Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Ба банди 1 Қоидаи гузаронидани Аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 №54 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии тиббию фармасевтӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд".
2) Ба Низомномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №603 тасдиқ шудааст, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
ба банди 6 зербанди нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"муайян намудани тартиби гузаронидани Аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии тиббию фармасевтӣ новобаста ба шакли моликият ва тобеият;";
дар банди 7 пеш аз сархати охирин сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- гузаронидани Аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии тиббию фармасевтӣ новобаста ба шакли моликият ва тобеият;".
3) Ба боби 48 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 №172 тасдиқ карда шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:
- Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ";
- дар банди 14 баъд аз калимаҳои "мақомоти иҷозатномадиҳанда" калимаҳои "ба истиснои муассисаҳои таълимии тиббию фармасевтӣ" илова карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2009 № 624
ш. Душанбе