Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 № 600 "Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", бо мақсади банақшагирии тайёр намудани кадрҳои тиббӣ бо дарназардошти ихтисосҳои мушаххаси соҳаи тандурустӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ ҳамасола ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристонии мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустиро аз рӯи ихтисосҳои афзалиятноки тиббӣ тибқи дархости Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумхурии Тоҷикистон:

- баҳри амалисозии Барномаи мазкур тибқи талаботи соҳаи тандурустӣ ҳамасола дар дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр намудани кадрҳои тиббиро барои солҳои 2010-2020 пешбинӣ намояд.

- ҳамасола бо дарназардошти таъмини вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони соҳаи тиб ва дархости Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи умумии қабули донишҷӯёнро ба муассисаҳои таълимии тиббӣ, нақшаи қабули духтарон ва писарон ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ, номгӯи ихтисосҳои тиббиеро, ки аз рӯи онҳо дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ кадр тайёр намудан лозим меояд, таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешииҳод намояд.

4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хамасола ҳангоми таҳияи нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии тиббӣ барои довталабони ноҳияҳои бо кадрҳои тиббӣ кам таъминбуда, коэффитсиент муқаррар намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

5. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66):

- якҷоя бо вазоратҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва ҷалби сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ оид ба амалисозии Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

- тайёр намудани кадрҳои тиббиро дар зинаҳои интернатура ва ординатура (резидентура) аз рӯи ихтисосҳои афзалиятдошта амалӣ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 октябри соли 2009 № 600

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", бо мақсади банақшагирии тайёр намудани кадрҳои тиббӣ бо дарназардошти ихтисосҳои мушаххаси соҳаи тандурустӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010 - 2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ ҳамасола ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристонии мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустиро аз рӯи ихтисосҳои афзалиятноки тиббӣ тибқи дархости Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумхурии Тоҷикистон:

- баҳри амалисозии Барномаи мазкур тибқи талаботи соҳаи тандурустӣ ҳамасола дар дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр намудани кадрҳои тиббиро барои солҳои 2010-2020 пешбинӣ намояд.

- ҳамасола бо дарназардошти таъмини вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони соҳаи тиб ва дархости Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи умумии қабули донишҷӯёнро ба муассисаҳои таълимии тиббӣ, нақшаи қабули духтарон ва писарон ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ, номгӯи ихтисосҳои тиббиеро, ки аз рӯи онҳо дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ кадр тайёр намудан лозим меояд, таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешииҳод намояд.

4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хамасола ҳангоми таҳияи нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии тиббӣ барои довталабони ноҳияҳои бо кадрҳои тиббӣ кам таъминбуда, коэффитсиент муқаррар намоянд.

5. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон: