Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2009 № 696
тасдиқ шудааст
Оинномаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527, аз 31.10.2014 № 702, аз 29.03.2019 № 143)
Муқаррароти умумӣ
Оинномаи нақлиёти автомобилӣ (минбаъд - Оиннонома) асосҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақом ва нақши онро дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳоро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораҳо, дигар навъи нақлиёт, инчунин муносибати интиқолдиҳандагон ва моликони инфрасохтори нақлиётиро бо борфиристандагон ва боргирандагон, мусофирон, ки ба ҳамлу нақли бору мусофир, бори дастиву бағоҷ ва почта вобастаанд, танзим менамояд.
1) Дар Оинномаи мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- маҷмааи нақлиёти автомобилӣ ё нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин маҷмӯи ҳама воситаҳои бақайдгирифташудаи нақлиёти автомобилӣ ва инфрасохторҳои дар қаламрави он буда, ки фаъолияти мӯътадили онҳоро таъмин мекунад ва иқтидори маъмурию истеҳсолии соҳибони автомобилҳо, интиқолдиҳандагон, иншооти хизматрасонӣ, инчунин роҳҳои автомобилиро дарбар мегирад;
- воситаи нақлиёти автомобилӣ (автомобил) - воситаи нақлиёти механикиест, ки барои тавассути роҳҳои автомобилӣ интиқоли бору мусофир, бори дастиву бағоҷ ва почта, инчунин барои иҷрои корҳои фаръии (алоҳидаи) марбути ҳамлу нақли таҷҳизоти мобилии технологӣ дар бунгоҳи он насбшуда таъин гаштааст. Ин истилоҳ нисбати воситаҳои нақлиёти релсӣ, техникаи махсуси кишоварзӣ ва роҳсозӣ мавриди истифода қарор намегирад;
- автобус - воситаи нақлиёти автомобилие, ки барои ҳамлу нақли мусофир, бори дастиву бағоҷ ва почта муқаррар шудааст ва бидуни ҷои ронанда зиёда аз 8 ҷои нишаст дорад;
- молики автомобил - шахси воқеӣ ё ҳуқуқиест, ки дорои як ё якчанд воситаи нақлиёти автомобили хусусӣ ё дар асоси дигар қонунҳо онҳоро дар ихтиёр дорад ва тибқи салоҳдиди худ дар чорчӯбаи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро истифода менамояд;
- роҳҳои автомобилгард - маҷмӯи иншооти муҳандисӣ (хокрези роҳ, қисми саворагузари роҳ, кӯпрукҳо, биноҳои гуногуни хизматӣ, корхонаҳои хизматрасонии назди роҳҳо ва ғайра) буда, барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва пиёдагардон таъин шудааст;
- корхона, ташкилоти нақлиётии автомобилӣ - шахси ҳуқуқиест, ки ба фаъолияти хоҷагидорию соҳибкорӣ оид ба ҳамлу нақли бору мусофир, бори дастиву бағоҷ ва почта, нигоҳдорӣ, хизматрасонии техникӣ ва таъмири воситаи нақлиёти автомобилӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошанд;
- ҳамлу нақли автомобилӣ - интиқоли бору мусофир, бори дастиву бағоҷ ва почта тавассути воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳҳои автомобилгард;
- интиқолдиҳандаи автомобилӣ (минбаъд-интиқолдиҳанда) - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ буда, дорои як ё якчанд воситаи нақлиёти автомобили хусусӣ мебошад ё дар асоси дигар қонунҳо онро соҳибӣ мекунад, оид ба ҳамлу нақли бору мусофир, бори дастиву бағоҷ ва почта тавассути нақлиёти автомобилӣ ва бо пардохти маблағ ё кироя хизматрасониҳоро пешниҳод мекунад ва барои он дорои иҷозатномаҳои дахлдор мебошад, ки бо тартиби муқаррнамудаи қонунгузорӣ дода шудааст;
- нақлиёти автомобилии истифодаи умум - воситаҳои нақлиёти корхонаҳо, ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, тибқи дархости ҳар як шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ тавассути гирифтани пардохт дар асоси қарордоди тарафайн ё дар асоси тарифҳои муқарраршуда ҳамлу нақлро амалӣ менамояд;
- бағоҷ - амволи мусофир, ки дар қисми бағоҷмонии воситаи нақлиёт бастабандӣ ва ҳамлу нақл мешавад;
- тартиби берухсатномавии ҳамлу нақл - тартиби ҳамлу нақлест, ки зимни он барои ҳамлу нақл гирифтани рухсатнома талаб карда намешавад;
- чипта - ҳуҷҷати интиқол, ки бастани шартномаро оид ба ҳамлу нақли мусофир собит менамояд;
- нақлиёти автомобилии шахсӣ (дохилихоҷагӣ) - воситаҳои нақлиёти автомобилиест, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, онҳоро соҳибонашон барои эҳтиёҷоти худ бидуни ҳуқуқи шуғл ба ҳамлу нақли тиҷоратӣ истифода мебаранд;
- ҳамлу нақли автомобилии шаҳрӣ (дохилишаҳрӣ) - ҳамлу нақлест, ки интиқолдиҳанда дар ҳудудҳои муқарраршудаи шаҳр ё дигар нуқтаи аҳолинишин амалӣ менамояд;
- назорати давлатии нақлиёт (минбаъд , назорати нақлиёт) - маҷмӯи чорабиниҳоест, ки мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади санҷиши риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ баргузор мекунанд;
- терминали бор - маҷмааи иншооте мебошад, ки барои хизматрасонии воситаҳои нақлиёти боркаш ва логистикӣ таъин гашта, баҳри ҳамлу нақли борҳо хизмат мерасонанд ва инҳоро дар бар мегирад: бинои асосии дорои анборҳо, механизмҳои борбардориву борфарорӣ, пойгоҳи баркашӣ, майдон барои истгоҳи нақлиёти автомобилӣ, майдончаи контейнерӣ, постгоҳҳо барои ташхиси воситаҳои ҳаракаткунанда, нуқтаҳои танзимгарӣ ва тиббӣ, меҳмонхона, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии нақлиётӣ;
- борфиристанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки мувофиқи шартномаи ҳамлу нақли бор аз номи худ ё аз номи соҳиби бор амал мекунад ва дар ҳуҷҷати ҳамлу нақл (борномаи нақлиётӣ) зикр мегардад;
- боргиранда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки дар асоси шартнома ё дар дигар асоси қонунӣ барои гирифтани бор ваколатдор карда шудааст;
- бор - молест, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл пазируфта шудааст;
- бори тақсимнашаванда - боре, ки ҳангомаи ҳамлу нақл тавассути роҳҳои автомобилӣ бидуни хароҷоти барзиёд ё хавфи вайроншавӣ наметавонад ба ду ё якчанд қисм тақсим карда шавад;
- бори хатарнок - боре, ки аз моддаҳо, маҳсулоти аз онҳо сохташуда, мавод, партовҳои истеҳсолӣ ё дигар иавъи фаъолият мебошанд, ки бо сабабҳои хусусиятҳои хоси худ ҳангоми ҳамлу нақл метавонанд барои ҳаёт ва саломатии одамон хатар ба вуҷуд оваранд, муҳити атрофро хароб созанд, ба арзишҳои моддӣ зарар расонанд ё онро нобуд кунанд ва ба ҳамлу нақли онҳо тибқи Созишномаи Аврупо оид ба ҳамлу нақли байналмилалии роҳии борҳои хатарнок (ҲНРБХ) иҷозат дода нашудааст, ё танҳо бо риояи шартҳои дар ҲНРБХ таъиншуда иҷозат дода мешавад;
- ҳамлу нақли башардӯстона - ҳамлу нақли борҳо ва одамон дар доираи ёрирасонӣ ба давлати бар асари ҳолати фавқулодда осебдида барои корҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир, ки ба наҷот додани ҳаёт ва ҳифзи саломатии одамон, коҳиши зарар ба муҳити табиати атроф ва талафоти моддӣ, маҳдуд намудани минтақаи ҳолати фавқулодда ва барҳам задани омилҳои хатарноки хоси он, инчунин дар чорчӯбаи баргузории амалиёт оид ба расонидани ёрии башардӯстона ва иҷрои чорабиниҳои тахлия нигаронида шудаанд;
- соҳиби бор - шахси воқеӣ ё ҳуқуқиест, ки барои ихтиёрдории бор соҳибҳуқуқ мебошад;
- хадамоти давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт (минбаъд - Хадамот) - мақомоти давлатии назорат ва танзим дар комплекси нақлиётӣ, ки риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи нақлиёт назорат менамояд ва фаъолияти онҳоро танзим мекунад;
- инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ - маҷмааи иншооти (терминалҳои мусофирон ва борҳо, марказҳои логистикӣ, стансияҳои (устохонаҳои) хизматрасонии техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, иншоот барои нигоҳдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС), кемпингҳо, меҳмонхонаҳо) мебошад, ки мунтазамии ҷараёни ҳамлу нақл, инчунин истифодаи бехавфи воситаҳои нақлиёти автомобилиро таъмин мекунад;
- ҳамлу нақли каботажӣ - ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо аз ҷониби иатиқолдиҳандагони давлатҳои як Тараф байни ду нуқтае, ки дар ҳудуди давлати Тарафи дигар ҷойгир аст;
- мизоҷ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқиест, ки мувофиқи шартномаи бо интиқолдиҳанда басташуда ё дархости якдафъагӣ нақлиётро истифода мебарад;
- контейнер - таҷҳизоти нақлиётие, ки зарфи пурра ё қисман пӯшида шуда буда тавре сохта шудааст, ки ба он бор кардани бор, аз ҷумла аз як намуди нақлиёт ба нақлиёти намуди дигар осон аст;
- мақомоти салоҳиятнок дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ - мақомоти идоракунии давлат, ки танзими давлатиро дар соҳаи ҳамлу нақли автомобилӣ иҷро менамояд;
- иҷозатнома - ин иҷозати махсус барои амалигардонии намуди мушаххаси фаъолият зимни риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аст, ки онро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ медиҳад;
- таксии сабукрав (таксӣ) - автомобили сабукравест, ки барои кашондани мусофирон ва бағоҷи онҳо таъин гашта, ба он на бештар аз панҷ ҷойи нишаст ҷоиз дониста мешавад ва бо таксометр, инчунин аломати фарқкунандаи "Т" таҷҳизонида шудааст;
- таксии хатсайргард (микроавтобус) - автобуси ғунҷоишаш махсусан хурд, инчунин автомобили сабукрави дорои на зиёда аз ҳашт ҷои нишаст дорад ва барои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ дар хатсайрҳои муқарраршуда истифода бурда мешавад;
- хатсайр - роҳи ҳаракати воситаи нақлиёти автомобилӣ байни нуқтаҳои аввалу охири муқарраркардашуда дар ҳамлу нақл;
- ҳамлу нақли автомобилии байнишаҳрӣ - ҳамлу нақле, ки тавассути воситаҳои нақлиётии автомобилӣ, байни нуқтаҳои таъиншудаи шаҳрҳо ва ё нуқтаҳои аҳолинишини дар масофаи зиёда аз панҷоҳ километр ҷойгиршаванда, анҷом дода мешавад;
- ҳамлу нақли байналмилалӣ- ҳамлу нақл тавассути воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки аз сарҳади ду давлат ва ё зиёда аз он мегузарад;
- ҳамлу нақли номунтазами автомобилӣ - ҳамлу нақли хусусияти якдафъагӣ (номунтазам) доштае, ки интиқолдиҳандагон бо истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ миёни нуқтаҳои оғозу анҷоми ҳамлу нақл бе фуровардани мусофирон дар нуқтаҳои мобайнӣ иҷро мекунанд;
- нуқтаи таваққуф - ҷойи истодани воситаҳои нақлиёт дар хатсайри ҳамлу нақли мунтазам, ки барои саворшавию фуровардани мусофирон ва интизории воситаҳои нақлиёт таҷҳизонида шудааст;
- мусофир - шахси воқеиест, ки аз хизматрасонии интиқолдиҳанда дар асоси шартномаи басташудаи ҳамлу нақли автомобилӣ ё дигар асоси қонунӣ пулакӣ ё бе пул истифода мебарад;
- терминали мусофирон - маҷмааи истеҳсолӣ-техникиест, ки барои хизматрасонии мусофирон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ таъин шуда, иншооти зеринро дар бар мегирад: бинои асосӣ бо толори интизорӣ ва хазинаҳои чиптафурӯшӣ, нуқтаҳои ташхиси тиббии ронандагон ва ёрии нахустини тиббиву беҳдоштӣ, бағоҷхонаҳо, саҳн барои савор шудан ва фаромадани мусофирон, майдонча барои истгоҳи автобусҳо, постгоҳҳо барои азназаргузаронии автобусҳо, нуқтаҳои танзимгарӣ, хонаи модару кӯдак ва дигар намудҳои хизматрасонии нақлиётӣ;
- ҳамлу нақли автомобилии наздишаҳрӣ - ҳамлу нақле, ки ба ҳамлу нақли шаҳрӣ тааллуқ надорад ва онро интиқолдиҳанда дар хатсайрҳои дарозиашон то панҷоҳ километр аз ҳудудҳои муқарраршудаи шаҳр ё дигар нуқтаи аҳолӣ дуртар анҷом медиҳанд;
- ҳамлу нақл тавассути таксиҳои хатсайргард - ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷи онҳо тавассути таксиҳои хатсайргард, ки аз рӯи хатсайри муайян сурат гирифта, шинондану фуровардани мусофиронро дар нуқтаҳои таваққуф, инчунин мувофиқи талаби онҳо дар ҳар ҷойи хатсайри манъ нанамудаи қоидаҳои ҳаракати роҳ ба эътибор мегирад;
- ҳамлу нақл тавассути таксиҳои сабукрав - ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷи онҳо тавассути таксиҳои сабукрав, ки бо талаби мизоҷ амалӣ мешавад;
- корхонаи хизматгузории автомобилӣ -нуқтае, ки бо хизматрасониҳои техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти автомобилӣ (нуқтаи шустушӯӣ, нигоҳдории воситаҳои нақлиётӣ ва ғайра) машғул аст;
- фаьолияти соҳибкорӣ дар нақлиёти автомобилӣ - фаъолияти ташаббускоронаи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ мебошад, ки бо роҳи қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ барои ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ, борҳо, муросилоти почта, хизматгузориҳои автомобилӣ дар заминаи моликияти хусусӣ ё ҳуқуқӣ истифодаи хоҷагии муассисаи давлатӣ барои ба даст овардани фоида ё даромади шахсӣ нигаронида шудааст;
- роҳхат - ҳуҷҷате, ки барои ҳисоб ва назорати кори воситаи нақлиёти автомобилӣ таъин шудааст ва ба ронандаи воситаи нақлиёти автомобилӣ дода мешавад, он бо тарзи типографӣ тайёр карда шуда, рақами силсилавӣ дорад ва варақаи ҳисоботии қатьӣ ба ҳисоб меравад;
- ҷадвали ҳаракат - нақшаест, ки вақт ё фосилаҳои равонашавӣ ва расидани воситаҳои нақлиётро ба нуқтаҳои муайян, инчунин манъ намудани воситаҳои нақлиётро дар истгоҳҳои муайян дар бар мегирад;
- ҳамлу нақли мунтазами автомобилии мусофирон ва бағоҷ - ҳамлу нақле, ки интиқолдиҳандагон бо истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аз рӯи хатсайрҳои пешакӣ мувофиқашудаи ҳаракат, ҷадвалҳои ҳаракат тавассути нуқтаҳои аввал, мобайн ва охири таваққуф (истгоҳ), нуқтаҳои савор кардан ва фуровардани мусофирон иҷро мекунанд;
- бори дастӣ - ашёи шахсии мусофир (мизоҷ), ки ҳангоми ҳамлу нақл дар салони воситаи ҳаракаткунанда бо худ мебарад ва ҳифзи онро худи мусофир (мизоҷ) таъмин менамояд;
- сертификати баркашӣ - ҳуҷҷати дорои маълумоти мӯътамад оид ба андозаҳои вазни воситаи нақлиёт буда, онро истгоҳи баркашии аз ҷониби мақомоти салоҳиятнок ваколатдоршуда медиҳад;
- истгоҳи баркашӣ - нуқтае, ки воситаҳои нақлиёти автомобилӣ баркашида шуда, сертификати намунаи аз ҷониби мақоми ваколатдор муқарраркарда дода мешавад;
- бори зудвайроншаванда - борест, ки нигоҳдории он ҳангоми ҳамлу нақл тавассути воситаи нақлиёт бо риояи реҷаи муайяни ҳарорат ва реҷаҳои санитарию гигиенӣ таъмин карда мешавад;
- иҷозати махсус - иҷозат барои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм, вазнин ва хатарнок, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор дода мешавад;
- автомобилҳои махсусгардонидашуда - воситаҳои нақлиёти механикие мебошанд, ки барои иҷрои ҳамлу нақли намуди мушаххаси бор таъин шуда, барои ин шакли хосаи платформаи боркашӣ (масалан, худфурор, автосистерна ва ғайра) ё бадана (кузов) доранд;
- воситаҳои махсуси нақлиёти автомобилӣ - воситаҳои нақлиёти механикие, ки ҳаракат ва кори таҷҳизоти дар шассии ин автомобилҳо (автомобилҳои сӯхторхомӯшкунӣ, санитарӣ, обёрикунанда ва шӯянда, ҳосилғундор, дӯкони сайёр (автолавка), автомобилҳои фишордиҳӣ, автокранҳо ва ғайра) насбшударо таъмин мекунанд;
- борҳои вазнин ва калонҳаҷм - борҳое мебошанд, ки тибқи андозаҳои вазниву ҳаҷмии худ бештар аз меъёрҳои муқаррарианд;
- истифодаи техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ - маҷмӯи чорабиниҳо ва таъсиррарониҳои техникӣ (ташхис, хизматрасонии техникӣ, таъмир), ки ба ташкилу таъмини истифодаи бехавфи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ нигаронида шудаанд;
- борхати нақлиётӣ - ҳуҷҷати ҳамроҳикунандаи ҳамлу нақл аст, ки оид ба мол дорои маълумот буда, бастани шартномаи ҳамлу нақли борро тасдиқ мекунад ва варақаи ҳисоботдиҳии қатъӣ мебошад;
- ҳамлу нақли транзитӣ - ҳамлу нақле, ки тавассути убури сарҳади ду давлат ва ё зиёда аз он амалӣ мегардад;
- экспедитсияи нақлиётӣ - хизматрасониҳои нақлиётие, ки бо ташкили раванди равона ва гирифтани бор, инчунин дигар корҳои ба ҳамлу нақл алрқамандро тибқи шартнома амалӣ менамояд;
- экспедитор - шахси ҳуқуқӣ ё воқеиест, ки набояд ҳатман интиқолдиҳандаи автомобилӣ буда, тариқи подош ва ё аз ҳисоби борфиристанда (боргиранда) ӯҳдадор аст, аз номи ӯ ва ё аз номи худ як, ва ё якчанд шартномаи борфиристонӣ бандад ва иҷрои шартномаҳои ҳамлу нақли бору мусофирон ва дигар хизматрасониҳои иловагии ба ҳамлу нақл алоқамандро иҷро ё ташкил намояд.
2) Нақлиёти автомобилӣ, ки қисми таркибии маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, барои қонеъгардонии талаботи иқтисодиёт ва аҳолӣ ба ҳамлу нақл ва хизматрасониҳои ба он алоқаманд таъин шудааст. Дар баробари ин, ба доираи вазифаҳои нақлиёти автомобилӣ хизматрасониҳо ба дигар маҷмааҳои нақлиёт (нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ва нақлиёти обӣ) ва таъминоти зайл дохил мегардад:
- афзалияти бехатарӣ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамон, ҳифзи табиат ва арзишҳои фарҳангӣ;
- баробарҳуқуқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;
- ба истифодабаранда таъмин намудани интихоби озоди хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла озодии интихоб миёни истифодаи воситаҳои худии нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои интиқолдиҳанда;
- ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо, ҳифз ва сари вақт расондани онҳо ба нуқтаи таъиншуда;
- таъмини нархҳои озоди шартномавӣ барои корҳо ва хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3) Қонунгузории соҳаи нақлиёти автомобилӣ аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт", дигар қонунҳои ҷумҳурӣ, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои нақлиёти автомобилиро танзим мекунанд, инчунин санадҳои меъёрию ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияти онҳо интишоршуда ва Оинномаи мазкур иборат мебошад.
4) Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимяти давлатӣ метавонанд санадҳои танзимкунандаи фаъолияти нақлиёти автомобилиро дар доираи пешбининамудаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва нашр намоянд .
5) Нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бисёршаклии моликият асос меёбад. Ҳама моликони (соҳибони) нақлиёти автомобилӣ баробарҳуқуқанд ва дар назди қонун баробар ҳифз мешаванд. Моликияти давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ шомили роҳҳои автомобилии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, хоҷагӣ ва маҳаллӣ бо тамоми иншоот ва унсурҳои ободонӣ (кӯпрукҳо, хати қубурҳо, биноҳои хадамоти истифодабарандагони роҳҳо, дастгоҳҳо ва тавораҳои аз барф ҳифзкунанда, ороишҳои меъморӣ воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳҳо, маҷмааҳои хизматрасониҳои автомобилӣ ва ғайра, инчунин дарахтзорҳо) иборат мебошанд.
6) Ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони он, инчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дода мешавад, ки дорои ҳуҷҷатҳои дахлдори миллӣ ва байналмилалӣ мебошанд, ки намунаи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст ва ҳуқуқи соҳиби онро барои идора кардани воситаи нақлиёти автомобилии дараҷаи дахлдор тасдиқ мекунад.
7) Ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёти автомобилӣ ба шахсоне дода мешавад, ки дорои тахассуси дахлдор мебошад ва аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.
Арзёбии коршоямии ҳолати саломатӣ барои идоракунии воситаи нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегарад.
8) Барои ҳамлу нақли бору мусофир, бори дастиву бағоҷ ва почта интиқолдиҳандагоне роҳ дода мешаванд, ки дорои талаботи зерин мебошанд:
- иҷозатнома барои ҳуқуқи хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ, роҳхат, борхати нақлиётӣ, талони муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ;
- воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки барои иҷрои намуди дахлдори ҳамлу нақл коршояманд ва ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар қисми таъмини бехатарии ҳамлу нақл ҷавобгӯ ҳастанд;
- ба ҳамлу нақли мусофирон бо мақсадҳои тиҷоратӣ ронандагони на камтар аз бистуяксола иҷозат дода мешаванд, ки шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи дахлдор ва мувофиқи ихтисос на камтар аз се сол собиқаи корӣ дошта бошанд.
Дар воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки оид ба ҳамлу нақли мусофирон хизмат мерасонанд, кашондани бор, аз ҷумла бағоҷ ё почта, берун аз ҷои барои ин мақсад ҷудошуда, манъ карда мешавад.
9) Ҳамлу нақли автомобилӣ ба чунин ҳамлу нақл тақсим мешавад:
- мусофирон, бори дастӣ ва бағоҷ:
- борҳо;
- почта.
Аз рӯи намудҳои хатсайр ҳамлу нақли автомобилии мусофирон, бағоҷ ба байналмилалӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ), шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ тақсим мешаванд.
Аз ҷиҳати ташкили ҳамлу нақл ҳамлу нақли автомобилӣ ба мунтазам ва номунтазам ҷудо мешавад.
10) Баҳисобгирӣ, бақайдгирӣ ва ҳисоботи оморӣ оид ба мавҷудияти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ядакҳои онҳо тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
11) Заминҳои нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мегарданд:
- заминҳое, ки аз ҷониби истифодабарандагони замин барои иншооти нақлиёти автомобилӣ (муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ, таъмири нақлиёти автомобилӣ, хизматгузориҳои автомобилӣ) ҷудо карда шуда, фаъолияти онҳоро таъмин менамоянд;
- заминҳо барои роҳҳои автомобилӣ ва иншооти роҳ, ки ташкилотҳои нақлиёт, роҳ ва дигарон ҷудо карда, истифода ва сохтмони онҳоро амалӣ мегардонанд.
Дар ноҳияҳое, ки ба таъсири хатарноки табиӣ (фурӯравӣ, ярч, сел ва ғайра) гирифторанд, барои таъмини истифодаи эътимодноки роҳҳо ва иншооти нақлиёти автомобилӣ минтақаҳои махсуси муҳофизаткунанда ташкил дода мешаванд, ки онҳо низ заминҳои нақлиёти автомобилӣ ба ҳисоб мераванд.
Тартиби ташкилдиҳии минтақаҳои муҳофизатшаванда, андозаи онҳо, реҷаи истифодаи заминҳои барои ин мақсадҳо ҷудокардашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Муносибатҳоеро, ки ҳангоми ҷудо кардани замин барои нақлиёти автомобилӣ ба вуҷуд меоянд, инчунин тартиби истифодаи заминҳоро Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузориву меъёрие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри такмилу иловаи он нашр менамояд, танзим мекунанд.
Соҳибони автомобилҳо, интиқолдаҳандагони нақлиёти автомобилӣ, муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузориҳои автомобилӣ ӯҳдадоранд, ки заминҳои ба ихтиёрашон вогузошташударо мутобиқи таъиноти мақсаднок ва шартҳои вогузории онҳо истифода баранд, технологияҳои табиатҳифзкунандаи истеҳсолотро дар амал ҷорӣ кунанд ва барои дар ҳудуд бар асари фаъолияти худ хароб намудани вазъияти экологӣ роҳ надиҳанд.
12) Муносибатҳоеро, ки бо таъмини омодагии сафарбаркунонии нақлиёти автомобилӣ, чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ ва корҳои садамавию наҷотдиҳӣ вобастаанд, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногеннӣ, инчунин ҳангоми ҷорӣ кардани вазъи фавқулодда мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳиятҳои барои онҳо додашуда ҳуқуқ доранд, ки интиқолдиҳандагонро ба иҷрои корҳои марбути рафъи ҳолатҳои фавқулодда, бо ҷуброни минбаъдаи хароҷоти моддӣ ва зарар тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб созанд.
13) Бехатарии экологӣ, санитарию эпидемиологӣ ва сӯхторнишониро дар нақлиёти автомобилӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ танзим мекунанд.
14) Бо дастгоҳҳои санҷиши бақайдгирии реҷаи меҳнат ва истироҳати ронандагон (тахографҳо) танҳо он воситаҳои нақлиёти автомобилӣ таҷҳизонида мешаванд, ки хизматрасониҳои зеринро ба ҷо меоранд:
- ҳамлу нақли автомобилии борҳои хатарнок;
- ҳамлу нақли автомобилии борҳо ва муросилоти почта;
- ҳамлу нақли мунтазам ва номунтазами автомобилии мусофирон ва бағоҷ.
Боби 1. Танзими давлатии фаъолияти нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии автомобилӣ
15) Вазифаҳои асосии танзими давлатии фаъолияти нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии автомобилӣ аз инҳо иборатанд:
- ташкил намудани шароит барои таъмини талаботи иқтисодӣ ва аҳолӣ нисбати ҳамлу нақли автомобилӣ, хизматрасонии техникӣ ва таъмир, дигар корҳо ва хизматрасониҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ;
- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, инчунин манфиати миллии давлат;
- форҳам овардани шароти рақобатпазирии интиқолдиҳандагони ватанӣ дар бозори ҳамлу нақли байналмилалӣ;
- ҳимояи ҳамлу нақли автомобилӣ дар бозори дохилӣ;
- тараққиёти минбаъдаи инфрасохторҳо дар нақлиёти автомобилӣ.
16) Танзими давлатии фаъолияти нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузории автомобилӣ бо роҳи таъминоти ҳуқуқӣ, иҷозатномадиҳӣ, сертификатсия, андозбандӣ, кредитдиҳӣ, маблағгузорӣ, нархгузорӣ, ҷорӣ кардани сиёсати сармоягузорӣ ва зиддимонополӣ, илмию техиикӣ, иҷтимоӣ ва назоратии иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
17) Усулҳои асосии назорат ва танзими давлатии бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ аз инҳо иборатанд:
- аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунини интиқолдиҳандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам мамлакатҳои хориҷӣ риоя гаштани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ошкор сохтан ва пешгирӣ намудани зуҳуроти риоя накардани онҳо;
- риояи талаботи иҷозатномавӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;
- риояи талабот оид ба сертификатсияи хизматрасони нақлиётӣ;
- ошкор сохтан ва пешгирӣ намудани инҳисорҳои (монополияҳои) ғайриқонунӣ гашкилшуда дар намудҳои ҷудогонаи ҳамлу нақли борҳо ва хатсайрҳои мусофирбарӣ, фароҳам овардани шароити мӯътадил барои инкишофи рақобат;
- ошкор сохтан ва пешгирӣ намудани иҷрои ҳамлу нақли каботажӣ аз ҷониби интиқолдиҳандагони хориҷӣ тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ошкор сохтан ва пешгирӣ намудани ҳодисоти вуруди / ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути нуқтаҳои муқаррарнагардидаи убур/бо хатсайрҳои ҳаракат;
- мавҷудият ва ҳолати воситаи нақлиёт, бунгоҳи (стансияи) таъмиру истеҳсол, воситаҳои техникӣ, механизмҳои боркунандаву борфуроранда, дастгоҳҳои назоратию санҷишӣ, ҳуҷраи хизматии таҷҳизонидашуда (корхонаҳое, ки базаи худии таъмиру истеҳсолро доро нестанд ва барои иҷрои корҳои дахлдор бо дигар корхонаҳо шартномаҳо бастаанд, истисно мебошанд), инчунин риояи меъёрҳои экологӣ ва талаботи бехатарии ҳаракати дар роҳ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ дар нақлиёти автомобилӣ;
- мутобиқати истифодаи техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба талаботи муқарраршуда;
- иҷрои талаботи қоидаҳои ҳамлу накли мусофирон ва бағоҷ тавассути нақлиёти автомобилӣ ҳангоми анҷом додани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ ё кор дар низоми терминалҳо;
- додани иҷозати махсус барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобили вазнин на калонҳаҷм (аз ҷумла нақлиёти хориҷӣ) тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷрои талаботи муқарраршуда ҳангоми иҷрои ҳамлу нақли борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби интиқолдиҳандагони ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла иҷрои талабот нисбати андозаҳои вазну ҳаҷми воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- иҷрои талабот оид ба истифодаи низоми рухсатномавӣ ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамлу нақли автомобилии байналмилалии мусофирон, бағоҷ ва борҳо;
- мавҷудияти иҷозат барои ҳамлу иақли мунтазами мусофирон дар алоқаи байналмилалӣ ва байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ), риояи хатсайр ва ҷадвали ҳаракат;
- аз ҷониби ронандагон риоя гаштани реҷаи муқарраршудаи меҳнат ва истироҳат, аз ҷумла мавҷудияти дастгоҳҳои санҷишии бақайдгирии реҷаи меҳнат ва истироҳати ронандагон (тахографҳо) дар нақлиёти мусофиркаш, боркаш, аз ҷумла дар нақлиёти автомобилии махсусгардонидашуда;
- мутобиқати зарфҳои барои сӯзишворӣ насбшуда ба талаботи корхонаи истеҳсолкунанда;
- риояи қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои хатарнок бо воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ҳаракати онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи ихтисосӣ нисбати ронандагон ва воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- мавҷуд будани иҷозат ба воситаҳои нақлиёти автомобилии барои ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон ва маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин борҳое, ки ҳангоми ҳамлу нақли онҳо хулосаҳои мақомоти назорати санитарию эпидемиологӣ талаб карда мешаванд;
- мавҷуд будани ҳуҷҷатҳо, таҷҳизот ва асбобҳои зарурӣ дар нуқтаи тафтишу убур;
- усулҳо ва фаврияти иттилоъдиҳӣ ба ҳайати ронандагон дар бораи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, мавҷудияти дафтарҳои бақайдгирии дастурҳои додашуда, нақшаҳои чорабиниҳо оид ба пешгирии рӯйдодҳои роҳу нақлиёт;
- гирдоварии иттилоот дар хусуси истифодаи иқтидори транзитӣ, баҳисобгирии шиддати ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- баланд бардоштани сатҳи талабот нисбати сифати ҳамлу нақл, меъёрҳои экологӣ ва бехатарии ҳаракат ҳангоми додани иҷозатномаҳо бо мурури аз воситаҳои нақлиёти автомобили ҳозиразамон пур шудани бозори хизматрасониҳои автомобилӣ;
- ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъмини бехатарӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳҳои автомобилӣ;
- иҷрои дигар ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
18) Сертификатсияи мутобиқати хизматрасонии нақлиётӣ мувофиқи маҷмӯи эътирофкунӣ ва сертификатсияи хизматрасониҳои нақлиёт, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, амалӣ гардонда мешавад .
19) Сертификатсия баҳодиҳии мутобиқати нишондодҳои маҳсулоти (хизматрасонӣ) сертификатсияшавандаро ба хусусияту хислати маҳсулот, ки стандартҳои муқарраргардида ё дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муқаррар намудаанд, дар асоси санҷишҳо, сертификатсияи системаи сифат ё ҳангоми истеҳсол муайян шудааст, пешбинӣ мекунад. Сертификатсияро Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ("Тоҷикстандарт") ё тибқи иҷозатномаи он мақомоти эътирофкардаи он анҷом медиҳанд.
20) Ҳамаи маҳсулот ва ҳизматрасониҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, ба қаламрави он воридшаванда ва ба қайд гарифташавандаи таъиноти нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла маҳсулоти истеҳсоли хориҷӣ, сертификатсия карда мешавад. Ҳамчунин хизматрасониҳои автомобилӣ, ки ба муштариён чи аз тарафи соҳибкорони ҳуқуқӣ ва чи аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ расонида мешаванд, сертификатсия мешаванд.
21) Сертификатҳои маҳсулоте, ки аз ҷониби мақомоти хориҷӣ оид ба сертификатсия дода шудаанд, тасдиқи ҳатмӣ - сертификатеро тақозо менамоянд, ки онро мақомоти оид ба сертификатсияи эътирофкардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ("Тоҷикстандарт") додааст.
22) Тартиби сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасониҳо, боздоштан ё қатъ гардондани амали сертификат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
23) хориҷ карда шуд
24) Ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
25) хориҷ карда шуд
Боби 2. Идоракунии давлатии нақлиёти автомобилӣ
26) Мақоми идораи давлатӣ, ки роҳбарияти фаъолияти маҷмааи нақлиётиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад .
27) Вазифаҳои асосии дар соҳаи маҷмааи нақлиёти автомобилӣ инҳо мебошанд:
- татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;
- таҳияи консепсия ва барномаҳои давлатии рушду тараққиёти нақлиёти автомобилӣ ва ҳамкориҳои тамоми намудҳои нақлиёт, ташаккул ва гузаронидани сиёсати ягонаи илмию техникӣ ва иҷтимоӣ дар нақлиёт;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани системаи ягонаи баҳисобгирии нишондиҳандаҳои асосии омории фаъолияти кори нақлиёт, новобаста аз шакли моликият, дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур намудан, истифода ва коркарди роҳхатҳо ва борхатҳо;
- тасдиқи низом оид ба сертификатсияи хизматрасониҳои нақлиётӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қонеъ гардондани талаботи давлат ва аҳолӣ ба ҳамлу нақли автомобилӣ, хизматрасониҳои ба он алоқаманд, инчунин назорати риояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
- дар доираи салоҳияти худ иштирок дар амалигардонии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва намояндагӣ кардани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ;
- ташкил додани ҳамлу нақлҳои байнишаҳрии автомобилии мусофирон ва бағоҷ, мувофиқа намудани ҷадвалҳои ҳаракат дар хатсайрҳои нишондодашуда бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии вилоятҳои дахлдор (пойтахт ва шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ);
- ҷорӣ кардани феҳристи номгӯи хатсайрҳои ҳамлу нақли мунтазами автомобилии байналмилалӣ ва байнишаҳрии мусофирон ва бағоҷ;
- ташкил ва назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;
- таъмин намудани ҳамкории давлат бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ дар шакли ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;
- тасдиқи Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон, бори дастиву бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ;
- тасдиқи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ;
- тасдиқи Қоидаҳои гузарондани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон;
- тасдиқи Қоидаҳои истифодаи теникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- тасдиқи Қоидаҳои ташкил ва фаъолияти парковкаи воситаҳои нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тасдиқи талабот нисбати ҳолати техникӣ ва хизматрасонии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, тартиб ва нигоҳдории онҳо, инчунин нисбати баҳисобгирии таъсироти техникӣ;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи Қоидаҳои ташкили меҳнат ва истироҳати ронандагон, талабот оид ба таҷҳизонии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо дастгоҳҳои санҷиш ва бақайдгирии реҷаи меҳнат ва истироҳат;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани талабот нисбати объектҳои инфрасохтории нақлиёти автомобилӣ дар бахши таъмини бехатарӣ, ташкил ва амалигардонии ҳамлу нақли автомобилӣ;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани усулҳои ҳисобкунии тарифҳо барои ҳамлу нақли автомобилии борҳо, мусофирон ва бағоҷ, инчунин тасдиқи тарифҳои номиналӣ барои ҳамлу нақли мунтазами шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва байнишаҳрии мусофирон ва дигар хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ;
28) Мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба фаъолияти хоҷагидории муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузориҳои автомобилӣ, соҳибони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони автомобилӣ мудохила намоянд, инчунин ҳайати кормандони соҳаи истифодаи муассисаҳои нақлиёти автомобилиро бе розигии онҳо ба корҳои дигар ҷалб кунанд, ғайр аз ҳолатҳое, ки дар бандҳои 29 - 31 Оиномаи мазкур пешбинӣ карда шудаанд.
29) Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурат таъсис медиҳад, ҳуқуқ дорад, бо мақсадҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ, садама, сӯхторҳои бузург, эпидемия ва монанди инҳо) аз воситаҳои нақлиёти дорандагони автомобилҳо, интиқолдиҳандагон, сарфи назар аз мансубияти маъмурӣ ва шакли моликияташон истифода намояд.
30) Дар давраи пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ муносибатҳои шартномавии соҳибони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони автомобилӣ бо муштариёни онҳо метавонанд дар ҳаҷми ҷалби воситаҳои нақлиёт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои маҳаллӣ мавқуф гузошта шаванд.
31) Барои гузаронидани чорабищҳо оид ба пешгирӣ ё рафъи офатҳои табиӣ, инчунин расондани кӯмакҳои башардӯстона тибқи амри Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дорои воситаҳои нақлиёти автомобилиро муайян мекунанд, ки онҳо бояд ҷудокунии нақлиётро ба минтақаҳои офатзада барои кӯмак ва ба/аз он ҷойҳо даровардани қисмҳои махсуси хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, гурӯҳҳои мутахассисон, техника, борҳо ва ёрирасонӣ ба аҳолии зарардида таъмин намоянд.
32) Соҳибони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони автомобилии ба корҳои пешгирӣ ё рафъи офатҳои табиӣ ҷалбгардида, вазифадоранд, инҳоро таъмин намоянд:
- саривақт расонидани воситаҳои нақлиёти автомобилии аз ҷиҳати техникӣ бенуқсон ба ҷойҳои ташаккули сафи автомобилҳо ё боркунӣ;
- бо маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ таъмин намудани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии техникии онҳо;
- ҷиҳозонидани (эпикировкаи) воситаҳои нақлиёт ва ҳайати ронандагон.
33) Хароҷоти соҳибони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагон ҳангоми иҷрои корҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ, инчунин ҳангоми кӯмаки башардӯстона тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ҳуҷҷатҳои воқеан пешниҳодгардида ҷуброн карда мешаванд.
Боби 3. Вазъи ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ
34) Ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ба тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ҷудо карда мешаванд.
Ташкилотҳои тиҷоратӣ - ташкилотҳое мебошанд, ки хизматрасониҳои нақлиётиро дар асоси маблағ бо мақсади ба даст овардани даромад равона намудаанд.
Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ - ташкилотҳое мебошанд, ки хизматрасонии нақлиётиро барои ба даст овардани даромад (истгоҳҳои автомошинаҳои хизматӣ, ки аз буҷети давлатӣ барои хизматрасониҳои мақсадноки муассисаҳои буҷетӣ ва ғайра маблағгузорӣ ва нигоҳдорӣ мешаванд), равона накардаанд.
35) Шахси ҳуқуқие, ки ба ташкилоти тиҷоратии нақлиёти автомобилӣ дохил мешавад, метавонад дар шакли корхонаи воҳид, ширкати хоҷагадорӣ, кооперативӣ, истеҳсолӣ ё ҷамъияти саҳомӣ ва ғайра ташкил карда шавад. Ташкилотҳои тиҷоратии фаъолияти нақлиёти автомобилӣ, инчунин соҳибкорон бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкорӣ, пешниҳод ва ҳифзи манфиатҳои умумии моликиятдорӣ тибқи шартномаи байниҳамдигарӣ метавонанд иттиҳодияҳои ғайритиҷоратӣ дар шакли ассотсиатсияҳо (иттифоқ) ташкил кунанд.
36) Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла муассисаҳо, метавонанд ихтиёрӣ ба ассотсиатсияи (иттифоқҳои) ин ташкилотҳо муттаҳид шаванд. Аъзои ассотсиатсия (иттифоқ) мустақилияти худ ва ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқиро нигоҳ медоранд. Ассотсиатсия (иттифоқ) оид ба вазифаҳои аъзои худ ҷавобгар намебошад.
37) Иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо, ташкилотҳо, корхонаҳо, ширкатҳои нақлиёти автомобилӣ ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ташкил карда шуда, фаъолият менамоянд.
Боби 4. Припсипҳои умумии ташкили ҳамлу нақли автомобилӣ
38) Асоси муносибатҳои иқтисодӣ ва хоҷагиро дар нақлиёти автомобилӣ талаботи бозорӣ ва пешниҳодоти хизматрасониҳои нақлиётӣ ташкил мекунанд.
39) Шахси ҳуқуқие, ки дар хизматрасониҳои нақлиётӣ шуғл меварзад (минбаъдинтиқолдиҳанда), бозори дархосту пешниҳодҳо барои хизматрасониҳои нақлиётиро мустақилона меомӯзад ва мунтазам назорат мебарад, мизоҷони имконпазирро меҷӯяд ва барои иҷрои хизматрасониҳои нақлиётӣ мувофиқи талаботи мизоҷон шартномаҳо мебандад, нақшаҳои фаъолияти соҳибкории худро тартиб медиҳад ва иҷрои онҳоро таъмин месозад, инчунин барои ҳама оқибатҳои фаъолияти худ масъулиятро ба зимма дорад.
40) Хизматрасониҳои нақлиётӣ бе бастани шартномаи ҳамлу нақл бо шахси ҳуқуқие, ки хизматҳои нақлиётӣ мерасонад, иҷозат дода намешавад.
41) Ҳамлу нақли автомобилӣ дар асоси шартномаҳои басташуда амалӣ гардонда мешавад.
42) Интиқолдиҳанда ҳуқуқ надорад, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳамлу нақл ҷавоби рад диҳад, ғайр аз ҳолатҳое, ки дар бандҳои 213 ва 214 ҳамин Оиннома пешбинӣ шудаанд.
43) Ҳангоми ҳамлу нақли борҳо, мусофирон, бағоҷ ва муросилоти почта интиқолдиҳанда ӯҳдадор аст:
- воситаи нақлиёти автомобилӣ дошта бошад, ки мувофиқи тартиби муқарраргашта ба қайд гирифта шуда, аз муоинаи техникӣ гузаштааст ва мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ ё давлатӣ барои иҷрои ҳамлу нақл тибқи иҷозатномаи додашуда, рухсатнома ё шартномаи ҳамлу нақл таҷҳизонида шудааст
- иҷозатнома, варақаи санҷишие, ки он барои иҷрои намуди муайяни ҳамлу нақл ҳуқуқ медиҳад, роҳхат, ҳуҷҷати молию нақлиётӣ дошта бошад;
- роҳхат, ҳуҷҷати молию нақлиётӣ дошта бошад;
- қоидаҳои ҳамлу нақлро риоя намояд;
- бехатарии ҳаракатро таъмин кунад;
- озодии интихоби воситаҳои нақлиётро барои мизоҷ дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ таъмин кунад;
- зарари ба мизоҷ (мусофир, соҳиби бор, борфиристанда), инчунин ба шахси сеюм расондаро ҷуброн созад, аз ҷумла талафоти вақт бо арзиши пулӣ;
- сифати ҳамлу нақлро мутобиқи шартномаи басташуда таъмин намояд;
- суғуртакунии давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандиро барои дар ҷараёни истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ расонидани зиён ба ҳаёту саломатии шаҳрвандон ё зарари моддӣ барои онҳо таъмин намояд;
- талаботи мақомоти ҳокимияти давлатию маҳаллии намояндагӣ ва иҷроияро иҷро намояд, агар онҳо ба сифати мизоҷ дар иҷро намудани ҳамлу нақли дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва мудофиавӣ ё ҳангоми ҳолатҳои фавқулода баромад кунанд.
44) Шакли роҳхатҳо, борхатҳо ва дастурамал оид ба тайёр намудан ва истифодаи онҳоро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Роҳхатҳо ва борхатҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ бояд ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тайёр карда шаванд.
45) Ҳангоми ҳамлу нақли мусофирон, борҳо, бағоҷ ва муросилоти почта мизоҷ ҳуқуқ дорад:
- аз шахси ҳуқуқӣ пешниҳоди шаҳодатномаи эътирофшуда, сертификати мутобиқат ва иҷозатномаро барои ҳуқуқи хизматрасониҳои нақлиётӣ талаб кунад;
- иҷрои шартномаи ҳамлу нақле, ки бо интиқолдиҳанда баста шудааст ва мавҷудияти ҳуҷҷатҳои молию нақлиётиро (роҳхат) талаб намояд;
- бо сертификати сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ мутобиқат доштани дараҷаи сифати ҳамлу нақлро мувофиқи тартиби муқарраркардашуда мавриди баҳс қарор диҳад;
- ҷуброни зарар, аз ҷумла талафоти вақтро бо арзиши пулӣ талаб кунад.
46) Мизоҷ ӯҳдадор аст:
- шартҳои шартномаи бо интиқолдиҳандаи нақлиёти автомобилӣ басташударо риоя намояд;
- қоидаҳои ҳамлу нақлро иҷро намояд;
- ба моликияти интиқолдиҳанда зарару талаф нарасонад;
- борҳо ва бағоҷро барои ҳамлу нақл дар шакли омода пешниҳод намояд, аниқӣ, дурустӣ ва мукаммалии маълумоти дар ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли бору бағоҷ сабтгардидаро таъмин намояд.
47) Вобаста аз намудҳои хизматрасонии нақлиётӣ интиқолдиҳандагони автомобилӣ барои интиқоли мусофирон, ҳамлу нақли борҳо, барои иҷрои ҳамлу нақли омехта, бевосита ва байналмилалӣ шартнома мебанданд.
48) Шартномаҳо вобаста аз мӯҳлати фаъолият ва шартҳои иҷро ба яквақта, тӯлонӣ ва дарозмуддат ҷудо мешаванд.
49) Шартномаи яквақта барои ҳамлу нақл дар шакли фармоиши яквақта, барои ннтиқоли мусофирон бошад -бо фурӯши чиптаҳо барои як сафар ба расмият дароварда мешавад.
50) Шартномаҳои тӯлонӣ тибқи қоида, ба мӯҳлати як сол баста мешаванд, аммо имкон дорад, ки шартномаҳои тӯлонӣ ба мӯҳлати кӯтоҳ (мавсимӣ, семоҳа, якмоҳа), инчунин шартномаҳои давомнок барои иҷрои маҷмӯи корҳои муайян бидуни нишон додани мӯҳлат баста мешаванд.
51) Шартномаҳои тӯлонӣ дар варақаҳои махсус, ки шакли намунавиашро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ба расмият дароварда мешавад .
52) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ, баъди мувофиқаи пешакӣ бо соҳиби бор (борфиристанда, мизоҷ) аз хусуси ҳама шартҳои иҷрои хизматрасониҳои нақлиётӣ шартномаро дар шакли хаттӣ ба расмият медарорад.
53) Шартномаҳои тӯлонӣ барои иҷрои хизматрасониҳои нақлиётӣ дар ду нусха ба расмият дароварда шуда, бо имзои интиқолдиҳандаи автомобилӣ, бо тасдиқи мӯҳр ба соҳиби бор (борфиристанда, мизоҷ) дода мешавад.
54) Мизоҷ ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати муқарраршуда бо он шинос шавад, имзо кунад, бо мӯҳр тасдиқ намояд ва як нусхаи шартномаро ба интиқолдиҳандаи автомобил диҳад ва дигарашро назди худ маҳфуз дорад.
55) Дар ҳолатҳое, ки соҳиби бор бо матни лоиҳаи шартномаи тӯлонӣ барои иҷрои хизматрасониҳои нақлиётӣ розӣ нест, протоколи ихтилофи назар тартиб дода шуда, ба интиқолдиҳандаи автомобил фиристода мешавад. Интиқолдиҳандаи автомобилӣ вазифадор аст, дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо протоколи ихтилофи назарро баррасӣ намояд ва соҳиби борро оид ба қабули шартномаи тӯлонӣ дар таҳрири ӯ хабардор намояд ё дар хусуси рад кардани протоколи ихтилофи назар огоҳ созад. Зимни рад намудани протоколи ихтилофи назар ё нарасидани хабар дар хусуси баррасии он дар мӯҳлати нишондодашуда шартнома эътибор пайдо намекунад.
56) Шартнома аз лаҳзаи имзо ё мӯҳлати дар шартнома зикргардида эътибор пайдо намуда, барои Тарафҳо ҳатмӣ ҳисобида мешавад. Агар тибқи шартнома мӯҳлати фаъолияти он пешбинӣ шуда бошад, пас хотима ёфтани ҳамин мӯҳлат боиси қать шудани ӯҳдадориҳои Тарафҳои шартнома мегардад.
57) Шартномае, ки дар он мӯҳлати фаъолият зикр нагардидааст, то лаҳзаи муқарраршудаи хатми иҷрои ӯҳдадориҳо аз ҷониби Тарафҳо амалкунанда эътироф карда мешавад.
58) Ба охир расидани мӯҳлати амали шартнома Тарафҳоро аз масъулият барои вайрон кардани он, ки то гузаштани ин мӯҳлат ҷой дошт, озод намекунад.
59) Тағйир додан ва қатъи шартнома бо розигии ҳамдигарии Тарафҳо имконпазир аст.
60) Талаби тағйир додан ё қатъи шартнома аз ҷониби яке аз Тарафҳо танҳо баъди гирифтани раддияи Тарафи дигар барои пешниҳоди тағйир додан ё қатъ кардани шартнома, ё нагирифтани ҷавоб дар мӯҳлати муқарраршуда, метавонад ба суд арз карда шавад.
61) Шартнома метавонад мувофиқи муроҷиати яке аз Тарафҳо дар ҳолатҳои зерин тағйир дода шавад ё қатъ гардад:
- имконнопазирии иҷрои шартҳои шартнома (бандҳои 213 ва 214 Оинномаи мазкур);
- аз ҷониби Тарафи дигар вайрон кардани шартҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ё шартнома дар хусуси сифат, мӯҳлати иҷро ва дигар шартҳо;
- бо тартиби муқарраргардида Тарафи дигар муфлис эътироф шуда бошад;
62) Ҳангоми яктарафа тағйир додан ё қать кардани шартнома Тараф бояд Тарафи дигарро на дертар аз як моҳ пештар огоҳ намояд.
63) Ҳангоми қатъ намудани шартнома ӯҳдадориҳои Тарафҳо хотима меёбанд.
64) Ҳангоми тағйир додани шартнома ӯҳдадории Тарафҳо дар шакли тағйирёфта фаъолият мекунанд.
65) Агар асоси қать гардидан ва тағйир додани шартнома вайронкуниҳои ҷиддӣ аз ҷониби яке аз Тарафҳо бошад, Тарафи дигар ҳуқуқ дорад, ҳангоми қатъ ва тағйир додани шартнома товони зарарро талаб намояд.
66) Барои мусофиркашонӣ, ҳамлу нақли бағоҷ, борҳо, муросилоти почта ва хизматрасониҳои бо ҳамлу нақл алоқаманд тарифҳои озод (шартномавӣ), ба ғайр аз холатҳои истифодаи тарифҳои танзимшуда, ки даромаднокии субъекти хоҷагиҳои машғули фаъолияти нақлиёти автомобилиро таъмин мекунанд, муқаррар карда мешаванд.
67) Аз рӯи намудҳои алоҳидаи хизматрасониҳои нақлиётӣ, ҳамчун воситаи ҷорӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат ё ҳамчун воситаи бартараф кардани фаъолияти инҳисорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, метавонанд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарифҳои танзимшаванда - тарифҳои ягона дар ҳудуди давлат муқаррар карда шавад.
68) Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарифҳои номиналиро барои ҳамлу нақли автомобилӣ ва хизматрасониҳои марбути онҳо тасдиқ менамояд .
Тарифҳои номиналӣ бо назардошти намудҳои ҳамлу нақл, класси бор, бахшҳои фиристодашаванда ва масофаи ҳамлу нақл таҳия гардида, ба интиқолдиҳандагон, борфиристандагон ва соҳибони бор имкон медиҳад ба таври ҳақиқӣ арзиши меъёрии хизматрасониҳои нақлиётиро баррасӣ намоянд.
Тарифҳои номиналӣ - ин тарифи ҳадди аққали имконпазир мебошад, ки дармаднокии зарурии ҳадди ақалро таъмин мекунад.
Тарифҳои номиналӣ вобаста бо зарурати ба онҳо дохил намудани тағйирот ва иловаҳо таҷдиди назар карда мешаванд.
69) Бо розигии мизоҷ интиқолдиҳандаи автомобилӣ ҳуқуқ дорад ба тарифҳои номиналӣ вобаста ба талаботи бозор ба ин намуди ҳамлу нақл, сифати хизматрасонӣ, ҳаҷми хизматҳои иловагии марбут ба ҳамлу нақл, сатҳи муфлисшавӣ ва дигар омилҳо коэффитсиенти ислоҳиро муқаррар кунад.
70) Ҳамлу нақли борҳо ва мусофирон, ки тибқи фармоиши мақомоти давлатӣ сурат мегирад, бояд аз рӯи шартҳои қарордоди байни мақомоти мазкур ва интиқолдиҳандагон зимни риояи шартҳои пардохти кафолатноки хизматрасониҳои нақлиётӣ аз ҷониби ин мақомот, мувофиқи мизонҳои тарифавии аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшуда ва ҳаҷми хизматрасониҳои иҷрошуда, анҷом дода шаванд.
71) Ҳамлу нақли мусофирон, ки самаранокӣ бо тарифҳои танзимшудаи амалкунанда таъмин намегардад, мувофиқан аз буҷети ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ ҷуброн карда мешавад.
Боби 5. Ҳамлу нақли мусофирон, бори дастиву бағоҷ
72) Ҳамлу нақли автомобилии мусофирон, бори дастиву бағоҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо автобус, микроавтобус ва автомобилҳои таксӣ амалӣ карда мешаванд ва ба мусофирбарии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ) ва байналмилалӣ тақсим мешавад.
73) Ба мусофирбарии шаҳрӣ интиқоли мусофирон дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини шаҳрӣ;
-ба наздишаҳрӣ - берун аз ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин то сарҳади ноҳияи наздиктарин;
-ба байнишаҳрӣ (дохиливилоятӣ) - дар ҳудуди вилоят;
-ба байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ) - дар байни шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишин ба масофаи зиёда аз 50 км;
-ба байналмилалӣ - ҳамлу нақли вобаста бо убури сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд дохил мешаванд.
74) Ҳамлу нақли мунтазами автомобилии мусофирон, бори дастиву бағоҷ бо шартҳои зайл ташкил карда мешаванд:
- мавҷуд будани анбӯҳи мусофирон;
- имконияти гузарониши роҳҳои автомобилӣ иҷрои ҳаракати мунтазами воситаи нақлиёти мусофиркашро, ки дар асоси тиҷоратӣ аз рӯи хатсайрҳои муайян хизмат мерасонад, имконпазир гардонад;
- ҳолати роҳҳои автомобилӣ ва ободонии онҳо ба талаботи бехатарии ҳаракати роҳ мутобиқ бошанд.
75) Вобастакунии хатсайрҳои мунтазами ҳамлу нақли автомобилии байнишаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва шаҳрии мусофирон, бори дастиву бағоҷ тибқи тартиби муқаррагардида амалӣ карда мешаванд.
76) Ташаббускори кушодани хатсайрҳои нави доимамалкунанда ва ворид намудани тағйирот ба хатсайрҳои амалкунандаи мусофирбарӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ - мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шуда метавонанд.
77) Тибқи талаботи ташаббускор комиссияи босалоҳият аз ҳисоби намояндагони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттифоқи касаба ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳамлу нақли автомобилӣ нақшаи хатсайр ва ҷадвали ҳаракатро тартиб дода, онҳоро ба тариқи зайл мувофиқа мекунанд :
- ҳамлу нақли автомобилии мусофирон дар хатсайрҳои мунтазами байналмилалӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ) - бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- ҳамлу нақли автомобилии мусофирон дар хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрӣ (дохиливилоятӣ), наздишаҳрӣ ва шаҳрӣ, ки маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳо ва вилоятро мепайвандад - бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва бо мақомоти ваколатдор Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- ҳамлу нақли автомобилии мусофирон дар хатсайрҳои мунтазами шаҳри Душанбе - мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;
78) Раиси комиссияи босалоҳият новобаста аз хатсайри азнавкушодашаванда ё ворид намудани тағйирот ба хатсайрҳои амалкунандаи мунтазами байналмилалӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ)намояндаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ (дохиливилоятӣ), наздишаҳрӣ ва шаҳрӣ - намояндаи мақомоти ваколатдори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хатсайрҳои мунтазами шаҳри Душанбе - намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дониста мешавад .
79) Дар асоси қарори комиссияи мазкур, раиси комиссия шиносномаи хатсайр, ҳаракати нақлиёти мусофирбарро дар се нусха тартиб медиҳанд ва он бо тариқи зайл тасдиқ карда мешавад:
- барои хатсайрҳои мунтазами байналмиллалӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ) - Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- барои хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрӣ (дохиливилоятӣ), наздишаҳрӣ ва шаҳрӣ, ки маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилоятро мепайвандад - мақомоти ваколатдори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ;
- барои хатсайрҳои мунтазами ҳамлу нақли автомобилии мусофирони шаҳри Душанбе - мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
80) Талабот ба хатсайрҳои доимамалкунандаи мусофирбарӣ ва ворид намудани тағйирот ё иловаҳо ба хатсайрҳои доимамалкунандаи мусофирбарӣ тавассути Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
81) Ҳамлу нақли мунтазами автомобилии байналмилалӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ) ва наздишаҳрии мусофирон ва бағоҷ танҳо аз терминали мусофирон дар асоси шартнома миёни интиқолдиҳанда ва маъмурияти терминалҳои мусофирон мутобиқи ҳамин Оиннома ва Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
82) Терминалҳои мусофирбарӣ ҳуқуқ надоранд, бастани шартномаро бо интиқолдиҳандаи мусофирон ва бағоҷ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он иҷозат дода шудаанд, рад намоянд.
83) Дар шартномаи ташкили ҳамлу нақли мунтазами автомобилии байнишаҳрӣ, шаҳрӣ, наздишаҳрии мусофирон ва бағоҷ, ки нуқтаҳои аҳолинишин, шаҳракҳо, деҳаҳоро бо марказҳои ноҳия ё вилоят, шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ (пойтахт) мепайванданд, бояд пешбинӣ карда шаванд:
- тарифҳо;
- тартиб ва ҷои фурӯши асноди сафар (чиптаҳо), иҷрои назорати мавҷудияти онҳо дар мусофирон;
- андоз ва мӯҳлатҳои пардохти ҷуброн ба интиқолдиҳанда, агар тарифҳои муқарраркардаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хароҷоти ҳамлу нақли мусофирон, инчунин ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро бо шартҳои имтиётзнок ё ройгон пӯшонида натавонад;
- ҷадвали ҳаракат, намуд (дараҷа, гунҷоиш) ва миқдори нақлиёти автомобилии мусофиркаш, ки дар хатсайр истифода мегарданд;
- ҷавобгарии тарафҳо барои иҷро накардан ё ба таври зарурӣ иҷро накардани ӯҳдадориҳо оид ба шартнома;
- мӯҳлати амали шартнома на камтар аз се солро ташкил медиҳад;
84) Санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд шартҳои дигари ҳатмии ташкили ҳамлу нақли мунтазами автомобилии байнишаҳрӣ, дохиливилоятӣ, наздишаҳрӣ ва шаҳрии мусофирон ва бағоҷро муқаррар намоянд.
85) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи шартномаи ташкили ҳамлу нақли мунтазами автомобилии байнишаҳрӣ, дохиливилоятӣ, наздишаҳрӣ ва шаҳрии мусофирон ва бағоҷ ӯҳдадоранд:
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарорӣ ва нигаҳдошти нуқтаҳои муқарраршудаи саворшавӣ ва фуромадани мусофиронро таъмин намоянд;
- хатсайрҳои бедаромадро бо пардохтҳои иловагии буҷетӣ таъмин кунанд;
- риояи ҷадвали муқарраршудаи ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашро, ки дар хатсайри муқарраршуда хизмат мерасонад, назорат намоянд.
86) Интиқолдиҳанда мувофиқи шартномаи ташкили ҳамлу нақли мунтазами автомобилии байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ), наздишаҳрӣ ва шаҳрии мусофирон ва бағоҷ ӯҳдадор аст:
- барои ҳамлу нақл намуд ва (шакл) класси дар шартнома пешбинишудаи воситаҳои нақлиётро истифода барад;
- ҷадвали ҳаракатро риоя намояд;
- ба таври дахлдор таҷҳизонии воситаи нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии мусофиронро дар роҳи сафар таъмин кунад.
87) Интиқолдиҳанда мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯхдадориҳои дигарро низ ба зимма дорад.
88) Шартномаи байни интиқолдиҳанда ва мусофир барои ҳамлу нақли мусофир ва бағоҷ бо чипта ва ҳуҷҷати бағоҷ тасдиқ қарда мешавад. Шартномаи ҳамлу нақл инчунин ҳуҷҷате мебошад, ки байни Тарафҳоинтиқолдиҳанда ва мизоҷ дар шакли шартнома ё дигар ҳуҷҷат барои ҳамлу нақли гурӯҳи мусофирон, бе фурӯхтани чипта ба ҳар яки онҳо, расмӣ кунонида мешавад.
89) Мувофиқи шартнома интиқолдиҳанда ӯҳдадор мешавад, ки мусофирро (зимни мавҷудии чипта) саривақт ба нуқтаи таъиншуда барад ва дар ҳолати бағоҷро супоридани мусофир -бағоҷро то ҷои таъиншуда расонида, ба шахси барои гирифтани бағоҷ ваколатдоркардаи ӯ супорад.
90) Шакли чиптаро оид ба намудҳои ҳамлу нақл Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Чиптаҳо метавонанд номӣ ё манзурӣ бошанд ва бояд оид ба шартҳои истифодашавандаи ҳамлу нақл нишондодро дар бар гиранд. Чиптаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ бояд ба забони давлатҳое чоп шаванд, ки нуқтаҳои оғозу анҷоми хатсайр дар ҳудуди онҳо ҷой гирифтаанд.
Чипта ҳуҷҷати ҳисоботдиҳии қатъӣ ва дорои силсилаи (серия) баҳисобгирӣ ва рақам буда, ба таври матбаавӣ чоп мешавад.
91) Ҳангоми бастани шартнома интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад дар хусуси иҷрои хизматрасониҳои иловагӣ барои мусофирон ӯҳдадориҳоро ба зимма гирад (ташкили истироҳати шабона, хӯрок ҳангоми сафар ва монанди инҳо). Дар ин ҳолат арзиши чунин хизматрасонӣ дар чипта ё шартнома, алоҳида аз нархи он нишон дода мешавад, ки бо тарифҳои мувофиқанамудаи Тарафҳо муайян мегардад ё бояд бо усули дигар ба расмият дароварда шавад.
92) Интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад:
- барои ташкил додани итгиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ дар шакли ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои худ;
- барои истироҳат ва шароити меҳнат, ки ҷавобгӯи талаботи бехатарӣ ва гигиена мебошад;
- барои аз мусофирон талаб кардани риояи тартибу қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ тавассути нақлиёти автомобилӣ.
93) Интиқолдиҳанда, ки ҳамлу нақли мунтазами мусофирон ва бағоҷро иҷро мекунад, ӯҳдадор аст:
- ҳолати дурусти техникии воситаҳои нақлиёти автомобилиро таъмин созад ва ба хатсайр баромадан воситаи нақлиёти автомобилиеро, ки ҳолаташ мувофиқи талаботи муқарраршудаи техникӣ, экологӣ, санитарию эпидемиологӣ ва талаботи бехатарии сӯхтор намебошад, иҷозат надиҳад;
- истифода бурдани роҳхатҳои намунаи муқарраршуда ва гузаронидани муоинаи пешакӣ ва доимии техникию тиббӣ, риоя намудани реҷаи меҳнат ва истироҳати ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилиро таъмин намояд;
- бехатарии мусофирон, фароҳам овардани шароитҳои зарурии мусоидро барои онҳо таъмин намояд;
- интиқоли саривақтӣ ва амнияти бағоҷи барои интиқол супоридашударо таъмин намояд;
- ташкили ҳамлу нақлро аз майдончаҳои махсус барои истгоҳҳои автобусҳо, таксиҳои хатсайргард ва таксиҳои сабукрав ҷудокардашуда, ки онҳо ҳамлу нақлро тибқи хатсайрҳои муқарраргардида, бо ҷойҳои саворкунӣ ва фурудоварии мусофирон ва бо нишондодҳои дахлдор таҷҳизонидашуда иҷро мекунанд, таъмин намояд;
- ҷадвали ҳаракат ва таъмин намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилиро тибқи хатсайрҳо риоя намояд;
- ҳамлу нақли бепардохти категорияи алоҳидаи шаҳрвандонро анҷом диҳад ё оид ба пардохти сафар дигар имтиёзҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам орад;
- фурӯши ҳуҷҷатҳои сафар (чиптаҳо) ва расидномаҳои бағоҷро ҳангоми иҷрои ҳамлу нақли мунтазами автомобилии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ) ва байналмилалии мусофирону бағоҷ дар ҳама нуқтаҳои таваққуфи хатсайр тавассути хазинаи (кассаи) терминалҳо ё тавассути ронандагони (кондукторони) автобусҳо ё таксиҳои хатсайргард, ки аз рӯи хатсайри муқарраргардида фаъолият мекунанд) таъмин намояд;
- тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро эълон кунад, онҳоро дар шартномаҳо, ҳуҷҷати сафар (чипта) ва расидномаи бағоҷ қайд намояд;
- тарифҳои эълонкардаро риоя намояд ва мусофиронро оид ба тағйироти дарпешистодаи тарифҳо саривақт огоҳ созад.
94) Интиқолдиҳандае, ки ҳамлу нақли ғайримунтазами автомобилии мусофирону бағоҷро иҷро мекунад (ба истиснои таксиҳои сабукраве, ки ҳамлу нақли мусофирону бағоҷро мувофиқи хатсайри пешниҳодкардаи мусофирон анҷом медиҳанд), ӯҳдадор аст, ки талаботи банди 93-ро таъмин кунад;
95) Мусофир ҳуқуқ дорад:
- дар ҳама гуна нақлиёти мусофиркаш - автобусҳо, таксиҳои хатсайргард ё таксиҳои сабукрав мувофиқи тартиби пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намояд;
- ҳуҷҷати сафар (чипта) бихарад;
- мувофиқи ҳуҷҷати сафари (чиптаи) харидааш ҷой гирад;
- дар автобусҳо, таксиҳои хатсайргарди шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ) ва байналмилалӣ бепул як кӯдаки то 5-соларо бидуни ҷойи алоҳидаи нишаст дар нақлиёти мусофиркаш, новобаста аз шакли моликият, ба истиснои таксиҳои сабукрав (ки бе хатсайри пешниҳодкардаи мусофир хизмат мерасонад) ройгон бо худ барад;
- барои кӯдакони синни аз 5 то 12 чиптаро бо нархи панҷоҳ фоизи арзиши пурра харад;
- мувофиқи ҳуҷҷати сафари (чиптаи) харидашуда бе подоши иловагӣ сафар кунад, агар интиқолдиҳанда ба ҷойи як намуди нақлиёти мусофиркаши пешбиникардаи ҷадвал нақлиёти дигареро пешниҳод кунад, ки сафар бо он дорои арзиши гаронтар аст;
- ҳуҷҷати сафарро (чиптаро) то оғози ҳамлу нақл бисупорад ва маблағи барои ҳамлу нақл пардохтаашро бо кам кардани боҷҳои пешбинишуда бозпас гирад;
- ҳуҷҷати сафарии (чиптаи) гумкардашударо, агар ӯ интиқолдиҳандаро на дертар аз 3 соати то ба роҳ баромадани воситаи нақлиёт огоҳонида бошад ва воқеияти харидани ҳуҷҷати сафариро (чиптаро) интиқолдиҳанда ё терминали мусофирӣ тасдиқ намояд, барқарор созад;
- бо худ бидуни пардохти пул дар худуди меъёрҳои муқарраркардаи Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ бори дастӣ гирад;
- бағоҷро барои ҳамлу нақл бо пардохт аз рӯи тариф супорад;
- арзиши бағоҷро ҳангоми барои ҳамлу нақл супоридан эълон намояд;
- мутобиқати дараҷаи ҳамлу нақлро бо сертификати он тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон мавриди баҳс қарор диҳад;
96) Мусофир мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои дигар низ дорад.
97) Мусофир вазифадор аст:
- ҳангоми сафар бо хатсайрҳои ҳамлу нақли мунтазами шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ) ва байналмилалии мусофирон ва бағоҷ ҳуҷҷати сафарӣ (чипта) харидорӣ намояд, онро то охири сафар нигоҳ дорад ва бо талаби ҳайати кормандони хизматрасони воситаи нақлиёт ё мақомоти тафтишкунанда онро нишон диҳад;
- тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин талаботеро, ки Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, риоя намояд;
- ҳама ҳуҷҷатҳои заруриро барои убури сарҳад ва гузаронидани бағоҷ аз сарҳад дошта бошад ва онҳоро бо талаби мақомоти сарҳадбон ё гумрук нишон диҳад;
- дақиқӣ, пуррагӣ ва дурустии маълумотеро, ки дар ҳуҷҷатҳои барои ҳамлу нақли бор ё бағоҷ нишон дода шудаанд, таъмин кунад;
- хизматрасониҳои интиқолдиҳандаро ҳангоми ҳамлу нақли бағоҷи арзишаш эълоншуда пардохт намояд, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагашта бошад.
98) Мусофир мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулиятҳои дигар низ дорад.
99) Ба интиқолдиҳанда, ки ҳамлу нақли номунтазами автомобилии мусофирон ва бағоҷро иҷро мекунанд, савор кардани мусофирон дар хатсайрҳои ҳамлу нақли мунтазами автомобилии мусофирон ва бағоҷ манъ карда мешавад.
100) Ҳамлу нақли гурӯҳҳои муташаккили кӯдакон тавассути нақлиёти автомобилии мусофиркаше анҷом дода мешавад, ки ҳолати он ба талаботи муқарраркардаи Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ бошад.
101) Воситаи нақлиёти автомобилие, ки барои ҳамлу нақли гурӯҳҳои муташаккили кӯдакон таъин гардидааст, бо чароғаки огоҳкунаки дорои ранги зард бояд таҷҳизонида шавад.
102) Ба воситаи нақлиёти автомобилии ҳамлу нақли гурӯҳҳои муташаккили кӯдакон бояд аз пеш ва қафо аломати фарқкунандаи "Ҳамлу нақли кӯдакон" насб карда шаванд.
103) Ба ҳамлу нақли гурӯҳҳои муташаккили кӯдакон ронандагони на камтар аз биступанҷсолае иҷозат дода мешаванд, ки шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи дахлдор ва собиқаи кори ронандагии на камтар аз панҷ сол доранд.
104) Қаторҳои (сафҳои) иборат аз ду ё бештар воситаҳои нақлиёти автомобилиро бояд автомобилҳои махсуси бозрасии давлатии автомобилӣ ҳамроҳӣ кунанд.
105) Барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофирон дар ҳамлу нақли мунтазами автомобилии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ) ва байналмилалии мусофирону бағоҷ тавассути таксиҳои хатсайргард ва сабукрав ҳамлу нақли махсус ташкил карда мешавад.
106) Саворкунӣ ва фурудоварии мусофирон дар таксиҳои хатсайргард ва сабукраве, ки дар хатсайрҳои муқарраргардида хизмат мерасонанд, дар нуқтаҳои таваққуф мувофиқи ҳуҷҷати тасдиқгардида анҷом дода мешавад. Саворкунӣ дар роҳи ҳаракат зимни мавҷуд будани ҷойҳои холӣ бо риояи талаботи бехатарии ҳаракати роҳ анҷом дода мешавад.
107) Интиқолдиҳандае, ки ҳамлу нақли мунтазами автомобилии мусофирону бағоҷро дар хатсайрҳои муқарраргардида бо таксиҳои хатсайргард ва сабукрав анҷом медиҳад, вазифадор аст, ки талаботи банди 93-ро риоя кунад.
108) Ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксии сабукрав аз рӯи хатсайри пешниҳодкардаи мусофирон дар асоси шартномаи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ, ки миёни интиқолдиҳанда ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳо ба тасвиб мерасад, иҷро карда мешавад.
109) Тибқи шартнома дар бораи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ интиқолдиҳанда ӯҳдадор аст:
- барои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ таксии сабукравро истифода барад, ки бо нархгузор таҷҳизонида шуда, мутобиқи Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аломатҳои фарқкунанда дорад;
- барои кор дар реҷаи таксӣ миқдори аз рӯи шартнома муқарраргардидаи автомобилҳоро истифода барад.
110) Тибқи шартнома дар бораи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад:
- барои истгоҳи таксӣ, савор кардан ва фуровардани мусофирон истгоҳҳои махсус таҷҳизонидашудаи таксиҳоро истифода барад;
- саворкунӣ ва фурудоварии мусофиронро дар қитъаи дилхоҳи шабакаи роҳ бо риояи талаботи қоидаҳои бехатарии роҳ анҷом диҳад.
111) Интиқолдиҳанда мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои дигар низ дорад.
112) Интиқолдиҳандае, ки ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро бо таксӣ иҷро мекунанд, ӯҳдадор аст, ки ташхиси пешазсафарии (пешазбастии) техникию тиббӣ ва дар ҳолати доштани нуқсон ивази саривақтии таксиро таъмин созад.
113) Барои кори самараноки таксӣ ва ташкили бароҳати истифодаи онҳо аз ҷониби мусофирон, дар ҳамаи нуқтаҳои ҷамъшавии мусофирон (майдонҳои ҳавоӣ, саристгоҳҳо, марказҳои калони тиҷоратӣ ва фарҳангӣ) мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ташкил ва таҷҳизонии истгоҳҳои таксиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақлиёти автомобилӣ таъмин мекунанд.
114) Категорияҳои алоҳидаи мусофирон аз афзалиятҳои зерин бархурдоранд:
- ҳуқуқи саворшавии бенавбат ба воситаҳои нақлиёти автомобилии мусофиркаш ва таксӣ;
- ҳуқуқи хариди бенавбати чиптаҳо.
Аз афзалиятҳои мазкур иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин шахсони бо онҳо баробаркардашуда истифода мебаранд.
115) Дар терминалҳои мусофирбарӣ барои хизматрасонии мусофирон мувофиқи Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит муҳайё карда, иловатан дасттоҳ барои савор кардану фуровардани мусофирони маъюб таҷҳизонида мешаванд.
116) Нақлиёти истифодаи умум бо дастгоҳҳои савор кардану фуровардани мусофирони маъюб таъмин карда мешавад.
117) Ҳангоми аз ҷониби мақомоти давлатӣ гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи хизматрасонии хатсайрҳои ҳамлу нақли мусофирон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие бартарӣ доранд, ки воситаҳои нақлиёти онҳо барои дастрас будан ба маъюбон мувофиқ кунонида шудаанд.
118) Агар мусофир ё шахси барои гирифтани бағоҷ ваколатдор бағоҷро бо сабабҳои аз интиқолдиҳанда вобаста набуда нагирифта бошад, интиқолдиҳанда ӯҳдадор аст, онро дар саристгоҳҳои автомобилҳо ё терминал, нуқтаи таъиншуда ё нуқтаи бароҳдароӣ, то бағоҷро бесоҳиб эътироф намудани суд нигоҳ дорад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагашта бошад.
119) Ҳангоми багоҷро бесоҳиб эътироф кардани суд соҳиби нави бағоҷ хароҷоти нигоҳдории он, амалиёти бор кардану фуровардан ва барои интиқол сарфкардаи интиқолдиҳандаро, ки баҳри таъмини маҳфузияти бағоҷ зарур буд, ҷуброн менамояд.
Боби 6. Ҳамлу нақли борҳо ва муросилоти почта
120) Тибқи шартонмаи ҳамлу нақли бор интиқолдиҳандаи автомобилӣ вазифадор мешавад, ки бори ба ӯ боварикардаи борфиристандагонро ба маҳали таъиншуда мерасонад ва ба шахси масъули борқабулкунанда (боргиранда) месупорад ва борфиристанда ӯҳдадор мешавад, ки барои ҳамлу нақли бор маблағи онро тибқи шартнома ё тариф пардозад.
121) Ҳамлу нақли бор бо тарзи фармоиши яквақта, аммо иҷро тавассути борхати нақлиётӣ ба расмият дароварда мешавад. Тарзи фармоиши яквақта, тартиби пешниҳод ва ба расмият даровардани он дар Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо оварда мешавад.
122) Ҳангоми зарурати амалӣ намудани ҳамлу нақли мунтазами борҳо оид ба ташкили интиқол шартномаи тӯлонӣ баста мешавад. Шартномаи тӯлонии ташкили ҳамлу нақли борро интиқолдиҳандагони автомобилӣ бо борфиристандагон ё боргирандагон, инчунин бо корхонаҳои намуди дигари нақлиёт, бо идораи нақлиётию экспедисионӣ, бо ташкилотҳои таъминотию фурӯш, ки борфиристанда ё боргиранда намебошанд, баста мешавад. Дар ин маврид ташкилотҳое, ки оид ба ташкили интиқоли борҳо шартнома бастаанд, ҳуқуқҳо ва масъулияти дар Оинномаи мазкур барои борфиристандагон ва боргирандагон пешбинишударо ба зимма мегиранд.
123) Аз рӯи шартномаи тӯлонии ташкили интиқоли бор интиқолдиҳандаи автомобилӣ ӯҳдадор мешавад, ки дар мӯҳлати муқарраргардида борро қабул кунад, борфиристанда бошад дар ҳаҷми мувофиқашуда борро ҷиҳати интиқол пешниҳод намояд. Дар шартномаи тӯлонӣ ҳаҷм, мӯҳлат, сифати ҳамлу нақл, тартиби ҳисоб ва дигар шартҳои пешниҳодкунии воситаҳои нақлиёт ва борҳои барои интиқол пешбинишуда, инчунин ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти ҳар яке аз тарафҳо муайян карда мешавад.
124) Борфиристанда ба интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои бори хусусияти молӣ дошта, бояд борхати нақлиётие пешниҳод намояд, ки ҳуҷҷати асосии интиқол мебошад ва тибқи он борфиристанда борро аз ҳисоб мебарорад ва боргиранда ҳамин борро расман қабул мекунад.
125) Борфиристанда ва боргиранда вобаста ба ҳамаи оқибатҳои нодурустиҳо, носаҳеҳиҳо ё номукаммалии маълумоте, ки онҳо дар борхати нақлиётӣ нишон додаанд, ҷавобгар мебошанд. Интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад, дурустии ин маълумотро тафтиш намояд.
126) Интиқоли борҳои дорои хусусияти ғайримолӣ тавассути санади ченкунӣ ё санади баркашӣ ба расмият дароварда мешавад. Ҳангоми интиқоли тӯдаи хок муайян кардани миқдори он метавонад ба тариқи геодезӣ анҷом дода шавад. Тартиби таълиф кардани санади ченкунӣ ё баркашӣ, инчунин тартиби қабул ва супоридани бори дорои хусусияти ғайримолӣ тибқи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо муқаррар карда мешавад.
127) Истифодаи автомобил бо усули пардохти соатбайъ бо сабти борфиристанда ё боргиранда дар роҳхат, бо нишон додани мӯҳлати ҳаракат ва вақти хизмати автомобил таҳти фармоиши он ба расмият дароварда мешавад.
128) Интиқоли борҳои якҷинса аз як борфиристанда ба суроғаи як боргиранда ба як масофа метавонад бо як борномаи молию нақлиётӣ, бо як санади ченкунӣ ё як санади баркашӣ барои ҳамаи корҳои иҷрокардаи автомобил дар муддати як басти корӣ (шабонарӯз), бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо ба расмият дароварда мешаванд.
129) Барои интиқоли бор борфиристанда ба интиқолдиҳандаи автомобилӣ ҳангоми мавҷуд будани шартнома дархости дахлдор ва ҳангоми набудани онфармоиши яквақта пешниҳод мекунад.
Тарзи фармоишҳои яквақта, тартиби пешниҳод ва барасмиятдарории онҳо дар Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо оварда мешавад.
130) Корхонаҳо ва ташкилотҳои нақлиётии автомобилӣ интиқоли борҳоро тибқи нақшаи (супоришоти) шабонарӯзӣ, дар асоси шартномаҳои басташуда ва ҷадвали бо муштариён мувофиқашудаи интиқоли борҳо, инчунин дар асоси дархостҳои яквақтаи айни замон воридгардида анҷом медиҳанд.
Дархостҳои яквақта барои ҳамлу нақли борҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби воридшавии онҳо иҷро карда мешаванд.
131) Борҳое, ки ҳамлу нақлашонро вазъияти фавқулодда талаб мекунад, берун аз нақша ва бе навбат барои интиқол қабул карда мешаванд.
132) Ҳамлу нақли вобаста ба фиристодани воситаи нақлиёт барои иҷрои корҳои берун аз минтақаҳои доимии онҳо метавонанд тибқи шартнома оид ба ташкили интиқоли борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ анҷом дода шаванд.
Хароҷоти иловагии интиқолдиҳандагони автомобилии вобаста ба фиристодани воситаи нақлиёт барои корҳо берун аз маҳали будубошро борфиристандагон ё борқабулкунандагон мепардозанд, агар тартиби дигари ҷуброни чунин хароҷотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар накарда бошад.
133) Боре, ки борфиристанда хилофи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо пешниҳод намудааст ва дар мӯҳлати барои сари вақт фиристодани бор зарурӣ онро ба ҳолати дахлдор наовардааст, пешниҳоднашуда ҳисоб намеравад.
134) Навъ ва миқдори автомобилҳоеро, ки барои иҷрои ҳамлу нақли борҳо заруранд, интиқолдиҳандаи автомобилӣ вобаста аз ҳаҷм ва хусусияти интиқол муайян мекунад, агар тибқи шартнома шарти дигари интиқол муқаррар карда нашавад.
135) Автомобилҳо дар мӯҳлати бо борфиристандагон мувофиқашуда, дар сурати омода будан барои интиқоли бор, ҷавобгӯй будан ба талаботи санитарӣ ва экологӣ барои бор кардан фиристода мешаванд.
Пешниҳоди воситаҳои нақлиёте, ки барои ҳамлу нақли бори дар шартнома зикргардида номувофиқ аст, ҳамчун муҳайё накардани воситаи нақлиёт баррасӣ мегардад.
136) Интиқолдиҳандагони автомобилӣ метавонанд борҳои алоҳидаро, ки борфиристанда арзиши онро эълон мекунад, барои интиқол қабул кунанд. Арзиши эълоншуда бояд аз арзиши ҳақиқии бор зиёд набошад. Дар ҳолати ихтилофи назар байни интиқолдиҳандаи автомобилӣ ва борфиристанда арзиши бор дар асоси санҷиш (экспертиза) муайян гардида, санад тартиб дода мешавад.
137) Барои ҳамлу нақли борҳои арзишашон эълоншуда аз борфиристанда (боргиранда) маблағи иловагӣ ситонида мешавад, ки андозаи он тибқи созишномаи Тарафҳо бо шартномаи ҳамлу нақл муқаррар карда мешавад.
138) Номгӯи борҳое, ки арзишашонро эълон кардан ҳатмист, инчунин борҳое, ки эълон кардани арзишашон иҷозат дода намешавад, тибқи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо муайян карда мешавад.
139) Ҳангоми ҳамлу нақли мутамарказонидашуда корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ интиқол ва хизматрасониҳои нақлиётию экспедитсиониро ҳамгироӣ намуда, тибқи шартномаи ҳамлу нақл ва ҷадвали мувофиқашуда, бо назардошти протсесси истеҳсолии истеҳсолоти асосии борфиристанда ва боргиранда баровардани (овардани) борро аз корхонаҳои саноатӣ, анборҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, бандарҳо ва фурудгоҳҳо анҷом медиҳанд.
Тартиби ташкил намудани интиқоли мутамарказонидашудаи борҳо, инчунин ҳуқуқ ва вазифаҳои интиқолдиҳандаи автомобилӣ, борфиристрнандагон ва боргирандагон ҳангоми иҷрои чунин интиқол тибқи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо муқаррар карда мешаванд.
140) Нуқтаҳои боркунӣ ва борфарорӣ сарфи назар аз мансубияташон бояд ҷавобгӯи талаботи зайл бошанд:
- риояи меъёрҳои зиддисӯхторӣ, беҳдоштию гигиенӣ ва экологиро таъмин намоянд;
- ҳифзи бор ва бехатарии коргаронро ҳангоми иҷрои корҳои боркунӣ ва борфарорӣ таъмин намоянд;
- дорои роҳҳои фаръӣ бошанд, ки ҳаракати озодона ва бехатари автомобилҳоро (автопоездҳоро) ба маҳали боркунӣ (борфарорӣ) дар тамоми шароитҳои номусоидии боду ҳаво таъмин намоянд;
- шомгоҳон ва шабона дорои воситаҳои рӯшноидиҳанда бошанд;
- миқдор ва ҷиҳозонии нуқтаҳои боркунӣ (борфарорӣ) бо воситаҳои механикӣ ба намуд ва ҳаҷми борҳои коркардашаванда мувофиқ бошанд ва бекористии автомобилҳо ҳангоми боркунӣ (борфарорӣ) дар ҳудуди вақти меъёрӣ таъмин намояд.
- дорои бинои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои молию нақлиётӣ буда, муҷаҳазии онҳо бояд имконият диҳад, ки дар ҳудуди вақти меъёрӣ амалиёти сифатнок тартиб додани ҳуҷҷатҳоро таъмин намояд;
- дорои алоқаи телефонӣ ва дигар намуди алоқа бошад;
- ҳангоми зарурат пунктҳои боркунӣ ва борфарорӣ бо нуқтаҳои назоратию гузаргоҳӣ, лаборатория, таҷҳизоти вазнбаркашӣ ва дигар таҷҳизот ҷиҳозонида шуда, инчунин имкони муайян намудани сифат ва ҳаҷми бори фиристодашаванда ва воридшавандаро дошта бошанд.
141) Борфиристанда ӯҳдадор аст, ки то омадани автомобили боргиранда, борро барои интиқол омода созад (ғун кардар, барои ҳар як боргиранда алоҳида гурӯҳбандӣ кардани борҳо, омода кардани ҳуҷҷатҳои молию нақлиётӣ, рухсатнома барои даромадан ба ҷойи боркунӣ ва борфарории борҳо ва монанди инҳо), то ин ки истифодаи оқилонаи нақлиёт ва ҳифзи борро дар роҳ таъмин намояд.
142) Ҳангоми пешниҳоди борҳо дар шакли тара ё баста ва борҳои донашумори ҳамлу нақли майда борфиристанда ӯҳдадор аст, ки пешакӣ ҳар як борро мутобиқи Қоидаҳои ҳамлу нақли боркашонӣ тамға занад.
143) Борҳое, ки ба бордон эҳтиёҷ доранд, барои ҳифзи онҳо аз талафшавӣ, даридан ва вайроншавӣ бояд барои ҳамлу нақл дар тараи дуруст, мутобиқи стандартҳои давлатӣ ё шартҳои техникӣ, ё дар ҳолатҳои муқарраршуда дар тараи дигари коршоям, ки ҳифзи пурраи онҳоро таъмин мекунанд, пешниҳод шаванд.
144) Интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад, борҳои тара ва бастаро ҳангоми набудани тамға, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавоб намедиҳад, барои интиқол қабул накунад.
145) Ҳамлу нақли борро интиқолдиҳандаи автомобилӣ, чун қоида, бидуни роҳбаладии экспедитори борфиристанда (боргиранда), бо иҷрои ҳамаи амалиёти нақлиётию экспедисионӣ анҷом медиҳад.
146) Номгӯи борҳои бо роҳбаладии экспедитори борфиристонанда (боргиранда) интиқолёбанда ва тартиби ҳамлу нақли чунин борҳо тибқи Қоидаҳои ҳамлу нақли бор муқаррар карда мешавад.
147) Ҳангоми барои интиқол қабул намудани бор ронанда ба борфиристанда шаҳодатномаи хизматӣ ё шиноснома ва роҳхати бо мӯҳр тасдиқнамудаи корхона ё ташкилоти нақлиёти автомобилӣ ва иҷозатномаро пешниҳод менамояд.
148) Қабули бор аз борфиристанда барои интиқол бо имзои ронанда дар ҳамаи нусхаҳои борхати молию нақлиётӣ (борхат) ё наряди автомобилӣ тасдиқ гардида, як нусхааш ба борфиристанда дода мешавад.
149) Борҳое, ки бо борхати молию нақлиётӣ (борхат) ё нарядҳои автомобилӣ ба расмият дароварда нашудаанд, барои интиқол қабул карда намешаванд.
150) Борҳои борҷомадор ва донашумор барои ҳамлу нақл бо нишон додани вазни бор ва миқдори ҷойи бор дар борномаи молиявию нақлиётӣ ё наряди автомобилӣ қабул карда мешаванд.
Вазни борҳои борҷомадор ва донашуморро борфиристанда то оғози интиқол муайян мекунад ва дар ҷойи бор зикр мегардад.
151) Вазни умумии бор бо роҳи баркашидан дар тарозу ё ҳисоб намудани вазн дар ҷойҳои борҳо аз рӯи трафарет ё стандарт муайян карда мешавад. Барои борҳои алоҳида вазни бор бо роҳи ҳисоб, ченкунӣ, вазни ҳаҷмӣ ё шартан муайян карда мешавад.
152) Дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) ё наряди автомобилӣ борфиристанда ё экспедитор вазни борро бо нишон додани тарзи муайян кардани он зикр мекунад.
153) Муайян кардани вазни бор мутобиқи шартнома дар якҷоягии борфиристанда ва интиқолдиҳандаи автомобилӣ бо воситаҳои техникии борфиристанда, дар терминалҳои боркашонӣ бошад - тавассути воситаҳои техникии терминал анҷом дода мешавад.
154) Тибқи шартномаи ҳамлу нақл автомобилҳои пӯшида ва ядакҳо, қисмҳои алоҳидаи автомобилҳо, контейнерҳо ва систернаҳои боркардашудаи барои як боргиранда таъиншуда, бояд аз ҷониби борфиристанда сурғуч карда шуда, молҳои донашумор, ки дар қуттиҳо, коробкаҳо ва дигар борҷома ҷойгиранд, бояд сурғуч ё бандерол карда шаванд.
155) Ҳангоми ҳамлу нақли борҳо дар автомобилҳо ва ядакҳои пӯшида, қисмҳои алоҳидаи автомобилҳо, контейнерҳо ва систернаҳои аз тарафи борфиристанда сурғучшуда, тибқи шартнома вазни бор аз ҷониби борфиристанда муайян карда мешавад.
156) Тартиби сурғучкунии автомобилҳо, ядакҳо, қисмҳои алоҳидаи автомобилҳо, контейнерҳо ва систернаҳо тибқи Қоидаҳои ҳамлу нақли бор муқаррар карда мешавад.
157) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ метавонад бо мувофиқаи борфиристанда интиқоли борро дар автомобилҳои пӯшида, ядакҳо, қисмҳои алоҳидаи автомобилҳо ва систернаҳо бидуни сурғуч анҷом диҳад.
Дар ин ҳолат маблағи хизматрасониҳо вобаста ба иҷрои амалиёти иловагӣ оид ба қабул ва супоридани борҳо аз ҷониби ронанда мутобиқи шартномаи басташуда пардохта мешавад.
158) Борҳое, ки вазнҳои тамғазадаи холис ва ғайрихолис доранд, аз нав баркашида намешаванд. Ронанда ҳангоми мавҷуд набудани нишонаҳои кушодани тара ё бастаҳо, чунин борро аз борфиристанда тибқи вазни дар тамға нишондодашуда қабул мекунад.
159) Ронанда вазифадор аст, ки ҳангоми ба автомобил бор кардан бор ҳозир бошад. ӯ дурустии борҷома ва бастаҳо, мавҷудияти сурғуҷ ва тамғаҳоро тафтиш карда, дурустии ҷой кардан, маҳкам кардан ва бастани борро дар болои автомобил месанҷад. Ронанда дар хусуси нодурустии ҷой кардан ва ноустувории бор, ки барои нигоҳдории он таҳдид мекунад, борфиристандаро хабардор мекунад.
160) Борфиристанда тибқи талаби ронанда вазифадор аст, ки нодурустии ҷойгиркунӣ ва маҳкамкунии борро ислоҳ намояд. Ҳангоми иҷро накардани талабот оид ба рафъи нодурустии ҷойгиркунӣ ва маҳкамкунии бор ронанда вазифадор аст, ки дар ҳамаи нусхаҳои борхати молию нақлиётӣ (борхат) дар ин хусус қайд намояд.
161) Баъди ба охир расидани боркунӣ ба автомобил ронанда мутобиқати номгӯй, теъдоди ҷойҳо, вазн ва сифати бори воқеан борқардашударо бо маълумоти дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) нишондодашуда муқоиса мекунад.
162) Ҳангоми мувофиқат накардани маълумоти воқеӣ бо маълумоти дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) зикргардида, то ислоҳи номутобиқатҳои зикргардида бор барои интиқол қабул карда намешавад. Дар ин маврид хароҷоти бекористии автомобилро борфиристанда мепардозад.
163) Ҳангоми мутобиқати бори воқеан боркардашуда аз рӯи ҳамаи параметрҳо бо маълумоти дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) нишондодашуда, ронанда ҳамаи чор нусхаи борхати нақлиётиро имзо мекунад, якеро ба борфиристанда медиҳад ва бор барои интиқол қабулгардида ҳисобида мешавад. Аз ҳамин лаҳза ронанда масъулияти нигоҳдории борҳои интиқолшавандаро то вақти ба боргиранда супоридани он ба зиммаи худ мегирад.
164) Моддаҳои оташангез, тарканда, заҳролудкунанда, заҳрнок, сӯзонанда, инчунин дигар борҳои хатарнок барои интиқол тибқи тартиби пешбининамудаи Қоидаҳои интиқоли борҳои хатарнок қабул карда мешаванд.
165) Ҳангоми интиқоли мутамарказонидашудаи борҳо аз истгоҳҳои роҳи оҳан, аз бандарҳо ва фурудгоҳҳо қабули борро интиқолдиҳанда тибқи қоидаҳои дар нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти обӣ ва нақлиёти ҳавоӣ амалкунанда анҷом медиҳад.
166) Ба автомобил бор кардани борҳо, маҳкам кардан, пӯшонидан ва бастани онҳоро борфиристанда анҷом дода, тахлияи борро боргиранда анҷом медиҳад.
167) Нақши борфиристанда ва боргирандаро тибқи шартнома бо молики бор ҳангоми ҳамлу нақли муштарак метавонанд нуқтаҳои борфурорӣ, ташкилотҳои таъминотию фурӯш, идораҳои нақлиёти экспедитсионӣ ва дигар ташкилотҳое иҷро намоянд, ки барои фаъолияти мазкур литсензия доранд.
168) Интиқолдиҳанда метавонад тибқи мувофиқа бо борфиристанда ё боргиранда, боркунӣ ва фуровардани борҳоро ба зимма гирад. Дар ин ҳолат дар шартномаи ҳамлу нақли борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ бояд шартҳои иҷрои корҳои борфурорию боркунӣ ва пардохти онҳо пешбинӣ шаванд.
169) Дар истгоҳҳои роҳи оҳан, дар бандарҳо ва фурӯдгоҳҳо боркунӣ ба автомобил ва борфурорӣ тавассути қувваю воситаҳои истгоҳи роҳи оҳан, бандар, фурӯдгоҳ анҷом меёбад, ба ғайр аз борҳои хатарнок ва моеъ, ки боркунию фуровардани онҳоро мувофиқан борфиристанда ё боргиранда анҷом медиҳад.
170) Борфиристанда ва боргиранда вазифадоранд, кӯшиш намоянд, ки нақлиётро то ҳадди ғунҷоиш бор кунанд, аммо на зиёдтар аз ҳадди борбардории он бор ва маблағи истифодаи пурраи борбардории нақлиётро пардозанд.
171) Интиқолдиҳанда дар маҳали таъиншуда борро ба боргарандаи дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) нишондодашуда месупорад. Боргиранда қабул кардани борро бо мӯҳр ва имзо тасдиқ мекунад.
172) Дар маҳали таъиншуда ба боргиранда тибқи вазн ва миқдори ҷойҳо супоридани борҳо бо ҳамон тартибе анҷом дода мешаванд, ки борҳо аз борфиристанда қабул карда шудаанд.
173) Борҳое, ки дар автомобилҳо, ядакҳо, қисмҳои алоҳидаи автомобил, контейнерҳо ва систернаҳои дуруст ва бидуни вайрон кардани сурғучи борфиристанда расидаанд, ба боргиранда бидуни санҷиши вазн, ҳолати бор ва миқдори ҷойҳои бор дода мешаванд.
174) Дар маҳали таъиншуда интиқолдиҳандаи автомобилӣ ҳангоми супоридани бор вазифадор аст, ки вазн, миқдори ҷойҳо ва ҳолати борро дар ҳолатҳои зайл тафтиш намояд:
- расидани бор дар автомобилҳо, ядакҳо, қисмҳои алоҳидаи автомобил ва систернаҳо бидуни тамға, ки бо мувофиқаи борфиристанда барои интиқол қабул шудаанд;
- расидани бор дар автомобили кузоваш тахрибшуда ё дар кузови дуруст, аммо бо тамғаи харобшуда;
- расидани борҳои зудвайроншаванда бо риоя нашудани мӯҳлати расонидани ин бор ё низоми ҳароратии тибқи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо муқарраршуда;
- расидани боре, ки интиқолдиҳанда аз анбори терминали борҳо бор кардааст;
- додани бор аз анбори корхонаҳои нақлиётию экспедитсионӣ.
175) Борҳои борҷомадор ва донашуморро интиқолдиҳандаи автомобилӣ бо тафтиши вазн ва ҳолати он танҳо дар ҷойҳои зарардидаи бор месупорад. Ҳангоми ошкор кардани харобии борҷома, инчунин дигар вазъе, ки метавонанд ба ҳолати бор таъсир расонанд, интиқолдиҳанда вазифадор аст тафтиши борро тибқи борхати нақлиётӣ дар ҷойҳои зарардида бо кушодани чунин ҷойҳо анҷом диҳад.
176) Вазни бор вақте дуруст ҳисобида мешавад, ки фарқи вазни бор дар нуқтаи борфиристонӣ ва вазни он дар маҳали таъиншуда аз меъёрҳои камшавии табиии вазни бори мазкур, ки Стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шудааст, зиёд набошад.
177) Агар ҳангоми тафтиши вазн, миқдори ҷойҳои борҳо ё ҳолати бор дар маҳали таъиншуда камбудиҳо ошкор шаванд ё агар ин аҳвол бо санади дар роҳ тартибдодашуда тасдиқ шуда бошад, интиқолкунандаи автомобилӣ вазифадор аст андозаи камбудӣ, вайроншавии воқеии бор, камомад, инчунин сабаби онҳоро муайян намояд.
178) Ҳангоми зарурат интиқолдиҳандаи автомобилӣ бо ташаббуси худ ё бо талаби боргиранда барои экспертиза мутахассисони дахлдорро даъват мекунад.
179) Ҳангоми саркашии интиқолдиҳандаи автомобилӣ аз даъвати эксперт боргиранда хуқуқ дорад, онро даъват намояд, вале пешакӣ бояд интиқолдиҳандаи автомобилиро аз вақт ва маҳали гузаронидани экспертиза огоҳ созад.
180) Ҳангоми интиқоли хоктӯда, барф ва дигар борҳо, ки барои интиқолашон ҳисоботи анборӣ (борҳои дорои хусусияти ғайримолӣ) дода намешаванд, интиқолдиҳандаи автомобилӣ тибқи шартнома мумкин аст аз вазифаи ба боргиранда супоридани бор озод карда шавад.
181) Вақти омадани автомобил барои боргирӣ аз лаҳзаи роҳхатро ба нуқтаи боркунӣ пешниҳод кардани ронанда ҳисоб шуда, вақти омадан барои борфарорӣ аз лаҳзаи дар нуқтаи борфарорӣ борхати молию нақлиётиро (борхатро) пешниҳод намудани ронанда ҳисоб мешавад.
182) Ҳангоми дар нуқтаҳои боргирӣ ва борфарорӣ мавҷуд будани дарвозаҳои вуруд ё нуқтаҳои тафтишотию гузаргоҳӣ вақти омадани автомобил барои борфурорӣ ё боргирӣ аз лаҳзаи дар дарвозаҳои воридшавӣ ё нуқтаҳои назоратию гузаргоҳӣ роҳхат ё борхати молию нақлиётиро (борхатро) ба борфиристанда ё боргиранда пешниҳод намудани ронанда ҳисоб карда мешавад.
183) Боргирӣ ва борфарорӣ баъди ба ронанда супоридани ҳуҷҷатҳои нақлиётии ба таври дахлдор ба расмият даровардашуда барои бори боркардашуда ва фуровардашуда қатъгардида ба ҳисоб меравад.
184) Вақти ҳаракати автомобил аз дарвоза ё нуқтаи тафтишотию гузаргоҳӣ ба маҳали боркунӣ ё борфарорӣ ва бозгашт ба вақти бозистии автомобил таҳти боркунӣ ё борфурорӣ ҳамроҳ карда намешавад.
185) Борфиристандагон ва боргирандагон вазифадоранд, ки дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) вақти омадан ва рафтани автомобилро аз нуқтаҳои боркунию борфарорӣ қайд намоянд.
186) Тартиби ба расмият даровардани қайдҳоро дар бораи вақти омадан ва рафтани автомобил аз нуқтаҳои боркунӣ ва борфарорӣ ҳангоми интиқоли борҳо Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо муқаррар мекунанд.
187) Борфиристандагон ва боргирандагон вазифадоранд, ки боркунӣ ва борфарории автомобилҳоро дар мӯҳлати муқарраргардида анҷом диҳанд.
188) Ҳамлу нақли автомобилии борҳои зудвайроншаванда бояд дар воситаҳои махсусгардонидашудаи нақлиёти боркаш, дар кузовҳои изотермӣ (фургонҳои изотермӣ, сардхонаҳо ё зарфҳо) бо риояи реҷаҳои ҳарорати маҳсулоти хӯроквории нишондодашаванда ва интиқолшаванда ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ иҷро карда шавад.
189) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ (дар ҳолатҳои истисноӣ) метавонад ҳамлу нақли шаҳрӣ ва наздишаҳрии автомобилии борҳои зудвайроншандаро тавассути нақлиёти боркаши дорои кузови бортдор, бо брезент ё чодар пӯшонида, ё дар автомобили дорои кузови навъи "фургон" ба шарти имкони ҳаводиҳии бор анҷом диҳад.
190) Интихоби воситаи махсусгардонидашудаи нақлиёти боркашониро интиқолдиҳандаи автомобилӣ бо мувофиқаи фармоишгари ҳамлу нақли автомобилӣ анҷом медиҳад.
191) Борфиристанда пеш аз боркунии борҳои зудвайроншаванда бояд ҳолати санитарӣ ва коршоямии воситаи нақлиёти боркашониро барои ҳамлу нақли намудҳои дахлдори борҳо санҷад.
192) Борфиристанда бояд дар варақаи санҷишҳои назоратӣ ҳарорати борҳои вайроншавандаро пеш аз боркунӣ ва ҳарорати дохили бордони воситаи нақлиёти барои боркунӣ таъиншударо қайд кунад, боргиранда бошад - мувофиқан ҳарорати дохили бордони воситаи нақлиёти ба суроғаи ӯ ҳозиршуда, инчунин борҳои вайроншавандаро пеш аз фуровардан санҷад.
193) Борфиристанда бояд ба интиқолдиҳанда борҳои вайроншавандаро дар ҳолате пешниҳод намояд, ки ҷавобгӯи талабот оид ба сифат ва бастабандии муқарраркардаи стандартҳои давлатӣ ё шартҳои техникӣ бошад. Зарфҳо барои борҳои зудвайроншаванда бояд ҷавобгӯи талаботи гигиению санитарие бошанд, ки барои нигоҳдории бор ҳангоми ҳамлу нақл заруранд.
194) Интиқолдиҳанда метавонад сифати борҳои зудвайроншавандаро, ки барои ҳамлу нақли автомобилӣ пешниҳод мешаванд, ғайр аз борҳои дорои бастабандии герметикӣ, интихобан тафтиш кунад.
Кушодани бастабандии бор ва бастабандии минбаъдаи онро баъди тафтиш борфиристанда анҷом медиҳад.
195) Борфиристанда ӯҳдадор аст, ки ба интиқолдиҳанда якҷоя бо борхати молию нақлиётӣ (борхат) барои борҳои вайроншаванда инчунин сертификат ё шаҳодатномаи сифатро пешниҳод кунад.
196) Борфиристанда бояд дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) барои бори зудвайроншаванда ҳарорати воқеии бор пеш аз боркунӣ ва давомнокии ниҳоии ҳамлу накли автомобилии онро нишон диҳад.
197) Борҳои зудвайроншавандаро интиқолдиҳанда набояд барои ҳамлу нақли автомобилӣ қабул кунад, агар давомнокии ниҳоии ҳамлу нақли автомобилие, ки дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) нишон дода шудааст, аз мӯҳлати расонидани он зиёд бошад.
198) Боргиранда (ё борфиристанда - ҳангоме, ки ҳамлу нақли шаҳрӣ ё наздишаҳрӣ бо хатсайри ҳалқавӣ иҷро мегардад) баъди ҳамлу нақли автомобилии борҳои зудвайроншаванда бояд кузови воситаи нақлиёти боркашониро тоза кунад, шуяд ва дезинфексия намояд, агар шартномаи дахлдор тиртиби дигар пешбинӣ накарда бошад.
199) Боргиранда (борфиристанда) дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) бояд оид ба коркарди санитарии кузови воситаи нақлиёт қайд намояд.
200) Интиқолдиҳанда бояд ҷараёни коркарди санитарии кузови воситаи нақлиётро зери назорат гирад.
201) Талаботи дигарро барои ҳамлу нақли борҳои зудвайроншаванда Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо муқаррар мекунанд.
202) Ҳангоми боркашонии шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, агар боргиранда борашро бо сабаби аз интиқолдиҳандаи автомобилӣ вобастанабуда, нагирад, борфиристанда борро бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо ба дигар боргиранда мефиристад ё ба борфиристанда бармегардонад. Дар ин ҳолатҳо хароҷоти интиқоли бор ба ҳар ду самт, инчунин барои бекор истодани автомобил тибқи шартнома ҷарима пардохта мешавад.
203) Боргиранда вазифадор аст, ки дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) дар бораи даст кашидан аз қабули бор бо нишон додани сабаби рад сабт гузорад, ки бо имзою мӯҳр (штамп) тасдиқ шудааст.
204) Ҳангоми ҳамлу накли байналмилалӣ, инчунин ҳангоми интиқоли мутамарказонидашудаи борҳо аз истгоҳи роҳи оҳан, бандарҳо ва фурудгоҳҳо боргиранда вазифадор аст, ки аз интиқолдиҳандаи автомобилӣ борҳои ба вай овардаро гирад.
205) Ҳангоми расидани боре, ки оварданаш дар шартнома ё фармоиш пешбинӣ нашудааст, боргиранда чунин борро барои нигоҳдории масъулиятнок қабул мекунад ва дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) дар ин хусус сабт мегузорад.
206) Боргиранда дар он сурат метавонад аз қабули бор даст кашад, ки агар сифати бор дар натиҷаи вайрон шудан ва зарар дидан чунон тағьир ёфтааст, ки истифодаи пурра ё қисмии он аз рӯи таъинот аз имкон берун аст ва масъулияти ин ба зяммаи интиқолдиҳандаи автомобилӣ мебошад.
207) Ҳангоми ғайриимкон будани супоридани бор ба боргиранда дар ҳамлу нақли байнишаҳрӣ бо сабабҳое, ки аз интиқолдиҳандаи автомобилӣ вобаста намебошад, борфиристанда вазифадор аст, бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо ба интиқолдиҳандаи автомобилӣ нуқтаи нави таъиноти борро нишон диҳад.
208) Агар интиқолдиҳандаи автомобил имкон надорад, ки борро ба ҷойи нави таъиншуда расонад, ӯ метавонад аз ин интиқол даст кашад ва дар ин бора борфиристандаро хабардор намояд. Дар ин ҳолат интиқолдиҳандаи автомобилӣ борро ба борфиристанда бармегардонад. Хароҷоти иловагии марбутаро (музди киро ва бекор истодани нақлиёт, нигоҳдории бор ва монанди инҳо) борфиристанда мепардозад.
209) Агар бори зудвайроншавандаи аз тариқи шабакаи байнишаҳрӣ интиқолшаванда наметавонад ба боргиранда расонида шавад ва борфиристанда дар ҳусуси боргирандаи нав ҳидоят надода бошад, бор барои фурӯш ба ташкилоти дигар супорида мешавад.
210) Маблағе, ки интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои бори ба дигар ташкилот супоридааш ба даст овардааст, баъди пардохти маблағи ба интиқолдиҳандаи автомобилӣ тааллуқдошта, чунин гузаронида мешавад:
- ба боргирандае, ки дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) нишон дода шудааст, дар сурате, ки ӯ маблағи арзиши борро супорида бошад;
- ба борфиристанда - дар ҳамаи дигар ҳолатҳо.
211) Ҳангоми ғайриимкон будани гузаронидани маблағ ба борфиристанда ё боргаранда ин маблағ баъди ба охир расидани мӯҳлати муқарраргардидаи даъво барои нарасонидани бор мувофиқи таъинот, ба фоидаи буҷети ҷумҳурӣ ворид мегардад.
212) Дар сурати минбаъд ба борфиристанда ё боргаранда бо тартиби даъво ё талаб ҷуброн кардани арзиши бори ба дигар ташкилот додашуда, ки аллакай ба буҷети ҷумҳурӣ ворид гардидааст, ин маблағро интиқолдиҳандаи автомобилӣ аз ҳисоби маблағгузаронии минбаъда ба буҷети ҷумҳурӣ мепардозад.
213) Интиқолдиҳандагони автомобилӣ ҳуқуқ доранд, дар ҷараёни бастани шартнома ё барасмиятдарории фармоиши яквақтӣ аз қабули бор даст кашанд, агар:
- барои интиқоли бор нақлиёти махсусгардонидашуда зарур бошад, ки интиқолдиҳандаи автомобилӣ онро надорад;
- мизоҷ дорои механизми дахлдори боркунию борфарорӣ намебошад ва интиқолдиҳандаи автомобилӣ имкон надорад, ки иҷрои корҳои боркунию борфарориро ба зимма гирад;
- ҳаракат дар роҳҳои автомобилӣ ба самти зарурӣ бо сабаби офатҳои табиӣ, вазъияти фавқулодда, шароити роҳҳо ва шароити иқлимӣ муваққатан қать гардидааст;
- андозаи ҳаҷм ва фишори меҳвар ҳангоми ба автомобил бор кардани бори мукаммал ва тақсимнашаванда аз меъёри муқаррарнамудаи стандартҳои давлатӣ, шартҳои техникӣ ё аломатҳои дар роҳҳо нишондодашуда зиёд бошад.
214) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ ҳуқуқ дорад, баъди ба нуқтаи боркунӣ овардани автомобил аз қабули бор барои ҳамлу нақл даст кашад, агар:
- бор аз ҷониби борфиристанда дар борҷома ва бастаи номувофиқ пешниҳод шуда бошад;
- бори тибқи дархост ё фармоиши яквақтаи қабулшуда пешбинӣ нашуда бошад, ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ - боре, ки барои нуқтаи дигар таъин шуда бошад;
- вазни бори пешниҳодшуда, ки бояд дар як автомобил интиқол шавад, аз меъёри борбардории нақлиёти фармоишшуда зиёд бошад;
- борҳои дорои хусусияти молӣ, ки онҳоро борфиристанда бо ҳуҷҷатҳо ва борномаи молию нақлиётӣ ба расмият надаровардааст ё маълумоти дар ҳуҷҷатҳои молию нақлиётӣ зикршуда ба бори барои ҳамлу нақл пешниҳодшуда бо вазн, миқдори ҷойҳои бор ё сифати бор мутобиқат накунад;
- намудҳои мухталифи борҳое, ки барои интиқол бо қисмҳои майда пешниҳод шудаанд ва тибқи хусусияташон интиқоли муштараки онҳо дар як автомобил иҷозат дода намешавад;
- бор дар бордони (кузов) автомобил бо риоя накардани қоидаҳои фаршкунӣ ва маҳкам кардани борҳо ҷойгир шуда, борфиристанда аз рафъ намудани ин норасоиҳои зикркардаи ронанда саркашӣ кунад;
- борфиристанда ба интиқолкунандаи автомобилӣ сертификатҳои сифат, шаҳодатномаи байгонӣ ё дигар ҳуҷҷатои барои ҳамлу нақл заруриро мутобиқи қоидаҳои беҳдошт ва дигар қоидаҳо, муҳайё накарда бошад.
215) Ҳангоми аз қабули борҳои барои интиқол пешниҳодшуда даст кашидан интиқолдиҳандаи автомобилӣ арзиши гашти автомобил дар ҳарду самт аз маҳали баромади автомобил то нуқтаи боргирӣ мутобиқи тарифҳое, ки барои интиқоли бор тавассути нақлиёти автомобилӣ пешбинӣ шудааст, меситонад.
216) Ҳамлу нақли автомобилии муросилоти почтаро интиқолдиҳанда дар асоси шартномаи ҳамлу нақли автомобилии муросилоти почта, ки бо ташкилотҳои коммуникатсияи почтавӣ баста мешавад, иҷро мекунад.
217) Воситаи нақлиёти автомобилие, ки махсус барои муросилоти почта таъин гаштааст, бояд қатьиян аз рӯи таъиноти мустақим, мутобиқи шартномаи муросилоти почта тавассути нақлиёти автомобилӣ истифода бурда шавад. Дар чунин воситаи нақлиёти автомобилӣ кашондани шахсони бегонае, ки ба муросилоти автомобилии почта муносибат надоранд, манъ карда мешавад.
218) Рафту омади нақлиёти оператори почта, ки хизматрасониҳои дастраси умумии коммуникатсияи почтаро пешниҳод мекунад, ба маҷмаъҳои бору бағоҷ, ки дар ҳудуди истгоҳҳои автомобилӣ, роҳи оҳан, обӣ, терминалҳо ва сариистгоҳҳо, майдонҳои ҳавоӣ ҷойгиранд, барои доду гирифти почта дар навбати аввал ва бепул анҷом дода мешавад.
219) Боркунӣ ва борфурорӣ, инчунин муросилоти почта ва маҳфузияти онро дар роҳи ҳаракат ташкилотҳои коммуникатсияи почта таъмин мекунанд, агар дар шартномаи муросилоти автомобилии почта тартиби дигаре муқаррар нагашта бошад. Масъулият барои ҳифз ва яклухтии почта ҳангоми муросилоти он бо автомобил ба зиммаи ташкилотҳои алоқаи почта мебошад, агар аз шартҳои шартнома тартиби дигар барнаояд.
220) Тартиби муросилоти почтаро ҳамин Оиннома ва қоидаҳои ҳамлу нақли муросилоти почтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.
Боби 7. Ҳамлу нақли муштараки бевосита
221) Нақлиёти автомобилӣ ҳамлу нақли борҳо, мусофирон ва бағоҷро дар ҳамкории зич бо дигар намудҳои нақлиёт - роҳи оҳан, нақлиёти обӣ ва нақлиёти ҳавоӣ анҷом дода, системаи алоқаи муштараки мустақимро ташкил мекунад.
222) Ҳамлу нақл дар алоқаи муштараки мустақими бевосита чун қоида бо ҳуҷҷати ягонаи нақлиётии барои тамоми роҳи сафар тартиб додашуда анҷом карда мешавад.
223) Ҳамлу нақли алоқаи муштараки мустақим мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
224) Ба алоқаи муштараки мустақими бевосита ҳама истгоҳҳои роҳи оҳан, ки барои амалиёти боркашонӣ кушоданд, бандарҳои баҳрӣ ва дарёӣ, фурудгоҳҳо, корхонаю ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ тибқи номгӯи муқаррарнамудаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд .
225) Ташкили корҳо оид ба боркунӣ ва борфурорӣ ва тартиби иҷрои он тибқи шартномаҳо (Созишномаҳои бисёртарафа), ки байни корхонаю ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, обӣ (бандарӣ) ва фурудгоҳҳо ба мӯҳлати се сол баста мешавад, муқаррар карда мешавад.
226) Шартнома (Созишномаи бисёртарафа) пешбинӣ мекунад:
- тартиби банақшагирии якҷояи корҳои шабонарӯзию бастии нуқтаи боркунӣ ва борфурорӣ;
- ҷои супурдани борҳо аз як намуди нақлиёт ба намуди дигар;
- тартиби ворид шудани автомобил ба нуқтаи боркунӣ ва борфурорӣ ва баромади автомобил аз он;
- тартиби қабулу супоридан, баркашидани борҳо ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо оид ба доду гирифт;
- муайян намудани ҷабҳаи боркунию борфарории вагонҳо (киштиҳо), автомобилҳо дар нуқтаҳои борқабулкунӣ;
- тартиб ва мӯҳлати иттилооти дутарафа оид ба наздикшавии борҳо ба нуқтаи боркунӣ ва борфурорӣ.
227) Борфиристандагон вазифадоранд, ки бори барои ҳамлу нақл таъиншударо бастабандӣ намуда, тамға зананд ва барои интиқол додан омода намоянд.
228) Борфиристандагон вазифадоранд, ки қабл аз супоридани борҳо саривақт борномаи муқарраршудаи пуркардашударо ба истгоҳҳои роҳи оҳан ё терминалҳои автомобилӣ, бандарҳо (борандоз) ё фурудгоҳҳо пешниҳод намоянд. Ин борнома дар тамоми тӯли роҳ борро ҳамроҳӣ мекунад.
229) Сардори роҳи оҳан, терминали автомобилӣ, бандар, (борандоз) фурудгоҳ мутобиқати ҳамлу нақли мазкурро ба шартнома тафтиш намуда, дар сурати мутобиқат борхатро имзо ва рӯзи қабули борро барои интиқол таъин мекунанд.
230) Идораи молии истгоҳи роҳи оҳан, терминали автомобилӣ, фурудгоҳ борро барои интиқол қабул намуда, ҳуҷҷати махсус - ведомости роҳиро пур мекунад. Ин ведомост аз шаш қисм иборат буда, дар се варақ ҷойгир аст.
Роҳхат - ведомости роҳ бо талон ва борхат дар тамоми роҳи сафар борро ҳамроҳӣ мекунад.
231) Боркуниву борфурорӣ дар ҳавлиҳои истгоҳҳои роҳи оҳан, терминалҳои автомобили борҳо, бандарҳо, фурудгоҳҳо иҷро карда мешавад.
Корҳои боркуниву борфурорӣ бо қувва ва воситаҳои нуқтаҳои боркуниву борфурории роҳи оҳан, бандар (борандозгоҳҳо), фурудгоҳ ва терминали борҳо иҷро карда мешаванд.
232) Борҳо бо мақсади муҳифизати онҳо аз талафёбӣ, вайроншавӣ ва зараррасӣ, ҳангоми интиқол дар робитаҳои муштараки бевосита, дар борҷома ва дар ҳолати бастабандӣ пешниҳод карда мешаванд.
Шартҳои бастабандии борҳое, ки бо робитаи муштараки бевосита, интиқол дода мешаванд, тибқи стандартҳои дахлдори давлатӣ пешбинӣ мешаванд.
233) Ҳамлу нақли борҳо тавассути контейнерҳо дар алоқаи муштараки бевосита байни маҳалҳои муқаррарнамудаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд .
Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳоро тавассути контейнерҳо ва мӯҳлати бозгашти онҳоро мақомоти идораҳои намудҳои гуногуни нақлиёт якҷоя муқаррар мекунанд.
234) Борҳои ба таври моеъ (обакӣ) интиқолшаванда, чӯбу тахтае, ки бо роҳи обӣ тариқи амадҳо интиқол мегарданд, инчунин моддаҳои тарканда ва сахттаъсири заҳрдор ба ҳамлу нақли муштараки бевосита қабул карда намешаванд.
235) Номгӯи борҳои зудвайроншаванда, хатарнок, зуддаргиранда, борҳои талабкунандаи мушоиати роҳбаладони борфиристандагон ё боргирандагон, ки барои ҳамлу нақл дар алоқаҳои муштараки бевосита қабул мегарданд, инчунин шартҳои ҳамлу нақли борҳои чӯбу тахтагӣ ба таври тӯда дар коммуникатсияи мустақими омехта аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд .
236) Баркашидани борҳои дар алоқаҳои муштараки бевосита дар нуқтаҳои боркунӣ ва борфурорӣ ё супоридани онҳо аз нақлиёти автомобилӣ ба роҳи оҳан, обӣ, ҳавоӣ, ё баръакс бо воситаҳои роҳи оҳан, обӣ ва ҳавоӣ ё фурудгоҳ бо талаби Тарафи борро қабулкунанда анҷом дода мешавад.
237) Борҳои борҷомадор ва донашумори барои ҳамлу нақл бо вазни стандартӣ ё вазни дар ҳар як ҷои бор нишондодаи борфиристанда қабулшуда ва ба маҳали боркунӣ ва борфурорӣ дар борҷомаи дуруст расида, аз як намуди нақлиёт ба намуди дигар бидуни баркашидан, тибқи миқдори ҷойҳо дода мешаванд ва бо ҳамин тартиб дар маҳали таъиншуда ба боргиранда супорида мешаванд.
238) Мӯҳлати расонидани борҳо тибқи маҷмӯи мӯҳлатҳои расонидани онҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ ва дигар намудҳои нақлиёт дар асоси қоидаҳои дар ин намуди нақлиёт амалкунандаи ҳисобкунии мӯҳлатҳо муайян карда мешавад.
239) Ҳисоббаробаркуниҳо байни корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳҳои оҳан, киштиронӣ ва фурудгоҳҳо оид ба интиқол дар робитаҳои муштараки бевосита тибқи тарифҳое, ки ба ҳамин намуди нақлиёт дахл дорад, иҷро карда мешавад.
240) Тартиби пардохт аз он вобаста аст, ки кадом намуди нақлиёт борро барои интиқол қабул кардааст ва кадом намуди нақлиёт онро анҷом медиҳад.
241) Пардохт барои ҳамлу нақли борҳо дар робитаҳои муштараки бевосита бо тартиби зерин анҷом дода мешавад:
- ҳангоми интиқол аз корхонаҳо ва ташкилотҳои (стансияҳои автомобилӣ) нақлиёти автомобилӣ дар маҳали гусели бор - аз ҷониби борфиристанда, истгоҳи автомобилӣ, барои тамоми масофаи роҳи автомобилӣ, дар маҳали таъиншуда - аз ҷониби боргиранда барои масофаи роҳи оҳан пардохта шуда, ҳамзамон маблағ ба истгоҳи автомобил ворид карда мешавад, ки борро гусел кардааст ва он маблағҳои гирифташударо ба суратҳисоби роҳи оҳан, ки ба ҳайати нуқтаи борфарорӣ шомил мебошад мегузаронад;
- ҳангоми интиқоли бор аз истгоҳи роҳи оҳан дар маҳали гусел - аз ҷониби интиқолдиҳандаи бор барои масофаи роҳи оҳан дар маҳали таъиншуда, дар нуқтаи таъинот- аз ҷониби қабулкунанда барои тамоми масофаи роҳи автомобилӣ.
242) Роҳкиро ва дигар боҷҳое, ки корхрнаю ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ бояд гиранд, ба ҳуҷҷатҳои интиқол дохил карда намешавад ва корхонаҳою ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ аз борфиристанда ё боргиранда тибқи суратҳисобҳо меситонанд.
243) Боҷҳои барои интиқоли автомобилии борҳои аз бандар (бандаргоҳ) ба стансия ё баръакс интиқолшаванда мутобиқи шартномаи байни онҳо басташаванда, аз ҷониби стансия ба пардохтҳои ба роҳи оҳан тааллуқдошта дохил карда мешаванд ва роҳи оҳан ҳисобу китобро бо корхонаю ташкилоти автомобилӣ барои ин ҳамлу нақл анҷом медиҳад.
244) Пардохт барои ҳамлу нақли борҳо дар робитаҳои муштараки бевоситаи автомобилию обӣ, автомобилию ҳавоӣ ва обию ҳавоӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Созишномаи бисёртарафа ситонда мешавад.
245) Баҳисобгирии ҳаҷми иҷрои ҳамлу нақли борҳои аз нақлиёти автомобилӣ ба дигар намуди нақлиёт интиқолёбанда ва мувофиқан, борҳои аз дигар намуди нақлиёт ба нақлиёти автомобилӣ интиқолёбанда алоҳида анҷом дода мешавад.
246) Шаклҳои варақаи баҳисобгирӣ ва тартиби мураттаб сохтани он бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд .
247) Интиқолдиҳандагони автомобилӣ ҳуқуқ доранд, интиқоли мусофирон ва бағоҷро дар робитаи муштараки бевосита бо дигар намудҳои нақлиёти мусофирбар ташкил намоянд.
248) Тартиби ташкили интиқоли мусофирон ва бағоҷро дар робитаи муштараки бевосита Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад .
Чунин ҳамлу нақлҳо дар асоси Созишномаҳои баимзорасида ё шартномаҳои басташудаи байни интиқолдиҳандаи автомобилӣ ва корхонаҳои нақлиётӣ ё интиқолдиҳандаи намудҳои дигари нақлиёти мусофиркаш анҷом дода мешавад.
249) Дар шартномаҳо ё созишномаҳои байни интиқолдиҳандагон басташуда муайян карда мешавад:
- хатсайри ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ;
- мӯҳлат ва тартиби ҳамлу нақл;
- миқдори ҷойҳое, ки барои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ ҷудо шудаанд;
- шакли чиптаҳои ягона, тартиби омодасозӣ, таъминот ва фурӯши онҳо;
- маблағи пардохт барои интиқоли мусофирон, ҳамлу нақли бағоҷ ва ҳисоббаробаркунӣ байни интиқолдиҳандагони намудҳои мухталифи нақлиёт;
- тартиби огоҳонӣ дар хусуси истифода нашудани брон барои ҷойи ҷудокардашуда;
- тартиби иттилоъдиҳӣ дар хусуси таъхири воситаҳои нақлиёт, бо зикри вақти ба ҷойи таъиншуда расидан;
- ташкили алоқа, инчунин реклама барои аҳолӣ оид ба ҳамлу нақл дар робитаи муштараки бевосита;
- шартҳо ва тартиби истифодаи муҷозот барои иҷро нанамудан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо, ки тибқи шартнома ба зимма гирифта шудаанд.
Боби 8. Ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ
250) Ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро дар бар мегирад:
- баромадани воситаҳои нақлиёти автомобилии ватанӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро дар масири байналмилалӣ иҷро мекунанд;
- дохилшавии воситаҳои нақлиёти автомобили хориҷӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро дар масири байналмилалӣ иҷро мекунанд;
- рафтуомади транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии ватанӣ ва хориҷӣ ҳангоми ҳамлу нақли борҳои муқаррарӣ, борҳои калонҳаҷм ва вазнин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- рафтуомад ва гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии ватанӣ ва хориҷӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки борҳои хатарнок ва дигар навъи борҳоро мекашонанд.
251) Тартиби рафтуомади воситаҳои нақлиёти автомобилиро тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ, қоидаҳои ҳамин Оиннома танзим карда, бо мақсади таъмини танзими давлатии ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ истифода бурда мешавад.
252) Агар шартномаҳои байналмилалии тасдиқкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин Оиннома қоидаҳои дигареро муқаррар намоянд, он гоҳ қоидаҳои шартномаҳои байналмилалӣ истифода бурда мешаванд.
253) Ворид ва хориҷ шудан, иқомат ва убури транзитии ронандагони интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ, шахсони борҳоро ҳамроҳикунанда ё ҳамчун мусофир ҳаракаткунанда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
254) Оинномаи мазкур фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии зеринро, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунанд, танзим менамояд:
- автомобилҳои боркашонии ҳама гуна тамға ва борбардорӣ;
- автобус ва автомобилҳое, ки барои ҳамлу нақли мусофирон таъин гаштаанд (дорои на камтар аз 7 ҷойи нишаст, ғайр аз ҷойи ронанда);
- воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави ҳама гуна тамға ва шакл.
255.Тартиби ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини интиқолдиҳандагони байналмилалии автомобилӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурии ҳамлу нақли байналмилалӣ барои вуруд, судур ва убури транзитӣ аз ҷониби "мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт" амалӣ карда мешавад (карор аз 2.10.2010 № 527).
256) Варақаи рухсатномаҳоро мақоми ваколатдор ба таври типографӣ дар коғази махсус омода месозад, ки онҳо бояд дараҷаи ҳифз, хусусиятҳои фарқкунанда ва шумораи тартибӣ (силсилавӣ) дошта бошанд.
257) Мутобиқи квотаҳои тасдиқкардаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор намудҳои дахлдори варақаҳои рухсатномаро таҳия (таъмин) менамояд ва бо мақомоти салоҳиятноки давлатҳои хориҷӣ мубодила менамояд .
258) Варақаҳои рухсатнома дар ҳолатҳои алоҳида метавонанд бо ризоияти тарафайни байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатҳои хориҷӣ ҳаммонанд ё тағйир дода шававд .
259) Тарифҳо оид ба истифода ва додани варақаҳои рухсатномаро мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо назардошти нархгузории арзиши омодасозии онҳо, нигоҳдории кормандон оид ба додани онҳо ва дигар хароҷоти марбути истифода таҳия менамояд ва Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ мекунад (карор аз 2.10.2010 № 527).
260) Тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва додани варақаҳои рухсатномаро мақоми ваколатдор танзим менамояд.
261) Тартиби додани роҳхат барои ҳамлу нақл ба интиқолдиҳанда дар хатсайрҳои байналмилалӣ тибқи Оиннома оид ба истифодаи роҳхатҳо дар фаъолияти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст .
262) Варақаи рухсатномаи хизмат ҳуҷҷати махсус иҷозатдиҳандаи ҳуқуқи ворид шудан, хориҷ шудан ва убури транзитӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дар асоси созишномаҳои баиниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ дода мешавад.
Тартиби мубодилаи варақаҳои рухсатнома дар Созишномаҳои дуҷонибае, ки байни давлатҳо баста мешаванд, пешбинӣ карда мешавад.
263) Варақаҳои рухсатномаро метавонанд интиқолдиҳандагони автомобилии байналмилалии ватанӣ ва хориҷӣ чи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи берун аз он истифода баранд.
264) Намудҳои рухсатномаҳое, ки интиқолдиҳандагон истифода мебаранд:
- рухсатнома барои ворид, хориҷ шудан ва транзити воситаҳои нақлиёти автомобили хориҷӣ (Шакли Р-1) ;
- хориҷ карда шуд
- рухсатнома барои воридот ва содироти борҳо ба/аз, мамлакатҳои сеюм ба интиқолдиҳандагони воситаҳои нақлиёти автомобилии ватанӣ ва хориҷӣ (Шакли Р-3);
- варақаи рухсатномаи (Шакли Р-БП) ройгон воридшави, хориҷ шудан ва транзити воситаҳои нақлиёти автомобили хориҷӣ барои мубодила тибқи Созишномаҳои байналмилалии баимзорасида ;
- рухсатномаи ворид кардан, баровардан ва интиқоли транзитии борҳои хатарнок (шакли СР-1);
- рухсатномаи махсуси интиқоли борҳои калонҳаҷм ва вазнин (шакли СР-2);
- рухсатномаи махсуси интиқоли борҳои зудвайроншаванда (шакли СР-3);
- рухсатномаи баровардани бор ва интиқоли мусофирон тавассути воситаҳои нақлиёти хориҷӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба кишварҳои худ бармегарданд (шакли Р-З-ОГ);
- интиқоли борҳои хатарнок дар асоси конвенсияҳои байналмилалӣ, созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
265) Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои варақаҳои омодашавандаи рухсатномаро барои ҳар намуди ворид ва хориҷ шудан ва убури транзитӣ тавассути ҳудуди мамлакат, инчунин варақаҳои махсуси иҷозатдиҳандаро вобаста ба хусусиятҳои хоси борҳо тасдиқ кардааст .
266) Варақаҳои рухсатнома бояд дорои чунин мушаххасоти дар рӯи варақа зикргардида бошад:
- намуди ҳамлу нақл, ки ҳуқуки иҷрои онро ҳуҷҷати рухсатдиҳанда тасдиқ мекунад;
- силсила ва рақам;
- миқдори сафарҳои иҷозатдодашаванда;
- мӯҳлати амал;
- мушаххасоти интиқолдиҳандае, ки ба ӯ варақаи рухсатнома дода мешавад;
- ҷои дода шудани варақаи рухсатнома;
- имзо ва мӯҳри мақомоти салоҳиятноке, ки варақаи рухсатномаро додааст;
- хатсайри ҳаракат тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маълумот дар бораи воситаи нақлиёт;
- маълумот дар бораи бори кашондашаванда;
- вазни ҷиҳозонидашудаи воситаи нақлиёти автомобилӣ бе бор;
- ҷой барои қайдҳо ва мӯҳри мақомоти дар роҳи ҳаракат назораткунанда;
- тавсияҳои асосӣ оид ба истифодаи варақаи рухсатнома.
267) Варақаҳои рухсатнома ҳангоми ворид шудани воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ ба гузаргоҳҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Пардохтро барои варақаҳои рухсатӣ интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ, шахсони ҳамроҳикунандаи онҳо метавонанд пешакӣ, ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд ё дар нуқтаҳои ҷамъоварии маблағ дар гузаргоҳҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври нақдӣ пардозанд.
268) Маблағҳое, ки аз додани ҳама гуна намудҳои варақаҳои рухсатнома ба даст меоянд, бо тартиби муқарраркардашуда барои инкишофи ҳамлу нақли автомобилии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
269) Додани хуҷҷатҳои рухсатномавӣ ба интиқолдиҳандагони ватанӣ барои ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон ва бағоҷ мувофиқи шартҳои шартномаҳои байналмилалии тасдиқнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мегардад.
270) Додани варақаҳои рухсатнома дар нуқтаҳои гузарише, ки мақоми аҳамияти байналмилалӣ доранд, иҷро карда мешавад. Воситаҳои нақлиёти автомобилии ватанӣ ва хориҷӣ бояд ҳамлу нақли автомобили байналмилалии бор ва мусофиронро тавассути нуқтаҳои гузарониши байналмилалии махсус барои ҳамин мақсадҳо таъиншуда анҷом диҳанд.
271) Рухсатномаҳои ватанӣ барои иҷрои ҳамлу нақл ба (аз) мамлакатҳои сеюм барои як рафтуомад эътибор доранд, аз ҷумла ҳангоми пурборшавии сарироҳӣ дар самти муқобил аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди давлате, ки аз он ҷо ҳамлу нақли навбати аввал анҷом ёфта буд.
272) Ба интиқолдиҳандагони хориҷие, ки дар давлати онҳо низоми ғайрирухсатномавӣ дар соҳаи ҳамлу нақли автомобили байналмилалӣ амал мекунад, мутобиқи шартномаҳои байналмилалии тасдиқкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон талонҳои қайд дода мешаванд.
273) Мутобиқи принсипҳои умумиқабулгардидаи байналмилалӣ барои баъзе намудҳои бор рухсатнома талаб карда намешавад. Номгӯи чунин борҳо тибқи дар Созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ муқаррар карда мешавад.
274) Ба интиқолдиҳандагони ватанӣ барои гарифтани рухсатномаи хориҷӣ дархост- ӯҳдадорӣ бо имзои шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣинтиқолдиҳандаи ватанӣ асос мебошад, ки барои ҳуқуқи иҷрои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон, бағоҷ ва борҳо иҷозатнома дорад.
275) Бо мақсади дастгирии бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ ва ҳимояи манфиатҳои интиқолдиҳандагони автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз гирифтани бори бозгашт аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ бояд варақаи рухсатномаи шакли Р - 3 гиранд;
276) Намояндагони мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрук бе мавҷудияти варақаи рухсатномаи шакли Р - 3 интиқолдиҳандагони нақлиёти автомобилии байналмилалии хориҷиро ба декларатсиякунии (эъломиякунонии) борҳо ва расмикунонии дигар тартиботи гумрукӣ роҳ намедиҳанд.
277) Тибқи Созишномаҳои байниҳукуматӣ ҳар сол дар доираи шартномаҳои дуҷонибаи байни мақомоти салоҳиятноки давлат, ки дар онҳо низоми рухсатдиҳӣ ворид карда шудааст, мубодилаи варақаҳои иҷозат баргузор мешавад. Варақаҳои рухсатномаҳои шаклҳои Р - 1, Р - 3, Р - РП бояд дуҷониба мубодила гардад, инчунин бо Ҷумҳурии Халқии Хитой шаклҳои А, В, С мубодила карда мешавад. Дигар намудҳои варақаи иҷозати махсус мубодила карда намешаванд ва мувофиқи муроҷиати тарафҳои манфиатдор дода мешаванд .
278) Бо назардошти Созишномаҳои байниҳукуматӣ варақаи имтиёзнок пешбинӣ шудааст, ки он бо шартҳои баробар интиқолдиҳандагони автомобилии байналмилалиро аз пардохти боҷҳо барои истифодаи роҳҳои автомобилӣ озод менамояд. Ин шакли варақа интиқолдиҳандаи автомобилии хориҷиро аз боҷҳои марбути буду боши ӯ дар мамлакат, рафтуомад тавассути роҳҳои пулакии автомобилӣ, пулҳо ва нақбҳои пардохташаванда ва дигар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ озод намесозад.
279) Ҳангоми иҷрои ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ интиқолдиҳандагони автомобилии ватанӣ бояд тибқи тартиби муқарраргардида варақаҳои рухсатномаи давлатҳои хориҷиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
280) Додани рухсатномаи як интиқолдиҳанда ба дигар интиқолдиҳандаи автомобилӣ қатъиян манъ аст. Тартиби додан ва истифода бурдани варақаҳои рухсатномаро Қоидаҳои тасдиқкардаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд .
281) Додани рухсатнома бе иҷозатнома оид ба ҳуқуқи иҷрои ҳамлу нақли байналмилалӣ манъ аст.
282) Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои ваколатдори ҷумҳурӣ бояд дар терминалҳои наздисарҳадӣ, постгоҳҳои сарҳадии гумрукӣ нуқтаҳои қабули пардохтҳо ва боҷҳо, инчунин нуқтаҳои ивази асъорро кушоянд.
283) Мутобиқи Созишномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди нақлиётӣ, Созишномаи маъмуриятҳои давлатии нақлиёти автомобилии мамлакатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил "Дар бораи ҷорӣ намудани Сертификати байналмилалии баркашии воситаҳои нақлиёт (СББВН) дар ҳудуди мамлакатҳои ИДМ барои нақлгарони автомобилии ватанӣ ва хориҷӣ" Сертификатҳои баркашии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дода мешавад. Барои ин мақсадҳо ҳама гузаргоҳҳои сарҳадии дорои аҳамияти байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд барои баркашии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ бо таҷҳизоти махсус муҷаҳҳаз гардонида шаванд.
284) Мақоми ваколатдори салоҳиятнок рӯйхати истгоҳҳои баркаширо бо гузоштани рақами ҳар кадом пойгоҳи баркашӣ тартиб медиҳад, инчунин бо мақсади ташкили маҳзани ягонаи иттилоотӣ намунаи мӯҳрҳои онҳоро мегирад.
285) Истгоҳи баркашӣ сертификати баркаширо дар мавридҳои зерин медиҳад:
- агар андозаҳои вазни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз андозаҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатшуда афзун набошанд;
- агар андозаҳои вазни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз андозаҳои дар иҷозатномаи махсуси ҳангоми ҳамлу нақли борҳои вазнин нишондодашуда афзун набошанд;
- агар андозаҳои вазни воситаҳои нақлиёт аз меъёрҳои муқарраргардида афзун бошанд, сертификати баркашӣ баъди пардохт барои афзунии сарборӣ ва ҳаҷм дода шуда, дар маврид дар сертификати баркашӣ зикр карда мешавад.
286) Сертификати баркашӣ ҳуҷҷати дорои маълумоти дақиқ дар бораи баркашиҳое эътироф карда мешавад, ки пойгоҳҳои ваколатдор иҷро намудаанд.
287) Истифодаи сертификати баркашӣ ба ҷои додани он, инчунин аз қайди воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки ҳамлу нақлро бо тартиби ҲБР (Ҳамлу нақли Байналмилалии Роҳ) анҷом медиҳад ё дигар тартиби гумрукӣ, ки дастрасии беиҷозатро ба бахши бори воситаи нақлиёт манъ мекунад, вобаста намебошад.
288) Мақомоти назораткунанда сертификати баркашиеро, ки яке аз истгоҳҳои баркашӣ додаст, қабул ва эътироф менамоянд ва бояд аз баркашии дубора, ғайр аз ҳолатҳои истисноӣ, худдорӣ кунанд.
289) Сертификати байналмилалии баркашии воситаҳои нақлиёти боркашон бояд ба намунаи муқарраркардашудае, ки онро истгоҳи баркашӣ медиҳад, мутобиқат намояд.
290) Амалиёти асосие, ки дар пойгоҳи баркашии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ анҷом дода мешаванд:
а) санҷиши воситаи нақлиёт барои Сарборӣ ба меҳвар аз рӯи меъёрҳои муқарраркардашуда ба таври зерин иҷро карда мешавад:
- бо истифодаи таҷҳизоти вазнченкунанда;
- аз рӯи ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (борхат).
б) амалиёти асосие, ки дар истгоҳҳои баркашии воситаҳои нақлиёт гузаронда мешаванд, инҳо мебошанд:
- таваққуфи воситаҳои нақлиёт 50-100 метр дуртар аз таҷҳизоти вазнченкунӣ;
- тафтиши ҳуҷҷатҳо (иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои бору нақлиётӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ);
- тафтиши мутобиқати ҳаҷмҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба меъёрҳои муқарраргардида;
- баркашии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар таҷҳизоти вазнченкунанда;
- гирифтани пардохт барои зиёд кардани сарборӣ ва ҳаҷм, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва ба ронанда додани ҳуҷҷате, ки пардохтро тасдиқ мекунад;
- қайди маълумоти дахлдор дар дафтари баҳисобгирии тафтиши воситаҳои нақлиёт оид ба мутобиқати андозаҳои вазнию ҳаҷмии меъёрҳои муқарраргардида ва гирифтани пардохт барои гузаронишии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо сарбориҳо ва ҳаҷмҳое, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд.
291) Истгоҳи баркашӣ бояд талаботи ҳадди ақали зеринро қонеъ гардонад:
- истгоҳ бояд дорои таҷҳизоти сертификатсияшуда ва кормандони ихтисоснок бошад;
- таҷҳизот барои баркашӣ бояд дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта шавад. Онро бояд мунтазам мақомоте, ки барои риояи талабот дар соҳаи ченаку вазн масъуланд, тафтиш ва мӯҳр кунанд.
- истгоҳи баркашӣ бо таҷҳизот барои баркашии вазн, ки ба дараҷаи дақиқии 0.5, 1.2 ё зиёдтар аз он мутобиқ аст ва дараҷаи носаҳеҳӣ то 2% ва камтар аз он мебошад, ҷиҳозонида мешавад.
292) Истгоҳи баркашӣ ва мақомоти назораткунанда дигар ваколатҳоро, ки дигар қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ мегардонанд.
293) Маблағҳои пулӣ барои ворид шудан ба қаламрави Ҷумхурии Тоҷикистон ва истифодаи роҳҳои автомобилӣ, ба ғайр аз хироҷи гумрукӣ аз воситаҳои нақлиёти автомобили хориҷӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба фаъолияти гумрукӣ ситонида ва ба буҷети давлатӣ равона карда мешавад.
294) Интиқолдиҳандагони автомобили хориҷие, ки дар натиҷаи мубодилаҳои гузаронидашуда варақаи Шакли Р - ПБ мегиранд, аз пардохти хироҷҳои марбут ба истифодаи роҳҳои автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Созишномаҳои байниҳукуматӣ озод карда мешаванд.
295) Додани варақаҳои рухсатнома ба интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ бо пешниҳоди расид (квитансия) аз ҷониби нуқтаҳои қабули маблағҳои пулӣ анҷом дода мешавад.
296) Интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ дар қатори варақаҳои рухсатнома, инчунин мувофиқи тартиби муқараргардида ҳуҷҷатҳо мегаранд, ки баъди ин аз ҷониби кормандони мақомоти гумрукӣ тибқи харитаи технологии муқарраргардида ба терминалҳои дахлдор ҳамроҳӣ карда мешаванд.
Пардохт барои ҳамроҳӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
297) Воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷие, ки бо истифода аз китобчаи Боркашонии Байналмилалии Автомобилӣ (минбаъд ББА, МДП, Carnet-TIR) бор мебаранд, аз пардохт барои ҳамроҳӣ озод карда мешаванд.
298) Дар терминалҳои наздисарҳадӣ марказҳои сертификатсияи таҷҳизоти вобаста ба ҳамлу нақли маҳсулоти зудвайроншаванда ташкил карда мешаванд. Марказҳои мазкур дар асоси низомномаҳои худ фаъолият намуда, ташхиси лаборатории таҷҳизоти вобаста ба ҳамлу нақли маҳсулоти зудвайроншавандаро таъмин менамоянд ва ба соҳибони воситаҳои нақлиёт сертификатҳои дахлдор медиҳанд.
299) Хатсайрҳои асосии омадурафти транзитии воситаҳои нақлиёти хориҷӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳоро харитаҳои технологӣ танзим менамоянд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
300) Харитаҳои технологӣ ҳамчун механизми танзими ҷараёни гузарондашаванда ҳам дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҳам дар роҳи ҳаракати онҳо ҳангоми омадурафт ва транзит тавассути роҳҳои автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунанд.
301. Харитаҳои технологӣ оид ба ҳамроҳӣ ва расонидани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба терминалҳои таъиншуда ва баръакс аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳия ва аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди мувофиқа бо Бозрасии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд ().
302) Мӯҳлати будубоши воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта, мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бояд дар муддати ду шабонарӯз воситаҳои нақлиёти автомобили хориҷиро аз бор озод кунанд. Дар сурати ҳозир нашудани боргиранда ё қобилияти пардохтпазирӣ надоштани ӯ борҳо бояд дар анборҳои нигоҳдории муваққатии ҳудуди терминалҳо қатъиян зери ҷавобгарии мақомоти гумрук холӣ карда шаванд.
303) Ҷойҳои ҷойгиршавии муваққатӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ, гирифтан ва супоридани борҳо ё бағоҷи мусофирон, ҷои қайди зисти муваққатӣ ва буду бошии ҳайати ронандагон терминалҳо мебошанд. Таваққуф, супоридан ва қабул кардани борҳои воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ берун аз ҳудуди терминалҳо қатьиян манъ карда мешавад.
304) Ҳаракати транзитӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаҳои даромад то нуқтаҳои баромад қатьиян дар асоси харитаи хатсайр амалӣ карда мешавад. Ҷойи расонидани борҳои таъиншуда аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян гардида, варақаҳои хатсайрро намояндагони мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт медиҳанд ()
305) Ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар вақти ҳаракати транзитӣ вазифадоранд, ки талаботи Конвенсияҳои байналмилалӣ "Дар бораи ҳаракати роҳ" (ш. Вена, аз 8 ноябри соли 1968, бо тасҳеҳот аз 1 майи соли 1971), "Дар бораи аломатҳои роҳ" (ш. Вена, аз 8 ноябри соли 1968), инчунин Қоидаҳои амалкунандаи ҳаракат дар роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.
306) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон будубоши воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлу нақли автомобилии байналмилалиро (тибқи хатсайрҳои дар варақаи рухсатнома нишондодашуда) анҷом медиҳанд, назорат намуда, судури онҳоро дар муддати 15 рӯз таъмин менамояд. Дар ҳамин фосилаи вақт ба хатсайрҳо ва воридшавии ҳатмии воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ ба "Терминалҳо" диққати ҷиддӣ медиҳад, ҳаракати онҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои калони Ҷумҳурии Тоҷикистои иҷозат дода намешавад .
307) Ҳангоми вайрон кардани тартиби ҳаракат тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷиро кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба терминалҳои фосилавӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
308) Андозаи пардохт барои ҳамроҳии воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ ба терминалҳои фосилавиро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
309) Терминалҳои фосилавӣ дар чорроҳаҳои шоҳроҳҳои автомобилии пайвандгари шаҳру ноҳияҳо ва дар шоҳроҳҳое, ки аз миёни шаҳрҳои калони саноатӣ ва марказҳои вилоятӣ мегузаранд, ташкил дода мешаванд.
310) Байни роҳбарияти терминалҳои наздисарҳадӣ ва фосилавӣ дар хусуси ҳамкорӣ барои пешгирии ҳолатҳои ғайричашмдошт ва бо роҳи қонунӣ ҳал намудани масъалаҳои пайдошуда созишномаҳо баста мешаванд.
311) Борҳо аз терминалҳои фосилавӣ баъди гузаштан расмиёти гумрукӣ ва дигар чорабиниҳои ҳатмӣ то ҷои таъиншуда бо нақлиёти ватанӣ расонда мешаванд.
312) Тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ варақаи зисти муваққатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
313) Ҳангоми суроғаро дигар кардани воситаҳои нақлиёти автомобили хориҷӣ, тағйирёбии хатсайри ҳаракат, нуқсонҳои техникӣ, дароз кардани мӯҳлати бошиш ва дигар ҳолатҳо роҳбарияти терминалҳо дар варақаҳои рухсатнома қайдҳои махсус мегузоранд.
314) Ҳаракати мустақилонаи воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад.
315) Мувофиқи Конвенсияи байналмилалии TIҚ - соли 1975 (Боркашонии Байналмилалии Автомобилӣ - соли 1975) барои иҷрои ҳамлу нақли борҳо ва мусофирон китобчаҳои ББА (Carnet-TIR) истифода бурда мешаванд, ки онҳоро ба интиқолдиҳандагони ватанӣ ташкилоти аз тарафи Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (ИБНА - IRU) ваколатдоршуда медиҳад ().
316) Интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ, истифодабарандагони китобчаҳои Боркашонии Байналмилалии Автомобилӣ (Carnet-TIR) ҳангоми ворид шудан ва убури транзитӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохтҳое, ки барои мушоиати гумрукӣ пешбинӣ гаштаанд, озод карда мешаванд.
317) Барои гирифтани китобчаи ББА (Carnet-TIR) (Конвенсияи-TIR1975) хуҷҷати шакли муқарраркардаи Конвенсияи байналмилалии "Шаҳодатнома дар бораи иҷозат" (соли 1958) истифода мегардад, ки онро ташкилоти аз тарафи Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (ИБНАIRU) ваколатдоршуда медиҳад ва мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқ менамояд ().
318) Мувофиқи Конвенсияи байналмилалии CMR (КҲРБ - соли 1972) ҳангоми иҷрои ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ борхати нақлиётӣ намуди варақаҳои СМК истифода бурда мешаванд.
319) Ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршуда ва дигар ҳуҷҷатҳои истифодашавандаро дар соҳаи ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳангоми мавҷуд будани иҷозатнома барои иҷрои ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ медиҳад ().
320) Ҳамлу нақли автомобили борҳо, мусофирон ва бағоҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ бояд тавассути нуқтаҳои гузариши автомобилии байналмилалӣ иҷро карда шаванд.
321) Иҷрои ҳамлу нақли мунтазами мусофирон бо автобусҳо дар роҳҳои байналмилалӣ дар асоси хатсайрҳои мувофиқакардаи тарафҳо, ҷадвали ҳаракат, тарифҳо, нуқтаҳои таваққуф, ки Созишномаҳои байниҳукуматӣ нишон додаанд, амалӣ карда мешавад. Дар ин маврид рухсатнома талаб карда намешавад.
322) Ҳамлу нақли номунтазами мусофирон бо автобусҳо дар асоси иҷозатҳое, ки барои ҳар навбати сафар дода мешаванд, иҷро мегардад.
323) Рухсатнома ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки тибқи қонунгузорӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ заруранд, бояд дар дасти ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мавҷуд бошанд.
- шиносномаи хориҷӣ;
- раводиди нақлиётӣ;
- ҳуқуқи ронандагии байналмилалӣ;
- китобчаи шахсии санҷишии ронанда, ки ҳайати воситаи нақлиёт истифода мебарад;
- иҷозатнома барои иҷрои ҳамлу нақли байналмилалӣ.
- шаҳодатнома дар бораи қайди воситаи нақлиёти автомобилӣ ва сертификати сифати техникӣ;
- иҷозат барои вуруд ва транзит;
- шаҳодатнома дар бораи иҷозат дода шудани воситаи нақлиёти автомобилӣ ба ҳамлу нақли байналмилалӣ, бо мӯҳрҳои гумрукӣ ва мӯҳрмумҳо мутобиқи китобчаи ББА;
- шаҳодатнома дар бораи иҷозат дода шудани воситаи нақлиёт ба ҳамлу нақли борҳои зудвайроншаванда (СПС);
- борхати нақлиётӣ мутобиқи Конвенсия дар бораи шартнома оид ба ҳамлу нақли борҳо (КҲРБ);
- борхати нақлиётӣ барои барасмиятдарории ҳамлу нақли борҳо дар самти баръакс;
- китобчаи ББА (TIR-Carnet);
- сертификати сифати борҳо;
- сертификатҳои фитосанитарӣ ва байторӣ;
- мавҷуди суғуртанома.
324) Воситаҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ дар роҳи ҳаракат метавонанд аз хизматрасониҳои истгоҳҳои муваққатӣ, кемпингҳо ва дигар иншооти нақлиётие, ки бо талаботи замони муосир мутобиқат доранд, истифода намоянд. Тартиби вуруд ва будубоши воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳо ва кемпингҳоро Харитаҳои технологӣ муайян мекунанд.
325) Ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо бо воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар байни ду нуқтае, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, иҷозат дода намешаванд.
326) Ба воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷие, ки ҳамлу нақли мусофиронро тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтан ва (ё) фуровардани мусофирон манъ карда мешавад.
327) Интиқолдиҳандагон дар ҳамлу нақли байналмилалӣ бояд аз воситаҳои нақлиёти автомобилие истифода баранд, ки онҳо дорои аломатҳои бақайдгирӣ ва фарқкунандаи давлатҳои худ ҳастанд.
Зимнан, ядакҳо ва нимядакҳо метавонанд аломатҳои бақайдгирӣ ва фарқкунандаи дигар давлатро дошта бошанд.
328) Автомобилҳо, автобусҳо ва нимядакҳо барои ҳамлу нақли байналмилалии борҳо ва мусофирон бояд ба шартҳои техникии дар Конвенсияи ҳаракати роҳ нишондодашуда ҷавобгӯ ва дар ҳолати дурусти техникӣ бошанд.
329) Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии ватанӣ ва хориҷӣ ҳангоми ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва (ё) вазнин, беҳаҷм, хатарнок ё дигар намудҳои бор, ки аз андозаҳои меъёр афзунанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозати махсус ва иҷозатнома амалӣ гардонда мешавад.
330) Ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин дар асоси Созишнома оид ба вазн ва ҳаҷми воситаҳои нақлиёте, ки ҳамлу нақли автомобилии байналмилалиро дар роҳҳои автомобилгарди кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2000 № 93 тасдиқ шудааст, амалӣ гардонида мешавад.
331) Иҷозатнома ва иҷозатҳои махсус барои ҳуқуқи иҷрои ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ ба интиқолдиҳанда дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
332) Барои иҷрои ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ ронандагони синни на хурдтар аз 21-сола ҷалб карда мешаванд, ки собиқаи бетанаффуси на камтар аз сесолаи ронандагӣ ва дорои ихтисос барои иҷрои кори дахлдор мебошанд.
333) Дар нуқтаҳои гузариши сарҳадӣ (барасмиятдарории гумрукӣ) ду хатти бо ҳам вобастае, ки дар реҷаи ворид ва хориҷ шудан тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, ташкил дода мешаванд.
Ҳангоми вуруд, судур ва убури транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории фаъолияти онҳо таҳти назорати мақомоти зерин анҷом дода мешаванд:
- мақоми ваколатдори назорати сарҳадӣ - назорати шиносномаю раводид;
- мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрук ҷиҳати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои интиқоли бор тибқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақоми ваколатдор оид ба таъмини интиқолдиҳандагони байналмилалии автомобилӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурии ҳамлу нақли байналмилалӣ барои вуруд, судур ва убури транзитӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти ваколатдор оид ба тафтиши масъалаҳои байторӣ ва фитосанитарӣ -бақайдгирӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо (фитосертафикат ва сертификатҳои байторӣ).
Мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт оид ба таъмин ва назорати риояи ҳуҷҷатҳои зарурии ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳангоми вуруд, судур ва убури транзитӣ ().
334) Ҳаракати воситаҳои нақлиётие, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
335) Барои ҳалли фаврии масълаҳо оид ба ташкили ҳамлу нақли автомобилии интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ тартиби риоя гаштани меъёрҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои ғайричашмдошт пешбинӣ кардаанд, комиссия ташкил дода мешавад (минбаъд - Комиссия).
336) Комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти зерин ташкил карда мешавад:
- Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт;
- Ташкилоти аз тарафи Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (ИБНА) ваколатдоршуда ().
337) Комиссия ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои зеринро дорад:
- баррасии дархост оид ба масъалаҳои тамдид кардани мӯҳлати будубоши интиқолдиҳандагони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои ғайричашмдошт;
- талаб кардани ҳама намудҳои асноди тасдиқкунандае, ки ба далелнокии ҳолати ғайричашмдошт (шароити фавқуллода, бемории ронанда, таъсири воситаи нақлиёти автомобилӣ, ҳодисаи роҳу нақлиёт ва ғайра) мусоидат менамоянд;
- Комиссия аз рӯи зарурат, ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода, инчунин на камтар аз як маротиба (бо ҳайати пурра) дар тӯли як семоҳа ҷаласа баргузор мекунад;
- Комиссия дар фаъолияти худ риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар соҳаи мазкур амал мекунанд, ба роҳбарӣ мегирад;
- роҳбарии фаъолияти Комиссияро раиси он амалӣ мегардонад, ки ӯ аз ҳисоби мутахассисони Комиссия интихоб карда мешавад.
- кори Комиссияро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг менамояд .
Боби 9. Экспедитсияи нақлиётӣ
338) Экспедитсияи нақлиётӣ дар нақлиёти автомобилӣ пурра озод намудани корхонаҳо, ташкилотҳо ва аҳолии хизматрасонро аз иҷрои ӯҳдадориҳое, ки ба фаъолияти онҳо хос нестанд ва ба иҷрои хизматрасониҳои нақлиётӣ вобастаанд, пешбинӣ мекунад.
339) Экспедитсияи нақлиётиро корхона ва ташкилотҳои нақлиётӣ, инчунин корхонаву ташкилотҳои шаклҳои гуногуни моликияте метавонанд иҷро кунанд, ки нақлиёти автомобилии худро надоранд.
340) Хизматрасониҳо метавонанд ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣмизоҷоне, ки ба хизматрасониҳои нақлиётӣ - экспедитсионӣ ниёз доранд, пешниҳод карда шаванд.
341) Тибқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ экспедитор ӯҳдадор мешавад, ки барои подош аз ҳисоби мизоҷ (борфиристанда ё боргиранда) ҳамлу нақли борро бо нақлиёт ва аз рӯи хатсайри интихобкардаи ирсолгар ё мизоҷ ташкил диҳад, аз номи мизоҷ ё аз номи худ шартномаи (шартномаҳои) ҳамлу нақли борро имзо кунад, фиристодан ва гарифтани бор, инчунин дигар ӯҳдадориҳои марбути ҳамлу нақлро иҷро намояд.
342) Бо шартномаи экспедитсия метавонанд ӯҳдадориҳои экспедитор оид ба ташкили ҳамлу нақли бор тавассути нақлиёт ва тибқи масири интихобнамудаи экспедитор ё муштарӣ, бастани шартнома (шартномаҳо) оид ба интиқоли борҳо, таъмин намудани интиқол ва гирифтани бор, инчунин дигар ӯҳдадориҳои марбут ба ҳамлу наҳл пешбинӣ гарданд.
343) Ба сифати хизматрасониҳои иловагӣ дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ метавонад иҷрои чунин амалиёти барои расонидани бор заруриро аз қабили гирифтани ҳуҷҷатҳои барои содирот ё воридот зарурӣ, иҷрои барасмиятдарории гумрукӣ ва ғайра, тафтиши миқдор ва ҳолати бор, боркунӣ ва борфарорӣ, пардохти боҷу хироҷ ва дигар хароҷоти ба зиммаи борфиристанда гузошташуда, нигоҳдории бор ва дар нуқтаи таъиншуда гирифтани он пешбинӣ карда шавад.
344) Қоидаҳои боби мазкур ҳангоме татбиқ карда мешаванд, ки мувофиқи шартнома вазифаҳои экспедиторро интиқолдиҳанда иҷро намояд.
345) Шартҳои иҷрои шартномаи экспедитсияи нақлиётиро созишномаи Тарафҳо, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, муайян мекунад.
346) Ҳангоми иҷрои хизматрасониҳои нақлиётию экспедитсионӣ барои борфиристандагон (боргарандагон) корхонаҳо, ташкилотҳо дар ҳамкорӣ бо нақлиёти роҳи оҳан, обӣ ва автомобилӣ аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи Оинномаҳои намудҳои дахлдори нақлиёт барои борфиристандагон ва боргирандагон истифода мебаранд ва тибқи ин оинномаҳо масъул мебошанд.
347) Корхонаҳо, ташкилотҳо метавонанд дар асоси шартнома иҷрои хизматҳои иловагиро ба ӯҳдаи худ гиранд, ки бо ҳамлу нақл (нигоҳдории дуру дарози молҳо, омодасозии борҷома ва ғайра) вобаста нестанд. Дар чунин ҳолат масъулиятро барои иҷро нашудан ё иҷро номатлуби ӯҳдадориҳое, ки ба хизматрасониҳои иловагӣ шомиланд, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаи дахлдор (тартиб, нигоҳдорӣ ва ғайра) ва шартҳои шартнома муайян менамояд.
348) Шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ дар шакли хаттӣ баста мешавад.
349) Борфиристандаи (боргаранда) бор бояд ба экспедитор боваринома диҳад, агар он барои иҷрои ӯҳдадориҳои ӯ зарур бошад.
350) Дар шартномае, ки миёни мизоҷ ва экспедитор баста мешавад, бояд пешбинӣ карда шавад:
- мизоҷ ӯхдадор аст ба экспедитор ҳуҷҷатҳо ва дигар иттилоотро оид ба хусусияти бор, шартҳои интиқоли он, инчунин дигар иттилоотеро, ки барои иҷрои ӯҳдадорӣ ба экспедитор зарур буда, дар шартнома пешбинӣ гардидаанд, пешниҳод кунад;
- экспедитор ӯҳдадор аст аз камбудиҳои ошкоргардидаи иттилооти гирифтааш ба мизоҷ хабар диҳад ва дар сурати нопуррагии иттилоот аз мизоҷ маълумоти иловагии зарурӣ талаб намояд;
- ҳангоми аз ҷониби мизоҷ пешниҳод нагаштани иттилооти зарурӣ экспедитор ҳуқуқ дорад, ки то пешниҳоди чунин иттилоот ба иҷрои ӯҳдадориҳои дахлдор шурӯъ нанамояд;
- мизоҷ барои зараре, ки ба экспедитор вобаста ба вайронкунии ӯҳдадорӣ нисбат ба пешниҳоди иттилооти дар сархати якуми банди зикргардида, расонидааст, ҷавобгар мебошад.
351) Агар аз шартномаи экспедитсия ӯҳдадории экспедитор оид ба шахсан иҷро намудани вазифаи худ барнаояд, экспедитор ҳуқуқ дорад барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ дигар шахсонро ҷалб намояд.
352) Вогузории иҷрои ӯҳдадориҳо ба шахси сеюм ӯҳдадории экспедиторро дар назди мизоҷ ҷиҳати иҷрои шартнома озод наменамояд. Мизоҷ ё экспедитор ҳуқуқ дорад аз шартнома даст кашад ва дар маврид тарафи дигарро то соати 24-00 рӯзи бастани шартнома огоҳ созад.
353) Ҳангоми яктарафа рад намудани иҷрои шартнома Тарафи раднамуда ба Тарафи дигар зиёни дар натиҷаи қатьи шартнома расонидаро ҷуброн менамояд.
354) Шартҳои хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ ба шаҳрвандон дар қисми марбут ба муносибатҳои мутақобилаи ташкилоту корхонаҳои нақлиёти автомобилии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта бо корхонаю ташкилотҳои дигар намудҳои нақлиёт бо мувофиқаи мақомоти идоракунандаи ин намуди нақлиёт тасдиқ карда мешаванд.
355) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи созишномаи тарафҳо метавонад барои корхонаю ташкилотҳои нақлиёти автомобилие, ки хизматрасонии нақлиётию экспедитсионии шаҳрвандонро анҷом медиҳад, ҷойҳои зарурии истеҳсолӣ, анборӣ ва ғайра ҷудо кунад, инчунин онҳоро бо воситаҳои коммуникатсия таъмин созад.
356) Фаъолияти нақлиётию экспедитсионии корхона, ташкилот, ширкати нақлиётӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Боби 10. Суғурта дар нақлиёти автомобилӣ
357) Истифодаи автомобилҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо шарти суғуртаи давлатаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии моликони онҳо иҷозат дода мешавад.
358) Суғуртаи давлатии масъулияти шаҳрвандии моликони автомобил ва интиқолдиҳандагони автомобилӣ, новобаста аз шакли моликият ва мансубияти идоравиаашон, аз ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Боби 11. Иҷора ва кирояи воситаи нақлиёти автомобилӣ
359) Тибқи шартномаи иҷораи (кирояи муваққатии) воситаи нақлиёти автомобилӣ бо сарнишинон иҷорадиҳанда вазифадор аст, ки ба иҷорагиранда бар ивази пардохт воситаи нақлиёти автомобилиро ҷиҳати соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ диҳад ва бо қувваи худ оид барои идоракунии ҳамин воситаи нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии техникии он кӯмак расонад.
360) Тибқи шартномаи иҷораи воситаи нақлиёти автомобилӣ бе сарнишин иҷорадиҳанда воситаи нақлиёти автомобилиро ба иҷорагиранда бар ивази пардохт барои моликӣ ва истифодаи муваққатӣ бидуни хизматрасонӣ оид ба идораи ин воситаи нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии техникӣ медиҳад.
361) Шартномаи иҷораи воситаи нақлиёти автомобилӣ, новобаста аз мӯҳлати амали он, бояд ба таври хаттӣ баста шавад.
362) Иҷорадиҳанда дар тӯли мӯҳлати амали шартнома вазифадор аст, ки ҳолати зарурии техникии воситаи нақлиёти автомобилии ба иҷора додашуда, аз ҷумла анҷом додани таъмири ҷорӣ, таъмири асосӣ ва фароҳам овардани лавозимоти заруриро таъмин кунад.
363) Ҳаҷми хизматрасониҳое, ки иҷорадиҳанда ба иҷорагиранда оид ба идора ва истифодаи техникии воситаи нақлиёти автомобилӣ пешниҳод мекунад, бояд мутобиқи мақсадҳои иҷора, ки дар шартнома нишон дода шудаанд, истифодаи мӯътадил ва бехатарро таъмин намояд. Дар шартномаи иҷора метавонад доираи мураккабтари хизматрасоние пешбинӣ гардад, ки ба иҷорагир пешниҳод карда мешавад.
364) Ҳайати сарнишинони воситаи нақлиёти автомобилӣ ва малакаю ихтисосмандии онҳо бояд ба қоидаҳои барои Тарафҳо ҳатмӣ ва шартҳои шартнома, агар дар қоидаҳои барои Тарафҳо ҳатмӣ чунин талабот муқаррар нашуда бошанд - ба талаботи амалияи маъмулии истифодаи воситаи нақлиёти автомобилии навъи дахлдор ва шартҳои шартнома мувофиқ бошанд.
365) Аъзои сарнишинон муносибатҳои меҳнатиро бо иҷорадиҳанда нигоҳ медоранд. Онҳо ба фармоиши иҷорадиҳанда марбут ба идора ва истифодаи техникӣ ва фармоиши иҷорадиҳанда марбут ба истифодаи тиҷоратии воситаи нақлиёти автомобилӣ итоат мекунанд.
366) Агар шартномаи иҷора тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад, хароҷот оид ба пардохти хизматрасонии аъзои ҳайат, инчунин хароҷот ба таъминоти онҳо ба зиммаи иҷорадиҳанда гузошта мешавад.
367) Агар дар шартномаи иҷора тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, иҷорагиранда хароҷоти пардохти сӯзишворӣ ва дигар маводи дар ҷараёни истифода масрафшуда, оид ба пардохти боҷҳо, суғурта ва дигар хароҷоти бинобар истифодаи тиҷоратии воситаи нақлиёти автомобилӣ бамиёномадаро ба ӯҳда дорад.
368) Иҷорагир дар тӯли мӯҳлати амали шартнома ӯҳдадор аст, ки ҳолати техникии воситаи нақлиёти автомобилии баиҷорагирифтаро дар ҳолати дуруст нигоҳ дорад, аз ҷумла таъмири ҷорӣ, инчунин, агар шартнома тартиби дигар пешбинӣ накарда бошад, таъмири асосиро низ анҷом медиҳад.
369) Иҷорагир бо қувваи худ идоракунии воситаи нақлиёти автомобилии иҷорагирифтааш, инчунин истифодаи тиҷоратӣ ва техникии онро анҷом медиҳад.
370) Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, иҷорагир хароҷоти нигоҳдории воситаи нақлиёти автомобилии иҷорагирифта, суғуртаи он, аз ҷумла суғуртаи масъулияти худ, инчунин хароҷоти марбут ба истифодаи техникии онро ба ӯҳда дорад.
371) Иҷорагир ҳуқуқ дорад, ки воситаи нақлиёти автомобилии иҷорагирифтаро ба иҷорагири фаръӣ бо шартҳои шартномаи иҷора, бо сарнишинон ё бе сарнишин бо розигии иҷорадиҳанда, агар дар шартномаи иҷора тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, ба иҷора диҳад.
372) Иҷорагир дар доираи татбиқи истифодаи тиҷоратии воситаи нақлиёти автомобилии иҷорагарифта ҳуқуқ дорад бе розигии иҷорадиҳанда аз номи худ бо шахсони сеюм шартномаҳои ҳамлу нақл ё дигар шартномаҳое бандад, ки хилофи мақсадҳои истифодаи воситаи нақлиёти автомобилӣ намебошанд.
373) Дар сурати зиён расонидан ба воситаи нақлиёти автомобилии иҷордгирифта иҷорагир ӯҳдадор аст зиёни ба иҷорадиҳанда расонидашударо ҷуброн намояд, агар иҷорадиҳанда исбот кунад, ки зиёни ба воситаи нақлиёти автомобилӣ расонидашуда дар ҳолатҳое рух додааст, ки иҷорагир мутобиқи қонунҳо ё шартнома барои он масъул аст.
374) Ҳангоми ба иҷора додани воситаи нақлиёти автомобилӣ бо сарнишинон ва бе онҳо масъулият барои зиёне, ки ба шахсони сеюм тавассути нақлиёти автомобилии иҷорагирифта ё механизмҳои он, асбобҳо, таҷҳизот ва монанди инҳо расонида шудааст, мутобиқи қоидаҳои ҳамин Оиннома ба зиммаи иҷорадиҳанда гузошта мешавад. ӯ ҳуқуқ дорад,ба иҷорагир оид ба ҷуброни маблағе, ки ба шахсони сеюм пардохта шудааст, талаботи даъво пешниҳод намояд, агар исбот кунад, ки зиён бо гуноҳи иҷорагир расонда шудааст.
375) Тибқи шартномаи кирояи автомобилҳои сабукрав кироядиҳандае, ки автомобили сабукравро барои фаъолияти соҳибкорӣ кироя супоридааст, ӯҳдадор мешавад, ки онро бар ивази пардохт ба кироягир барои соҳибии муваққатӣ ва истифода диҳад.
376) Шартномаи кирояи автомобилҳои сабукрав ба таври хаттӣ, ба мӯҳлати то як сол баста мешавад.
377) Қоидаи аз нав бастани шартномаи кирояи автомобилҳои сабукрав барои мӯҳлати номуайян ва оид ба ҳуқуқи афзалиятноки кироягир барои таҷдиди шартномаи кирояи моликият, нисбат ба шартномаи кирояи автомобилҳои сабукрав истифода намегардад.
378) Кироягар ҳуқуқ дорад аз шартномаи кирояи автомобилҳои сабукрав дар ҳар лаҳза даст кашад.
379) Кироядиҳандае, ки шартномаи кирояу автомобилҳои сабукравро бастааст, ӯҳдадор аст дар ҳузури кироягир коршоямии автомобили сабукрави кирояшавандаро тафиш кунад, инчунин кироягирро бо қоидаҳои истифодаи автомобили сабукрав шинос намояд ё ба ӯ оид ба истифодаи автомобили сабукрав дастурамали хаттӣ диҳад.
380) Ҳангоми аз ҷониби кироягир ошкор гардидани нуқсонҳои автомобили сабукрави кироягирифташаванда, ки пурра ё қисман ба истифодаи он монеъ мешаванд, кироядиҳанда ӯҳдадор аст дар муддати даҳ рӯзи баъди санаи аризаи кироягир оид ба нуқсонҳо, агар дар шартнома мӯҳлати кӯтоҳтар муқаррар нашуда бошад, нуқсонҳоро беподош дар ҷояш бартараф созад ё автомобили сабукравро ба автомобили дигаре, ки қобили истифода мебошад, иваз намояд.
381) Агар нуқсонҳои автомобили сабукрави ба кироя додашуда дар натиҷаи аз ҷрниби кироягар риоя нагардидани Қоидаҳои истифода ва нигоҳдории моликият ба миён омада бошанд, кироягир маблағи таъмир ва интиқоли автомобили сабукравро ба кироядиҳанда мепардозад.
382) Пардохт барои истифодаи моликият тибқи шартномаи кирояи автомобили сабукрав дар шакли пардохтҳои бо маблағи собит муайянгардида муқаррар мегардад, ки мунтазам ё якбора ворид карда мешаванд.
383) Дар сурати пеш аз мӯҳлат баргардондани моликият аз ҷониби кироягир, кироядиҳанда қисми дахлдори пардохти барои истифодаи моликият гирифтаро ба ӯ бармегардонад ва онро аз рӯзе, ки баъди рӯзи баргардонии воқеии автомобили сабукрав фаро мерасад, ҳисоб мекунад.
384) Аз кироягир ситонидани қарз оид ба пардохти маблағи истифодаи автомобили сабукрав бо тартиби бебаҳс, дар асоси имзои иҷроияи нотариус мутобиқи қонунгузории ҷорӣ сурат мегирад.
385) Таъмири асосӣ ва ҷории автомобили сабукраве, ки ба кироя дода шудааст, вазифаи кироядиҳанда мебошад.
386) Ба кирояи фаръӣ додани автомобили сабукраве, ки тибқи шартномаи кироя ба кироягир дода шудааст, таҳвили ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ тибқи шартнома аз ҷониби кироягир, кирояи автомобили сабукрав ба дигар шахс, ба замонат мондани ҳуқуқҳои кироягир ба сифати саҳми амволӣ ба ширкатҳо ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ба сифати пардохти саҳмӣ ба кооперативҳои истеҳсолӣ манъ аст.
Боби 12. Роҳҳои автомобилгард ва иншооти он
387) Роҳҳои автомобилгард дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва маъмурӣ дошта ҷудо мешаванд.
388) Тарҳрезӣ, сохтмони роҳҳои нав ва азнавсозии роҳҳои автомобилгарди мавҷуда бояд таъмини истифодаи матлуб ва бехатарии ҳаракати роҳро барои одамон ва воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, имконияти истифодаи нақлиёти замонавии автомобилӣ, ҳифзи манзари зинда ва ғайризинда, нигоҳдории муҳити табиатро пешбинӣ намоянд.
389) Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳҳо, гузоштани нишонаҳо ва маҳдудкунандаҳои роҳҳо, аломатгузории роҳҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
390) Мақомоти роҳдорӣ, новобаста аз мансубияти идоравӣ, ки барои истифодаи роҳҳо, пулҳо, кӯпрукҳо, воситаҳои техникии ташкили ҳаракат ва дигар иншоот масъуланд, бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ӯҳдадоранд:
- роҳҳои автомобилгард ва иншооти дар онҳо бударо дар ҳолати дуруст ва барои ҳаракат бехатар, мутобиқ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии мавҷуда нигоҳ доранд, инчунин ҷиҳати беҳбуди шароити ҳаракат тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- роҳҳо ва иншоотро дар давраи зимистон саривақт аз барф тоза кунанд, барои аз байн бурдани лағжонии фарш ва ифлосии сатҳи роҳ тадбирҳо андешанд;
- қитьаҳои хатарноки роҳҳоро бо тавораҳо, монеаҳо, аломатҳои роҳ ва дигар воситаҳое, ки рӯзона ва шабона хуб дида мешаванд, таъмин намоянд, роҳҳои давродаври гузаштани қитъаҳои таъмиршавандаи роҳ ва иншооти сунъиро муқаррар намоянд;
- ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилиро ҳангоми ба вуҷуд омадани зуҳуроти нохуши иқлимӣ ё табиӣ манъ намоянд;
- баҳисобгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётро анҷом диҳанд, сабабҳоро таҳлил карда, чораҳои дахлдор андешанд;
- дар мавриди садамаҳо, фалокатҳои автомобилӣ ё офатҳои табиӣ кӯмаки имконпазири пешакии тиббиро таъмин намоянд ва оид ба наҷотдиҳии иштирокчиёни ҳаракати роҳ чораҳо андешанд;
- дар таҳқиқи хадамотӣ ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, ки бо ҳалокати одамон вобастаанд, иштирок намоянд, ҳангоми расонидани зарари калони моддӣ таҳқиқи хадамотӣ гузаронанд, агар ҳодисаи роҳу нақлиёт бо сабаби шароити роҳ рух дода бошад;
- ба рушди шабакаҳои нуқтаҳои хизматрасонии автомобилии наздироҳӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мусоидат намоянд.
391) Мақомоти роҳдорӣ ӯҳдадоранд, бо мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ корҳои таъмиру барқароркунӣ дар роҳҳоро мувофиқа намоянд.
392) Соҳибони хоҷагиҳои роҳдории нақлиёти автомобилӣ ҳуқуқ доранд, мутобиқи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба истифодабарандагон талаботи иловагиро муқаррар намоянд.
393) Моликони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони автомобилӣ, новобаста аз шакли моликият ва мансубияти идоравӣ, ба истифодаи роҳҳои автомобилии истифодаи умум ҳуқуқи баробар доранд.
394) Дар роҳҳои автомобилгард манъ карда мешавад:
- ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки ҳаҷмҳои умумӣ, андоза ё вазн ва сарбориаш ба меҳвар тавассути бор ё бебор аз меъёр зиёд мебошад, ба истиснои нақлиёте, ки бо мақомоти роҳ ва мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ мувофиқа карда шуда бошад;
- расондани зиён ба роҳҳо, иншооти роҳҳо, воситаҳои техникии ташкили ҳаракати роҳ, кабудизор ва дигар иншооти роҳ;
- аз роҳ берун шудан, ба роҳ ворид шудан ва бурида гузаштани роҳ дар ҷойҳое, ки барои ин амал муҷаҳҳаз нагардидаанд;
- дохил шудан ба хати тақсимкуниии роҳ ва таваққуф намудан дар болои он;
- анҷом додани автомобилронии таълимӣ дар ҷойҳои иҷозатдоданашуда;
- иҷрои корҳои вобаста ба эҳтимоли рехтани маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, таъмир ва равған кардани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, тоза кардан ва шустани онҳо. Амалиёти мазкур дар ҳолатҳои зарурӣ бояд дар ҷойҳои махсус таҷҳизонидашуда, дар сурати мавҷуд набудани онҳо - дар канори роҳ анҷом дода шаванд. Зимнан, ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бояд партовҳо, маводи боқимонда ва дигар ашёро фавран ғундоранд;
- ифлос кардан ва банд кардани қисми мошингузари роҳ, канори роҳ, пулҳо, қубурҳо, заҳбурҳо, дастгоҳҳои заҳбурканиву обпартоӣ, интиқол додани боре, ки роҳ ва канори роҳро ифлос мекунад, бидуни маҳкам бастани он, бор кардан ва фаровардани бор дар қисми мошингарди роҳ;
- андӯхтани маводи зудоташгиранда ва сӯзишворӣ дар хати обпартои роҳҳо бе риояи талаботи бехатарии сӯхтор (ҳангоми мавҷудияти иҷозат барои андӯхтани умумӣ).
395) Ҳангоми вайрон намудани банди 394 соҳибони бор ё воситаҳои нақлиёти автомобилӣ вазифадоранд, ки ба мақомоти роҳ хароҷоти барқароркунии фарши роҳҳо ё таъмири роҳро тибқи меъёрҳои тасдиқнамудаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд .
396) Ҳамаи иштироккунандагони муносибатҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ, барои вайрон кардани Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгард мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъуланд.
397) Барои истифодаи роҳҳои автомобилии истифодаи умум, шоҳроҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи дар онҳо мавҷуда моликони автомобил ва интиқолдиҳандагони автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон андози роҳ мепардозанд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бошанд, пардохтро тибқи тартиб ва андозаҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаҳои байниҳукуматӣ муайян мекунад, анҷом медиҳанд.
Боби 13. Талаботи техникӣ ба воситаҳои нақлиёти автомобилӣ
398) Моликони (соҳибмулк) автомобил ва интиқолдиҳандагони нақлиёти автомобилӣ вазифадоранд барои ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ ва бор воситаҳои нақлиёти автомобилии дорои ҳолати дурусти техникӣ, ҷавобгӯи стандартҳо ва талаботи дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ва мувофиқи тартиби муқарраргардида аз муоинаи навбатии техникӣ гузаштаро пешниҳод намоянд.
399) Воситаи нақлиёти автомобилии ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва ба қайд гирифташаванда барои тасдиқи мутобиқати худ ба стандартҳои амалкунанда ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ бояд Сертификат, Нишони мутобиқат дошта бошад, ки онро мақоми сертификатсияи ваколатдорнамудаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст ё онро ин мақом эътироф намудааст.
400) Аз муоинаи навбатии техникӣ гузаштани воситаи нақлиёти автомобилӣ бо талони (чеки) махсуси намунаи муқарраргардида тасдиқ карда мешавад.
401) Воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки сертификат, Нишони мутобиқат надоранд, аз муоинаи техникӣ нагузаштаанд ва бо нишонаҳои дахлдор ҷиҳозонида нашудаанд, барои истифода роҳ дода намешаванд.
402) Моликони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони нақлиёти автомобилие, ки автомобилҳои боркаши вазнин, автобусҳо, автобусҳои хурд, таксиҳои хатсайргард ва автомобилҳои сабукрав-таксиҳоро истифода мебаранд, ӯҳдадоранд, ки баҳисобгирии ҳама амалиётро оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмири автомобилҳои худ ё автомобилҳои иҷорагирифта ба қайд гиранд.
403) Ҳадди ниҳоии сарбории меҳварӣ ба ҳама гуна меҳвари яккаи ҳадди аксар бордоштаи воситаи нақлиёти автомобилие, ки дар роҳҳои автомобилгарди дараҷаҳои I - IV Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад, набояд аз 10 тонна зиёд бошад.
404) Андозаҳои ҳаҷмии воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки дар роҳҳои автомобилии дараҷаи I - IV Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлу нақл анҷом медиҳанд, набояд аз андозаҳои зерин зиёд бошанд:
- дарозии автомобилҳои якка -12 м;
- бар - 2, 5 м;
- баландӣ - 4 м;
- дарозии автоқатораи нишастӣ ё ядакии дорои як ядак - 20 м;
- дарозии автоқатораи дорои ду ядак ва бештар аз он - 24 м.
405) Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои дараҷаи V сарбории ҳадди ниҳоии меҳварӣ ба ҳама гуна яккаи ҳадди аксар бордоштаи воситаи нақлиёти автомобилӣ набояд аз 6 тонна, баландии ҳаҷмаш аз 3, 8 метр зиёд бошад.
406) Автомобилҳои ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва бақайдгирифташаванда, аз ҷумла қаблан истифодашуда бояд ба талаботи стандартҳои давлатии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қоидаҳои байналмилалӣ ва муқаррароти сарфаи сӯзишворӣ, таносуби иқтидори муҳаррик ба борбардорӣ (мусофирғунҷоишӣ), инчунин навъҳои сӯзишвории автомотории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхташаванда мутобиқ бошанд.
407) Бехатарии фаъол ва ғайрифаъоли автомобил, ки аз сифатҳои боздорӣ ва динамикӣ, устуворӣ ва идорашавандагӣ, манзарнокӣ (намудорӣ), иттилоотнокии дохилӣ ва берунӣ, хусусиятҳои сохторӣ ва истифодабарӣ иборат мебошад, бояд ба талаботи стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қоидаҳо ва дастурҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурки Тоҷикистон мутобиқат намояд.
408) Сатҳи садо ва хориҷшавии маводи зарарнок ба муҳити атроф аз нақлиёти автомобилӣ, инчунин маводи истифодашавандаи таъиноти нақлиёти автомобилӣ бояд бо талаботи стандартҳои давлатӣ, шартҳои техникӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, мутобиқ бошанд.
409) Истифодаи як тамғаи маводи истифода бар ивази тамғаи дигари мавод дар воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бидуни хулосаи комиссияи техникии назди Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст .
Боби 14. Хизматрасонии техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти автомобилӣ
410) Ҳар як воситаи нақлиёти автомобилие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад, бояд мунтазам таҳти хизматрасонии (нигоҳубини) техникаи автомобилӣ қарор гирад, ки инро ҳуҷҷатҳои дахлдори меъёрии техникӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои истеҳсолкунандаи техникаи нақлиёти автомобилӣ танзим менамоянд.
411) Хизматрасонии техникӣ ва таъмири автомобилҳо танҳо дар қисмҳои махсусгардонидашудаи корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хадамоти хизматгузориҳои автомобилие, ки барои гузаронидани корҳои дахлдор Сертификати намунаи муқарраргардида (барои намудҳои алоҳидаи хизматгузории автомобилӣ - иҷозатнома) доранд ва дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, иҷозат дода мешаванд.
412) Воситаи нақлиёти автомобилие, ки дар фалокатҳои нақлиётии роҳ иштирок кардаанд, бояд дар сурати пешниҳод намудани маълумотномаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир қабул карда шаванд.
413) Моликони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони автомобилӣ, ки мақоми шахси ҳуқуқӣ дошта, барои анҷом додани хизматрасонии сифатноки техникаи нақлиёти автомобилӣ имконият надоранд ё умуман дар ихтиёри худ воҳиди махсусгардонидашудаи иҷрои корҳои марбутаро надоранд, метавонанд барои анҷом додани хизматрасонии техникии (корҳои алоҳида оид ба хизматрасонии техникӣ) техникаи автомобилӣ бо хадамоти махсусгардонидашудаи хизматгузориҳои автомобилӣ шартномаҳо банданд.
414) Моликони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагоне, ки дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд хизматрасонии техникии техникаи нақлиёти автомобилиро тибқи дархостҳои якдафъаина анҷом диҳанд.
415) Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ танҳо зимни мавҷудии сертификат (барои намудҳои алоҳидаи хизматгузории автомобилӣ - зимни мавҷудияти иҷозатнома) ҳуқуқ доранд, ки хизматрасонии техникии техникаи нақлиёти автомобилиро анҷом диҳанд.
416) Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки хизматрасонии техникии техникаи нақлиёти автомобилиро иҷро мекунанд, ӯҳдадоранд онро ба ҳаҷми пурраи хизматрасониҳои дархостшуда, бо истифодаи ҳатмии таҷҳизоти тафтишию ченкунӣ ва ташхис анҷом диҳанд.
417) Хадамоти техникии хизматгузории автомобилӣ кафолати сифати хизматҳои расонидашударо дар доираи вақте (гашти автомобил), ки ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ муқаррар кардаанд, таъмин менамоянд.
418) Хадамоти техникии хизматгузории автомобилӣ дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои фалокатҳои роҳу нақлиётӣ, ки бо сабабҳои ҳолати техникии қисмҳо, муҳаррикҳо ва ҷузъҳои нақлиёти автомобилӣ дар давраи амали ӯҳдадориҳои кафолатӣ ҳангоми дахолат накардани молики автомобил ё интиқолдиҳандаи автомобилӣ ба кори қисмҳо, муҳаррикҳо ва ҷузъҳои автомобил рух додаанд, масъулияти ҳуқуқиро бар зимма доранд.
419) Хадамоти техникии хизматгузории автомобилӣ баҳисобгирии корҳои мувофиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ иҷрошударо анҷом медиҳанд.
Мӯҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳисоботӣ тибқи ӯҳдадориҳои кафолатӣ, вале на камтар аз як соли тақвимӣ мебошад.
420) Ҷойҳои корӣ оид ба хизматрасонии техникии техникаи нақлиёти автомобилӣ, ки хадамоти хизматгузории автомобилӣ пешниҳод мекунад, бояд ба талаботи санитарию гигиенӣ, зиддисӯхторӣ ва экологии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида ҷавобгӯ бошанд.
421) Миқдори камтарини таҷҳизоти назоратию ченкунӣ ва ташхисӣ барои анҷом додани хизматрасонии техникии автомобилҳо аз инҳо иборат аст:
- асбоби санҷишӣ барои санҷиш ва танзими муҳаррикҳои дарунсӯз;
- асбобу дастгоҳҳо барои санҷиш ва танзими низоми қувва ва афрӯзиши (зажигание) муҳаррикҳои дарунсӯз;
- таҳлилгари газ ё дудченкунак барои санҷиш ва танзими андозаҳои экологии муҳаррикҳои дарунсӯз;
- асбобҳо барои санҷиши идоракунии чанбарӣ;
- стендҳо барои санҷиш ва танзими кунҷҳои ҷойгиршавии чархҳо;
- стендҳо барои санҷиши боздорҳо (истифодаи қитьачаҳои ченакдори роҳҳо ё гузаргоҳҳо имконпазир аст);
- асбобҳо барои санҷиши гашти корӣ ва озоди поякҳои боздорӣ ва қӯшакунӣ;
- стенд барои назорат ва танзими чароғҳо.
422) Хадамоти техникии хизматгузории автомобилӣ метавонанд тамоми таҷҳизоти дар боло номбаршуда ё қисми онҳоро дошта бошанд. Дар ҳолати охирин пешниҳоди хизматрасониҳои хадамоти хизматгузории автомобилӣ бо имкониятҳои заминаи моддию техникии он маҳдуд мегарданд.
423) Молики автомобил ё интиқолдиҳандаи автомобилӣ вазифадор аст, мӯҳлат ва давраҳои анҷом додани хизматрасонии техникии техникаи нақлиёти автомобилии истифодашавандаро риоя намояд. Зимнан молики автомобил ё интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои интихоби хадамоти техникии хизматгузории автомобилӣ имконият дорад.
424) Молики автомобил ва интиқолдиҳандаи автомобилие, ки заминаи марбутаи истеҳсолию техникӣ надорад, ҳуқуқ надорад, бидуни дастгирии хадамоти махсусгардонидашудаи хизматгузории автомобилӣ ба танзими қисмҳои автомобил дахолат кунад ва муҳаррикҳо ва ҷузъҳои автомобилро таъмир намояд, ки ин ба бехатарии истифодаи автомобил, сарфаи сӯзишворӣ ва сифатҳои экологии он таъсир мерасонад, ғайр аз ҳолатҳое, ки бо гашти худ бурдани воситаи нақлиёти автомобилии нуқсондор ба ҷойи таъмир ё нигоҳдории он бе афзоиши таваккали бавуҷудоварии ҳодисаи роҳу нақлиёт имконпазир мебошад.
425) Молики автомобил ё интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои оқибатҳои фалокатҳои роҳу нақлиётӣ ва ғайра, ки бинобар дахолати ӯ ба танзим ё ҳолати техникии қисмҳо, муҳаррикҳо ва ҷузъҳои техникаи нақлиёти автомобилӣ рух додаанд, ва ба бехатарии ҳаракат таъсир мерасонад, инчунин ҳангоми гузаронидани мӯҳлати иҷрои хизматрасонии техникии автомобил мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти хуқуқӣ дорад.
Боби 15. Бехатарии ҳаракат дар роҳ
426) Ҳар як иштирокчии ҳаракат дар роҳ ӯҳдадор аст, тавре рафтор намояд, ки барои атрофиён хатар ба миён наорад, ба табиат, арзишҳои моддӣ зарар нарасонад, одамон ва ҳайвонотро ноором насозад ва бештар аз зарурат ба онҳо монеъ нашавад.
427) Ташкили таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар нақлиёти автомобилӣ инҳоро дар бар мегирад:
- танзими ҳуқуқӣ;
- таҳияи тавсияҳо оид ба татбиқи сиёсати давлатии техникӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар асоси таҳлили вазъи корҳо ва фурӯш, чораҳои амалӣ оид ба пешгирӣ намудани халалдорсозии бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструктории самти дахлдор (КИТК), такмил, таҳия, коркард ва ҷорӣ намудани воситаҳои замонавии техникии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- ба роҳ мондани назорати иҷрои талаботи санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқӣ ва муқарраркунандаи шароити бехатарии ҳаракати роҳ;
- ҳамкории байналмилалӣ ва чорабиниҳои дигар дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ.
428) Танзими ҳуқуқии бехатарии ҳаракат дар роҳро дар нақлиёти автомобилӣ бо асноди зерин таъмин карда мешавад:
- Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;
- Қоидаҳои таъмини бехатарии ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти истифодаи умум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- талаботи техникӣ ва шартҳои техники лоиҳакашӣ, сохтмон, ободонӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ, иншооти роҳ, аломатҳои роҳ, тавора ва ишораҳо;
- Талаботи техникӣ нисбат ба воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- Қоидаҳои истифодаи техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- Талабот нисбат ба сатҳи омодагии касбии ронандагон ва меъёрҳои тиббии ҳолати саломатии онҳо;
- меъёрҳои низоми меҳнат ва истироҳати ҳайати ронандагон ва дигар меъёрҳо, санадҳо, стандартҳо, қоидаҳо ва дастурамалҳои мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқнамудаи мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон.
429) Сиёсати давлатӣ, гузаронидани корҳои илмию тадқиқоти ва таҷрибавию конструкторӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси барномаҳои мақсадноки тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Хоҷикистон анҷом дода мешавад.
430) Назорати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро мақомоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.
431) Ҳангоми анҷом додани ҳамлу нақл моликони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони нақлиёти автомобилӣ вазифадоранд:
- иҷрои талаботи қонунгузориро оид ба низоми меҳнат ва истироҳати ҳайати ронандагон таъмин намоянд;
- талабот ва муқаррароти ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии мақомоти назораткунандаро оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳам дар соҳаи бехатарии фаъол ва ҳам дар соҳаи бехатарии ғайрифаъол иҷро намоянд;
- суғуртаи мусофирон ва техникаи нақлиёти автомобилиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд;
- иҷрои талаботи истифодаи техникии автомобилҳоро тибқи ҳуҷҷатҳои амалкунандаи меъёрию техникӣ таъмин намоянд;
- андозаҳои вазн ва ҳаҷмии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва муоинаи тиббии ронандагонро пеш аз баромадани онҳо ба хати ҳаракат иҷро намоянд;
- оид ба таъмини бехатарии ҳамлу нақли борҳо тибқи қарори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ созанд .
432) Моликони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони автомобилӣ ҳуқуқ доранд:
- хатсайрҳои ҳамлу нақлро танҳо тавассути роҳҳои ҷавобгӯи талабот ва шартҳое кушоянд, ки имкон медиҳад, бехатарии нақли мусофирон, бағоҷ ва борҳо таъмин карда шавад;
- талаб намоянд, ки андозу боҷҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ барои ободонӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ, тибқи таъиноти мақсаднок истифода бурда шаванд;
- тибқи қонунгузорӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ, аз ҷумла дар соҳаи ташкили шароит барои истифодаи бехатари техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳои мухталифи давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъсис диҳанд;
- ҷуброни зарари расидаро ҳангоми гирифтани иттилоот оид ба бастан ё маҳдуд қардани ҳаракати автомобилӣ дар мӯҳлати камтар аз он, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, инчунин ҳангоми умуман вуҷуд надоштани чунин иттилоот дархост намоянд;
- мӯҳлати озмоиширо барои ронандагони ба кор қабулшуда ва қоргарони кироя муқаррар намоянд, аз онҳо риояи дақиқи ӯҳдадориҳои хизматиашонро ҷиҳати роҳ надодан ба вайрон кардани иҷозатҳои дахлдори дар қарордод (шартнома) пешбинигашта талаб намоянд, ҳатто онҳоро аз ҳамлу нақл барканор ё аз кор озод намоянд.
433) Мақомоти идораи интиқолдиҳандаи автомобилӣ ҳуқуқ надоранд, ронандаро ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ (баланд намудани суръати ҳаракат, рондан дар ҳолати маризӣ ё хастагӣ, рондан дар шароити иқлими вазнин) маҷбур созанд.
Боби 16. Ҳамлу нақли борҳои хатарнок ва калонҳаҷм
434) Борҳои хатарноке, ки нақлиёти автомобилӣ интиқол медиҳанд, инҳоянд:
- моддаҳои таркандае, ки хусусияти таркандагӣ доранд ё бо таъсири таркандагӣ боиси сӯхтор мегарданд;
- газҳои фишурда, моеъ ё зери таъсири фишор махлутшуда;
- моеъҳои зуддаргиранда, омехтаи моеъҳо, инчунин моеъҳое, ки дар маҳлулашон моддаҳои сахт ё суспензияҳо доранд ва буғи зуддаргирандаи бо ҳарорати алангагириашон дар зарфи маҳками на бештар аз 61 Сш хориҷ мекунанд;
- модда ва маводи зуддаргаранда (ғайр аз моддаҳои ҳамчун тарканда гурӯҳбандишуда), ки қобилият доранд, ҳангоми ҳамлу нақл аз манбаъҳои берунии оташафрӯзӣ дар натиҷаи соиш, ҷаббидани намӣ, мубаддалшавиҳои худбахудии кимиёвӣ, инчунин ҳангоми гармшавӣ зуд аланга гиранд;
- моддаҳои оксидкунанда ва перекисҳои органикие, ки қобилияти ҷудо намудани гидроген ва тақвияти оташангезӣ доранд, инчунин метавонанд дар шароити мутобиқ ё омехтагӣ бо дигар моддаҳо омили худдаргирӣ ё таркиш шаванд;
- моддаҳои заҳрнок ва сирояткунандае, ки ҳангоми ба дохили организм афтодан ё расидан ба пӯст ва пардаи луобии одам метавонанд боиси марг, заҳролудшавӣ ва беморӣ гарданд;
- моддаҳои радоиактивӣ;
- моддаҳои хӯранда ва зангзанонандае, ки ба пӯст зарар мерасонанд, пӯст, пардаи луобии чашм ва роҳҳои нафаскашии инсонро заҳролуд мекунанд, боиси зангзании метал ва хароб гардидани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, иншоот ё борҳо мегарданд, инчунин метавонанд ҳангоми таъсиррасонӣ бо маводи органикӣ ва баъзе моддаҳои кимиёвӣ сӯхторро барангезанд.
435) Номгӯй ва таснифоти борҳои хатарноке, ки барои ҳамлу нақл тариқи нақлиёти автомобилӣ иҷозат дода мешаванд ва гурӯҳбандии онҳоро Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои хатарнок муқаррар мекунанд ва ин қоидаҳоро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор тасдиқ менамояд .
436) Ба ҳамлу нақли борҳои хатарнок ва калонҳаҷм моликони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони автомобилие иҷозат дода мешаванд, ки инҳоро доранд:
- воситаи нақлиёти махсусгардонидашуда ё махсус омодакардашуда барои ҳамлу нақли борҳои дахлдор, ки бо таҷҳизоти зарурӣ, нишонаҳо (лавҳаҳои иттилоотӣ) ҷиҳозонида шудаанд;
- воситаи ҳифз ва бартараф сохтани таъсири манфии борҳои хатарнок барои инсон, муҳити табиати атроф ва воситаҳои техникӣ;
- ҳайатҳои махсус омодакардашудаи ронандагон ва хизматрасон;
- иҷозатномаи интиқоли борҳои калонҳаҷм ва хатарноки дараҷаи мушаххас.
437) Талаботи касбӣ ва тиббӣ барои ҳайати ронандагон ва хизматрасонҳое, ки ба ҳамлу нақли борҳои хатарнок ва калонҳаҷм машғуланд, талабот ба воситаи нақлиёти автомобилӣ дар Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои хатарнок ва Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм муқаррар мегарданд, ки онҳоро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд .
438) Ҳангоми ҳамлу нақли борҳои хатарнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми махсуси иҷозатдиҳӣ амал менамояд. Ба низоми махсуси иҷозатдиҳӣ борҳои зерин тааллуқ доранд:
- моддаҳои тарканда;
- моддаҳои радиоактивӣ;
- моддаҳои сирояткунандаи дорои микрорганизмҳое, ки боиси беморӣ мегарданд (рӯйхаташонро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд);
- дигар моддаҳои хатарноке, ки ҳарорати алангагириашон пасттар аз +18 С ё ҳади иҷозатдодаи косентратсияашон камтар аз 1 мг/куб.м. мебошанд;
439) Барои ҳамлу нақли дигар борҳои хатарнок риояи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои хатарнок кифоя аст.
440) Барои гирифтани иҷозат ба ҳамлу нақли борҳои хатарнок интиқолдиҳандагони нақлиёти автомобилӣ ё соҳиби автомобил бояд ба мақомоти салоҳиятноки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:
- варақаи фавқулодаи низоми иттилоот дар бораи хатари намунаи муқарраркардашуда;
- дастурамал барои ҳамлу нақли намуди мушаххаси бори хатарнок, агар он дар номгӯи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои хатарнок мавҷуд бошад;
- ҳуҷҷат барои гирифтани маводи тарканда, ки онро мақомоти дахлдори ваколатдоршуда медиҳанд;
- хатсайри ҳаракати мувофиқашуда бо соҳибони роҳҳои автомобилӣ, нигоҳдорандагони иншооти сунъӣ ва коммуникатсия (кӯпрукҳо, забаркӯпрукҳо, роҳи давродаври оҳан, қубурҳо ва кабелҳои зеризаминӣ, хатҳои ҳавоии таъмини нерӯи барқ, коммуникатсия ва ғайра) ва Бозрасии давлатии автомобилӣ. Ҳангоми иҷро кардани ҳамлу нақли байналмилалӣ аз ҷониби интиқолдиҳандагони хориҷӣ мувофиқа бо тартиби шабеҳ сурат мегарад. Мувофиқа дар муддати аз 10 то 20 рӯз анҷом дода мешавад.
441) Ба ҳар намуди бори хатарнок дархости алоҳида ба расмият дароварда мешавад.
442) Ҳангоми интихоби хатсайр бояд аз гузаштани он тавассути нуқтаҳои калони аҳолинишин канорагирӣ намуд. Агар ҳамлу нақлро тавассути дохили нуқтаҳои аҳолинишин иҷро кардан зарур бошад, он гоҳ хатсайр набояд аз назди муассисаҳои намоишӣ, маданию равшаннамоӣ, таълимӣ, томактабӣ ва ғайра, ки ҷойи ҷамъшавиии одамон мебошанд, гузарад.
443) Ҳангоми ҳамлу нақли борҳои хатарнок, вобаста аз аҳамияти бор, гузарониши воситаҳои нақлиёт дар соатҳои шиддатнокии камтарини ҳаракат ва дар нуқтаҳои аҳолинишин бошад, танҳо рӯзона иҷозат дода мешавад. Ба таври истисно интиқол ҳангоми торикии шабонарӯз тавассути роҳҳо ва нуқтаҳои аҳолинишин бо шарти аз ҷониби мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кардани мушоиати махсус иҷозат дода мешавад.
444) Агар ҳангоми ҳаракат вазъе ба вуҷуд ояд, ки тағйирдиҳии хатсайрро тақозо менамояд, он гоҳ интиқолдиҳандагони нақлиёти автомобилӣ ё соҳиби автомобил бояд барои ҳаракат аз рӯи хатсайри нав бо тартиби муқарраршуда иҷозати махсус гиранд.
445) Дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ бояд ҷойҳои истгоҳҳо барои истироҳат ва тановули ғизо ҳадди ақал 200 метр дуртар аз биноҳои истиқоматӣ ба инобат гирифта шаванд. Дар қисми саворарави роҳ таваққуф намудан ва қарор доштани автомобилҳое, ки борҳои хатарнокро мекашонанд, манъ карда шудааст. Ҳангоми ҳамлу нақл ба масофаҳои дур автомобилҳое, ки борҳои хатарнокро мекашонанд, бо пойгоҳҳои сайёри бензингирӣ мушоиат карда мешаванд ё бо зарфҳои иловагии сӯзишворӣ пурра таҷҳизонида мешавад.
446) Ҳамлу нақли байналмилалии борҳои хатарнок мутобиқи Созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои хатарнок, инчунин талаботи Конвенсияи гумрук иҷро карда мешавад.
447) Борҳои хатарнок (таркишангез, заҳрнокиашон баланд, заҳрдор), ки нақлиёти автомобилӣ тӯда-тӯда мекашонад, наметавонанд барои ҳамлу нақл ба дигар намудҳои нақлиёт дар коммуникатсияи мустақими омехта дода шаванд.
448) Шартнома барои ҳамлу нақли борҳои хатарнок ба мисли қоидаҳои умумиқабулгардида (ҳаҷми дақиқкардашудаи ҳамлу нақл, мӯҳлати ҳамлу нақл, нуқтаҳои боркунӣ ва борфурорӣ ва реҷаи кори онҳо, шароити роҳ, мавҷудияти воситаҳои механизатсия оид ба корҳои борборкунӣ ва борфурорӣ, тартиби ҳисоб ва ғайра) бояд чунин талаботи махсуси дар ҳар ҳолати мушаххас тақозошавандаро фаро гирад:
- номгӯи пурраи хусусиятҳои физикию кимиёие, ки хосиятҳои хатарноки бори кашондашавандаро муайян мекунанд;
- тартиби азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт ва борбардорӣ;
- хусусиятҳои вазниву ҳаҷмии борҳо;
- тартиби ташкили дастаҳои садамавӣ оид ба рафъи оқибати ҳодисаҳо ҳангоми сар задани онҳо;
- чорабиниҳо оид ба ташкили коркарди махсуси воситаҳои нақлиёт;
- либоси ҳайати хизматрасон;
- чорабиниҳо оид ба ташкили мушоиати борҳои хатарнок бо экспедиторҳо ва посбонҳо;
- нақшаи омодасозии (таълим ё дастурдиҳии) ронандагон ва ҳайати хизматрасон;
- тартиби бо воситаҳои ҳимояи инфиродӣ таъмин намудани ронандагон ва ҳайати хизматрасон.
449) Ҳангоми зарурати анҷом додани корҳои ҳаҷман калон оид ба таъмини бехатарии борфиристанда, боргиранда ва интиқолдиҳандаи автомобилӣ, бояд байни онҳо шартномаҳои сетарафа баста шаванд, ки тамоми маҷмӯи муносибатҳои байниҳамдигариро танзим менамоянд.
450) Борборфиристандаи борҳои хатарнок мутобиқи муқаррароти шартнома ё дархости якдафъаина ӯҳдадор аст:
- ба интиқолдиҳандагони автомобилӣ ҳама асноди заруриро пешниҳод кунад;
- борро барои ҳамлу нақл омода созад ва боркуниро анҷом диҳад;
- ҳуҷҷатҳои ронандаи воситаи нақлиёти расидаро, ки ҳуқуқи ӯро барои иҷрои чунин ҳамлу нақл тасдиқ менамоянд, тафтиш кунад.
451) Интиқолдиҳандаи нақлиёти автомобилӣ ӯҳдадор аст:
- ҳама ҳуҷҷату меъёрҳои танзимкунандаи таъмини бехатариро, ки дар намуди дахлдори ҳамлу нақл амал менамоянд, қатъиян риоя кунад;
- ба тартиби муқарраргардида хатсайри ҳамлу нақлро таҳия ва мувофиқа намояд;
- таълиму дастурдиҳии ронандагон ва ҳайати хизматрасонро назорат кунад;
- ронандагонро бо тамоми ҳуҷҷатҳои нақлиётии ҳамроҳикунанда таъмин намояд;
- воситаҳои нақлиёт ва борбардориеро ҷудо кунад, ки онҳо талаботи бехатариро қонеъ мегардонанд, ё махсус барои ҳамин мақсадҳо таҷҳизонида шудаанд;
- барҳамдиҳии ибтидоии оқибатҳои ҳодисаро (то омадани дастаи садамавӣ) анҷом диҳад;
- чорабиниҳоро оид ба иҷрои талаботи низоми иттилоот оид ба хатар анҷом диҳад.
452) Боргиранда ҳуқуқ надорад, ки аз қабули борҳои хатарноки ба нишонаи ӯ омада даст кашад.
453) Ҳангоми анҷом додани ҳамлу нақли борҳои хатарнок ҳуҷҷатҳои зерини нақлиётию ҳамроҳикунанда тартиб дода мешаванд:
- иҷозати махсус;
- борхати нақлиётӣ;
- роҳхат;
- нақшаи ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар роҳҳои автомобилгард ;
- шаҳодатнома оид ба иҷозат додани ронандаи воситаи нақлиёт барои интиқоли борҳои хатарнок;
- шаҳодатнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт барои интиқоли борҳои хатарнок;
- варақаи садамавӣ ва итгилоотии низоми иттилоот оид ба хатар.
454) Иҷозати махсус аз ҷониби Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди тартиби муқаррар намудани хатсайрҳо ва пардохти маблағи боҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мизони муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад .
455) Ҳамлу нақли воситаҳои нақлиёт тавассути роҳҳои автомобилгард, новобаста аз шакли моликият, бо сарборӣ ва ҳаҷмҳои муқарраргардида мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
456) Агар санадҳои байналмилалии тасдиқнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи дигареро пешбинӣ карда бошанд, пас ин талабот истифода ва риоя мегарданд.
457) Вазни ҳадди ниҳоӣ ва ҳаҷмҳои воситаҳои нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ оид ба вазн ва ҳаҷмҳои воситаҳои нақлиёте, ки ҳамлу нақли байналмилалиро тавассути роҳҳои автомобилӣ анҷом медиҳанд, муқаррар карда мешаванд.
458) Ҳаракати воситаҳои нақлиёти дорои борҳои вазнин ва калонҳаҷме, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд, зимни мавҷудияти иҷозати махсус анҷом дода мешавад. Иҷозатҳои махсус аз ҷониби мақомоти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронидани пардохт, дода мешавад. Тартиби додани иҷозати махсусро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
459) Хатсайри ҳаракати воситаҳои нақлиёти дорои борҳои вазнину калонҳаҷме, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд, бо соҳибони роҳҳои автомобилӣ ва иншооти роҳи дар ҳамин хатсайр мавҷудбуда ва Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистрн мувофиқа карда мешавад. Гузарониши ин гуна воситаҳои нақлиёт дар соатҳои шиддатнокии камтарини ҳаракат, дар нуқтаҳои аҳолинишин бошадтанҳо рӯзона рухсат дода мешавад. Ҳамчун истисно, ҳангоми торикии шабонарӯз тавассути роҳҳои нуқтаҳои аҳолинишин гузариш ба шарти ҷудо кардани мушоиати махсуси мақомоти Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
460) Рӯйхати роҳҳои автомобилие, ки тавассути онҳо гузариши воситаҳои нақлиёти вазнин ва калонҳаҷм иҷозат дода мешавад, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
461) Ҳангоме, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёти дорои борҳои вазнин ва калонҳаҷм андешидани чораҳои махсусро оид ба мустаҳкамгардонӣ ё ободонии роҳи автомобилӣ ва иншооту коммуникатсияҳои буридагузарандаи он дар хатсайри ҳаракат тақозо мекунад, бо соҳибони иншоот ва коммуникатсияҳои мазкур мувофиқа ҳосил карда мешавад.
462) Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути иншооти роҳ, аз ҷумла кӯпрукҳо, нақбҳо, эстакада ва ғайра танҳо ҳангоми мутобиқати вазн ва ҳаҷмҳои воситаҳои нақлиёт бо меъёрҳои барои ҳамин иншоот муқарраргардида иҷозат дода мешавад.
463) Барои тавассути роҳҳои автомобилӣ гузаронидани воситаҳои нақлиёти дорои сарбориҳо ва ҳаҷмҳои аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд аз соҳибон ва истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт ҷуброни зарар ситонида мешавад.
464) Андозаҳои пардохтро барои тавассути роҳҳои автомобилӣ гузаронидани воситаҳои нақлиёти дорои сарбориҳо ва ҳаҷмҳои аз меъёрҳои муқарраркардашуда зиёд, ки омили фарсудашавии босуръати роҳҳои автомобилӣ ва иншооти роҳ мегарданд ва ба ҳаракати дигар истифодабарандагони роҳҳои автомобилӣ халал мерасонанд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хароҷот барои иҷрои корҳои иловагӣ ҷиҳати таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ ва иншооти роҳ муқаррар менамояд.
465) Барои гузариши воситаҳои нақлиёти дорои сарбориҳо ва ҳаҷмҳои аз меъёрҳои муқарраркардашуда зиёд тавассути роҳҳои автомобилӣ пардохти ҷуброни зарар ба таври зерин ситонида мешавад:
- барои зиёдии вазни умумии воқеии воситаҳои нақлиёт аз вазни иҷозатдодашуда;
- барои зиёдии сарбории умумии меҳварии воқеӣ аз сарбории иҷозатдодашуда;
- барои зиёдии ҳаҷмҳои воситаҳои нақлиёт аз ҳаҷми иҷозатдодашуда.
466) Параметрҳои ҳадди ниҳоӣ ва ҳадди вазни воситаҳои нақлиёт, инчунин андозаҳои пардохт барои зиёдии сарборӣ ба меҳвар ва иҷозати махсусро санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
467) Маблағҳое, ки барои зиёдии вазни умумии воқеӣ, барои зиёдии сарбории умумии меҳварии воқеӣ, барои зиёдии ҳаҷмҳои аз меъёрзиёди воситаҳои нақлиёт пардохта шудаанд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ таҳвил меёбанд.
468) Баркашии воситаҳои нақлиёт барои мутобиқати вазн, сарборӣ ва ҳаҷмҳо аз рӯи меъёрҳои дар роҳҳои вуруди автомобилии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт анҷом дода мешавад.
469) Амалиёти асосӣ ҳангоми баркашии воситаҳои нақлиёт мувофиқи банди 260 иҷро карда мешаванд.
470) Воситаҳои нақлиёти автомобилии дорои сарбориҳо ва ҳаҷмҳои аз меъёрҳои муқарраргардида зиёде, ки ба мақсади рафъи офатҳои табиӣ, ҳамлу нақли ёрии башардӯстона, иҷрои мудофиаи гражданӣ ва дигар супоришҳои махсус истифода мегарданд, аз пардохти ҷуброни зарар озод карда мешаванд.
Боби 17. Бехатарӣ ва ҳифзи муҳити атроф дар нақлиёти автомобилӣ
471) Ҳангоми анҷом додани ҳама гуна фаъолияти вобаста ба таъсир ба муҳити табиат ҳама иштирокчиёни муносибатҳои нақлиёти автомобилӣ ӯҳдадоранд, ки принсипҳои зеринро дастури амал қарор диҳанд:
- афзалияти ҳаёт ва саломатии инсонро риоя намоянд;
- шароити мусоиди экологии ҳаёт, меҳнат, истироҳати одамон, мавҷудияти олами наботот ва ҳайвонотро таъмин намоянд;
- бо дарназардошти имкониятҳои мавҷудаи минтақаи мушаххас захираҳои табиии онро оқилона истифода баранд;
- ошкорбаёнӣ ва мутобиқати фаъолияти худро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва ҷомеа марбут ба таъсир ба табиат таъмин намоянд.
472) Замин, обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, ҳавои атмосферӣ, ҷангалҳо ва дигар олами набототу ҳайвонот ва манзарҳои табиат аз ифлосшавӣ, талафёбӣ, зарар, камҳосилшавӣ ё вайроншавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
473) Моликони автомобил, интиқолдиҳандагони автомобилӣ, корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузории автомобилӣ, ки шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, баҳисобгарии таъсири фаъолияти худро ба муҳити атроф аз рӯи шаклҳои муқарраргардидаи ҳисоботи давлатии оморӣ роҳандозӣ мекунанд, дар асоси барномаҳои давлатӣ ва минтақавии экологӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити атроф ва истифодаи оқилонаи табиат чорабиниҳо ба нақша мегиранд ва амалӣ мегардонанд.
474) Маблағгузории фаъолият оид ба ҳифзи табиат дар сатҳҳои зерин анҷом дода мешавад:
- дар сатҳи ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ;
- дар сатҳи минтақавӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, инчунин маблағҳои корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, фондҳои мухталиф ва ғайра.
475) Моликони автомобил, интиқолдиҳандагони автомобилӣ, корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузории автомобилие, ки шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, бояд меъёрҳои истифодаи табиат дошта бошад, ки тибқи тартиби қонунгузории муқарраркарда муайян карда мешаванд.
476) Барои истифодаи захираҳои табиӣ ва ифлоскунии муҳити табиат аз ҳама моликони автомобил, интиқолдиҳандагони автомобилӣ, корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузории автомобилӣ, новобаста аз мақоми ҳуқуқии онҳо, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пардохт ситонида мешавад.
477) Меъёрҳои сифатҳои экологии техникии нақлиёти автомобилиро стандартҳои давлатӣ, шартҳои техникӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии бо тартиби муқарраргардида муайяннамудаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунанд.
478) Меъёрҳои сифатҳои экологии иқтидорҳои истеҳсолии маҷмааи нақлиёти автомобилӣ ва хадамоти хизматгузориҳои он, инчунин усулҳои муайянкунии онҳоро мақомоти ваколатдоркардаи махсуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд ва онҳо ба андозаи рушду нумӯи илму техника, бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ такмил дода мешаванд.
479) Барои ҳама манбаъҳое, ки ба муҳити табиат таъсири манфӣ мерасонанд, меъёрҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- ҳадди охири иҷозатшудаи хориҷкунии моддаҳои зарарнок;
- ҳадди охири иҷозатшудаи консетратсияҳои моддаҳои зарарноке, ки дар газҳои коркардашуда, обҳои ганда, партовҳои истеҳсолот вуҷуд доранд;
- ҳадди охирини иҷозатшудаи сатҳи садо, ларзиши майдони магнитӣ ва дигар таъсироти физикӣ.
480) Меъёрҳои мазкурро мақомоти ваколатдори махсуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.
481) Ҳангоми вайрон кардани талаботи меъёрҳои сифатҳои экологӣ, фаъолияти истеҳсолӣ ва дигар фаъолияте, ки бо истифодаи техникаи нақлиёти автомобилӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ оид ба хизматрасонӣ ва таъмири техникӣ ва хидматгузории он вобаста аст, метавонад бо амри мақомоти махсус барои ин ваколатдоркардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити атроф, назорати санитарию эпидемиологӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда, боздошта ва ё қатъ гардонда шавад.
482) Моддаҳои ифлоскунандае, ки дар натиҷаи фаъолияти корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузории автомобилӣ ба фазои ҳаво хориҷ мегарданд, набояд консетратсияҳоеро ба вуҷуд оранд, ки аз ҳадди иҷозатшудаи консентратсияҳои расман тасдиқгардида дар ҳудуди минтақаи санитарию муҳофизатии корхона зиёд бошанд.
483) Таъсири садое, ки дар натиҷаи фаъолияти корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузории автомобилӣ ба вуҷуд меояд, набояд аз меъёрҳои расман муқарраргардида дар иншооти истиқоматӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра, иншооти чӣ дар корхона ва чӣ дар қаламрави атрофи он қарордошта зиёд бошанд.
484) Обҳои ифлосшудаи иншооти истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ, хоҷагиву маишӣ, инчунин обҳои боронҳои сел аз ҳудуди корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузориҳои автомобилӣ набояд ба шабакаҳои канализатсия, иншооти обии рӯизаминӣ ё манзари маҳал бе покизакунии пешакии онҳо партофта шаванд.
Шартҳои ба шабакаҳои канализатсия партофтани партовҳои тозанашудаи хоҷагию маишӣ ва истеҳсолӣ тибқи шартномаи байни корхона ва молики шабакаҳои канализатсия ва иншооти обтозакунӣ муайян карда мешаванд.
485) Мавҷудияти моддаҳои ифлоскунанда дар партовҳои истеҳсолӣ ва хоҷагию маишӣ набояд аз ҳадди консентратсияи иҷозатшудаи муқарраргардида зиёд бошанд.
486) Дар сурати ба ҳаво хориҷ кардани моддаҳои ифлоскунанда, ба об ё хок партофтани он, ки дар натиҷаи садама, фалокат ё дигар ҳолатҳо ба миён омадааст, молики автомобил, интиқолдиҳандаи автомобилӣ, корхонаи нақлиёти автомобилӣ ё хизматгузории автомобилӣ вазифадор аст, барои бартараф сохтани оқибатҳои ифлосшавии муҳити атроф чораҳо андешад ва дар ин хусус мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалҳо ва кумитаи минтақавии экология ва биозахираҳоро огоҳ созад.
487) Корхонаи нақлиёти автомобилӣ бояд барои танзими муҳаррикҳои автомобилҳо ҷиҳати ҳадди ақали заҳрнокӣ ё дуднокии газҳои хориҷшаванда қитъаи истеҳсолӣ ва таҷҳизоти тафтиш дошта бошад. Анҷом додани чунин корҳо тибқи шартнома бо дигар корхона, ташкилот ё шахсони инфиродӣ, ки сертификати намунаи муқарраргардида доранд, иҷозат дода мешавад.
488) Тамоми масъулият барои фаъолияти ҳифзи табиати интиқолдиҳандагони автомобилӣ, корхонаи нақлиёти автомобилӣ ё хизматгузории автомобилиро соҳиби иҷозатнома, сертификат ё корманди масъули махсус барои ин таъиншуда ба зимма дорад.
489) Воҳидҳои минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт вазифадор ҳастанд, ки ба ӯҳдадориҳои иҷозатномавии интиқолдиҳандагони автомобилӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои қонунгузориву меъёрии аз нав тасдиқшуда тағйироти дахлдор ворид намоянд.
490) Партовҳои истеҳсолӣ бояд дар ҷойҳои махсус ҷудокардашудаи ҳудуди корхона, ба миқдори бо кумитаи экология ва истифодаи табиати минтақавӣ мувофиқагардида нигоҳ дошта шаванд.
491) Ба андозаи ғун шудан ҳама партовҳо бояд нобуд (утилизатсия) карда шаванд (ҳангоми мавҷудии воситаҳои утилизатсия) ё ба ҷойҳои махсус муқаррарнамудаи мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ кашонда шаванд, ки барои ин корхона бояд ҳуҷҷатҳои дахлдор (шартнома, варақа ва ғайра) дошта бошад.
492) Дар корхонаҳо вобаста ба намуд ва миқдори партовҳо бояд захиракунандаҳои гуногун: анбори дажгол (шлак), захирагоҳҳои обҳои гандаи истеҳсолӣ, ҳавз-таҳшингоҳ, захиракунанда - буғкунанда сохта шаванд.
Сохтани онҳо дар минтақаҳои кон ва дар қитъаҳои баромадани обҳои зеризаминии ширин, кӯлҳои рӯизаминӣ, обгузарҳо иҷозат дода намешавад.
493) Дар корхонае, ки пойгоҳи андохтани бензину сӯзишворӣ дорад, бояд ҷойҳо барои обрезӣ ва бензингирии воситаҳои нақлиёт, маводи сӯзишворию молиданӣ (МСМ) чунон муқаррар гарданд, ки имконияти афтодани сӯзишворӣ ва маводи молиданро ба хок, канализатсия ва обҳои ҷорӣ истисно менамоянд.
494) Пойгоҳи сӯзишворӣ ва бензингирӣ бояд таҷҳизоти дуруст дошта бошад, ки ҳангоми пуршавии зарфи бензингирӣ рехтани сӯзишворӣ истисно карда шавад.
495) Ҳангоми мавҷудияти зарфҳои рӯизаминӣ барои нигоҳдории МСМ бо ғунҷоиши беш аз 5 метри мукааб дар корхона бояд воситаҳоро барои барҳамдиҳии фаврии оқибатҳои садамаи вобаста ба берун рехтани онҳо аз зарфҳо пешбинӣ кунад.
496) Қитъаҳо ва коргоҳҳои коркарди механикии металлҳо, регхушккунакҳо бояд бо дастгоҳҳои инфиродии чангтозакунӣ, нақшаҳои гурӯҳии чангтозакунӣ ҷиҳозонида шаванд.
497) Коргоҳҳо ва қитьаҳои коркарди чӯбу тахта бояд дастгоҳҳои дорои иқтидори кофӣ барои тозакунии чанги чӯбу тахта дошта бошанд.
498) Дегхонаҳое, кӣ дар корхона ҳастанд ва бо сӯзишвории моеъ ё сахт кор мекунанд, бояд барои тоза кардани заррачаҳои сахт (дуда) аз газҳои партовшаванда дастгоҳҳои дахлдор дошта бошанд.
499) Коргоҳҳо ва қитъаҳои рангмолӣ (ҳангоми рангмолии тарзи пошидан) бояд барои тозакунии аэрозолӣ ва рангмаҳлулкунандаҳо дастгоҳҳои дахлдор дошта бошанд ё бо дастгоҳҳои беҳаво молидани ранг ҷиҳозонида шаванд.
Ҳангоми гузаронидани корҳои рангмолӣ берун аз бино рангмолӣ бояд бо усули беҳаво анҷом дода шавад.
500) Корхона бояд барои шустани воситаи нақлиёт, қисмҳо, ҷузъҳо ҷойҳои махсусе дошта бошад, ки онҳо шоридани обҳои ифлосро ба канализатсия, ҳавзҳои рӯизаминӣ ва хок истисно кунанд.
501) Дастгоҳҳои шӯянда бояд асбобҳои дошта бошанд, ки онҳо аз рӯи иқтидор ва самаранокии тозакунӣ ба талаботи қоидаҳои амалкунандаро ҷавобгӯ бошанд.
502) Тамоми дастгоҳҳои шӯянда бояд чун қоида, аз рӯи давраи сарбаста, бо истифодаи оби такроран поккоришуда кор кунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки технология пешбинӣ намудааст.
503) Корхонаҳо бояд асбобҳои дахлдори аз ҷониби мақомоти "Тоҷикстандарт" санҷидашудае бошанд, ки барои тафтишу танзими муҳаррикҳои автомобилҳо ҷиҳати заҳролудшавӣ ё дуднокии газҳои хориҷшаванда заруранд ва ё оид ба таъмини нишондиҳандаҳои экологии техникаи нақлиёти автомобилӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои амалкунандаи меъёрии техникӣ мунтазам корҳо анҷом диҳанд.
504) Таваққуфи воситаи нақлиёт дар ҳолатҳои ғайрикорӣ танҳо дар ҳудуди корхона, ҳангоми кор дур аз корхона ё агар корхона ҷой надошта бошад, пас дар ҷойҳои махсус таъингардида (истгоҳҳо), ки бо кумитаи минтақавӣ оид ба экология ва истифодаи табиат мувофиқа шудаанд, иҷозат дода мешавад.
505) Корхонаҳои дар ноҳияҳо ҷойгиршуда, ки он ҷо ҳарорати моҳи хунуктарин 15 С ва поёнтар аз он мебошад, бояд барои ҳама автомобилҳо қароргоҳҳои гарм ё майдончаҳои кушоди дорои дастгоҳҳои гармкунии муҳаррикҳо дошта бошанд.
506) Стендҳо барои санҷидани муҳаррикҳо ва ташхиси автомобил бояд низоми садопахшкунӣ, ки садоро то меъёри муқарраркардаи асноди амалкунанда паст менамояд, инчунин барои безараргардонии газҳои хориҷшаванда дастгоҳ дошта бошанд.
507) Ҳангоми истифодаи автомобилҳои газубаллонӣ дар корхона бояд барои рехтан ё андохтани газ аз баллони автомобил ба зарфи махсус посгоҳи махсус пешбинӣ гардида, хориҷ кардани газ ба атмосфера манъ карда шавад.
508) Автомобилҳое, ки мавриди истифода қарор доранд, бояд ҷавобгӯи талаботи стандартҳои амалкунанда нисбат ба нигоҳдории моддаҳои зарарнок ё дуднокии газҳои коркардшудаи муҳаррик бошанд.
509) Дар воситаи нақлиёте, ки аз корхона берун мешавад, бояд шоридани (ихроҷи) сӯзишворӣ, маводи молиданӣ ва дигар моеъҳои техникӣ пешгирӣ карда шаванд.
510) Ҳамлу нақли борҳо бояд чунон иҷро карда шавад, ки муҳити атрофро (ҳаво, об, хок, аз ҷумла фарши роҳро) ифлос накунад.
511) Борҳое, ки метавонанд муҳити атрофро ифлос кунанд, бояд дар зарфи маҳкаме, ки барои ба муҳити атроф афтодани онҳо монеъ мегардад ё дар воситаи нақлиёти махсусонидашуда кашонида шаванд.
512) Ҳангоми вайронкунии яклухтии зарф дар ҷараёни ҳамлу нақл, ки боиси талафоти бор ва ифлосшавии муҳити атроф мегардад, интиқолдиҳанда ӯҳдадор аст, ки фавран ҷиҳати рафъи ин ифлосшавӣ чораҳо андешад ва аз ин ҳусус ба борфиристанда ё боргиранда хабар диҳад. Ҳангоми имконнопазирии рафъи сабабҳои ифлоскунии муҳити табиат, интиқолдиҳанда бояд дар маврид Кумитаи минтақавии экология ва захираҳои биологӣ, мақомоти иҷроияи ҳукуматҳои маҳалро огоҳ созад.
513) Корхона бояд кори ронандагонро тавре ташкил намояд, ки қисми саворарави роҳ ва ҳудуди атрофии он чи бо партови маишӣ ва чи истеҳсолӣ ифлос карда нашавад.
514) Таъмири маҷбурии воситаи нақлиёт дар хати роҳ дар ҷойи муқаррарнагардида бояд тавре сурат гарад, ки қисми саворарави роҳ ё ҳудуди атрофи онро ифлос нанамояд.
515) Кори ронандагон бояд тавре ташкил карда шавад, ки автомобилҳо ҳаракатро танҳо тавассути роҳҳои муқарраргардида анҷом диҳанд.
516) Ҳаракати автомобилҳо тавассути фарши бо алаф ё дигар растанӣ пӯшидашуда манъ карда мешавад, ғайр аз корҳое, ки зимни корҳои муштарак бо мошинҳои хоҷагии қишлоқ дар саҳро иҷро карда мешаванд.
517) Инҳо манъ карда мешаванд:
- анҷом додани хизматрасонии техникӣ, аз ҷумла шустани автомобилҳо берун аз ҷойҳои барои ин мақсадҳо таъингардида;
- афрӯхтани оташ барои гарм кардани автомобилҳо, сӯзондани пору ва партовҳо.
Боби 18. Масъулият дар нақлиёти автомобилӣ
518) Моликони автомобил, интиқолдиҳандагон ва мизоҷоне (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,), ки аз нақлиёти автомобилӣ, хизматрасониҳои нақлиётию экспедитсионӣ, воситаҳои нақлиёти автомобилии ба онҳо ба иҷора ё кироя додашаванда истифода мебаранд, дар сурати иҷро накардан ё нодуруст иҷро намудани ӯҳдадориҳо оид ба ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ, борҳо, муросилоти почта, иҷора ё кирояи автомобилҳо, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷавобгар мебошанд.
519) Масъулияти интиқолдиҳанда барои фавт ё расонидани зарар ба саломатии мусофир тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
520) Интиқолдиҳанда барои фавт ё расонидани осеб ба саломатии мусофир, ки ҳангоми ҳамлу нақли автомобилӣ рух додаст, агар исбот карда натавонад, ки зиён дар натиҷаи гуноҳи худи ҷабрдида ба миён омадааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
521) Нисбат ба моликони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони автомобилӣ дар шакли огоҳӣ, ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёт ё боздоштани воситаи нақлиёт то рафъ намудани нуқсонҳои ҷойдошта ҳангоми чунин ҳолатҳо ҷазои маъмурӣ андешида мешавад:
- вайрон кардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- зиёд кардани суръати муқараргардидаи ҳаракат;
- вайрон кардани қоидаҳои интиқоли мусофирон, убури гузаргоҳҳои роҳи оҳан, дигар қоидаҳои ҳаракати роҳ;
- идора намудани воситаи нақлиёти автомобилӣ бе мутобиқати намуд ва талони баҳисобгирии вайронкуниҳо оид ба он, роҳхат ё ҳуҷҷатҳо барои воситаи нақлиёт, идоракунии нақлиёти дорои шишаҳои рангдодашуда, рақамҳои бақайдгирие, ки намунаи онҳо бо меъёрҳои муқарраркардаи давлатӣ (СТД) ё бо рақамҳои дигар воситаи нақлиёт мутобиқат надоранд;
- идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ;
- идора намудани воситаи рақлиёт бе ҳуқуқи идора, инчунин ҳангоми ба шахси дигари хуқуқи идора надошта вогузор намудани идораи воситаи нақлиёт;
- дигар муҷозоте, ки санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд.
522) Андозаи ҷаримаҳо ва мӯҳлатҳои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёти автомобилӣ бо Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
523) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ, борфиристанда ва боргиранда ҳангоми иҷро накардани шартҳои шартнома оид ба ҳамлу нақли борҳои хатарнок ва расондани зарар ба шахсони сеюм ё муҳити атроф дар натиҷаи сар задани ҳодисаи нохуш вобаста ба дараҷаи гуноҳи ҳар кадом ҷавобгар мебошанд. Ҳаҷм ва андозаҳои марбутаи ҷуброни зарарро комиссияи байниидоравӣ ё мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Шахсоне, ки барои ҳамлу нақли борҳои хатарнок масъуланд, тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
524) Шаҳрвандон ва шахсони мансабдор дар шакли огоҳӣ ва ҷарима дар ҳолатҳои зайл ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд:
- риоя накардани талаботи экологӣ оид ба ҳифзи муҳити табиӣ;
- иҷро накардани супориш ва талабот оид ба ҳифзи муҳити табиӣ ва истифодаи табиат;
- рад кардан ё саркашӣ намудан аз пешниҳоди иттилоот оид ба ҳолати муҳити табиӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ;
- хабар надодан аз партовҳои зиёда аз меъёр ва моддаҳои заҳролуди ба муҳити атроф партофташуда;
- вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи захираҳои об;
- вайрон намудани қоидаҳои истифодаи об;
- хароб кардани иншооту дастгоҳҳои хоҷагии об, вайрон намудани қоидаҳои истифодаи онҳо;
- расонидани зиён ба ҷангал бо обҳои ифлос, моддаҳои кимиёвӣ, партовҳои зарарнок, партовҳо ва ахлот;
- аз меъёр зиёд ё бидуни иҷозат партофтани моддаҳои заҳролуд ба фазои ҳаво;
- вайрон кардани қоидаҳои истифодаи иншоот ва таҷҳизот барои тозакунӣ ва назорати партовҳо ба фазо;
- ба истифода додани иншооте, ки талаботро оид ба ҳифзи ҳавои атмосферӣ ва талаботи зиддисӯхтор қонеъ намегардонанд;
- ба истифода додани воситаҳои нақлиёт бо меъёрҳои барзиёди нигоҳдории моддаҳои ифлоскунандаи газҳои дар онҳо коркардашаванда;
- истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки аз муҳаррикҳои онҳо моддаҳои эаҳролудкунандаи изофа аз меъёр хориҷ мегарданд;
- иҷро накардани супоришҳои мақомоти назорати ҳифзи фазои ҳаво;
525) Барои вайрон кардани Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилӣ бо гуноҳи мақомоти роҳ, кормандони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
526) Барои вайронкунии Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилӣ шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дар асоси санадҳои пешниҳоднамудаи моликони роҳҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
527) Новобаста аз пардохти ҷарима, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилиро вайрон кардаанд, зиёнеро, ки ба мақомоти роҳ расондаанд, пурра ҷуброн менамоянд.
528) Дар ҳолатҳое, ки зарари моддӣ бо гуноҳи мақомоти роҳ ба иштироккунандагони ҳаракат дар роҳ ва воситаҳои нақлиёти автомобилӣ расонида шудааст, мақомоти роҳ вазифадоранд зарари расонидашударо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд.
529) Истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилии дорои нуқсонҳое, ки бо ин нуқсонҳо истифодаи онҳо манъ аст, автомобилҳои бидуни иҷозати дахлдор ҷиҳозонидашудае, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта нашудаанд ё аз муоинаи давлатии техникии навбатӣ нагузаштаанд мутобиқи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷазои маъмурӣ нисбат ба шахсони мансабдори масъули ҳолати техникӣ ва истифодаи воситаҳо нақлиёти автомобилӣ, инчунин шаҳрвандон мегардад.
530) Молики автомобил ё интиқолдиҳандаи автомобили мутобиқи қонунгузории шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мизоҷ ё шахси сеюм дар доираи зараре, ки ба онҳо расонидааст ё фоидае, ки онҳо аз он маҳрум шудаанд, агар зарар ё фоидаи аздастдода бинобар нуқсони техникии воситаи нақлиёти автомобилӣ ба миён омада бошад, масъулияти амволӣ дорад.
531) Шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ, ки хизматрасонии техникии автомобилҳоро анҷом медиҳанд, дар доираи мӯҳлати кафолатии хизмати расонидашуда мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон" масъулияти амволӣ доранд.
532) Хизматрасонии техникии бесифат ё ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мувофиқ набуда амалан қатъ карда шуда ё иҷозатномааш боздошта мешавад.
533) Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки хизматрасонии техникии автомобилҳоро анҷом медиҳанд, мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мизоҷон ё шахсони сеюм дар доираи зарари ба онҳо расонидашуда ё фоидаи аздастдодаи онҳо масъулияти амволӣ доранд, агар зарар ё фоидаи аздастдода бо сабаби бесифат ё дар ҳаҷми нопурра анҷом додани хизматрасонии техникӣ рух дода бошад.
534) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои мӯҳлатҳои расонидани мусофирон, бағоҷ, бор ё муросилоти почта мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Оиннома ё Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаи интиқол ва Созишномаҳои байналмилалии тасдиқнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
535) Барои риоя накардани мӯҳлатҳои расонидани мусофирон ва бағоҷ, ки бо шартномаи ҳамлу нақл пешбинӣ гардидаанд, интиқолдиҳандагони автомобилӣ дар ҳолатҳои зерин ба андозаҳои зайл масъул мебошанд:
- ҳангоми ба таъхир мондани ҳамлу нақли мусофирон бо гуноҳи интиқолдиҳандаи автомобилӣ интиқолдиҳанда ба андозае, ки дар шартномаи байни фармоишгар ва интиқолдиҳанда басташудаи интиқоли мусофирон муқаррар гардидааст, илова ба ҷуброни зиёни мусофир, агар чунин зиён ҷой дошта бошад, ба мусофир ҷарима мепардозанд;
- барои гузаронидани мӯҳлати расонидани бағоҷ интиқолдиҳандаи автомобилӣ ба гирандаи бағоҷ ба андозаи 10 фоизи пардохти ҳамлу нақл барои ҳар як шабонарӯзи таъхир, шабонарӯзи нопурраро ҳамчун пурра ҳисоб намуда, вале на бештар аз 50 фоизи маблағи пардохти ҳамлу нақлро, ки дар шартнома нишон дода мешавад, ҷарима мепардозад. Гузаштани мӯҳлати расонидани бағоҷ аз соати 24-и рӯзе, ки бағоҷ бояд мерасид, ҳисоб карда мешавад. Пардохти ҷарима барои гузаронидани мӯҳлати расондани бағоҷ аз ҷониби интиқолдиҳанда ҳангоми супурдани бағоҷ дар асоси санаде, ки бо талаби мусофир тартиб дода шудааст, анҷом дода мешавад;
- барои гузаронидани мӯҳлати расонидани бор ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ интиқолдиҳанда ба боргирандагон ба андозаи 12 фоизи арзиши ҳамлу нақл (дар сурати фармоиши фаврӣ - ба андозаи 20 фоиз) барои ҳар шабонарӯзӣ ба таъхир андохташуда ҷарима мепардозад.
536) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ аз ҷавобгарӣ барои ба таъхир андохтани мӯҳлати расонидани бор ё бағоҷ ва муросилоти почта озод карда мешавад, агар батаъхиргузории интиқол бо гуноҳи ӯ рух надода бошад.
537) Интиқолдиҳанда барои зараре, ки ба фиристанда ё гирандаи бор ё бағоҷ, муросилоти почта бо сабаби батаъхиргузорӣ расонида шудааст, агар чунин ҳолат рух дода бошад, ҷавобгар аст.
538) Дар сурати батаъхиргузории навбатии ҳаракати (рейс) автобус дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба мӯҳлати 5 соат ва ё бештар аз он интиқолдиҳанда ӯҳдадор аст, аз ҳисоби худ мусофиронро дар меҳмонхона ҷой диҳад ва онҳоро бо хӯрок таъмин кунад.
539) Тибқи дархости мусофир ба ӯ ҳуҷҷати расмӣ дода мешавад ё дар чипта дар бораи батаъхиргузории ҳамлу нақл қайдҳо ворид карда мешаванд.
540) Дар сурати бекор кардан ё боздоштани навбат (рейс), ба истиснои ҳолатҳои амали қувваи рафънопазир, интиқолдиҳанда ӯҳдадор аст дар асоси интихоби мусофир ӯро бо навбати наздиктарин (рейс) то нуқтаи таъиноте, ки дар чипта нишон дода шудааст, фиристад ё маблағи пурраи арзиши чиптаро ба мусофир баргардонад.
541) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои гум шудан, камбуд ё зарар расидан ба бор ва бағоҷ аз лаҳзаи қабули он барои интиқол ва то лаҳзаи ба маҳали таъинот расонидан ё ба гаранда ва ё ба шахси дигари ваколатдор супурдани бор ё бағоҷ масъул аст.
Интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои амалҳои худ ё камбудиҳо, инчунин амалҳо ва камбудиҳои намояндагони худ, ронандагон ё ҳайати дигаре, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои аз шартномаи ҳамлу нақли автомобилӣ бармеомада истифода бурдааст, масъул мебошад.
542) Бағоҷи бақайдгирифта дар сурате гумшуда ҳисобида мешавад, ки агар ин ҳолат аз ҷониби интиқолдиҳандаи автомобилӣ эътироф гардидааст ва ё агар бағоҷ дар мӯҳлати 7 рӯзи баъди гузаштани санаи расонидани бағоҷ ба маҳали таъинот расонида нашуда бошад.
543) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои хароб гардидан ё зарар расидан ба бағоҷ ба андозаи маблағе, ки арзиши ҳақиқии он дар варақа ё эъломияи бағоҷ зикр гардидааст, ҷуброн мепардозад, вале чунин товон наметавонад аз арзиши муқарраргардидаи бағоҷ зиёд бошад.
Барои гум шудан ё камбудии бағоҷе, ки бо арзиши эълонгардида барои ҳамлу нақл қабул шудааст, интиқолдиҳанда ба андозаи арзиши эълонгардида зиёнро ҷуброн менамояд ва дар сурате, ки агар интиқолдиҳандаи автомобилӣ исбот кунад, ки арзиши эълонгардида аз арзиши ҳақиқӣ зиёд аст, ҷубронпулӣ ба андозаи арзиши ҳақиқии бағоҷи гумшуда пардохта мешавад.
Барои гум шудани бағоҷе, ки бе эълони арзиш барои интиқол қабул гардидааст, интиқолдиҳандаи автомобилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷубронпулӣ мепардозад.
Гум шудан, кам шудан ё зарари ба пул, чизҳои қиматбаҳо, қоғазҳои арзишнок ва дигар ашёи дорои арзиши хеле баланд (асарҳои санъат, ашёи атиқа ва ғайра) расонидашуда, ки дар бағоҷи барои ҳамлу нақл супурдашуда мавҷуд буданд, мутобиқи тарифи интиқоли бағоҷ ё бори бо арзишаш эълонгардида ва танҳо дар сурате, ки агар мусофир арзишро эълон карда бошад, аз ҷониби интиқолдиҳандагони автомобилӣ ҷуброн мегарданд.
544) Агар дар натиҷаи расонидани зараре, ки барои он интиқолдиҳанда ҷавобгар аст, сифати бор ё бағоҷ то андозае тағйир ёфта бошад, ки мувофиқи таъинот истифода бурда нашавад, гирандаи бор ё бағоҷ ҳуқуқ дорад, аз он даст кашад ва ҷуброни онро талаб намояд.
Ҳангоми ба интиқолдиҳанда барои ҳамлу нақл супоридани маблағҳои пулӣ, коғазҳои арзишнок, дигар борҳои гаронбаҳо интиқолдиҳанда барои зарари расондашуда, агар навъ ва арзиши бор нишон дода нашуда бошаддар доираи арзиши (нархи) эълонгардидаи бор ҷавобгар аст.
Тарафҳои шартномаи интиқол метавонанд дар бораи муқаррар намудани андозаҳои бештари ҷуброн барои зарар мувофиқа кунанд.
545) Агар бағоҷе, ки гумшуда ҳисобида шуда буд, дар тӯли як соли баъди рӯзи аз ҷониби мусофир талаб гардиданаш ёфт шавад, онгоҳ интиқолдиҳанда вазифадор аст, аз ин бобат ба мусофир хабар диҳад. Дар тӯли 30 рӯзи пас аз санаи гирифтани огоҳинома ва тасдиқномаи мусофир ҷиҳати омода будан ба қабули бағоҷ ва баргардондани ҷубронпулии ба ӯ пардохташуда, интиқолдиҳандаи автомобилӣ ӯҳдадор аст, бағоҷро ба суроғае, ки мусофир нишон медиҳад, расонад. Маблағи умумии ҷубронпулие, ки метавонад аз ҷониби интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои ҳамон як ҳодиса пардохта шавад, набояд аз маблағи ҳадди ақали пардохти суғуртавӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як ҷабрдида муқаррар намудааст, зиёд бошад, агар чунин ҳодиса дар қаламрави он рух дода бошад. Дар дигар кишварҳо андозаи ин маблағ бо қонунгузории дохилии ин давлатҳо муқаррар мегардад.
546) Агар идораи асосии (марказии) интиқолдиҳандаи автомобилӣ дар давлате ҷойгир бошад, ки қонунгузории он маблағи бештари ҷубронпулиро нисбат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд ё ҳадди ниҳоии онро муқаррар накардааст, он гоҳ барои муайян намудани маблағи умумии товони зарар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.
547) Дар сурати аз ҷониби мусофир рад гардидани қабули бағоҷи ёфтшуда интиқолдиҳандаи автомобилӣ ҳуқуқ дорад, ин бағоҷро ҳамчун моликияти худ ихтиёрдорӣ намояд.
548) Нигоҳдорӣ ва ҳифзи бори дастие, ки мусофир ҳамроҳи худ мегирад, ба ӯҳдаи худи мусофир вогузор карда мешавад.
549) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои гум шудан ё зарар дидани бори дастӣ ҷавобгар намебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки гуноҳи интиқолдиҳандаи автомобилӣ исбот карда шавад. Агар бори дастӣ дар натиҷаи истифодаи воситаи нақлиёти автомобилӣ гум шуда бошад ё ба он зарар расида бошад, он гоҳ масъулияти интиқолдиҳандаи автомобилӣ тибқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, муайян мегардад.
550) Интиқолдиҳанда барои гум шудан, камбуд ё зарар расидан ба бор, бағоҷ ва почтаи барои ҳамлу нақл қабулнамудааш ҷавобгар мебошад, агар исбот карда натавонад, ки бор, бағоҷ ва почта бо гуноҳи ӯ гум нашудааст, камбуд ё зарар расонида нашудааст.
551) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад, агар гум шудан ё зараррасонӣ бинобар нуқсони худи бағоҷ, бо таваккали дар он мавҷуд будани маводи зудвайроншаванда, барои интиқол хатарнок, ё дар натиҷаи ҳолатҳое, ки интиқолдиҳандаи бор, сарфи назар аз андешидани чораҳои зарурӣ, натавонистааст нуқсро бартараф созад ё бо айби мусофир рух дода бошад.
Ҳангоми дар бағоҷи барои ҳамлу нақл супоридашуда ошкор гардидани моли манъгардида молики бағоҷ барои ҳар як ҷои бағоҷ ба андозае, ки дар тарифҳо пешбинӣ гардидааст, ҷарима мепардозад.
552) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ наметавонад бо истинод ба нуқси ҷисмонӣ ё рӯҳӣ доштани ронанда, нуқс доштан ё вайрон будани воситаи нақлиёти автомобилӣ ё гуноҳи шахсе, ки воситаи нақлиёти автомобили аз ӯ кироя шудааст, масъулияти худро соқит намояд.
553) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои амнияти бор масъул аст, агар исбот карда натавонад, ки гум шудан, хароб гардидан ё зиён дидани бор дар натиҷаи ҳолатҳое рух додааст, ки ӯ наметавонист онро пешгирӣ намояд ва бартараф сохтани зарар аз ӯ вобаста набуд ё дар натиҷаи амали қувваҳои рафънопазир, аз ҷумла дар ҳолатҳои зерин рух додааст:
- гуноҳи борфиристанда (боргиранда);
- хусусиятҳои махсуси табиии бори интиқолдодашаванда;
- ноқисии зарф ё бастабандӣ, ки ҳангоми қабули бор барои ҳамлу нақл аз рӯи намуди беруна наметавонистанд ислоҳ карда шавад, ё истифодаи зарфе, ки ба хусусиятҳои бор ё стандартҳои муқарраргардида мутобиқ намебошад, ҳангоми набудани нишонаҳои расидани зарар ба зарф дар роҳ;
- супоридани бор барои ҳамлу нақл бидуни нишон додани хосиятҳои хоси он дар ҳуҷҷатҳои молию нақлиётӣ, ки шароити махсус ё чораҳои эҳтиётии нигоҳдории борро ҳангоми ҳамлу нақл ва нигоҳдорӣ талаб менамояд;
- барои ҳамлу нақл супоридани боре, ки намнокияш аз меъёри муқарраргардида зиёд мебошад.
554) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ дар ҳолатҳои зерин аз масъулият барои гум шудан, хароб гардидан ё расидани зарар ба бор озод карда мешавад:
- бор дар автомобили (контейнери) бенуқсон, бо мӯҳрмуми дуруст борфиристанда ва бори донабайъ бошад- бо тамғаи ҳифозатии дуруст, бастаҳо, мӯҳрмуми дурусти борфиристанда ё истеҳсолкунанда расидааст;
- камбуд, харобӣ ё зарари бор дар натиҷаи ҳолатҳои табиӣ вобаста ба ҳамлу нақл тавассути воситаи нақлиёти рӯкушода (бо сабаби боришот, шамол, хушкшавӣ ва ғайра) рух дода бошад;
- бор бо мушоияти экспедитори борфиристанда (боргиранда) интиқол дода шуда буд;
- камомади бор аз меъёри камшавии табиӣ зиёд намебошад.
555) Камшавии табиии бори интиқолдодашаванда аз рӯи ҳар як борномаи молию нақлиётӣ, новобаста аз навъи бори интиқолдодашаванда ва усули боркунӣ ва борфарорӣ алоҳида ҳисоб карда мешавад.
556) Камбуд ё изофагии бори ба шакли тӯда, рехта ё моеъ интиқолшаванда бо бор кардан ба нақлиёти дигар дар роҳ, боре, ки як борфиристонанда ба суроғаи як боргиранда фиристодааст ва дар воситаи нақлиёти дуруст, бидуни нишонаҳои нуқсон дар роҳ расидааст, ба таври истисно аз рӯи натиҷаҳои тафтиши тамоми ҳаҷми бори якбора додашуда муайян карда мешавад.
557) Борфиристанда ва боргиранда ҳуқуқ доранд, борро гумшуда ҳисоб кунанд ва барои он ҷуброн талаб намоянд, агар ин бор бо талаби боргиранда ба ӯ супурда нашуда бошад:
- ҳангоми ҳамлу нақли шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ - дар давоми 10 рӯзи баъди қабули бор;
- ҳангоми ҳамлу нақли байнишаҳрӣ - дар давоми 30 рӯзи баъди гузаштани мӯҳлати ҳамлу нақл;
- ҳангоми интиқоли омехтаи бевосита пас аз чор моҳ аз рӯзи қабули бор барои ҳамлу нақл.
558) Интиқолдиҳандаи автомобили зарари ҳангоми интиқоли бор расонидашударо ба андозаҳои зерин ҷуброн менамояд:
- барои гум кардан ё камомади бор- ба андозаи арзиши воқеии бори гумшуда ё зарардида;
- барои хароб гардидани бор ё зарар расидан ба бор - ба андозаи он маблағе, ки арзиши бор ба ҳамон андоза кам шудааст, дар сурати ғайриимкон будани барқароркунии бори зарардида бошад - ба андозаи арзиши он;
- барои гум шудани боре, ки бо эълони арзиш барои ҳамлу нақл супорида шудааст
- ба андозаи арзиши эълонгардида, агар исбот карда нашавад, ки арзиши эълонгардида пасттар аз арзиши воқеӣ мебошад.
559) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ дар баробари ҷуброни зарари муқарраргардида вобаста ба гум шудан, камбуд, хароб гардидан ё зарари бори интиқолдодашаванда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҳамлу нақли бор, арзиши интиқоли бори гумшуда, камбуд, харобгардида ё зарардидаро бармегардонад, агар он ба нархи бор дохил карда нашуда бошад.
560) Борфиристандагон ва боргирандагон ӯҳдадоранд зарареро, ки ба интиқолдиҳанда дар натиҷаи барзиёд бор кардани бор бо гуноҳи онҳо содир шудааст, зарари ҳангоми боркунӣ ва борфарорӣ, нодуруст бор кардан, бастан ё нодуруст маҳкам кардани бор ба нақлиёт расонидашударо ҷуброн намоянд.
561) Ҳангоми аз ҷониби интиқолдиҳанда барои эҳтиёҷоти худ истифода бурдани боре, ки барои интиқол қабул кардааст, шахсони гунаҳгор мутобиқи тартиби муқарраргардида ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, интиқолдиҳанда бошад арзиши борро ба андозаи панҷкарата бармегардонад.
Арзиши бор бо дарназардошти маблағи умумии ҳисоби борфиристанда муайян карда мешавад.
562) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ арзиши бори гумшуда, камбуд, харобшуда ё зарардидаро дар асоси ҳисобҳои борфиристанда (боргаранда) тибқи шикоят ба борфиристанда (боргиранда) ҷуброн менамояд ва дар ҳолатҳое, ки ҳисобу китоб барои бор тавассути бонк анҷом дода намешавад, дар асоси дигар ҳуҷҷате, ки ҳисобро иваз мекунад, ҷуброн менамояд. Агар вобаста ба бори гумшуда, камбуд, харобшуда ё зарардида борфиристанда (боргиранда) барои пардохти маблағҳои ҳатмӣ ӯҳдадор буда, вале ҳисоби борфиристанда аз рӯи нархҳо бидуни онҳо таҳия шуда бошад, ба маблағи ҳисоби аризадиҳанда маблағи дахлдори ҳатмие, ки бо маълумотномаи мақомоти молиявӣ тасдиқ карда мешавад, илова мегардад.
Ҳангоми ҳамлу нақли дохилинизомии борҳо, ки ҳисобу китоб аз рӯи онҳо байни борфиристанда ва боргиранда мувофиқи нархҳои бидуни андоз аз муомилоти он анҷом дода мешавад ва баъди фурӯши онҳо андоз аз муомилот ба буҷет пардохта мешавад, борфиристандагон метавонанд ба интиқолдиҳанда бар ивази маълумотномаи мақомоти молиявӣ иқтибосро аз нархномаи нархҳои яклухти маҳсулот, бо зикри андози аз муомилот ситондашаванда пешниҳод кунанд.
563) Арзиши борҳо, ки вобаста ба иҷрои талаботи банди 543 ҳамин модда зарур аст, аз рӯи нархҳои амалкунандае, ки тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд, дар сурати мавҷуд набудани онҳо - аз рӯи нархҳои миёнаи бозорӣ, ки дар ҳамон вақт амал мекарданд, дар ҷой ва вақте, ки бор бояд супурда мешуд, муайян карда мешавад.
564) Барои дер омадани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки барои бор кардан ё борфарорӣ берун аз мӯҳлати муқаррарнамудаи борфиристанда ё боргиранда расидаанд, агар он бо гуноҳи ӯ рух дода бошад, ба интиқолдиҳанда тибқи тарифҳо ё шартномаҳо барои ҳар як дақиқаи бекористӣ вобаста ба борбардории воситаи нақлиёт ҷарима мепардозад.
Ҳангоми бекористии автомобилҳои махсусгардонидашуда андозаи ҷарима ду маротиба меафзояд.
Ҷаримаҳои мазкурро борфиристанда ё боргиранда ҳамчунин барои бекористии воситаи нақлиёти автомобилӣ бо гуноҳи ӯ дар гаражи интиқолдиҳанда ё дар роҳи ҳаракат пардохт менамояд.
Ҷарима барои бекор истодани воситаи нақлиёти автомобилӣ, новобаста аз ҷарима барои иҷро нагаштани шартномаи ҳамлу нақл, ситонида мешавад.
565) Барои ҳисобкунии ҷарима ҷиҳати бекористии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ қайдҳо дар ҳуҷҷати молию нақлиётӣ ва роҳхат оид ба вақти омадан ва равона шудани автомобилҳо, барои бекористии автомобил дар гараж-радномаи хаттии борфиристанда ё боргиранда асос мебошад.
566) Баъди гузаштани як соати интизории боркунӣ интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад, воситаи нақлиётро ба гараж баргардонад ё онро барои дигар ҳамлу нақл истифода барад. Дар чунин ҳолат ҳамлу нақл баргузорнагардида ҳисобида мешавад, ҳисоби ҷарима барои бекор истодан қать мегардад ва интиқолдиҳанда барои иҷро нашудани ҳамлу нақл масъул намебошад.
567) Интиқолдиҳанда ҳуқуқ надорад, ки аз борфиристандагон (боргирандагон) барои бекор истодан дар вақти боркунӣ ҳангоми сафари аввал, ҳангоми беш аз 30 дақиқа дер омадани автомобил ба нуқтаи боркунӣ хилофи мӯҳлати дар шартнома мувофиқашуда ҷарима ситонад.
568) Барои зиёда аз меъёри муқарраргардида боздоштани контейнерҳо корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо - борфиристандагон ва боргирандагон барои ҳар як соати боздорӣ ҷарима мепардозанд, ки андозаи он дар шартнома пешбинӣ гардидааст.
Ҷарима барои боздоштани контейнерҳо, новобаста аз ҷарима барои иҷро нагардидани ҳамлу нақл тавассути контейнерҳо ситонида мешавад.
Барои боздоштани контейнерҳое, ки ба корхонаҳои дигар намуди нақлиёт мутааллиқанд, борфиристандагон ва боргирандагон ба корхонаҳо ва ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ ба андозаи дар Оинномаҳои нақлиёти намудҳои марбута пешбинигардида ҷарима мепардозанд.
569) Борфиристанда ва боргиранда аз пардохти ҷарима барои бекористии воситаи нақлиёт ва боздоштани контейнерҳо аз пардохти андоз озод карда мешаванд, агар бекористии воситаи нақлиёт ва боздории контейнер бинобар ҳодисаҳои табиӣ (барфтӯда, обхезӣ, сӯхтор, заминҷунбӣ ва ғайра) ё садама дар корхона рух дода бошад, ки дар натиҷаи онҳо мутобиқи муқаррарот анҷом додани корҳои боркунӣ ва борфарорӣ манъ аст.
570) Агар борфиристанда барои ҳамлу нақл бореро пешниҳод намуда бошад, ки дар дархост ё супоришҳои якдафъаинаи барои иҷро қабулгардида пешбинӣ нашудааст ё барои интиқол ба маҳали дигар таъин гардида бошад, интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад, ҳамлу нақлро рад кунад ва арзиши рафту омади автомобилро ситонад.
571) Барои дар ҳуҷҷати молию нақлиётӣ нодуруст нишон додани номгӯи бор ё барасмиятдарории нодурусти онҳо борфиристанда ба андозаҳои дар шартнома пешбинигардида ҷарима мепардозад.
Барои саркашӣ аз барасмиятдарорӣ ё нодуруст ба расмият даровардани ҳуҷҷати молию нақлиётӣ, инчунин роҳхат борфиристанда ё боргиранда бо тартиби бечунучаро вобаста ба ҳар як ҳуҷҷати молию нақлиётӣ ба андозаи дар тарифҳо пешбинигардида ҷарима мепардозад.
572) Барои пешниҳоди боре, ки кашонданаш манъ аст ё боре, ки ҳангоми интиқол чораҳои махсуси эҳтиётиро талаб мекунад ва нодуруст нишон додани ном ва хусусияти бор аз борфиристанда ба ғайр аз ҷуброни зиёне, ки ба корхона ё ташкилоти нақлиёти автомобилӣ расонда шудааст, тибқи қонунгузорӣ ҷарима ситонида мешавад.
573) Ситонидани ҷаримаҳои пешбининамудаи бандҳои 534 - 563 ҳамин Оиннома тавассути муассисаҳои қарзӣ бо тартиби бечунучаро (бидуни пазириши (аспекти) пешакӣ) анҷом дода мешавад.
574) Интиқолдиҳанда, мусофирон, борфиристандагон, боргирандагон барои пешниҳод накардани воситаҳои ҳамлу нақл, барои ҳамлу нақл пешниҳод нагардидани бор ва барои дигар ҳодисаҳои вайронкунии ӯҳдадориҳое, ки аз шартномаҳои амалкунанда бармеоянд, масъул мебошанд.
575) Барои иҷро накардани ҳаҷмҳои якмоҳаи ҳамлу нақл ё супориши якдафъаинаи барои иҷро қабулгардида тибқи шартномаҳои амалкунанда Тарафи гунаҳгор ба андозаи 20 фоизи арзиши ҳамлу нақли бори пешгиҳодгардида ё дар мӯҳлати муқарраргардида интиқолнашуда, бо дарназардошти масофаи шартномавии ҳамлу нақли ин бор, ҷарима мепардозад.
Арзиши ҳамлу нақли бори пешниҳоднагардида ё интиқолдоданашуда дар асоси тарифҳои шартномавӣ ва масофаи миёнаи ҳамлу нақл муайян карда мешавад.
576) Иҷрои нақшаи ҳамлу нақл дар варақаи баҳисобгирӣ қайд карда мешавад, ки онро интиқолдиҳанда ва борфиристанда (боргиранда) имзо мекунад. Шакл ва қоидаҳои тартиб додани варақаи баҳисобгириро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд .
Дар охири моҳ, вале на дертар аз санаи 10-уми моҳи оянда, интиқолдиҳанда ва фармоишгар ҳисобу китобро оид ба маблағҳои ҷаримаҳои барои иҷро нагардидани ҳамлу нақл ба ҳамдигар пешниҳод менамоянд.
577) Маблағи ҷарима бояд дар мӯҳлати панҷ рӯз пардохта шавад. Ҳангоми ба истгоҳҳои роҳи оҳан, бандарҳо, фурудгоҳҳо мутамарказ ворид (содир) намудани борҳо Тарафҳо барои иҷро накардани ҳаҷмҳои шабонарӯзии интиқоли байни онҳо мувофиқагардида тибқи тартиб ва андозаҳое, ки қоидаҳои воридоти (содироти) мутамаркази борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ ба истгоҳҳои роҳи оҳан, ба бандарҳо ва фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, масъулияти моддӣ доранд.
578) Барои сари вақт пешниҳод нагардидани воситаи нақлиёт ба нуқтаи боркунӣ, хилофи вақти мувофиқагардида расидани он интиқолдиҳанда ба борфиристанда (боргаранда) ҷарима мепардозад.
Шартҳои ситонидани ҷаримаи мазкур ва андозаи он дар тарифҳо пешбинӣ карда мешаванд.
579) Интиқолдиҳанда барои иҷро накардани супориши шартномаи амалкунанда ё якдафъаина ҷиҳати иҷрои амалиёт ва хизматрасониҳои нақлиётию экспедитсионӣ ба борфиристанда мутобиқи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо ва шартнома ҷарима мепардозад.
580) Барои ба миқдори пешбиникардаи шартнома ё дархости якдафъаинаи барои иҷро қабулгардида пешниҳод накардани автомобилҳои боркаш, автобусҳо ё таксиҳои хатсайргарде, ки кори онҳо аз рӯи тарифи вақтбайъ пардохта мешавад, ё ҳангоми дер аз мӯҳлат пешниҳод намудани ин автомобилҳо, автобусҳо, таксиҳои хатсайргард, интиқолдиҳанда ба борфиристанда (боргиранда), инчунин ба фармоишгари автобусҳо ё таксиҳои хатсайргард ба андозаи 20 фоизи арзиши истифодаи автомобилҳои боркаш, автобусҳо ё таксиҳои хатсайргард, бо дарназардошти вақти истифода, ки дар шартнома ё супориш нишон дода шудааст, ҷарима мепардозад.
581) Ҳангоми даст кашидани борфиристанда (боргиранда), инчунин фармоишгари автобусҳо, таксиҳои хатсайргард аз пурра ё қисман истифода бурдани автомобилҳои боркаш борфиристанда (боргиранда), ё фармоишгари автобусҳо ё таксиҳои хатсайргард ба интиқолдиҳанда ба андозаи 20 фоизи арзиши истифодаи автомобилҳои боркаш, автобусҳо ё таксиҳои хатсайргард, бо дарназардошти вақти истифода, ки дар шартнома ё фармоиш нишон дода шудааст, ҷарима мепардозад.
582) Интиқолдиҳанда ва борфиристанда (боргиранда) аз пардохти ҷарима барои иҷро накардани нақшаи ҳамлу нақли аз рӯи шартномаи давомдор мувофиқашуда ё фармоиши якдафъаинаи барои иҷро қабулгардида озод карда мешаванд, агар он бо чунин сабабҳо рӯй дода бошад:
- ҳодисаҳои дорои хусусиятҳои табиӣ (тӯдашавии рег, барф, обхезӣ, сӯхтор, заминҷунбӣ ва ғайра);
- садама дар корхона, ки дар натиҷаи он кори корхона қать карда шуда буд;
- муваққатан қатъ ё маҳдуд гардидани ҳамлу нақли борҳо тавассути роҳҳои автомобилӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи бандҳои 390, 391 ҳамин Оиннома сурат гирифтааст.
583) Боргирандае, ки борро ҳангоми воридоти мутамарказ аз истгоҳҳои роҳи оҳан, бандарҳо, фурудгоҳҳо, аз интиқолдиҳанда дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Оинномаҳои намудҳои дахлдори нақлиёт ё Қоидаҳои дар асоси онҳо нашргардида қабул накардааст, ба интиқолдиҳанда барои зарарҳои вобаста ба он ҷубронпулӣ мепардозад, аз ҷумла боҷҳои барои нигоҳдории борҳо пардохтшуда ва ҷаримаҳо.
584) Мусофир барои иҷрои ӯҳдадориҳои дар асоси шартнома ба зимма гирифтааш тибқи тартиб ва андозаҳое, ки дар ин шартнома қайду шарт гардидаанд, масъул мебошад.
Мусофир барои зиёне, ки бо гуноҳи ӯ ба шахсони дигар, амволи интиқолдиҳандаи автомобилӣ ва амволи дигар шахсон расонида шудааст, масъул мебошад.
585) Ҳангоми чипта надоштани мусофир ё нишон додани чиптаи аз эътибор соқитшуда аз ӯ арзиши чипта ситонида мешавад ва барои амалҳои зерин ҷарима баста мешавад:
- рафтуомад бечипта ё напардохтани маблағи кашондани бағоҷ дар автобус ё таксии хатсайргарди шаҳрӣ, наздишаҳрӣ- ба андозаи роҳкирои даҳқаратаи мусофир ва маблағи кашондани бағоҷ;
- рафтуомади бечипта дар хатсайрҳои дохиливилоятӣ, байнивилоятӣ ва байналмилалӣ- андозаи ҷаримаҳо ба арзиши чипта баробар аст ва агар бағоҷ кашонда шавад, онгоҳ барои ҳар як ҷои бағоҷ ба андозаи маблағи кашондани бағоҷ.
586) Мусофире, ки аз пардохти арзиши ҳаракат ва андозаи ҷарима саркашӣ мекунад, аз автобус, таксии хатсайргард фуроварда (дур карда) мешавад.
587) Мусофир барои ҳама зараре, ки бо сабаби пешниҳоди нодуруст, нопурра ё ғалати маълумоти дар ҳуҷҷатҳои молию нақлиётӣ барои ҳамлу нақли бағоҷу бори дастӣ нишондодашуда расонидааст, дар назди интиқолдиҳанда масъул мебошад.
588) Мусофир барои вайрон намудани қоидаҳои убури сарҳади давлатӣ, барои итоат накардан ба мақомоти гумрук, андоз, молия ва дигар мақомоти маъмурие, ки ба ӯ ва бағоҷи ӯ дахл доранд, масъул мебошад. Интиқолдиҳанда дар ин ҳолат барои оқибатҳои итоат накардани мусофир ба ин қоидаҳо масъул намебошад. Мусофир ӯҳдадор аст ба интиқолдиҳанда тамоми хароҷотеро, ки аз ҷониби мусофир барои вайрон кардани ин қоидаҳо расонида шудаанд, ҷуброн намояд.
589) Барои тавассути автобусҳо, таксиҳои хатсайргард ва сабукрав интиқол додан, инчунин ба бағоҷ ё ба бағоҷхона супурдани модда ва маводи тарканда, зуддаргиранда, заҳролудкунанда, сӯзонанда ва бадбӯй мусофир масъулияти моддӣ дорад ва ҳангоми расонидани зарар, хароб гардидан, нобуд шудани амволи интиқолдиҳанда ва расонидани зарар ба шахсони дигар дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои ҳамлу нақл ва нигоҳ доштани чунин моддаҳо мусофир тамоми хароҷоти воқеиро ҷуброн менамояд.
590) Барои иҷро накардан ё нодуруст иҷро намудани ӯҳдадориҳо дар асоси шартномаи экспедитсия интиқолдиҳанда (экспедитор) тибқи асосҳо ва андозае, ки қоида ва меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, масъул мебошанд.
591) Агар экспедитор исбот кунад, ки ӯҳдадориҳо дар натиҷаи нодуруст иҷро гардидани шартномаҳои ҳамлу нақл, ки бояд аз ҷониби интиқолдиҳанда сурат мегирифт, рух додаст, он гоҳ метавонад ҳуқуқҳои даъворо истифода намуда, ба интиқолдиҳанда даъво пешниҳод кунад.
592) Ҳангоме, ки якчанд интиқолдиҳанда паси ҳам ҳамлу нақли борро (дар асоси ҳуҷҷати ягонаи нақлиётӣ) иҷро мекунанд, онҳо метавонанд дар шартнома барои нобудшавӣ, камбуд, хароб шудан, зарар дидан ва гузаронидани мӯҳлати интиқол аз ҷониби ягон интиқолдиҳандаи бор масъулияти муштарак дошта бошад
593) Интиқолдиҳанда дар назди мақомоти коммуникатсия барои нобудшавӣ, камбуд, хароб шудан, зарар дидан ва боздоштани мӯҳлати интиқоли почта бо айби интиқолдиҳанда дар ҳаҷме, ки муассисаҳои алоқа дар назди фиристандагон ё гирандагон масъул аст, ҷавобгар мебошад.
594) Агар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ё якчанд воситаи нақлиёти автомобилӣ ба ҳамдигар бархӯрда бошанд ё ягон воситаи нақлиёти автомобилӣ ба дигаре зарар расонида бошад, масъулияти амволии байниҳамдигарии интиқолдиҳандагон ба тариқи зайл муайян карда мешавад:
- зарари бо айби як Тараф расонида шуда дар ҳаҷми пурра аз ҷониби ин Тараф ҷуброн карда мешавад;
- агар зарар бо айби ҳарду (якчанд) Тараф расонида шуда бошадмасъулияти ҳар яке аз Тарафҳо мутобиқи дараҷаи гуноҳи он муқаррар карда мешавад.
- агар зарар бо айби ҳарду (якчанд) Тараф расонида шуда бошад ва ошкор намудани дараҷаи гуноҳи тарафҳо номумкин бошад- масъулияти ҳар кадом Тараф баробар муқаррар карда мешавад.
595) Агар Тарафҳо барои расонидани зарар гунаҳгор набошанд, ҳеҷ яке аз онҳо ҳуқуқ надорад, аз Тарафи дигар ҷуброни зарарро талаб намояд.
596) Барои иҷро накардани ҳаҷмҳои интиқол, ки дар шартномаҳо пешбинӣ гардидаанд, корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва корхонаҳои дигар намуди нақлиёт масъулияти амволӣ доранд.
597) Корхонаҳо ва ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ барои иҷро накардани меъёри шабонарӯзии кашондани борҳо ва ба ҷои таъинот нарасондани онҳо масъул мебошанд.
598) Корхонаҳо ва ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳҳои оҳан ва корхонаҳои дигар намуди нақлиёт метавонанд дар рӯзҳои алоҳида барои иҷро накардани меъёри миёнаи шабонарӯзии кашондани борҳо аз масъулият озод карда шаванд:
- ҳангоми дар рӯзҳои гузаштаи моҳ зиёда аз меъёр иҷро намудани корҳои боркашонӣ;
- ҳангоми пуракунӣ, дар тӯли нимаи якум ё мутобиқан, нимаи дуюми моҳ даъват накардан ё пешниҳод нагардидани вагон, ки дар рӯзҳои алоҳидаи ҳамин нимаи моҳ роҳ дода шуда буданд.
599) Барои иҷро накардани ҳаҷмҳои шартномавии кашонидани борҳо дар ҳамлу нақли омехтаи бевосита корхонаҳо ва ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, бандарҳо (борандозҳо) ва фурудгоҳҳо, ки барои ин гунаҳгоранд, ба андозаи дар шартнома пешбинигардида ҷарима мепардозанд.
600) Ҷавобгарӣ барои нигоҳдории бор то лаҳзаи супоридани воқеӣ ба зиммаи Тарафи супоранда ва баъди супурдани воқеъӣ - ба зиммаи тарафи қабулкунанда гузошта мешавад.
601) Масъулияти корхона ва ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва корхонаҳои дигар намуди нақлиёт барои нигоҳдории борҳои ҷиҳати интиқол ба ҳамлу нақли омехтаи бевосита қабул гардидаанд, дар асоси шартнома муайян карда мешавад.
602) Корхонаҳо ва ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, бандарҳо (борандозҳо) ва фурудгоҳҳо барои ба нуқтаҳои борхоликунӣ боздоштани автомобилҳо, вагонҳо, киштиҳо ва ҳавопаймоҳое, ки барои боркунӣ ва ё борфурорӣ пешниҳод гардидаанд, изофа аз мӯҳлатҳои муқарраргардида (бозистии зиёда аз меъёр) тибқи тартиб ва андозаҳое, ки шартномаҳо, қоидаҳо ва тарифҳои дар нақлиёти марбута амалкунанда пешбинӣ гардидаанд, масъулияти муштараки амволӣ доранд.
603) Борфиристандагон, интиқолдиҳандагон ва экспедиторон масъулияти муштарак доранд.
а) Борфиристандагон, барои инҳо масъуланд:
- барои ҷиҳати ҳамлу нақли пешниҳод накардани борҳо тибқи ҳаҷм, номгӯй ва мӯҳлатҳо;
- барои тамоми хароҷот ва зараре, ки ба интиқолдиҳанда ё экспедитор дар натиҷаи нодуруст ё ғалат пур кардани борхати нақлиётӣ ва тамоми дигар маълумоту дастурамалҳои барои иҷрои интиқоли борҳо зарурбуда расонида шудааст;
- барои зараре, ки ба шахсон, таҷҳизот ё дигар борҳо расонда шудааст, инчунин хароҷоти вобаста ба нуқсони бастаи бор, ба истисноӣ ҳолатҳое, ки нуқсон дар лаҳзаи қабули бор ба интиқолдиҳандагон маълум буд ва интиқолдиҳанда нисбати он ягон шарте нагузошт;
- барои зарари ба интиқолдиҳанда ё экспедитор расонидашуда вобаста ба мавҷуд набудан ё нодуруст пур кардани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ ва дигар расмиёт зарурӣ, ки бояд то ба гирандаи бор супурдани бор анҷом дода шавад, ба истиснои ҳолатҳои гуноҳи интиқолдиҳанда ё экспедитор.
б) Интиқолдиҳандагон барои инҳо масъуланд:
- барои оқибати гум шудан ё нодуруст истифода бурдани ҳуҷҷатҳое, ки дар борхати нақлиётӣ ва замимаи он номбар шудаанд ё ба ихтиёри ӯ дода шудаанд (маблағе, ки бояд аз ӯ ситонида шавад, набояд аз маблағи ҷуброне, ки дар ҳолати гум шудани бор пардохта мешавад, зиёд бошад);
- барои тамоми хароҷот ва зараре, ки шахси дорои ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ба бор метавонад дар натиҷаи ворид накардани маълумоти иловагӣ оид ба борхати нақлиётӣ ҷуброн намояд;
- барои пурра ё қисман гум кардани бор ё барои расонидани зарар ба он, ки аз лаҳзаи қабули бор барои интиқол то лаҳзаи супурдани он сурат гирифтааст, инчунин барои гузаронидани мӯҳлати расондани бор.
в) Экспедитор барои инҳо масъул аст:
- барои ба миқдори мувофиқашуда ва дар мӯҳлатҳои қайду шартгардида пешниҳод накардани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба ихтиёри борфиристанда;
- барои мутобиқи нақшаи мувофиқашудаи интиқолдиҳанда пешниҳод накардани бор ҷиҳати ҳамлу нақл.
604) Ҳангоми муқаррар намудани гуноҳи борфиристанда, интиқолдиҳанда ва экспедитор барои гум шудан, камбуд, хароб гардидан ё зарар расидан ба бор масъулият мутобиқан ба зиммаи Тарафи гунаҳгор гузошта мешавад.
Тартиб ва андозаҳои ҷуброни зарарҳое, ки Тарафҳои шартнома оид ба ҳамлу нақли байналмилалии борҳо расонидаанд, бо шартнома, Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо дар роҳҳои байналмилалӣ ва тарифҳои дар ин намуди интиқол амалкунанда муайян карда мешаванд.
Боби 19. Санадҳо, шикоятҳо ва даъвоҳо
605) Ҳолатҳое, ки метавонанд барои масъулияти амволии интиқолдиҳандагони автомобилӣ, борфиристандагон, боргирандагон ва мусофирон ҳангоми ҳамлу нақли автомобилӣ асос бошанд, дар шакли қайдҳо дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ тасдиқ карда мешаванд, дар сурати мавҷуд будани ихтилофот байни интиқолдиҳандагони автомобилӣ, борфиристандагон (боргирандагон) ва мусофирон бо санадҳои шаклашон муқарраргардида ва дар асоси қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
606) Ҳолатҳое, ки метавонанд барои масъулияти амволии корхонаҳо ва ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, бандарҳо (борандозҳо) ва фурудгоҳҳо ҳангоми воридоти (содироти) мутамаркази борҳо ба истгоҳҳои роҳи оҳан, бандарҳо (борандозҳо) ва фурудгоҳҳо асос гиранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои воридоти (содироти) мутамаркази борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ ба истгоҳҳои роҳи оҳан, бандарҳо (борандозҳо) ва фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
607) Қабл аз ҷониби борфиристанда ё боргиранда ба интиқолдиҳандаи автомобилӣ пешниҳод гардидани даъвое, ки аз Оинномаи мазкур бармеояд, ба онҳо пешниҳод намудани шикоят ҳатмист.
608) Шикоятҳое, ки аз ҳамлу нақли борҳо бармеоянд, ба интиқолдиҳандаи автомобилие, ки борро додааст, пешниҳод карда мешавад, дар сурати пурра гум шудани бор бошад - ба интиқолдиҳандаи автомобилие, ки борро қабул намудааст.
609) Шикоятҳое, ки аз ҳамлу нақли мусофирон ё бағоҷ бармеоянд, метавонанд ба интиқолдиҳандаи автомобилии маҳалли интиқол ё таъинот, бо салоҳдиди шикояткунанда пешниҳод карда шаванд.
610) Шикоятҳое, ки аз ҳамлу нақли омехтаи бевосита бармеоянд, ба инҳо пешниҳод карда мешаванд:
- ба интиқолдиҳандаи автомобилӣ, агар нуқтаи ниҳои терминали борҳо бошад;
- ба дигар мақомоти марбутаи нақлиётӣ, агар нуқтаи ниҳоии ҳамлу нақл истгоҳи роҳи оҳан, бандар (борандозҳо) ё фурудгоҳ бошад.
611) Ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ додани ҳуқуқи пешниҳоди шикоят ва даъвоҳо манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои додани чунин ҳуқуқ аз ҷониби борфиристанда ба боргиранда ё аз ҷониби боргиранда ба борфиристанда, инчунин аз ҷониби борфиристанда ё боргирандаи ба ташкилоти нақлиётии экспедитсионӣ.
Додани ҳуқуқ ба пешниҳоди даъво бо навиштаҷоти дахлдор дар ҳуҷҷат тасдиқ карда мешавад.
612) Ба аризаи шикоятӣ бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шикоят замима гарданд.
Ба шикоят нисбати гум шудан, камбуд, хароб гардидан ё расидани зарар ба бор ғайр аз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи пешниҳоди шикоят, бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи миқдор ва арзиши бори фиристодашуда, замима гарданд.
613) Шикоятҳо ба интиқолдиҳандаи автомобилӣ метавонанд дар давоми шаш моҳи шикоят оид ба пардохти ҷаримаҳо - дар тӯли 45 рӯз пешниҳод карда шаванд.
614) Мӯҳлатҳои мазкур ин тавр ҳисоб карда мешаванд:
- аз рӯзи додани бор ё бағоҷ - аз рӯи шикоятҳо оид ба ҷуброни хароб гардидан, зарар расонидан ё камбудии бор ё бағоҷ;
- пас аз гузаштани 30 шабонарӯз аз санаи ба охир расидани мӯҳлати расондани бор дар сурати ҳамлу нақли байналхалқӣ ва даҳ шабонарӯз пас аз санаи қабули бор ҳангоми ҳамлу нақли шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ - аз рӯи шикоятҳо оид ба ҷуброни гум шудани бор;
- пас аз гузаштани даҳ шабонарӯз аз санаи ба охир расидани мӯҳлати расондани бағоҷ - аз рӯи шикоятҳо оид ба ҷуброн барои гум шудани бағоҷ;
- аз рӯзи додани бор ё бағоҷ - аз рӯи шикоятҳо оид ба гузарондани расондани бор ё бағоҷ;
- пас аз гузаштани чор моҳ аз санаи қабули бор барои ҳамлу нақлаз рӯи шикоятҳо оид ба ҷуброн барои гум шудани бор, ки аз интиқоли омехтаи бевосита бармеоянд;
- аз рӯзи ба охир расидани мӯҳлате, ки Қоидаҳо барои тафтиши қайдҳо дар ҳуҷҷати баҳисобгирӣ оид ба иҷрои ҳаҷмҳое, ки шартномаҳои ҳамлу нақл пешбинӣ намудаанд ё фармоишҳои якдаъфаинаи барои иҷро қабулгардида -аз рӯи шикоятҳо оид ба ситонидани ҷарима барои дар ҳаҷмҳои қайду шарт гардида накашондани бор;
- аз рӯзи нусхаи талабномаи (ҳисоби) пардохтии интиқолдиҳандаи автомобилиро оид ба интиқоли ҷарима гирифтани пешниҳодкунандаи шикоят - аз рӯи шикоятҳо оид ба баргардондани ҷарима барои бекористии автомобилҳо ва боздоштани контейнерҳо, ки бо тартиби бидуни пазириш ситонида шудааст;
- аз рӯзи фарорасии ҳодисаҳое, ки барои пешниҳоди шикоят асос шудааст- дар тамоми ҳолатҳои дигар.
615) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ ӯҳдадор аст, шикояти пешниҳодгардидаро баррасӣ намояд ва ба шикояткунанда оид ба қонеъ ё рад намудани шикояти он дар мӯҳлатҳои зерини пас аз гарифтани шикоят хабар диҳад:
- дар мӯҳлати се моҳ аз рӯи шикоятҳое, ки аз ҳамлу нақл дар роҳҳои автомобилӣ ба вуҷуд омадаанд;
- дар мӯҳлати шаш моҳ - аз рӯи шикоятҳое, ки аз ҳамлу нақл ҳангоми интиқоли омехтаи бевосита ба вуҷуд омадаанд;
- дар мӯҳлати 45 рӯз аз рӯи шикоятҳо оид ба пардохти ҷаримаҳо;
616) Ҳангоми қисман қонеъ гардондан ё рад намудани шикоятҳо интиқолдиҳандаи автомобилӣ вазифадор аст дар огоҳинома оид ба ин ҳолат далелҳои қабули қарорро нишон диҳад ва ба шикояткунанда ҳуҷҷатҳои ба шикоят замимагардидаро баргардонад.
617) Ҳангоми қонеъ намудани шикоят дар ҳаҷми пурра ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашуда баргардонда намешаванд.
618) Даъвоҳои борфиристандагон ва боргирандагон ба интиқолдиҳандаи автомобилӣ, ки аз Оинномаи мазкур бармеоянд, метавонанд танҳо дар ҳолатҳои пурра ё қисман аз ҷониби интиқолдиҳандаи автомобилӣ қонеъ гардидани шикоят ё аз онҳо дар мӯҳлатҳои дар бандҳои 607 ва 612-и Оиннома зикргардида нагирифтани ҷавоб пешниҳод карда шаванд.
619) Даъвоҳои зикргардида тибқи тобеияти идоравӣ ё тобеияти судии муқарраргардида ба суди маҳали ҷойгаршавии интиқолдиҳандаи автомобилӣ, ки ба он шикоят пешниҳод карда шуда буд, дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
620) Ҳангоми ҳисоб намудани мӯҳлатҳо барои пешниҳоди шикоят ва даъвоҳо бояд вақте, ки барои расонидани ҳуҷҷатҳо (шикоятҳо, ҷавобҳо ба шикоят) аз ҷониби мақомоти алоқа зарур аст, ба инобат гарифта шавад.
621) Даъвоҳои интиқолдиҳандагони автомобилӣ ба борфиристандагон, боргирандагон ва мусофирон, ки аз ҳамин Оиннома бармеоянд, метавонанд мутобиқи тобеияти идоравӣ ё тобеияти судии муқарраргардида, дар мӯҳлати шаш моҳ ба суд пешниҳод карда шаванд.
622) Мӯҳлати зикгардидаи шашмоҳа ин тавр ҳисоб карда мешавад:
- аз рӯзи ба охир расидани мӯҳлати муқаррарнамудаи Қоидаҳо оид ба муқоисаи қайдҳо дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии иҷрои ҳаҷми корҳое, ки дар шартномаи ҳамлу нақл пешбинӣ гардидаанд ё дархостҳои якдаъфаинаи барои иҷро қабулгардида оид ба ситонидани ҷарима барои дар ҳаҷмҳои қайду шартгардида пешниҳод нашудани бор;
- аз рӯзи фаро расидани ҳодисае, ки барои пешниҳоди даъво асос шудааст - дар тамоми ҳолатҳои боқимонда.
623) Даъвоҳои корхонаҳо, ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрвандон, ки аз кирояи автомобилҳо бармеоянд, метавонанд тибқи тобеияти судии муқарраргардида дар давоми 3 сол баъд аз рӯзи фаро расидани ҳолате, ки барои пешниҳоди даъво асос шудааст, манзур гарданд.
Боби 20. Назорати ряояи қонунгузорӣ дар нақлиёти автомобилӣ
624) Назорати риояи қонунгузорӣ дар нақлиёти автомобилӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2009 № 696
тасдиқ шудааст
ОИННОМАИ нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527)
Муқаррароти умумӣ
Оинномаи нақлиёти автомобилӣ (минбаъд - Оиннонома) асосҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақом ва нақши онро дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳоро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораҳо, дигар навъи нақлиёт, инчунин муносибати интиқолдиҳандагон ва моликони инфрасохтори нақлиётиро бо борфиристандагон ва боргирандагон, мусофирон, ки ба ҳамлу нақли бору мусофир, бори дастиву бағоҷ ва почта вобастаанд, танзим менамояд.
1) Дар Оинномаи мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- маҷмааи нақлиёти автомобилӣ ё нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин маҷмӯи ҳама воситаҳои бақайдгирифташудаи нақлиёти автомобилӣ ва инфрасохторҳои дар қаламрави он буда, ки фаъолияти мӯътадили онҳоро таъмин мекунад ва иқтидори маъмурию истеҳсолии соҳибони автомобилҳо, интиқолдиҳандагон, иншооти хизматрасонӣ, инчунин роҳҳои автомобилиро дарбар мегирад;
- воситаи нақлиёти автомобилӣ (автомобил) - воситаи нақлиёти механикиест, ки барои тавассути роҳҳои автомобилӣ интиқоли бору мусофир, бори дастиву бағоҷ ва почта, инчунин барои иҷрои корҳои фаръии (алоҳидаи) марбути ҳамлу нақли таҷҳизоти мобилии технологӣ дар бунгоҳи он насбшуда таъин гаштааст. Ин истилоҳ нисбати воситаҳои нақлиёти релсӣ, техникаи махсуси кишоварзӣ ва роҳсозӣ мавриди истифода қарор намегирад;
- автобус - воситаи нақлиёти автомобилие, ки барои ҳамлу нақли мусофир, бори дастиву бағоҷ ва почта муқаррар шудааст ва бидуни ҷои ронанда зиёда аз 8 ҷои нишаст дорад;
- молики автомобил - шахси воқеӣ ё ҳуқуқиест, ки дорои як ё якчанд воситаи нақлиёти автомобили хусусӣ ё дар асоси дигар қонунҳо онҳоро дар ихтиёр дорад ва тибқи салоҳдиди худ дар чорчӯбаи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро истифода менамояд;
- роҳҳои автомобилгард - маҷмӯи иншооти муҳандисӣ (хокрези роҳ, қисми саворагузари роҳ, кӯпрукҳо, биноҳои гуногуни хизматӣ, корхонаҳои хизматрасонии назди роҳҳо ва ғайра) буда, барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва пиёдагардон таъин шудааст;
- корхона, ташкилоти нақлиётии автомобилӣ - шахси ҳуқуқиест, ки ба фаъолияти хоҷагидорию соҳибкорӣ оид ба ҳамлу нақли бору мусофир, бори дастиву бағоҷ ва почта, нигоҳдорӣ, хизматрасонии техникӣ ва таъмири воситаи нақлиёти автомобилӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошанд;
- ҳамлу нақли автомобилӣ - интиқоли бору мусофир, бори дастиву бағоҷ ва почта тавассути воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳҳои автомобилгард;
- интиқолдиҳандаи автомобилӣ (минбаъд-интиқолдиҳанда) - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ буда, дорои як ё якчанд воситаи нақлиёти автомобили хусусӣ мебошад ё дар асоси дигар қонунҳо онро соҳибӣ мекунад, оид ба ҳамлу нақли бору мусофир, бори дастиву бағоҷ ва почта тавассути нақлиёти автомобилӣ ва бо пардохти маблағ ё кироя хизматрасониҳоро пешниҳод мекунад ва барои он дорои иҷозатномаҳои дахлдор мебошад, ки бо тартиби муқаррнамудаи қонунгузорӣ дода шудааст;
- нақлиёти автомобилии истифодаи умум - воситаҳои нақлиёти корхонаҳо, ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, тибқи дархости ҳар як шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ тавассути гирифтани пардохт дар асоси қарордоди тарафайн ё дар асоси тарифҳои муқарраршуда ҳамлу нақлро амалӣ менамояд;
- бағоҷ - амволи мусофир, ки дар қисми бағоҷмонии воситаи нақлиёт бастабандӣ ва ҳамлу нақл мешавад;
- тартиби берухсатномавии ҳамлу нақл - тартиби ҳамлу нақлест, ки зимни он барои ҳамлу нақл гирифтани рухсатнома талаб карда намешавад;
- чипта - ҳуҷҷати интиқол, ки бастани шартномаро оид ба ҳамлу нақли мусофир собит менамояд;
- нақлиёти автомобилии шахсӣ (дохилихоҷагӣ) - воситаҳои нақлиёти автомобилиест, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, онҳоро соҳибонашон барои эҳтиёҷоти худ бидуни ҳуқуқи шуғл ба ҳамлу нақли тиҷоратӣ истифода мебаранд;
- ҳамлу нақли автомобилии шаҳрӣ (дохилишаҳрӣ) - ҳамлу нақлест, ки интиқолдиҳанда дар ҳудудҳои муқарраршудаи шаҳр ё дигар нуқтаи аҳолинишин амалӣ менамояд;
- назорати давлатии нақлиёт (минбаъд , назорати нақлиёт) - маҷмӯи чорабиниҳоест, ки мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади санҷиши риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ баргузор мекунанд;
- терминали бор - маҷмааи иншооте мебошад, ки барои хизматрасонии воситаҳои нақлиёти боркаш ва логистикӣ таъин гашта, баҳри ҳамлу нақли борҳо хизмат мерасонанд ва инҳоро дар бар мегирад: бинои асосии дорои анборҳо, механизмҳои борбардориву борфарорӣ, пойгоҳи баркашӣ, майдон барои истгоҳи нақлиёти автомобилӣ, майдончаи контейнерӣ, постгоҳҳо барои ташхиси воситаҳои ҳаракаткунанда, нуқтаҳои танзимгарӣ ва тиббӣ, меҳмонхона, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии нақлиётӣ;
- борфиристанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки мувофиқи шартномаи ҳамлу нақли бор аз номи худ ё аз номи соҳиби бор амал мекунад ва дар ҳуҷҷати ҳамлу нақл (борномаи нақлиётӣ) зикр мегардад;
- боргиранда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки дар асоси шартнома ё дар дигар асоси қонунӣ барои гирифтани бор ваколатдор карда шудааст;
- бор - молест, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл пазируфта шудааст;
- бори тақсимнашаванда - боре, ки ҳангомаи ҳамлу нақл тавассути роҳҳои автомобилӣ бидуни хароҷоти барзиёд ё хавфи вайроншавӣ наметавонад ба ду ё якчанд қисм тақсим карда шавад;
- бори хатарнок - боре, ки аз моддаҳо, маҳсулоти аз онҳо сохташуда, мавод, партовҳои истеҳсолӣ ё дигар иавъи фаъолият мебошанд, ки бо сабабҳои хусусиятҳои хоси худ ҳангоми ҳамлу нақл метавонанд барои ҳаёт ва саломатии одамон хатар ба вуҷуд оваранд, муҳити атрофро хароб созанд, ба арзишҳои моддӣ зарар расонанд ё онро нобуд кунанд ва ба ҳамлу нақли онҳо тибқи Созишномаи Аврупо оид ба ҳамлу нақли байналмилалии роҳии борҳои хатарнок (ҲНРБХ) иҷозат дода нашудааст, ё танҳо бо риояи шартҳои дар ҲНРБХ таъиншуда иҷозат дода мешавад;
- ҳамлу нақли башардӯстона - ҳамлу нақли борҳо ва одамон дар доираи ёрирасонӣ ба давлати бар асари ҳолати фавқулодда осебдида барои корҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир, ки ба наҷот додани ҳаёт ва ҳифзи саломатии одамон, коҳиши зарар ба муҳити табиати атроф ва талафоти моддӣ, маҳдуд намудани минтақаи ҳолати фавқулодда ва барҳам задани омилҳои хатарноки хоси он, инчунин дар чорчӯбаи баргузории амалиёт оид ба расонидани ёрии башардӯстона ва иҷрои чорабиниҳои тахлия нигаронида шудаанд;
- соҳиби бор - шахси воқеӣ ё ҳуқуқиест, ки барои ихтиёрдории бор соҳибҳуқуқ мебошад;
- хадамоти давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт (минбаъд - Хадамот) - мақомоти давлатии назорат ва танзим дар комплекси нақлиётӣ, ки риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи нақлиёт назорат менамояд ва фаъолияти онҳоро танзим мекунад;
- инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ - маҷмааи иншооти (терминалҳои мусофирон ва борҳо, марказҳои логистикӣ, стансияҳои (устохонаҳои) хизматрасонии техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, иншоот барои нигоҳдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС), кемпингҳо, меҳмонхонаҳо) мебошад, ки мунтазамии ҷараёни ҳамлу нақл, инчунин истифодаи бехавфи воситаҳои нақлиёти автомобилиро таъмин мекунад;
- ҳамлу нақли каботажӣ - ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо аз ҷониби иатиқолдиҳандагони давлатҳои як Тараф байни ду нуқтае, ки дар ҳудуди давлати Тарафи дигар ҷойгир аст;
- мизоҷ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқиест, ки мувофиқи шартномаи бо интиқолдиҳанда басташуда ё дархости якдафъагӣ нақлиётро истифода мебарад;
- контейнер - таҷҳизоти нақлиётие, ки зарфи пурра ё қисман пӯшида шуда буда тавре сохта шудааст, ки ба он бор кардани бор, аз ҷумла аз як намуди нақлиёт ба нақлиёти намуди дигар осон аст;
- мақомоти салоҳиятнок дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ - мақомоти идоракунии давлат, ки танзими давлатиро дар соҳаи ҳамлу нақли автомобилӣ иҷро менамояд;
- иҷозатнома - ин иҷозати махсус барои амалигардонии намуди мушаххаси фаъолият зимни риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аст, ки онро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ медиҳад;
- таксии сабукрав (таксӣ) - автомобили сабукравест, ки барои кашондани мусофирон ва бағоҷи онҳо таъин гашта, ба он на бештар аз панҷ ҷойи нишаст ҷоиз дониста мешавад ва бо таксометр, инчунин аломати фарқкунандаи "Т" таҷҳизонида шудааст;
- таксии хатсайргард (микроавтобус) - автобуси ғунҷоишаш махсусан хурд, инчунин автомобили сабукрави дорои на зиёда аз ҳашт ҷои нишаст дорад ва барои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ дар хатсайрҳои муқарраршуда истифода бурда мешавад;
- хатсайр - роҳи ҳаракати воситаи нақлиёти автомобилӣ байни нуқтаҳои аввалу охири муқарраркардашуда дар ҳамлу нақл;
- ҳамлу нақли автомобилии байнишаҳрӣ - ҳамлу нақле, ки тавассути воситаҳои нақлиётии автомобилӣ, байни нуқтаҳои таъиншудаи шаҳрҳо ва ё нуқтаҳои аҳолинишини дар масофаи зиёда аз панҷоҳ километр ҷойгиршаванда, анҷом дода мешавад;
- ҳамлу нақли байналмилалӣ- ҳамлу нақл тавассути воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки аз сарҳади ду давлат ва ё зиёда аз он мегузарад;
- ҳамлу нақли номунтазами автомобилӣ - ҳамлу нақли хусусияти якдафъагӣ (номунтазам) доштае, ки интиқолдиҳандагон бо истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ миёни нуқтаҳои оғозу анҷоми ҳамлу нақл бе фуровардани мусофирон дар нуқтаҳои мобайнӣ иҷро мекунанд;
- нуқтаи таваққуф - ҷойи истодани воситаҳои нақлиёт дар хатсайри ҳамлу нақли мунтазам, ки барои саворшавию фуровардани мусофирон ва интизории воситаҳои нақлиёт таҷҳизонида шудааст;
- мусофир - шахси воқеиест, ки аз хизматрасонии интиқолдиҳанда дар асоси шартномаи басташудаи ҳамлу нақли автомобилӣ ё дигар асоси қонунӣ пулакӣ ё бе пул истифода мебарад;
- терминали мусофирон - маҷмааи истеҳсолӣ-техникиест, ки барои хизматрасонии мусофирон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ таъин шуда, иншооти зеринро дар бар мегирад: бинои асосӣ бо толори интизорӣ ва хазинаҳои чиптафурӯшӣ, нуқтаҳои ташхиси тиббии ронандагон ва ёрии нахустини тиббиву беҳдоштӣ, бағоҷхонаҳо, саҳн барои савор шудан ва фаромадани мусофирон, майдонча барои истгоҳи автобусҳо, постгоҳҳо барои азназаргузаронии автобусҳо, нуқтаҳои танзимгарӣ, хонаи модару кӯдак ва дигар намудҳои хизматрасонии нақлиётӣ;
- ҳамлу нақли автомобилии наздишаҳрӣ - ҳамлу нақле, ки ба ҳамлу нақли шаҳрӣ тааллуқ надорад ва онро интиқолдиҳанда дар хатсайрҳои дарозиашон то панҷоҳ километр аз ҳудудҳои муқарраршудаи шаҳр ё дигар нуқтаи аҳолӣ дуртар анҷом медиҳанд;
- ҳамлу нақл тавассути таксиҳои хатсайргард - ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷи онҳо тавассути таксиҳои хатсайргард, ки аз рӯи хатсайри муайян сурат гирифта, шинондану фуровардани мусофиронро дар нуқтаҳои таваққуф, инчунин мувофиқи талаби онҳо дар ҳар ҷойи хатсайри манъ нанамудаи қоидаҳои ҳаракати роҳ ба эътибор мегирад;
- ҳамлу нақл тавассути таксиҳои сабукрав - ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷи онҳо тавассути таксиҳои сабукрав, ки бо талаби мизоҷ амалӣ мешавад;
- корхонаи хизматгузории автомобилӣ -нуқтае, ки бо хизматрасониҳои техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти автомобилӣ (нуқтаи шустушӯӣ, нигоҳдории воситаҳои нақлиётӣ ва ғайра) машғул аст;
- фаьолияти соҳибкорӣ дар нақлиёти автомобилӣ - фаъолияти ташаббускоронаи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ мебошад, ки бо роҳи қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ барои ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ, борҳо, муросилоти почта, хизматгузориҳои автомобилӣ дар заминаи моликияти хусусӣ ё ҳуқуқӣ истифодаи хоҷагии муассисаи давлатӣ барои ба даст овардани фоида ё даромади шахсӣ нигаронида шудааст;
- роҳхат - ҳуҷҷате, ки барои ҳисоб ва назорати кори воситаи нақлиёти автомобилӣ таъин шудааст ва ба ронандаи воситаи нақлиёти автомобилӣ дода мешавад, он бо тарзи типографӣ тайёр карда шуда, рақами силсилавӣ дорад ва варақаи ҳисоботии қатьӣ ба ҳисоб меравад;
- ҷадвали ҳаракат - нақшаест, ки вақт ё фосилаҳои равонашавӣ ва расидани воситаҳои нақлиётро ба нуқтаҳои муайян, инчунин манъ намудани воситаҳои нақлиётро дар истгоҳҳои муайян дар бар мегирад;
- ҳамлу нақли мунтазами автомобилии мусофирон ва бағоҷ - ҳамлу нақле, ки интиқолдиҳандагон бо истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аз рӯи хатсайрҳои пешакӣ мувофиқашудаи ҳаракат, ҷадвалҳои ҳаракат тавассути нуқтаҳои аввал, мобайн ва охири таваққуф (истгоҳ), нуқтаҳои савор кардан ва фуровардани мусофирон иҷро мекунанд;
- бори дастӣ - ашёи шахсии мусофир (мизоҷ), ки ҳангоми ҳамлу нақл дар салони воситаи ҳаракаткунанда бо худ мебарад ва ҳифзи онро худи мусофир (мизоҷ) таъмин менамояд;
- сертификати баркашӣ - ҳуҷҷати дорои маълумоти мӯътамад оид ба андозаҳои вазни воситаи нақлиёт буда, онро истгоҳи баркашии аз ҷониби мақомоти салоҳиятнок ваколатдоршуда медиҳад;
- истгоҳи баркашӣ - нуқтае, ки воситаҳои нақлиёти автомобилӣ баркашида шуда, сертификати намунаи аз ҷониби мақоми ваколатдор муқарраркарда дода мешавад;
- бори зудвайроншаванда - борест, ки нигоҳдории он ҳангоми ҳамлу нақл тавассути воситаи нақлиёт бо риояи реҷаи муайяни ҳарорат ва реҷаҳои санитарию гигиенӣ таъмин карда мешавад;
- иҷозати махсус - иҷозат барои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм, вазнин ва хатарнок, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор дода мешавад;
- автомобилҳои махсусгардонидашуда - воситаҳои нақлиёти механикие мебошанд, ки барои иҷрои ҳамлу нақли намуди мушаххаси бор таъин шуда, барои ин шакли хосаи платформаи боркашӣ (масалан, худфурор, автосистерна ва ғайра) ё бадана (кузов) доранд;
- воситаҳои махсуси нақлиёти автомобилӣ - воситаҳои нақлиёти механикие, ки ҳаракат ва кори таҷҳизоти дар шассии ин автомобилҳо (автомобилҳои сӯхторхомӯшкунӣ, санитарӣ, обёрикунанда ва шӯянда, ҳосилғундор, дӯкони сайёр (автолавка), автомобилҳои фишордиҳӣ, автокранҳо ва ғайра) насбшударо таъмин мекунанд;
- борҳои вазнин ва калонҳаҷм - борҳое мебошанд, ки тибқи андозаҳои вазниву ҳаҷмии худ бештар аз меъёрҳои муқаррарианд;
- истифодаи техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ - маҷмӯи чорабиниҳо ва таъсиррарониҳои техникӣ (ташхис, хизматрасонии техникӣ, таъмир), ки ба ташкилу таъмини истифодаи бехавфи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ нигаронида шудаанд;
- борхати нақлиётӣ - ҳуҷҷати ҳамроҳикунандаи ҳамлу нақл аст, ки оид ба мол дорои маълумот буда, бастани шартномаи ҳамлу нақли борро тасдиқ мекунад ва варақаи ҳисоботдиҳии қатъӣ мебошад;
- ҳамлу нақли транзитӣ - ҳамлу нақле, ки тавассути убури сарҳади ду давлат ва ё зиёда аз он амалӣ мегардад;
- экспедитсияи нақлиётӣ - хизматрасониҳои нақлиётие, ки бо ташкили раванди равона ва гирифтани бор, инчунин дигар корҳои ба ҳамлу нақл алрқамандро тибқи шартнома амалӣ менамояд;
- экспедитор - шахси ҳуқуқӣ ё воқеиест, ки набояд ҳатман интиқолдиҳандаи автомобилӣ буда, тариқи подош ва ё аз ҳисоби борфиристанда (боргиранда) ӯҳдадор аст, аз номи ӯ ва ё аз номи худ як, ва ё якчанд шартномаи борфиристонӣ бандад ва иҷрои шартномаҳои ҳамлу нақли бору мусофирон ва дигар хизматрасониҳои иловагии ба ҳамлу нақл алоқамандро иҷро ё ташкил намояд.
2) Нақлиёти автомобилӣ, ки қисми таркибии маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, барои қонеъгардонии талаботи иқтисодиёт ва аҳолӣ ба ҳамлу нақл ва хизматрасониҳои ба он алоқаманд таъин шудааст. Дар баробари ин, ба доираи вазифаҳои нақлиёти автомобилӣ хизматрасониҳо ба дигар маҷмааҳои нақлиёт (нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ва нақлиёти обӣ) ва таъминоти зайл дохил мегардад:
- афзалияти бехатарӣ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамон, ҳифзи табиат ва арзишҳои фарҳангӣ;
- баробарҳуқуқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;
- ба истифодабаранда таъмин намудани интихоби озоди хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла озодии интихоб миёни истифодаи воситаҳои худии нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои интиқолдиҳанда;
- ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо, ҳифз ва сари вақт расондани онҳо ба нуқтаи таъиншуда;
- таъмини нархҳои озоди шартномавӣ барои корҳо ва хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3) Қонунгузории соҳаи нақлиёти автомобилӣ аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт", дигар қонунҳои ҷумҳурӣ, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои нақлиёти автомобилиро танзим мекунанд, инчунин санадҳои меъёрию ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияти онҳо интишоршуда ва Оинномаи мазкур иборат мебошад.
4) Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд санадҳои танзимкунандаи фаъолияти нақлиёти автомобилиро дар доираи пешбининамудаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва нашр намоянд.
5) Нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бисёршаклии моликият асос меёбад. Ҳама моликони (соҳибони) нақлиёти автомобилӣ баробарҳуқуқанд ва дар назди қонун баробар ҳифз мешаванд. Моликияти давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ шомили роҳҳои автомобилии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, хоҷагӣ ва маҳаллӣ бо тамоми иншоот ва унсурҳои ободонӣ (кӯпрукҳо, хати қубурҳо, биноҳои хадамоти истифодабарандагони роҳҳо, дастгоҳҳо ва тавораҳои аз барф ҳифзкунанда, ороишҳои меъморӣ воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳҳо, маҷмааҳои хизматрасониҳои автомобилӣ ва ғайра, инчунин дарахтзорҳо) иборат мебошанд.
6) Ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони он, инчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дода мешавад, ки дорои ҳуҷҷатҳои дахлдори миллӣ ва байналмилалӣ мебошанд, ки намунаи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст ва ҳуқуқи соҳиби онро барои идора кардани воситаи нақлиёти автомобилии дараҷаи дахлдор тасдиқ мекунад.
7) Ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёти автомобилӣ ба шахсоне дода мешавад, ки дорои тахассуси дахлдор мебошад ва аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.
Арзёбии коршоямии ҳолати саломатӣ барои идоракунии воситаи нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегарад.
8) Барои ҳамлу нақли бору мусофир, бори дастиву бағоҷ ва почта интиқолдиҳандагоне роҳ дода мешаванд, ки дорои талаботи зерин мебошанд:
- иҷозатнома барои ҳуқуқи хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ, роҳхат, борхати нақлиётӣ, сертификати сифати воситаи нақлиёт, ки аз ташхиси техникӣ гузаштааст ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;
- воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки барои иҷрои намуди дахлдори ҳамлу нақл коршояманд ва ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар қисми таъмини бехатарии ҳамлу нақл ҷавобгӯ ҳастанд;
- ба ҳамлу нақли мусофирон бо мақсадҳои тиҷоратӣ ронандагони на камтар аз бистуяксола иҷозат дода мешаванд, ки шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи дахлдор ва мувофиқи ихтисос на камтар аз се сол собиқаи корӣ дошта бошанд.
Дар воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки оид ба ҳамлу нақли мусофирон хизмат мерасонанд, кашондани бор, аз ҷумла бағоҷ ё почта, берун аз ҷои барои ин мақсад ҷудошуда, манъ карда мешавад.
9) Ҳамлу нақли автомобилӣ ба чунин ҳамлу нақл тақсим мешавад:
- мусофирон, бори дастӣ ва бағоҷ:
- борҳо;
- почта.
Аз рӯи намудҳои хатсайр ҳамлу нақли автомобилии мусофирон, бағоҷ ба байналмилалӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ), шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ тақсим мешаванд.
Аз ҷиҳати ташкили ҳамлу нақл ҳамлу нақли автомобилӣ ба мунтазам ва номунтазам ҷудо мешавад.
10) Баҳисобгирӣ, бақайдгирӣ ва ҳисоботи оморӣ оид ба мавҷудияти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ядакҳои онҳо тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
11) Заминҳои нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мегарданд:
- заминҳое, ки аз ҷониби истифодабарандагони замин барои иншооти нақлиёти автомобилӣ (муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ, таъмири нақлиёти автомобилӣ, хизматгузориҳои автомобилӣ) ҷудо карда шуда, фаъолияти онҳоро таъмин менамоянд;
- заминҳо барои роҳҳои автомобилӣ ва иншооти роҳ, ки ташкилотҳои нақлиёт, роҳ ва дигарон ҷудо карда, истифода ва сохтмони онҳоро амалӣ мегардонанд.
Дар ноҳияҳое, ки ба таъсири хатарноки табиӣ (фурӯравӣ, ярч, сел ва ғайра) гирифторанд, барои таъмини истифодаи эътимодноки роҳҳо ва иншооти нақлиёти автомобилӣ минтақаҳои махсуси муҳофизаткунанда ташкил дода мешаванд, ки онҳо низ заминҳои нақлиёти автомобилӣ ба ҳисоб мераванд.
Тартиби ташкилдиҳии минтақаҳои муҳофизатшаванда, андозаи онҳо, реҷаи истифодаи заминҳои барои ин мақсадҳо ҷудокардашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Муносибатҳоеро, ки ҳангоми ҷудо кардани замин барои нақлиёти автомобилӣ ба вуҷуд меоянд, инчунин тартиби истифодаи заминҳоро Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузориву меъёрие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри такмилу иловаи он нашр менамояд, танзим мекунанд.
Соҳибони автомобилҳо, интиқолдаҳандагони нақлиёти автомобилӣ, муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузориҳои автомобилӣ ӯҳдадоранд, ки заминҳои ба ихтиёрашон вогузошташударо мутобиқи таъиноти мақсаднок ва шартҳои вогузории онҳо истифода баранд, технологияҳои табиатҳифзкунандаи истеҳсолотро дар амал ҷорӣ кунанд ва барои дар ҳудуд бар асари фаъолияти худ хароб намудани вазъияти экологӣ роҳ надиҳанд.
12) Муносибатҳоеро, ки бо таъмини омодагии сафарбаркунонии нақлиёти автомобилӣ, чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ ва корҳои садамавию наҷотдиҳӣ вобастаанд, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногеннӣ, инчунин ҳангоми ҷорӣ кардани вазъи фавқулодда мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳиятҳои барои онҳо додашуда ҳуқуқ доранд, ки интиқолдиҳандагонро ба иҷрои корҳои марбути рафъи ҳолатҳои фавқулодда, бо ҷуброни минбаъдаи хароҷоти моддӣ ва зарар тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб созанд.
13) Бехатарии экологӣ, санитарию эпидемиологӣ ва сӯхторнишониро дар нақлиёти автомобилӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ танзим мекунанд.
14) Бо дастгоҳҳои санҷиши бақайдгирии реҷаи меҳнат ва истироҳати ронандагон (тахографҳо) танҳо он воситаҳои нақлиёти автомобилӣ таҷҳизонида мешаванд, ки хизматрасониҳои зеринро ба ҷо меоранд:
- ҳамлу нақли автомобилии борҳои хатарнок;
- ҳамлу нақли автомобилии борҳо ва муросилоти почта;
- ҳамлу нақли мунтазам ва номунтазами автомобилии мусофирон ва бағоҷ.
Боби 1. Танзими давлатии фаъолияти нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии автомобилӣ
15) Вазифаҳои асосии танзими давлатии фаъолияти нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии автомобилӣ аз инҳо иборатанд:
- ташкил намудани шароит барои таъмини талаботи иқтисодӣ ва аҳолӣ нисбати ҳамлу нақли автомобилӣ, хизматрасонии техникӣ ва таъмир, дигар корҳо ва хизматрасониҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ;
- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, инчунин манфиати миллии давлат;
- форҳам овардани шароти рақобатпазирии интиқолдиҳандагони ватанӣ дар бозори ҳамлу нақли байналмилалӣ;
- ҳимояи ҳамлу нақли автомобилӣ дар бозори дохилӣ;
- тараққиёти минбаъдаи инфрасохторҳо дар нақлиёти автомобилӣ.
16) Танзими давлатии фаъолияти нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузории автомобилӣ бо роҳи таъминоти ҳуқуқӣ, иҷозатномадиҳӣ, сертификатсия, андозбандӣ, кредитдиҳӣ, маблағгузорӣ, нархгузорӣ, ҷорӣ кардани сиёсати сармоягузорӣ ва зиддимонополӣ, илмию техиикӣ, иҷтимоӣ ва назоратии иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
17) Усулҳои асосии назорат ва танзими давлатии бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ аз инҳо иборатанд:
- аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунини интиқолдиҳандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам мамлакатҳои хориҷӣ риоя гаштани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ошкор сохтан ва пешгирӣ намудани зуҳуроти риоя накардани онҳо;
- риояи талаботи иҷозатномавӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;
- риояи талабот оид ба сертификатсияи хизматрасони нақлиётӣ;
- ошкор сохтан ва пешгирӣ намудани инҳисорҳои (монополияҳои) ғайриқонунӣ гашкилшуда дар намудҳои ҷудогонаи ҳамлу нақли борҳо ва хатсайрҳои мусофирбарӣ, фароҳам овардани шароити мӯътадил барои инкишофи рақобат;
- ошкор сохтан ва пешгирӣ намудани иҷрои ҳамлу нақли каботажӣ аз ҷониби интиқолдиҳандагони хориҷӣ тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ошкор сохтан ва пешгирӣ намудани ҳодисоти вуруди / ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути нуқтаҳои муқаррарнагардидаи убур/бо хатсайрҳои ҳаракат;
- мавҷудият ва ҳолати воситаи нақлиёт, бунгоҳи (стансияи) таъмиру истеҳсол, воситаҳои техникӣ, механизмҳои боркунандаву борфуроранда, дастгоҳҳои назоратию санҷишӣ, ҳуҷраи хизматии таҷҳизонидашуда (корхонаҳое, ки базаи худии таъмиру истеҳсолро доро нестанд ва барои иҷрои корҳои дахлдор бо дигар корхонаҳо шартномаҳо бастаанд, истисно мебошанд), инчунин риояи меъёрҳои экологӣ ва талаботи бехатарии ҳаракати дар роҳ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ дар нақлиёти автомобилӣ;
- мутобиқати истифодаи техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба талаботи муқарраршуда;
- иҷрои талаботи қоидаҳои ҳамлу накли мусофирон ва бағоҷ тавассути нақлиёти автомобилӣ ҳангоми анҷом додани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ ё кор дар низоми терминалҳо;
- додани иҷозати махсус барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобили вазнин на калонҳаҷм (аз ҷумла нақлиёти хориҷӣ) тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷрои талаботи муқарраршуда ҳангоми иҷрои ҳамлу нақли борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби интиқолдиҳандагони ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла иҷрои талабот нисбати андозаҳои вазну ҳаҷми воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- иҷрои талабот оид ба истифодаи низоми рухсатномавӣ ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамлу нақли автомобилии байналмилалии мусофирон, бағоҷ ва борҳо;
- мавҷудияти иҷозат барои ҳамлу иақли мунтазами мусофирон дар алоқаи байналмилалӣ ва байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ), риояи хатсайр ва ҷадвали ҳаракат;
- аз ҷониби ронандагон риоя гаштани реҷаи муқарраршудаи меҳнат ва истироҳат, аз ҷумла мавҷудияти дастгоҳҳои санҷишии бақайдгирии реҷаи меҳнат ва истироҳати ронандагон (тахографҳо) дар нақлиёти мусофиркаш, боркаш, аз ҷумла дар нақлиёти автомобилии махсусгардонидашуда;
- мутобиқати зарфҳои барои сӯзишворӣ насбшуда ба талаботи корхонаи истеҳсолкунанда;
- риояи қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои хатарнок бо воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ҳаракати онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи ихтисосӣ нисбати ронандагон ва воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- мавҷуд будани иҷозат ба воситаҳои нақлиёти автомобилии барои ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон ва маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин борҳое, ки ҳангоми ҳамлу нақли онҳо хулосаҳои мақомоти назорати санитарию эпидемиологӣ талаб карда мешаванд;
- мавҷуд будани ҳуҷҷатҳо, таҷҳизот ва асбобҳои зарурӣ дар нуқтаи тафтишу убур;
- усулҳо ва фаврияти иттилоъдиҳӣ ба ҳайати ронандагон дар бораи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, мавҷудияти дафтарҳои бақайдгирии дастурҳои додашуда, нақшаҳои чорабиниҳо оид ба пешгирии рӯйдодҳои роҳу нақлиёт;
- гирдоварии иттилоот дар хусуси истифодаи иқтидори транзитӣ, баҳисобгирии шиддати ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- баланд бардоштани сатҳи талабот нисбати сифати ҳамлу нақл, меъёрҳои экологӣ ва бехатарии ҳаракат ҳангоми додани иҷозатномаҳо бо мурури аз воситаҳои нақлиёти автомобили ҳозиразамон пур шудани бозори хизматрасониҳои автомобилӣ;
- ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъмини бехатарӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳҳои автомобилӣ;
- иҷрои дигар ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
18) Сертификатсияи мутобиқати хизматрасонии нақлиётӣ мувофиқи маҷмӯи эътирофкунӣ ва сертификатсияи хизматрасониҳои нақлиёт, ки Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, амалӣ гардонда мешавад.
19) Сертификатсия баҳодиҳии мутобиқати нишондодҳои маҳсулоти (хизматрасонӣ) сертификатсияшавандаро ба хусусияту хислати маҳсулот, ки стандартҳои муқарраргардида ё дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муқаррар намудаанд, дар асоси санҷишҳо, сертификатсияи системаи сифат ё ҳангоми истеҳсол муайян шудааст, пешбинӣ мекунад. Сертификатсияро Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ("Тоҷикстандарт") ё тибқи иҷозатномаи он мақомоти эътирофкардаи он анҷом медиҳанд.
20) Ҳамаи маҳсулот ва ҳизматрасониҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, ба қаламрави он воридшаванда ва ба қайд гарифташавандаи таъиноти нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла маҳсулоти истеҳсоли хориҷӣ, сертификатсия карда мешавад. Ҳамчунин хизматрасониҳои автомобилӣ, ки ба муштариён чи аз тарафи соҳибкорони ҳуқуқӣ ва чи аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ расонида мешаванд, сертификатсия мешаванд.
21) Сертификатҳои маҳсулоте, ки аз ҷониби мақомоти хориҷӣ оид ба сертификатсия дода шудаанд, тасдиқи ҳатмӣ - сертификатеро тақозо менамоянд, ки онро мақомоти оид ба сертификатсияи эътирофкардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ("Тоҷикстандарт") додааст.
22) Тартиби сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасониҳо, боздоштан ё қатъ гардондани амали сертификат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
23) Мақомоти салоҳиятдор (роҳбарикунанда) оид ба ташхиси воситаҳои нақлиёте, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистои мебошад.
24) Ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
25) Ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт ҷиҳати сертификатсия дар корхонаҳои нақлиётие гузаронда мешавад, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд.
Иҷозатнома барои фаъолияти базаҳои технологӣ (постгоҳҳои махсусгардонидашуда) оид ба ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда тибқи тартиби муқарраргардида дода мешавад.
Боби 2. Идоракунии давлатии нақлиёти автомобилӣ
26) Мақоми идораи давлатӣ, ки роҳбарияти фаъолияти маҷмааи нақлиётиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
27) Вазифаҳои асосии дар соҳаи маҷмааи нақлиёти автомобилӣ инҳо мебошанд:
- татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;
- таҳияи консепсия ва барномаҳои давлатии рушду тараққиёти нақлиёти автомобилӣ ва ҳамкориҳои тамоми намудҳои нақлиёт, ташаккул ва гузаронидани сиёсати ягонаи илмию техникӣ ва иҷтимоӣ дар нақлиёт;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани системаи ягонаи баҳисобгирии нишондиҳандаҳои асосии омории фаъолияти кори нақлиёт, новобаста аз шакли моликият, дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур намудан, истифода ва коркарди роҳхатҳо ва борхатҳо;
- тасдиқи низом оид ба сертификатсияи хизматрасониҳои нақлиётӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қонеъ гардондани талаботи давлат ва аҳолӣ ба ҳамлу нақли автомобилӣ, хизматрасониҳои ба он алоқаманд, инчунин назорати риояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
- дар доираи салоҳияти худ иштирок дар амалигардонии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва намояндагӣ кардани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ;
- ташкил додани ҳамлу нақлҳои байнишаҳрии автомобилии мусофирон ва бағоҷ, мувофиқа намудани ҷадвалҳои ҳаракат дар хатсайрҳои нишондодашуда бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии вилоятҳои дахлдор (пойтахт ва шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ);
- ҷорӣ кардани феҳристи номгӯи хатсайрҳои ҳамлу нақли мунтазами автомобилии байналмилалӣ ва байнишаҳрии мусофирон ва бағоҷ;
- ташкил ва назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;
- таъмин намудани ҳамкории давлат бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ дар шакли ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;
- тасдиқи Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон, бори дастиву бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ;
- тасдиқи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ;
- тасдиқи Қоидаҳои гузарондани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон;
- тасдиқи Қоидаҳои истифодаи теникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- тасдиқи Қоидаҳои ташкил ва фаъолияти парковкаи воситаҳои нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тасдиқи талабот нисбати ҳолати техникӣ ва хизматрасонии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, тартиб ва нигоҳдории онҳо, инчунин нисбати баҳисобгирии таъсироти техникӣ;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи Қоидаҳои ташкили меҳнат ва истироҳати ронандагон, талабот оид ба таҷҳизонии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо дастгоҳҳои санҷиш ва бақайдгирии реҷаи меҳнат ва истироҳат;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани талабот нисбати объектҳои инфрасохтории нақлиёти автомобилӣ дар бахши таъмини бехатарӣ, ташкил ва амалигардонии ҳамлу нақли автомобилӣ;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани усулҳои ҳисобкунии тарифҳо барои ҳамлу нақли автомобилии борҳо, мусофирон ва бағоҷ, инчунин тасдиқи тарифҳои номиналӣ барои ҳамлу нақли мунтазами шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва байнишаҳрии мусофирон ва дигар хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ;
28) Мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба фаъолияти хоҷагидории муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузориҳои автомобилӣ, соҳибони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони автомобилӣ мудохила намоянд, инчунин ҳайати кормандони соҳаи истифодаи муассисаҳои нақлиёти автомобилиро бе розигии онҳо ба корҳои дигар ҷалб кунанд, ғайр аз ҳолатҳое, ки дар бандҳои 29 - 31 Оиномаи мазкур пешбинӣ карда шудаанд.
29) Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурат таъсис медиҳад, ҳуқуқ дорад, бо мақсадҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ, садама, сӯхторҳои бузург, эпидемия ва монанди инҳо) аз воситаҳои нақлиёти дорандагони автомобилҳо, интиқолдиҳандагон, сарфи назар аз мансубияти маъмурӣ ва шакли моликияташон истифода намояд.
30) Дар давраи пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ муносибатҳои шартномавии соҳибони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони автомобилӣ бо муштариёни онҳо метавонанд дар ҳаҷми ҷалби воситаҳои нақлиёт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои маҳаллӣ мавқуф гузошта шаванд.
31) Барои гузаронидани чорабищҳо оид ба пешгирӣ ё рафъи офатҳои табиӣ, инчунин расондани кӯмакҳои башардӯстона тибқи амри Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дорои воситаҳои нақлиёти автомобилиро муайян мекунанд, ки онҳо бояд ҷудокунии нақлиётро ба минтақаҳои офатзада барои кӯмак ва ба/аз он ҷойҳо даровардани қисмҳои махсуси хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, гурӯҳҳои мутахассисон, техника, борҳо ва ёрирасонӣ ба аҳолии зарардида таъмин намоянд.
32) Соҳибони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони автомобилии ба корҳои пешгирӣ ё рафъи офатҳои табиӣ ҷалбгардида, вазифадоранд, инҳоро таъмин намоянд:
- саривақт расонидани воситаҳои нақлиёти автомобилии аз ҷиҳати техникӣ бенуқсон ба ҷойҳои ташаккули сафи автомобилҳо ё боркунӣ;
- бо маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ таъмин намудани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии техникии онҳо;
- ҷиҳозонидани (эпикировкаи) воситаҳои нақлиёт ва ҳайати ронандагон.
33) Хароҷоти соҳибони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагон ҳангоми иҷрои корҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ, инчунин ҳангоми кӯмаки башардӯстона тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ҳуҷҷатҳои воқеан пешниҳодгардида ҷуброн карда мешаванд.
Боби 3. Вазъи ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ
34) Ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ба тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ҷудо карда мешаванд.
Ташкилотҳои тиҷоратӣ - ташкилотҳое мебошанд, ки хизматрасониҳои нақлиётиро дар асоси маблағ бо мақсади ба даст овардани даромад равона намудаанд.
Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ - ташкилотҳое мебошанд, ки хизматрасонии нақлиётиро барои ба даст овардани даромад (истгоҳҳои автомошинаҳои хизматӣ, ки аз буҷети давлатӣ барои хизматрасониҳои мақсадноки муассисаҳои буҷетӣ ва ғайра маблағгузорӣ ва нигоҳдорӣ мешаванд), равона накардаанд.
35) Шахси ҳуқуқие, ки ба ташкилоти тиҷоратии нақлиёти автомобилӣ дохил мешавад, метавонад дар шакли корхонаи воҳид, ширкати хоҷагадорӣ, кооперативӣ, истеҳсолӣ ё ҷамъияти саҳомӣ ва ғайра ташкил карда шавад. Ташкилотҳои тиҷоратии фаъолияти нақлиёти автомобилӣ, инчунин соҳибкорон бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкорӣ, пешниҳод ва ҳифзи манфиатҳои умумии моликиятдорӣ тибқи шартномаи байниҳамдигарӣ метавонанд иттиҳодияҳои ғайритиҷоратӣ дар шакли ассотсиатсияҳо (иттифоқ) ташкил кунанд.
36) Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла муассисаҳо, метавонанд ихтиёрӣ ба ассотсиатсияи (иттифоқҳои) ин ташкилотҳо муттаҳид шаванд. Аъзои ассотсиатсия (иттифоқ) мустақилияти худ ва ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқиро нигоҳ медоранд. Ассотсиатсия (иттифоқ) оид ба вазифаҳои аъзои худ ҷавобгар намебошад.
37) Иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо, ташкилотҳо, корхонаҳо, ширкатҳои нақлиёти автомобилӣ ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ташкил карда шуда, фаъолият менамоянд.
Боби 4. Припсипҳои умумии ташкили ҳамлу нақли автомобилӣ
38) Асоси муносибатҳои иқтисодӣ ва хоҷагиро дар нақлиёти автомобилӣ талаботи бозорӣ ва пешниҳодоти хизматрасониҳои нақлиётӣ ташкил мекунанд.
39) Шахси ҳуқуқие, ки дар хизматрасониҳои нақлиётӣ шуғл меварзад (минбаъдинтиқолдиҳанда), бозори дархосту пешниҳодҳо барои хизматрасониҳои нақлиётиро мустақилона меомӯзад ва мунтазам назорат мебарад, мизоҷони имконпазирро меҷӯяд ва барои иҷрои хизматрасониҳои нақлиётӣ мувофиқи талаботи мизоҷон шартномаҳо мебандад, нақшаҳои фаъолияти соҳибкории худро тартиб медиҳад ва иҷрои онҳоро таъмин месозад, инчунин барои ҳама оқибатҳои фаъолияти худ масъулиятро ба зимма дорад.
40) Хизматрасониҳои нақлиётӣ бе бастани шартномаи ҳамлу нақл бо шахси ҳуқуқие, ки хизматҳои нақлиётӣ мерасонад, иҷозат дода намешавад.
41) Ҳамлу нақли автомобилӣ дар асоси шартномаҳои басташуда амалӣ гардонда мешавад.
42) Интиқолдиҳанда ҳуқуқ надорад, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳамлу нақл ҷавоби рад диҳад, ғайр аз ҳолатҳое, ки дар бандҳои 213 ва 214 ҳамин Оиннома пешбинӣ шудаанд.
43) Ҳангоми ҳамлу нақли борҳо, мусофирон, бағоҷ ва муросилоти почта интиқолдиҳанда ӯҳдадор аст:
- воситаи нақлиёти автомобилӣ дошта бошад, ки мувофиқи тартиби муқарраргашта ба қайд гирифта шуда, дар ҳолати дурусти техникӣ қарор дорад, бо сертификат ва сабт дар шиносномаи техникӣ оид ба гузаштани муоинаи техникӣ мутобиқи тартиби амалкунанда тасдиқ шудааст ва мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ ё давлатӣ барои иҷрои ҳамлу нақл тибқи иҷозатномаи додашуда, рухсатнома ё шартномаи ҳамлу нақл таҷҳизонида шудааст;
- иҷозатнома, варақаи санҷишие, ки он барои иҷрои намуди муайяни ҳамлу нақл ҳуқуқ медиҳад, роҳхат, ҳуҷҷати молию нақлиётӣ дошта бошад;
- роҳхат, ҳуҷҷати молию нақлиётӣ дошта бошад;
- қоидаҳои ҳамлу нақлро риоя намояд;
- бехатарии ҳаракатро таъмин кунад;
- озодии интихоби воситаҳои нақлиётро барои мизоҷ дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ таъмин кунад;
- зарари ба мизоҷ (мусофир, соҳиби бор, борфиристанда), инчунин ба шахси сеюм расондаро ҷуброн созад, аз ҷумла талафоти вақт бо арзиши пулӣ;
- сифати ҳамлу нақлро мутобиқи шартномаи басташуда таъмин намояд;
- суғуртакунии давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандиро барои дар ҷараёни истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ расонидани зиён ба ҳаёту саломатии шаҳрвандон ё зарари моддӣ барои онҳо таъмин намояд;
- талаботи мақомоти ҳокимияти давлатию маҳаллии намояндагӣ ва иҷроияро иҷро намояд, агар онҳо ба сифати мизоҷ дар иҷро намудани ҳамлу нақли дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва мудофиавӣ ё ҳангоми ҳолатҳои фавқулода баромад кунанд.
44) Шакли роҳхатҳо, борхатҳо ва дастурамал оид ба тайёр намудан ва истифодаи онҳоро Вазорати нақлиёт ва коммуникатсичи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Роҳхатҳо ва борхатҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ бояд ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тайёр карда шаванд.
45) Ҳангоми ҳамлу нақли мусофирон, борҳо, бағоҷ ва муросилоти почта мизоҷ ҳуқуқ дорад:
- аз шахси ҳуқуқӣ пешниҳоди шаҳодатномаи эътирофшуда, сертификати мутобиқат ва иҷозатномаро барои ҳуқуқи хизматрасониҳои нақлиётӣ талаб кунад;
- иҷрои шартномаи ҳамлу нақле, ки бо интиқолдиҳанда баста шудааст ва мавҷудияти ҳуҷҷатҳои молию нақлиётиро (роҳхат) талаб намояд;
- бо сертификати сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ мутобиқат доштани дараҷаи сифати ҳамлу нақлро мувофиқи тартиби муқарраркардашуда мавриди баҳс қарор диҳад;
- ҷуброни зарар, аз ҷумла талафоти вақтро бо арзиши пулӣ талаб кунад.
46) Мизоҷ ӯҳдадор аст:
- шартҳои шартномаи бо интиқолдиҳандаи нақлиёти автомобилӣ басташударо риоя намояд;
- қоидаҳои ҳамлу нақлро иҷро намояд;
- ба моликияти интиқолдиҳанда зарару талаф нарасонад;
- борҳо ва бағоҷро барои ҳамлу нақл дар шакли омода пешниҳод намояд, аниқӣ, дурустӣ ва мукаммалии маълумоти дар ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли бору бағоҷ сабтгардидаро таъмин намояд.
47) Вобаста аз намудҳои хизматрасонии нақлиётӣ интиқолдиҳандагони автомобилӣ барои интиқоли мусофирон, ҳамлу нақли борҳо, барои иҷрои ҳамлу нақли омехта, бевосита ва байналмилалӣ шартнома мебанданд.
48) Шартномаҳо вобаста аз мӯҳлати фаъолият ва шартҳои иҷро ба яквақта, тӯлонӣ ва дарозмуддат ҷудо мешаванд.
49) Шартномаи яквақта барои ҳамлу нақл дар шакли фармоиши яквақта, барои ннтиқоли мусофирон бошад -бо фурӯши чиптаҳо барои як сафар ба расмият дароварда мешавад.
50) Шартномаҳои тӯлонӣ тибқи қоида, ба мӯҳлати як сол баста мешаванд, аммо имкон дорад, ки шартномаҳои тӯлонӣ ба мӯҳлати кӯтоҳ (мавсимӣ, семоҳа, якмоҳа), инчунин шартномаҳои давомнок барои иҷрои маҷмӯи корҳои муайян бидуни нишон додани мӯҳлат баста мешаванд.
51) Шартномаҳои тӯлонӣ дар варақаҳои махсус, ки шакли намунавиашро Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ба расмият дароварда мешавад.
52) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ, баъди мувофиқаи пешакӣ бо соҳиби бор (борфиристанда, мизоҷ) аз хусуси ҳама шартҳои иҷрои хизматрасониҳои нақлиётӣ шартномаро дар шакли хаттӣ ба расмият медарорад.
53) Шартномаҳои тӯлонӣ барои иҷрои хизматрасониҳои нақлиётӣ дар ду нусха ба расмият дароварда шуда, бо имзои интиқолдиҳандаи автомобилӣ, бо тасдиқи мӯҳр ба соҳиби бор (борфиристанда, мизоҷ) дода мешавад.
54) Мизоҷ ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати муқарраршуда бо он шинос шавад, имзо кунад, бо мӯҳр тасдиқ намояд ва як нусхаи шартномаро ба интиқолдиҳандаи автомобил диҳад ва дигарашро назди худ маҳфуз дорад.
55) Дар ҳолатҳое, ки соҳиби бор бо матни лоиҳаи шартномаи тӯлонӣ барои иҷрои хизматрасониҳои нақлиётӣ розӣ нест, протоколи ихтилофи назар тартиб дода шуда, ба интиқолдиҳандаи автомобил фиристода мешавад. Интиқолдиҳандаи автомобилӣ вазифадор аст, дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо протоколи ихтилофи назарро баррасӣ намояд ва соҳиби борро оид ба қабули шартномаи тӯлонӣ дар таҳрири ӯ хабардор намояд ё дар хусуси рад кардани протоколи ихтилофи назар огоҳ созад. Зимни рад намудани протоколи ихтилофи назар ё нарасидани хабар дар хусуси баррасии он дар мӯҳлати нишондодашуда шартнома эътибор пайдо намекунад.
56) Шартнома аз лаҳзаи имзо ё мӯҳлати дар шартнома зикргардида эътибор пайдо намуда, барои Тарафҳо ҳатмӣ ҳисобида мешавад. Агар тибқи шартнома мӯҳлати фаъолияти он пешбинӣ шуда бошад, пас хотима ёфтани ҳамин мӯҳлат боиси қать шудани ӯҳдадориҳои Тарафҳои шартнома мегардад.
57) Шартномае, ки дар он мӯҳлати фаъолият зикр нагардидааст, то лаҳзаи муқарраршудаи хатми иҷрои ӯҳдадориҳо аз ҷониби Тарафҳо амалкунанда эътироф карда мешавад.
58) Ба охир расидани мӯҳлати амали шартнома Тарафҳоро аз масъулият барои вайрон кардани он, ки то гузаштани ин мӯҳлат ҷой дошт, озод намекунад.
59) Тағйир додан ва қатъи шартнома бо розигии ҳамдигарии Тарафҳо имконпазир аст.
60) Талаби тағйир додан ё қатъи шартнома аз ҷониби яке аз Тарафҳо танҳо баъди гирифтани раддияи Тарафи дигар барои пешниҳоди тағйир додан ё қатъ кардани шартнома, ё нагирифтани ҷавоб дар мӯҳлати муқарраршуда, метавонад ба суд арз карда шавад.
61) Шартнома метавонад мувофиқи муроҷиати яке аз Тарафҳо дар ҳолатҳои зерин тағйир дода шавад ё қатъ гардад:
- имконнопазирии иҷрои шартҳои шартнома (бандҳои 213 ва 214 Оинномаи мазкур);
- аз ҷониби Тарафи дигар вайрон кардани шартҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ё шартнома дар хусуси сифат, мӯҳлати иҷро ва дигар шартҳо;
- бо тартиби муқарраргардида Тарафи дигар муфлис эътироф шуда бошад;
62) Ҳангоми яктарафа тағйир додан ё қать кардани шартнома Тараф бояд Тарафи дигарро на дертар аз як моҳ пештар огоҳ намояд.
63) Ҳангоми қатъ намудани шартнома ӯҳдадориҳои Тарафҳо хотима меёбанд.
64) Ҳангоми тағйир додани шартнома ӯҳдадории Тарафҳо дар шакли тағйирёфта фаъолият мекунанд.
65) Агар асоси қать гардидан ва тағйир додани шартнома вайронкуниҳои ҷиддӣ аз ҷониби яке аз Тарафҳо бошад, Тарафи дигар ҳуқуқ дорад, ҳангоми қатъ ва тағйир додани шартнома товони зарарро талаб намояд.
66) Барои мусофиркашонӣ, ҳамлу нақли бағоҷ, борҳо, муросилоти почта ва хизматрасониҳои бо ҳамлу нақл алоқаманд тарифҳои озод (шартномавӣ), ба ғайр аз холатҳои истифодаи тарифҳои танзимшуда, ки даромаднокии субъекти хоҷагиҳои машғули фаъолияти нақлиёти автомобилиро таъмин мекунанд, муқаррар карда мешаванд.
67) Аз рӯи намудҳои алоҳидаи хизматрасониҳои нақлиётӣ, ҳамчун воситаи ҷорӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат ё ҳамчун воситаи бартараф кардани фаъолияти инҳисорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, метавонанд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарифҳои танзимшаванда - тарифҳои ягона дар ҳудуди давлат муқаррар карда шавад.
68) Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарифҳои номиналиро барои ҳамлу нақли автомобилӣ ва хизматрасониҳои марбути онҳо тасдиқ менамояд.
Тарифҳои номиналӣ бо назардошти намудҳои ҳамлу нақл, класси бор, бахшҳои фиристодашаванда ва масофаи ҳамлу нақл таҳия гардида, ба интиқолдиҳандагон, борфиристандагон ва соҳибони бор имкон медиҳад ба таври ҳақиқӣ арзиши меъёрии хизматрасониҳои нақлиётиро баррасӣ намоянд.
Тарифҳои номиналӣ - ин тарифи ҳадди аққали имконпазир мебошад, ки дармаднокии зарурии ҳадди ақалро таъмин мекунад.
Тарифҳои номиналӣ вобаста бо зарурати ба онҳо дохил намудани тағйирот ва иловаҳо таҷдиди назар карда мешаванд.
69) Бо розигии мизоҷ интиқолдиҳандаи автомобилӣ ҳуқуқ дорад ба тарифҳои номиналӣ вобаста ба талаботи бозор ба ин намуди ҳамлу нақл, сифати хизматрасонӣ, ҳаҷми хизматҳои иловагии марбут ба ҳамлу нақл, сатҳи муфлисшавӣ ва дигар омилҳо коэффитсиенти ислоҳиро муқаррар кунад.
70) Ҳамлу нақли борҳо ва мусофирон, ки тибқи фармоиши мақомоти давлатӣ сурат мегирад, бояд аз рӯи шартҳои қарордоди байни мақомоти мазкур ва интиқолдиҳандагон зимни риояи шартҳои пардохти кафолатноки хизматрасониҳои нақлиётӣ аз ҷониби ин мақомот, мувофиқи мизонҳои тарифавии аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшуда ва ҳаҷми хизматрасониҳои иҷрошуда, анҷом дода шаванд.
71) Ҳамлу нақли мусофирон, ки самаранокӣ бо тарифҳои танзимшудаи амалкунанда таъмин намегардад, мувофиқан аз буҷети ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ ҷуброн карда мешавад.
Боби 5. Ҳамлу нақли мусофирон, бори дастиву бағоҷ
72) Ҳамлу нақли автомобилии мусофирон, бори дастиву бағоҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо автобус, микроавтобус ва автомобилҳои таксӣ амалӣ карда мешаванд ва ба мусофирбарии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ) ва байналмилалӣ тақсим мешавад.
73) Ба мусофирбарии шаҳрӣ интиқоли мусофирон дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини шаҳрӣ;
-ба наздишаҳрӣ - берун аз ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин то сарҳади ноҳияи наздиктарин;
-ба байнишаҳрӣ (дохиливилоятӣ) - дар ҳудуди вилоят;
-ба байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ) - дар байни шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишин ба масофаи зиёда аз 50 км;
-ба байналмилалӣ - ҳамлу нақли вобаста бо убури сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд дохил мешаванд.
74) Ҳамлу нақли мунтазами автомобилии мусофирон, бори дастиву бағоҷ бо шартҳои зайл ташкил карда мешаванд:
- мавҷуд будани анбӯҳи мусофирон;
- имконияти гузарониши роҳҳои автомобилӣ иҷрои ҳаракати мунтазами воситаи нақлиёти мусофиркашро, ки дар асоси тиҷоратӣ аз рӯи хатсайрҳои муайян хизмат мерасонад, имконпазир гардонад;
- ҳолати роҳҳои автомобилӣ ва ободонии онҳо ба талаботи бехатарии ҳаракати роҳ мутобиқ бошанд.
75) Вобастакунии хатсайрҳои мунтазами ҳамлу нақли автомобилии байнишаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва шаҳрии мусофирон, бори дастиву бағоҷ тибқи тартиби муқаррагардида амалӣ карда мешаванд.
76) Ташаббускори кушодани хатсайрҳои нави доимамалкунанда ва ворид намудани тағйирот ба хатсайрҳои амалкунандаи мусофирбарӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ - мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шуда метавонанд.
77) Тибқи талаботи ташаббускор комиссияи босалоҳият аз ҳисоби намояндагони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттифоқи касаба ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳамлу нақли автомобилӣ нақшаи хатсайр ва ҷадвали ҳаракатро тартиб дода, онҳоро ба тариқи зайл мувофиқа мекунанд:
- ҳамлу нақли автомобилии мусофирон дар хатсайрҳои мунтазами байналмилалӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ) - бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамлу нақли автомобилии мусофирон дар хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрӣ (дохиливилоятӣ), наздишаҳрӣ ва шаҳрӣ, ки маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳо ва вилоятро мепайвандад - бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва бо мақомоти ваколатдор Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамлу нақли автомобилии мусофирон дар хатсайрҳои мунтазами шаҳри Душанбе - мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;
78) Раиси комиссияи босалоҳият новобаста аз хатсайри азнавкушодашаванда ё ворид намудани тағйирот ба хатсайрҳои амалкунандаи мунтазами байналмилалӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ)намояндаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ (дохиливилоятӣ), наздишаҳрӣ ва шаҳрӣ - намояндаи мақомоти ваколатдори Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хатсайрҳои мунтазами шаҳри Душанбе - намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дониста мешавад.
79) Дар асоси қарори комиссияи мазкур, раиси комиссия шиносномаи хатсайр, ҳаракати нақлиёти мусофирбарро дар се нусха тартиб медиҳанд ва он бо тариқи зайл тасдиқ карда мешавад:
- барои хатсайрҳои мунтазами байналмиллалӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ) - Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрӣ (дохиливилоятӣ), наздишаҳрӣ ва шаҳрӣ, ки маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилоятро мепайвандад - мақомоти ваколатдори Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия;
- барои хатсайрҳои мунтазами ҳамлу нақли автомобилии мусофирони шаҳри Душанбе - мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
80) Талабот ба хатсайрҳои доимамалкунандаи мусофирбарӣ ва ворид намудани тағйирот ё иловаҳо ба хатсайрҳои доимамалкунандаи мусофирбарӣ тавассути Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
81) Ҳамлу нақли мунтазами автомобилии байналмилалӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ) ва наздишаҳрии мусофирон ва бағоҷ танҳо аз терминали мусофирон дар асоси шартнома миёни интиқолдиҳанда ва маъмурияти терминалҳои мусофирон мутобиқи ҳамин Оиннома ва Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
82) Терминалҳои мусофирбарӣ ҳуқуқ надоранд, бастани шартномаро бо интиқолдиҳандаи мусофирон ва бағоҷ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он иҷозат дода шудаанд, рад намоянд.
83) Дар шартномаи ташкили ҳамлу нақли мунтазами автомобилии байнишаҳрӣ, шаҳрӣ, наздишаҳрии мусофирон ва бағоҷ, ки нуқтаҳои аҳолинишин, шаҳракҳо, деҳаҳоро бо марказҳои ноҳия ё вилоят, шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ (пойтахт) мепайванданд, бояд пешбинӣ карда шаванд:
- тарифҳо;
- тартиб ва ҷои фурӯши асноди сафар (чиптаҳо), иҷрои назорати мавҷудияти онҳо дар мусофирон;
- андоз ва мӯҳлатҳои пардохти ҷуброн ба интиқолдиҳанда, агар тарифҳои муқарраркардаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хароҷоти ҳамлу нақли мусофирон, инчунин ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро бо шартҳои имтиётзнок ё ройгон пӯшонида натавонад;
- ҷадвали ҳаракат, намуд (дараҷа, гунҷоиш) ва миқдори нақлиёти автомобилии мусофиркаш, ки дар хатсайр истифода мегарданд;
- ҷавобгарии тарафҳо барои иҷро накардан ё ба таври зарурӣ иҷро накардани ӯҳдадориҳо оид ба шартнома;
- мӯҳлати амали шартнома на камтар аз се солро ташкил медиҳад;
84) Санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд шартҳои дигари ҳатмии ташкили ҳамлу нақли мунтазами автомобилии байнишаҳрӣ, дохиливилоятӣ, наздишаҳрӣ ва шаҳрии мусофирон ва бағоҷро муқаррар намоянд.
85) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи шартномаи ташкили ҳамлу нақли мунтазами автомобилии байнишаҳрӣ, дохиливилоятӣ, наздишаҳрӣ ва шаҳрии мусофирон ва бағоҷ ӯҳдадоранд:
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарорӣ ва нигаҳдошти нуқтаҳои муқарраршудаи саворшавӣ ва фуромадани мусофиронро таъмин намоянд;
- хатсайрҳои бедаромадро бо пардохтҳои иловагии буҷетӣ таъмин кунанд;
- риояи ҷадвали муқарраршудаи ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашро, ки дар хатсайри муқарраршуда хизмат мерасонад, назорат намоянд.
86) Интиқолдиҳанда мувофиқи шартномаи ташкили ҳамлу нақли мунтазами автомобилии байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ), наздишаҳрӣ ва шаҳрии мусофирон ва бағоҷ ӯҳдадор аст:
- барои ҳамлу нақл намуд ва (шакл) класси дар шартнома пешбинишудаи воситаҳои нақлиётро истифода барад;
- ҷадвали ҳаракатро риоя намояд;
- ба таври дахлдор таҷҳизонии воситаи нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии мусофиронро дар роҳи сафар таъмин кунад.
87) Интиқолдиҳанда мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯхдадориҳои дигарро низ ба зимма дорад.
88) Шартномаи байни интиқолдиҳанда ва мусофир барои ҳамлу нақли мусофир ва бағоҷ бо чипта ва ҳуҷҷати бағоҷ тасдиқ қарда мешавад. Шартномаи ҳамлу нақл инчунин ҳуҷҷате мебошад, ки байни Тарафҳоинтиқолдиҳанда ва мизоҷ дар шакли шартнома ё дигар ҳуҷҷат барои ҳамлу нақли гурӯҳи мусофирон, бе фурӯхтани чипта ба ҳар яки онҳо, расмӣ кунонида мешавад.
89) Мувофиқи шартнома интиқолдиҳанда ӯҳдадор мешавад, ки мусофирро (зимни мавҷудии чипта) саривақт ба нуқтаи таъиншуда барад ва дар ҳолати бағоҷро супоридани мусофир -бағоҷро то ҷои таъиншуда расонида, ба шахси барои гирифтани бағоҷ ваколатдоркардаи ӯ супорад.
90) Шакли чиптаро оид ба намудҳои ҳамлу нақл Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Чиптаҳо метавонанд номӣ ё манзурӣ бошанд ва бояд оид ба шартҳои истифодашавандаи ҳамлу нақл нишондодро дар бар гиранд. Чиптаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ бояд ба забони давлатҳое чоп шаванд, ки нуқтаҳои оғозу анҷоми хатсайр дар ҳудуди онҳо ҷой гирифтаанд.
Чипта ҳуҷҷати ҳисоботдиҳии қатъӣ ва дорои силсилаи (серия) баҳисобгирӣ ва рақам буда, ба таври матбаавӣ чоп мешавад.
91) Ҳангоми бастани шартнома интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад дар хусуси иҷрои хизматрасониҳои иловагӣ барои мусофирон ӯҳдадориҳоро ба зимма гирад (ташкили истироҳати шабона, хӯрок ҳангоми сафар ва монанди инҳо). Дар ин ҳолат арзиши чунин хизматрасонӣ дар чипта ё шартнома, алоҳида аз нархи он нишон дода мешавад, ки бо тарифҳои мувофиқанамудаи Тарафҳо муайян мегардад ё бояд бо усули дигар ба расмият дароварда шавад.
92) Интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад:
- барои ташкил додани итгиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ дар шакли ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои худ;
- барои истироҳат ва шароити меҳнат, ки ҷавобгӯи талаботи бехатарӣ ва гигиена мебошад;
- барои аз мусофирон талаб кардани риояи тартибу қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ тавассути нақлиёти автомобилӣ.
93) Интиқолдиҳанда, ки ҳамлу нақли мунтазами мусофирон ва бағоҷро иҷро мекунад, ӯҳдадор аст:
- ҳолати дурусти техникии воситаҳои нақлиёти автомобилиро таъмин созад ва ба хатсайр баромадан воситаи нақлиёти автомобилиеро, ки ҳолаташ мувофиқи талаботи муқарраршудаи техникӣ, экологӣ, санитарию эпидемиологӣ ва талаботи бехатарии сӯхтор намебошад, иҷозат надиҳад;
- истифода бурдани роҳхатҳои намунаи муқарраршуда ва гузаронидани муоинаи пешакӣ ва доимии техникию тиббӣ, риоя намудани реҷаи меҳнат ва истироҳати ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилиро таъмин намояд;
- бехатарии мусофирон, фароҳам овардани шароитҳои зарурии мусоидро барои онҳо таъмин намояд;
- интиқоли саривақтӣ ва амнияти бағоҷи барои интиқол супоридашударо таъмин намояд;
- ташкили ҳамлу нақлро аз майдончаҳои махсус барои истгоҳҳои автобусҳо, таксиҳои хатсайргард ва таксиҳои сабукрав ҷудокардашуда, ки онҳо ҳамлу нақлро тибқи хатсайрҳои муқарраргардида, бо ҷойҳои саворкунӣ ва фурудоварии мусофирон ва бо нишондодҳои дахлдор таҷҳизонидашуда иҷро мекунанд, таъмин намояд;
- ҷадвали ҳаракат ва таъмин намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилиро тибқи хатсайрҳо риоя намояд;
- ҳамлу нақли бепардохти категорияи алоҳидаи шаҳрвандонро анҷом диҳад ё оид ба пардохти сафар дигар имтиёзҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам орад;
- фурӯши ҳуҷҷатҳои сафар (чиптаҳо) ва расидномаҳои бағоҷро ҳангоми иҷрои ҳамлу нақли мунтазами автомобилии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ) ва байналмилалии мусофирону бағоҷ дар ҳама нуқтаҳои таваққуфи хатсайр тавассути хазинаи (кассаи) терминалҳо ё тавассути ронандагони (кондукторони) автобусҳо ё таксиҳои хатсайргард, ки аз рӯи хатсайри муқарраргардида фаъолият мекунанд) таъмин намояд;
- тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро эълон кунад, онҳоро дар шартномаҳо, ҳуҷҷати сафар (чипта) ва расидномаи бағоҷ қайд намояд;
- тарифҳои эълонкардаро риоя намояд ва мусофиронро оид ба тағйироти дарпешистодаи тарифҳо саривақт огоҳ созад.
94) Интиқолдиҳандае, ки ҳамлу нақли ғайримунтазами автомобилии мусофирону бағоҷро иҷро мекунад (ба истиснои таксиҳои сабукраве, ки ҳамлу нақли мусофирону бағоҷро мувофиқи хатсайри пешниҳодкардаи мусофирон анҷом медиҳанд), ӯҳдадор аст, ки талаботи банди 93-ро таъмин кунад;
95) Мусофир ҳуқуқ дорад:
- дар ҳама гуна нақлиёти мусофиркаш - автобусҳо, таксиҳои хатсайргард ё таксиҳои сабукрав мувофиқи тартиби пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намояд;
- ҳуҷҷати сафар (чипта) бихарад;
- мувофиқи ҳуҷҷати сафари (чиптаи) харидааш ҷой гирад;
- дар автобусҳо, таксиҳои хатсайргарди шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ) ва байналмилалӣ бепул як кӯдаки то 5-соларо бидуни ҷойи алоҳидаи нишаст дар нақлиёти мусофиркаш, новобаста аз шакли моликият, ба истиснои таксиҳои сабукрав (ки бе хатсайри пешниҳодкардаи мусофир хизмат мерасонад) ройгон бо худ барад;
- барои кӯдакони синни аз 5 то 12 чиптаро бо нархи панҷоҳ фоизи арзиши пурра харад;
- мувофиқи ҳуҷҷати сафари (чиптаи) харидашуда бе подоши иловагӣ сафар кунад, агар интиқолдиҳанда ба ҷойи як намуди нақлиёти мусофиркаши пешбиникардаи ҷадвал нақлиёти дигареро пешниҳод кунад, ки сафар бо он дорои арзиши гаронтар аст;
- ҳуҷҷати сафарро (чиптаро) то оғози ҳамлу нақл бисупорад ва маблағи барои ҳамлу нақл пардохтаашро бо кам кардани боҷҳои пешбинишуда бозпас гирад;
- ҳуҷҷати сафарии (чиптаи) гумкардашударо, агар ӯ интиқолдиҳандаро на дертар аз 3 соати то ба роҳ баромадани воситаи нақлиёт огоҳонида бошад ва воқеияти харидани ҳуҷҷати сафариро (чиптаро) интиқолдиҳанда ё терминали мусофирӣ тасдиқ намояд, барқарор созад;
- бо худ бидуни пардохти пул дар худуди меъёрҳои муқарраркардаи Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ бори дастӣ гирад;
- бағоҷро барои ҳамлу нақл бо пардохт аз рӯи тариф супорад;
- арзиши бағоҷро ҳангоми барои ҳамлу нақл супоридан эълон намояд;
- мутобиқати дараҷаи ҳамлу нақлро бо сертификати он тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон мавриди баҳс қарор диҳад;
96) Мусофир мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои дигар низ дорад.
97) Мусофир вазифадор аст:
- ҳангоми сафар бо хатсайрҳои ҳамлу нақли мунтазами шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ) ва байналмилалии мусофирон ва бағоҷ ҳуҷҷати сафарӣ (чипта) харидорӣ намояд, онро то охири сафар нигоҳ дорад ва бо талаби ҳайати кормандони хизматрасони воситаи нақлиёт ё мақомоти тафтишкунанда онро нишон диҳад;
- тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин талаботеро, ки Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, риоя намояд;
- ҳама ҳуҷҷатҳои заруриро барои убури сарҳад ва гузаронидани бағоҷ аз сарҳад дошта бошад ва онҳоро бо талаби мақомоти сарҳадбон ё гумрук нишон диҳад;
- дақиқӣ, пуррагӣ ва дурустии маълумотеро, ки дар ҳуҷҷатҳои барои ҳамлу нақли бор ё бағоҷ нишон дода шудаанд, таъмин кунад;
- хизматрасониҳои интиқолдиҳандаро ҳангоми ҳамлу нақли бағоҷи арзишаш эълоншуда пардохт намояд, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагашта бошад.
98) Мусофир мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулиятҳои дигар низ дорад.
99) Ба интиқолдиҳанда, ки ҳамлу нақли номунтазами автомобилии мусофирон ва бағоҷро иҷро мекунанд, савор кардани мусофирон дар хатсайрҳои ҳамлу нақли мунтазами автомобилии мусофирон ва бағоҷ манъ карда мешавад.
100) Ҳамлу нақли гурӯҳҳои муташаккили кӯдакон тавассути нақлиёти автомобилии мусофиркаше анҷом дода мешавад, ки ҳолати он ба талаботи муқарраркардаи Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ бошад.
101) Воситаи нақлиёти автомобилие, ки барои ҳамлу нақли гурӯҳҳои муташаккили кӯдакон таъин гардидааст, бо чароғаки огоҳкунаки дорои ранги зард бояд таҷҳизонида шавад.
102) Ба воситаи нақлиёти автомобилии ҳамлу нақли гурӯҳҳои муташаккили кӯдакон бояд аз пеш ва қафо аломати фарқкунандаи "Ҳамлу нақли кӯдакон" насб карда шаванд.
103) Ба ҳамлу нақли гурӯҳҳои муташаккили кӯдакон ронандагони на камтар аз биступанҷсолае иҷозат дода мешаванд, ки шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи дахлдор ва собиқаи кори ронандагии на камтар аз панҷ сол доранд.
104) Қаторҳои (сафҳои) иборат аз ду ё бештар воситаҳои нақлиёти автомобилиро бояд автомобилҳои махсуси бозрасии давлатии автомобилӣ ҳамроҳӣ кунанд.
105) Барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофирон дар ҳамлу нақли мунтазами автомобилии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ, дохиливилоятӣ) ва байналмилалии мусофирону бағоҷ тавассути таксиҳои хатсайргард ва сабукрав ҳамлу нақли махсус ташкил карда мешавад.
106) Саворкунӣ ва фурудоварии мусофирон дар таксиҳои хатсайргард ва сабукраве, ки дар хатсайрҳои муқарраргардида хизмат мерасонанд, дар нуқтаҳои таваққуф мувофиқи ҳуҷҷати тасдиқгардида анҷом дода мешавад. Саворкунӣ дар роҳи ҳаракат зимни мавҷуд будани ҷойҳои холӣ бо риояи талаботи бехатарии ҳаракати роҳ анҷом дода мешавад.
107) Интиқолдиҳандае, ки ҳамлу нақли мунтазами автомобилии мусофирону бағоҷро дар хатсайрҳои муқарраргардида бо таксиҳои хатсайргард ва сабукрав анҷом медиҳад, вазифадор аст, ки талаботи банди 93-ро риоя кунад.
108) Ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксии сабукрав аз рӯи хатсайри пешниҳодкардаи мусофирон дар асоси шартномаи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ, ки миёни интиқолдиҳанда ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳо ба тасвиб мерасад, иҷро карда мешавад.
109) Тибқи шартнома дар бораи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ интиқолдиҳанда ӯҳдадор аст:
- барои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ таксии сабукравро истифода барад, ки бо нархгузор таҷҳизонида шуда, мутобиқи Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аломатҳои фарқкунанда дорад;
- барои кор дар реҷаи таксӣ миқдори аз рӯи шартнома муқарраргардидаи автомобилҳоро истифода барад.
110) Тибқи шартнома дар бораи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад:
- барои истгоҳи таксӣ, савор кардан ва фуровардани мусофирон истгоҳҳои махсус таҷҳизонидашудаи таксиҳоро истифода барад;
- саворкунӣ ва фурудоварии мусофиронро дар қитъаи дилхоҳи шабакаи роҳ бо риояи талаботи қоидаҳои бехатарии роҳ анҷом диҳад.
111) Интиқолдиҳанда мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои дигар низ дорад.
112) Интиқолдиҳандае, ки ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро бо таксӣ иҷро мекунанд, ӯҳдадор аст, ки ташхиси пешазсафарии (пешазбастии) техникию тиббӣ ва дар ҳолати доштани нуқсон ивази саривақтии таксиро таъмин созад.
113) Барои кори самараноки таксӣ ва ташкили бароҳати истифодаи онҳо аз ҷониби мусофирон, дар ҳамаи нуқтаҳои ҷамъшавии мусофирон (майдонҳои ҳавоӣ, саристгоҳҳо, марказҳои калони тиҷоратӣ ва фарҳангӣ) мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ташкил ва таҷҳизонии истгоҳҳои таксиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақлиёти автомобилӣ таъмин мекунанд.
114) Категорияҳои алоҳидаи мусофирон аз афзалиятҳои зерин бархурдоранд:
- ҳуқуқи саворшавии бенавбат ба воситаҳои нақлиёти автомобилии мусофиркаш ва таксӣ;
- ҳуқуқи хариди бенавбати чиптаҳо.
Аз афзалиятҳои мазкур иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин шахсони бо онҳо баробаркардашуда истифода мебаранд.
115) Дар терминалҳои мусофирбарӣ барои хизматрасонии мусофирон мувофиқи Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит муҳайё карда, иловатан дасттоҳ барои савор кардану фуровардани мусофирони маъюб таҷҳизонида мешаванд.
116) Нақлиёти истифодаи умум бо дастгоҳҳои савор кардану фуровардани мусофирони маъюб таъмин карда мешавад.
117) Ҳангоми аз ҷониби мақомоти давлатӣ гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи хизматрасонии хатсайрҳои ҳамлу нақли мусофирон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие бартарӣ доранд, ки воситаҳои нақлиёти онҳо барои дастрас будан ба маъюбон мувофиқ кунонида шудаанд.
118) Агар мусофир ё шахси барои гирифтани бағоҷ ваколатдор бағоҷро бо сабабҳои аз интиқолдиҳанда вобаста набуда нагирифта бошад, интиқолдиҳанда ӯҳдадор аст, онро дар саристгоҳҳои автомобилҳо ё терминал, нуқтаи таъиншуда ё нуқтаи бароҳдароӣ, то бағоҷро бесоҳиб эътироф намудани суд нигоҳ дорад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагашта бошад.
119) Ҳангоми багоҷро бесоҳиб эътироф кардани суд соҳиби нави бағоҷ хароҷоти нигоҳдории он, амалиёти бор кардану фуровардан ва барои интиқол сарфкардаи интиқолдиҳандаро, ки баҳри таъмини маҳфузияти бағоҷ зарур буд, ҷуброн менамояд.
Боби 6. Ҳамлу нақли борҳо ва муросилоти почта
120) Тибқи шартонмаи ҳамлу нақли бор интиқолдиҳандаи автомобилӣ вазифадор мешавад, ки бори ба ӯ боварикардаи борфиристандагонро ба маҳали таъиншуда мерасонад ва ба шахси масъули борқабулкунанда (боргиранда) месупорад ва борфиристанда ӯҳдадор мешавад, ки барои ҳамлу нақли бор маблағи онро тибқи шартнома ё тариф пардозад.
121) Ҳамлу нақли бор бо тарзи фармоиши яквақта, аммо иҷро тавассути борхати нақлиётӣ ба расмият дароварда мешавад. Тарзи фармоиши яквақта, тартиби пешниҳод ва ба расмият даровардани он дар Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо оварда мешавад.
122) Ҳангоми зарурати амалӣ намудани ҳамлу нақли мунтазами борҳо оид ба ташкили интиқол шартномаи тӯлонӣ баста мешавад. Шартномаи тӯлонии ташкили ҳамлу нақли борро интиқолдиҳандагони автомобилӣ бо борфиристандагон ё боргирандагон, инчунин бо корхонаҳои намуди дигари нақлиёт, бо идораи нақлиётию экспедисионӣ, бо ташкилотҳои таъминотию фурӯш, ки борфиристанда ё боргиранда намебошанд, баста мешавад. Дар ин маврид ташкилотҳое, ки оид ба ташкили интиқоли борҳо шартнома бастаанд, ҳуқуқҳо ва масъулияти дар Оинномаи мазкур барои борфиристандагон ва боргирандагон пешбинишударо ба зимма мегиранд.
123) Аз рӯи шартномаи тӯлонии ташкили интиқоли бор интиқолдиҳандаи автомобилӣ ӯҳдадор мешавад, ки дар мӯҳлати муқарраргардида борро қабул кунад, борфиристанда бошад дар ҳаҷми мувофиқашуда борро ҷиҳати интиқол пешниҳод намояд. Дар шартномаи тӯлонӣ ҳаҷм, мӯҳлат, сифати ҳамлу нақл, тартиби ҳисоб ва дигар шартҳои пешниҳодкунии воситаҳои нақлиёт ва борҳои барои интиқол пешбинишуда, инчунин ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти ҳар яке аз тарафҳо муайян карда мешавад.
124) Борфиристанда ба интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои бори хусусияти молӣ дошта, бояд борхати нақлиётие пешниҳод намояд, ки ҳуҷҷати асосии интиқол мебошад ва тибқи он борфиристанда борро аз ҳисоб мебарорад ва боргиранда ҳамин борро расман қабул мекунад.
125) Борфиристанда ва боргиранда вобаста ба ҳамаи оқибатҳои нодурустиҳо, носаҳеҳиҳо ё номукаммалии маълумоте, ки онҳо дар борхати нақлиётӣ нишон додаанд, ҷавобгар мебошанд. Интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад, дурустии ин маълумотро тафтиш намояд.
126) Интиқоли борҳои дорои хусусияти ғайримолӣ тавассути санади ченкунӣ ё санади баркашӣ ба расмият дароварда мешавад. Ҳангоми интиқоли тӯдаи хок муайян кардани миқдори он метавонад ба тариқи геодезӣ анҷом дода шавад. Тартиби таълиф кардани санади ченкунӣ ё баркашӣ, инчунин тартиби қабул ва супоридани бори дорои хусусияти ғайримолӣ тибқи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо муқаррар карда мешавад.
127) Истифодаи автомобил бо усули пардохти соатбайъ бо сабти борфиристанда ё боргиранда дар роҳхат, бо нишон додани мӯҳлати ҳаракат ва вақти хизмати автомобил таҳти фармоиши он ба расмият дароварда мешавад.
128) Интиқоли борҳои якҷинса аз як борфиристанда ба суроғаи як боргиранда ба як масофа метавонад бо як борномаи молию нақлиётӣ, бо як санади ченкунӣ ё як санади баркашӣ барои ҳамаи корҳои иҷрокардаи автомобил дар муддати як басти корӣ (шабонарӯз), бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо ба расмият дароварда мешаванд.
129) Барои интиқоли бор борфиристанда ба интиқолдиҳандаи автомобилӣ ҳангоми мавҷуд будани шартнома дархости дахлдор ва ҳангоми набудани онфармоиши яквақта пешниҳод мекунад.
Тарзи фармоишҳои яквақта, тартиби пешниҳод ва барасмиятдарории онҳо дар Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо оварда мешавад.
130) Корхонаҳо ва ташкилотҳои нақлиётии автомобилӣ интиқоли борҳоро тибқи нақшаи (супоришоти) шабонарӯзӣ, дар асоси шартномаҳои басташуда ва ҷадвали бо муштариён мувофиқашудаи интиқоли борҳо, инчунин дар асоси дархостҳои яквақтаи айни замон воридгардида анҷом медиҳанд.
Дархостҳои яквақта барои ҳамлу нақли борҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби воридшавии онҳо иҷро карда мешаванд.
131) Борҳое, ки ҳамлу нақлашонро вазъияти фавқулодда талаб мекунад, берун аз нақша ва бе навбат барои интиқол қабул карда мешаванд.
132) Ҳамлу нақли вобаста ба фиристодани воситаи нақлиёт барои иҷрои корҳои берун аз минтақаҳои доимии онҳо метавонанд тибқи шартнома оид ба ташкили интиқоли борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ анҷом дода шаванд.
Хароҷоти иловагии интиқолдиҳандагони автомобилии вобаста ба фиристодани воситаи нақлиёт барои корҳо берун аз маҳали будубошро борфиристандагон ё борқабулкунандагон мепардозанд, агар тартиби дигари ҷуброни чунин хароҷотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар накарда бошад.
133) Боре, ки борфиристанда хилофи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо пешниҳод намудааст ва дар мӯҳлати барои сари вақт фиристодани бор зарурӣ онро ба ҳолати дахлдор наовардааст, пешниҳоднашуда ҳисоб намеравад.
134) Навъ ва миқдори автомобилҳоеро, ки барои иҷрои ҳамлу нақли борҳо заруранд, интиқолдиҳандаи автомобилӣ вобаста аз ҳаҷм ва хусусияти интиқол муайян мекунад, агар тибқи шартнома шарти дигари интиқол муқаррар карда нашавад.
135) Автомобилҳо дар мӯҳлати бо борфиристандагон мувофиқашуда, дар сурати омода будан барои интиқоли бор, ҷавобгӯй будан ба талаботи санитарӣ ва экологӣ барои бор кардан фиристода мешаванд.
Пешниҳоди воситаҳои нақлиёте, ки барои ҳамлу нақли бори дар шартнома зикргардида номувофиқ аст, ҳамчун муҳайё накардани воситаи нақлиёт баррасӣ мегардад.
136) Интиқолдиҳандагони автомобилӣ метавонанд борҳои алоҳидаро, ки борфиристанда арзиши онро эълон мекунад, барои интиқол қабул кунанд. Арзиши эълоншуда бояд аз арзиши ҳақиқии бор зиёд набошад. Дар ҳолати ихтилофи назар байни интиқолдиҳандаи автомобилӣ ва борфиристанда арзиши бор дар асоси санҷиш (экспертиза) муайян гардида, санад тартиб дода мешавад.
137) Барои ҳамлу нақли борҳои арзишашон эълоншуда аз борфиристанда (боргиранда) маблағи иловагӣ ситонида мешавад, ки андозаи он тибқи созишномаи Тарафҳо бо шартномаи ҳамлу нақл муқаррар карда мешавад.
138) Номгӯи борҳое, ки арзишашонро эълон кардан ҳатмист, инчунин борҳое, ки эълон кардани арзишашон иҷозат дода намешавад, тибқи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо муайян карда мешавад.
139) Ҳангоми ҳамлу нақли мутамарказонидашуда корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ интиқол ва хизматрасониҳои нақлиётию экспедитсиониро ҳамгироӣ намуда, тибқи шартномаи ҳамлу нақл ва ҷадвали мувофиқашуда, бо назардошти протсесси истеҳсолии истеҳсолоти асосии борфиристанда ва боргиранда баровардани (овардани) борро аз корхонаҳои саноатӣ, анборҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, бандарҳо ва фурудгоҳҳо анҷом медиҳанд.
Тартиби ташкил намудани интиқоли мутамарказонидашудаи борҳо, инчунин ҳуқуқ ва вазифаҳои интиқолдиҳандаи автомобилӣ, борфиристрнандагон ва боргирандагон ҳангоми иҷрои чунин интиқол тибқи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо муқаррар карда мешаванд.
140) Нуқтаҳои боркунӣ ва борфарорӣ сарфи назар аз мансубияташон бояд ҷавобгӯи талаботи зайл бошанд:
- риояи меъёрҳои зиддисӯхторӣ, беҳдоштию гигиенӣ ва экологиро таъмин намоянд;
- ҳифзи бор ва бехатарии коргаронро ҳангоми иҷрои корҳои боркунӣ ва борфарорӣ таъмин намоянд;
- дорои роҳҳои фаръӣ бошанд, ки ҳаракати озодона ва бехатари автомобилҳоро (автопоездҳоро) ба маҳали боркунӣ (борфарорӣ) дар тамоми шароитҳои номусоидии боду ҳаво таъмин намоянд;
- шомгоҳон ва шабона дорои воситаҳои рӯшноидиҳанда бошанд;
- миқдор ва ҷиҳозонии нуқтаҳои боркунӣ (борфарорӣ) бо воситаҳои механикӣ ба намуд ва ҳаҷми борҳои коркардашаванда мувофиқ бошанд ва бекористии автомобилҳо ҳангоми боркунӣ (борфарорӣ) дар ҳудуди вақти меъёрӣ таъмин намояд.
- дорои бинои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои молию нақлиётӣ буда, муҷаҳазии онҳо бояд имконият диҳад, ки дар ҳудуди вақти меъёрӣ амалиёти сифатнок тартиб додани ҳуҷҷатҳоро таъмин намояд;
- дорои алоқаи телефонӣ ва дигар намуди алоқа бошад;
- ҳангоми зарурат пунктҳои боркунӣ ва борфарорӣ бо нуқтаҳои назоратию гузаргоҳӣ, лаборатория, таҷҳизоти вазнбаркашӣ ва дигар таҷҳизот ҷиҳозонида шуда, инчунин имкони муайян намудани сифат ва ҳаҷми бори фиристодашаванда ва воридшавандаро дошта бошанд.
141) Борфиристанда ӯҳдадор аст, ки то омадани автомобили боргиранда, борро барои интиқол омода созад (ғун кардар, барои ҳар як боргиранда алоҳида гурӯҳбандӣ кардани борҳо, омода кардани ҳуҷҷатҳои молию нақлиётӣ, рухсатнома барои даромадан ба ҷойи боркунӣ ва борфарории борҳо ва монанди инҳо), то ин ки истифодаи оқилонаи нақлиёт ва ҳифзи борро дар роҳ таъмин намояд.
142) Ҳангоми пешниҳоди борҳо дар шакли тара ё баста ва борҳои донашумори ҳамлу нақли майда борфиристанда ӯҳдадор аст, ки пешакӣ ҳар як борро мутобиқи Қоидаҳои ҳамлу нақли боркашонӣ тамға занад.
143) Борҳое, ки ба бордон эҳтиёҷ доранд, барои ҳифзи онҳо аз талафшавӣ, даридан ва вайроншавӣ бояд барои ҳамлу нақл дар тараи дуруст, мутобиқи стандартҳои давлатӣ ё шартҳои техникӣ, ё дар ҳолатҳои муқарраршуда дар тараи дигари коршоям, ки ҳифзи пурраи онҳоро таъмин мекунанд, пешниҳод шаванд.
144) Интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад, борҳои тара ва бастаро ҳангоми набудани тамға, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавоб намедиҳад, барои интиқол қабул накунад.
145) Ҳамлу нақли борро интиқолдиҳандаи автомобилӣ, чун қоида, бидуни роҳбаладии экспедитори борфиристанда (боргиранда), бо иҷрои ҳамаи амалиёти нақлиётию экспедисионӣ анҷом медиҳад.
146) Номгӯи борҳои бо роҳбаладии экспедитори борфиристонанда (боргиранда) интиқолёбанда ва тартиби ҳамлу нақли чунин борҳо тибқи Қоидаҳои ҳамлу нақли бор муқаррар карда мешавад.
147) Ҳангоми барои интиқол қабул намудани бор ронанда ба борфиристанда шаҳодатномаи хизматӣ ё шиноснома ва роҳхати бо мӯҳр тасдиқнамудаи корхона ё ташкилоти нақлиёти автомобилӣ ва иҷозатномаро пешниҳод менамояд.
148) Қабули бор аз борфиристанда барои интиқол бо имзои ронанда дар ҳамаи нусхаҳои борхати молию нақлиётӣ (борхат) ё наряди автомобилӣ тасдиқ гардида, як нусхааш ба борфиристанда дода мешавад.
149) Борҳое, ки бо борхати молию нақлиётӣ (борхат) ё нарядҳои автомобилӣ ба расмият дароварда нашудаанд, барои интиқол қабул карда намешаванд.
150) Борҳои борҷомадор ва донашумор барои ҳамлу нақл бо нишон додани вазни бор ва миқдори ҷойи бор дар борномаи молиявию нақлиётӣ ё наряди автомобилӣ қабул карда мешаванд.
Вазни борҳои борҷомадор ва донашуморро борфиристанда то оғози интиқол муайян мекунад ва дар ҷойи бор зикр мегардад.
151) Вазни умумии бор бо роҳи баркашидан дар тарозу ё ҳисоб намудани вазн дар ҷойҳои борҳо аз рӯи трафарет ё стандарт муайян карда мешавад. Барои борҳои алоҳида вазни бор бо роҳи ҳисоб, ченкунӣ, вазни ҳаҷмӣ ё шартан муайян карда мешавад.
152) Дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) ё наряди автомобилӣ борфиристанда ё экспедитор вазни борро бо нишон додани тарзи муайян кардани он зикр мекунад.
153) Муайян кардани вазни бор мутобиқи шартнома дар якҷоягии борфиристанда ва интиқолдиҳандаи автомобилӣ бо воситаҳои техникии борфиристанда, дар терминалҳои боркашонӣ бошад - тавассути воситаҳои техникии терминал анҷом дода мешавад.
154) Тибқи шартномаи ҳамлу нақл автомобилҳои пӯшида ва ядакҳо, қисмҳои алоҳидаи автомобилҳо, контейнерҳо ва систернаҳои боркардашудаи барои як боргиранда таъиншуда, бояд аз ҷониби борфиристанда сурғуч карда шуда, молҳои донашумор, ки дар қуттиҳо, коробкаҳо ва дигар борҷома ҷойгиранд, бояд сурғуч ё бандерол карда шаванд.
155) Ҳангоми ҳамлу нақли борҳо дар автомобилҳо ва ядакҳои пӯшида, қисмҳои алоҳидаи автомобилҳо, контейнерҳо ва систернаҳои аз тарафи борфиристанда сурғучшуда, тибқи шартнома вазни бор аз ҷониби борфиристанда муайян карда мешавад.
156) Тартиби сурғучкунии автомобилҳо, ядакҳо, қисмҳои алоҳидаи автомобилҳо, контейнерҳо ва систернаҳо тибқи Қоидаҳои ҳамлу нақли бор муқаррар карда мешавад.
157) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ метавонад бо мувофиқаи борфиристанда интиқоли борро дар автомобилҳои пӯшида, ядакҳо, қисмҳои алоҳидаи автомобилҳо ва систернаҳо бидуни сурғуч анҷом диҳад.
Дар ин ҳолат маблағи хизматрасониҳо вобаста ба иҷрои амалиёти иловагӣ оид ба қабул ва супоридани борҳо аз ҷониби ронанда мутобиқи шартномаи басташуда пардохта мешавад.
158) Борҳое, ки вазнҳои тамғазадаи холис ва ғайрихолис доранд, аз нав баркашида намешаванд. Ронанда ҳангоми мавҷуд набудани нишонаҳои кушодани тара ё бастаҳо, чунин борро аз борфиристанда тибқи вазни дар тамға нишондодашуда қабул мекунад.
159) Ронанда вазифадор аст, ки ҳангоми ба автомобил бор кардан бор ҳозир бошад. ӯ дурустии борҷома ва бастаҳо, мавҷудияти сурғуҷ ва тамғаҳоро тафтиш карда, дурустии ҷой кардан, маҳкам кардан ва бастани борро дар болои автомобил месанҷад. Ронанда дар хусуси нодурустии ҷой кардан ва ноустувории бор, ки барои нигоҳдории он таҳдид мекунад, борфиристандаро хабардор мекунад.
160) Борфиристанда тибқи талаби ронанда вазифадор аст, ки нодурустии ҷойгиркунӣ ва маҳкамкунии борро ислоҳ намояд. Ҳангоми иҷро накардани талабот оид ба рафъи нодурустии ҷойгиркунӣ ва маҳкамкунии бор ронанда вазифадор аст, ки дар ҳамаи нусхаҳои борхати молию нақлиётӣ (борхат) дар ин хусус қайд намояд.
161) Баъди ба охир расидани боркунӣ ба автомобил ронанда мутобиқати номгӯй, теъдоди ҷойҳо, вазн ва сифати бори воқеан борқардашударо бо маълумоти дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) нишондодашуда муқоиса мекунад.
162) Ҳангоми мувофиқат накардани маълумоти воқеӣ бо маълумоти дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) зикргардида, то ислоҳи номутобиқатҳои зикргардида бор барои интиқол қабул карда намешавад. Дар ин маврид хароҷоти бекористии автомобилро борфиристанда мепардозад.
163) Ҳангоми мутобиқати бори воқеан боркардашуда аз рӯи ҳамаи параметрҳо бо маълумоти дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) нишондодашуда, ронанда ҳамаи чор нусхаи борхати нақлиётиро имзо мекунад, якеро ба борфиристанда медиҳад ва бор барои интиқол қабулгардида ҳисобида мешавад. Аз ҳамин лаҳза ронанда масъулияти нигоҳдории борҳои интиқолшавандаро то вақти ба боргиранда супоридани он ба зиммаи худ мегирад.
164) Моддаҳои оташангез, тарканда, заҳролудкунанда, заҳрнок, сӯзонанда, инчунин дигар борҳои хатарнок барои интиқол тибқи тартиби пешбининамудаи Қоидаҳои интиқоли борҳои хатарнок қабул карда мешаванд.
165) Ҳангоми интиқоли мутамарказонидашудаи борҳо аз истгоҳҳои роҳи оҳан, аз бандарҳо ва фурудгоҳҳо қабули борро интиқолдиҳанда тибқи қоидаҳои дар нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти обӣ ва нақлиёти ҳавоӣ амалкунанда анҷом медиҳад.
166) Ба автомобил бор кардани борҳо, маҳкам кардан, пӯшонидан ва бастани онҳоро борфиристанда анҷом дода, тахлияи борро боргиранда анҷом медиҳад.
167) Нақши борфиристанда ва боргирандаро тибқи шартнома бо молики бор ҳангоми ҳамлу нақли муштарак метавонанд нуқтаҳои борфурорӣ, ташкилотҳои таъминотию фурӯш, идораҳои нақлиёти экспедитсионӣ ва дигар ташкилотҳое иҷро намоянд, ки барои фаъолияти мазкур литсензия доранд.
168) Интиқолдиҳанда метавонад тибқи мувофиқа бо борфиристанда ё боргиранда, боркунӣ ва фуровардани борҳоро ба зимма гирад. Дар ин ҳолат дар шартномаи ҳамлу нақли борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ бояд шартҳои иҷрои корҳои борфурорию боркунӣ ва пардохти онҳо пешбинӣ шаванд.
169) Дар истгоҳҳои роҳи оҳан, дар бандарҳо ва фурӯдгоҳҳо боркунӣ ба автомобил ва борфурорӣ тавассути қувваю воситаҳои истгоҳи роҳи оҳан, бандар, фурӯдгоҳ анҷом меёбад, ба ғайр аз борҳои хатарнок ва моеъ, ки боркунию фуровардани онҳоро мувофиқан борфиристанда ё боргиранда анҷом медиҳад.
170) Борфиристанда ва боргиранда вазифадоранд, кӯшиш намоянд, ки нақлиётро то ҳадди ғунҷоиш бор кунанд, аммо на зиёдтар аз ҳадди борбардории он бор ва маблағи истифодаи пурраи борбардории нақлиётро пардозанд.
171) Интиқолдиҳанда дар маҳали таъиншуда борро ба боргарандаи дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) нишондодашуда месупорад. Боргиранда қабул кардани борро бо мӯҳр ва имзо тасдиқ мекунад.
172) Дар маҳали таъиншуда ба боргиранда тибқи вазн ва миқдори ҷойҳо супоридани борҳо бо ҳамон тартибе анҷом дода мешаванд, ки борҳо аз борфиристанда қабул карда шудаанд.
173) Борҳое, ки дар автомобилҳо, ядакҳо, қисмҳои алоҳидаи автомобил, контейнерҳо ва систернаҳои дуруст ва бидуни вайрон кардани сурғучи борфиристанда расидаанд, ба боргиранда бидуни санҷиши вазн, ҳолати бор ва миқдори ҷойҳои бор дода мешаванд.
174) Дар маҳали таъиншуда интиқолдиҳандаи автомобилӣ ҳангоми супоридани бор вазифадор аст, ки вазн, миқдори ҷойҳо ва ҳолати борро дар ҳолатҳои зайл тафтиш намояд:
- расидани бор дар автомобилҳо, ядакҳо, қисмҳои алоҳидаи автомобил ва систернаҳо бидуни тамға, ки бо мувофиқаи борфиристанда барои интиқол қабул шудаанд;
- расидани бор дар автомобили кузоваш тахрибшуда ё дар кузови дуруст, аммо бо тамғаи харобшуда;
- расидани борҳои зудвайроншаванда бо риоя нашудани мӯҳлати расонидани ин бор ё низоми ҳароратии тибқи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо муқарраршуда;
- расидани боре, ки интиқолдиҳанда аз анбори терминали борҳо бор кардааст;
- додани бор аз анбори корхонаҳои нақлиётию экспедитсионӣ.
175) Борҳои борҷомадор ва донашуморро интиқолдиҳандаи автомобилӣ бо тафтиши вазн ва ҳолати он танҳо дар ҷойҳои зарардидаи бор месупорад. Ҳангоми ошкор кардани харобии борҷома, инчунин дигар вазъе, ки метавонанд ба ҳолати бор таъсир расонанд, интиқолдиҳанда вазифадор аст тафтиши борро тибқи борхати нақлиётӣ дар ҷойҳои зарардида бо кушодани чунин ҷойҳо анҷом диҳад.
176) Вазни бор вақте дуруст ҳисобида мешавад, ки фарқи вазни бор дар нуқтаи борфиристонӣ ва вазни он дар маҳали таъиншуда аз меъёрҳои камшавии табиии вазни бори мазкур, ки Стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шудааст, зиёд набошад.
177) Агар ҳангоми тафтиши вазн, миқдори ҷойҳои борҳо ё ҳолати бор дар маҳали таъиншуда камбудиҳо ошкор шаванд ё агар ин аҳвол бо санади дар роҳ тартибдодашуда тасдиқ шуда бошад, интиқолкунандаи автомобилӣ вазифадор аст андозаи камбудӣ, вайроншавии воқеии бор, камомад, инчунин сабаби онҳоро муайян намояд.
178) Ҳангоми зарурат интиқолдиҳандаи автомобилӣ бо ташаббуси худ ё бо талаби боргиранда барои экспертиза мутахассисони дахлдорро даъват мекунад.
179) Ҳангоми саркашии интиқолдиҳандаи автомобилӣ аз даъвати эксперт боргиранда хуқуқ дорад, онро даъват намояд, вале пешакӣ бояд интиқолдиҳандаи автомобилиро аз вақт ва маҳали гузаронидани экспертиза огоҳ созад.
180) Ҳангоми интиқоли хоктӯда, барф ва дигар борҳо, ки барои интиқолашон ҳисоботи анборӣ (борҳои дорои хусусияти ғайримолӣ) дода намешаванд, интиқолдиҳандаи автомобилӣ тибқи шартнома мумкин аст аз вазифаи ба боргиранда супоридани бор озод карда шавад.
181) Вақти омадани автомобил барои боргирӣ аз лаҳзаи роҳхатро ба нуқтаи боркунӣ пешниҳод кардани ронанда ҳисоб шуда, вақти омадан барои борфарорӣ аз лаҳзаи дар нуқтаи борфарорӣ борхати молию нақлиётиро (борхатро) пешниҳод намудани ронанда ҳисоб мешавад.
182) Ҳангоми дар нуқтаҳои боргирӣ ва борфарорӣ мавҷуд будани дарвозаҳои вуруд ё нуқтаҳои тафтишотию гузаргоҳӣ вақти омадани автомобил барои борфурорӣ ё боргирӣ аз лаҳзаи дар дарвозаҳои воридшавӣ ё нуқтаҳои назоратию гузаргоҳӣ роҳхат ё борхати молию нақлиётиро (борхатро) ба борфиристанда ё боргиранда пешниҳод намудани ронанда ҳисоб карда мешавад.
183) Боргирӣ ва борфарорӣ баъди ба ронанда супоридани ҳуҷҷатҳои нақлиётии ба таври дахлдор ба расмият даровардашуда барои бори боркардашуда ва фуровардашуда қатъгардида ба ҳисоб меравад.
184) Вақти ҳаракати автомобил аз дарвоза ё нуқтаи тафтишотию гузаргоҳӣ ба маҳали боркунӣ ё борфарорӣ ва бозгашт ба вақти бозистии автомобил таҳти боркунӣ ё борфурорӣ ҳамроҳ карда намешавад.
185) Борфиристандагон ва боргирандагон вазифадоранд, ки дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) вақти омадан ва рафтани автомобилро аз нуқтаҳои боркунию борфарорӣ қайд намоянд.
186) Тартиби ба расмият даровардани қайдҳоро дар бораи вақти омадан ва рафтани автомобил аз нуқтаҳои боркунӣ ва борфарорӣ ҳангоми интиқоли борҳо Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо муқаррар мекунанд.
187) Борфиристандагон ва боргирандагон вазифадоранд, ки боркунӣ ва борфарории автомобилҳоро дар мӯҳлати муқарраргардида анҷом диҳанд.
188) Ҳамлу нақли автомобилии борҳои зудвайроншаванда бояд дар воситаҳои махсусгардонидашудаи нақлиёти боркаш, дар кузовҳои изотермӣ (фургонҳои изотермӣ, сардхонаҳо ё зарфҳо) бо риояи реҷаҳои ҳарорати маҳсулоти хӯроквории нишондодашаванда ва интиқолшаванда ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ иҷро карда шавад.
189) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ (дар ҳолатҳои истисноӣ) метавонад ҳамлу нақли шаҳрӣ ва наздишаҳрии автомобилии борҳои зудвайроншандаро тавассути нақлиёти боркаши дорои кузови бортдор, бо брезент ё чодар пӯшонида, ё дар автомобили дорои кузови навъи "фургон" ба шарти имкони ҳаводиҳии бор анҷом диҳад.
190) Интихоби воситаи махсусгардонидашудаи нақлиёти боркашониро интиқолдиҳандаи автомобилӣ бо мувофиқаи фармоишгари ҳамлу нақли автомобилӣ анҷом медиҳад.
191) Борфиристанда пеш аз боркунии борҳои зудвайроншаванда бояд ҳолати санитарӣ ва коршоямии воситаи нақлиёти боркашониро барои ҳамлу нақли намудҳои дахлдори борҳо санҷад.
192) Борфиристанда бояд дар варақаи санҷишҳои назоратӣ ҳарорати борҳои вайроншавандаро пеш аз боркунӣ ва ҳарорати дохили бордони воситаи нақлиёти барои боркунӣ таъиншударо қайд кунад, боргиранда бошад - мувофиқан ҳарорати дохили бордони воситаи нақлиёти ба суроғаи ӯ ҳозиршуда, инчунин борҳои вайроншавандаро пеш аз фуровардан санҷад.
193) Борфиристанда бояд ба интиқолдиҳанда борҳои вайроншавандаро дар ҳолате пешниҳод намояд, ки ҷавобгӯи талабот оид ба сифат ва бастабандии муқарраркардаи стандартҳои давлатӣ ё шартҳои техникӣ бошад. Зарфҳо барои борҳои зудвайроншаванда бояд ҷавобгӯи талаботи гигиению санитарие бошанд, ки барои нигоҳдории бор ҳангоми ҳамлу нақл заруранд.
194) Интиқолдиҳанда метавонад сифати борҳои зудвайроншавандаро, ки барои ҳамлу нақли автомобилӣ пешниҳод мешаванд, ғайр аз борҳои дорои бастабандии герметикӣ, интихобан тафтиш кунад.
Кушодани бастабандии бор ва бастабандии минбаъдаи онро баъди тафтиш борфиристанда анҷом медиҳад.
195) Борфиристанда ӯҳдадор аст, ки ба интиқолдиҳанда якҷоя бо борхати молию нақлиётӣ (борхат) барои борҳои вайроншаванда инчунин сертификат ё шаҳодатномаи сифатро пешниҳод кунад.
196) Борфиристанда бояд дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) барои бори зудвайроншаванда ҳарорати воқеии бор пеш аз боркунӣ ва давомнокии ниҳоии ҳамлу накли автомобилии онро нишон диҳад.
197) Борҳои зудвайроншавандаро интиқолдиҳанда набояд барои ҳамлу нақли автомобилӣ қабул кунад, агар давомнокии ниҳоии ҳамлу нақли автомобилие, ки дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) нишон дода шудааст, аз мӯҳлати расонидани он зиёд бошад.
198) Боргиранда (ё борфиристанда - ҳангоме, ки ҳамлу нақли шаҳрӣ ё наздишаҳрӣ бо хатсайри ҳалқавӣ иҷро мегардад) баъди ҳамлу нақли автомобилии борҳои зудвайроншаванда бояд кузови воситаи нақлиёти боркашониро тоза кунад, шуяд ва дезинфексия намояд, агар шартномаи дахлдор тиртиби дигар пешбинӣ накарда бошад.
199) Боргиранда (борфиристанда) дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) бояд оид ба коркарди санитарии кузови воситаи нақлиёт қайд намояд.
200) Интиқолдиҳанда бояд ҷараёни коркарди санитарии кузови воситаи нақлиётро зери назорат гирад.
201) Талаботи дигарро барои ҳамлу нақли борҳои зудвайроншаванда Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо муқаррар мекунанд.
202) Ҳангоми боркашонии шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, агар боргиранда борашро бо сабаби аз интиқолдиҳандаи автомобилӣ вобастанабуда, нагирад, борфиристанда борро бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо ба дигар боргиранда мефиристад ё ба борфиристанда бармегардонад. Дар ин ҳолатҳо хароҷоти интиқоли бор ба ҳар ду самт, инчунин барои бекор истодани автомобил тибқи шартнома ҷарима пардохта мешавад.
203) Боргиранда вазифадор аст, ки дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) дар бораи даст кашидан аз қабули бор бо нишон додани сабаби рад сабт гузорад, ки бо имзою мӯҳр (штамп) тасдиқ шудааст.
204) Ҳангоми ҳамлу накли байналмилалӣ, инчунин ҳангоми интиқоли мутамарказонидашудаи борҳо аз истгоҳи роҳи оҳан, бандарҳо ва фурудгоҳҳо боргиранда вазифадор аст, ки аз интиқолдиҳандаи автомобилӣ борҳои ба вай овардаро гирад.
205) Ҳангоми расидани боре, ки оварданаш дар шартнома ё фармоиш пешбинӣ нашудааст, боргиранда чунин борро барои нигоҳдории масъулиятнок қабул мекунад ва дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) дар ин хусус сабт мегузорад.
206) Боргиранда дар он сурат метавонад аз қабули бор даст кашад, ки агар сифати бор дар натиҷаи вайрон шудан ва зарар дидан чунон тағьир ёфтааст, ки истифодаи пурра ё қисмии он аз рӯи таъинот аз имкон берун аст ва масъулияти ин ба зяммаи интиқолдиҳандаи автомобилӣ мебошад.
207) Ҳангоми ғайриимкон будани супоридани бор ба боргиранда дар ҳамлу нақли байнишаҳрӣ бо сабабҳое, ки аз интиқолдиҳандаи автомобилӣ вобаста намебошад, борфиристанда вазифадор аст, бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо ба интиқолдиҳандаи автомобилӣ нуқтаи нави таъиноти борро нишон диҳад.
208) Агар интиқолдиҳандаи автомобил имкон надорад, ки борро ба ҷойи нави таъиншуда расонад, ӯ метавонад аз ин интиқол даст кашад ва дар ин бора борфиристандаро хабардор намояд. Дар ин ҳолат интиқолдиҳандаи автомобилӣ борро ба борфиристанда бармегардонад. Хароҷоти иловагии марбутаро (музди киро ва бекор истодани нақлиёт, нигоҳдории бор ва монанди инҳо) борфиристанда мепардозад.
209) Агар бори зудвайроншавандаи аз тариқи шабакаи байнишаҳрӣ интиқолшаванда наметавонад ба боргиранда расонида шавад ва борфиристанда дар ҳусуси боргирандаи нав ҳидоят надода бошад, бор барои фурӯш ба ташкилоти дигар супорида мешавад.
210) Маблағе, ки интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои бори ба дигар ташкилот супоридааш ба даст овардааст, баъди пардохти маблағи ба интиқолдиҳандаи автомобилӣ тааллуқдошта, чунин гузаронида мешавад:
- ба боргирандае, ки дар борхати молию нақлиётӣ (борхат) нишон дода шудааст, дар сурате, ки ӯ маблағи арзиши борро супорида бошад;
- ба борфиристанда - дар ҳамаи дигар ҳолатҳо.
211) Ҳангоми ғайриимкон будани гузаронидани маблағ ба борфиристанда ё боргаранда ин маблағ баъди ба охир расидани мӯҳлати муқарраргардидаи даъво барои нарасонидани бор мувофиқи таъинот, ба фоидаи буҷети ҷумҳурӣ ворид мегардад.
212) Дар сурати минбаъд ба борфиристанда ё боргаранда бо тартиби даъво ё талаб ҷуброн кардани арзиши бори ба дигар ташкилот додашуда, ки аллакай ба буҷети ҷумҳурӣ ворид гардидааст, ин маблағро интиқолдиҳандаи автомобилӣ аз ҳисоби маблағгузаронии минбаъда ба буҷети ҷумҳурӣ мепардозад.
213) Интиқолдиҳандагони автомобилӣ ҳуқуқ доранд, дар ҷараёни бастани шартнома ё барасмиятдарории фармоиши яквақтӣ аз қабули бор даст кашанд, агар:
- барои интиқоли бор нақлиёти махсусгардонидашуда зарур бошад, ки интиқолдиҳандаи автомобилӣ онро надорад;
- мизоҷ дорои механизми дахлдори боркунию борфарорӣ намебошад ва интиқолдиҳандаи автомобилӣ имкон надорад, ки иҷрои корҳои боркунию борфарориро ба зимма гирад;
- ҳаракат дар роҳҳои автомобилӣ ба самти зарурӣ бо сабаби офатҳои табиӣ, вазъияти фавқулодда, шароити роҳҳо ва шароити иқлимӣ муваққатан қать гардидааст;
- андозаи ҳаҷм ва фишори меҳвар ҳангоми ба автомобил бор кардани бори мукаммал ва тақсимнашаванда аз меъёри муқаррарнамудаи стандартҳои давлатӣ, шартҳои техникӣ ё аломатҳои дар роҳҳо нишондодашуда зиёд бошад.
214) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ ҳуқуқ дорад, баъди ба нуқтаи боркунӣ овардани автомобил аз қабули бор барои ҳамлу нақл даст кашад, агар:
- бор аз ҷониби борфиристанда дар борҷома ва бастаи номувофиқ пешниҳод шуда бошад;
- бори тибқи дархост ё фармоиши яквақтаи қабулшуда пешбинӣ нашуда бошад, ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ - боре, ки барои нуқтаи дигар таъин шуда бошад;
- вазни бори пешниҳодшуда, ки бояд дар як автомобил интиқол шавад, аз меъёри борбардории нақлиёти фармоишшуда зиёд бошад;
- борҳои дорои хусусияти молӣ, ки онҳоро борфиристанда бо ҳуҷҷатҳо ва борномаи молию нақлиётӣ ба расмият надаровардааст ё маълумоти дар ҳуҷҷатҳои молию нақлиётӣ зикршуда ба бори барои ҳамлу нақл пешниҳодшуда бо вазн, миқдори ҷойҳои бор ё сифати бор мутобиқат накунад;
- намудҳои мухталифи борҳое, ки барои интиқол бо қисмҳои майда пешниҳод шудаанд ва тибқи хусусияташон интиқоли муштараки онҳо дар як автомобил иҷозат дода намешавад;
- бор дар бордони (кузов) автомобил бо риоя накардани қоидаҳои фаршкунӣ ва маҳкам кардани борҳо ҷойгир шуда, борфиристанда аз рафъ намудани ин норасоиҳои зикркардаи ронанда саркашӣ кунад;
- борфиристанда ба интиқолкунандаи автомобилӣ сертификатҳои сифат, шаҳодатномаи байгонӣ ё дигар ҳуҷҷатои барои ҳамлу нақл заруриро мутобиқи қоидаҳои беҳдошт ва дигар қоидаҳо, муҳайё накарда бошад.
215) Ҳангоми аз қабули борҳои барои интиқол пешниҳодшуда даст кашидан интиқолдиҳандаи автомобилӣ арзиши гашти автомобил дар ҳарду самт аз маҳали баромади автомобил то нуқтаи боргирӣ мутобиқи тарифҳое, ки барои интиқоли бор тавассути нақлиёти автомобилӣ пешбинӣ шудааст, меситонад.
216) Ҳамлу нақли автомобилии муросилоти почтаро интиқолдиҳанда дар асоси шартномаи ҳамлу нақли автомобилии муросилоти почта, ки бо ташкилотҳои коммуникатсияи почтавӣ баста мешавад, иҷро мекунад.
217) Воситаи нақлиёти автомобилие, ки махсус барои муросилоти почта таъин гаштааст, бояд қатьиян аз рӯи таъиноти мустақим, мутобиқи шартномаи муросилоти почта тавассути нақлиёти автомобилӣ истифода бурда шавад. Дар чунин воситаи нақлиёти автомобилӣ кашондани шахсони бегонае, ки ба муросилоти автомобилии почта муносибат надоранд, манъ карда мешавад.
218) Рафту омади нақлиёти оператори почта, ки хизматрасониҳои дастраси умумии коммуникатсияи почтаро пешниҳод мекунад, ба маҷмаъҳои бору бағоҷ, ки дар ҳудуди истгоҳҳои автомобилӣ, роҳи оҳан, обӣ, терминалҳо ва сариистгоҳҳо, майдонҳои ҳавоӣ ҷойгиранд, барои доду гирифти почта дар навбати аввал ва бепул анҷом дода мешавад.
219) Боркунӣ ва борфурорӣ, инчунин муросилоти почта ва маҳфузияти онро дар роҳи ҳаракат ташкилотҳои коммуникатсияи почта таъмин мекунанд, агар дар шартномаи муросилоти автомобилии почта тартиби дигаре муқаррар нагашта бошад. Масъулият барои ҳифз ва яклухтии почта ҳангоми муросилоти он бо автомобил ба зиммаи ташкилотҳои алоқаи почта мебошад, агар аз шартҳои шартнома тартиби дигар барнаояд.
220) Тартиби муросилоти почтаро ҳамин Оиннома ва қоидаҳои ҳамлу нақли муросилоти почтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.
Боби 7. Ҳамлу нақли муштараки бевосита
221) Нақлиёти автомобилӣ ҳамлу нақли борҳо, мусофирон ва бағоҷро дар ҳамкории зич бо дигар намудҳои нақлиёт - роҳи оҳан, нақлиёти обӣ ва нақлиёти ҳавоӣ анҷом дода, системаи алоқаи муштараки мустақимро ташкил мекунад.
222) Ҳамлу нақл дар алоқаи муштараки мустақими бевосита чун қоида бо ҳуҷҷати ягонаи нақлиётии барои тамоми роҳи сафар тартиб додашуда анҷом карда мешавад.
223) Ҳамлу нақли алоқаи муштараки мустақим мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
224) Ба алоқаи муштараки мустақими бевосита ҳама истгоҳҳои роҳи оҳан, ки барои амалиёти боркашонӣ кушоданд, бандарҳои баҳрӣ ва дарёӣ, фурудгоҳҳо, корхонаю ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ тибқи номгӯи муқаррарнамудаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.
225) Ташкили корҳо оид ба боркунӣ ва борфурорӣ ва тартиби иҷрои он тибқи шартномаҳо (Созишномаҳои бисёртарафа), ки байни корхонаю ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, обӣ (бандарӣ) ва фурудгоҳҳо ба мӯҳлати се сол баста мешавад, муқаррар карда мешавад.
226) Шартнома (Созишномаи бисёртарафа) пешбинӣ мекунад:
- тартиби банақшагирии якҷояи корҳои шабонарӯзию бастии нуқтаи боркунӣ ва борфурорӣ;
- ҷои супурдани борҳо аз як намуди нақлиёт ба намуди дигар;
- тартиби ворид шудани автомобил ба нуқтаи боркунӣ ва борфурорӣ ва баромади автомобил аз он;
- тартиби қабулу супоридан, баркашидани борҳо ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо оид ба доду гирифт;
- муайян намудани ҷабҳаи боркунию борфарории вагонҳо (киштиҳо), автомобилҳо дар нуқтаҳои борқабулкунӣ;
- тартиб ва мӯҳлати иттилооти дутарафа оид ба наздикшавии борҳо ба нуқтаи боркунӣ ва борфурорӣ.
227) Борфиристандагон вазифадоранд, ки бори барои ҳамлу нақл таъиншударо бастабандӣ намуда, тамға зананд ва барои интиқол додан омода намоянд.
228) Борфиристандагон вазифадоранд, ки қабл аз супоридани борҳо саривақт борномаи муқарраршудаи пуркардашударо ба истгоҳҳои роҳи оҳан ё терминалҳои автомобилӣ, бандарҳо (борандоз) ё фурудгоҳҳо пешниҳод намоянд. Ин борнома дар тамоми тӯли роҳ борро ҳамроҳӣ мекунад.
229) Сардори роҳи оҳан, терминали автомобилӣ, бандар, (борандоз) фурудгоҳ мутобиқати ҳамлу нақли мазкурро ба шартнома тафтиш намуда, дар сурати мутобиқат борхатро имзо ва рӯзи қабули борро барои интиқол таъин мекунанд.
230) Идораи молии истгоҳи роҳи оҳан, терминали автомобилӣ, фурудгоҳ борро барои интиқол қабул намуда, ҳуҷҷати махсус - ведомости роҳиро пур мекунад. Ин ведомост аз шаш қисм иборат буда, дар се варақ ҷойгир аст.
Роҳхат - ведомости роҳ бо талон ва борхат дар тамоми роҳи сафар борро ҳамроҳӣ мекунад.
231) Боркуниву борфурорӣ дар ҳавлиҳои истгоҳҳои роҳи оҳан, терминалҳои автомобили борҳо, бандарҳо, фурудгоҳҳо иҷро карда мешавад.
Корҳои боркуниву борфурорӣ бо қувва ва воситаҳои нуқтаҳои боркуниву борфурории роҳи оҳан, бандар (борандозгоҳҳо), фурудгоҳ ва терминали борҳо иҷро карда мешаванд.
232) Борҳо бо мақсади муҳифизати онҳо аз талафёбӣ, вайроншавӣ ва зараррасӣ, ҳангоми интиқол дар робитаҳои муштараки бевосита, дар борҷома ва дар ҳолати бастабандӣ пешниҳод карда мешаванд.
Шартҳои бастабандии борҳое, ки бо робитаи муштараки бевосита, интиқол дода мешаванд, тибқи стандартҳои дахлдори давлатӣ пешбинӣ мешаванд.
233) Ҳамлу нақли борҳо тавассути контейнерҳо дар алоқаи муштараки бевосита байни маҳалҳои муқаррарнамудаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳоро тавассути контейнерҳо ва мӯҳлати бозгашти онҳоро мақомоти идораҳои намудҳои гуногуни нақлиёт якҷоя муқаррар мекунанд.
234) Борҳои ба таври моеъ (обакӣ) интиқолшаванда, чӯбу тахтае, ки бо роҳи обӣ тариқи амадҳо интиқол мегарданд, инчунин моддаҳои тарканда ва сахттаъсири заҳрдор ба ҳамлу нақли муштараки бевосита қабул карда намешаванд.
235) Номгӯи борҳои зудвайроншаванда, хатарнок, зуддаргиранда, борҳои талабкунандаи мушоиати роҳбаладони борфиристандагон ё боргирандагон, ки барои ҳамлу нақл дар алоқаҳои муштараки бевосита қабул мегарданд, инчунин шартҳои ҳамлу нақли борҳои чӯбу тахтагӣ ба таври тӯда дар коммуникатсияи мустақими омехта аз ҷониби Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
236) Баркашидани борҳои дар алоқаҳои муштараки бевосита дар нуқтаҳои боркунӣ ва борфурорӣ ё супоридани онҳо аз нақлиёти автомобилӣ ба роҳи оҳан, обӣ, ҳавоӣ, ё баръакс бо воситаҳои роҳи оҳан, обӣ ва ҳавоӣ ё фурудгоҳ бо талаби Тарафи борро қабулкунанда анҷом дода мешавад.
237) Борҳои борҷомадор ва донашумори барои ҳамлу нақл бо вазни стандартӣ ё вазни дар ҳар як ҷои бор нишондодаи борфиристанда қабулшуда ва ба маҳали боркунӣ ва борфурорӣ дар борҷомаи дуруст расида, аз як намуди нақлиёт ба намуди дигар бидуни баркашидан, тибқи миқдори ҷойҳо дода мешаванд ва бо ҳамин тартиб дар маҳали таъиншуда ба боргиранда супорида мешаванд.
238) Мӯҳлати расонидани борҳо тибқи маҷмӯи мӯҳлатҳои расонидани онҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ ва дигар намудҳои нақлиёт дар асоси қоидаҳои дар ин намуди нақлиёт амалкунандаи ҳисобкунии мӯҳлатҳо муайян карда мешавад.
239) Ҳисоббаробаркуниҳо байни корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳҳои оҳан, киштиронӣ ва фурудгоҳҳо оид ба интиқол дар робитаҳои муштараки бевосита тибқи тарифҳое, ки ба ҳамин намуди нақлиёт дахл дорад, иҷро карда мешавад.
240) Тартиби пардохт аз он вобаста аст, ки кадом намуди нақлиёт борро барои интиқол қабул кардааст ва кадом намуди нақлиёт онро анҷом медиҳад.
241) Пардохт барои ҳамлу нақли борҳо дар робитаҳои муштараки бевосита бо тартиби зерин анҷом дода мешавад:
- ҳангоми интиқол аз корхонаҳо ва ташкилотҳои (стансияҳои автомобилӣ) нақлиёти автомобилӣ дар маҳали гусели бор - аз ҷониби борфиристанда, истгоҳи автомобилӣ, барои тамоми масофаи роҳи автомобилӣ, дар маҳали таъиншуда - аз ҷониби боргиранда барои масофаи роҳи оҳан пардохта шуда, ҳамзамон маблағ ба истгоҳи автомобил ворид карда мешавад, ки борро гусел кардааст ва он маблағҳои гирифташударо ба суратҳисоби роҳи оҳан, ки ба ҳайати нуқтаи борфарорӣ шомил мебошад мегузаронад;
- ҳангоми интиқоли бор аз истгоҳи роҳи оҳан дар маҳали гусел - аз ҷониби интиқолдиҳандаи бор барои масофаи роҳи оҳан дар маҳали таъиншуда, дар нуқтаи таъинот- аз ҷониби қабулкунанда барои тамоми масофаи роҳи автомобилӣ.
242) Роҳкиро ва дигар боҷҳое, ки корхрнаю ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ бояд гиранд, ба ҳуҷҷатҳои интиқол дохил карда намешавад ва корхонаҳою ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ аз борфиристанда ё боргиранда тибқи суратҳисобҳо меситонанд.
243) Боҷҳои барои интиқоли автомобилии борҳои аз бандар (бандаргоҳ) ба стансия ё баръакс интиқолшаванда мутобиқи шартномаи байни онҳо басташаванда, аз ҷониби стансия ба пардохтҳои ба роҳи оҳан тааллуқдошта дохил карда мешаванд ва роҳи оҳан ҳисобу китобро бо корхонаю ташкилоти автомобилӣ барои ин ҳамлу нақл анҷом медиҳад.
244) Пардохт барои ҳамлу нақли борҳо дар робитаҳои муштараки бевоситаи автомобилию обӣ, автомобилию ҳавоӣ ва обию ҳавоӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Созишномаи бисёртарафа ситонда мешавад.
245) Баҳисобгирии ҳаҷми иҷрои ҳамлу нақли борҳои аз нақлиёти автомобилӣ ба дигар намуди нақлиёт интиқолёбанда ва мувофиқан, борҳои аз дигар намуди нақлиёт ба нақлиёти автомобилӣ интиқолёбанда алоҳида анҷом дода мешавад.
246) Шаклҳои варақаи баҳисобгирӣ ва тартиби мураттаб сохтани он бо Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.
247) Интиқолдиҳандагони автомобилӣ ҳуқуқ доранд, интиқоли мусофирон ва бағоҷро дар робитаи муштараки бевосита бо дигар намудҳои нақлиёти мусофирбар ташкил намоянд.
248) Тартиби ташкили интиқоли мусофирон ва бағоҷро дар робитаи муштараки бевосита Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Чунин ҳамлу нақлҳо дар асоси Созишномаҳои баимзорасида ё шартномаҳои басташудаи байни интиқолдиҳандаи автомобилӣ ва корхонаҳои нақлиётӣ ё интиқолдиҳандаи намудҳои дигари нақлиёти мусофиркаш анҷом дода мешавад.
249) Дар шартномаҳо ё созишномаҳои байни интиқолдиҳандагон басташуда муайян карда мешавад:
- хатсайри ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ;
- мӯҳлат ва тартиби ҳамлу нақл;
- миқдори ҷойҳое, ки барои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ ҷудо шудаанд;
- шакли чиптаҳои ягона, тартиби омодасозӣ, таъминот ва фурӯши онҳо;
- маблағи пардохт барои интиқоли мусофирон, ҳамлу нақли бағоҷ ва ҳисоббаробаркунӣ байни интиқолдиҳандагони намудҳои мухталифи нақлиёт;
- тартиби огоҳонӣ дар хусуси истифода нашудани брон барои ҷойи ҷудокардашуда;
- тартиби иттилоъдиҳӣ дар хусуси таъхири воситаҳои нақлиёт, бо зикри вақти ба ҷойи таъиншуда расидан;
- ташкили алоқа, инчунин реклама барои аҳолӣ оид ба ҳамлу нақл дар робитаи муштараки бевосита;
- шартҳо ва тартиби истифодаи муҷозот барои иҷро нанамудан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо, ки тибқи шартнома ба зимма гирифта шудаанд.
Боби 8. Ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ
250) Ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро дар бар мегирад:
- баромадани воситаҳои нақлиёти автомобилии ватанӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро дар масири байналмилалӣ иҷро мекунанд;
- дохилшавии воситаҳои нақлиёти автомобили хориҷӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷро дар масири байналмилалӣ иҷро мекунанд;
- рафтуомади транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии ватанӣ ва хориҷӣ ҳангоми ҳамлу нақли борҳои муқаррарӣ, борҳои калонҳаҷм ва вазнин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- рафтуомад ва гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии ватанӣ ва хориҷӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки борҳои хатарнок ва дигар навъи борҳоро мекашонанд.
251) Тартиби рафтуомади воситаҳои нақлиёти автомобилиро тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ, қоидаҳои ҳамин Оиннома танзим карда, бо мақсади таъмини танзими давлатии ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ истифода бурда мешавад.
252) Агар шартномаҳои байналмилалии тасдиқкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин Оиннома қоидаҳои дигареро муқаррар намоянд, он гоҳ қоидаҳои шартномаҳои байналмилалӣ истифода бурда мешаванд.
253) Ворид ва хориҷ шудан, иқомат ва убури транзитии ронандагони интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ, шахсони борҳоро ҳамроҳикунанда ё ҳамчун мусофир ҳаракаткунанда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
254) Оинномаи мазкур фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии зеринро, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунанд, танзим менамояд:
- автомобилҳои боркашонии ҳама гуна тамға ва борбардорӣ;
- автобус ва автомобилҳое, ки барои ҳамлу нақли мусофирон таъин гаштаанд (дорои на камтар аз 7 ҷойи нишаст, ғайр аз ҷойи ронанда);
- воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави ҳама гуна тамға ва шакл.
255.Тартиби ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини интиқолдиҳандагони байналмилалии автомобилӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурии ҳамлу нақли байналмилалӣ барои вуруд, судур ва убури транзитӣ аз ҷониби "мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт" амалӣ карда мешавад (карор аз 2.10.2010 № 527).
256) Варақаи рухсатномаҳоро мақоми ваколатдор ба таври типографӣ дар коғази махсус омода месозад, ки онҳо бояд дараҷаи ҳифз, хусусиятҳои фарқкунанда ва шумораи тартибӣ (силсилавӣ) дошта бошанд.
257) Мутобиқи квотаҳои тасдиқкардаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор намудҳои дахлдори варақаҳои рухсатномаро таҳия (таъмин) менамояд ва бо мақомоти салоҳиятноки давлатҳои хориҷӣ мубодила менамояд.
258) Варақаҳои рухсатнома дар ҳолатҳои алоҳида метавонанд бо ризоияти тарафайни байни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатҳои хориҷӣ ҳаммонанд ё тағйир дода шававд.
259) Тарифҳо оид ба истифода ва додани варақаҳои рухсатномаро мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо назардошти нархгузории арзиши омодасозии онҳо, нигоҳдории кормандон оид ба додани онҳо ва дигар хароҷоти марбути истифода таҳия менамояд ва Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ мекунад (карор аз 2.10.2010 № 527).
260) Тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва додани варақаҳои рухсатномаро мақоми ваколатдор танзим менамояд.
261) Тартиби додани роҳхат барои ҳамлу нақл ба интиқолдиҳанда дар хатсайрҳои байналмилалӣ тибқи Оиннома оид ба истифодаи роҳхатҳо дар фаъолияти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.
262) Варақаи рухсатномаи хизмат ҳуҷҷати махсус иҷозатдиҳандаи ҳуқуқи ворид шудан, хориҷ шудан ва убури транзитӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дар асоси созишномаҳои баиниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ дода мешавад.
Тартиби мубодилаи варақаҳои рухсатнома дар Созишномаҳои дуҷонибае, ки байни давлатҳо баста мешаванд, пешбинӣ карда мешавад.
263) Варақаҳои рухсатномаро метавонанд интиқолдиҳандагони автомобилии байналмилалии ватанӣ ва хориҷӣ чи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи берун аз он истифода баранд.
264) Намудҳои рухсатномаҳое, ки интиқолдиҳандагон истифода мебаранд:
- рухсатнома барои ворид ва хориҷ шудани воситаҳои нақлиёти автомобили хориҷӣ (Шакли Р-1);
- рухсатнома барои рафтуомади транзитии воситаҳои нақлиёти автомобили хориҷӣ (Шакли Р-2);
- рухсатнома барои воридот ва содироти борҳо ба/аз, мамлакатҳои сеюм ба интиқолдиҳандагони воситаҳои нақлиёти автомобилии ватанӣ ва хориҷӣ (Шакли Р-3);
- варақаи рухсатномаи (Шакли Р-БП) ройгон воридшави ва хориҷшавии воситаҳои нақлиёти автомобили хориҷӣ барои мубодила тибқи Созишномаҳои байналмилалии баимзорасида;
- рухсатномаи ворид кардан, баровардан ва интиқоли транзитии борҳои хатарнок (шакли СР-1);
- рухсатномаи махсуси интиқоли борҳои калонҳаҷм ва вазнин (шакли СР-2);
- рухсатномаи махсуси интиқоли борҳои зудвайроншаванда (шакли СР-3);
- рухсатномаи баровардани бор ва интиқоли мусофирон тавассути воситаҳои нақлиёти хориҷӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба кишварҳои худ бармегарданд (шакли Р-З-ОГ);
- интиқоли борҳои хатарнок дар асоси конвенсияҳои байналмилалӣ, созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
265) Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои варақаҳои омодашавандаи рухсатномаро барои ҳар намуди ворид ва хориҷ шудан ва убури транзитӣ тавассути ҳудуди мамлакат, инчунин варақаҳои махсуси иҷозатдиҳандаро вобаста ба хусусиятҳои хоси борҳо тасдиқ кардааст.
266) Варақаҳои рухсатнома бояд дорои чунин мушаххасоти дар рӯи варақа зикргардида бошад:
- намуди ҳамлу нақл, ки ҳуқуки иҷрои онро ҳуҷҷати рухсатдиҳанда тасдиқ мекунад;
- силсила ва рақам;
- миқдори сафарҳои иҷозатдодашаванда;
- мӯҳлати амал;
- мушаххасоти интиқолдиҳандае, ки ба ӯ варақаи рухсатнома дода мешавад;
- ҷои дода шудани варақаи рухсатнома;
- имзо ва мӯҳри мақомоти салоҳиятноке, ки варақаи рухсатномаро додааст;
- хатсайри ҳаракат тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маълумот дар бораи воситаи нақлиёт;
- маълумот дар бораи бори кашондашаванда;
- вазни ҷиҳозонидашудаи воситаи нақлиёти автомобилӣ бе бор;
- ҷой барои қайдҳо ва мӯҳри мақомоти дар роҳи ҳаракат назораткунанда;
- тавсияҳои асосӣ оид ба истифодаи варақаи рухсатнома.
267) Варақаҳои рухсатнома ҳангоми ворид шудани воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ ба гузаргоҳҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Пардохтро барои варақаҳои рухсатӣ интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ, шахсони ҳамроҳикунандаи онҳо метавонанд пешакӣ, ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд ё дар нуқтаҳои ҷамъоварии маблағ дар гузаргоҳҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври нақдӣ пардозанд.
268) Маблағҳое, ки аз додани ҳама гуна намудҳои варақаҳои рухсатнома ба даст меоянд, бо тартиби муқарраркардашуда барои инкишофи ҳамлу нақли автомобилии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
269) Додани хуҷҷатҳои рухсатномавӣ ба интиқолдиҳандагони ватанӣ барои ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон ва бағоҷ мувофиқи шартҳои шартномаҳои байналмилалии тасдиқнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мегардад.
270) Додани варақаҳои рухсатнома дар нуқтаҳои гузарише, ки мақоми аҳамияти байналмилалӣ доранд, иҷро карда мешавад. Воситаҳои нақлиёти автомобилии ватанӣ ва хориҷӣ бояд ҳамлу нақли автомобили байналмилалии бор ва мусофиронро тавассути нуқтаҳои гузарониши байналмилалии махсус барои ҳамин мақсадҳо таъиншуда анҷом диҳанд.
271) Рухсатномаҳои ватанӣ барои иҷрои ҳамлу нақл ба (аз) мамлакатҳои сеюм барои як рафтуомад эътибор доранд, аз ҷумла ҳангоми пурборшавии сарироҳӣ дар самти муқобил аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди давлате, ки аз он ҷо ҳамлу нақли навбати аввал анҷом ёфта буд.
272) Ба интиқолдиҳандагони хориҷие, ки дар давлати онҳо низоми ғайрирухсатномавӣ дар соҳаи ҳамлу нақли автомобили байналмилалӣ амал мекунад, мутобиқи шартномаҳои байналмилалии тасдиқкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон талонҳои қайд дода мешаванд.
273) Мутобиқи принсипҳои умумиқабулгардидаи байналмилалӣ барои баъзе намудҳои бор рухсатнома талаб карда намешавад. Номгӯи чунин борҳо тибқи дар Созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ муқаррар карда мешавад.
274) Ба интиқолдиҳандагони ватанӣ барои гарифтани рухсатномаи хориҷӣ дархост- ӯҳдадорӣ бо имзои шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣинтиқолдиҳандаи ватанӣ асос мебошад, ки барои ҳуқуқи иҷрои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон, бағоҷ ва борҳо иҷозатнома дорад.
275) Бо мақсади дастгирии бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ ва ҳимояи манфиатҳои интиқолдиҳандагони автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз гирифтани бори бозгашт аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ бояд варақаи рухсатномаи шакли Р - 3 гиранд;
276) Намояндагони мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрук бе мавҷудияти варақаи рухсатномаи шакли Р - 3 интиқолдиҳандагони нақлиёти автомобилии байналмилалии хориҷиро ба декларатсиякунии (эъломиякунонии) борҳо ва расмикунонии дигар тартиботи гумрукӣ роҳ намедиҳанд.
277) Тибқи Созишномаҳои байниҳукуматӣ ҳар сол дар доираи шартномаҳои дуҷонибаи байни мақомоти салоҳиятноки давлат, ки дар онҳо низоми рухсатдиҳӣ ворид карда шудааст, мубодилаи варақаҳои иҷозат баргузор мешавад. Варақаҳои рухсатномаҳои шаклҳои Р - 1, Р - 2, Р - 3, Р - РП бояд дуҷониба мубодила гардад, инчунин бо Ҷумҳурии Халқии Хитой шаклҳои А, В, С мубодила карда мешавад. Дигар намудҳои варақаи иҷозати махсус мубодила карда намешаванд ва мувофиқи муроҷиати тарафҳои манфиатдор дода мешаванд.
278) Бо назардошти Созишномаҳои байниҳукуматӣ варақаи имтиёзнок пешбинӣ шудааст, ки он бо шартҳои баробар интиқолдиҳандагони автомобилии байналмилалиро аз пардохти боҷҳо барои истифодаи роҳҳои автомобилӣ озод менамояд. Ин шакли варақа интиқолдиҳандаи автомобилии хориҷиро аз боҷҳои марбути буду боши ӯ дар мамлакат, рафтуомад тавассути роҳҳои пулакии автомобилӣ, пулҳо ва нақбҳои пардохташаванда ва дигар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ озод намесозад.
279) Ҳангоми иҷрои ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ интиқолдиҳандагони автомобилии ватанӣ бояд тибқи тартиби муқарраргардида варақаҳои рухсатномаи давлатҳои хориҷиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
280) Додани рухсатномаи як интиқолдиҳанда ба дигар интиқолдиҳандаи автомобилӣ қатъиян манъ аст. Тартиби додан ва истифода бурдани варақаҳои рухсатномаро Қоидаҳои тасдиқкардаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.
281) Додани рухсатнома бе иҷозатнома оид ба ҳуқуқи иҷрои ҳамлу нақли байналмилалӣ манъ аст.
282) Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои ваколатдори ҷумҳурӣ бояд дар терминалҳои наздисарҳадӣ, постгоҳҳои сарҳадии гумрукӣ нуқтаҳои қабули пардохтҳо ва боҷҳо, инчунин нуқтаҳои ивази асъорро кушоянд.
283) Мутобиқи Созишномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди нақлиётӣ, Созишномаи маъмуриятҳои давлатии нақлиёти автомобилии мамлакатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил "Дар бораи ҷорӣ намудани Сертификати байналмилалии баркашии воситаҳои нақлиёт (СББВН) дар ҳудуди мамлакатҳои ИДМ барои нақлгарони автомобилии ватанӣ ва хориҷӣ" Сертификатҳои баркашии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дода мешавад. Барои ин мақсадҳо ҳама гузаргоҳҳои сарҳадии дорои аҳамияти байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд барои баркашии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ бо таҷҳизоти махсус муҷаҳҳаз гардонида шаванд.
284) Мақоми ваколатдори салоҳиятнок рӯйхати истгоҳҳои баркаширо бо гузоштани рақами ҳар кадом пойгоҳи баркашӣ тартиб медиҳад, инчунин бо мақсади ташкили маҳзани ягонаи иттилоотӣ намунаи мӯҳрҳои онҳоро мегирад.
285) Истгоҳи баркашӣ сертификати баркаширо дар мавридҳои зерин медиҳад:
- агар андозаҳои вазни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз андозаҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатшуда афзун набошанд;
- агар андозаҳои вазни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз андозаҳои дар иҷозатномаи махсуси ҳангоми ҳамлу нақли борҳои вазнин нишондодашуда афзун набошанд;
- агар андозаҳои вазни воситаҳои нақлиёт аз меъёрҳои муқарраргардида афзун бошанд, сертификати баркашӣ баъди пардохт барои афзунии сарборӣ ва ҳаҷм дода шуда, дар маврид дар сертификати баркашӣ зикр карда мешавад.
286) Сертификати баркашӣ ҳуҷҷати дорои маълумоти дақиқ дар бораи баркашиҳое эътироф карда мешавад, ки пойгоҳҳои ваколатдор иҷро намудаанд.
287) Истифодаи сертификати баркашӣ ба ҷои додани он, инчунин аз қайди воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки ҳамлу нақлро бо тартиби ҲБР (Ҳамлу нақли Байналмилалии Роҳ) анҷом медиҳад ё дигар тартиби гумрукӣ, ки дастрасии беиҷозатро ба бахши бори воситаи нақлиёт манъ мекунад, вобаста намебошад.
288) Мақомоти назораткунанда сертификати баркашиеро, ки яке аз истгоҳҳои баркашӣ додаст, қабул ва эътироф менамоянд ва бояд аз баркашии дубора, ғайр аз ҳолатҳои истисноӣ, худдорӣ кунанд.
289) Сертификати байналмилалии баркашии воситаҳои нақлиёти боркашон бояд ба намунаи муқарраркардашудае, ки онро истгоҳи баркашӣ медиҳад, мутобиқат намояд.
290) Амалиёти асосие, ки дар пойгоҳи баркашии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ анҷом дода мешаванд:
а) санҷиши воситаи нақлиёт барои Сарборӣ ба меҳвар аз рӯи меъёрҳои муқарраркардашуда ба таври зерин иҷро карда мешавад:
- бо истифодаи таҷҳизоти вазнченкунанда;
- аз рӯи ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (борхат).
б) амалиёти асосие, ки дар истгоҳҳои баркашии воситаҳои нақлиёт гузаронда мешаванд, инҳо мебошанд:
- таваққуфи воситаҳои нақлиёт 50-100 метр дуртар аз таҷҳизоти вазнченкунӣ;
- тафтиши ҳуҷҷатҳо (иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои бору нақлиётӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ);
- тафтиши мутобиқати ҳаҷмҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба меъёрҳои муқарраргардида;
- баркашии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар таҷҳизоти вазнченкунанда;
- гирифтани пардохт барои зиёд кардани сарборӣ ва ҳаҷм, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва ба ронанда додани ҳуҷҷате, ки пардохтро тасдиқ мекунад;
- қайди маълумоти дахлдор дар дафтари баҳисобгирии тафтиши воситаҳои нақлиёт оид ба мутобиқати андозаҳои вазнию ҳаҷмии меъёрҳои муқарраргардида ва гирифтани пардохт барои гузаронишии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо сарбориҳо ва ҳаҷмҳое, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд.
291) Истгоҳи баркашӣ бояд талаботи ҳадди ақали зеринро қонеъ гардонад:
- истгоҳ бояд дорои таҷҳизоти сертификатсияшуда ва кормандони ихтисоснок бошад;
- таҷҳизот барои баркашӣ бояд дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта шавад. Онро бояд мунтазам мақомоте, ки барои риояи талабот дар соҳаи ченаку вазн масъуланд, тафтиш ва мӯҳр кунанд.
- истгоҳи баркашӣ бо таҷҳизот барои баркашии вазн, ки ба дараҷаи дақиқии 0.5, 1.2 ё зиёдтар аз он мутобиқ аст ва дараҷаи носаҳеҳӣ то 2% ва камтар аз он мебошад, ҷиҳозонида мешавад.
292) Истгоҳи баркашӣ ва мақомоти назораткунанда дигар ваколатҳоро, ки дигар қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ мегардонанд.
293) Маблағҳои пулӣ барои ворид шудан ба қаламрави Ҷумхурии Тоҷикистон ва истифодаи роҳҳои автомобилӣ, ба ғайр аз хироҷи гумрукӣ аз воситаҳои нақлиёти автомобили хориҷӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба фаъолияти гумрукӣ ситонида ва ба буҷети давлатӣ равона карда мешавад.
294) Интиқолдиҳандагони автомобили хориҷие, ки дар натиҷаи мубодилаҳои гузаронидашуда варақаи Шакли Р - ПБ мегиранд, аз пардохти хироҷҳои марбут ба истифодаи роҳҳои автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Созишномаҳои байниҳукуматӣ озод карда мешаванд.
295) Додани варақаҳои рухсатнома ба интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ бо пешниҳоди расид (квитансия) аз ҷониби нуқтаҳои қабули маблағҳои пулӣ анҷом дода мешавад.
296) Интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ дар қатори варақаҳои рухсатнома, инчунин мувофиқи тартиби муқараргардида ҳуҷҷатҳо мегаранд, ки баъди ин аз ҷониби кормандони мақомоти гумрукӣ тибқи харитаи технологии муқарраргардида ба терминалҳои дахлдор ҳамроҳӣ карда мешаванд.
Пардохт барои ҳамроҳӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
297) Воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷие, ки бо истифода аз китобчаи Боркашонии Байналмилалии Автомобилӣ (минбаъд ББА, МДП, Carnet-TIR) бор мебаранд, аз пардохт барои ҳамроҳӣ озод карда мешаванд.
298) Дар терминалҳои наздисарҳадӣ марказҳои сертификатсияи таҷҳизоти вобаста ба ҳамлу нақли маҳсулоти зудвайроншаванда ташкил карда мешаванд. Марказҳои мазкур дар асоси низомномаҳои худ фаъолият намуда, ташхиси лаборатории таҷҳизоти вобаста ба ҳамлу нақли маҳсулоти зудвайроншавандаро таъмин менамоянд ва ба соҳибони воситаҳои нақлиёт сертификатҳои дахлдор медиҳанд.
299) Хатсайрҳои асосии омадурафти транзитии воситаҳои нақлиёти хориҷӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳоро харитаҳои технологӣ танзим менамоянд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
300) Харитаҳои технологӣ ҳамчун механизми танзими ҷараёни гузарондашаванда ҳам дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҳам дар роҳи ҳаракати онҳо ҳангоми омадурафт ва транзит тавассути роҳҳои автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунанд.
301. Харитаҳои технологӣ оид ба ҳамроҳӣ ва расонидани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба терминалҳои таъиншуда ва баръакс аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳия ва аз ҷониби Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди мувофиқа бо Бозрасии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд ().
302) Мӯҳлати будубоши воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта, мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бояд дар муддати ду шабонарӯз воситаҳои нақлиёти автомобили хориҷиро аз бор озод кунанд. Дар сурати ҳозир нашудани боргиранда ё қобилияти пардохтпазирӣ надоштани ӯ борҳо бояд дар анборҳои нигоҳдории муваққатии ҳудуди терминалҳо қатъиян зери ҷавобгарии мақомоти гумрук холӣ карда шаванд.
303) Ҷойҳои ҷойгиршавии муваққатӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ, гирифтан ва супоридани борҳо ё бағоҷи мусофирон, ҷои қайди зисти муваққатӣ ва буду бошии ҳайати ронандагон терминалҳо мебошанд. Таваққуф, супоридан ва қабул кардани борҳои воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ берун аз ҳудуди терминалҳо қатьиян манъ карда мешавад.
304) Ҳаракати транзитӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаҳои даромад то нуқтаҳои баромад қатьиян дар асоси харитаи хатсайр амалӣ карда мешавад. Ҷойи расонидани борҳои таъиншуда аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян гардида, варақаҳои хатсайрро намояндагони мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт медиҳанд ()
305) Ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар вақти ҳаракати транзитӣ вазифадоранд, ки талаботи Конвенсияҳои байналмилалӣ "Дар бораи ҳаракати роҳ" (ш. Вена, аз 8 ноябри соли 1968, бо тасҳеҳот аз 1 майи соли 1971), "Дар бораи аломатҳои роҳ" (ш. Вена, аз 8 ноябри соли 1968), инчунин Қоидаҳои амалкунандаи ҳаракат дар роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.
306) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон будубоши воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлу нақли автомобилии байналмилалиро (тибқи хатсайрҳои дар варақаи рухсатнома нишондодашуда) анҷом медиҳанд, назорат намуда, судури онҳоро дар муддати 15 рӯз таъмин менамояд. Дар ҳамин фосилаи вақт ба хатсайрҳо ва воридшавии ҳатмии воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ ба "Терминалҳо" диққати ҷиддӣ медиҳад, ҳаракати онҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои калони Ҷумҳурии Тоҷикистои иҷозат дода намешавад.
307) Ҳангоми вайрон кардани тартиби ҳаракат тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷиро кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба терминалҳои фосилавӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
308) Андозаи пардохт барои ҳамроҳии воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ ба терминалҳои фосилавиро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
309) Терминалҳои фосилавӣ дар чорроҳаҳои шоҳроҳҳои автомобилии пайвандгари шаҳру ноҳияҳо ва дар шоҳроҳҳое, ки аз миёни шаҳрҳои калони саноатӣ ва марказҳои вилоятӣ мегузаранд, ташкил дода мешаванд.
310) Байни роҳбарияти терминалҳои наздисарҳадӣ ва фосилавӣ дар хусуси ҳамкорӣ барои пешгирии ҳолатҳои ғайричашмдошт ва бо роҳи қонунӣ ҳал намудани масъалаҳои пайдошуда созишномаҳо баста мешаванд.
311) Борҳо аз терминалҳои фосилавӣ баъди гузаштан расмиёти гумрукӣ ва дигар чорабиниҳои ҳатмӣ то ҷои таъиншуда бо нақлиёти ватанӣ расонда мешаванд.
312) Тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ варақаи зисти муваққатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
313) Ҳангоми суроғаро дигар кардани воситаҳои нақлиёти автомобили хориҷӣ, тағйирёбии хатсайри ҳаракат, нуқсонҳои техникӣ, дароз кардани мӯҳлати бошиш ва дигар ҳолатҳо роҳбарияти терминалҳо дар варақаҳои рухсатнома қайдҳои махсус мегузоранд.
314) Ҳаракати мустақилонаи воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад.
315) Мувофиқи Конвенсияи байналмилалии TIҚ - соли 1975 (Боркашонии Байналмилалии Автомобилӣ - соли 1975) барои иҷрои ҳамлу нақли борҳо ва мусофирон китобчаҳои ББА (Carnet-TIR) истифода бурда мешаванд, ки онҳоро ба интиқолдиҳандагони ватанӣ ташкилоти аз тарафи Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (ИБНА - IRU) ваколатдоршуда медиҳад ().
316) Интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ, истифодабарандагони китобчаҳои Боркашонии Байналмилалии Автомобилӣ (Carnet-TIR) ҳангоми ворид шудан ва убури транзитӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохтҳое, ки барои мушоиати гумрукӣ пешбинӣ гаштаанд, озод карда мешаванд.
317) Барои гирифтани китобчаи ББА (Carnet-TIR) (Конвенсияи-TIR1975) хуҷҷати шакли муқарраркардаи Конвенсияи байналмилалии "Шаҳодатнома дар бораи иҷозат" (соли 1958) истифода мегардад, ки онро ташкилоти аз тарафи Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (ИБНАIRU) ваколатдоршуда медиҳад ва мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқ менамояд ().
318) Мувофиқи Конвенсияи байналмилалии CMR (КҲРБ - соли 1972) ҳангоми иҷрои ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ борхати нақлиётӣ намуди варақаҳои СМК истифода бурда мешаванд.
319) Ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршуда ва дигар ҳуҷҷатҳои истифодашавандаро дар соҳаи ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳангоми мавҷуд будани иҷозатнома барои иҷрои ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ медиҳад ().
320) Ҳамлу нақли автомобили борҳо, мусофирон ва бағоҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ бояд тавассути нуқтаҳои гузариши автомобилии байналмилалӣ иҷро карда шаванд.
321) Иҷрои ҳамлу нақли мунтазами мусофирон бо автобусҳо дар роҳҳои байналмилалӣ дар асоси хатсайрҳои мувофиқакардаи тарафҳо, ҷадвали ҳаракат, тарифҳо, нуқтаҳои таваққуф, ки Созишномаҳои байниҳукуматӣ нишон додаанд, амалӣ карда мешавад. Дар ин маврид рухсатнома талаб карда намешавад.
322) Ҳамлу нақли номунтазами мусофирон бо автобусҳо дар асоси иҷозатҳое, ки барои ҳар навбати сафар дода мешаванд, иҷро мегардад.
323) Рухсатнома ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки тибқи қонунгузорӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ заруранд, бояд дар дасти ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мавҷуд бошанд.
- шиносномаи хориҷӣ;
- раводиди нақлиётӣ;
- ҳуқуқи ронандагии байналмилалӣ;
- китобчаи шахсии санҷишии ронанда, ки ҳайати воситаи нақлиёт истифода мебарад;
- иҷозатнома барои иҷрои ҳамлу нақли байналмилалӣ.
- шаҳодатнома дар бораи қайди воситаи нақлиёти автомобилӣ ва сертификати сифати техникӣ;
- иҷозат барои вуруд ва транзит;
- шаҳодатнома дар бораи иҷозат дода шудани воситаи нақлиёти автомобилӣ ба ҳамлу нақли байналмилалӣ, бо мӯҳрҳои гумрукӣ ва мӯҳрмумҳо мутобиқи китобчаи ББА;
- шаҳодатнома дар бораи иҷозат дода шудани воситаи нақлиёт ба ҳамлу нақли борҳои зудвайроншаванда (СПС);
- борхати нақлиётӣ мутобиқи Конвенсия дар бораи шартнома оид ба ҳамлу нақли борҳо (КҲРБ);
- борхати нақлиётӣ барои барасмиятдарории ҳамлу нақли борҳо дар самти баръакс;
- китобчаи ББА (TIR-Carnet);
- сертификати сифати борҳо;
- сертификатҳои фитосанитарӣ ва байторӣ;
- мавҷуди суғуртанома.
324) Воситаҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ дар роҳи ҳаракат метавонанд аз хизматрасониҳои истгоҳҳои муваққатӣ, кемпингҳо ва дигар иншооти нақлиётие, ки бо талаботи замони муосир мутобиқат доранд, истифода намоянд. Тартиби вуруд ва будубоши воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳо ва кемпингҳоро Харитаҳои технологӣ муайян мекунанд.
325) Ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо бо воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар байни ду нуқтае, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, иҷозат дода намешаванд.
326) Ба воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷие, ки ҳамлу нақли мусофиронро тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтан ва (ё) фуровардани мусофирон манъ карда мешавад.
327) Интиқолдиҳандагон дар ҳамлу нақли байналмилалӣ бояд аз воситаҳои нақлиёти автомобилие истифода баранд, ки онҳо дорои аломатҳои бақайдгирӣ ва фарқкунандаи давлатҳои худ ҳастанд.
Зимнан, ядакҳо ва нимядакҳо метавонанд аломатҳои бақайдгирӣ ва фарқкунандаи дигар давлатро дошта бошанд.
328) Автомобилҳо, автобусҳо ва нимядакҳо барои ҳамлу нақли байналмилалии борҳо ва мусофирон бояд ба шартҳои техникии дар Конвенсияи ҳаракати роҳ нишондодашуда ҷавобгӯ ва дар ҳолати дурусти техникӣ бошанд.
329) Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии ватанӣ ва хориҷӣ ҳангоми ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва (ё) вазнин, беҳаҷм, хатарнок ё дигар намудҳои бор, ки аз андозаҳои меъёр афзунанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозати махсус ва иҷозатнома амалӣ гардонда мешавад.
330) Ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин дар асоси Созишнома оид ба вазн ва ҳаҷми воситаҳои нақлиёте, ки ҳамлу нақли автомобилии байналмилалиро дар роҳҳои автомобилгарди кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2000 № 93 тасдиқ шудааст, амалӣ гардонида мешавад.
331) Иҷозатнома ва иҷозатҳои махсус барои ҳуқуқи иҷрои ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ ба интиқолдиҳанда дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
332) Барои иҷрои ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ ронандагони синни на хурдтар аз 21-сола ҷалб карда мешаванд, ки собиқаи бетанаффуси на камтар аз сесолаи ронандагӣ ва дорои ихтисос барои иҷрои кори дахлдор мебошанд.
333) Дар нуқтаҳои гузариши сарҳадӣ (барасмиятдарории гумрукӣ) ду хатти бо ҳам вобастае, ки дар реҷаи ворид ва хориҷ шудан тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, ташкил дода мешаванд.
Ҳангоми вуруд, судур ва убури транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии байналмилалӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории фаъолияти онҳо таҳти назорати мақомоти зерин анҷом дода мешаванд:
- мақоми ваколатдори назорати сарҳадӣ - назорати шиносномаю раводид;
- мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрук ҷиҳати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои интиқоли бор тибқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақоми ваколатдор оид ба таъмини интиқолдиҳандагони байналмилалии автомобилӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурии ҳамлу нақли байналмилалӣ барои вуруд, судур ва убури транзитӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти ваколатдор оид ба тафтиши масъалаҳои байторӣ ва фитосанитарӣ -бақайдгирӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо (фитосертафикат ва сертификатҳои байторӣ).
Мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт оид ба таъмин ва назорати риояи ҳуҷҷатҳои зарурии ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳангоми вуруд, судур ва убури транзитӣ ().
334) Ҳаракати воситаҳои нақлиётие, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
335) Барои ҳалли фаврии масълаҳо оид ба ташкили ҳамлу нақли автомобилии интиқолдиҳандагони автомобилии хориҷӣ тартиби риоя гаштани меъёрҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои ғайричашмдошт пешбинӣ кардаанд, комиссия ташкил дода мешавад (минбаъд - Комиссия).
336) Комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти зерин ташкил карда мешавад:
- Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт;
- Ташкилоти аз тарафи Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (ИБНА) ваколатдоршуда ().
337) Комиссия ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои зеринро дорад:
- баррасии дархост оид ба масъалаҳои тамдид кардани мӯҳлати будубоши интиқолдиҳандагони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои ғайричашмдошт;
- талаб кардани ҳама намудҳои асноди тасдиқкунандае, ки ба далелнокии ҳолати ғайричашмдошт (шароити фавқуллода, бемории ронанда, таъсири воситаи нақлиёти автомобилӣ, ҳодисаи роҳу нақлиёт ва ғайра) мусоидат менамоянд;
- Комиссия аз рӯи зарурат, ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода, инчунин на камтар аз як маротиба (бо ҳайати пурра) дар тӯли як семоҳа ҷаласа баргузор мекунад;
- Комиссия дар фаъолияти худ риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар соҳаи мазкур амал мекунанд, ба роҳбарӣ мегирад;
- роҳбарии фаъолияти Комиссияро раиси он амалӣ мегардонад, ки ӯ аз ҳисоби мутахассисони Комиссия интихоб карда мешавад.
- кори Комиссияро Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг менамояд.
Боби 9. Экспедитсияи нақлиётӣ
338) Экспедитсияи нақлиётӣ дар нақлиёти автомобилӣ пурра озод намудани корхонаҳо, ташкилотҳо ва аҳолии хизматрасонро аз иҷрои ӯҳдадориҳое, ки ба фаъолияти онҳо хос нестанд ва ба иҷрои хизматрасониҳои нақлиётӣ вобастаанд, пешбинӣ мекунад.
339) Экспедитсияи нақлиётиро корхона ва ташкилотҳои нақлиётӣ, инчунин корхонаву ташкилотҳои шаклҳои гуногуни моликияте метавонанд иҷро кунанд, ки нақлиёти автомобилии худро надоранд.
340) Хизматрасониҳо метавонанд ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣмизоҷоне, ки ба хизматрасониҳои нақлиётӣ - экспедитсионӣ ниёз доранд, пешниҳод карда шаванд.
341) Тибқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ экспедитор ӯҳдадор мешавад, ки барои подош аз ҳисоби мизоҷ (борфиристанда ё боргиранда) ҳамлу нақли борро бо нақлиёт ва аз рӯи хатсайри интихобкардаи ирсолгар ё мизоҷ ташкил диҳад, аз номи мизоҷ ё аз номи худ шартномаи (шартномаҳои) ҳамлу нақли борро имзо кунад, фиристодан ва гарифтани бор, инчунин дигар ӯҳдадориҳои марбути ҳамлу нақлро иҷро намояд.
342) Бо шартномаи экспедитсия метавонанд ӯҳдадориҳои экспедитор оид ба ташкили ҳамлу нақли бор тавассути нақлиёт ва тибқи масири интихобнамудаи экспедитор ё муштарӣ, бастани шартнома (шартномаҳо) оид ба интиқоли борҳо, таъмин намудани интиқол ва гирифтани бор, инчунин дигар ӯҳдадориҳои марбут ба ҳамлу наҳл пешбинӣ гарданд.
343) Ба сифати хизматрасониҳои иловагӣ дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ метавонад иҷрои чунин амалиёти барои расонидани бор заруриро аз қабили гирифтани ҳуҷҷатҳои барои содирот ё воридот зарурӣ, иҷрои барасмиятдарории гумрукӣ ва ғайра, тафтиши миқдор ва ҳолати бор, боркунӣ ва борфарорӣ, пардохти боҷу хироҷ ва дигар хароҷоти ба зиммаи борфиристанда гузошташуда, нигоҳдории бор ва дар нуқтаи таъиншуда гирифтани он пешбинӣ карда шавад.
344) Қоидаҳои боби мазкур ҳангоме татбиқ карда мешаванд, ки мувофиқи шартнома вазифаҳои экспедиторро интиқолдиҳанда иҷро намояд.
345) Шартҳои иҷрои шартномаи экспедитсияи нақлиётиро созишномаи Тарафҳо, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, муайян мекунад.
346) Ҳангоми иҷрои хизматрасониҳои нақлиётию экспедитсионӣ барои борфиристандагон (боргарандагон) корхонаҳо, ташкилотҳо дар ҳамкорӣ бо нақлиёти роҳи оҳан, обӣ ва автомобилӣ аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи Оинномаҳои намудҳои дахлдори нақлиёт барои борфиристандагон ва боргирандагон истифода мебаранд ва тибқи ин оинномаҳо масъул мебошанд.
347) Корхонаҳо, ташкилотҳо метавонанд дар асоси шартнома иҷрои хизматҳои иловагиро ба ӯҳдаи худ гиранд, ки бо ҳамлу нақл (нигоҳдории дуру дарози молҳо, омодасозии борҷома ва ғайра) вобаста нестанд. Дар чунин ҳолат масъулиятро барои иҷро нашудан ё иҷро номатлуби ӯҳдадориҳое, ки ба хизматрасониҳои иловагӣ шомиланд, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаи дахлдор (тартиб, нигоҳдорӣ ва ғайра) ва шартҳои шартнома муайян менамояд.
348) Шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ дар шакли хаттӣ баста мешавад.
349) Борфиристандаи (боргаранда) бор бояд ба экспедитор боваринома диҳад, агар он барои иҷрои ӯҳдадориҳои ӯ зарур бошад.
350) Дар шартномае, ки миёни мизоҷ ва экспедитор баста мешавад, бояд пешбинӣ карда шавад:
- мизоҷ ӯхдадор аст ба экспедитор ҳуҷҷатҳо ва дигар иттилоотро оид ба хусусияти бор, шартҳои интиқоли он, инчунин дигар иттилоотеро, ки барои иҷрои ӯҳдадорӣ ба экспедитор зарур буда, дар шартнома пешбинӣ гардидаанд, пешниҳод кунад;
- экспедитор ӯҳдадор аст аз камбудиҳои ошкоргардидаи иттилооти гирифтааш ба мизоҷ хабар диҳад ва дар сурати нопуррагии иттилоот аз мизоҷ маълумоти иловагии зарурӣ талаб намояд;
- ҳангоми аз ҷониби мизоҷ пешниҳод нагаштани иттилооти зарурӣ экспедитор ҳуқуқ дорад, ки то пешниҳоди чунин иттилоот ба иҷрои ӯҳдадориҳои дахлдор шурӯъ нанамояд;
- мизоҷ барои зараре, ки ба экспедитор вобаста ба вайронкунии ӯҳдадорӣ нисбат ба пешниҳоди иттилооти дар сархати якуми банди зикргардида, расонидааст, ҷавобгар мебошад.
351) Агар аз шартномаи экспедитсия ӯҳдадории экспедитор оид ба шахсан иҷро намудани вазифаи худ барнаояд, экспедитор ҳуқуқ дорад барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ дигар шахсонро ҷалб намояд.
352) Вогузории иҷрои ӯҳдадориҳо ба шахси сеюм ӯҳдадории экспедиторро дар назди мизоҷ ҷиҳати иҷрои шартнома озод наменамояд. Мизоҷ ё экспедитор ҳуқуқ дорад аз шартнома даст кашад ва дар маврид тарафи дигарро то соати 24-00 рӯзи бастани шартнома огоҳ созад.
353) Ҳангоми яктарафа рад намудани иҷрои шартнома Тарафи раднамуда ба Тарафи дигар зиёни дар натиҷаи қатьи шартнома расонидаро ҷуброн менамояд.
354) Шартҳои хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ ба шаҳрвандон дар қисми марбут ба муносибатҳои мутақобилаи ташкилоту корхонаҳои нақлиёти автомобилии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта бо корхонаю ташкилотҳои дигар намудҳои нақлиёт бо мувофиқаи мақомоти идоракунандаи ин намуди нақлиёт тасдиқ карда мешаванд.
355) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи созишномаи тарафҳо метавонад барои корхонаю ташкилотҳои нақлиёти автомобилие, ки хизматрасонии нақлиётию экспедитсионии шаҳрвандонро анҷом медиҳад, ҷойҳои зарурии истеҳсолӣ, анборӣ ва ғайра ҷудо кунад, инчунин онҳоро бо воситаҳои коммуникатсия таъмин созад.
356) Фаъолияти нақлиётию экспедитсионии корхона, ташкилот, ширкати нақлиётӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Боби 10. Суғурта дар нақлиёти автомобилӣ
357) Истифодаи автомобилҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо шарти суғуртаи давлатаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии моликони онҳо иҷозат дода мешавад.
358) Суғуртаи давлатии масъулияти шаҳрвандии моликони автомобил ва интиқолдиҳандагони автомобилӣ, новобаста аз шакли моликият ва мансубияти идоравиаашон, аз ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Боби 11. Иҷора ва кирояи воситаи нақлиёти автомобилӣ
359) Тибқи шартномаи иҷораи (кирояи муваққатии) воситаи нақлиёти автомобилӣ бо сарнишинон иҷорадиҳанда вазифадор аст, ки ба иҷорагиранда бар ивази пардохт воситаи нақлиёти автомобилиро ҷиҳати соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ диҳад ва бо қувваи худ оид барои идоракунии ҳамин воситаи нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии техникии он кӯмак расонад.
360) Тибқи шартномаи иҷораи воситаи нақлиёти автомобилӣ бе сарнишин иҷорадиҳанда воситаи нақлиёти автомобилиро ба иҷорагиранда бар ивази пардохт барои моликӣ ва истифодаи муваққатӣ бидуни хизматрасонӣ оид ба идораи ин воситаи нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии техникӣ медиҳад.
361) Шартномаи иҷораи воситаи нақлиёти автомобилӣ, новобаста аз мӯҳлати амали он, бояд ба таври хаттӣ баста шавад.
362) Иҷорадиҳанда дар тӯли мӯҳлати амали шартнома вазифадор аст, ки ҳолати зарурии техникии воситаи нақлиёти автомобилии ба иҷора додашуда, аз ҷумла анҷом додани таъмири ҷорӣ, таъмири асосӣ ва фароҳам овардани лавозимоти заруриро таъмин кунад.
363) Ҳаҷми хизматрасониҳое, ки иҷорадиҳанда ба иҷорагиранда оид ба идора ва истифодаи техникии воситаи нақлиёти автомобилӣ пешниҳод мекунад, бояд мутобиқи мақсадҳои иҷора, ки дар шартнома нишон дода шудаанд, истифодаи мӯътадил ва бехатарро таъмин намояд. Дар шартномаи иҷора метавонад доираи мураккабтари хизматрасоние пешбинӣ гардад, ки ба иҷорагир пешниҳод карда мешавад.
364) Ҳайати сарнишинони воситаи нақлиёти автомобилӣ ва малакаю ихтисосмандии онҳо бояд ба қоидаҳои барои Тарафҳо ҳатмӣ ва шартҳои шартнома, агар дар қоидаҳои барои Тарафҳо ҳатмӣ чунин талабот муқаррар нашуда бошанд - ба талаботи амалияи маъмулии истифодаи воситаи нақлиёти автомобилии навъи дахлдор ва шартҳои шартнома мувофиқ бошанд.
365) Аъзои сарнишинон муносибатҳои меҳнатиро бо иҷорадиҳанда нигоҳ медоранд. Онҳо ба фармоиши иҷорадиҳанда марбут ба идора ва истифодаи техникӣ ва фармоиши иҷорадиҳанда марбут ба истифодаи тиҷоратии воситаи нақлиёти автомобилӣ итоат мекунанд.
366) Агар шартномаи иҷора тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад, хароҷот оид ба пардохти хизматрасонии аъзои ҳайат, инчунин хароҷот ба таъминоти онҳо ба зиммаи иҷорадиҳанда гузошта мешавад.
367) Агар дар шартномаи иҷора тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, иҷорагиранда хароҷоти пардохти сӯзишворӣ ва дигар маводи дар ҷараёни истифода масрафшуда, оид ба пардохти боҷҳо, суғурта ва дигар хароҷоти бинобар истифодаи тиҷоратии воситаи нақлиёти автомобилӣ бамиёномадаро ба ӯҳда дорад.
368) Иҷорагир дар тӯли мӯҳлати амали шартнома ӯҳдадор аст, ки ҳолати техникии воситаи нақлиёти автомобилии баиҷорагирифтаро дар ҳолати дуруст нигоҳ дорад, аз ҷумла таъмири ҷорӣ, инчунин, агар шартнома тартиби дигар пешбинӣ накарда бошад, таъмири асосиро низ анҷом медиҳад.
369) Иҷорагир бо қувваи худ идоракунии воситаи нақлиёти автомобилии иҷорагирифтааш, инчунин истифодаи тиҷоратӣ ва техникии онро анҷом медиҳад.
370) Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, иҷорагир хароҷоти нигоҳдории воситаи нақлиёти автомобилии иҷорагирифта, суғуртаи он, аз ҷумла суғуртаи масъулияти худ, инчунин хароҷоти марбут ба истифодаи техникии онро ба ӯҳда дорад.
371) Иҷорагир ҳуқуқ дорад, ки воситаи нақлиёти автомобилии иҷорагирифтаро ба иҷорагири фаръӣ бо шартҳои шартномаи иҷора, бо сарнишинон ё бе сарнишин бо розигии иҷорадиҳанда, агар дар шартномаи иҷора тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, ба иҷора диҳад.
372) Иҷорагир дар доираи татбиқи истифодаи тиҷоратии воситаи нақлиёти автомобилии иҷорагарифта ҳуқуқ дорад бе розигии иҷорадиҳанда аз номи худ бо шахсони сеюм шартномаҳои ҳамлу нақл ё дигар шартномаҳое бандад, ки хилофи мақсадҳои истифодаи воситаи нақлиёти автомобилӣ намебошанд.
373) Дар сурати зиён расонидан ба воситаи нақлиёти автомобилии иҷордгирифта иҷорагир ӯҳдадор аст зиёни ба иҷорадиҳанда расонидашударо ҷуброн намояд, агар иҷорадиҳанда исбот кунад, ки зиёни ба воситаи нақлиёти автомобилӣ расонидашуда дар ҳолатҳое рух додааст, ки иҷорагир мутобиқи қонунҳо ё шартнома барои он масъул аст.
374) Ҳангоми ба иҷора додани воситаи нақлиёти автомобилӣ бо сарнишинон ва бе онҳо масъулият барои зиёне, ки ба шахсони сеюм тавассути нақлиёти автомобилии иҷорагирифта ё механизмҳои он, асбобҳо, таҷҳизот ва монанди инҳо расонида шудааст, мутобиқи қоидаҳои ҳамин Оиннома ба зиммаи иҷорадиҳанда гузошта мешавад. ӯ ҳуқуқ дорад,ба иҷорагир оид ба ҷуброни маблағе, ки ба шахсони сеюм пардохта шудааст, талаботи даъво пешниҳод намояд, агар исбот кунад, ки зиён бо гуноҳи иҷорагир расонда шудааст.
375) Тибқи шартномаи кирояи автомобилҳои сабукрав кироядиҳандае, ки автомобили сабукравро барои фаъолияти соҳибкорӣ кироя супоридааст, ӯҳдадор мешавад, ки онро бар ивази пардохт ба кироягир барои соҳибии муваққатӣ ва истифода диҳад.
376) Шартномаи кирояи автомобилҳои сабукрав ба таври хаттӣ, ба мӯҳлати то як сол баста мешавад.
377) Қоидаи аз нав бастани шартномаи кирояи автомобилҳои сабукрав барои мӯҳлати номуайян ва оид ба ҳуқуқи афзалиятноки кироягир барои таҷдиди шартномаи кирояи моликият, нисбат ба шартномаи кирояи автомобилҳои сабукрав истифода намегардад.
378) Кироягар ҳуқуқ дорад аз шартномаи кирояи автомобилҳои сабукрав дар ҳар лаҳза даст кашад.
379) Кироядиҳандае, ки шартномаи кирояу автомобилҳои сабукравро бастааст, ӯҳдадор аст дар ҳузури кироягир коршоямии автомобили сабукрави кирояшавандаро тафиш кунад, инчунин кироягирро бо қоидаҳои истифодаи автомобили сабукрав шинос намояд ё ба ӯ оид ба истифодаи автомобили сабукрав дастурамали хаттӣ диҳад.
380) Ҳангоми аз ҷониби кироягир ошкор гардидани нуқсонҳои автомобили сабукрави кироягирифташаванда, ки пурра ё қисман ба истифодаи он монеъ мешаванд, кироядиҳанда ӯҳдадор аст дар муддати даҳ рӯзи баъди санаи аризаи кироягир оид ба нуқсонҳо, агар дар шартнома мӯҳлати кӯтоҳтар муқаррар нашуда бошад, нуқсонҳоро беподош дар ҷояш бартараф созад ё автомобили сабукравро ба автомобили дигаре, ки қобили истифода мебошад, иваз намояд.
381) Агар нуқсонҳои автомобили сабукрави ба кироя додашуда дар натиҷаи аз ҷрниби кироягар риоя нагардидани Қоидаҳои истифода ва нигоҳдории моликият ба миён омада бошанд, кироягир маблағи таъмир ва интиқоли автомобили сабукравро ба кироядиҳанда мепардозад.
382) Пардохт барои истифодаи моликият тибқи шартномаи кирояи автомобили сабукрав дар шакли пардохтҳои бо маблағи собит муайянгардида муқаррар мегардад, ки мунтазам ё якбора ворид карда мешаванд.
383) Дар сурати пеш аз мӯҳлат баргардондани моликият аз ҷониби кироягир, кироядиҳанда қисми дахлдори пардохти барои истифодаи моликият гирифтаро ба ӯ бармегардонад ва онро аз рӯзе, ки баъди рӯзи баргардонии воқеии автомобили сабукрав фаро мерасад, ҳисоб мекунад.
384) Аз кироягир ситонидани қарз оид ба пардохти маблағи истифодаи автомобили сабукрав бо тартиби бебаҳс, дар асоси имзои иҷроияи нотариус мутобиқи қонунгузории ҷорӣ сурат мегирад.
385) Таъмири асосӣ ва ҷории автомобили сабукраве, ки ба кироя дода шудааст, вазифаи кироядиҳанда мебошад.
386) Ба кирояи фаръӣ додани автомобили сабукраве, ки тибқи шартномаи кироя ба кироягир дода шудааст, таҳвили ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ тибқи шартнома аз ҷониби кироягир, кирояи автомобили сабукрав ба дигар шахс, ба замонат мондани ҳуқуқҳои кироягир ба сифати саҳми амволӣ ба ширкатҳо ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ба сифати пардохти саҳмӣ ба кооперативҳои истеҳсолӣ манъ аст.
Боби 12. Роҳҳои автомобилгард ва иншооти он
387) Роҳҳои автомобилгард дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва маъмурӣ дошта ҷудо мешаванд.
388) Тарҳрезӣ, сохтмони роҳҳои нав ва азнавсозии роҳҳои автомобилгарди мавҷуда бояд таъмини истифодаи матлуб ва бехатарии ҳаракати роҳро барои одамон ва воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, имконияти истифодаи нақлиёти замонавии автомобилӣ, ҳифзи манзари зинда ва ғайризинда, нигоҳдории муҳити табиатро пешбинӣ намоянд.
389) Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳҳо, гузоштани нишонаҳо ва маҳдудкунандаҳои роҳҳо, аломатгузории роҳҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
390) Мақомоти роҳдорӣ, новобаста аз мансубияти идоравӣ, ки барои истифодаи роҳҳо, пулҳо, кӯпрукҳо, воситаҳои техникии ташкили ҳаракат ва дигар иншоот масъуланд, бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ӯҳдадоранд:
- роҳҳои автомобилгард ва иншооти дар онҳо бударо дар ҳолати дуруст ва барои ҳаракат бехатар, мутобиқ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии мавҷуда нигоҳ доранд, инчунин ҷиҳати беҳбуди шароити ҳаракат тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- роҳҳо ва иншоотро дар давраи зимистон саривақт аз барф тоза кунанд, барои аз байн бурдани лағжонии фарш ва ифлосии сатҳи роҳ тадбирҳо андешанд;
- қитьаҳои хатарноки роҳҳоро бо тавораҳо, монеаҳо, аломатҳои роҳ ва дигар воситаҳое, ки рӯзона ва шабона хуб дида мешаванд, таъмин намоянд, роҳҳои давродаври гузаштани қитъаҳои таъмиршавандаи роҳ ва иншооти сунъиро муқаррар намоянд;
- ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилиро ҳангоми ба вуҷуд омадани зуҳуроти нохуши иқлимӣ ё табиӣ манъ намоянд;
- баҳисобгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётро анҷом диҳанд, сабабҳоро таҳлил карда, чораҳои дахлдор андешанд;
- дар мавриди садамаҳо, фалокатҳои автомобилӣ ё офатҳои табиӣ кӯмаки имконпазири пешакии тиббиро таъмин намоянд ва оид ба наҷотдиҳии иштирокчиёни ҳаракати роҳ чораҳо андешанд;
- дар таҳқиқи хадамотӣ ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, ки бо ҳалокати одамон вобастаанд, иштирок намоянд, ҳангоми расонидани зарари калони моддӣ таҳқиқи хадамотӣ гузаронанд, агар ҳодисаи роҳу нақлиёт бо сабаби шароити роҳ рух дода бошад;
- ба рушди шабакаҳои нуқтаҳои хизматрасонии автомобилии наздироҳӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мусоидат намоянд.
391) Мақомоти роҳдорӣ ӯҳдадоранд, бо мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ корҳои таъмиру барқароркунӣ дар роҳҳоро мувофиқа намоянд.
392) Соҳибони хоҷагиҳои роҳдории нақлиёти автомобилӣ ҳуқуқ доранд, мутобиқи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба истифодабарандагон талаботи иловагиро муқаррар намоянд.
393) Моликони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони автомобилӣ, новобаста аз шакли моликият ва мансубияти идоравӣ, ба истифодаи роҳҳои автомобилии истифодаи умум ҳуқуқи баробар доранд.
394) Дар роҳҳои автомобилгард манъ карда мешавад:
- ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки ҳаҷмҳои умумӣ, андоза ё вазн ва сарбориаш ба меҳвар тавассути бор ё бебор аз меъёр зиёд мебошад, ба истиснои нақлиёте, ки бо мақомоти роҳ ва мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ мувофиқа карда шуда бошад;
- расондани зиён ба роҳҳо, иншооти роҳҳо, воситаҳои техникии ташкили ҳаракати роҳ, кабудизор ва дигар иншооти роҳ;
- аз роҳ берун шудан, ба роҳ ворид шудан ва бурида гузаштани роҳ дар ҷойҳое, ки барои ин амал муҷаҳҳаз нагардидаанд;
- дохил шудан ба хати тақсимкуниии роҳ ва таваққуф намудан дар болои он;
- анҷом додани автомобилронии таълимӣ дар ҷойҳои иҷозатдоданашуда;
- иҷрои корҳои вобаста ба эҳтимоли рехтани маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, таъмир ва равған кардани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, тоза кардан ва шустани онҳо. Амалиёти мазкур дар ҳолатҳои зарурӣ бояд дар ҷойҳои махсус таҷҳизонидашуда, дар сурати мавҷуд набудани онҳо - дар канори роҳ анҷом дода шаванд. Зимнан, ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бояд партовҳо, маводи боқимонда ва дигар ашёро фавран ғундоранд;
- ифлос кардан ва банд кардани қисми мошингузари роҳ, канори роҳ, пулҳо, қубурҳо, заҳбурҳо, дастгоҳҳои заҳбурканиву обпартоӣ, интиқол додани боре, ки роҳ ва канори роҳро ифлос мекунад, бидуни маҳкам бастани он, бор кардан ва фаровардани бор дар қисми мошингарди роҳ;
- андӯхтани маводи зудоташгиранда ва сӯзишворӣ дар хати обпартои роҳҳо бе риояи талаботи бехатарии сӯхтор (ҳангоми мавҷудияти иҷозат барои андӯхтани умумӣ).
395) Ҳангоми вайрон намудани банди 394 соҳибони бор ё воситаҳои нақлиёти автомобилӣ вазифадоранд, ки ба мақомоти роҳ хароҷоти барқароркунии фарши роҳҳо ё таъмири роҳро тибқи меъёрҳои тасдиқнамудаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд.
396) Ҳамаи иштироккунандагони муносибатҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ, барои вайрон кардани Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгард мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъуланд.
397) Барои истифодаи роҳҳои автомобилии истифодаи умум, шоҳроҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи дар онҳо мавҷуда моликони автомобил ва интиқолдиҳандагони автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон андози роҳ мепардозанд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бошанд, пардохтро тибқи тартиб ва андозаҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаҳои байниҳукуматӣ муайян мекунад, анҷом медиҳанд.
Боби 13. Талаботи техникӣ ба воситаҳои нақлиёти автомобилӣ
398) Моликони (соҳибмулк) автомобил ва интиқолдиҳандагони нақлиёти автомобилӣ вазифадоранд барои ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ ва бор воситаҳои нақлиёти автомобилии дорои ҳолати дурусти техникӣ, ҷавобгӯи стандартҳо ва талаботи дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ва мувофиқи тартиби муқарраргардида аз муоинаи навбатии техникӣ гузаштаро пешниҳод намоянд.
399) Воситаи нақлиёти автомобилии ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва ба қайд гирифташаванда барои тасдиқи мутобиқати худ ба стандартҳои амалкунанда ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ бояд Сертификат, Нишони мутобиқат дошта бошад, ки онро мақоми сертификатсияи ваколатдорнамудаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст ё онро ин мақом эътироф намудааст.
400) Аз муоинаи навбатии техникӣ гузаштани воситаи нақлиёти автомобилӣ бо талони (чеки) махсуси намунаи муқарраргардида тасдиқ карда мешавад.
401) Воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки сертификат, Нишони мутобиқат надоранд, аз муоинаи техникӣ нагузаштаанд ва бо нишонаҳои дахлдор ҷиҳозонида нашудаанд, барои истифода роҳ дода намешаванд.
402) Моликони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони нақлиёти автомобилие, ки автомобилҳои боркаши вазнин, автобусҳо, автобусҳои хурд, таксиҳои хатсайргард ва автомобилҳои сабукрав-таксиҳоро истифода мебаранд, ӯҳдадоранд, ки баҳисобгирии ҳама амалиётро оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмири автомобилҳои худ ё автомобилҳои иҷорагирифта ба қайд гиранд.
403) Ҳадди ниҳоии сарбории меҳварӣ ба ҳама гуна меҳвари яккаи ҳадди аксар бордоштаи воситаи нақлиёти автомобилие, ки дар роҳҳои автомобилгарди дараҷаҳои I - IV Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад, набояд аз 10 тонна зиёд бошад.
404) Андозаҳои ҳаҷмии воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки дар роҳҳои автомобилии дараҷаи I - IV Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлу нақл анҷом медиҳанд, набояд аз андозаҳои зерин зиёд бошанд:
- дарозии автомобилҳои якка -12 м;
- бар - 2, 5 м;
- баландӣ - 4 м;
- дарозии автоқатораи нишастӣ ё ядакии дорои як ядак - 20 м;
- дарозии автоқатораи дорои ду ядак ва бештар аз он - 24 м.
405) Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои дараҷаи V сарбории ҳадди ниҳоии меҳварӣ ба ҳама гуна яккаи ҳадди аксар бордоштаи воситаи нақлиёти автомобилӣ набояд аз 6 тонна, баландии ҳаҷмаш аз 3, 8 метр зиёд бошад.
406) Автомобилҳои ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва бақайдгирифташаванда, аз ҷумла қаблан истифодашуда бояд ба талаботи стандартҳои давлатии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қоидаҳои байналмилалӣ ва муқаррароти сарфаи сӯзишворӣ, таносуби иқтидори муҳаррик ба борбардорӣ (мусофирғунҷоишӣ), инчунин навъҳои сӯзишвории автомотории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхташаванда мутобиқ бошанд.
407) Бехатарии фаъол ва ғайрифаъоли автомобил, ки аз сифатҳои боздорӣ ва динамикӣ, устуворӣ ва идорашавандагӣ, манзарнокӣ (намудорӣ), иттилоотнокии дохилӣ ва берунӣ, хусусиятҳои сохторӣ ва истифодабарӣ иборат мебошад, бояд ба талаботи стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қоидаҳо ва дастурҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурки Тоҷикистон мутобиқат намояд.
408) Сатҳи садо ва хориҷшавии маводи зарарнок ба муҳити атроф аз нақлиёти автомобилӣ, инчунин маводи истифодашавандаи таъиноти нақлиёти автомобилӣ бояд бо талаботи стандартҳои давлатӣ, шартҳои техникӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, мутобиқ бошанд.
409) Истифодаи як тамғаи маводи истифода бар ивази тамғаи дигари мавод дар воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бидуни мувофиқаи дахлдор бо истеҳсолкунандаи техникаи нақлиёти автомобилӣ манъ аст.
Боби 14. Хизматрасонии техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти автомобилӣ
410) Ҳар як воситаи нақлиёти автомобилие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад, бояд мунтазам таҳти хизматрасонии (нигоҳубини) техникаи автомобилӣ қарор гирад, ки инро ҳуҷҷатҳои дахлдори меъёрии техникӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои истеҳсолкунандаи техникаи нақлиёти автомобилӣ танзим менамоянд.
411) Хизматрасонии техникӣ ва таъмири автомобилҳо танҳо дар қисмҳои махсусгардонидашудаи корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хадамоти хизматгузориҳои автомобилие, ки барои гузаронидани корҳои дахлдор Сертификати намунаи муқарраргардида (барои намудҳои алоҳидаи хизматгузории автомобилӣ - иҷозатнома) доранд ва дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, иҷозат дода мешаванд.
412) Воситаи нақлиёти автомобилие, ки дар фалокатҳои нақлиётии роҳ иштирок кардаанд, бояд дар сурати пешниҳод намудани маълумотномаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир қабул карда шаванд.
413) Моликони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони автомобилӣ, ки мақоми шахси ҳуқуқӣ дошта, барои анҷом додани хизматрасонии сифатноки техникаи нақлиёти автомобилӣ имконият надоранд ё умуман дар ихтиёри худ воҳиди махсусгардонидашудаи иҷрои корҳои марбутаро надоранд, метавонанд барои анҷом додани хизматрасонии техникии (корҳои алоҳида оид ба хизматрасонии техникӣ) техникаи автомобилӣ бо хадамоти махсусгардонидашудаи хизматгузориҳои автомобилӣ шартномаҳо банданд.
414) Моликони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагоне, ки дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд хизматрасонии техникии техникаи нақлиёти автомобилиро тибқи дархостҳои якдафъаина анҷом диҳанд.
415) Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ танҳо зимни мавҷудии сертификат (барои намудҳои алоҳидаи хизматгузории автомобилӣ - зимни мавҷудияти иҷозатнома) ҳуқуқ доранд, ки хизматрасонии техникии техникаи нақлиёти автомобилиро анҷом диҳанд.
416) Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки хизматрасонии техникии техникаи нақлиёти автомобилиро иҷро мекунанд, ӯҳдадоранд онро ба ҳаҷми пурраи хизматрасониҳои дархостшуда, бо истифодаи ҳатмии таҷҳизоти тафтишию ченкунӣ ва ташхис анҷом диҳанд.
417) Хадамоти техникии хизматгузории автомобилӣ кафолати сифати хизматҳои расонидашударо дар доираи вақте (гашти автомобил), ки ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ муқаррар кардаанд, таъмин менамоянд.
418) Хадамоти техникии хизматгузории автомобилӣ дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои фалокатҳои роҳу нақлиётӣ, ки бо сабабҳои ҳолати техникии қисмҳо, муҳаррикҳо ва ҷузъҳои нақлиёти автомобилӣ дар давраи амали ӯҳдадориҳои кафолатӣ ҳангоми дахолат накардани молики автомобил ё интиқолдиҳандаи автомобилӣ ба кори қисмҳо, муҳаррикҳо ва ҷузъҳои автомобил рух додаанд, масъулияти ҳуқуқиро бар зимма доранд.
419) Хадамоти техникии хизматгузории автомобилӣ баҳисобгирии корҳои мувофиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ иҷрошударо анҷом медиҳанд.
Мӯҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳисоботӣ тибқи ӯҳдадориҳои кафолатӣ, вале на камтар аз як соли тақвимӣ мебошад.
420) Ҷойҳои корӣ оид ба хизматрасонии техникии техникаи нақлиёти автомобилӣ, ки хадамоти хизматгузории автомобилӣ пешниҳод мекунад, бояд ба талаботи санитарию гигиенӣ, зиддисӯхторӣ ва экологии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида ҷавобгӯ бошанд.
421) Миқдори камтарини таҷҳизоти назоратию ченкунӣ ва ташхисӣ барои анҷом додани хизматрасонии техникии автомобилҳо аз инҳо иборат аст:
- асбоби санҷишӣ барои санҷиш ва танзими муҳаррикҳои дарунсӯз;
- асбобу дастгоҳҳо барои санҷиш ва танзими низоми қувва ва афрӯзиши (зажигание) муҳаррикҳои дарунсӯз;
- таҳлилгари газ ё дудченкунак барои санҷиш ва танзими андозаҳои экологии муҳаррикҳои дарунсӯз;
- асбобҳо барои санҷиши идоракунии чанбарӣ;
- стендҳо барои санҷиш ва танзими кунҷҳои ҷойгиршавии чархҳо;
- стендҳо барои санҷиши боздорҳо (истифодаи қитьачаҳои ченакдори роҳҳо ё гузаргоҳҳо имконпазир аст);
- асбобҳо барои санҷиши гашти корӣ ва озоди поякҳои боздорӣ ва қӯшакунӣ;
- стенд барои назорат ва танзими чароғҳо.
422) Хадамоти техникии хизматгузории автомобилӣ метавонанд тамоми таҷҳизоти дар боло номбаршуда ё қисми онҳоро дошта бошанд. Дар ҳолати охирин пешниҳоди хизматрасониҳои хадамоти хизматгузории автомобилӣ бо имкониятҳои заминаи моддию техникии он маҳдуд мегарданд.
423) Молики автомобил ё интиқолдиҳандаи автомобилӣ вазифадор аст, мӯҳлат ва давраҳои анҷом додани хизматрасонии техникии техникаи нақлиёти автомобилии истифодашавандаро риоя намояд. Зимнан молики автомобил ё интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои интихоби хадамоти техникии хизматгузории автомобилӣ имконият дорад.
424) Молики автомобил ва интиқолдиҳандаи автомобилие, ки заминаи марбутаи истеҳсолию техникӣ надорад, ҳуқуқ надорад, бидуни дастгирии хадамоти махсусгардонидашудаи хизматгузории автомобилӣ ба танзими қисмҳои автомобил дахолат кунад ва муҳаррикҳо ва ҷузъҳои автомобилро таъмир намояд, ки ин ба бехатарии истифодаи автомобил, сарфаи сӯзишворӣ ва сифатҳои экологии он таъсир мерасонад, ғайр аз ҳолатҳое, ки бо гашти худ бурдани воситаи нақлиёти автомобилии нуқсондор ба ҷойи таъмир ё нигоҳдории он бе афзоиши таваккали бавуҷудоварии ҳодисаи роҳу нақлиёт имконпазир мебошад.
425) Молики автомобил ё интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои оқибатҳои фалокатҳои роҳу нақлиётӣ ва ғайра, ки бинобар дахолати ӯ ба танзим ё ҳолати техникии қисмҳо, муҳаррикҳо ва ҷузъҳои техникаи нақлиёти автомобилӣ рух додаанд, ва ба бехатарии ҳаракат таъсир мерасонад, инчунин ҳангоми гузаронидани мӯҳлати иҷрои хизматрасонии техникии автомобил мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти хуқуқӣ дорад.
Боби 15. Бехатарии ҳаракат дар роҳ
426) Ҳар як иштирокчии ҳаракат дар роҳ ӯҳдадор аст, тавре рафтор намояд, ки барои атрофиён хатар ба миён наорад, ба табиат, арзишҳои моддӣ зарар нарасонад, одамон ва ҳайвонотро ноором насозад ва бештар аз зарурат ба онҳо монеъ нашавад.
427) Ташкили таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар нақлиёти автомобилӣ инҳоро дар бар мегирад:
- танзими ҳуқуқӣ;
- таҳияи тавсияҳо оид ба татбиқи сиёсати давлатии техникӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар асоси таҳлили вазъи корҳо ва фурӯш, чораҳои амалӣ оид ба пешгирӣ намудани халалдорсозии бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструктории самти дахлдор (КИТК), такмил, таҳия, коркард ва ҷорӣ намудани воситаҳои замонавии техникии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- ба роҳ мондани назорати иҷрои талаботи санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқӣ ва муқарраркунандаи шароити бехатарии ҳаракати роҳ;
- ҳамкории байналмилалӣ ва чорабиниҳои дигар дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ.
428) Танзими ҳуқуқии бехатарии ҳаракат дар роҳро дар нақлиёти автомобилӣ бо асноди зерин таъмин карда мешавад:
- Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;
- Қоидаҳои таъмини бехатарии ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти истифодаи умум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- талаботи техникӣ ва шартҳои техники лоиҳакашӣ, сохтмон, ободонӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ, иншооти роҳ, аломатҳои роҳ, тавора ва ишораҳо;
- Талаботи техникӣ нисбат ба воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- Қоидаҳои истифодаи техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- Талабот нисбат ба сатҳи омодагии касбии ронандагон ва меъёрҳои тиббии ҳолати саломатии онҳо;
- меъёрҳои низоми меҳнат ва истироҳати ҳайати ронандагон ва дигар меъёрҳо, санадҳо, стандартҳо, қоидаҳо ва дастурамалҳои мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқнамудаи мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон.
429) Сиёсати давлатӣ, гузаронидани корҳои илмию тадқиқоти ва таҷрибавию конструкторӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси барномаҳои мақсадноки тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Хоҷикистон анҷом дода мешавад.
430) Назорати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро мақомоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.
431) Ҳангоми анҷом додани ҳамлу нақл моликони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони нақлиёти автомобилӣ вазифадоранд:
- иҷрои талаботи қонунгузориро оид ба низоми меҳнат ва истироҳати ҳайати ронандагон таъмин намоянд;
- талабот ва муқаррароти ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии мақомоти назораткунандаро оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳам дар соҳаи бехатарии фаъол ва ҳам дар соҳаи бехатарии ғайрифаъол иҷро намоянд;
- суғуртаи мусофирон ва техникаи нақлиёти автомобилиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд;
- иҷрои талаботи истифодаи техникии автомобилҳоро тибқи ҳуҷҷатҳои амалкунандаи меъёрию техникӣ таъмин намоянд;
- андозаҳои вазн ва ҳаҷмии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва муоинаи тиббии ронандагонро пеш аз баромадани онҳо ба хати ҳаракат иҷро намоянд;
- оид ба таъмини бехатарии ҳамлу нақли борҳо тибқи қарори Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ созанд.
432) Моликони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони автомобилӣ ҳуқуқ доранд:
- хатсайрҳои ҳамлу нақлро танҳо тавассути роҳҳои ҷавобгӯи талабот ва шартҳое кушоянд, ки имкон медиҳад, бехатарии нақли мусофирон, бағоҷ ва борҳо таъмин карда шавад;
- талаб намоянд, ки андозу боҷҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ барои ободонӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ, тибқи таъиноти мақсаднок истифода бурда шаванд;
- тибқи қонунгузорӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ, аз ҷумла дар соҳаи ташкили шароит барои истифодаи бехатари техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳои мухталифи давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъсис диҳанд;
- ҷуброни зарари расидаро ҳангоми гирифтани иттилоот оид ба бастан ё маҳдуд қардани ҳаракати автомобилӣ дар мӯҳлати камтар аз он, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, инчунин ҳангоми умуман вуҷуд надоштани чунин иттилоот дархост намоянд;
- мӯҳлати озмоиширо барои ронандагони ба кор қабулшуда ва қоргарони кироя муқаррар намоянд, аз онҳо риояи дақиқи ӯҳдадориҳои хизматиашонро ҷиҳати роҳ надодан ба вайрон кардани иҷозатҳои дахлдори дар қарордод (шартнома) пешбинигашта талаб намоянд, ҳатто онҳоро аз ҳамлу нақл барканор ё аз кор озод намоянд.
433) Мақомоти идораи интиқолдиҳандаи автомобилӣ ҳуқуқ надоранд, ронандаро ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ (баланд намудани суръати ҳаракат, рондан дар ҳолати маризӣ ё хастагӣ, рондан дар шароити иқлими вазнин) маҷбур созанд.
Боби 16. Ҳамлу нақли борҳои хатарнок ва калонҳаҷм
434) Борҳои хатарноке, ки нақлиёти автомобилӣ интиқол медиҳанд, инҳоянд:
- моддаҳои таркандае, ки хусусияти таркандагӣ доранд ё бо таъсири таркандагӣ боиси сӯхтор мегарданд;
- газҳои фишурда, моеъ ё зери таъсири фишор махлутшуда;
- моеъҳои зуддаргиранда, омехтаи моеъҳо, инчунин моеъҳое, ки дар маҳлулашон моддаҳои сахт ё суспензияҳо доранд ва буғи зуддаргирандаи бо ҳарорати алангагириашон дар зарфи маҳками на бештар аз 61 Сш хориҷ мекунанд;
- модда ва маводи зуддаргаранда (ғайр аз моддаҳои ҳамчун тарканда гурӯҳбандишуда), ки қобилият доранд, ҳангоми ҳамлу нақл аз манбаъҳои берунии оташафрӯзӣ дар натиҷаи соиш, ҷаббидани намӣ, мубаддалшавиҳои худбахудии кимиёвӣ, инчунин ҳангоми гармшавӣ зуд аланга гиранд;
- моддаҳои оксидкунанда ва перекисҳои органикие, ки қобилияти ҷудо намудани гидроген ва тақвияти оташангезӣ доранд, инчунин метавонанд дар шароити мутобиқ ё омехтагӣ бо дигар моддаҳо омили худдаргирӣ ё таркиш шаванд;
- моддаҳои заҳрнок ва сирояткунандае, ки ҳангоми ба дохили организм афтодан ё расидан ба пӯст ва пардаи луобии одам метавонанд боиси марг, заҳролудшавӣ ва беморӣ гарданд;
- моддаҳои радоиактивӣ;
- моддаҳои хӯранда ва зангзанонандае, ки ба пӯст зарар мерасонанд, пӯст, пардаи луобии чашм ва роҳҳои нафаскашии инсонро заҳролуд мекунанд, боиси зангзании метал ва хароб гардидани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, иншоот ё борҳо мегарданд, инчунин метавонанд ҳангоми таъсиррасонӣ бо маводи органикӣ ва баъзе моддаҳои кимиёвӣ сӯхторро барангезанд.
435) Номгӯй ва таснифоти борҳои хатарноке, ки барои ҳамлу нақл тариқи нақлиёти автомобилӣ иҷозат дода мешаванд ва гурӯҳбандии онҳоро Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои хатарнок муқаррар мекунанд ва ин қоидаҳоро Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор тасдиқ менамояд.
436) Ба ҳамлу нақли борҳои хатарнок ва калонҳаҷм моликони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони автомобилие иҷозат дода мешаванд, ки инҳоро доранд:
- воситаи нақлиёти махсусгардонидашуда ё махсус омодакардашуда барои ҳамлу нақли борҳои дахлдор, ки бо таҷҳизоти зарурӣ, нишонаҳо (лавҳаҳои иттилоотӣ) ҷиҳозонида шудаанд;
- воситаи ҳифз ва бартараф сохтани таъсири манфии борҳои хатарнок барои инсон, муҳити табиати атроф ва воситаҳои техникӣ;
- ҳайатҳои махсус омодакардашудаи ронандагон ва хизматрасон;
- иҷозатномаи интиқоли борҳои калонҳаҷм ва хатарноки дараҷаи мушаххас.
437) Талаботи касбӣ ва тиббӣ барои ҳайати ронандагон ва хизматрасонҳое, ки ба ҳамлу нақли борҳои хатарнок ва калонҳаҷм машғуланд, талабот ба воситаи нақлиёти автомобилӣ дар Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои хатарнок ва Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм муқаррар мегарданд, ки онҳоро Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.
438) Ҳангоми ҳамлу нақли борҳои хатарнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми махсуси иҷозатдиҳӣ амал менамояд. Ба низоми махсуси иҷозатдиҳӣ борҳои зерин тааллуқ доранд:
- моддаҳои тарканда;
- моддаҳои радиоактивӣ;
- моддаҳои сирояткунандаи дорои микрорганизмҳое, ки боиси беморӣ мегарданд (рӯйхаташонро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд);
- дигар моддаҳои хатарноке, ки ҳарорати алангагириашон пасттар аз +18 С ё ҳади иҷозатдодаи косентратсияашон камтар аз 1 мг/куб.м. мебошанд;
439) Барои ҳамлу нақли дигар борҳои хатарнок риояи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои хатарнок кифоя аст.
440) Барои гирифтани иҷозат ба ҳамлу нақли борҳои хатарнок интиқолдиҳандагони нақлиёти автомобилӣ ё соҳиби автомобил бояд ба мақомоти салоҳиятноки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:
- варақаи фавқулодаи низоми иттилоот дар бораи хатари намунаи муқарраркардашуда;
- дастурамал барои ҳамлу нақли намуди мушаххаси бори хатарнок, агар он дар номгӯи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои хатарнок мавҷуд бошад;
- ҳуҷҷат барои гирифтани маводи тарканда, ки онро мақомоти дахлдори ваколатдоршуда медиҳанд;
- хатсайри ҳаракати мувофиқашуда бо соҳибони роҳҳои автомобилӣ, нигоҳдорандагони иншооти сунъӣ ва коммуникатсия (кӯпрукҳо, забаркӯпрукҳо, роҳи давродаври оҳан, қубурҳо ва кабелҳои зеризаминӣ, хатҳои ҳавоии таъмини нерӯи барқ, коммуникатсия ва ғайра) ва Бозрасии давлатии автомобилӣ. Ҳангоми иҷро кардани ҳамлу нақли байналмилалӣ аз ҷониби интиқолдиҳандагони хориҷӣ мувофиқа бо тартиби шабеҳ сурат мегарад. Мувофиқа дар муддати аз 10 то 20 рӯз анҷом дода мешавад.
441) Ба ҳар намуди бори хатарнок дархости алоҳида ба расмият дароварда мешавад.
442) Ҳангоми интихоби хатсайр бояд аз гузаштани он тавассути нуқтаҳои калони аҳолинишин канорагирӣ намуд. Агар ҳамлу нақлро тавассути дохили нуқтаҳои аҳолинишин иҷро кардан зарур бошад, он гоҳ хатсайр набояд аз назди муассисаҳои намоишӣ, маданию равшаннамоӣ, таълимӣ, томактабӣ ва ғайра, ки ҷойи ҷамъшавиии одамон мебошанд, гузарад.
443) Ҳангоми ҳамлу нақли борҳои хатарнок, вобаста аз аҳамияти бор, гузарониши воситаҳои нақлиёт дар соатҳои шиддатнокии камтарини ҳаракат ва дар нуқтаҳои аҳолинишин бошад, танҳо рӯзона иҷозат дода мешавад. Ба таври истисно интиқол ҳангоми торикии шабонарӯз тавассути роҳҳо ва нуқтаҳои аҳолинишин бо шарти аз ҷониби мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кардани мушоиати махсус иҷозат дода мешавад.
444) Агар ҳангоми ҳаракат вазъе ба вуҷуд ояд, ки тағйирдиҳии хатсайрро тақозо менамояд, он гоҳ интиқолдиҳандагони нақлиёти автомобилӣ ё соҳиби автомобил бояд барои ҳаракат аз рӯи хатсайри нав бо тартиби муқарраршуда иҷозати махсус гиранд.
445) Дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ бояд ҷойҳои истгоҳҳо барои истироҳат ва тановули ғизо ҳадди ақал 200 метр дуртар аз биноҳои истиқоматӣ ба инобат гирифта шаванд. Дар қисми саворарави роҳ таваққуф намудан ва қарор доштани автомобилҳое, ки борҳои хатарнокро мекашонанд, манъ карда шудааст. Ҳангоми ҳамлу нақл ба масофаҳои дур автомобилҳое, ки борҳои хатарнокро мекашонанд, бо пойгоҳҳои сайёри бензингирӣ мушоиат карда мешаванд ё бо зарфҳои иловагии сӯзишворӣ пурра таҷҳизонида мешавад.
446) Ҳамлу нақли байналмилалии борҳои хатарнок мутобиқи Созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои хатарнок, инчунин талаботи Конвенсияи гумрук иҷро карда мешавад.
447) Борҳои хатарнок (таркишангез, заҳрнокиашон баланд, заҳрдор), ки нақлиёти автомобилӣ тӯда-тӯда мекашонад, наметавонанд барои ҳамлу нақл ба дигар намудҳои нақлиёт дар коммуникатсияи мустақими омехта дода шаванд.
448) Шартнома барои ҳамлу нақли борҳои хатарнок ба мисли қоидаҳои умумиқабулгардида (ҳаҷми дақиқкардашудаи ҳамлу нақл, мӯҳлати ҳамлу нақл, нуқтаҳои боркунӣ ва борфурорӣ ва реҷаи кори онҳо, шароити роҳ, мавҷудияти воситаҳои механизатсия оид ба корҳои борборкунӣ ва борфурорӣ, тартиби ҳисоб ва ғайра) бояд чунин талаботи махсуси дар ҳар ҳолати мушаххас тақозошавандаро фаро гирад:
- номгӯи пурраи хусусиятҳои физикию кимиёие, ки хосиятҳои хатарноки бори кашондашавандаро муайян мекунанд;
- тартиби азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт ва борбардорӣ;
- хусусиятҳои вазниву ҳаҷмии борҳо;
- тартиби ташкили дастаҳои садамавӣ оид ба рафъи оқибати ҳодисаҳо ҳангоми сар задани онҳо;
- чорабиниҳо оид ба ташкили коркарди махсуси воситаҳои нақлиёт;
- либоси ҳайати хизматрасон;
- чорабиниҳо оид ба ташкили мушоиати борҳои хатарнок бо экспедиторҳо ва посбонҳо;
- нақшаи омодасозии (таълим ё дастурдиҳии) ронандагон ва ҳайати хизматрасон;
- тартиби бо воситаҳои ҳимояи инфиродӣ таъмин намудани ронандагон ва ҳайати хизматрасон.
449) Ҳангоми зарурати анҷом додани корҳои ҳаҷман калон оид ба таъмини бехатарии борфиристанда, боргиранда ва интиқолдиҳандаи автомобилӣ, бояд байни онҳо шартномаҳои сетарафа баста шаванд, ки тамоми маҷмӯи муносибатҳои байниҳамдигариро танзим менамоянд.
450) Борборфиристандаи борҳои хатарнок мутобиқи муқаррароти шартнома ё дархости якдафъаина ӯҳдадор аст:
- ба интиқолдиҳандагони автомобилӣ ҳама асноди заруриро пешниҳод кунад;
- борро барои ҳамлу нақл омода созад ва боркуниро анҷом диҳад;
- ҳуҷҷатҳои ронандаи воситаи нақлиёти расидаро, ки ҳуқуқи ӯро барои иҷрои чунин ҳамлу нақл тасдиқ менамоянд, тафтиш кунад.
451) Интиқолдиҳандаи нақлиёти автомобилӣ ӯҳдадор аст:
- ҳама ҳуҷҷату меъёрҳои танзимкунандаи таъмини бехатариро, ки дар намуди дахлдори ҳамлу нақл амал менамоянд, қатъиян риоя кунад;
- ба тартиби муқарраргардида хатсайри ҳамлу нақлро таҳия ва мувофиқа намояд;
- таълиму дастурдиҳии ронандагон ва ҳайати хизматрасонро назорат кунад;
- ронандагонро бо тамоми ҳуҷҷатҳои нақлиётии ҳамроҳикунанда таъмин намояд;
- воситаҳои нақлиёт ва борбардориеро ҷудо кунад, ки онҳо талаботи бехатариро қонеъ мегардонанд, ё махсус барои ҳамин мақсадҳо таҷҳизонида шудаанд;
- барҳамдиҳии ибтидоии оқибатҳои ҳодисаро (то омадани дастаи садамавӣ) анҷом диҳад;
- чорабиниҳоро оид ба иҷрои талаботи низоми иттилоот оид ба хатар анҷом диҳад.
452) Боргиранда ҳуқуқ надорад, ки аз қабули борҳои хатарноки ба нишонаи ӯ омада даст кашад.
453) Ҳангоми анҷом додани ҳамлу нақли борҳои хатарнок ҳуҷҷатҳои зерини нақлиётию ҳамроҳикунанда тартиб дода мешаванд:
- иҷозати махсус;
- борхати нақлиётӣ;
- роҳхат;
- сертификат дар бораи анҷом додани корҳои омодагӣ оид ба интиқоли борҳои хатарнок;
- шаҳодатнома оид ба иҷозат додани ронандаи воситаи нақлиёт барои интиқоли борҳои хатарнок;
- шаҳодатнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт барои интиқоли борҳои хатарнок;
- варақаи садамавӣ ва итгилоотии низоми иттилоот оид ба хатар.
454) Иҷозати махсус аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт баъди тартиби муқаррар намудани хатсайрҳо ва пардохти маблағи боҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мизони муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
455) Ҳамлу нақли воситаҳои нақлиёт тавассути роҳҳои автомобилгард, новобаста аз шакли моликият, бо сарборӣ ва ҳаҷмҳои муқарраргардида мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
456) Агар санадҳои байналмилалии тасдиқнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи дигареро пешбинӣ карда бошанд, пас ин талабот истифода ва риоя мегарданд.
457) Вазни ҳадди ниҳоӣ ва ҳаҷмҳои воситаҳои нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ оид ба вазн ва ҳаҷмҳои воситаҳои нақлиёте, ки ҳамлу нақли байналмилалиро тавассути роҳҳои автомобилӣ анҷом медиҳанд, муқаррар карда мешаванд.
458) Ҳаракати воситаҳои нақлиёти дорои борҳои вазнин ва калонҳаҷме, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд, зимни мавҷудияти иҷозати махсус анҷом дода мешавад. Иҷозатҳои махсус аз ҷониби мақомоти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронидани пардохт, дода мешавад. Тартиби додани иҷозати махсусро Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
459) Хатсайри ҳаракати воситаҳои нақлиёти дорои борҳои вазнину калонҳаҷме, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд, бо соҳибони роҳҳои автомобилӣ ва иншооти роҳи дар ҳамин хатсайр мавҷудбуда ва Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистрн мувофиқа карда мешавад. Гузарониши ин гуна воситаҳои нақлиёт дар соатҳои шиддатнокии камтарини ҳаракат, дар нуқтаҳои аҳолинишин бошадтанҳо рӯзона рухсат дода мешавад. Ҳамчун истисно, ҳангоми торикии шабонарӯз тавассути роҳҳои нуқтаҳои аҳолинишин гузариш ба шарти ҷудо кардани мушоиати махсуси мақомоти Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
460) Рӯйхати роҳҳои автомобилие, ки тавассути онҳо гузариши воситаҳои нақлиёти вазнин ва калонҳаҷм иҷозат дода мешавад, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
461) Ҳангоме, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёти дорои борҳои вазнин ва калонҳаҷм андешидани чораҳои махсусро оид ба мустаҳкамгардонӣ ё ободонии роҳи автомобилӣ ва иншооту коммуникатсияҳои буридагузарандаи он дар хатсайри ҳаракат тақозо мекунад, бо соҳибони иншоот ва коммуникатсияҳои мазкур мувофиқа ҳосил карда мешавад.
462) Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути иншооти роҳ, аз ҷумла кӯпрукҳо, нақбҳо, эстакада ва ғайра танҳо ҳангоми мутобиқати вазн ва ҳаҷмҳои воситаҳои нақлиёт бо меъёрҳои барои ҳамин иншоот муқарраргардида иҷозат дода мешавад.
463) Барои тавассути роҳҳои автомобилӣ гузаронидани воситаҳои нақлиёти дорои сарбориҳо ва ҳаҷмҳои аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд аз соҳибон ва истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт ҷуброни зарар ситонида мешавад.
464) Андозаҳои пардохтро барои тавассути роҳҳои автомобилӣ гузаронидани воситаҳои нақлиёти дорои сарбориҳо ва ҳаҷмҳои аз меъёрҳои муқарраркардашуда зиёд, ки омили фарсудашавии босуръати роҳҳои автомобилӣ ва иншооти роҳ мегарданд ва ба ҳаракати дигар истифодабарандагони роҳҳои автомобилӣ халал мерасонанд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хароҷот барои иҷрои корҳои иловагӣ ҷиҳати таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ ва иншооти роҳ муқаррар менамояд.
465) Барои гузариши воситаҳои нақлиёти дорои сарбориҳо ва ҳаҷмҳои аз меъёрҳои муқарраркардашуда зиёд тавассути роҳҳои автомобилӣ пардохти ҷуброни зарар ба таври зерин ситонида мешавад:
- барои зиёдии вазни умумии воқеии воситаҳои нақлиёт аз вазни иҷозатдодашуда;
- барои зиёдии сарбории умумии меҳварии воқеӣ аз сарбории иҷозатдодашуда;
- барои зиёдии ҳаҷмҳои воситаҳои нақлиёт аз ҳаҷми иҷозатдодашуда.
466) Параметрҳои ҳадди ниҳоӣ ва ҳадди вазни воситаҳои нақлиёт, инчунин андозаҳои пардохт барои зиёдии сарборӣ ба меҳвар ва иҷозати махсусро санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
467) Маблағҳое, ки барои зиёдии вазни умумии воқеӣ, барои зиёдии сарбории умумии меҳварии воқеӣ, барои зиёдии ҳаҷмҳои аз меъёрзиёди воситаҳои нақлиёт пардохта шудаанд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ таҳвил меёбанд.
468) Баркашии воситаҳои нақлиёт барои мутобиқати вазн, сарборӣ ва ҳаҷмҳо аз рӯи меъёрҳои дар роҳҳои вуруди автомобилии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт анҷом дода мешавад.
469) Амалиёти асосӣ ҳангоми баркашии воситаҳои нақлиёт мувофиқи банди 260 иҷро карда мешаванд.
470) Воситаҳои нақлиёти автомобилии дорои сарбориҳо ва ҳаҷмҳои аз меъёрҳои муқарраргардида зиёде, ки ба мақсади рафъи офатҳои табиӣ, ҳамлу нақли ёрии башардӯстона, иҷрои мудофиаи гражданӣ ва дигар супоришҳои махсус истифода мегарданд, аз пардохти ҷуброни зарар озод карда мешаванд.
Боби 17. Бехатарӣ ва ҳифзи муҳити атроф дар нақлиёти автомобилӣ
471) Ҳангоми анҷом додани ҳама гуна фаъолияти вобаста ба таъсир ба муҳити табиат ҳама иштирокчиёни муносибатҳои нақлиёти автомобилӣ ӯҳдадоранд, ки принсипҳои зеринро дастури амал қарор диҳанд:
- афзалияти ҳаёт ва саломатии инсонро риоя намоянд;
- шароити мусоиди экологии ҳаёт, меҳнат, истироҳати одамон, мавҷудияти олами наботот ва ҳайвонотро таъмин намоянд;
- бо дарназардошти имкониятҳои мавҷудаи минтақаи мушаххас захираҳои табиии онро оқилона истифода баранд;
- ошкорбаёнӣ ва мутобиқати фаъолияти худро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва ҷомеа марбут ба таъсир ба табиат таъмин намоянд.
472) Замин, обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, ҳавои атмосферӣ, ҷангалҳо ва дигар олами набототу ҳайвонот ва манзарҳои табиат аз ифлосшавӣ, талафёбӣ, зарар, камҳосилшавӣ ё вайроншавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
473) Моликони автомобил, интиқолдиҳандагони автомобилӣ, корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузории автомобилӣ, ки шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, баҳисобгарии таъсири фаъолияти худро ба муҳити атроф аз рӯи шаклҳои муқарраргардидаи ҳисоботи давлатии оморӣ роҳандозӣ мекунанд, дар асоси барномаҳои давлатӣ ва минтақавии экологӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити атроф ва истифодаи оқилонаи табиат чорабиниҳо ба нақша мегиранд ва амалӣ мегардонанд.
474) Маблағгузории фаъолият оид ба ҳифзи табиат дар сатҳҳои зерин анҷом дода мешавад:
- дар сатҳи ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ;
- дар сатҳи минтақавӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, инчунин маблағҳои корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, фондҳои мухталиф ва ғайра.
475) Моликони автомобил, интиқолдиҳандагони автомобилӣ, корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузории автомобилие, ки шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, бояд меъёрҳои истифодаи табиат дошта бошад, ки тибқи тартиби қонунгузории муқарраркарда муайян карда мешаванд.
476) Барои истифодаи захираҳои табиӣ ва ифлоскунии муҳити табиат аз ҳама моликони автомобил, интиқолдиҳандагони автомобилӣ, корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузории автомобилӣ, новобаста аз мақоми ҳуқуқии онҳо, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пардохт ситонида мешавад.
477) Меъёрҳои сифатҳои экологии техникии нақлиёти автомобилиро стандартҳои давлатӣ, шартҳои техникӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии бо тартиби муқарраргардида муайяннамудаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунанд.
478) Меъёрҳои сифатҳои экологии иқтидорҳои истеҳсолии маҷмааи нақлиёти автомобилӣ ва хадамоти хизматгузориҳои он, инчунин усулҳои муайянкунии онҳоро мақомоти ваколатдоркардаи махсуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд ва онҳо ба андозаи рушду нумӯи илму техника, бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ такмил дода мешаванд.
479) Барои ҳама манбаъҳое, ки ба муҳити табиат таъсири манфӣ мерасонанд, меъёрҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- ҳадди охири иҷозатшудаи хориҷкунии моддаҳои зарарнок;
- ҳадди охири иҷозатшудаи консетратсияҳои моддаҳои зарарноке, ки дар газҳои коркардашуда, обҳои ганда, партовҳои истеҳсолот вуҷуд доранд;
- ҳадди охирини иҷозатшудаи сатҳи садо, ларзиши майдони магнитӣ ва дигар таъсироти физикӣ.
480) Меъёрҳои мазкурро мақомоти ваколатдори махсуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.
481) Ҳангоми вайрон кардани талаботи меъёрҳои сифатҳои экологӣ, фаъолияти истеҳсолӣ ва дигар фаъолияте, ки бо истифодаи техникаи нақлиёти автомобилӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ оид ба хизматрасонӣ ва таъмири техникӣ ва хидматгузории он вобаста аст, метавонад бо амри мақомоти махсус барои ин ваколатдоркардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити атроф, назорати санитарию эпидемиологӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда, боздошта ва ё қатъ гардонда шавад.
482) Моддаҳои ифлоскунандае, ки дар натиҷаи фаъолияти корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузории автомобилӣ ба фазои ҳаво хориҷ мегарданд, набояд консетратсияҳоеро ба вуҷуд оранд, ки аз ҳадди иҷозатшудаи консентратсияҳои расман тасдиқгардида дар ҳудуди минтақаи санитарию муҳофизатии корхона зиёд бошанд.
483) Таъсири садое, ки дар натиҷаи фаъолияти корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузории автомобилӣ ба вуҷуд меояд, набояд аз меъёрҳои расман муқарраргардида дар иншооти истиқоматӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра, иншооти чӣ дар корхона ва чӣ дар қаламрави атрофи он қарордошта зиёд бошанд.
484) Обҳои ифлосшудаи иншооти истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ, хоҷагиву маишӣ, инчунин обҳои боронҳои сел аз ҳудуди корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматгузориҳои автомобилӣ набояд ба шабакаҳои канализатсия, иншооти обии рӯизаминӣ ё манзари маҳал бе покизакунии пешакии онҳо партофта шаванд.
Шартҳои ба шабакаҳои канализатсия партофтани партовҳои тозанашудаи хоҷагию маишӣ ва истеҳсолӣ тибқи шартномаи байни корхона ва молики шабакаҳои канализатсия ва иншооти обтозакунӣ муайян карда мешаванд.
485) Мавҷудияти моддаҳои ифлоскунанда дар партовҳои истеҳсолӣ ва хоҷагию маишӣ набояд аз ҳадди консентратсияи иҷозатшудаи муқарраргардида зиёд бошанд.
486) Дар сурати ба ҳаво хориҷ кардани моддаҳои ифлоскунанда, ба об ё хок партофтани он, ки дар натиҷаи садама, фалокат ё дигар ҳолатҳо ба миён омадааст, молики автомобил, интиқолдиҳандаи автомобилӣ, корхонаи нақлиёти автомобилӣ ё хизматгузории автомобилӣ вазифадор аст, барои бартараф сохтани оқибатҳои ифлосшавии муҳити атроф чораҳо андешад ва дар ин хусус мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалҳо ва кумитаи минтақавии экология ва биозахираҳоро огоҳ созад.
487) Корхонаи нақлиёти автомобилӣ бояд барои танзими муҳаррикҳои автомобилҳо ҷиҳати ҳадди ақали заҳрнокӣ ё дуднокии газҳои хориҷшаванда қитъаи истеҳсолӣ ва таҷҳизоти тафтиш дошта бошад. Анҷом додани чунин корҳо тибқи шартнома бо дигар корхона, ташкилот ё шахсони инфиродӣ, ки сертификати намунаи муқарраргардида доранд, иҷозат дода мешавад.
488) Тамоми масъулият барои фаъолияти ҳифзи табиати интиқолдиҳандагони автомобилӣ, корхонаи нақлиёти автомобилӣ ё хизматгузории автомобилиро соҳиби иҷозатнома, сертификат ё корманди масъули махсус барои ин таъиншуда ба зимма дорад.
489) Воҳидҳои минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт вазифадор ҳастанд, ки ба ӯҳдадориҳои иҷозатномавии интиқолдиҳандагони автомобилӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои қонунгузориву меъёрии аз нав тасдиқшуда тағйироти дахлдор ворид намоянд.
490) Партовҳои истеҳсолӣ бояд дар ҷойҳои махсус ҷудокардашудаи ҳудуди корхона, ба миқдори бо кумитаи экология ва истифодаи табиати минтақавӣ мувофиқагардида нигоҳ дошта шаванд.
491) Ба андозаи ғун шудан ҳама партовҳо бояд нобуд (утилизатсия) карда шаванд (ҳангоми мавҷудии воситаҳои утилизатсия) ё ба ҷойҳои махсус муқаррарнамудаи мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ кашонда шаванд, ки барои ин корхона бояд ҳуҷҷатҳои дахлдор (шартнома, варақа ва ғайра) дошта бошад.
492) Дар корхонаҳо вобаста ба намуд ва миқдори партовҳо бояд захиракунандаҳои гуногун: анбори дажгол (шлак), захирагоҳҳои обҳои гандаи истеҳсолӣ, ҳавз-таҳшингоҳ, захиракунанда - буғкунанда сохта шаванд.
Сохтани онҳо дар минтақаҳои кон ва дар қитъаҳои баромадани обҳои зеризаминии ширин, кӯлҳои рӯизаминӣ, обгузарҳо иҷозат дода намешавад.
493) Дар корхонае, ки пойгоҳи андохтани бензину сӯзишворӣ дорад, бояд ҷойҳо барои обрезӣ ва бензингирии воситаҳои нақлиёт, маводи сӯзишворию молиданӣ (МСМ) чунон муқаррар гарданд, ки имконияти афтодани сӯзишворӣ ва маводи молиданро ба хок, канализатсия ва обҳои ҷорӣ истисно менамоянд.
494) Пойгоҳи сӯзишворӣ ва бензингирӣ бояд таҷҳизоти дуруст дошта бошад, ки ҳангоми пуршавии зарфи бензингирӣ рехтани сӯзишворӣ истисно карда шавад.
495) Ҳангоми мавҷудияти зарфҳои рӯизаминӣ барои нигоҳдории МСМ бо ғунҷоиши беш аз 5 метри мукааб дар корхона бояд воситаҳоро барои барҳамдиҳии фаврии оқибатҳои садамаи вобаста ба берун рехтани онҳо аз зарфҳо пешбинӣ кунад.
496) Қитъаҳо ва коргоҳҳои коркарди механикии металлҳо, регхушккунакҳо бояд бо дастгоҳҳои инфиродии чангтозакунӣ, нақшаҳои гурӯҳии чангтозакунӣ ҷиҳозонида шаванд.
497) Коргоҳҳо ва қитьаҳои коркарди чӯбу тахта бояд дастгоҳҳои дорои иқтидори кофӣ барои тозакунии чанги чӯбу тахта дошта бошанд.
498) Дегхонаҳое, кӣ дар корхона ҳастанд ва бо сӯзишвории моеъ ё сахт кор мекунанд, бояд барои тоза кардани заррачаҳои сахт (дуда) аз газҳои партовшаванда дастгоҳҳои дахлдор дошта бошанд.
499) Коргоҳҳо ва қитъаҳои рангмолӣ (ҳангоми рангмолии тарзи пошидан) бояд барои тозакунии аэрозолӣ ва рангмаҳлулкунандаҳо дастгоҳҳои дахлдор дошта бошанд ё бо дастгоҳҳои беҳаво молидани ранг ҷиҳозонида шаванд.
Ҳангоми гузаронидани корҳои рангмолӣ берун аз бино рангмолӣ бояд бо усули беҳаво анҷом дода шавад.
500) Корхона бояд барои шустани воситаи нақлиёт, қисмҳо, ҷузъҳо ҷойҳои махсусе дошта бошад, ки онҳо шоридани обҳои ифлосро ба канализатсия, ҳавзҳои рӯизаминӣ ва хок истисно кунанд.
501) Дастгоҳҳои шӯянда бояд асбобҳои дошта бошанд, ки онҳо аз рӯи иқтидор ва самаранокии тозакунӣ ба талаботи қоидаҳои амалкунандаро ҷавобгӯ бошанд.
502) Тамоми дастгоҳҳои шӯянда бояд чун қоида, аз рӯи давраи сарбаста, бо истифодаи оби такроран поккоришуда кор кунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки технология пешбинӣ намудааст.
503) Корхонаҳо бояд асбобҳои дахлдори аз ҷониби мақомоти "Тоҷикстандарт" санҷидашудае бошанд, ки барои тафтишу танзими муҳаррикҳои автомобилҳо ҷиҳати заҳролудшавӣ ё дуднокии газҳои хориҷшаванда заруранд ва ё оид ба таъмини нишондиҳандаҳои экологии техникаи нақлиёти автомобилӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои амалкунандаи меъёрии техникӣ мунтазам корҳо анҷом диҳанд.
504) Таваққуфи воситаи нақлиёт дар ҳолатҳои ғайрикорӣ танҳо дар ҳудуди корхона, ҳангоми кор дур аз корхона ё агар корхона ҷой надошта бошад, пас дар ҷойҳои махсус таъингардида (истгоҳҳо), ки бо кумитаи минтақавӣ оид ба экология ва истифодаи табиат мувофиқа шудаанд, иҷозат дода мешавад.
505) Корхонаҳои дар ноҳияҳо ҷойгиршуда, ки он ҷо ҳарорати моҳи хунуктарин 15 С ва поёнтар аз он мебошад, бояд барои ҳама автомобилҳо қароргоҳҳои гарм ё майдончаҳои кушоди дорои дастгоҳҳои гармкунии муҳаррикҳо дошта бошанд.
506) Стендҳо барои санҷидани муҳаррикҳо ва ташхиси автомобил бояд низоми садопахшкунӣ, ки садоро то меъёри муқарраркардаи асноди амалкунанда паст менамояд, инчунин барои безараргардонии газҳои хориҷшаванда дастгоҳ дошта бошанд.
507) Ҳангоми истифодаи автомобилҳои газубаллонӣ дар корхона бояд барои рехтан ё андохтани газ аз баллони автомобил ба зарфи махсус посгоҳи махсус пешбинӣ гардида, хориҷ кардани газ ба атмосфера манъ карда шавад.
508) Автомобилҳое, ки мавриди истифода қарор доранд, бояд ҷавобгӯи талаботи стандартҳои амалкунанда нисбат ба нигоҳдории моддаҳои зарарнок ё дуднокии газҳои коркардшудаи муҳаррик бошанд.
509) Дар воситаи нақлиёте, ки аз корхона берун мешавад, бояд шоридани (ихроҷи) сӯзишворӣ, маводи молиданӣ ва дигар моеъҳои техникӣ пешгирӣ карда шаванд.
510) Ҳамлу нақли борҳо бояд чунон иҷро карда шавад, ки муҳити атрофро (ҳаво, об, хок, аз ҷумла фарши роҳро) ифлос накунад.
511) Борҳое, ки метавонанд муҳити атрофро ифлос кунанд, бояд дар зарфи маҳкаме, ки барои ба муҳити атроф афтодани онҳо монеъ мегардад ё дар воситаи нақлиёти махсусонидашуда кашонида шаванд.
512) Ҳангоми вайронкунии яклухтии зарф дар ҷараёни ҳамлу нақл, ки боиси талафоти бор ва ифлосшавии муҳити атроф мегардад, интиқолдиҳанда ӯҳдадор аст, ки фавран ҷиҳати рафъи ин ифлосшавӣ чораҳо андешад ва аз ин ҳусус ба борфиристанда ё боргиранда хабар диҳад. Ҳангоми имконнопазирии рафъи сабабҳои ифлоскунии муҳити табиат, интиқолдиҳанда бояд дар маврид Кумитаи минтақавии экология ва захираҳои биологӣ, мақомоти иҷроияи ҳукуматҳои маҳалро огоҳ созад.
513) Корхона бояд кори ронандагонро тавре ташкил намояд, ки қисми саворарави роҳ ва ҳудуди атрофии он чи бо партови маишӣ ва чи истеҳсолӣ ифлос карда нашавад.
514) Таъмири маҷбурии воситаи нақлиёт дар хати роҳ дар ҷойи муқаррарнагардида бояд тавре сурат гарад, ки қисми саворарави роҳ ё ҳудуди атрофи онро ифлос нанамояд.
515) Кори ронандагон бояд тавре ташкил карда шавад, ки автомобилҳо ҳаракатро танҳо тавассути роҳҳои муқарраргардида анҷом диҳанд.
516) Ҳаракати автомобилҳо тавассути фарши бо алаф ё дигар растанӣ пӯшидашуда манъ карда мешавад, ғайр аз корҳое, ки зимни корҳои муштарак бо мошинҳои хоҷагии қишлоқ дар саҳро иҷро карда мешаванд.
517) Инҳо манъ карда мешаванд:
- анҷом додани хизматрасонии техникӣ, аз ҷумла шустани автомобилҳо берун аз ҷойҳои барои ин мақсадҳо таъингардида;
- афрӯхтани оташ барои гарм кардани автомобилҳо, сӯзондани пору ва партовҳо.
Боби 18. Масъулият дар нақлиёти автомобилӣ
518) Моликони автомобил, интиқолдиҳандагон ва мизоҷоне (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,), ки аз нақлиёти автомобилӣ, хизматрасониҳои нақлиётию экспедитсионӣ, воситаҳои нақлиёти автомобилии ба онҳо ба иҷора ё кироя додашаванда истифода мебаранд, дар сурати иҷро накардан ё нодуруст иҷро намудани ӯҳдадориҳо оид ба ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ, борҳо, муросилоти почта, иҷора ё кирояи автомобилҳо, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷавобгар мебошанд.
519) Масъулияти интиқолдиҳанда барои фавт ё расонидани зарар ба саломатии мусофир тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
520) Интиқолдиҳанда барои фавт ё расонидани осеб ба саломатии мусофир, ки ҳангоми ҳамлу нақли автомобилӣ рух додаст, агар исбот карда натавонад, ки зиён дар натиҷаи гуноҳи худи ҷабрдида ба миён омадааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
521) Нисбат ба моликони автомобилҳо ва интиқолдиҳандагони автомобилӣ дар шакли огоҳӣ, ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёт ё боздоштани воситаи нақлиёт то рафъ намудани нуқсонҳои ҷойдошта ҳангоми чунин ҳолатҳо ҷазои маъмурӣ андешида мешавад:
- вайрон кардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;
- зиёд кардани суръати муқараргардидаи ҳаракат;
- вайрон кардани қоидаҳои интиқоли мусофирон, убури гузаргоҳҳои роҳи оҳан, дигар қоидаҳои ҳаракати роҳ;
- идора намудани воситаи нақлиёти автомобилӣ бе мутобиқати намуд ва талони баҳисобгирии вайронкуниҳо оид ба он, роҳхат ё ҳуҷҷатҳо барои воситаи нақлиёт, идоракунии нақлиёти дорои шишаҳои рангдодашуда, рақамҳои бақайдгирие, ки намунаи онҳо бо меъёрҳои муқарраркардаи давлатӣ (СТД) ё бо рақамҳои дигар воситаи нақлиёт мутобиқат надоранд;
- идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ;
- идора намудани воситаи рақлиёт бе ҳуқуқи идора, инчунин ҳангоми ба шахси дигари хуқуқи идора надошта вогузор намудани идораи воситаи нақлиёт;
- дигар муҷозоте, ки санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд.
522) Андозаи ҷаримаҳо ва мӯҳлатҳои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёти автомобилӣ бо Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
523) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ, борфиристанда ва боргиранда ҳангоми иҷро накардани шартҳои шартнома оид ба ҳамлу нақли борҳои хатарнок ва расондани зарар ба шахсони сеюм ё муҳити атроф дар натиҷаи сар задани ҳодисаи нохуш вобаста ба дараҷаи гуноҳи ҳар кадом ҷавобгар мебошанд. Ҳаҷм ва андозаҳои марбутаи ҷуброни зарарро комиссияи байниидоравӣ ё мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Шахсоне, ки барои ҳамлу нақли борҳои хатарнок масъуланд, тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
524) Шаҳрвандон ва шахсони мансабдор дар шакли огоҳӣ ва ҷарима дар ҳолатҳои зайл ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд:
- риоя накардани талаботи экологӣ оид ба ҳифзи муҳити табиӣ;
- иҷро накардани супориш ва талабот оид ба ҳифзи муҳити табиӣ ва истифодаи табиат;
- рад кардан ё саркашӣ намудан аз пешниҳоди иттилоот оид ба ҳолати муҳити табиӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ;
- хабар надодан аз партовҳои зиёда аз меъёр ва моддаҳои заҳролуди ба муҳити атроф партофташуда;
- вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи захираҳои об;
- вайрон намудани қоидаҳои истифодаи об;
- хароб кардани иншооту дастгоҳҳои хоҷагии об, вайрон намудани қоидаҳои истифодаи онҳо;
- расонидани зиён ба ҷангал бо обҳои ифлос, моддаҳои кимиёвӣ, партовҳои зарарнок, партовҳо ва ахлот;
- аз меъёр зиёд ё бидуни иҷозат партофтани моддаҳои заҳролуд ба фазои ҳаво;
- вайрон кардани қоидаҳои истифодаи иншоот ва таҷҳизот барои тозакунӣ ва назорати партовҳо ба фазо;
- ба истифода додани иншооте, ки талаботро оид ба ҳифзи ҳавои атмосферӣ ва талаботи зиддисӯхтор қонеъ намегардонанд;
- ба истифода додани воситаҳои нақлиёт бо меъёрҳои барзиёди нигоҳдории моддаҳои ифлоскунандаи газҳои дар онҳо коркардашаванда;
- истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки аз муҳаррикҳои онҳо моддаҳои эаҳролудкунандаи изофа аз меъёр хориҷ мегарданд;
- иҷро накардани супоришҳои мақомоти назорати ҳифзи фазои ҳаво;
525) Барои вайрон кардани Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилӣ бо гуноҳи мақомоти роҳ, кормандони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
526) Барои вайронкунии Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилӣ шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дар асоси санадҳои пешниҳоднамудаи моликони роҳҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
527) Новобаста аз пардохти ҷарима, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилиро вайрон кардаанд, зиёнеро, ки ба мақомоти роҳ расондаанд, пурра ҷуброн менамоянд.
528) Дар ҳолатҳое, ки зарари моддӣ бо гуноҳи мақомоти роҳ ба иштироккунандагони ҳаракат дар роҳ ва воситаҳои нақлиёти автомобилӣ расонида шудааст, мақомоти роҳ вазифадоранд зарари расонидашударо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд.
529) Истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилии дорои нуқсонҳое, ки бо ин нуқсонҳо истифодаи онҳо манъ аст, автомобилҳои бидуни иҷозати дахлдор ҷиҳозонидашудае, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта нашудаанд ё аз муоинаи давлатии техникии навбатӣ нагузаштаанд мутобиқи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷазои маъмурӣ нисбат ба шахсони мансабдори масъули ҳолати техникӣ ва истифодаи воситаҳо нақлиёти автомобилӣ, инчунин шаҳрвандон мегардад.
530) Молики автомобил ё интиқолдиҳандаи автомобили мутобиқи қонунгузории шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мизоҷ ё шахси сеюм дар доираи зараре, ки ба онҳо расонидааст ё фоидае, ки онҳо аз он маҳрум шудаанд, агар зарар ё фоидаи аздастдода бинобар нуқсони техникии воситаи нақлиёти автомобилӣ ба миён омада бошад, масъулияти амволӣ дорад.
531) Шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ, ки хизматрасонии техникии автомобилҳоро анҷом медиҳанд, дар доираи мӯҳлати кафолатии хизмати расонидашуда мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон" масъулияти амволӣ доранд.
532) Хизматрасонии техникии бесифат ё ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мувофиқ набуда амалан қатъ карда шуда ё иҷозатномааш боздошта мешавад.
533) Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки хизматрасонии техникии автомобилҳоро анҷом медиҳанд, мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мизоҷон ё шахсони сеюм дар доираи зарари ба онҳо расонидашуда ё фоидаи аздастдодаи онҳо масъулияти амволӣ доранд, агар зарар ё фоидаи аздастдода бо сабаби бесифат ё дар ҳаҷми нопурра анҷом додани хизматрасонии техникӣ рух дода бошад.
534) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои мӯҳлатҳои расонидани мусофирон, бағоҷ, бор ё муросилоти почта мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Оиннома ё Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаи интиқол ва Созишномаҳои байналмилалии тасдиқнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
535) Барои риоя накардани мӯҳлатҳои расонидани мусофирон ва бағоҷ, ки бо шартномаи ҳамлу нақл пешбинӣ гардидаанд, интиқолдиҳандагони автомобилӣ дар ҳолатҳои зерин ба андозаҳои зайл масъул мебошанд:
- ҳангоми ба таъхир мондани ҳамлу нақли мусофирон бо гуноҳи интиқолдиҳандаи автомобилӣ интиқолдиҳанда ба андозае, ки дар шартномаи байни фармоишгар ва интиқолдиҳанда басташудаи интиқоли мусофирон муқаррар гардидааст, илова ба ҷуброни зиёни мусофир, агар чунин зиён ҷой дошта бошад, ба мусофир ҷарима мепардозанд;
- барои гузаронидани мӯҳлати расонидани бағоҷ интиқолдиҳандаи автомобилӣ ба гирандаи бағоҷ ба андозаи 10 фоизи пардохти ҳамлу нақл барои ҳар як шабонарӯзи таъхир, шабонарӯзи нопурраро ҳамчун пурра ҳисоб намуда, вале на бештар аз 50 фоизи маблағи пардохти ҳамлу нақлро, ки дар шартнома нишон дода мешавад, ҷарима мепардозад. Гузаштани мӯҳлати расонидани бағоҷ аз соати 24-и рӯзе, ки бағоҷ бояд мерасид, ҳисоб карда мешавад. Пардохти ҷарима барои гузаронидани мӯҳлати расондани бағоҷ аз ҷониби интиқолдиҳанда ҳангоми супурдани бағоҷ дар асоси санаде, ки бо талаби мусофир тартиб дода шудааст, анҷом дода мешавад;
- барои гузаронидани мӯҳлати расонидани бор ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ интиқолдиҳанда ба боргирандагон ба андозаи 12 фоизи арзиши ҳамлу нақл (дар сурати фармоиши фаврӣ - ба андозаи 20 фоиз) барои ҳар шабонарӯзӣ ба таъхир андохташуда ҷарима мепардозад.
536) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ аз ҷавобгарӣ барои ба таъхир андохтани мӯҳлати расонидани бор ё бағоҷ ва муросилоти почта озод карда мешавад, агар батаъхиргузории интиқол бо гуноҳи ӯ рух надода бошад.
537) Интиқолдиҳанда барои зараре, ки ба фиристанда ё гирандаи бор ё бағоҷ, муросилоти почта бо сабаби батаъхиргузорӣ расонида шудааст, агар чунин ҳолат рух дода бошад, ҷавобгар аст.
538) Дар сурати батаъхиргузории навбатии ҳаракати (рейс) автобус дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба мӯҳлати 5 соат ва ё бештар аз он интиқолдиҳанда ӯҳдадор аст, аз ҳисоби худ мусофиронро дар меҳмонхона ҷой диҳад ва онҳоро бо хӯрок таъмин кунад.
539) Тибқи дархости мусофир ба ӯ ҳуҷҷати расмӣ дода мешавад ё дар чипта дар бораи батаъхиргузории ҳамлу нақл қайдҳо ворид карда мешаванд.
540) Дар сурати бекор кардан ё боздоштани навбат (рейс), ба истиснои ҳолатҳои амали қувваи рафънопазир, интиқолдиҳанда ӯҳдадор аст дар асоси интихоби мусофир ӯро бо навбати наздиктарин (рейс) то нуқтаи таъиноте, ки дар чипта нишон дода шудааст, фиристад ё маблағи пурраи арзиши чиптаро ба мусофир баргардонад.
541) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои гум шудан, камбуд ё зарар расидан ба бор ва бағоҷ аз лаҳзаи қабули он барои интиқол ва то лаҳзаи ба маҳали таъинот расонидан ё ба гаранда ва ё ба шахси дигари ваколатдор супурдани бор ё бағоҷ масъул аст.
Интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои амалҳои худ ё камбудиҳо, инчунин амалҳо ва камбудиҳои намояндагони худ, ронандагон ё ҳайати дигаре, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои аз шартномаи ҳамлу нақли автомобилӣ бармеомада истифода бурдааст, масъул мебошад.
542) Бағоҷи бақайдгирифта дар сурате гумшуда ҳисобида мешавад, ки агар ин ҳолат аз ҷониби интиқолдиҳандаи автомобилӣ эътироф гардидааст ва ё агар бағоҷ дар мӯҳлати 7 рӯзи баъди гузаштани санаи расонидани бағоҷ ба маҳали таъинот расонида нашуда бошад.
543) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои хароб гардидан ё зарар расидан ба бағоҷ ба андозаи маблағе, ки арзиши ҳақиқии он дар варақа ё эъломияи бағоҷ зикр гардидааст, ҷуброн мепардозад, вале чунин товон наметавонад аз арзиши муқарраргардидаи бағоҷ зиёд бошад.
Барои гум шудан ё камбудии бағоҷе, ки бо арзиши эълонгардида барои ҳамлу нақл қабул шудааст, интиқолдиҳанда ба андозаи арзиши эълонгардида зиёнро ҷуброн менамояд ва дар сурате, ки агар интиқолдиҳандаи автомобилӣ исбот кунад, ки арзиши эълонгардида аз арзиши ҳақиқӣ зиёд аст, ҷубронпулӣ ба андозаи арзиши ҳақиқии бағоҷи гумшуда пардохта мешавад.
Барои гум шудани бағоҷе, ки бе эълони арзиш барои интиқол қабул гардидааст, интиқолдиҳандаи автомобилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷубронпулӣ мепардозад.
Гум шудан, кам шудан ё зарари ба пул, чизҳои қиматбаҳо, қоғазҳои арзишнок ва дигар ашёи дорои арзиши хеле баланд (асарҳои санъат, ашёи атиқа ва ғайра) расонидашуда, ки дар бағоҷи барои ҳамлу нақл супурдашуда мавҷуд буданд, мутобиқи тарифи интиқоли бағоҷ ё бори бо арзишаш эълонгардида ва танҳо дар сурате, ки агар мусофир арзишро эълон карда бошад, аз ҷониби интиқолдиҳандагони автомобилӣ ҷуброн мегарданд.
544) Агар дар натиҷаи расонидани зараре, ки барои он интиқолдиҳанда ҷавобгар аст, сифати бор ё бағоҷ то андозае тағйир ёфта бошад, ки мувофиқи таъинот истифода бурда нашавад, гирандаи бор ё бағоҷ ҳуқуқ дорад, аз он даст кашад ва ҷуброни онро талаб намояд.
Ҳангоми ба интиқолдиҳанда барои ҳамлу нақл супоридани маблағҳои пулӣ, коғазҳои арзишнок, дигар борҳои гаронбаҳо интиқолдиҳанда барои зарари расондашуда, агар навъ ва арзиши бор нишон дода нашуда бошаддар доираи арзиши (нархи) эълонгардидаи бор ҷавобгар аст.
Тарафҳои шартномаи интиқол метавонанд дар бораи муқаррар намудани андозаҳои бештари ҷуброн барои зарар мувофиқа кунанд.
545) Агар бағоҷе, ки гумшуда ҳисобида шуда буд, дар тӯли як соли баъди рӯзи аз ҷониби мусофир талаб гардиданаш ёфт шавад, онгоҳ интиқолдиҳанда вазифадор аст, аз ин бобат ба мусофир хабар диҳад. Дар тӯли 30 рӯзи пас аз санаи гирифтани огоҳинома ва тасдиқномаи мусофир ҷиҳати омода будан ба қабули бағоҷ ва баргардондани ҷубронпулии ба ӯ пардохташуда, интиқолдиҳандаи автомобилӣ ӯҳдадор аст, бағоҷро ба суроғае, ки мусофир нишон медиҳад, расонад. Маблағи умумии ҷубронпулие, ки метавонад аз ҷониби интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои ҳамон як ҳодиса пардохта шавад, набояд аз маблағи ҳадди ақали пардохти суғуртавӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як ҷабрдида муқаррар намудааст, зиёд бошад, агар чунин ҳодиса дар қаламрави он рух дода бошад. Дар дигар кишварҳо андозаи ин маблағ бо қонунгузории дохилии ин давлатҳо муқаррар мегардад.
546) Агар идораи асосии (марказии) интиқолдиҳандаи автомобилӣ дар давлате ҷойгир бошад, ки қонунгузории он маблағи бештари ҷубронпулиро нисбат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд ё ҳадди ниҳоии онро муқаррар накардааст, он гоҳ барои муайян намудани маблағи умумии товони зарар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.
547) Дар сурати аз ҷониби мусофир рад гардидани қабули бағоҷи ёфтшуда интиқолдиҳандаи автомобилӣ ҳуқуқ дорад, ин бағоҷро ҳамчун моликияти худ ихтиёрдорӣ намояд.
548) Нигоҳдорӣ ва ҳифзи бори дастие, ки мусофир ҳамроҳи худ мегирад, ба ӯҳдаи худи мусофир вогузор карда мешавад.
549) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои гум шудан ё зарар дидани бори дастӣ ҷавобгар намебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки гуноҳи интиқолдиҳандаи автомобилӣ исбот карда шавад. Агар бори дастӣ дар натиҷаи истифодаи воситаи нақлиёти автомобилӣ гум шуда бошад ё ба он зарар расида бошад, он гоҳ масъулияти интиқолдиҳандаи автомобилӣ тибқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, муайян мегардад.
550) Интиқолдиҳанда барои гум шудан, камбуд ё зарар расидан ба бор, бағоҷ ва почтаи барои ҳамлу нақл қабулнамудааш ҷавобгар мебошад, агар исбот карда натавонад, ки бор, бағоҷ ва почта бо гуноҳи ӯ гум нашудааст, камбуд ё зарар расонида нашудааст.
551) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад, агар гум шудан ё зараррасонӣ бинобар нуқсони худи бағоҷ, бо таваккали дар он мавҷуд будани маводи зудвайроншаванда, барои интиқол хатарнок, ё дар натиҷаи ҳолатҳое, ки интиқолдиҳандаи бор, сарфи назар аз андешидани чораҳои зарурӣ, натавонистааст нуқсро бартараф созад ё бо айби мусофир рух дода бошад.
Ҳангоми дар бағоҷи барои ҳамлу нақл супоридашуда ошкор гардидани моли манъгардида молики бағоҷ барои ҳар як ҷои бағоҷ ба андозае, ки дар тарифҳо пешбинӣ гардидааст, ҷарима мепардозад.
552) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ наметавонад бо истинод ба нуқси ҷисмонӣ ё рӯҳӣ доштани ронанда, нуқс доштан ё вайрон будани воситаи нақлиёти автомобилӣ ё гуноҳи шахсе, ки воситаи нақлиёти автомобили аз ӯ кироя шудааст, масъулияти худро соқит намояд.
553) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ барои амнияти бор масъул аст, агар исбот карда натавонад, ки гум шудан, хароб гардидан ё зиён дидани бор дар натиҷаи ҳолатҳое рух додааст, ки ӯ наметавонист онро пешгирӣ намояд ва бартараф сохтани зарар аз ӯ вобаста набуд ё дар натиҷаи амали қувваҳои рафънопазир, аз ҷумла дар ҳолатҳои зерин рух додааст:
- гуноҳи борфиристанда (боргиранда);
- хусусиятҳои махсуси табиии бори интиқолдодашаванда;
- ноқисии зарф ё бастабандӣ, ки ҳангоми қабули бор барои ҳамлу нақл аз рӯи намуди беруна наметавонистанд ислоҳ карда шавад, ё истифодаи зарфе, ки ба хусусиятҳои бор ё стандартҳои муқарраргардида мутобиқ намебошад, ҳангоми набудани нишонаҳои расидани зарар ба зарф дар роҳ;
- супоридани бор барои ҳамлу нақл бидуни нишон додани хосиятҳои хоси он дар ҳуҷҷатҳои молию нақлиётӣ, ки шароити махсус ё чораҳои эҳтиётии нигоҳдории борро ҳангоми ҳамлу нақл ва нигоҳдорӣ талаб менамояд;
- барои ҳамлу нақл супоридани боре, ки намнокияш аз меъёри муқарраргардида зиёд мебошад.
554) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ дар ҳолатҳои зерин аз масъулият барои гум шудан, хароб гардидан ё расидани зарар ба бор озод карда мешавад:
- бор дар автомобили (контейнери) бенуқсон, бо мӯҳрмуми дуруст борфиристанда ва бори донабайъ бошад- бо тамғаи ҳифозатии дуруст, бастаҳо, мӯҳрмуми дурусти борфиристанда ё истеҳсолкунанда расидааст;
- камбуд, харобӣ ё зарари бор дар натиҷаи ҳолатҳои табиӣ вобаста ба ҳамлу нақл тавассути воситаи нақлиёти рӯкушода (бо сабаби боришот, шамол, хушкшавӣ ва ғайра) рух дода бошад;
- бор бо мушоияти экспедитори борфиристанда (боргиранда) интиқол дода шуда буд;
- камомади бор аз меъёри камшавии табиӣ зиёд намебошад.
555) Камшавии табиии бори интиқолдодашаванда аз рӯи ҳар як борномаи молию нақлиётӣ, новобаста аз навъи бори интиқолдодашаванда ва усули боркунӣ ва борфарорӣ алоҳида ҳисоб карда мешавад.
556) Камбуд ё изофагии бори ба шакли тӯда, рехта ё моеъ интиқолшаванда бо бор кардан ба нақлиёти дигар дар роҳ, боре, ки як борфиристонанда ба суроғаи як боргиранда фиристодааст ва дар воситаи нақлиёти дуруст, бидуни нишонаҳои нуқсон дар роҳ расидааст, ба таври истисно аз рӯи натиҷаҳои тафтиши тамоми ҳаҷми бори якбора додашуда муайян карда мешавад.
557) Борфиристанда ва боргиранда ҳуқуқ доранд, борро гумшуда ҳисоб кунанд ва барои он ҷуброн талаб намоянд, агар ин бор бо талаби боргиранда ба ӯ супурда нашуда бошад:
- ҳангоми ҳамлу нақли шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ - дар давоми 10 рӯзи баъди қабули бор;
- ҳангоми ҳамлу нақли байнишаҳрӣ - дар давоми 30 рӯзи баъди гузаштани мӯҳлати ҳамлу нақл;
- ҳангоми интиқоли омехтаи бевосита пас аз чор моҳ аз рӯзи қабули бор барои ҳамлу нақл.
558) Интиқолдиҳандаи автомобили зарари ҳангоми интиқоли бор расонидашударо ба андозаҳои зерин ҷуброн менамояд:
- барои гум кардан ё камомади бор- ба андозаи арзиши воқеии бори гумшуда ё зарардида;
- барои хароб гардидани бор ё зарар расидан ба бор - ба андозаи он маблағе, ки арзиши бор ба ҳамон андоза кам шудааст, дар сурати ғайриимкон будани барқароркунии бори зарардида бошад - ба андозаи арзиши он;
- барои гум шудани боре, ки бо эълони арзиш барои ҳамлу нақл супорида шудааст
- ба андозаи арзиши эълонгардида, агар исбот карда нашавад, ки арзиши эълонгардида пасттар аз арзиши воқеӣ мебошад.
559) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ дар баробари ҷуброни зарари муқарраргардида вобаста ба гум шудан, камбуд, хароб гардидан ё зарари бори интиқолдодашаванда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҳамлу нақли бор, арзиши интиқоли бори гумшуда, камбуд, харобгардида ё зарардидаро бармегардонад, агар он ба нархи бор дохил карда нашуда бошад.
560) Борфиристандагон ва боргирандагон ӯҳдадоранд зарареро, ки ба интиқолдиҳанда дар натиҷаи барзиёд бор кардани бор бо гуноҳи онҳо содир шудааст, зарари ҳангоми боркунӣ ва борфарорӣ, нодуруст бор кардан, бастан ё нодуруст маҳкам кардани бор ба нақлиёт расонидашударо ҷуброн намоянд.
561) Ҳангоми аз ҷониби интиқолдиҳанда барои эҳтиёҷоти худ истифода бурдани боре, ки барои интиқол қабул кардааст, шахсони гунаҳгор мутобиқи тартиби муқарраргардида ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, интиқолдиҳанда бошад арзиши борро ба андозаи панҷкарата бармегардонад.
Арзиши бор бо дарназардошти маблағи умумии ҳисоби борфиристанда муайян карда мешавад.
562) Интиқолдиҳандаи автомобилӣ арзиши бори гумшуда, камбуд, харобшуда ё зарардидаро дар асоси ҳисобҳои борфиристанда (боргаранда) тибқи шикоят ба борфиристанда (боргиранда) ҷуброн менамояд ва дар ҳолатҳое, ки ҳисобу китоб барои бор тавассути бонк анҷом дода намешавад, дар асоси дигар ҳуҷҷате, ки ҳисобро иваз мекунад, ҷуброн менамояд. Агар вобаста ба бори гумшуда, камбуд, харобшуда ё зарардида борфиристанда (боргиранда) барои пардохти маблағҳои ҳатмӣ ӯҳдадор буда, вале ҳисоби борфиристанда аз рӯи нархҳо бидуни онҳо таҳия шуда бошад, ба маблағи ҳисоби аризадиҳанда маблағи дахлдори ҳатмие, ки бо маълумотномаи мақомоти молиявӣ тасдиқ карда мешавад, илова мегардад.
Ҳангоми ҳамлу нақли дохилинизомии борҳо, ки ҳисобу китоб аз рӯи онҳо байни борфиристанда ва боргиранда мувофиқи нархҳои бидуни андоз аз муомилоти он анҷом дода мешавад ва баъди фурӯши онҳо андоз аз муомилот ба буҷет пардохта мешавад, борфиристандагон метавонанд ба интиқолдиҳанда бар ивази маълумотномаи мақомоти молиявӣ иқтибосро аз нархномаи нархҳои яклухти маҳсулот, бо зикри андози аз муомилот ситондашаванда пешниҳод кунанд.
563) Арзиши борҳо, ки вобаста ба иҷрои талаботи банди 543 ҳамин модда зарур аст, аз рӯи нархҳои амалкунандае, ки тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд, дар сурати мавҷуд набудани онҳо - аз рӯи нархҳои миёнаи бозорӣ, ки дар ҳамон вақт амал мекарданд, дар ҷой ва вақте, ки бор бояд супурда мешуд, муайян карда мешавад.
564) Барои дер омадани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки барои бор кардан ё борфарорӣ берун аз мӯҳлати муқаррарнамудаи борфиристанда ё боргиранда расидаанд, агар он бо гуноҳи ӯ рух дода бошад, ба интиқолдиҳанда тибқи тарифҳо ё шартномаҳо барои ҳар як дақиқаи бекористӣ вобаста ба борбардории воситаи нақлиёт ҷарима мепардозад.
Ҳангоми бекористии автомобилҳои махсусгардонидашуда андозаи ҷарима ду маротиба меафзояд.
Ҷаримаҳои мазкурро борфиристанда ё боргиранда ҳамчунин барои бекористии воситаи нақлиёти автомобилӣ бо гуноҳи ӯ дар гаражи интиқолдиҳанда ё дар роҳи ҳаракат пардохт менамояд.
Ҷарима барои бекор истодани воситаи нақлиёти автомобилӣ, новобаста аз ҷарима барои иҷро нагаштани шартномаи ҳамлу нақл, ситонида мешавад.
565) Барои ҳисобкунии ҷарима ҷиҳати бекористии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ қайдҳо дар ҳуҷҷати молию нақлиётӣ ва роҳхат оид ба вақти омадан ва равона шудани автомобилҳо, барои бекористии автомобил дар гараж-радномаи хаттии борфиристанда ё боргиранда асос мебошад.
566) Баъди гузаштани як соати интизории боркунӣ интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад, воситаи нақлиётро ба гараж баргардонад ё онро барои дигар ҳамлу нақл истифода барад. Дар чунин ҳолат ҳамлу нақл баргузорнагардида ҳисобида мешавад, ҳисоби ҷарима барои бекор истодан қать мегардад ва интиқолдиҳанда барои иҷро нашудани ҳамлу нақл масъул намебошад.
567) Интиқолдиҳанда ҳуқуқ надорад, ки аз борфиристандагон (боргирандагон) барои бекор истодан дар вақти боркунӣ ҳангоми сафари аввал, ҳангоми беш аз 30 дақиқа дер омадани автомобил ба нуқтаи боркунӣ хилофи мӯҳлати дар шартнома мувофиқашуда ҷарима ситонад.
568) Барои зиёда аз меъёри муқарраргардида боздоштани контейнерҳо корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо - борфиристандагон ва боргирандагон барои ҳар як соати боздорӣ ҷарима мепардозанд, ки андозаи он дар шартнома пешбинӣ гардидааст.
Ҷарима барои боздоштани контейнерҳо, новобаста аз ҷарима барои иҷро нагардидани ҳамлу нақл тавассути контейнерҳо ситонида мешавад.
Барои боздоштани контейнерҳое, ки ба корхонаҳои дигар намуди нақлиёт мутааллиқанд, борфиристандагон ва боргирандагон ба корхонаҳо ва ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ ба андозаи дар Оинномаҳои нақлиёти намудҳои марбута пешбинигардида ҷарима мепардозанд.
569) Борфиристанда ва боргиранда аз пардохти ҷарима барои бекористии воситаи нақлиёт ва боздоштани контейнерҳо аз пардохти андоз озод карда мешаванд, агар бекористии воситаи нақлиёт ва боздории контейнер бинобар ҳодисаҳои табиӣ (барфтӯда, обхезӣ, сӯхтор, заминҷунбӣ ва ғайра) ё садама дар корхона рух дода бошад, ки дар натиҷаи онҳо мутобиқи муқаррарот анҷом додани корҳои боркунӣ ва борфарорӣ манъ аст.
570) Агар борфиристанда барои ҳамлу нақл бореро пешниҳод намуда бошад, ки дар дархост ё супоришҳои якдафъаинаи барои иҷро қабулгардида пешбинӣ нашудааст ё барои интиқол ба маҳали дигар таъин гардида бошад, интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад, ҳамлу нақлро рад кунад ва арзиши рафту омади автомобилро ситонад.
571) Барои дар ҳуҷҷати молию нақлиётӣ нодуруст нишон додани номгӯи бор ё барасмиятдарории нодурусти онҳо борфиристанда ба андозаҳои дар шартнома пешбинигардида ҷарима мепардозад.
Барои саркашӣ аз барасмиятдарорӣ ё нодуруст ба расмият даровардани ҳуҷҷати молию нақлиётӣ, инчунин роҳхат борфиристанда ё боргиранда бо тартиби бечунучаро вобаста ба ҳар як ҳуҷҷати молию нақлиётӣ ба андозаи дар тарифҳо пешбинигардида ҷарима мепардозад.
572) Барои пешниҳоди боре, ки кашонданаш манъ аст ё боре, ки ҳангоми интиқол чораҳои махсуси эҳтиётиро талаб мекунад ва нодуруст нишон додани ном ва хусусияти бор аз борфиристанда ба ғайр аз ҷуброни зиёне, ки ба корхона ё ташкилоти нақлиёти автомобилӣ расонда шудааст, тибқи қонунгузорӣ ҷарима ситонида мешавад.
573) Ситонидани ҷаримаҳои пешбининамудаи бандҳои 534 - 563 ҳамин Оиннома тавассути муассисаҳои қарзӣ бо тартиби бечунучаро (бидуни пазириши (аспекти) пешакӣ) анҷом дода мешавад.
574) Интиқолдиҳанда, мусофирон, борфиристандагон, боргирандагон барои пешниҳод накардани воситаҳои ҳамлу нақл, барои ҳамлу нақл пешниҳод нагардидани бор ва барои дигар ҳодисаҳои вайронкунии ӯҳдадориҳое, ки аз шартномаҳои амалкунанда бармеоянд, масъул мебошанд.
575) Барои иҷро накардани ҳаҷмҳои якмоҳаи ҳамлу нақл ё супориши якдафъаинаи барои иҷро қабулгардида тибқи шартномаҳои амалкунанда Тарафи гунаҳгор ба андозаи 20 фоизи арзиши ҳамлу нақли бори пешгиҳодгардида ё дар мӯҳлати муқарраргардида интиқолнашуда, бо дарназардошти масофаи шартномавии ҳамлу нақли ин бор, ҷарима мепардозад.
Арзиши ҳамлу нақли бори пешниҳоднагардида ё интиқолдоданашуда дар асоси тарифҳои шартномавӣ ва масофаи миёнаи ҳамлу нақл муайян карда мешавад.
576) Иҷрои нақшаи ҳамлу нақл дар варақаи баҳисобгирӣ қайд карда мешавад, ки онро интиқолдиҳанда ва борфиристанда (боргиранда) имзо мекунад. Шакл ва қоидаҳои тартиб додани варақаи баҳисобгириро Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.