дар боби мазкур тадбирҳои асосии сиёсате, ки Ҳукумат мехоҳад ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар давраҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат ба даст оварад, баррасӣ гардида, дар Матритсаи тадбирҳои сиёсат (замимаи

1) чораҳои мушаххас бо самтгирии махсус ба тадбирҳои афзалиятноке, ки эҳтимол аст дар дурнамои кӯтоҳмӯҳлат: 2002-2004 татбиқ гардад, пешниҳод шудааст. Баъди таъсиси сохтори махсусгардонишуда барои мониторинги стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ (Шӯъба дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) афзалиятҳо мутобиқи вазъи воқеӣ ва имконоти воқеӣ ҷиҳати аз худ намудани маблағҳо таҳти таҷдиди назар қарор мегиранд. Мутаносибан тадбирҳои мушаххас низ тасҳеҳ меёбанд..

Арзёбии таъминоти молиявии иҷрои чорабиниҳои алоҳида дар Матритса вобаста ба мавҷуд набудани маълумот ва барномаи миёнамӯҳлати буҷетии тасдиқгардида (ки он дар айни замон таҳия карда мешавад) имконнопазир аст ва аз ин рӯ барои давраи мазкур манбаъҳои маблағгузории ин чорабиниҳо муайян нагардидаанд. Эҳтимол меравад, ки иҷрои ин корҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти Шӯъбаи дар боло зикргардида хоҳад буд.

5.1 Идораи макроиқтисодӣ

Мақсади Ҳукумат дар дурнамои миёнамӯҳлат аз он иборат мебошад, ки ҳамасола маҷмӯи маҳсулоти дохилии воқеӣ дар сатҳи на камтар аз 6 фоиз баланд бардошта шавад. Таваррум дар ин солҳо набояд аз 7 фоиз бештар бошад ва он қурби устувору чандири асъорро дастгирӣ намуда, ба баланд гардидани даромад ба ҳар сар аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Бо мақсади таҳкими боварӣ ба асъори миллӣ ва иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои берунӣ, Ҳукумат қарор додааст захираҳои маҷмӯии байналмилалиро то ҳадди маблағе, ки ба содироти семоҳа баробар аст, афзун намояд. Дар соҳаи сиёсати фискалӣ мақсади миёнамӯҳлати Ҳукумат дар соли 2004 ба буҷети баласнӣ ноил гардидан аст (ба таври маҳдуд муайян намудани баланси молиявӣ, ба истиснои барномаи сармоягузории давлатӣ (БСД). Ҳукумат кӯшиш менамояд, ҳиссаи даромадро нисбат ба ММД дар соли 2004 то 16.3 фоиз афзун намояд.

Истиқрори макроиқтисодӣ ва татбиқи доираи васеи ислоҳоти сохторӣ рушдро, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ, бо дарназардошти афзалиятҳои муқоисашавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истеҳсолоти кишоварзӣ ва арзиши пасти қувваи корӣ дастгирӣ хоҳад кард. Омили охирин, яъне арзиши пасти қувваи корӣ ҳамчунин метавонад истеҳсоли саноатиро, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ дорои нерӯи назаррас аст, дастгирӣ намояд. Имконоти пешрафт ҳамчунин дар дигар бахшҳо ба монанди гидроэнергетика, саноати кӯҳкорӣ ва металлургия, инчунин сохтмон ва инфраструктура, вуҷуд дорад.

Сиёсати андозу буҷетӣ. Бо дарназардошти камшавии ҳаҷми маблағгузории софи хориҷии хароҷот Ҳукумат сиёсати қавии андозу буҷетиро бо касри буҷетиии нақшавӣ дар сатҳи 0.4 фоиз аз ММД ва баланси буҷетиро дар соли 2004 анҷом медиҳад. Дар сурати ба миён омадани касри зиёд маблағгузории он аз ҳисоби фурӯши векселҳои хазинадорӣ ва даромад аз хусусигардонӣ анҷом дода мешавад. Барои ҷуброни камшавии даромадҳо, ки ба паст гардидани андози аз фурӯши пешбинишавандаи пахта ва алюминий вобаста мебошад, Ҳукумат андози кафолатии 5 фоизро аз содиркунандагони пахта ҷорӣ менамояд ва заминаи андозро васеъ намуда, ставкаҳои аксизро баланд мебардорад, ААИ-ро нисбат ба истеҳсолкунандагони дохилии пахта татбиқ карда, ба сифати озмоиш дар як қатор минтақаҳо андози ягонаи кишоварзӣ ҷорӣ менамояд, инчунин шумораи аз андозбандӣ озод карданро кам мекунад. Ҳукумат таҳкими идораи андоз ва низоми ҷамъоварии андозро идома медиҳад. Тадбирҳои мушаххас аз инҳо иборатанд: ба охир расонидани ислоҳоти ААИ, таҳкими Инспексияи кор бо андозсупорандагони калон, идомаи кор ҷиҳати бақайдгирии андозсупорандагон бо мақсади тавсеаи заминаи андозбандӣ, фаъолтар кардани кӯшишҳо ҷиҳати рафъи қарзҳои андозӣ, гузариш ба системаи ҳозиразмони худҳисобкунӣ, инчунин ҷорӣ намудани системаи андозбандӣ аз манбаъ. Барои баланд бардоштани самаранокии кори Вазорати навтаъсиси даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумат азм дорад нисбат ба вазифаҳо оид ба даромадҳо ва барзиёд иҷро кардани нақша ба буҷети он маблағҳои ҳавасмандгардонӣ ҷудо намояд. Бо кӯмаки техникии Хазинаи Байналхалқии Асъор ва Бонки Осиёгии Рушд корҳо ҷиҳати такмили хадамоти гумрукӣ оғоз гардиданд. Тамоми ин тадбирҳо бояд боиси батадриҷ зиёдшавии ҳиссаи даромади андоз нисбат ба ММД шаванд.

Ҳукумат азм дорад барои соҳаи иҷтимоӣ хароҷотро зиёд кунад, гарчанде онҳо бо ҳиссаи калони хароҷот оид ба музди меҳнат, нафақапулӣ ва пардохтҳо ба ҳисоби хизматрасонии қарзи хориҷӣ, ки афзоишашон дар назар аст, маҳдуд мегарданд. Дар соли 2002 музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоби миёна 40 фоиз зиёд мешавад. Хароҷот барои соҳаи иҷтимоӣ дар буҷетҳои се соли оянда аз ду унсур иборат хоҳанд буд. Аввалан, ин буҷети иҷтимоии заминавӣ мебошад, ки соҳаҳои тандурустӣ, маориф, таъминоти нафақа ва системаи таҷдидшудаи ҷуброни молиявиро фаро мегирад. Дуюм, пулҷудокуниҳои махсус барои барномаҳои мубориза алайҳи камбизоатӣ анҷом дода мешаванд. Маблағҳо асосан барои эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ ва маориф, инчунин ба сифати захираҳои шарикӣ дар лоиҳаҳо бо донорҳои хориҷӣ мутобиқи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ истифода мешаванд. Ҳаҷми сармоягузориҳои давлатӣ дар соли 2002 бо 3 фоиз аз ММД маҳдуд мешавад.

Ҳукумат баланд бардоштани самаранокии кори системаи хазинадориро идома медиҳад. Барои ин назорати ба зимма гирифтани ӯҳдадориҳо оид ба хароҷот такмил ёфта, ҳисобномаи ягонаи ғайрибуҷетӣ барҳам дода мешавад ва дастуруламал оид ба амалиёти хазинадорӣ интишор ва паҳн гардида, ҳисобномаҳои бонкии вазоратҳои алоҳида консолидатсия мегарданд. Барои баланд бардоштани дараҷаи ошкоро будани идораи молиявӣ дар бахши давлатӣ касрҳои квазибуҷетӣ барҳам дода мешаванд.

Барои ҷорӣ намудани унсури стратегӣ дар банақшагирии хароҷот ва муқаррар намудани робита байни таҳияи сиёсат, буҷетикунонӣ ва тақсимоти хароҷот Барномаи миёнамӯҳлати буҷетӣ барои солҳои 2002-2003 таҳия карда шуд, ки он бояд ба буҷет дохил кардани БДС-ро таъмин намояд.

Сиёсати пулию қарзӣ. Ҳукумат барои ҳалли масъалаҳои нигаҳдории баланси пардохт ва боздории инфлятсия бо дарназардошти нишондиҳандаҳои пулию қарзие, ки дар доираи барномаи аз ҷониби ХБА дастгиршаванда муқаррар гардидаанд, сиёсати қавии пулию кредитиро пеш мебарад. Тадбирҳои фаъол ҷиҳати пасгардонидани қарзҳои мӯҳлаташон гузашта, инчунин маҳдудияти қатъӣ барои қарзҳои нав додашаванда бояд боиси камшавии талаботи софи БМТ нисбат ба бахши хусусӣ гарданд. БМТ қарзҳои мақсаднок нахоҳад дод. Боздоштани эмиссияи қарзии дохилӣ боиси таҳкими Захираҳои Софи Байналмилалӣ мегардад.

БМТ истифодаи низоми фасеҳи қурби табдилро идома дода, аз дахолат ба бозори асъор, ба истиснои ҳолатҳои танзими калавишҳои муваққатӣ, худдорӣ мекунад. БМТ қурби расмии мубодиларо ҳамчун қурби миёнаи амалиёти воқеии ҳарҳафтаина дар бозори асъори байнибонкӣ муқаррар менамояд, инчунин ҷиҳати такмили фаъолияти ин бозор аз ҳисоби назорати ҷиддии риояи лимитҳои мавқеи ошкори асъории бонкҳо тадбирҳо меандешад.

БМТ инчунин фурӯши сертификатҳои депозитии БМТ ва векселҳои хазинадориро идома дода, ҷиҳати таъмини самаранокии бештари амалиёт дар бозори кушод корҳоро давом хоҳад дод. Барои таҳкими мустақилият ва вазъи молиявии БМТ ҳисоботи солонаи молиявии он пурра мутобиқи таҷрибаи байналмилалии ҳисоби бухгалтерӣ таҳия карда мешавад.

Ҳукумат ҷиҳати таъмиқи ислоҳоти соҳаи бонкӣ бо роҳи таҷдиди сохтори амалиётӣ корҳоро идома медиҳад. Рекапитализатсияи бонкҳои тиҷоратӣ бо истифодаи маблағҳои давлатӣ, қатъиян бо шарти таҷдиди кифояи сохтори амалиётӣ, мавҷудияти роҳбарияти касбӣ, таҳияи бизнес-нақшаҳои қобили қабуле, ки риояи меъёрҳои муқарраршударо вобаста ба кофӣ будани сармоя ва самаранок таъмин мекунанд, инчунин иштироки сармояи хусусӣ анҷом дода мешавад.

Савдои хориҷӣ ва идораи қарзи хориҷӣ. Дар солҳои минбаъда ба нақша гирифта шудааст, ки касри ҳисоби амалиёти ҷории баланси пардохт аз 7.7 фоиз дар соли 2001 то 5.5 фоиз дар соли 2002 паст карда шавад. Ҳамзамон аз сабаби пардохтҳои баланди аммортизатсионӣ хеле кам шудани салдои мусбати ҳисоби амалиёт бо сармоя сурат мегирад. Ҷиҳати бартараф ва ё сабук намудани бори қарз дар бахши муборизаи зидди қашшоқӣ якчоя бо қарздиҳандагони асосии маблағгузории иловагӣ дар асоси шартҳои имтиёзнок дарёфти манбаъҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳукумат ҷиҳати таҳкими мониторинг ва идораи қарзҳои хориҷӣ тадбирҳо меандешад. Ин тадбирҳо аз гузаронидаи инвентаризатсияи муфассали ҳаҷми умумӣ ва вазъи қарзи хориҷии пардохташудаи давлатӣ ва аз ҷониби давлат кафолатдодашуда, инчунин қарзи корхонаҳои давлатӣ; гузаронидаи таълим ва харидани таҷҳизот барои беҳдошти назорати қарз, такмили нерӯи таҳлилӣ ва системаҳои ҳисоботдиҳӣ оид ба қарз дар Вазорати молия иборат хоҳад буд. Ҳукумат ҷиҳати муайян намудани сатҳи имконпазир, шарт ва ҳадафҳои ҷалби қарзҳои хориҷӣ принсипҳои аниқи сиёсат, инчунин талаботи иқтисодии интихоби лоиҳаҳо барои Барномаҳои сармоягузориҳои хориҷиро муқаррар мекунад. Манъи ҷалби қарзҳои ғайриимтиёзноки давлатӣ амал хоҳад кард.

5.2 Ислоҳоти идораи давлатӣ

Системаи самарабахш ва ошкорои амалкунандаи институтҳои ҳокимият ва идораи давлатӣ ҷиҳати ноил гаштан ба мақсадҳои рушди мамлакат унсури муҳим мебошад. Ислоҳоти институтҳои давлатӣ доираи васеи амалро фаро мегирад. Ҷиҳати татбиқи стратегияи Ҳукумат оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ тадбирҳое, ки барои беҳдошти фаъолияти шохаи иҷроияи Ҳокимият, бахусус бахшҳои афзалиятноке, ки бевосита ба камбизоатон нигаронида шудаанд, яъне бахшҳои иҷтимоӣ, соҳаи кишоварзӣ ва муассисаҳои барои рушди фаъолияти бахши хусусӣ масъул, аҳамияти хоса доранд.

Татбиқи ҳадафҳои ислоҳоти идораи давлатӣ аз анҷом додани маҷмӯи чоарбиниҳое иборат мебошад, ки якҷоя самаранокӣ ва ҳосилнокии системаи мақомоти давлатиро таъмин менамоянд. Инҳо аз чорабиниҳои зерин иборатанд: а) дақиқ муайян кардани нақш ва масъулияти вазорату идораҳо, истиснои иҷрои такрории вазифаҳо, таҳияи сохтори ташкилии онҳо ва ҷадвали штатӣ мутобиқи мақсадҳои онҳо; б) таҳкими назорати молиявии истифодаи маблағҳои давлатӣ; в) таъсиси системаи касбии хизмати давлатӣ; г) мусоидат ба фаъолияти ошкорои хизматчиёни давлатӣ.

Тавсеаи фаъолияти Кумитаи назорати давлатии молиявӣ, аз ҷумла оид ба арзёбии лоиҳаи буҷети давлатӣ, сметаи фондҳои давлатӣ, мақсаднокӣ ва самаранокии корхонаҳои муштараки дар заминаи моликияти давлатӣ таъсисёбанда; оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳо ва амволи давлатӣ, қарзҳое, ки Ҳукумат мегирад ва хизматрасонии онҳо дар назар дошта шудааст. Ҳисоботдиҳанда будани ин сохтор оид ба натиҷаҳои фаъолияти дар назди Президент ва Парламент ҷиҳати таъмини баланд бардоштани ошкорбаёнӣ ва дастрас будани ин мақоми нав пешбинӣ мешавад. Интишори мунтазами натиҷаҳои фаъолияти ин мақом дар ӢAУ ба аҳолӣ имкон медиҳад, ки фаъолияти роҳбарияти мақомоти дахлдори давлатиро арзёбӣ намоянд.

Кор оид ба ташкили системаи хизмати давлатӣ ва тарбияи корпуси касбии хизматчиёни давлатӣ дар ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад. Он мумкин аст бо роҳи васеъ намудани фаъолияти институти давлатии дахлдор, таъмини ошкорбаёнӣ ва иҷрои дақиқ ҳангоми кироя ба кор ва амалӣ намудани пешравӣ дар мансаб, ҷорӣ намудани системаи муттасили тарбия ва бозомӯзии кормандони мақомоти давлатӣ, дар фаъолияти онҳо ҷорӣ кардани кодекси одоби (этикаи) рафтори хизматчиёни давлатӣ ба даст ояд.

Самаранокии идораи давлатӣ ба музди меҳнати мувофиқи хизматчиёни давлатӣ вобаста мебошад. Ба сифати вазифаҳои аввалиндараҷа Ҳукумат сатҳ ва сохтори дахлдори ҷубронпулиҳоро барои ҳайати кормандони худ таҳия ва манбаи маблағгузориро муайян мекунад. Сипас, тадбири минбаъда, аз ташкили идораи хизмати давлатӣ ва системаи тарбия ва бозомӯзӣ, ки ба хизматчиёни давлатӣ имкон медиҳад ихтисосашонро такмил диҳанд, иборат хоҳад буд.

Ошкоро будани қабули қарорҳо мумкин аст тавассути интишор дар ӢAУ ва даъвати тамоми шахсони манфиатдор барои муҳокимаи лоиҳаи қарорҳои муҳим, паҳн гардонидани таҷрибаи дар маҷлисҳои мақомоти давлатӣ ҳузур дрштани намояндагони СҒҲ, сохторҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ӢAУ интишор намудани қарорҳои судӣ ва натиҷаи тендерҳо барои ҳамлу нақли калони давлатӣ тавсеа дода шавад. Барои ноилшавӣ ба ошкоро будани хизматрасониҳои корхонаҳои давлатӣ дар ӢAУ мунтазам интишор намудани ҳисобот оид ба фаъолияти онҳо пешбинӣ мешавад. Дастрасии "телефонҳои боварӣ", ки тавассути онҳо арзу шикоятро шунидан мумкин аст, инчунин ба ошкорбаёнӣ мусоидат мекунад. Барои беҳдошти сифати хизматрасонии хизматчиёни давлатӣ давр ба давр дар байни шахсоне, ки аз ин хизматрасониҳо бархурдоранд, музокирот баргузор намудан мумкин аст. Таҷрибаи иштироки шахсони воломақом дар сӯҳбатҳои мустақими телевизионӣ бештар ба роҳ монда мешавад.

5.3 Ҳифзи иҷтимоӣ

Самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ, ки ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона гаштаанд, аз инҳо иборатанд: беҳтар намудани самаранокии системаи ҷубронпулиҳо, аз ҷумла пардохти инфиродӣ (унвонӣ): зиёд кардани сатҳи даромадҳо; ислоҳоти нафақа ва проблемаҳои дорои хусусияти институтсионалӣ.

Ислоҳоти системаи ҷубронпулиҳо ба расонидани кӯмак ба табақаҳои нодортарин равона карда мешавад. Зимнан талаботи асосӣ аз самаранокӣ ва осонии татбиқ, инчунин аз механизмҳое, ки ошкор будани мониторинг ва назоратро таъмин мекунанд, иборат мебошанд. Амалҳои Ҳукумат пеш аз ҳама барои дар тамоми ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани механизмҳои пардохти ҷубронпулиҳои унвонии 20 фоиза ба оилаҳои нодортарин дар маҳалҳо, ки фарзандони синни мактабии аз 7 то 15 сола доранд, тавассути мактабҳо (комиссияҳои мактабӣ, шӯроҳои парасторон) равона карда мешавад. Бо ин амал тақрибан 350.000 чунин кӯдакон фаро гирифта мешавад. Ба рӯйхати шахсони бенефисиар инчунин кӯдакони синни мактабие дохил карда мешаванд, ки бинобар камбизоатӣ (набудани либос, пойафзол, китоб ва ғайра) ба мактаб намераванд. Дар ин сурат вазифаи асосӣ муайян кардани шахсони аз ҳама камбизоат мебошад. Ҳамин тариқ мақсад гузошта мешавад, ки чунин кӯдакон барои ташрифи мактаб ҳавасманд гардонида шаванд. Аз ин нигоҳ кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, СҒҲ барои таҳияи нақшаи ислоҳоти система ва механизми пардохти кӯмакпулиҳо зарур аст.

Такмили системаи таъмини нафақа ба тадриҷан ҷорӣ кардани механизми усули захиракунии таъминоти нафақа, бо дарназардошти таъминоти нафақаи наслҳои калонсол, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад, асос мегирад. Барои ин мақсад таҳияи санадҳои дахлдори қонунгузорӣ зарур мебошад. Дар дурнамои миёнамӯҳлат таъсиси системаи сезинагии таъминоти нафақа: нафақаҳои ҳадди ақали аз ҷониби давлат кафолатдодашуда; нафақаи тибқи суғуртаи ҳатмии нафақа додашаванда; нафақаи аз ҳисоби фондҳои нафақаи ғайридавлатӣ додашаванда пешбинӣ мегардад. Дар таркиби ин навъҳои нафақа бояд муқаррар намудани нафақа барои кормандоне, ки фаъолияташон бо шароитҳои махсуси корӣ алоқаманд аст, дохил карда шаванд. Ин масъалаи ҳалталаб буда, баррасӣ ва қарори дақиқро тақозо мекунад. Бо ҳамин тартиб масъалаи муқаррар намудани нафақа барои хизмати дарозмуддати кормандони маориф, тандурустӣ, санъат ва кормандони дигар соҳаҳои иқтисодиёт ҳаллу фасл карда мешавад.

Анҷом додани корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти таъиноти иҷтимоӣ (таҷдиди сохтори биноҳо, системаҳои таъмини об, канализатсияҳо, гармидиҳӣ, таъминот бо газ) бо ҷалби кӯмаки инвесторони хориҷӣ зарур мебошад. Хусусиятҳои хосаи объектҳои номбаршуда таҳияи меъёр ва афзалиятҳои ягонаи иҷрои корҳои мазкурро тақозо мекунад. Оид ба рушди шабакаи хоҷагиҳои ёрирасон ва корхонаҳои хурд тадбирҳо андешида мешаванд. Ин амал ба камшавии мушкилоти молиявии институтҳои таъиноти иҷтимоӣ ва бо шуғл таъмин гардидани бошандагони коршоями хона-интернатҳо мусоидат мекунад. Ҳукумат инчунин барои шахсони яккаву танҳо, пиронсол ва маъюб таҳияи системаи рушди хадамоти кӯмаки иҷтимоиро дар хонаҳояшон оғоз мекунад.

Нисбат ба шахсони маъюб таҳияи системаи ягонаи раванди барқарорсозӣ, ки аз ҷанбаҳои тиббӣ, педагогӣ, касбӣ ва касбию таълимӣ иборат мебошанд, бо дарназардошти шароит барои гузаронидани мониторинги маъюбии аввалин пешниҳод мегардад, ки омили пешгирии маъюбӣ мебошад. Ҳукумат азм дорад, ки стандарти сифати экспертизаи коршоямӣ, бахусус патологияҳои хроникиро таъмин намояд, оид ба беҳтар сохтани сифати маҳсулоти протезию ортопедӣ, инчунин ҷиҳати тарбияи кадрҳо оид ба ихтисоси техникҳои протезист тадбирҳо андешад.

Барои барқарорсозии маъюбон санатория-профилакторияҳо ва пансионатҳо нақши назаррас доранд, лекин маркази ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои реаблитатсионӣ бояд Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии экспертиза ва барқарорсозии коршоямии маъюбон (ПИТЭБКМ) бошад, ки вазифаи он аз профилактика ва ташхиси барвақти маъюбӣ иборат аст. Барои ин таъсиси заминаи илмию профилактикӣ дар назар дошта шудааст.

5.4 Маориф

Ҳадафҳои асосии стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар соҳаи маориф аз васеъ кардани имконоти дастрасии маълумоти ибтидоӣ ва миёна барои аҳолии камбизоаттарин, инчунин сифати маориф иборат мебошад.

Тадбирҳои мушаххасе, ки барои табақаҳои нодортарини аҳолӣ нигаронида мешаванд, аз фароҳам овардани маводи таълимии заминавии бепул; ҷорӣ кардани қоидаҳои дақиқу возеҳи пулгирӣ аз хонандагон ҷиҳати паст кардани таъсири манфии ғайрирасмӣ ситонидани маблағ; инчунин таъсиси боғчаҳои бачагона бо қувваи ҷомеа, ки метавонад маблағҳои падару модарон ва ҷомеаро барои фароҳам овардани барномаҳои арзони таълимии инкишоф сафарбар намоянд, иборат хоҳад буд. Ҳамзамон оид ба кам кардани фарқият дар сифати таълим байни шаҳрҳо ва деҳоту ноҳияҳо, инчунин баробарии гендерӣ ҷиҳати дастрасии маълумот тадбирҳо андешида мешаванд. Баробар дастрас будани маълумот инчунин тавассути амали зайл сурат мегирад: стипендияҳои махсус барои кӯдакони оилаҳои камбизоат, аз ҷумла таъмин бо сару либос, пойафзол, маводи мактабию навиштанӣ; ташкили хӯроки хонандагони мактабҳои ибтидоӣ (аз синфи 1 то

4); татбиқи системаи квотаи президентӣ барои духтарон ва имтиёзҳо барои кӯдакони ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ; таъсиси шаклҳои алтернативии гирифтани маълумот барои кӯдакони оилаҳои гуреза, кӯдакони синну солашон аз синни мактабӣ гузашта, ки дар мактаб нахондаанд.

Барои таъмини сифати беҳтари маълумотгирӣ тадбирҳои гуногун андешида мешаванд. Онҳо аз хеле баланд бардоштани музди меҳнати муаллимон барои ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадрҳои соҳибихтисос, барқарорсозии инфраструктураи физикии муассисаҳои таълимоти ҳамагонӣ, таъминот бо китобҳои дарсӣ ва таҷҳизоти таълимию аёнии ҳозиразамон, аз ҷумла бо дастгоҳҳои аудио ва видео иборат хоҳанд буд. Мундариҷаи нақшаю барномаҳои таълимӣ аз нав баррасӣ карда мешаванд. Барои ин кадрҳои педагогӣ ҷиҳати омӯзиш ва арзёбии моделҳои нави нақшаҳои таълимӣ ба хориҷа фиристода мешаванд; дастурҳои ҳозиразамони методӣ, таълимию бозӣ нашр карда мешаванд. Ҳамзамон системаи мониторинги татбиқи нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳо аз нав баррасӣ карда мешавад.

Барои баланд бардоштани сифати маориф модели анъанавии тарбияи муаллимон аз нав баррасӣ гардида, заминаи молиявию техникии пажӯҳишгоҳҳо ва курсҳои такмили ихтисос таҳким дода мешавад. Зимнан на камтар аз 50 фоизи муаллимони дорои маълумоти заминавӣ тавассути истифодаи усулҳои инноветсионӣ бозомӯзонда мешаванд.

Вазорати маориф вобаста ба идораи соҳаи маориф барои банақшагирӣ, қабули қарор, амалӣ кардани мониторинг ва таҳлили маҷмӯи тадбирҳои гуногун масъул аст. Вазорат барои рушди миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати соҳа дар тамоми сатҳи маълумотгирӣ нақша таҳия мекунад. Сохтори системаи маълумоти миёна бо мақсади бештар мувофиқ гардонидан ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнат таҳлил карда мешавад. Барои кори самарабахши соҳаи такмили модели идорӣ тавассути баланд бардоштани нақши ҳукуматҳои маҳаллӣ, ҷамоатҳои деҳот ва инкишофи нақши ассотсиатсияҳои падару модарон, муаллимон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ пешбинӣ мешавад. Барои татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои маълумоти миёна сохторҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеа ва бахши хусусӣ васеътар ҷалб карда мешаванд.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии системаи маблағгузории соҳаи маориф Ҳукумат системаи нави маблағгузорӣ, банақшагирӣ ва арзёбии онро ҷорӣ мекунад, инчунин барои сифати иҷрои он ва механизми идора масъулиятро баланд мебардорад. Мабалғгузории буҷетӣ барои маориф дар муддати се соли минбаъда аз ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2001 ба 0,5 фоиз дар як сол зиёд карда мешавад.

5.5 Тандурусти

Афзалият барои соҳаи тандурустӣ дар стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз рушди системаи сатҳи аввалияи тандурустӣ ва сифати он иборат аст, ки маънои таъмини бештар дастрас ва қобили қабул будани хизматрасонӣ барои камбизоатон, беҳбуди хизматрасонии тандурустии ҷамъиятӣ ва беҳтар сохтани омори тандурустӣ, махсусан вобаста ба ҳолатҳои беморшавии камбизоатонро дорад.

Ҳукумат таҷрибаи ҷаҳонии системаҳои тандурустиро ба асос гирифта, ислоҳоти кӯмаки аввалияи тиббию санитариро тибқи модели тибби оилавӣ анҷом медиҳад. Робитаҳои қавии амудию уфуқии байни бахшҳои тандурустӣ муқаррар карда мешавад. Бо дарназардошти мушкилоти ҷории молиявии соҳа Ҳукумат системаи нави аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ кардани соҳаро ҷорӣ мекунад. Самти махсуси афзалиятнок баланд бардоштани самаранокии хароҷоти соҳа мебошад. Вариантҳои алтернативи маблағгузории соҳаи тандурустӣ фондҳои суғурта, пулҷудокуниҳои мақсаднок ва ғайра татбиқ карда мешаванд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи ҳатмии тиббӣ" таҳия ва қабул карда мешавад.

Бо мақсади таъмини дастрас будани кӯмаки тиббӣ ба гурӯҳҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ нисбатан камҳифзшудаи аҳолӣ маҷмӯи хизматрасониҳои асосии кафолатдодашудаи тиббию санитарии ройгон таҳия мегардад. Аз системаи мавҷудаи тандурустӣ, ки ба хизматрасонии бистарикунонӣ муттамарказ шудааст, Ҳукумат вазифа гузоштааст, ки бо мақсади дар маҳалли муроҷиат фароҳамоварии кӯмаки хушсифат, тахассусӣ ва саривақтӣ ба беморон ғайримуттамарказгардонӣ ва ҷамъоварии захираҳои инсонию моддӣ дар сатҳи аввалия сурат гирад. Бо мақсади такмили идораи соҳа зарурати тарбияи менеҷерҳои тандурустӣ, ки қодиранд мутобиқи талаботи вақт ва бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ вазифаҳои гузошташударо ҳаллу фасл намоянд, ба миён меояд.

Барои беҳдошти сифати хизматрасониҳои тиббӣ зарур аст, ки беҳбуди ҳолати физикии тақрибан тамоми муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла ҷиҳозонии онҳо бо таҷҳизоти тиббии ҷавобгӯи меъёрҳои тиббию санитарӣ сурат гирад, Таҷҳизонии техникии муассисаҳои соҳа ва хадамоти хизматрасон низ ниҳоят муҳим мебошад. Ҳукумат азм дорад барқарорсозии физикии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла кӯмаки таъхирнопазири таъҷилии тиббӣ, инчунин хадамоти бистарикунонӣ, хадамоти санитарию эпидемиологиро анҷом дода, онҳоро бо таҷҳизот ва асбобу анҷоми тиббӣ таъмин намояд.

Бо дарназардошти рушди илми тиб ҳамаҷониба татбиқ намудани нақшаҳои стандартии ташхис ва табобати бемориҳои асосии проблемавӣ, ки дар мамлакатҳои тараққикарда истифода мешаванд, зарур аст. Барои беҳдошти сифати хизматрасониҳои тиббию санитарӣ Вазорати тандурустӣ таълим ва бозомӯзии духтурони амалияи умумии духтуриро идома медиҳад.

Барои беҳбуди хизматрасонии тандурустии ҷамъиятӣ Ҳукумат банақшагирии эмкунии оммавии кӯдаконро алайҳи бемориҳои сироятӣ идома хоҳад дод. Пешгирии хурӯҷи бемориҳо ва рафъи болоравии мубталоӣ ба вараҷа ва сил дар байни табақаҳои нисбатан камтаъмини аҳолӣ аз Ҳукумат омодагии мунтазами эпидемиолгиро тақозо мекунад. Яке аз унсурҳои асосии рафъи сатҳи камбизоатӣ дар соҳа дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии танзими оила мебошад.

Системаи мавҷудаи ҷамъоварӣ ва таҳлили омори тиббӣ ба талаботи нисбат ба ин хадамот пешниҳодшаванда ҷавобгӯ нест ва мониторинги тағйирот дар соҳаи тандурустиро душвор мегардонад. Система бояд барои пешниҳод ва муқоисаи нишондиҳандаҳо дар кишвар ва дигар мамлакатҳо имконият дошта бошад. Ҳукумат зарур мешуморад, ки таснифоти ягонаи байналмилалии бемориҳо ТББ-10, системаи компютерии ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот вобаста ба тамоми муассисаҳои тиббии мамлакат ҳамаҷониба татбиқ карда шавад.

Бо мақсади барои гурӯҳҳои камҳифзшудаи аҳолӣ бо нархҳои арзон таъмин намудани имконпазирии дастрасии дорувориҳои хушсифат, нигоҳ доштани таъмини бепул ё қисман пулакии доруворӣ зарур аст. Бинобар ин Ҳукумат мусоидати рушди бахши фармасевтиро ба нақша гирифта, зимнан ба сифати дорувориҳои ба мамлакат воридшаванда аҳамияти махсус медиҳад.

5.6 Кишоварзӣ

Истифодаи самаранок ва дастрасии одилонаи замину об афзалияти асосӣ дар мубориза алайҳи камбизоатӣ мебошад. Афзалияти дигар ба вуҷуд овардани муҳити мусоид барои ташаббуси хусусӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва кам кардани дахолати давлат ҳангоми қабули қарорҳо мебошад.

Рушди соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби таҷдиди сохтори минбаъдаи хоҷагиҳои коллективӣ ва давлатӣ, ислоҳоти бахши пахтакорӣ, беҳбуди баҳрабардорӣ ва хизматрасонии техникии системаҳои ирригатсионӣ ва заҳбурҳо, баланд бардоштани имконоти бахши хусусӣ дар кори таъминоти деҳқонон бо воситаҳои истеҳсолот ва аз ҳисоби беҳбуди системаи ҳавасмандсозии меҳнат тавассути рушди кишоварзии навъи оилавӣ ҳавасманд гардонида мешавад. Хусусигардонии бахши нақлиёт ва соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳбуди имконоти муассисаҳои молиявии кишоварзӣ, рушди телекоммуникатсияҳо бо мақсади беҳбуди дастрас будани иттилооти зарурӣ, аз ҷумла таҳкими мубориза алайҳи сӯистеъмол дар роҳҳо ва бозорҳо ба рушди бозорҳои мол ва бозори қарз мусоидат мекунанд, ки инкишофи минбаъдаи соҳаи кишоварзиро беҳтар менамояд.

Ба расмиёт ва механизмҳои институтсионалӣ дар сатҳи давлат ва ноҳияҳои алоҳида бо мақсади таъмини ба таври ошкоро, одилона ва ботартиб супоридани замин ва дигар активҳои корхонаҳои кишоварзӣ ба шахсони воқеӣ ё гурӯҳи шахсони воқеӣ тағйирот ва иловаҳо дохил карда мешаванд. Бахусус сухан дар мавриди зайл меравад: гузаронидани маҷлисҳои умумӣ, ки дар он аъзои колхоз худ масъалаи гузаронидан ё нагузаронидани таҷдиди сохтор; ба таври илова ҷудо кардани активҳои хоҷагиҳои давлатӣ; инчунин анҷом додани раванди хусусигардонӣ дар асоси додани шаҳодатномаи ҳуқуқӣ истифодаи замин ва пайи заминро ҳаллу фасл мекунанд. Ҳукумат системаи оддӣ ва арзони бақайдгирии заминро пеш бурда, хароҷоти вобаста ба гирифтани сертификати оид ба ҳуқуқи истифодаи заминро камтар мекунад.

Ҳукумат бо донорҳо оид ба барномаи машваратдиҳӣ ба деҳқонон доир ба ҳуқуқҳои қонунии онҳо корро давом медиҳад, то ки дахолати роҳбарони маҳаллӣ ба фаъолияти корхонаҳои кишоварзӣ камтар шавад. Ҷиҳати таъсиси СҒҲ ва машваратҳои ҳуқуқии хусусӣ оид ба тавзеҳи ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ҳангоми гирифтан ва истифодаи замин ва дигар масъалаҳои рӯзмарраи ҳуқуқӣ мусоидат карда мешавад. Масъалаи қарзҳои корхонаҳои кишоварзӣ, махсусан дар ҳолатҳое, ки ҳангоми таҷдиди сохтори хоҷагиҳо қарзи хоҷагиҳо ба зиммаи хоҷагиҳои навтаъсиси деҳқонӣ вогузор мегардад, бо роҳи реструктуризатсия ҳаллу фасл карда мешавад.

Барои барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ майдони заминҳо барои истифодаи хусусӣ (инфиродӣ) ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли хӯрока васеъ карда мешавад. Дар баробари ҳифзи хадамоти давлатии байторӣ барои рушди хадамоти хусусии байторӣ низ мусоидат сурат мегирад.

Барои такмили системаи ҳавасмандгардонии истифодаи самарабахши захираҳои обӣ ва ҷуброни хароҷоти баҳрабардорӣ ва хизматрасонии системаи ирригатсионӣ Ҳукумат ба тадриҷ тарифҳои об ва нерӯи барқро баланд бардошта, оид ба захираҳои обӣ маҷмӯи қонунҳоро таҳия мекунад, ки ба вуҷуд овардан ва фаъолияти ташкилотҳои мустақил ва мухтори таъминот ва тақсими об, инчунин ассотсиатсияҳои истифодабарандагони обро пешбинӣ намояд.

Барои ба аҳолӣ фароҳам овардани озодии интихоби ассортименти маҳсулоти парваришшавнда Ҳукумат оид ба бекор кардани квотаҳои ғайрирасмӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта тадбирҳо меандешад, ки тавассути рақобати истеъмолкунандагон бастани қарордодҳоро барои таҳвили пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, бо шартҳои барои деҳқон мувофиқтар, таъмин менамоянд. Ҳукумат тавассути СҒҲ ва сохторҳои давлатии деҳот дар байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ оид ба таҳияи шартномаҳои фючерсӣ, бо мақсади пешакӣ муайян кардани нархҳо ҳам барои пахта ва ҳам барои захираҳои воридшаванда, машваратҳо мегузаронад. Механизми хабардоркунии истеҳсолкунандагони пахта оид ба вазъияти бозор ва тамоюлҳои он таъсис дода мешавад. Аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии идораи давлатӣ дахолат ба қабули қарорҳо вобаста ба мӯҳлати содироти пахта манъ карда мешавад, то ки қарзи соҳаи пахтакорӣ камтар гардида, имконоти ҷалби маблағҳо барои маблағгузории ҳосили солҳои минбаъда тавсеа ёбад. Барои баланд бардоштани даромаднокии истеҳсоли пахта ставкаи андоз аз фурӯш паст карда мешавад.

Барои рушди саноати коркард таъсиси корхонаҳои хурд ва миёна дар заминаи шаклҳои инфиродӣ ва кооперативии моликият ҳавасманд гардонида мешавад. Ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба рушди саноати коркарди кишоварзӣ Ҳукумат қобили қабул будани тадбирҳоеро, ки ба қисман интиқол додани кафолат алайҳи хатар (риск) равона шудаанд, мавриди таҳлил қарор медиҳад. Барои ҳавасмандгардонии истеҳсоли маводи тухмӣ дар заминаи тиҷоратӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҳукумат дар масъалаи маблағгузории хоҷагиҳо нақши худро паст карда, фаъолияти бахши хусусиро дар ин самт ҳавасманд мегардонад, бахусус қоидаҳо, низомномаҳо, талаботи бақайдгирӣ ва меъёрҳои узвиятро таҳия мекунад, ки дар заминаи он ассотсиатсияҳои қарзӣ ва амонатии кишоварзӣ таъсис ва фаъолият хоҳанд кард. Барои амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак бо бахши хусусӣ Ҳукумат фароҳамоварии воситаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасониҳои молиявиро ба соҳаи хоҷагидорӣ тавассути арзёбии қобилияти баргардонидани қарз, муайян кардани хатари (риски) бештар ва таҳияи тадбирҳо оид ба паст кардани он ҳавасманд мегардонад. Ҳукумат асоси иқтисодию ҳуқуқӣ ва сохторҳои дахлдорро барои татбиқ ва муттаҳидсозии ҳуқуқҳои амволӣ ба замин ва дигар захираҳои кишоварзӣ таъсис медиҳад. Имконияти таъсиси феҳрасти амволи манқул ва ҳуқуқ ба иҷора, ки метавонанд ҳамчун замонат истифода шаванд, баррасӣ хоҳад шуд.

Барои осон гардонидани бори андоз ба сифати озмоиш дар якчанд ноҳияҳои алоҳида барои замин андози ягона ҷорӣ карда мешавад. Дар сурати самараи мусбат дар тамоми мамлакат барои замин андози ягона ҷорӣ карда мешавад.

5.7 Хусусигардонӣ, меҳнат ва рушди бахши хусусӣ

Қисми марказии барномаи мубориза алайҳи камбизоатӣ ҷидду ҷаҳди Ҳукуматро оид ба ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ ҳангоми таъсиси ҷойҳои корӣ ва даромадҳо дар бар мегардад. Ин кӯшишҳо дар фаъолияти дахлдори бозорҳо тавассути: а) таҳияи заминаи қонунгузорию меъёрӣ, ки ба таъсис ва рушди корхонаю ҷойҳои корӣ мансуб аст; б) хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ бо афзалият бар онҳое, ки ба бахши кишоварзӣ алоқаманданд; в) кӯмак дар рушди бозорҳои молиявӣ муттамарказ мегардад.

Ба сифати қадами аввалин нақшаи стратегии хусусигвардонӣ барои се сол, аз хусусигардонии як қатор корхонаҳои калон, ки бояд тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ сурат гирад, таҳия хоҳад шуд. Хусусигардонии ин корхонаҳо баррасии дақиқи ҳамаи ҷанбаҳои ин раванд ва ҷалби инвесторони стратегияро талаб мекунад. Усулҳои гуногуни гузаронидани музоядаҳо ва тендерҳо оид ба фурӯши объектҳои миёна ва калон татбиқ карда мешаванд.

Бо мақсади суръатбахшии хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон механизми рафъи арзёбии техникии объектҳои хусусигардонидашаванда аз гузариш ба арзёбии корхонаҳо дар асоси ҳолати воқеии онҳо ҷорӣ карда мешавад. Дар сурати хусусигардонии корхонаи калон барои арзёбии он фирмаҳои консалтингӣ ҷалб карда мешаванд. Оид ба татбиқи расмиёти арзёбӣ ва муайян кардани қобили пардохт будани иштирокчиёни хусусигардонӣ ва таъмини риояи талабот ҷиҳати саҳми пешакӣ бо мақсади кам кардани нопардохтҳо аз тарафи ғолибони тендерҳо ва музоядаҳо тадбирҳо андешида мешаванд.

Барои рушди бозори хубфаъолияткунандаи меҳнат таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ" ва заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи шуғл таҳия карда мешавад. Дигар тадбирҳо аз инҳо иборатанд: такмили сохтори идораи мақомоти хадамоти шуғл; таҳияи барномаи миллии таъсиси ҷойҳои корӣ; ташкили шабакаи марказҳои иҷтимоию корӣ; мусоидат ба худмашғулшавӣ тавассути барномаҳои додани микрокредит ба бекорон; тавсеаи барномаҳои корҳои пулакии ҷамъиятӣ бо ҷалби бахши хусусӣ дар татбиқи он; таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки ҷалб кардани занон ба кор.

Ислоҳоти маълумоти касбию техникӣ маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба барқарорсозии биноҳо ва аз нав бо дастурҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонидан; аз нав таҳия кардани нақшҳои корӣ ва барномаҳо бо инъикоси стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини кӯмаки мақсаднок ба донишҷӯёни камбизоат дар бар мегирад. Дар соҳаи муҳофизати меҳнат ва шароити он барномаи дарозмуддати беҳбуди шароит ва ҳифзи меҳнат таҳия гардида, заминаи қонунгузорию меъёрӣ мувофиқ карда мешавад ва экспертизаи давлатии шароити меҳнат таъсис ёфта, оид ба ҳифзи меҳнат кадрҳо тарбия карда мешаванд.

Ҳукумат идораи равандҳои муҳоҷиратро, ки бо экология ва кор вобастаанд, беҳтар ҳоҳад сохт. Ҷиҳати бехавф ҷойгиркунонии аҳолӣ майдонҳои замин ҷустуҷӯ карда мешаванд. Ба ҷойҳои бехавф кӯчидани хоҷагиҳо ба рушди равандҳои муҳоҷирати дохилию хориҷӣ мусоидат мекунад. Таълими мутахассисони маҳаллӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират доир мегардад ва ҳуҷҷатҳои зарурии қонунгузорӣ ва меъёрӣ таҳия карда мешаванд.

Бо мақсади муайян кардани монеаҳо дар роҳи таъсис ва рушди бахши хусусӣ таҳқиқи муҳити соҳибкорӣ, инчунин семинару конференсияҳои соҳибкорон ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Марказҳои таълими асосҳои бизнес ва заминаи зарурии меъёрию қонунгузорӣ дар соҳаи соҳибкорӣ таъсис дода мешаванд. Ҳукумат ҳамчунин азм дорад "Барномаи сиёсати давлатӣ ҷиҳати мусоидат ба соҳибкории хурд ва миёна"-ро таҳия намуда, созмонҳои нави қарзию сармоягузорӣ, кафолатию сармоягузорӣ ва лизингӣ таъсис диҳад.

5.8 Инфраструктура ва алоқа

Вуҷуд доштани инфраструктураи дахлдор барои ноил гаштан ба рушди қаноатбахши иқтисод, ки дар навбати худ воситаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад, унсури муҳимтарин ба шумор меравад. Тадбирҳои барои рушди оянда ҳамчун афзалиятнок муайяншуда дар зер инъикос ёфтаанд. Иловатан Ҳукумат тадбирҳое меандешад, ки дастрас ва қобили қабул будани хизматрасониҳои инфраструктураро барои гурӯҳҳои камбизоаттарин беҳтар месозад.

Зербахшҳои мухталифи инфраструктура-энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва телекоммуникатсия дорои амали умумӣ мебошанд, ки барои дастгирии стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ пешниҳод мешаванд. Яке аз чунин амалҳо таҳияи заминаи қонунгузорию меъёрӣ мебошад, ки метавонад дар шароити иқтисоди бозаргонӣ фаъолиятро таъмин намояд. Қонунҳои асосӣ "Дар бораи энергетика" ва "Дар бораи нақлиёт" аллакай аз ҷониби Парламент маъқул дониста шудаанд. Иқдоми минбаъда аз мутобиқгардонии тамоми заминаи боқимондаи меъёрӣ ба ин қонунҳо иборат мебошад. Лоиҳаи қонунҳои асосӣ "Дар бораи алоқа" ва "Дар бораи оби нӯшокӣ ва обтаъминкунӣ" таҳия гардида, дар Парламент таҳти муҳокима қарор доранд.

Ислоҳоти идораи бахш, аз ҷумла тақсими қисмҳои амалиётӣ ва функсионалӣ, ки аллакай дар энергетика, нақлиёт ва обтаъминкунӣ оғоз ёфтаанд, бояд дар соҳаи телекоммуникатсия низ гузаронида шаванд. Ҳангоме, ки ширкатҳои алоҳида хизматрасониро оид ба фароҳамоварии алоқаи телефонӣ ва хизматрасонҳои марбута, инчунин истеҳсоли барномаҳои телевизионию радиоро анҷом медиҳанд, Вазорати алоқа бояд барои банақшагирӣ ва таҳияи сиёсат дар соҳа, инчунин назорати умумӣ масъул бошад.

Дар назар дошта шудааст, ки рақобат дар соҳа тавассути хусусигардонӣ, корпоратсия ва зиёд кардани шумораи ширкатҳои хусусӣ таҳким дода шавад. Чуноне, ки нақлиёти автомобилӣ ва корхонаҳои роҳсозӣ ғайримиллӣ сохта шуданд, Корпоратсияи корхонаҳои энергетикӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Барои ҷорӣ кардани телевизиони кабелӣ ва татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ширкатҳои хусусӣ ҷалб хоҳанд шуд. Инчунин корпоратизатсияи ширкатҳои обтаъминкунӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тадбири умумии дигар барои тамоми чор зербахши номбурда ислоҳоти тарифҳо мебошад. Аз нав баррасӣ намудани сатҳ ва сохтори тарифҳо ба он хотир сарат мегирад, ки ба ширкатҳои оператор икмонияти устувории молиявӣ дода шавад. Албатта тарифҳо бо дарназардошти қобилияти хароҷотбарории пурра муқаррар карда мешаванд. Қобили қабул будани хизматрасониҳо барои камбизоатон тавассути сохтори тарифҳо ё тавассути тадбирҳои алоҳидаи унвонӣ ба даст меояд. Вазъи молиявии корхонаҳо инчунин тавассути тадбирҳое беҳтар карда мешавад, ки ба кам кардани қарзҳои назаррас равона шудаанд.

Активҳои физикии ҳамаи чор зербахш дар ҳолати ниҳоят хароб қарор доранд. Барномаҳои барқарорсозӣ бо кӯмаки берунӣ амалӣ шуда истодааст. Дар энергетика мавҷудияти касри зиёд дар таъминот бо нерӯи барқ асосан бо сабаби нарасидани сармоягузорӣ ҷиҳати таъминот сурат гирифтааст. Баъди барқарорсозии система ва таъсирбахш гардидани тарифҳои баррасишуда Барқи Тоҷик барномаи минбаъдаи барқарорсозиро маблағгузорӣ мекунад. Вазъият дар соҳаи нақлиёт то андозае ба вазъияти соҳаи энергетика шабеҳ аст. Инфраструктура ба таври ҷиддӣ хароб гардида буд ва имрӯзҳо якчанд лоиҳаи барқарорсозии роҳҳои автомобилгард татбиқ шуда, ё рӯзҳои наздик татбиқи онҳо оғоз меёбад. Модернизатсияи системаҳои телекоммуникатсия ва системаи радиою телевизион дар нақша буда, қисман амалӣ шуда истодааст. Бо мақсади беҳдошти сифати об барқарорсозии системаи обтаъминкунии ш.Душанбе оғоз ёфт.

Ғайр аз лоиҳаҳои барқарорсозӣ Ҳукумат нақша дорад инфраструктураи деҳотро барои аафзоиши дастрасии он ба камбизоатон сармоягузорӣ намояд. Одамони зиёд, аксаран дар деҳот, аз нерӯи барқ бархӯрдор нестанд. Бо барқ таъмин кардани як қатор ноҳияҳои алоҳидаро бо роҳи сохтани нерӯгоҳҳои хурди барқӣ камхарҷтар кардан мумкин аст. Ҳукумат бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ нақша дорад, ки барои маблағгузории чунин нерӯгоҳҳо фонд таъсис диҳад. Баъди сохта шудани онҳо барои таъминоти минбаъда ва баҳрабардорӣ ҷомеаи маҳаллӣ масъул хоҳад буд. Ҳангоме, ки лоиҳаҳои барқарорсозии роҳҳои автомобилӣ бештар ба шоҳроҳҳои асосӣ нигаронида шудаанд, як лоиҳа компоненти роҳҳои деҳотро дар бар мегирад. Шабакаи роҳҳои деҳот барои муайян кардани эҳтиёҷот ҷиҳати сармоягузориҳои минбаъда аз назар гузаронида мешавад. Барномаи беҳдошти коммуникатсияҳо дар ноҳияҳои деҳоти мамлакат тавассути таъсиси хатҳои телефонии истифодаи ҷамъиятӣ, ташкили марказҳои истифодаи коллективонаи хизматрасониҳои алоқа ва батадриҷ таъмин кардани тамоми ҷамоатҳо ва деҳаҳои калон ақалан бо се хатти телефонии рақамӣ таҳия шудааст.

5.9 Ҳифзи муҳити зист ва туризм

Ҳифзи муҳити зист. Ҷанбаҳои экологӣ, махсусан онҳое, ки ба камбизоатон алоқаманданд- таъсири офатҳои табиӣ, ифлосшавии об ва ҳаво, эрозияи хок ва биёбоншавӣ ба ҳисоб мераванд. Тадбирҳои дар ин соҳаҳо андешидашаванда таҳияи Стратегияи миллӣ оид ба пешгирии офатҳои табиӣ ва Барномаи миллии фаъолият вобаста ба ҳифзи муҳити зистро дарбар мегиранд. Яке аз тадбирҳое, ки ҳам ба сиёсат дар соҳаи энергетика ва ҳам ба сиёсат дар соҳаи муҳити зист таъсир мерасонад, ҷустуҷӯи манбаъҳои ғайрианъанавии энергия мебошад, ки метавонад эҳтиёҷоти аҳолии деҳотро қонеъ гардонад. Таҳияи алтернатива нисбат ба ҳезум метавонад ба муҳити зист, аз ҷумла муҳофизати ҷангалҳо ва консерватсияи хок, инчунин кам кардани истихроҷи гази карбон фоидаи зиёд расонад.

Лоиҳаҳои махсуси сармоягузорӣ, ки таҳия, вале то ҳол татбиқ нагардидаанд, аз беҳдошти вазъи экологии водии Ҳисор ва лоиҳаҳои таҷрибавӣ дар доираи Барномаи мубориза алайҳи биёбоншавӣ дар Тоҷикистон иборатанд. Ҷорӣ кардани тадбирҳо оид ба назорати ифлосшавӣ, инчунин фароҳамоварии имконот барои гузаронидани мониторинг, аз ҷумла барои гузаронидани он хариди таҷҳизотро тақозо мекунад. Ҳукумат инчунин оид ба масъалаҳои муҳити зист як қатор созишномаҳои байналмилалӣ аз ҷумла Конвенсияи тағйирёбии иқлим ва гуногунии биологиро имзо намудааст, ки гузаронидани чорабиниҳои минбаъдаро дар шакли таҳияи стратегияҳо ва нақшаҳои дахлдори амалиёт тақозо менамояд. Ҳамчунин ҳифзи муҳити зист аз ҷониби Ҳукумат чун яке аз шартҳои рушди туризм дар кишвар баррасӣ мегардад.

Туризм. Нақши Ҳукумат дар рушди туризм аз мусоидат ва фароҳамоварии муҳити мусоид иборат мебошад. Ҳукумат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки эътибори Тоҷикистонро дар хориҷа баланд бардошта, ҷиҳати осон кардани вуруду хуруҷи туристон, инчунин алоқаи ҳавоӣ дар роҳи рушди туризм монеаҳои маъмуриро бартараф гардонад. Рушди объектҳои инфраструктураи туристӣ, ба мисли меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои фароғат ва ғайра ба зиммаи бахши хусусӣ вогузор карда шудааст. Ҳукумат ҳиссаи нисбатан назарраси худро барои ҳавасмандгардонии рушди бахши хусусӣ, мусоидат ба рушди корхонаҳои хусусӣ дар саноати туристӣ бо роҳи озод кардани бозори хизматрасонӣ, ҷорӣ кардани қоидаи минтақабандии мавзеъҳои истироҳат, таъмини ошкоро будани литсензиядиҳӣ барои корхонаҳои туристӣ ва дигар тадбирҳои ба ривоҷи рақобат нигаронидашуда сафарбар хоҳад кард. Он ҳамчунин андӯхтани малакаҳои дахлдорро ҳавасманд мегардонад.

6. Нишондиҳандаҳои мониторинг

Қисми муҳимтарини раванди Ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатӣ мониторинги дастовардҳо ва ноил гардидан ба мақсад мебошад. Раванди мониторинг се унсури мухталиф дорад: баҳодиҳии дастовард ва татбиқи амалҳои пешниҳодшаванда; механизми мониторинги пешравӣ ва ҷамъоварии маълумот.

Баҳодиҳӣ. Якчанд навъи нишондиҳандаҳо мавҷуданд, ки мумкин аст барои баҳодиҳии дастовард нисбат ба ҳадафҳои Ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатӣ истифода шаванд:

* нишондиҳандаҳои баҳодиҳии муваффақ шудан ба ҳадафҳои асосие (дар ҷадвали 1 дарҷ гардидаанд), ки Ҳукумат ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар назди худ гузоштааст. Маълумот дар бораи баъзе аз ин ҳадафҳо мунтазам ҷамъ карда мешаванд ва пешравиро мушоҳида кардан осон мегардад, масалан: дараҷаи фавт, сатҳи бақайдгирии маълумоти ибтидоӣ, гарчанде дигар нишондиҳандаҳо гузаронидани тавзеҳоти махсусро тақозо мекунанд; масалан, дастрас будани танзими оила, фоизи аҳолие, ки дар ҳолати қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд;

* нишондиҳандаҳое, ки тибқи он то чӣ андоза бомуваффақият будани тадбирҳои махсусро баҳо додан мумкин аст, масалан: беҳдошти баланси гендерӣ дар маориф, шумораи марказҳои тандурустии аввалия, шумораи бенефисиарҳо дар нақшаи ҷубронпулиҳо;

* нишондиҳандаҳое, ки татбиқ шудани тадбирҳоро нишон медиҳанд, масалан: маъқул донистани қонуну қарорҳои банақшагирифташуда, таҳияи нақшаҳои корӣ, амалӣ кардани зиёдшавии банақшагирифташудаи музди меҳнат.

Усул. Ҳукумат таъсиси сохтори махсусгардонидашудаи мониторинг ва такмили Ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатиро (шӯъба) дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд. Ин шӯъба барои мониторинги раванд, ки тавассути се гурӯҳи нишондиҳандаҳо арзёбӣ мегардад ва муайян кардани сабабҳои боздоштани татбиқ ва пешниҳоди тадбирҳо барои ҳаллу фасли масъалаҳо масъул мебошад. Инчунин шӯъба мониторинги тақсими маблағҳоро тавассути буҷет ва Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ оид ба лоиҳаҳо ва тадбирҳоро, ки дар Ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатӣ дарҷ шудаанд, анҷом медиҳад. Ин кор мумкин аст аз шурӯи пешбурди тавзеҳоти махсус ҷиҳати муайян кардани проблемаҳо дар ҷараёни татбиқ ё ноил шудан ба дарки хубтари табиат ва сабабҳои камбизоатӣ дар мамлакат оғоз гардад. Шӯъба метавонад ба кӯмаки техникӣ эҳтиёҷ дошта бошад.

Мониторинг аз якчанд сатҳ иборат мешавад: дар сатҳи лоиҳаҳо/барномаҳо, ки дар он муқоисаи натиҷаҳои ба нақша гирифташуда дар назар дошта мешавад; дар сатҳи бахшҳо барои мушоҳидаи нишондиҳандаҳо ва монеаҳои соҳавии махсус: дар сатҳи маҳаллӣ (минтақавӣ) барои арзёбии ҷанбаҳои минтақавии камбизоатӣ; ва аз ҷониби шӯъбаи нав дар сатҳи миллӣ. Ҷамъбасти натиҷаҳои мониторинги сатҳи поёнӣ дар сатҳи миллӣ анҷом дода мешавад.

Ҷамъовари маълумот. Сифати мониторинг аз қобилияти Кумитаи давлатии омор ҷиҳати таъмин бо иттилооти зарурӣ ниҳоят вобастагӣ пайдо мекунад. Ҳукумат имконоти Кумитаи давлатии оморро оид ба ҷамъоварии маълумоте, ки барои мониторинги татбиқи Ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатӣ заруранд, тақвият медиҳад.

Ҳисоботдиҳӣ. Шӯъба барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам (ҳар семоҳа) ҳисобот таҳия мекунад. Ҳукумат гузаронидани маҷлисҳои махсусро ҷиҳати муҳокимаи ҳисоботи ҳарсола, ки шӯъба оид ба натиҷаҳои бадастомадаи татбиқи Ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатӣ таҳия мекунад, ба нақша гирифтааст. Дар сатҳҳои мухталифи мониторинг системаҳои дахлдори ҳисоботдиҳӣ таҳия карда мешавад.

7. МАБЛАҒГУЗОРИИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ ПАСТ КАРДАНИ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ

Эҳтиёҷот ва манбаъҳои маблағгузорӣ. Маблағҳои тахминии хароҷоти тадбирҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки ба эҳтиёҷоти дохилӣ ва хориҷии молиявӣ тақсим карда шудааст, дар матритса дарҷ гардида, дар ҷадвали зер ҷамъбаст шудааст. Эҳтиёҷот ба захираҳо ҳамагӣ тақрибан 690 миллион доллари ШМА-ро ташкил медиҳад, ки аз чор се ҳиссаи он асъори хориҷӣ мебошад. Пешбинии маблағҳои мавҷуда ҳамагӣ аз 370 миллион доллари ШМА маблағгузории хориҷии лоиҳаҳо ба шакли ӯҳдадориҳо ё лоиҳаҳо бо донорҳои муайян (музокирот ё муҳокимаҳо давом доранд) иборат мебошад. Маблағҳои иловагии донорӣ вобаста ба лоиҳаҳои алҳол муайяннашуда дар солҳои 2002-2004 аз 100 то 150 млн. доллари ШМА-ро ташкил дода метавонанд. Аз буҷет барои давраи се сол, аз ҷумла эҳтиёҷоте, ки бо Ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатӣ вобаста нестанд, иловатан ҷудо кардани 125 миллион доллари ШМА дар назар дошта шудааст.

МАҶМӯИ ХАРОҶОТ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМАИ АМАЛИ ҲУҶҶАТИ ПАСТ КАРДАНИ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ (бо ҳазор доллари ШМА)

+----------------------+---------------+-----------------------------ҷ
|      Бахш            |   Маблағҳои   |Эҳтиёҷот ба захираҳои молиявӣ|
|                      |мавҷудаи хориҷӣ|                             |
|                      |               +---------+----------+----Т---+
|                      |               |хориҷӣ   |  дохилӣ  |    Ҷамъ|
|                      |               |         |          |        |
+----------------------+---------------+---------+----------+--------+
|Идораи давлатӣ        |       1,322   | 3,728   |  258     |  3,986 |
|                      |               |         |          |        |
+Т---------------------+---------------+---------+----------+--------+
|Ҳифзи иҷтимоӣ         |           -   | 70,611  |  37,981  | 108,592|
|                      |               |         |          |        |
+------------Т---------+---------------+---------+----------+--------+
|Хизматрасониҳои       |               |         |          |        |
|бисёрсоҳаи иҷтимоӣ    |       55,000  | 43,800  |  14,000  | 57,800 |
+------------Р----Р----+---------------+---------+----------+--------+
|                      |               |         |          |        |
|Маориф                |       5,000   | 43,263  |  19,673  | 62,936 |

|Тандурустӣ            |       25,412  | 27,647  |  8,726   | 36,373 |
+---------Р------------+---------------+---------+----------+--------+
|                      |               |         |          |        |
|Кишоварзӣ             |       118,140 | 127,100 |  18,840  | 145,940|
|                      |               |         |          |        |
+-----------------Т----+---------------+---------+----------+--------+
|Хусусигардонӣ, меҳнат |               |         |          |        |
|ва рушди бахши хусусӣ |       3,985   | 14,909  |  2,105   | 17,015 |

|Энергетика            |       58,300  | 61,520  |  17,780  | 79,300 |

|Нақлиёт               |       74,000  | 83,000  |  21,000  | 104,000|

|Телекоммуникатсия     |       15,000  | 23,049  |  1,191   | 24,240 |

|Обтаъминкунӣ          |       15,000  | 40,105  |  4,205   | 44,310 |
|                      |               |         |          |        |
+Т-------Т-------------+---------------+---------+----------+--------+
|Ҳифзи муҳити зист,    |               |         |          |        |
|туризм                |       -       | 3,415   |  38      | 3,453  |

|Ҳамагӣ                |       371,247 | 542,147 |  145,797*| 687,944|

* Аз ҷумла 18.3 млн.доллари ШМА маблағгузории ғайрибуҷетӣ

Рақамҳои боло танҳо инъикоси сатҳии маблағҳои ҷалбшавандаи паст кардани сатҳи камбизоатиро вобаста ба як қатор сабабҳо нишон медиҳанд:

a) бо сабаби мавҷудияти иттилооти маҳдуд дуруст ҳисоб кардани арзиши бисёр чорабиниҳои пешниҳодшуда хеле мушкил буд; Ҷадвали хароҷот дар асоси воқеият такмил дода мешавад;

ӣ) чорабиниҳои берун аз барномаи чорабиниҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ боз ҳам ба маблағгузорӣ эҳтиёҷ доранд ва мумкин аст як қисми маблағҳои иловагии буҷетиро талаб намоянд. Сарфи назар аз ин имконияти аз нав тақсим кардани буҷети мавҷуда ба манфиати чорабиниҳои марбут ба масъалаҳои камбизоатӣ мавҷуд аст;

c) сарфи назар аз он ки Ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои давраи солҳои 2002-2004 таҳия шуда буд, иҷрои бисёре аз чорабиниҳои пешниҳодгардида вақти зиёдро тақозо менамояд ва то соли 2003 ва ҳатто то соли 2004 оғоз намегардад. Ҳамин тариқ на ҳамаи хароҷоти дар давоми солҳои 2002-2004 пешбинишаванда сурат хоҳад гирифт. Пардохтҳои муқоисашавандаи маблағҳои хориҷӣ инчунин ба солҳои минбаъда гузаронида мешаванд.

Гузаронидани арзёбии воқеии эҳтиёҷоти молиявӣ ва захираҳои мавҷударо барои мубориза алайҳи камбизоатӣ то даме ки банақшагирии молиявӣ ва раванди буҷетӣ беҳтар нагардад, анҷом додан ғайриимкон аст. Танҳо баъди таъмин намудани он, ки захираҳои мавҷуда бо эҳтиёҷоти хароҷот мутобиқ бошад ва афзалиятҳои хароҷотии дар Ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатӣ зикршуда ва маблағҷудокуниҳои ҳарсолаи буҷетиро дар ҳамбастагӣ бо маблағгузориҳои хориҷӣ инъикос намояд, имкопазир мегардад.

Ислоҳоти идораи хароҷоти давлатӣ. Се вариант мавҷуд аст, ки тавассути онҳо аз нав самтдиҳии хароҷоти давлатӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ самарабахш хоҳад буд: тавассути раванди таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати буҷетӣ (БММБ), БСД ва ба сифати қисми таҳияи буҷети солона. Таҳкими ин се раванд, ки маркази таваҷҷӯҳи ислоҳоти идомадори идораи хароҷоти давлатӣ мебошад, унсури хеле муҳим ҷтиҳати иҷрои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба шумор меравад.

БММБ. Барномаи миёнамӯҳлати буҷетӣ -барномаи сесолаи хароҷоти давлатӣ мебошад. Мақсади он таъсиси алоқаи мустаҳками байни хароҷоти давлатӣ ва ҳадафҳои сиёсати иқтисодии Ҳукумат аст. Ин аз вазоратҳои соҳавӣ таҳияи стратегияҳои соҳавӣ ва гурӯҳбандии хароҷотро дар доираи миқдори маҳдуди барномаҳое, ки ҳадафҳои асосии онҳоро инъикос мекунанд, тақозо менамояд. Механизми сесола тадриҷан ба барномаҳои афзалиятнок интиқол додани захираҳоро имконпазир мегардонад.

Барномаи миёнамӯҳлати буҷетии якум соли 2001 ҷорӣ гардида, солҳои 2002-2004- ро дарбар мегирифт. Стратегияҳои соҳавӣ ва сохтори барномаи хароҷот танҳо барои як қатор соҳаҳо таҳия шуда (маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ), лекин фарогирии он мунтазам зиёд карда мешавад, то ки тамоми соҳаҳоро дар бар гирад. Ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатӣ асосе хоҳад буд, ки тибқи он таҳияи стратегияҳои соҳавӣ дар назар дошта шудааст ва он тақсими захираҳоро байни барномаҳои мухталиф идора мекунад. Стартегияҳои соҳавӣ барои БММБ дақиқ баррасӣ мегарданд, то ки итминон ҳосил шавад, ки дар онҳо афзалиятҳои дар Ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатӣ муайяншуда инъикос ёфтаанд. Феълан БММБ барои солҳои 2003-2005 таҳия шуда истодааст.

БСД. Маблағгузории берунаи срамоягузориҳои давлатӣ ҳарчанд ба нақша гирифта шудабошад ҳам, то ҳол ба буҷети солона дохил карда нашуда аст. БСД барномаи сесолаи сармоягузориҳои давлатӣ мебошад, ки аз давр ба давр таҳия мешавад ва аз охиринаш давраҳои солҳои 2001-2003-ро фаро мегирад. Раванди банақшагирии сармоягузорӣ, ки вақтҳои наздик бояд амалияи давомдор гардад, захираҳои мавҷудаи дарназардошташударо барои сармоягузорӣ, асосан аз донорон, вобаста ба лоиҳаҳои афзалиятнок, тақсим менамояд. Стратегияҳои соҳавӣ якҷоя бо дигар омилҳо дар раванди интихоби лоиҳа чун ҳангоми Барномаи миёнамӯҳлати буҷетӣ нақши муҳимро бозида, аз Ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатӣ асос мегирад.

Буҷети ҳарсола. Сохтори хароҷот дар асоси барномаи Барномаи миёнамӯҳлати буҷетӣ, вақте, ки он пурра таҳия мегардад, механизми тақсими буҷети солонаро таъмин мекунад. Он дар ҳудуди барномаи лимитҳои хароҷот маблағгузории чорабиниҳои муайяни Ҳукумат, аз ҷумла чорабиниҳои дар доираи Ҳуҷҷати паст кардани сатҳи камбизоатӣ пешниҳодгардидаро таъмин менамояд.