Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 аз 31 октябри соли 2009 № 600

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2009 № 600

тасдиқ шудааст

Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020

Пешгуфтор

Ба таври мақсаднок тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббии ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ, яке аз самтҳои афзалиятноки Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин, тайёр намудан ва мақсаднок бурдани кадрҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки норасогии онҳо ба мушоҳида мерасад, самти афзалиятнок буда, аҳамияти махсусро талаб менамояд.

Миқдори умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 13909 ва 30445 нафарро ташкил медиҳанд. Таъминнокии табибон ба 10000 аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 18,6 ва ба кормандони миёнаи тиббӣ 41,1-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо ба ҳисоби миёна дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мутаносибан 28,2 ва 75,5-ро ташкил медиҳанд.

Гуфтаҳои боло гувоҳи кам будани теъдодиҳ табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ нисбат ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя ӯзбекистон (мутаносибан 26,6 фоиз ва 101,2 фоиз) ва Қирғизистон (мутаносибан 23,8 фоиз ва 54,3 фоиз) мебошад.

Дар ҷумҳурӣ дар 7 беморхонаи минтақавӣ ва 90 маркази саломатии деҳот умуман нарасидани табибон мушоҳида мешавад. Дар беш аз 25 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутахассисони соҳаи наркологӣ, рӯҳшиносӣ, бемориҳои сил, дил, саратоншинос, чашм, эндокринология, табибони оилавӣ, техникҳои тиббӣ, ташхиси шуоӣ ва ренгенологҳою паталоганатомҳо намерасанд. Имрӯз тибқи ҷадвали штатӣ дар ҷумҳурӣ 4195 воҳиди кории табибон ва 7630 воҳиди кори кормандони миёнаи тиббӣ холӣ мебошад. Бо ҷойи кор таъмин будани штатҳои табибон ва кормандони миёнаи тиб мутаносибан 82,1 фоиз ва 84,1фоизро ташкил медиҳад. Таҳлил нишон медиҳад, ки миқдори умумии кормандон тиббӣ коҳиш ёфта истодааст. Дар соли 2007 дар муқоиса бо соли 2002 таъминнокии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ мутаносибан 6 ва 12,6 фоиз кам шудааст. Ҳол он, ки дар ин муддат шумораи аҳолӣ 10,8 фоиз зиёд шудааст.

Талаботи кадрҳои тиббӣ тибқи меъёрҳои амалкунанда барои солҳои 2010-2020 дар замима нишон дода шудааст. Талабот бо дарназардошти ворид намудани меъёру ихтисосҳои нав дар рафти амалисозии ислоҳоти соҳа метавонад тағйир ёбад.

Нишондиҳандаҳои таъминнокӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиб дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутаносибан аз 3,6 фоиз то 82,5 фоиз ва 14,5 фоиз то 201,5 фоизро ташкил медиҳад. Таъминнокӣ бо табибон аз ҳама зиёд дар шаҳри Душанбе (67,2 фоиз) ва вилояти Суғд (20,4 фоиз) ва аз ҳама кам дар вилояти Хатлон (9,1 фоиз) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (11 фоиз) мебошад. Ин нишондиҳанда вобаста ба кормандони миёнаи тиббӣ низ нобаробарии ҷуғрофиро нишон медиҳад. Таъминнокӣ бо кормандони миёнаи тиббӣ аз ҳама зиёд дар ВМКБ (73,4 фоиз) ва шаҳри Душанбе (60,2 фоиз) ва аз ҳама кам дар ноҳияхои тобеи ҷумҳурӣ (29,5 фоиз) ва вилояти Хатлон (30,1 фоиз) мебошад. Дараҷанокии табибон дар ҷумҳурӣ 40,8 фоизро ташкил медиҳад. Дараҷанокии касбӣ аз ҳама зиёд дар шаҳри Душанбе (51,6 фоиз) ва ВМКБ (41,0 фоиз) ва аз ҳама кам дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (20,5 фоиз) ва вилояти Суғд (38,6 фоиз) мебошад.

Таҳлил нишон медиҳад, дар он минтақаҳое, ки сатҳи таъмини аҳолӣ бо табибон паст аст, миқдори довталабони дохилшуда ва донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии тиббӣ кам ва баръакс дар ҷойҳое, ки таъминнокӣ бо табибон нисбатан хуб аст, миқдори довталабони дохилшуда ва донишҷӯён зиёд аст. Чунин ҳолат дар оянда барои аз байн бурдани номутаносибии ҷуғрофии таъмини аҳолӣ бо табибон мусоидат намекунад ва андешидани чораҳои заруриро талаб менамояд.

Ҳамин тавр дар системаи банақшагирӣ ва тарбияи кадрҳо масъалаҳои нобаробарии ҷуғрофӣ, вобаста ба ихтисос ва шуғл, инчунин нобаробарии ташкилӣ (дар доираи як шаҳр ё як ноҳия теъдоди зиёди кормандони тиб ва норасоии онҳо дар муассисаҳои дигар шаҳру ноҳияҳо) ба мушоҳида мерасад.

Мутахассисони дорои таҳсилоти олии тиббӣ ва фармасевтӣ дар ҷумҳурӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимии клиникии тибби оилавӣ ва мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ ва фармасевтӣ дар 4 коллеҷ ва 10 омӯзишгоҳҳои тиббӣ тайёр карда мешаванд.

Теъдоди донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 5611 ва коллеҷу омӯзишгоҳҳо 15999 нафарро ташкил медиҳад. Миқдори хатмкунандаҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 753 ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои тиббӣ 4327 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди ҳарсолаи кадрҳои тиббии тайёркардашуда, бо дарназардошти ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва зиёдшавии аҳолӣ, талаботи кишварро таъмин карда наметавонад ва зиёд намудани нақшаи қабулро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ тақозо менамояд.

Тайёр намудани кадрҳои илмии соҳаи тандурустӣ дар 13 муассисаи илмию таълимӣ ба роҳмонда шудааст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисосҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, педиатрия ва гастроэнтерология тайёр кардани докторони илм ва аз рӯи ихтисосҳои пӯст ва узвҳои таносул, гигиена, эпидемиология, физиология, анатомияи одам, тандурустии ҷамъиятӣ, анестезиология ва реаниматология, фармакология ва фармакалогияи клиникӣ номзадҳои илм тайёр карда мешаванд. Аз рӯи ихтисосҳои бемориҳои дил, психиатрия, осебшиносӣ, наркология, нефрология, офталмология, трансплантология ва узвҳои сунъӣ, ҷарроҳии дилу раг, ташхиси озмоиши клиникӣ, анатомия ва физиологияи паталогӣ, заҳршиносӣ, генетики тиббӣ, тибби судӣ, вирусология ва иммунология норасоии кадрҳои илмӣ ба назар мерасанд.

Ҳамзамон, масъалаҳои рушди заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимию илмӣ, нерӯи иқтидори кадрии онҳо, беҳбудии сифати тайёр намудани ва бозомӯзии кадрҳои тиббӣ, баланд будани сатҳи касбии кормандони педагогӣ ниқоят мубрам ба шумор меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда қарорҳои "Дар бораи тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ" аз 4 ноябри соли 2002 №420; "Дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ" аз 31 марти соли 2003 №112; "Дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравии қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ" аз 24 апрели соли 2004 №152; фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2005 №1574 "Дар бораи таъсиси Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ", "Дар бораи қабули донишҷӯён ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010" аз 31 январи соли 2006 №58; "Дар бораи тасдиқи Консепсияи ислоҳоти тақсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 31 октябри соли 2008, №512; "Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015" аз 2-юми июли соли 2008 №296; "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 2 июли соли 2008 №308; "Дар бораи Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои тахсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ" аз 2 апрели соли 2009 №207; "Дар бораи тасдиқи Низомномаи стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 2 апрели соли 2009 № 208 қабул намуд, ки дар кори ба низом даровардани қабули шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои таҳсил дар мактабҳои олии дохилӣ ва хориҷи кишвар аз рӯи талаботи иқтисодиёти миллӣ ба кадрҳо бешубҳа саҳми назаррас доранд.

Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 (минбаъд Барнома) бо мақсади таъмин намудани соҳаи тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос бо дарназардошти ихтисосҳои мушаххас ва мувофиқи талаботи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, инчунин тайёр намудани кадрҳои илмӣ аз рӯи ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои илмию таълимии кишвар тайёр карда намешаванд, тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифодадиҳии бинои навтаъмири Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 25 ноябри соли 2008 таҳия карда шудаст.

1. Зарурияти таҳияи Барнома

- ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ набудани раванди банақшагирии захираҳои кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ;

- ҷой доштани камбудиҳо дар системаи банақшагирӣ ва тайёр намудани кадрҳо вобаста бо нобаробариҳои ҷуғрофӣ аз рӯи ихтисос ва шуғл;

- ба таври зарурӣ ҳавасманд нагардонидан ва ба кор ҷалб накардани мутахассисони ҷавон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки боиси кам ба ҷои кор рафтани онҳо шудааст;

- вобаста ба талабот бо таври мақсаднок тайёр накардани мутахассисон барои шаҳру ноҳияҳое, ки таъмини онҳо бо кадрҳои тиббӣ дар сатҳи паст қарор дорад;

- мавҷуд набудани имконияти тайёр намудани кадрҳои илмию педагогии соҳаи тандурустӣ аз рӯи баъзе ихтисосҳо дар муассисаҳои илмию таълимии кишвар.

2. Мақсадҳои асосии Барнома

- тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ва илмӣ мутобиқи самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ;

- таҳия ва татбиқи усулҳои банақшагирии захираҳои кадрӣ, ки ба талаботи воқеии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ ҷавобгӯ мебошанд;

- пуртақвият ва афзоиши имконияти тайёр кардани кадрҳои тиббӣ дар заминаи муассисаҳои таълимию илмии системаи тандурустӣ;

- аз байн бурдани нобаробарии ҷуғрофӣ бо кормандони тиббӣ таъмин намудани вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

- мақсаднок тайёр намудани мутахассисони тиббӣ дар муассисаҳои таълимии тиббии ҷумҳурӣ аз шаҳру ноҳияҳое, ки таъмини онҳо бо кадрҳои тиббӣ паст мебошад;

- таҳия ва татбиқи воситаҳои ҳавасмандгардонӣ барои ба кор ҷалб кардан ва нигоҳдории кадрҳои тиббӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, махсусан дар деҳот;

- тайёр кардани кадрҳои илмии соҳаи тандурустӣ дар муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар аз рӯи ихтисосҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти тайёр намудани онҳо вуҷуд надорад.

3. Вазифаҳои Барнома

- ҳамасола тибқи талабот тайёр ва таъмин намудани муассисаҳои соҳаи тандурустии мамлакат бо мутахассисони тиббӣ;

- андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати тибқи роҳхати Вазорати тандурустӣ ба ҷои кор рафтани мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустӣ;

- таҳия ва татбиқи низоми банақшагирӣ ва тайёр кардани кадрҳои тиббии ба талабот ҷавобгӯ, ки имкон медиҳад нобаробарии ҷуғрофӣ, нобаробарӣ дар ихтисос ва шуғлро паст гардонад;

- рушди минбаъда ва такмили низоми тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар давлатҳои хориҷӣ бо мақсади тарбияи онҳо дар заминаи муассисаҳои илмию таълимии мамлакат;

- додани имтиёз ба довталабон ҳангоми супоридани имтиҳонҳои қабул аз шаҳру ноҳия бо мутахассисони тиббӣ камтаъмин;

- фароҳам овардани шароити мусоид ва истифодаи самараноки имкониятҳои ҷавонони болаёқат дар рушди соҳаи тандурустӣ ва илми тиб;

- гузариши зина ба зинаи омӯзонидани кадрҳои тиббӣ дар заминаи муассисаҳои таълимию илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳое, ки тайёр кардани онҳо айни ҳол вобаста ба набудани имконият дар хориҷи кишвар амалӣ гардонида мешаванд.

4. Самтҳои татбиқи Барнома

Татбиқи Барнома самтҳои зеринро дар бар мегирад:

- рушди низоми тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва илмии соҳаи тандурустӣ бо самтҳои афзалиятнок мутобиқи эҳтиёҷоти мамлакат;

- такмили мазмун ва сифати таълим, бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани стандартҳои касбӣ, дониш, маҳорат ва малакаи касбии мутахассисони тиббӣ;

- додани имтиёз ба довталабон аз шаҳру ноҳияҳои бо мутахассисони тиббӣ камтаъмин ҳангоми супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ;

- ҳамасола тибқи эҳтиёҷот тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба ва кадрҳои илмии тиббӣ дар муассисаҳои илмию таълимии дохилӣ ва хориҷи кишвар;

- дар зинаҳои баъдидипломӣ (интернатура, ординатура (резидентура), магистратура) тибқи талабот тайёр намудани кадрҳои тиббӣ аз рӯи ихтисосҳое, ки мутахассисон намерасанд;

- дар заминаи муассисаҳои таълимии тиббӣ таъсис додани кафедраҳо оид ба тахассусҳои тиббие, ки ҳоло тайёр намудани онҳо дар хориҷи кишвар амалӣ гардида истодааст;

- дар оянда ба роҳ мондани раванди омӯзонидани кадрҳои тиббӣ аз рӯи ихтисосҳое, ки имконияти тарбияи онҳо алҳол дар ҷумҳурӣ мавҷуд нест;

- фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати мустаҳкам гардонидани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимии тиббии ҷумҳурӣ баҳри зиёд намудани имкониятҳои қабул ва тайёр намудани кадрҳои тиббӣ;

- қабули мақсадноки довталабон аз шаҳру ноҳияҳои бо кадрҳои тиббӣ камтаъмин;

- аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии ташкилотҳои тандурустӣ ва муассисаҳои таълимию илмӣ тайёр кардани кадрҳои тиббӣ дар давлатҳои хориҷӣ;

- зиёд намудани нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ тибқи талабот бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ;

- аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба таври ғайринавбатӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин ҷиҳати сохтмони манзил барои кадрҳои тиббӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию маишӣ барои ҳавасмандгардонӣ ва ба кор ҷалб намудани мутахассисони ҷавон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, махсусан дар деҳот.

5. Манбаъҳои маблағгузории Барнома

Манбаи асосии маблағгузории таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ мебошад.

Манбаъҳои дигари маблағгузории Барнома маблағҳои буҷети давлатии барои тайёр намудани мутахассисони тиббӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ пешбинишуда ва инчунин маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ мебошанд.

Замима

ба Барномаи тайёр

намудани кадрҳои тиббӣ

барои солҳои 2010-2020

Талабот ба кадрҳои тибби барои солҳои 2010-2020

+-----+------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+-------ҷ
|     |солхо |2010   |2011   |2012   |2013   |2014   |2015   |2016   |
|     +------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+
|таби-|шахр  |7818,6 |7970,1 |8124,5 |8281,9 |8442,4 |8606,0 |8772,7 |
|бон  +------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+
|     |дехот |16310,4|16657,0|17010,9|17372,4|17741,6|18118,6|18503,6|
|     +------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+
|     |хамаги|24129,0|24627,1|25135,5|25654,3|26184,0|26724,6|27276,3|
+-----+------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+
|кор- |город |19546,5|19925,2|20311,3|20704,8|21106  |21514,9|21931,7|
|ман- +------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+
|дони |село  |40776,0|41642,4|42527,4|43431,1|44354  |45296,5|46259  |
|миё- +------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+
|наи  |всего |60322,5|61567,7|62838,6|64135,9|65459,9|66811,4|68190,8|
|тибби|      |       |       |       |       |       |       |       |
+-----+------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+
+-----+------+-------+-------+-------+----------ҷ
|     |солхо |2017   |2018   | 2019  |  2020    |
|таби-+------+-------+-------+-------+----------+
|бон  |шахр  |8942,7 |9115,9 |9292,6 |9472,64   |
|     +------+-------+-------+-------+----------+
|     |дехот |18896,8|19298,4|19708,5|20127,3   |
|     +------+-------+-------+-------+----------+
|     |хамаги|27839,5|28414,3|29001,0|29599,95  |
+-----+------+-------+-------+-------+----------+
|кор- |шахр  |22356,7|22789,8|23231,4|23681,51  |
|ман- +------+-------+-------+-------+----------+
|дони |дехот |47242  |48245,9|49271,2|50318,14  |
|миё- +------+-------+-------+-------+----------+
|наи  |хамаги|       |       |       |          |
|тибби|      |69598,7|71035,8|72502,6|73999,65  |
+-----+------+-------+-------+-------+----------+

Утверждена

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от "31" октября 2009 года №600

Программа подготовки медицинских кадров на 2010-2020 годы

Предисловие

Целевая подготовка высококвалифицированных медицинских кадров, отвечающая современным требованиям, является одной из приоритетных направлений Концепции реформы здравоохранения Республики Таджикистан. В связи с этим, подготовка и целевое использование медицинских кадров в Республике Таджикистан, где наблюдается их нехватка является приоритетным направлением и требует особого внимания.

Общее количество врачей и средних медицинских работников в республике составляет соответственно 13909 и 30445. Обеспеченность врачами на 10000 населения в республике составляет 18,6 и средними медицинскими работниками 41,1. Эти показатели в странах Центральной Азии в среднем соответственно составляют 28,2 и 75,5.

Вышеперечисленное говорит о низком количестве врачей и средних медицинских работников по сравнению с соседними республиками Узбекистан (соответственно 26,6 и 101,2) и Кыргызстан (соответственно 23,8 и 54,3).

В республике в 7 региональных больницах и 90 сельских центрах здоровья в общем наблюдается нехватка врачей. В более чем 25 городах и районах республики наблюдается нехватка специалистов наркологов, психиатров, фтизиатров, кардиологов, онкологов, офтальмологов, эндокринологов, семейных врачей, медицинских техников и нехватка рентгенологов и паталогоанатомов. На сегодняшний день согласно штатному расписанию в республике количество вакантных врачебных должностей составляет 4195, а для средних медицинских работников эта цифра равна 7630. Укомплектованность врачебными штатами составляет 82,1%, а для средних медработников - 84,1%. Анализ показывает, что общая численность медицинских кадров уменьшается. В 2007 году по сравнению с 2002 годом обеспеченность врачами и средним медицинским персоналом уменьшилась соответственно на 6 и 12, 6 %. Хотя за этот период численность населения увеличилась на 10,8%.

Потребность в медицинских кадрах в соответствии с действующими нормативами на 2010 - 2020 годы представлена в приложении. Потребность с учетом внедрения новых нормативов и специальностей в процессе реализации реформы может быть изменена.

Показатели обеспеченности врачами и средним медицинским персоналом в городах и районах республики составляют соответственно от 3,6 до 82,5 и от 14,5 до 201,5. Наибольшая обеспеченность врачами наблюдается в городе Душанбе (67,2) и в Согдийской области (20,4), а наименьшая в Хатлонской области (9,1) и в районах республиканского подчинения (11,0). Этот показатель в отношении к средним медицинским работникам также показывает географический дисбаланс. Наибольшая обеспеченность средним медицинскими работниками наблюдается в Горно-Бадахшанской автономной области (73,4) и в городе Душанбе (60,2), а наименьшая в районах республиканского подчинения (29,5) и в Хатлонской области (30,1). Категорийность врачей в республике составляет 40$ %. Наиболее высокая категорийность наблюдается в городе Душанбе (51,6%) и в ГБАО (41,0%), а наиболее низкая в РРП (20,5) и в Согдийской области (38,6%).

Анализ показывает, что в регионах с низким уровнем обеспеченности врачами, количество поступивших абитуриентов и студентов в медицинские учебные заведения низкий по сравнению с регионами с более высоким уровнем обеспеченности врачами. Такая ситуация в будущем будет препятствовать устранению географического дисбаланса обеспеченности населения врачами, что потребует принятия необходимых мер.

Таким образом, в системе планирования и подготовки кадров наблюдаются проблемы географического дисбаланса по специальностям и занятости, а также организационный дисбаланс (в пределах одного города или района) и их нехватка в других учреждениях городов и районов.

Подготовка специалистов с высшим медицинским и фармацевтическим образованием осуществляется в Таджикском государственном медицинском университете имени Абуали ибни Сино, Таджикском институте последипломной подготовки медицинских кадров, Республиканском учебно-клиническом центре семейной медицины, а специалистов со средним медицинским и фармацевтическим образованием в 4 медицинских колледжах и 10 медицинских училищах республики.

Количество студентов в Таджикском государственном медицинском университете имени Абуали ибни Сино составляет 5611, а в медицинских колледжах и училищах 15999. Количество выпускников ТГМУ имени Абуали ибни Сино составляет 753, а медицинских колледжей и училищ 4327. Количество ежегодно выпускаемых медицинских кадров с учётом реформы сектора здравоохранения и прироста населения не может покрыть потребности страны и требует увеличения ежегодного плана приема абитуриентов в медицинские учебные заведения.

Подготовка научных кадров системы здравоохранения проводится в 13 научных и учебных учреждениях. На сегодня в республике проводится подготовка докторов наук по специальностям хирургия, внутренние болезни, педиатрия, гастроэнтерология и подготовка кандидатов медицинских наук по специальностям кожные и венерические болезни, гигиена, эпидемиология, физиология, анатомия человека, общественное здоровье и здравоохранение, анестезиология и реаниматология, фармакология и клиническая фармакология. Отмечается нехватка научных кадров по специальностям: кардиология, психиатрия, травматология, наркология, нефрология, офтальмология, трансплантология и искусственные органы, сердечно-сосудистая хирургия, клиническая лабораторная диагностика, патологическая анатомия и физиология, токсикология, медицинская генетика, судебная медицина, вирусология и иммунология.

Одновременно, вопросы развития материально-технической базы учебных и научных учреждений, мощность их кадрового потенциала, улучшение качества подготовки и специализации медицинских кадров, высокий профессиональный уровень педагогов является приоритетным направлением.

Правительством Республики Таджикистан для решения имеющихся проблем приняты следующие постановления: "О подготовке специалистов с высшим образованием в государствах зарубежья" от 4 ноября 2002 года № 420; "Об утверждении Положения о подготовке специалистов с высшим образованием в государствах зарубежья" от 31 марта 2003 года № 112; "О создании Межведомственной комиссии по приему граждан Республики Таджикистан в высшие учебные заведения зарубежных государств" от 24 апреля 2004 года № 152; Указ Президента Республики Таджикистан от 15 июля 2005 года № 1574 "Об учреждении Специального фонда Президента Республики Таджикистан по подготовке специалистов в зарубежных государствах"; "О приеме студентов в высшие учебные заведения республики в соответствии с квотой Президента Республики Таджикистан на 2006-2010 гг." от 31 января 2006 года № 58; "Об утверждении Концепции реформы медицинского и фармацевтического образования в Республике Таджикистан" от 31 октября 2008 года № 512; "Об утверждении Программы подготовки научных кадров в Республике Таджикистан на 20092015 гг." от 2 июля 2008 года № 296; "Об утверждении Положения о подготовке научных и научно-педагогических кадров в Республике Таджикистан" от 2 июля 2008 года № 308; "О Положении Республиканской комиссии по отбору и подготовке кадров в высших образовательных и научных учреждениях зарубежных государств" от 2 апреля 2009 года, № 207, "Об утверждении Положения Международной стипендии Президента Республики Таджикистан" от 2 апреля 2009 года, №208, которые оказывают непосредственное влияние на упорядочение приема граждан в высшие учебные заведения страны и зарубежья, в соответствии с потребностями национальной экономики в кадрах.

Программа подготовки медицинских кадров на 2010 -2020 годы (в последующем "Программа") разработана в соответствии с поручением Президента Республики Таджикистан, его превосходительстве уважаемого Эмомали Рахмона на открытии вновь отреставрированного здания Таджикского государственного медицинского университета имени Абуали ибни Сино 25 ноября 2008 года, с целью обеспечения отрасли здравоохранения высококвалифицированными кадрами с учетом конкретных специальностей и в соответствии с потребностями городов и районов страны, а также подготовки научных кадров по специальностям, которые не готовятся в научных и учебных учреждениях республики.

1. Необходимость разработки Программы

- несоответствие современным требованиям процесса планирования кадровых ресурсов сферы здравоохранения;

- имеющиеся недостатки в системе планирования и подготовки кадров, в связи с географическим дисбалансом и дисбалансом по специальностям и занятости;

- недостаточное стимулирование и привлечение молодых специалистов со стороны исполнительных органов государственной власти областей, городов и районов, которые стали причиной их низкого доезда на рабочие места;

- нецелевая подготовка специалистов в зависимости от потребностей городов и районов, где обеспеченность медицинскими кадрами находится на низком уровне;

- отсутствие возможности подготовки научно-педагогических кадров системы здравоохранения по некоторым специальностям в научных и учебных учреждениях страны.

2. Основные цели Программы

- подготовка высококвалифицированных и научных медицинских кадров по приоритетным направлениям системы здравоохранения;

- разработка и внедрение методов планирования кадровых ресурсов, отвечающих фактическим потребностям населения в медицинских услугах;

- усиление и увеличение возможности подготовки медицинских кадров на базе учебных и научных учреждений системы здравоохранения;

- устранение географического неравенства в обеспечении медицинскими кадрами областей, городов и районов республики;

- целенаправленная подготовка специалистов в медицинских учебных заведениях республики из городов и районов с низкой обеспеченностью медицинскими кадрами;

- разработка и внедрение методов стимулирования, с целью привлечения и сохранения медицинских кадров со стороны исполнительных органов государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов республики, особенно в сельских местностях;

- подготовка научных кадров системы здравоохранения в учебных и научных учреждениях зарубежных стран по специальностям, подготовка которых невозможна в Республике Таджикистан.

3. Задачи Программы

- ежегодная подготовка и обеспечение учреждений системы здравоохранения страны медицинскими кадрами, согласно потребностям;

- принятие необходимых мер для обеспечения доезда молодых специалистов отрасли здравоохранения на места работы согласно направлению Министерства здравоохранения;

- разработка и внедрение системы, отвечающей потребностям планирования и подготовки медицинских кадров, которые позволят снизить географический дисбаланс, дисбаланс по специальностям и занятости;

- будущее развитие и усовершенствование системы подготовки медицинских кадров в зарубежных странах с целью их подготовки на базе учебных и научных учреждений страны;

- выделение льгот для абитуриентов из городов и районов с малой обеспеченностью медицинскими кадрами при сдаче вступительных экзаменов;

- обеспечение соответствующими условиями для рационального использования одарённой молодёжи в развитии системы здравоохранения и медицинской науки;

- постепенный переход к обучению медицинских кадров на базах учебных и научных учреждений Республики Таджикистан по специальностям, подготовка которых в настоящее время, в связи с отсутствием возможности, осуществляется за рубежом.

4. Направления реализации программы

Реализация Программы состоит из следующих направлений:

- развитие системы подготовки высококвалифицированных и научных кадров отрасли здравоохранения согласно приоритетным направлениям в соответствии с потребностями страны;

- усовершенствование содержания и качества обучения, адаптация профессионального стандарта, знания, профессиональное умение и навыки медицинских кадров к международным нормам;

- предоставление льгот абитуриентам из регионов с низкой обеспеченностью медицинскими кадрами при сдаче вступительных экзаменов;

- ежегодная подготовка высококвалифицированных специалистов и научных медицинских кадров в учебных и научных учреждениях страны и за рубежом, согласно потребностям;

- соответственно потребностям, осуществление подготовки медицинских кадров на последипломном уровне (интернатура, ординатура (резидентура), магистратура) по специальностям, в которых наблюдается нехватка;

- на базе медицинских учебных заведений организация кафедры по тем медицинским специальностям, подготовка которых в настоящее время осуществляется в зарубежных государствах;

- в будущем налаживание системы обучения медицинских кадров по тем специальностям, по которым отсутствует возможность их подготовить в республике;

- создание соответствующих условий для укрепления материальнотехнической базы в учебных медицинских учреждениях республики с целью увеличения возможностей приема и подготовки медицинских кадров;

- целевой прием абитуриентов из городов и районов с низким обеспечением медицинскими кадрами;

- подготовка медицинских специалистов за счёт небюджетных средств организаций здравоохранения и медицинских учебных заведений в зарубежных государствах;

- увеличение плана приема абитуриентов в медицинские учебные заведения республики с учетом прироста населения;

- выделение земельных участков со стороны исполнительных органов государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов во внеочередном порядке для строительства жилья медицинским кадрам;

- создание необходимых социально-бытовых условий для стимулирования и привлечения молодых специалистов на работе со стороны исполнительных органов государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов республики, особенно в сельских местностях.

5. Источники финансирования Программы

Основным источником финансирования обучения граждан Республики Таджикистан в научных учреждениях и высших учебных заведениях зарубежных стран является Специальный фонд Президента Республики Таджикистан по подготовке специалистов в зарубежных государствах.

Другими источниками финансирования Программы являются средства государственного бюджета, предусмотренные для подготовки медицинских специалистов в медицинских образовательных и научных учреждениях, а также средства международных и неправительственных организаций.

Приложение к Программе

подготовке медицинских

кадров на 2010-2020 годы

Потребность в медицинских кадрах на 2010-2020 годы

+-----+------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+-------ҷ
|     | годы |2010   |2011   |2012   |2013   |2014   |2015   |2016   |
|     +------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+
|врачи| город|7818,6 |7970,1 |8124,5 |8281,9 |8442,4 |8606,0 |8772,7 |
|     +------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+
|     | село |16310,4|16657,0|17010,9|17372,4|17741,6|18118,6|18503,6|
|     +------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+
|     | всего|24129,0|24627,1|25135,5|25654,3|26184,0|26724,6|27276,3|
+-----+------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+
|сред-|город |19546,5|19925,2|20311,3|20704,8|21106  |21514,9|21931,7|
|ние  +------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+
|меди-|село  |40776,0|41642,4|42527,4|43431,1|44354  |45296,5|46259  |
|цин- +------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+
|ские |всего |60322,5|61567,7|62838,6|64135,9|65459,9|66811,4|68190,8|
|рабо-|      |       |       |       |       |       |       |       |
|тники|      |       |       |       |       |       |       |       |
+-----+------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+-------+
+-----+------+-------+-------+-------+----------ҷ
|     | годы |2017   |2018   | 2019  |  2020    |
|     +------+-------+-------+-------+----------+
|врачи| город|8942,7 |9115,9 |9292,6 |9472,64   |
|     +------+-------+-------+-------+----------+
|     | село |18896,8|19298,4|19708,5|20127,3   |
|     +------+-------+-------+-------+----------+
|     | всего|27839,5|28414,3|29001,0|29599,95  |
+-----+------+-------+-------+-------+----------+
|сред-|город |22356,7|22789,8|23231,4|23681,51  |
|ние  +------+-------+-------+-------+----------+
|меди-|село  |47242  |48245,9|49271,2|50318,14  |
|цин- +------+-------+-------+-------+----------+
|ские |всего |       |       |       |          |
|рабо-|      |69598,7|71035,8|72502,6|73999,65  |
|тники|      |       |       |       |          |
+-----+------+-------+-------+-------+----------+