Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикикистон аз 31 октябри соли 2009 № 608

Санаи амалкуни: 04.10.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.04.2018 № 195 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2009 № 608

тасдиқ шудааст

Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.10.2013 № 457)

1) Тартиби мазкур баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисми 1 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" пешбинишударо ба танзим медарорад.

2) Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дароварда мешаванд, ки он қисми таркибии системаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб ёфта, дар қаламрави давлат расонидани ахбори ҳуқуқиро ба амал мебарорад ва маҳзани маълумоти ахбори ҳуқуқӣ мебошад.

Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

3) Ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз 9 сентябри соли 1991 қабул шудаанд, дохил карда мешаванд:

- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд;

- санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;

- қонунҳои конститутсионӣ;

- кодексҳо, қонунҳо;

- қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фармоишҳои вазоратҳо ва дигар мақомоти давлатӣ, инчунин қарорҳои кумитаҳои давлатӣ;

- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

- қарорҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо;

- қарорҳои раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо;

- қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.

4) Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти расмӣ дорад.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

5) Санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад, бояд дорои маълумоти зерин бошад:

- намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;

- мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст;

- номе, ки мавзӯи танзими онро ифода мекунад;

- имзои шахсе (шахсоне), ки расман ваколатдори (ваколатдорони) имзо намудани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор мебошад (ба истиснои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд);

- ҷой ва санаи қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ;

- рақами санади меъёрии ҳуқуқӣ (ба истиснои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд);

- рақами бақайдгирии санади меъёрии ҳуқуқӣ;

- матни санади меъёрии ҳуқуқӣ;

- таърихи эътибор пайдо намудани санад;

- маълумот дар бораи интишори санад дар нашрияҳои расмӣ;

- маълумот дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, боздоштан ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

6) Бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ инҳоро дар бар мегарад:

- ташхиси ҳуқуқии мутобиқати ин санад ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қабули қарор дар бораи зарурати бақайдгирии давлатии ин санад (баровардани хулоса);

- додани рақами бақайдгирӣ;

- ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дохил намудани санад.

7) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ, новобаста аз мӯҳлати амал ва хусусияти маълумоти дар онҳо маҳфузбуда (аз он ҷумла санадҳои дорои мӯҳрҳои "барои истифодаи хизматӣ", "на барои интишор" ва "махфӣ") ба бақайдгирии давлатӣ равона карда мешаванд, яъне онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он сурат дохил карда мешаванд, ки меъёрҳои (меъёри) дар он мавҷудбуда ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар ҳуқуқҳо, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, кафолати баамалбарории онҳо, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфтаанд, дахл дошта бошанд, инчунин механизми татбиқи ин ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии дар лаҳзаи пешниҳоди санад барои бақайдгирӣ амалкунандаро муқаррар менамоянд, тағйир медиҳанд, илова, дохил ё бекор менамоянд.

8) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмие, ки мувофиқи банди 7 ҳамин Тартиб бояд аз қайди давлатӣ гузаранд, дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз баъди имзои роҳбари мақоми давлатии дахлдор, дар ду нусха (матни аслӣ ва нусхаи тасдиқшуда) бо забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Дар баробари ин матни электронӣ ва маълумотномаи асосноккунандаи зарурати қабули онҳо низ пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.10.2013 № 457).

Барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намудани санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмие, ки якҷоя аз тарафи якчанд мақомоти давлатӣ қабул карда шудааст, ба зиммаи мақоме гузошта мешавад, ки дар қатори ашхоси имзокардаи (тасдиқкардаи) санад ташаббускори он мебошад.

Матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз шрифти Times New Roman Tj, андозаи 14 омода карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.10.2013 № 457).

9) Бақайдгирии давлатаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ аз лаҳзаи гирифтани санади меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мешавад.

10) Бақайдгирии санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ рад карда мешавад, агар санади меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда:

- ба қонунгузории амалкунанда мухолифат кунад;

- ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, маҳдуд созад ё ба зиммаи онҳо ӯҳдадориҳои пешбининакардаи қонунгузориро гузорад;

- аз доираи ваколати мақоме, ки онро тасдиқ кардааст, барояд.

11) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмие, ки бақайдгирии давлатии онҳо рад карда шудааст, ба мақоме, ки онро тасдиқ кардааст, бо нишон додани мухолифати он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида мешаванд. Дар баробари ин, як нусхаи он дар Вазорати адлия боқӣ мемонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.10.2013 № 457).

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ метавонанд ба мақоме, ки онро тасдиқ кардааст, бе қайд баргардонида шаванд, агар тартиби муқаррарнамудаи пешниҳоди санад, барои бақайдгирии давлатӣ, ки Тартиби мазкур пешбинӣ намудааст, вайрон карда шуда бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.10.2013 № 457).

Дар ин ҳолат санади меъёрии ҳуқуқӣ бо дарназардошти эроду пешниҳодҳо такмил дода шуда, дар мӯҳлати як моҳ такроран барои бақайдгирии давлатӣ ё ин ки нусхаи санади дахлдор дар бораи аз эътибор соқит намудани он ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.10.2013 № 457).

12) Дар ҳолати аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рад намудани бақайдгирии санади меъёрии ҳуқуқӣ, мақоми давлатие, ки ин санадро қабул кардааст, метавонад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят пешниҳод намояд.

13) Ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд, рақами бақайдгирӣ дода мешавад.

Баъд аз бақайдгирии давлатии санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ як нусхаи он (матни аслӣ) бо рақами додашудаи бақайдгирии давлатӣ ба мақоми дахлдори идоракунии давлатӣ фиристонида мешавад. Нусхаи дуюми санад дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

14) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ (ғайр аз санадҳое, ки сирри давлатӣ ё дигар сирреро, ки қонун ҳифз менамояд, дар бар мегиранд), дар нашрияҳои расмӣ интишор карда мешаванд ва бо шарте эътибор пайдо мекунанд, ки дар ин нашрияҳо чоп шаванд.

15) Баъд аз бақайдгирии давлатии санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ на дертар аз 15 рӯз, мақоме, ки ин санадро қабул кардааст ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотро дар бораи сарчашмаи интишори ин санади меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд (дар шакли нусхаи чопшудаи санади меъёрии ҳуқуқии идоравӣ).

Ҳангоми интишори санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ нишон додани рақами бақайдгирӣ ва таърихи бақайдгирии давлатӣ ҳатмист.

Дар ҳолати пешниҳод накардани маълумот дар бораи сарчашмаи интишори расмӣ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани он қарор қабул намуда, барои маълумот ва аз эътибор соқит донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақоми онро қабулнамуда мефиристад.

16) Тағйиру иловаҳои ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ воридгашта, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, бо тартиби умумӣ ба қайд гирифта шуда, онҳо ба рақами бақайдгирии санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ замима мегарданд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2009 № 608

тасдиқ шудааст

Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Тартиби мазкур баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисми 1 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" пешбинишударо ба танзим медарорад.

2) Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дароварда мешаванд, ки он қисми таркибии системаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб ёфта, дар қаламрави давлат расонидани ахбори ҳуқуқиро ба амал мебарорад ва маҳзани маълумоти ахбори ҳуқуқӣ мебошад.

Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

3) Ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз 9 сентябри соли 1991 қабул шудаанд, дохил карда мешаванд:

- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд;

- санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;

- қонунҳои конститутсионӣ;

- кодексҳо, қонунҳо;

- қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фармоишҳои вазоратҳо ва дигар мақомоти давлатӣ, инчунин қарорҳои кумитаҳои давлатӣ;

- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

- қарорҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо;

- қарорҳои раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо;

- қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.

4) Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти расмӣ дорад.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

5) Санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад, бояд дорои маълумоти зерин бошад:

- намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;

- мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст;

- номе, ки мавзӯи танзими онро ифода мекунад;

- имзои шахсе (шахсоне), ки расман ваколатдори (ваколатдорони) имзо намудани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор мебошад (ба истиснои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд);

- ҷой ва санаи қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ;

- рақами санади меъёрии ҳуқуқӣ (ба истиснои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд);

- рақами бақайдгирии санади меъёрии ҳуқуқӣ;

- матни санади меъёрии ҳуқуқӣ;

- таърихи эътибор пайдо намудани санад;

- маълумот дар бораи интишори санад дар нашрияҳои расмӣ;

- маълумот дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, боздоштан ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

6) Бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ инҳоро дар бар мегарад:

- ташхиси ҳуқуқии мутобиқати ин санад ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-қабули қарор дар бораи зарурати бақайдгирии давлатии ин санад (баровардани хулоса);

- додани рақами бақайдгирӣ;

- ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дохил намудани санад.

7) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ, новобаста аз мӯҳлати амал ва хусусияти маълумоти дар онҳо маҳфузбуда (аз он ҷумла санадҳои дорои мӯҳрҳои "барои истифодаи хизматӣ", "на барои интишор" ва "махфӣ") ба бақайдгирии давлатӣ равона карда мешаванд, яъне онҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он сурат дохил карда мешаванд, ки меъёрҳои (меъёри) дар он мавҷудбуда ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар ҳуқуқҳо, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, кафолати баамалбарории онҳо, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфтаанд, дахл дошта бошанд, инчунин механизми татбиқи ин ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии дар лаҳзаи пешниҳоди санад барои бақайдгирӣ амалкунандаро муқаррар менамоянд, тағйир медиҳанд, илова, дохил ё бекор менамоянд.

8) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмие, ки мувофиқи банди 7 ҳамин Тартиб бояд аз қайди давлатӣ гузаранд, баъди имзои роҳбари мақоми давлатии дахлдор, дар ду нусха (матни аслӣ ва нусхаи тасдиқшуда) бо забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Дар баробари ин матни электронии онҳо низ пешниҳод карда мешавад.

Барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намудани санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмие, ки якҷоя аз тарафи якчанд мақомоти давлатӣ қабул карда шудааст, ба зиммаи мақоме гузошта мешавад, ки дар қатори ашхоси имзокардаи (тасдиқкардаи) санад ташаббускори он мебошад.

9) Бақайдгирии давлатаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ аз лаҳзаи гирифтани санади меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мешавад.

10) Бақайдгирии санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ рад карда мешавад, агар санади меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда:

- ба қонунгузории амалкунанда мухолифат кунад;

- ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, маҳдуд созад ё ба зиммаи онҳо ӯҳдадориҳои пешбининакардаи қонунгузориро гузорад;

- аз доираи ваколати мақоме, ки онро тасдиқ кардааст, барояд.

11) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмие, ки бақайдгирии давлатии онҳо рад карда шудааст, ба мақоме, ки онро тасдиқ кардааст, бо нишон додани мухолифати он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида мешаванд. Бинобар ин, як нусхаи он дар Вазорати адлия боқӣ мемонад.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ метавонанд ба мақоме, ки онро тасдиқ кардааст, бе қайд баргардонида шаванд, агар тартиби муқаррарнамудаи пешниҳоди санад, ки барои бақайдгирии давлатӣ Тартиби пешбинӣ намудааст, вайрон карда шуда бошад.