Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Оиннома, Сохтори идоракунӣ, Тартиби ба муомилот баровардани саҳмияҳо ва Сертификатҳои саҳмияҳо, Шакли саҳмияҳо ва Сертификати саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун"
Мутобиқи моддаи 53 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Оиннома, Сохтори идоракунӣ, Тартиби ба муомилот баровардани саҳмияҳо ва Сертификатҳои саҳмияҳо, Шакли саҳмияҳо ва Сертификати саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун" тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1-8).
2) Сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун" дар ҳаҷми 6 000 000 000 (шаш миллиард) сомонӣ муайян карда шавад.
3) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ҳаҷми корҳои иҷрошударо бо дарназардошти арзиши мошину механизмҳо ва таҷҳизоти дар "НБО Роғун" мавҷудбуда муайян намуда, барои тасдиқ ва илова намудан ба сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун" ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунанд.
4) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2008 №186 "Дар бораи тасдиқ намудани Оиннома ва сохтори идоракунии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2009 № 685
ш. Душанбе