ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро, ки ҳангоми иштироки ихтиёрии шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 2. Иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
Иштироки шаҳрвавдон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба тариқи зайл амалӣ мегардад:
- иштироки инфиродӣ;
- узвият дар дружинаҳои ихтиёрӣ.
Моддаи 3. Принсипҳои асосии иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
Принсипҳои асосии иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ инҳоянд:
- ихтиёрӣ будан;
- баробарии ҳама дар назди Қонун;
- адолати иҷтимоӣ ва инсондӯстӣ;
- эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ҳамкории доимӣ бо мақомоти давлатие, ки тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамоянд;
- ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии шаҳрвандон, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок мекунанд.
Моддаи 4. Иштироки инфиродии шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
1. Иштироки инфиродии шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар асоси ихтиёрӣ бо роҳи мусоидат кардан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ташвиқоти донишҳои ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.
2. Шаҳрванде, ки ба таври инфиродӣ хоҳиши иштирок карданро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дорад, бо ариза ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли зист муроҷиат менамояд, ки ба он нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маълумотнома дар бораи вазъи саломати замима карда мешавад. Мақоми корҳои дохилӣ дар мӯҳлати то як моҳ аз рӯзи расидани муроҷиатнома ӯҳдадор аст оид ба муроҷиати зикргардида қарор қабул намояд ва аз натиҷааш муроҷиаткунандаро огоҳ созад.
Моддаи 5. Тартиби таъсис ва фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ
1. Дружинаи ихтиёрӣ гурӯҳи ихтиёрии на камтар аз 10 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо мақсади мусоидат кардан ба мақомоти корҳои дохилй барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷои кор, таҳсилот ва маҳалли зисти шаҳрвандон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таъсис дода шуда, аз қайди баҳисобгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаштааст ва таҳти роҳбарии мақомоти корҳои дохилӣ дар маҳалҳо фаъолият мекунад.
Таъсис додани дружинаи ихтиёрӣ дар назди ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манъ аст.
2. Аъзои дружинаи ихтиёрӣ шаҳрвандоне шуда метавонанд, ки ба синни 18 расидаанд, аз рӯи сифатҳои корӣ, ахлоқӣ, вазъи саломатиашон қобилияти иҷрои вазифаҳоро оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ доранд.
3. Протоколи маҷлиси умумии шаҳрвандон дар бораи таъсис додани дружинаи ихтиёрӣ ва ҳайати он барои қайди баҳисобгирӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод карда мешавад. Дружинаи ихтиёрӣ аз рӯзи аз қайди баҳисобгирӣ гузаштанаш таъсисёфта ҳисоб шуда, шахси ҳуқуқӣ намебошад.
Агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда хилофи қонунгузории амалкунанда бошанд, дружинаи ихтиёрӣ ба қайд гирифта намешавад.
4. Низомномаи дружинаи ихтиёрӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
5. Дружинаҳои ихтиёрӣ фаъолияти худро таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба таври зайл амалӣ мегардонанд:
- иштирок дар чорабиниҳо оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ;
- ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар майдону хиёбонҳо, боғҳои истироҳат, варзишгоҳҳо, театрҳо, кинотеатрҳо, клубҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ;
- иштирок намудан дар чорабиниҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- ташкили чораҳои таъхирнопазир барои бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ намудани онҳо ва расонидани кӯмак ба зарардидагон;
- пешгирӣ намудани беназоратии кӯдакон ва ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
- иштирок дар таъмини амнияти шахсии шаҳрвандон;
- иштирок дар таъмини амнияти ҳаракат дар роҳ;
- иштирок дар таъмини амнияти сӯхтор.
6. Ба аъзои дружинаҳои ихтиёрӣ шаҳодатномаи махсус, ки намунааш дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона буда, аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда мешавад ва ҳамчунин нишони сарисинагии "Дружиначӣ" дода мешавад.
Моддаи 6. Ҳуқуқ ва ӯҳдадории узви дружинаҳои ихтиёрӣ
1. Узви дружинаи ихтиёрӣ ҳангоми иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад:
- аз шаҳрвандон риояи тартиботи ҷамъиятии муқарраршуда, қатъ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва амалҳоеро, ки барои иҷрои вазифаҳои узви дружинаи ихтиёрӣ монеъ мешаванд, талаб намояд;
- ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар санҷиши ҳуҷҷатҳои шахсии шаҳрвандон, азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт, дастгир кардан ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдани шахсоне, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд, кӯмак расонад;
- ба мақомоти корҳои дохилӣ дар амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба маҳдудкунии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, дар таъмини тартиботи ҷамъятӣ, иҷозати иштироки шаҳрвандон дар чорабиниҳои ҷудогонаи оммавӣ мусоидат намояд;
- дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ протоколро дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб диҳад;
- дар ҳолатҳои таъхирнопазир аз телефон ва дигар воситаҳои алоқаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои алоқа бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон барои ба муассисаҳои тандурустӣ овардани шахсони аз ҳодисаҳои нохуш ва ё ҳуқуқвайронкунӣ зарардида ва ба ёрии тиббӣ мӯҳтоҷ истифода барад.
Шаҳрвандоне, ки ба сифати дружиначии ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок мекунанд, ҳуқуқ доранд аз иҷрои ӯҳдадориҳои ҷамъиятӣ даст кашанд, агар ба ҳаёт ва саломатии онҳо хатар таҳдид намояд.
2. Узви дружинаи ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок намуда, вазифадор аст:
- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд, ба маҳдудкунии беасоси ҳуқуқ ва озодӣ, содир кардани амалҳое, ки шаъну шарафи инсон ва шаҳрвандро паст мезанананд, роҳ надиҳад;
- талаботи роҳбарияти дружинаҳои ихтиёрӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро ҳангоми гузаронидани чораҳои якҷоя аниқ ва софдилона иҷро намояд;
- барои пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, боздошт кардани шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд ё ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, муҳофизати ҷои ҳодиса чораҳо андешад.
- ҳангоми маълумот додани шаҳрвандон дар бораи ҳодисаҳо ва кирдорҳое, ки ба бехатарии шахсии шаҳрвандон, бехатарии ҷамъият ва тартиботи ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳад;
- дар муносибат бо шаҳрвандон боодоб, хушмуомила ва боилтифот бошад;
- ба шахсоне, ки мӯҳтоҷи ёрӣ ҳастанду аз ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳодисаҳои нохуш зарар дидаанд, кӯмаки таъҷилӣ расонад;
- дониши ҳуқуқии худро такмил диҳад, ҳуқуқу вазифаҳои аъзои дружинаи ихтиёриро аз худ намояд ва онро риоя кунад;
- ҳангоми иҷрои вазифа бо худ шаҳодатнома дошта бошад ва ба шаҳрвандон мутобиқи муроҷиати онҳо пешниҳод намояд.
Моддаи 7. Маҳдудиятҳои иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
1. Шаҳрвандоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок мекунанд, ҳуқуқ надоранд фаъолиятеро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ накардааст, иҷро намоянд, худро ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ кунанд, фаъолиятеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор намудааст, иҷро намоянд, ҳамчунин ҳуқуқҳоеро, ки Қонуни мазкур муайян кардааст, аз рӯи ғараз ва ба манфиати шахсӣ истифода баранд.
2. Дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок намудани шаҳрвандони ноболиғ ва шахсоне, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ё доғи судӣ доранд, ҳамчунин дар қайди диспансерҳои наркологӣ ё бемориҳои рӯҳӣ мебошанд ё ғайри қобили амал ва ё қобилияташон маҳдуд эътироф шудаанд, манъ аст.
3. Қоидаҳои иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
4. Ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ, кафолати ҳимояи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва чораҳои ҳавасмандгардонии шаҳрвандоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок мекунанд, мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 6 ва 9 Қонуни мазкур амалӣ карда мешаванд.
5. Мақомоти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ наметавонад шаҳрвандонро барои иштирок дар чорабиниҳое, ки ба ҳаёту саломатии онҳо таҳдид мекунад, ҷалб намоянд.
Моддаи 8. Шароит ва ҳадди истифодаи қувваи ҷисмонӣ аз ҷониби узви дружинаи ихтиёрӣ
1. Узви дружинаи ихтиёрӣ дар амалиёти якҷоя бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад бо мақсади пешгирии амали шахсоне, ки тартиботи ҷамъиятиро риоя накардаанд, барои боздошт ва супоридани онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қувваи ҷисмониро ба кор барад, ба шарте, ки аз чораҳои дигари номарбути истифодаи қувваи ҷисмонӣ барои иҷрои вазифа оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардан имконнопазир бошад.
Ҳангоми истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ узви дружинаи ихтиёрӣ ӯҳдадор аст:
- вайронкунандаи тартиботи ҷамъиятиро дар бораи мақсади ба кор бурдани қувваи ҷисмонӣ огоҳ намояд, ҳамзамон барои амалӣ намудани талаби худ бо назардошти вазъи мушаххас фурсати кифоя диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки истифода набурдани қувваи ҷисмонӣ ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон бевосита таҳдид мекунад;
- вобаста ба хусусият ва дараҷаи хатарнокии ҷамъиятии ҳуқуқвайронкунӣ ва шахсоне, ки онро содир кардаанд, кӯшиш кунад, ки то ҳадди имкон зарари дар ин ҳолат расонидашаванда сабуктар бошад;
- ҳангоми ба кор бурдани қувваи ҷисмонӣ ба шахсони зарари ҷисмонӣ бардошта ёрии аввалини тиббӣ расонад.
2. Ба кор бурдани қувваи ҷисмонӣ нисбати занҳои ҳомиладориашон аён, шахсони нишони аниқи маъюбӣ дошта ва ноболиғон манъ аст.
3. Амалиёти ғайриқонунии шаҳрвандоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок мекунанд, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
4. Зарари аз амалиёти ғайриқонунии узви дружинаи ихтиёрӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расида, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 9. Кафолати ҳимояи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва чораҳои ҳавасмандкунии узви дружинаи ихтиёрӣ
1. Давлат ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии аъзои дружинаи ихтиёриро кафолат медиҳад.
2. Иҷрои талаботи қонунии узви дружинаи ихтиёрӣ ҳангоми иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.
Иҷро накардани талаботи қонунии узви дружинаи ихтиёрӣ, инчунин суиқасд ба ҳаёт, саломатии ӯ ҳангоми иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
3. Агар узви дружинаи ихтиёрӣ ҳангоми иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо сабаби иҷрои вазифа муваққатан корношоям гардад, ба ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулии корношоямии муваққатӣ пардохт карда мешавад.
Агар узви дружинаи ихтиёрӣ ҳангоми иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо сабаби иҷрои вазифа маъюб шуда бошад, ба ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақа таъин карда мешавад.
4. Барои иштироки фаъолона дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аъзои дружинаи ихтиёрӣ ҳавасманд карда мешаванд.
Намудҳои ҳавасмандгардонии шаҳрвандоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок мекунанд, чунинанд:
- эълон намудани сипоснома;
- сарфароз гардонидан бо ифтихорнома;
- мукофоти пулӣ.
Шахсони ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияти худ метавонанд ба кормандонашон, ки аъзои дружинаи ихтиёрӣ мебошанд, бо пешниҳоди мақомоти идораи дружинаи ихтиёрӣ аз ҳисоби маблағҳои худ кафолати меҳнатӣ ё мукофоти дигар муайян намоянд.
Барои хизматҳои махсус ҳангоми иҷрои вазифаи ҷамъиятӣ ва дар ин ҳолат зоҳир намудани ҷасорат ва қаҳрамонӣ узви дружинаи ихтиёрӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ карда мешавад.
Моддаи 10. Салоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ дар масъалаҳои иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
1. Мақомоти корҳои дохилии шаҳр ва ноҳияҳо дар доираи салоҳияти худ:
- барои созмон додани дружинаҳои ихтиёрӣ дастгирии ҳамаҷониба ва кӯмаки ҳаматарафа мерасонанд;
- ба фаъолияти дружинаҳои ихтиёрӣ ба тариқи умумӣ роҳбарӣ мекунанд;
- ситодҳои ноҳиявӣ, шаҳрии дружинаҳои ихтиёриро созмон медиҳанд;
- мутобиқи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб, шакл ва намуди ҷалби шаҳрвандон, дружинаҳои ихтиёриро ба чорабиниҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ки бо вазифаҳои назоратӣ алоқаманд намебошанд, муайян мекунанд;
- таълиму омӯзиши аъзои дружинаҳои ихтиёриро ташкил мекунанд, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳоро фаҳмонида медиҳанд;
- бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба масъалаҳои фаъолияти шаҳрвандоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок мекунанд, ҳамкорӣ менамоянд;
- фаъолияти дружинаи ихтиёриро дар заминаи нуқтаҳои минтақавии милитсия ба роҳ мемонанд.
2. Намунаи шаҳодатнома ва аломати тамғаро барои шаҳрвандоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок мекунанд, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ менамояд.
Моддаи 11. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ
Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти дружинаи ихтиёрӣ аз ҳисоби маблағи буҷети маҳаллӣ, маблағи шахсони ҳуқуқие, ки дружинаи ихтиёриро созмон додаанд, инчунин аз ҳисоби маблағи хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, манбаъҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Моддаи 12. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 13. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
3 декабри соли 2009 № 566