ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи экологӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 "Дар бораи экспертизаи экологӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод. 150; с. 2005, №12, мод. 638; с. 2007, № 7, мод. 690; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1002) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун қисмҳо бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда шаванд.
2. Дар моддаи 7:
- банди 13) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"13) дигар намуди ҳуҷҷатҳое, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд.";
- ба модда қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ нагардидаанд, мавриди экспертизаи ҳатмии экологӣ қарор намегиранд. Экспертизаи экологии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии чунин иншоот ва намудҳои фаъолият метавонад ба таври ихтиёрӣ гузаронида шавад.".
3. Сархати чоруми моддаи 10 хориҷ карда шавад.
4. Ба моддаи 12 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-аз ҷониби экспертҳо ’риоя шудани тартиб ва мӯҳлатҳои гузаронидани экспертизаи экологиро назорат ва таъмин менамояд.".
5. Ба моддаи 20 қисмҳои чорум, панҷум ва шашум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"4. Асосҳо ва тартиби беэътибор донистани хулосаи қаблӣ бо тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ тасдиқ менамояд, муқаррар карда мешаванд.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз ҳолатҳои дар ҳамин модда пешбинишуда метавонад нисбати ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон ва намудҳои фаъолияте, ки барои онҳо арзёбии таъсир ба муҳити зист ҳатмӣ мебошад ва иншооте, ки сохтмони онҳо аз ҳисоби давлат ва бо кафолати давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, экспертизаи экологии такрорӣ ё иловагӣ таъин кунад.
6. Экспертизаи экологии такрорӣ ва иловагии дар ҳамин модда пешбинишуда мутобиқи тартиби барои гузаронидани экспертизаи экологии ҳатми муқаррарнамудаи Қонуни мазкур гузаронда мешавад.".
6. Дар қисми чоруми моддаи 21 калимаҳои "қисми дуюм, банди 1 қисми чорум, бандҳои 1,2,4 қисми панҷум" мутаносибан ба калимаҳои "қисми 2, сархати якуми қисми 4, сархатҳои якум, дуюм ва чоруми қисми 5" иваз карда шаванд.
7. Аз қисми чоруми моддаи 23 калимаҳои "хулосаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ," хориҷ карда шаванд.
8. Сархатҳои сеюм ва чоруми моддаи 24 хориҷ карда шаванд.
9. Сархати дуюми моддаи 29 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро мутобиқи сметаи хароҷоте, ки аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи экспертизаи экологӣ муайян карда мешавад, маблағгузорӣ намоянд;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
12 январи соли 2010 № 589