ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракат дар роҳ"
Моддаи 1. Сархати 2 банди б) моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи ҳаракат дар роҳ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №22, мод.336; с.1997, №23-24, мод.333; с.2000, № 11, мод.527; с.2008, №3, мод.189; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009, №570) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"идоракунии воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, идоракунии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои ойинагӣ, ба истиснои пардачаҳо дар шишаҳои автобусҳо, инчунин мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ ва воситаҳои нақлиёти хизматии шахсони мансабдоре, ки рӯйхати онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
9 январи соли 2010 № 579