Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 № 565 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо бА Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 3, мод. 55; с. 1997, № 9, мод. 117; с. 1998, № 10, мод. 119; с. 2001, № 7, мод. 475; с. 2003, № 8, мод. 452; с. 2009, № 3, мод. 93) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".

2. Дар қисми сеюми моддаи 5 баъд аз калимаҳои "тарк намоянд" калимаҳои ", агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад" илова карда шаванд.

3. Қисми якуми моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат мекунанд, тибқи қонунгузорӣ ба меҳнат ва ҳифзи меҳнат ҳуқуқ доранд.".

4. Дар қисми сеюми моддаи 10 калимаҳои "стажи" ва "стаж" мутаносибан ба калимаҳои "собиқаи" ва "собиқа" иваз карда шаванд.

5. Дар моддаи 11:

калимаҳои "ва ба доштани хонаи хусусӣ ё квартира" хориҷ карда шаванд;

қисмҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи ҳамчун моликият ба даст овардани биною хонаҳои истиқоматӣ, инчунин дигар биноҳоеро, ки ба фонди манзил дохил шудаанд, надоранд (ба истиснои ба даст овардани мерос аз ҷониби ворисони қонунӣ), агар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.

Қоидаҳои пешниҳод намудани молу мулки ғайриманқул бо мақсади ҷойгир кардани намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо манзили истиқоматӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.".

6. Дар қисми якуми моддаи 17 калимаи "намоянд" ба калимаи "банданд" иваз карда шавад.

7. Дар моддаи 20 калимаи "чизи" ба калимаи "тартиби" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

3 декабри соли 2009 № 565

ш.Душанбе