Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31 "октябри соли 2009 № 587
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ МИЛЛИИ ПЕШГИРӢ, ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ БЕМОРИҲОИ САРАТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2015
РӯЙХАТИ ИХТИСОРОТИ ШАРТӢ
АБОС - Агентии байналмилалӣ оид ба омӯзиши саратон
АБНА - Агентии байналмилалӣ оид ба нерӯи атомӣ
АИТР - Академияи илмҳои тибби Россия
БОР - Бонки Осиёии Рушд
БКШ - Беморхонаи клиникии шаҳрӣ
БМН - Беморхонаи марказии ноҳиявӣ
ВМКБ - Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
ВНМО/БНММ - Вируси норасоии масунияти одам/бемории норасоии масунияти муҳассил
ВПО - Вируси папилломаи одам
ВАО - Воситаҳои ахбори оммавӣ
ДДТТ - Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино
ДТИБДКТТ - Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон
ЗССР - Занони синну соли репродуктивӣ (занони қобили таваллуд)
ИМА - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
КАТС - Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ
ММД - Маҳмӯи маҳсулоти дохилӣ
МШСР - Маркази шаҳрии солимии репродуктивӣ
ММСР - Маркази миллии солимии репродуктивӣ
МҶ ИС - Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ
МТП - Муассисаҳои тиббию профилактикӣ
МСД - Маркази саломатии деҳотӣ
МСН - Маркази саломатии ноҳиявӣ
МСР - Маркази солимии репродуктивӣ
МЕХЕКО - Корпоратсияи Хитой оид ба содирот ва воридоти таҷҳизоти тиббӣ
НД - Нигориши демографӣ
СҒШ - Саратони ғадуди шир
ТБМ - Ташкилоти байналмилалӣ оид ба муҳоҷират
ТУТ - Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ
ТМР - Томографи магнитӣ-резонансӣ
ТК - Томографи компютерӣ
ТИКА - Раёсати Туркия оид ба ҳамкорӣ ва рушд
ХБА - Хазинаи байналмилалии асъор
ХНДФФ - Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ
ХДТТИ ВМҲИА ҶТ - Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
USAID (ЮСАИД) - Агентии Амрикоӣ оид ба рушди байналмилалӣ
НОРЕ - Лоиҳаи ХОУП
UNFPA - Хазинаи аҳолии Созмони Милали Муттаҳид
ИДМ - Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
1. Сарсухан
Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон бештар аз 9 млн. одамони гирифтори омосҳои бадсифат ба қайд гирифта мешаванд, ки аз ин шумора 5 млн. нафари онҳо вафот мекунанд. Дар давлатҳои мутараққӣ ин беморӣ бо сабабҳои суръати баланди марговарии худ ҷойи дуюумро ишғол мекунад. Таҳқиқоти эпидемиологии солҳои охир тасдиқ намуданд, ки тамоюли ба ҳамин монанд дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ низ ба назар мерасад. Омилҳои асосии чунин тавсеа ёфтани саратон ин шумораи зиёдшавандаи гурӯҳҳои калонсолони ҳар ду ҷинс, босуръат зиёдшавии баъзе шаклҳои омосҳои бадсифат, махсусан зиёдшавии омосҳои бадсифати шуш дар натиҷаи тамокукашӣ мебошад. Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ эҳтимол меравад, ки дар 25 соли наздик 300 млн. ҳодисаи беморӣ ва 200 млн. фавт аз бемории саратон ба вуҷуд ояд, ки аз 2/3 он ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ рост меояд.
Вобаста ба ҳамин ҳалли масъалҳои бемориҳои саратон ба рӯйхати вазифаҳои афзалиятноки тандурустӣ дохил шудааст.
Дар Тоҷикистон низ чун дар ҳамаи давлатҳои рӯ ба тараққӣ тамоюли болоравии бемориҳои саратон мушоҳида мегардад. Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттлооти тиббҳ ҳамасола дар ҳумҳурҳ беш аз 2000 ҳодисаҳои нави беморҳ (133,5 ба 100 ҳазор аҳолӣ) ба қайд гирифта мешаванд, ки ҳам барои давлат ва ҳам барои ҷамъият мушкилоти ҷиддиро дар худ таҷассум мекунанд.
"Консепсияи ислоҳоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо дастгирии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ қабул шудааст, инчунин "Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи то соли 2010", ки ба таъмини дастрасии баробар ба хизматрасонии тандурустӣ равона гардида, бо роҳи таҳким бахшидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба талаботи гурӯҳҳои камбизоат ва эҳтиёҳманди аҳолӣ ҷавобгӯ мебошад ва дурнамои мубориза бар зидди саратон, ки ҷаласаи 58 Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ соли 2005 онро тавсия додааст, зарурати таҳия ва ворид намудани барномаи миллиро талаб мекунанд, ки масъалаҳои пешгирӣ, ташхиси барвақтӣ ва ҷанбаҳои гуногуни муолиҷаи омосҳои бадсифатро зимни барномаи омӯзиши ҳатмӣ ва тайёр кардани мутахассисон дар мамлакат фаро мегирад.
2. 3аминаҳо
1) Маълумоти умумӣ дар бораи мамлакат
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои Осиёи Миёна буда, ҳудудҳои он аз ғарб ба шарқ 700 км ва аз шимол ба ҷануб 350 км тӯл мекашад. Беш аз 93 фоизи ҳудуди давлатро кӯҳсор ташкил медиҳад. Шакли идоракуниаш ҷумҳуриявӣ аст. Аҳолии ҷумҳурӣ 7,2 млн. нафарро ташкил медиҳад. Афзоиши аҳолии мамлакат ҳамасола ба 2 фоиз мерасад. Бештар аз 70 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ намуда, 26,5 фоизи аҳолӣ шаҳрнишин мебошад.
2) Вазъи демографҳӣ
Хусусиятҳои вазъи демографии ҷумҳурӣ баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба таӣйироти куллии сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дучор омада, ба бад шудани шароити зиндагии мардум, ташаккули муносибатҳои бозорӣ, қисман вайрон шудани сохтори таносулии синну солии аҳолӣ, суст шудани ҳифзи иҷтимоии оилаҳои серфарзанд, тағйир ёфтани сохтори миллӣ ва кам шудани он ҳиссаи аҳолӣ, ки ба камфарзандӣ моил шуда буд, алоқаманд аст. Шумораи доимии аҳолии ҷумҳурӣ то 1.01.08 7215,7 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз ин 3619,6 ҳазор нафар мардон ва 3447,9 ҳазор нафар занон мебошанд. Шахсони қобили меҳнат дар ин давра 4210.0 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Вазъи умумии демографӣ ба дараҷаи баланди таваллуд (28,0 ба 1000 аҳолӣ) ва фавти нисбатан ками аҳолӣ (4,7 ба 1000 аҳолӣ), фавти зиёди кӯдакон (14,2 ба 1000 аҳолӣ) ва модарон (28 ба 100 ҳазор тифлони зинда таваллудшуда), дараҷаи пасти шаҳрнишинӣ, шумораи зиёди муҳоҷирати меҳнатӣ асос ёфтааст.
Ҳамин тариқ вазъи паҳншавии омосҳои бадсифат ва аз он фавтидани одамон дар ҷумҳурӣ мураккаб боқӣ мемонад. Барҳам хӯрдани механизми мавҷудбудаи назорати тиббҳ ва пешгирии бемориҳо, мавҳуд набудани имконияти анҳом додани табобати пурра ва комплексӣ ба дер муроҷиат намудани беморони дорои омосҳои бадсифат шаклҳои гуногун оварда мерасонад.
3) Вазъи иқтисодии давлат
Имрӯзҳо Тоҷикистон дар марҳилаи рушди дубораи худ қарор дорад. Вазъи иқтисодӣ дар давлате, ки солҳои 1992-97 ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, акнун барқарор шуда, як қатор пешравиҳо ба назар мерасанд. Иқтисоди давраи осоиштагӣ бо гузаронидани баъзе ислоҳоти бунёдии иқтисодӣ дастгирӣ ёфт, ки ин ба болоравии ММД мусоидат карда, он зиёда аз 9,3 фоизро ташкил дод. Сарчашмаҳои болоравии иқтисодиёт мунтазам гуногун мешаванд. Таҳким ёфтани ҷараёни хусусигардонӣ, махсусан дар бахши кишоварзӣ, дар радифи ислоҳоти корхонаҳои давлатии коммуналӣ ва зиёд шудани ҳаҷми сармоягузорӣ ба инфрасохтори давлатӣ-ҳамаи ин омилҳо унсурҳои асосии дурнамои рушди миллӣ мебошанд. Зиёдшавии воқеии ММД, аз рӯи пешбинӣ дар дурнамои миёнамӯҳлат 5 фоизро ташкил хоҳад дод. Мувофиқи созишнома бо ХБА андозаи қарзгирӣ барои лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ, бо назардошти қарзи бузурги берунаи Тоҳикистон, набояд зиёда аз 3 фоизи ММД-ро ташкил диҳад. Ин ҳолат аз вазъи душвор гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон дар он бояд мувозинатро байни дастгирӣ намудани эътидоли макроиқтисодӣ ва қарзгирӣ барои инвеститсияҳои нисбатан зарури давлатӣ нигоҳ дорад. Ҳангоми маблағгузории маҳдуди беруна Ҳукумат эътимод дорад даромади давлатиро дар таносуби фоиз аз ҳисоби МДД, бо анҷом додани як қатор ислоҳот, ки ба содда намудани кодекси андоз ва беҳтар кардани андозситонӣ равона шудааст, зиёд намояд.
Хулосаи дида баромадани сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон дар соли 2003 шаҳодат медиҳад, ки суръати баланди рушди иқтисодӣ дар солҳои охир ба паст кардани камбизоатӣ дар мамлакат таъсири мусбӣ гузоштааст. Тибқи маълумоти Бонки умумиҷаҳонӣ, ки сатҳи камбизоатии Тоҷикистонро арзёбӣ намудааст, ҳамаи нишондиҳандаҳои асосии камбизоатӣ дар қиёс бо давраи солҳои 1999-2003 паст шудаанд. Таносуби аҳолие, ки дар як рӯз бо маблағи на камтар аз 2.15 долл. ИМА зиндагӣ мекунанд, 16 фоиз кам шуда, 67 фоизро ташкил медиҳад. Таносуби аҳолие, ки дар як рӯз бо маблағи на камтар аз $ 1.08 зиндагӣ мекунанд, низ ба андозаи 13 фоиз кам шуда, 18 фоизро ташкил дод.
Умуман, суръати баланди рушди иқтисодӣ ба сатҳи даромади аҳолӣ ба таври назаррас таъсир расонд.
Дар солҳои охир болоравии воқеии иқтисодӣ махсусан назаррас буда, тибқи ҳисоби ХБА аз рӯи мамлакатҳо дар соли 2004 ХБА - и аслӣ дар соли 2003 ба 10 фоиз расид ва пешравии он дар соли 2004 то 8 фоиз пешбинӣ шудааст.
Рушди мӯътадили иқтисодӣ ба он мусоидат хоҳад кард, ки то соли 2015 то нисф кам намудани сатҳи камбизоатӣ дар қиёс ба нишондиҳандаи соли 2000 амалӣ хоҳад шуд.
Ба ҳамаи чораҳои андешидаи роҳбарияти мамлакат нигоҳ накарда, вазъи камбизоатӣ дар маҷмӯъ ҷиддӣ боқӣ мемонад ва мамлакат аз рӯи нишондиҳандаҳои худ ҳанӯз ҳам дар ҷаҳон яке аз мавқеъҳои баландтаринро ишғол мекунад. Бештар аз се ду ҳиссаи аҳолии мамлакат бо маблағи $2.15 дар як рӯз умр ба сар мебаранд.
4) Низоми тандурустӣ
Дар тӯли даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ҳам сифат ва ҳам дастрасии мардум ба хизматрасонии тандурустӣ босуръат бад шуд. Дар натиҷаи тағйир ёфтани шаклҳои иқтисодӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, хароҷот барои соҳаи тандурустӣ аз 4,5 фоиз аз ММД дар соли 1991 бинобар камшавии ММД дар соли 2002 то 1 фоиз расид. Хароҷоти давлат барои тандурустӣ дар соли 2003 танҳо 2 доллари амрикоиро ба сари ҳар аҳолӣ ташкил дод. Ин гуна сатҳи пасти хароҷоти давлатӣ ба дуруст фаъолият намудани системаи мавҷуда нокифоя буда, барои қонеъ намудани талаботи таъхирнопазири инвеститсионӣ ё барои бевосита равона намудани захираҳо ба гурӯҳҳои эҳтиёҷманди аҳолии мамлакат тамоман кифоят намекунад. Системаи тандурустӣ барои бартараф намудани норасоии шадиди маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ҳарчӣ бештар аз пардохтҳои ӣайрирасмии хусусӣ барои хизматрасонии тиббӣ ва аз кӯмаки берунаи хориҷӣ вобаста гардида истодааст. Дар соли 2003 ҳаҷми умумии хароҷоти хусусӣ барои хизматрасонии тиббӣ ба ҳар сари аҳолӣ 12 доллари амрикоиро ташкил дод, ки дар миқёси ҷаҳон яке аз сатҳҳои пасттарин дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар қиёс бо 16 фоизи хароҷоти ҳукумат ва 13 фоизи хароҷоти манбаъҳои байналмилалӣ пардохтҳои хусусӣ 70 фоизи ҳаҷми умумии хароҷотро барои тандурустӣ дар бар мегиранд. Системаи тандурустии Тоҷикистон бештар дар заминаи хизматрасонии госпиталии сеюмдараҷа, хизматрасонии профилактикӣ ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ё сифати пасти хизматрасонӣ асос ёфтааст, ки ба ин намуди хизматрасонӣ кам муроҷиат мекунанд. Хариди доруворӣ бештар бо роҳҳои ғайрирасмӣ амалӣ мегардад, ки чунин ҳолат барои назорати сифати доруворӣ ва таъиноти муолиҷаи дуруст душвориҳои зиёдеро ба миён меорад. Соҳибхонагон тандурустиро ба қатори ташвишҳои аз ҳама зиёди худ дохил мекунанд, ки он 30 фоизи тамоми хароҷоти рӯзгорро фурӯ мебарад.
Тибқи арзёбии маълумоти демографҳ (НД) ва вазъи саломатҳ дар соли 2002 аз байни 1000 тифли зинда таваллудшуда 87 ҳодисаи фавт ба қайд гирифта шуд. Ин нишондиҳандаи аз ҳама баланд дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб меравад. Ғайр аз ин дар Тоҷикистон сатҳи баланди ба таври кофӣ истеъмол накардани хӯрок (боздорандаи сабзиши кӯдак ва инкишоф) дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад. Тибқи арзёбии НД дар давраи солҳои 1992-1996 дараҷаи фавти кӯдакони то 5 сола аз байни 1000 зинда таваллудшуда 110 ҳодисаи фавтро ташкил дод. Фоизи баланди таваллуди хонагӣ, дастрас набудани хизматрасонии тиббии репродуктивӣ ва то давраи таваллудкунӣ, инчунин ба қадри зарурӣ дарк накардани мушкилоти асосие, ки ба сиҳатии модар алоқаманд мебошанд, дар роҳи саъй барои паст намудани дараҷаи фавт монеаи ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Дараҷаи бемориҳои сироятӣ бисёр баланд буда, вазъи бемориҳои сил ва вараҷа дар солҳои охир хеле ташвишовар шудааст. Шумораи бақайдгирифташудаи беморони сил аз 32 нисбат ба 100,000 нафари соли 1996 дар соли 2002 ба 64 нисбат ба 100,000 нафар расидааст. Тибқи маълумоти мавҷуда дар ҷумҳурӣ 1595 ҳодисаи сирояти ВНМО ҷой дорад ва эҳтимол меравад, ки ин рақам то охири соли 2015 ба 6800 мерасад. Дараҷаи беморшавии вараҷа 6,150 ҳодиса ба 100, 000 нафари аҳолӣ рост меояд. Маблағгузории байналмилалӣ оид ба мубориза бо бемории вараҷа дар натиҷаи аз тарафи ташкилоти USAID қатъ намудани маблағгузорҳ якбора кам карда шуд, ки ин омил барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳазорсола дар роҳи мубориза бо вараҷа таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамин тариқ бидуни ба таври назаррас афзудани инвеститсия барои назорати бемориҳо гумон аст, ки Тоҷикистон то соли 2015 паҳншавии вараҷа, сил ва дигар бемориҳо, аз ҷумла ВНМО-ро боздошта тавонад. Бо мавҷудияти шумораи зиёди вазифаҳои таъхирнопазир ва талабот дар бахши тандурустӣ назорати бемориҳо ва хадамоти эпидемиологӣ метавонанд аз мадди назари ҳукумат дур монанд. Имконияти хадамоти санитарию эпидемиологӣ таи даҳсолаи охир аз дигар унсурҳои системаи тандурустӣ дида воқеан камтар гардид. Дар маҷмӯъ пардохтҳои хусусӣ ва ёрии байналмилалӣ, ки бисёр паҳлӯҳои бахши тандурустиро дастгирӣ мекунанд, наметавонанд хадамоти тавонои давлатиро дар соҳаи тандурустӣ иваз намоянд, ки барои иҷрои вазифа ва пешрафти худ роҳбарӣ ва пешвоии ҳукуматиро талаб мекунад. Фавран ба беҳтар намудани кори хадамоти эпидемиологӣ, баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ ва дарки ҷомеа, таҳким бахшидани чораҳои пешгирӣ ҷиҳати боздоштани паҳншавӣ ва инкишофи бемориҳо дар Тоҷикистон аҳамият додан зарур аст. Ва ниҳоят, ин инвеститсияҳо метавонистанд хароҷоти зиёди давлатро сарфа намоянд.
5) Вазъи эпидемиологӣ оид ба бемориҳои саратон
Вазъият дар ҷаҳон
Омосҳои бадсифат мушкилоти глобалии ҷомеа мебошад, ки соҳаҳои тиб, иҷтимоиёт ва иқтисодиётро фаро гирифтааст. Дар тамоми ҷаҳон тамоюли зиёдшавии шумораи беморони гирифтори омосҳои бадсифат ба мушоҳида мерасад. Тибқи пешгӯиҳои ТУТ, беморшавӣ ва фавт аз бемориҳои саратон дар тамоми ҷаҳон дар давраи солҳои 2000 -2050 аз 10 то 24 млн. ҳолати беморшавӣ ва аз 6 то 16 млн. ходисаҳои ба қайд гирифташудаи фавт хоҳад расид (Аксел Е.М, Давидов М.И, 2006).
Ҳамасола, дар ҷаҳон тақрибан 10 млн. ҳолати гирифторшавӣ ба бемории омосҳои бадсифат ба қайд гирифта мешаванд, ки аз ин ҳисоб қариб 48 фоизи он ба давлатҳои мутараққӣ рост меояд. Зиёд шудани шумораи мутлақи омосҳои бадсифат бо зиёдшавии нуфуси аҳолии ҷаҳон ва боло рафтани дарозумрӣ алоқаманд аст. Тамоюл ба зиёд шудани беморшавии умумии мардон ва начандон паст шудани дараҷаи беморшавии занон ба мушоҳида мерасад.
Тибқи маълумоти академики АИТР В.И. Чиссов ҳамасола дар Федератсияи Россия бештар аз 450 000 ҳодисаи гирифторшавӣ ба омосҳои бадсифат ба қайд гирифта мешавад. Дар сохтори сабабҳои марги аҳолии Федератсияи Россия пас аз бедеориҳои дилу раг ва осебҳо омосҳои бадсифат мақоми сеюмро ишғол мекунад. Пешгирии нисбатан бештари омосҳои бадсифат дар байни аҳолии Федератсияи Россия омосҳои хирной, бронхҳо, шушҳо (13,3 фоиз), пӯст (11,1 фоиз), бо меланома (12,5 фоиз), меъда (10,2 фоиз), ӣадуди ширӣ (10,1 фоиз), чархакрӯда (6 фоиз), рӯдаи мустақим, пайвастагии ректосигмоидӣ ва маъқад (5 фоиз), бофтаҳои лимфатикӣ ва хунофар (4,6 фоиз), ҷисми бачадон (3,5 фоиз), гурдаҳо (3,2 фоиз), ӣадуди зери меъда (2,9 фоиз), гарданаи бачадон (2,7 фоиз), тухмдонҳо (2,7 фоиз) ва масона (2,7 фоиз) мебошанд.
Омоси бадсифати дар ҷаҳон бештар паҳншуда саратони шуш мебошад ва ҳамасола 1 млн. ҳодисаи гирифторӣ ба ин беморӣ мушоҳида мешавад, ки 61 фоизи он ба давлатҳои мутараққӣ рост меояд. Беморшавӣ ва фавт аз саратони шуш ба таври фоҷиавӣ дар бисёр давлатҳои Аврупо, Австралия, Зеландияи нав, Осиёи Ӣарбӣ ва Ҷанубию Шарқӣ босуръат боло рафта истодааст. Гирифторӣ ба бемории саратони шуш дар Россия яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар ҷаҳон мебошад. Паҳншавии тамокукашӣ дар байни аҳолӣ омили асосие ба ҳисоб меравад, ки дигаршавии ҷуӣрофию фарҳангии беморшавии саратони шушро муайян мекунад.
Саратони колоректалӣ аз рӯи паҳншавии омосҳои бадсифат дар давлатҳои мутараққӣ ҷои дуюмро ишғол мекунад. Шумораи зиёди гирифторшавӣ ба ин беморӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст. Дар Федератсияи Россия ин омосҳо дар ҷои сеюм қарор доранд (11 фоиз). Саратони мавзеи колоректалиро бо хусусиятҳои ӣизохӯрӣ, мақоми баланди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин бо тамоюли генетикӣ алоқаманд медонанд.
Омосҳои бадсифати узвҳои системаи репродуктивии занҳо дар ҷаҳон паҳншудатарин мебошанд. Дар миёни онҳо ҷои аввалро саратони ӣадуди ширӣ ишӣол мекунад (19, 1 фоиз). Нишондиҳандаҳои аз ҳама баланди ин беморҳ дар Амрикои Шимолӣ (зиёда аз 100 ҳолат нисбат ба 100 ҳазор аҳолӣ) ва нишондиҳандаҳои пасттарини он дар Африкаи Ӣарбӣ ва Осиё ба қайд гирифта шудаанд. Дар Россия дар байни занҳои 40-55 сола саратони ӣадуди ширӣ сабаби асосии марг ба ҳисоб меравад. Саратони гарданаи бачадон дар сохтори бемориҳои саратони аҳолии занонаи сайёра ҷои дуюмро ишғол мекунад (11,6 фоиз). Дар Россия саратони гарданаи бачадон 5,2 фоизи ҳамаи омосҳои занҳоро ташкил медиҳад, беморӣ бошад, 16,1 ҳодиса нисбат ба 100 ҳазор нафар аҳолии занонаро ташкил медиҳад. Скрининг, инчунин ҷорӣ намудани донишҳои гигиенӣ, тағйир додани қолабҳои муносибатҳои ҷимоӣ барои паст намудани хавфи беморшавӣ дорои аҳамияти аввалиндараҷа мебошад.
Саратони тухмдонҳо қариб 4,3.фоизи ҳамаи омосҳои бадсифати занҳоро ташкил дода, ҳамасола дар ҷаҳон 170 000 ҳолати гифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта мешавад, дар Федератсияи Россия омосҳои бадсифати тухмдонҳо 5,1 фоизро ташкил медиҳанд. Нишондиҳандаҳои баландтар дар Америкаи Шимолӣ ва дигар давлатҳои мутараққӣ ба назар мерасанд.
6) Вазъият дар ҷумҳурҳӣ
Таи даҳсолаи охир шумораи беморони гирифтори омосҳои бадсифат дар Тоҷикистон, чун дар тамоми ҷаҳон тамоюли босуръати болоравиро соҳиб шудааст. Ҳамзамон, 60-70 фоизи бемороне, ки ба муассисаҳои махсусгардонидашудаи саратоншиносӣ муроҷиат мекунанд, дар давраҳои ниҳоии беморӣ қарор доранд, ки ин омил ҳаёти онҳоро зери хатар мегузорад.
Имрӯзҳо шумораи бемороне, ки дар бадани онҳо омосҳои бадсифат пайдо мешаванд, ва ҷавоншавии доираи беморон хеле ташвишовар аст, илова ба ин тамоюли манфии зиёд шудани шаклҳои нодир ва агресивии морфологии саратон ба назар мерасад.
Агар дар соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал 2027 бемор ошкоршуда бошад, пас дар соли 2007 шумораи чунин беморон ба 2178 расид. Дар соли 2007 ба 100 ҳазор нафари аҳолӣ 104,8 ҳодисаи гирифторшавӣ ба омосҳои бадсифат рост омад. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9634 бемори гирифтори омоси бадсифати узвҳои гуногун ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 3900 нафар мардон ва 5734 нафар занҳо мебошанд. Аввалин маротиба дар соли 2008 беморони саратони ошкоршуда 2218 нафарро (22,9фоиз) ташкил доданд, ки аз онҳо 992 (41,57 фоиз) мардон ва 1296 (58,43 фоиз) занҳо мебошанд. Дар соли 2008 беморшавӣ аз миёни 100 ҳазор аҳолӣ 133,5 нафарро ташкил дод. Тибқи маълумоти омори расмӣ ба омосҳои бадсифат гирифторшавии занҳо аз мардон дида ба таври назаррас зиёд аст. Ҳамин тариқ, дар соли 2006 ин нишондиҳанда ба 33,1 ва 24,9 ҳодиса ба 100 ҳазор нафари аҳолӣ рост омада буд, дар соли 2007 бошад, мутаносибан ба 34,0 ва 27,0 ҳодиса дар байни 100 ҳазор нафари аҳолӣ баробар гардид.
Дар сохтори ба омосҳои бадсифат гирифторшавии аҳолии занонаи ҷумҳурӣ дар давоми даҳсолаи охир омосҳои бадсифат ғадуди ширӣ ва гарданаи бачадон мавқеи пешсафиро ишғол намудааст. Ҳамасола бештар аз 200 ҳодисаҳои гирифторшавӣ ба саратони ғадуди ширӣ ва 170 ҳодисаи саратони гарданаи бачадон ба қайд гирифта мешавад, ки фоизи онҳо дар зинаи II-III беморӣ қарор доранд.
Аз рӯи ба нозология тақсим намудани беморони бори аввал дар соли 2008 (2218 бемор) ошкоршуда нишон дод, ки дар таркиби ба бемории саратон гирифтор шудани аҳолӣ дар ҷои аввал омосҳои бадсифат ӣадуди ширӣ (281), дар ҷои дуюм саратони меъда (236), дар ҷои сеюм саратони гарданаи бачадон (226), дар ҷои чорум саратони пӯст (165), дар чои панҷум омосҳои бадсифати системаи лимфоидӣ ва хунфишон (156) ва дар ҷои шашум саратони шуш (122) қарор дорад.
Дар миёни беморони бори аввал дарёфтшуда аксариятро истиқоматкунадагони деҳот - 1451 (65,4 фоиз) нафар ташкил доданд, шаҳриён - 767 (34,6 фоиз) нафар мебошанд.
Таҳлили таркиби синну солӣ ва ҷинсии беморон нишон дод, ки аксарияти беморон (70 фоиз) ба гурӯҳи 45-65 сола ва болотар дохил мебошанд.
Таҳлили ба зинаҳо тақсим намудани беморони бори аввал ошкоршуда (2218 нафар) нишон дод, ки ҳиссаи зинаҳои I-II-и беморӣ дар соли 2008 аз 53,5 фоиз то 62 фоиз зиёд шудааст, зинаҳои III-IV-и беморӣ дар 38 фоизи беморон ошкор шудаанд. Ҳамагӣ 13 ҳодисаи беморӣ (0,5 фоиз) дар натиҷаи муоинаи пешгирикунанда ошкор карда шуданд.
Омӯзиши гирифторшавӣ ба омосҳои бадсифат вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ дар соли 2007 нишон дод, ки шумораи беморони бори аввал бо ташхиси тиббӣ муқарраршуда дар ВМКБ нисбатан бештар аст- 166 ҳодиса (75,7 ҳодиса нисбат ба 100 ҳазор нафари аҳолӣ) ва беморшавӣ 192,5 ҳодиса нисбат ба 100 ҳазор нафари аҳолиро ташкил дод. Соли 2007 дар вилояти Суӣд бори аввал 892 нафар бемор ошкор шуд, ки ба 42,2 ҳодиса нисбат ба 100 ҳазор нафари аҳолӣ рост омад, ҳамагӣ дар муассисаҳои муолиҷавию пешгирии вилоят 3655 беморон ба қайд гирифта шудаанд, ки 172,9 ҳодиса нисбат ба 100 ҳазор нафари аҳолиро ташкил медиҳад.
Соли 2007 дар шаҳри Душанбе дар беморони бори аввал ошкоршуда 299 нафарро ташкил доданд, ки 34,2 ҳодиса нисбат ба 100 ҳазор нафари аҳолӣ рост меояд. Шумораи беморони дар қайди муассисаҳои муолиҷавию пешгирии шаҳр қарордошта 946 нафар ё 141, 1 ҳодиса нисбат ба 100 ҳазор нафари аҳолиро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беморони бори аввал ошкоршуда 406 нафарро ташкил доданд, ки 25,6 ҳодиса нисбат ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ рост меояд. Соли 2007 ҳамагӣ дар НТҶ 1450 беморони саратон ба қайд гирифта шуда буданд, ки 91,4 ҳодиса нисбат ба 100 ҳазор нафари аҳолиро ташкил дода буд.
Омори саратоншиносии синну соли кӯдакон (то 14 сола) дар соли 2008 нишон дод, ки дар миёни кӯдакони бори аввал ошкоршуда (n=2218) ба бемории саратон гирифторшуда 60 нафар мебошанд (2,7 фоиз). Аз шумораи умумии аҳолии хурдсол-2.589.700 нафар, ба омосҳои бадсифат гирифторшавии кӯдакон дар ҷумҳурӣ 2,3 ҳодиса нисбат ба 100 ҳазор нафари аҳолиро ташкил дод. Дар таркиби бемориҳои саратони кӯдакон омосҳои системаҳои лимфоидӣ ва хунфшон, нефробластома, ретинобластома, омосҳои устухонҳо ва бофтаҳои нарм, омосҳои тухмдонҳои духтарон зиёдтар ба қайд гирифта шудаанд.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2007) дар сохтори сабабҳои фавти аҳолӣ омосҳои бадсифат (30,3 нисбат ба 100 ҳазор нафари аҳолӣ) пас аз бемориҳои системаи гардиши хун (222,9 нисбат ба 100 ҳазор нафари аҳолӣ) ва узвҳои нафаскашӣ (41,5 нисбат ба 100 ҳазор нафари аҳолӣ) дар ҷои сеюм қарор доранд.
Омӯзиши тағйирёбии фавти аҳолии ҷумҳурӣ аз омосҳои бадсифат дар солҳои 2000-2002 нишон медиҳад, ки он устуворона меафзояд. Ҳамин тариқ, агар дар соли 2000 аз саратон хамагӣ 1910 бемор фавтида бошад, ки 30,9 ҳодиса нисбат ба 100 ҳазор нафари аҳолӣ рост меояд, пас дар солҳои 2001-2002 ин нишондиҳанда мутаносибан 2005 бемор (31,8 ҳодиса нисбат ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ) ва 2161 нафарро (35,5 ҳодиса нисбат ба 100 ҳазор нафари аҳолӣ) ташкил дод. Ҳарчанд аз соли 2003 як андоза тамоюли пастравии нишондиҳандаҳои фавт мушоҳида шуда бошад ҳам, аммо тағйирёбии рақамҳо дар доираи 29,5 -30,331,7-32,1 ҳодиса нисбат ба 100 ҳазор нафари аҳолӣ мушоҳида мешуд. Дар соли 2008 ҳамагӣ 2170 бемор (22,5 фоиз) фавтид, ки аз ин миёна 918 нафар мардон ва 1189 нафар занон мебошанд.
Ҳамин тариқ, вазъи паҳн шудани саратон ва фавт аз ин беморӣ дар ҷумҳурӣ бағоят мураккаб боқӣ мемонад. Барҳам хӯрдани механизми назорати тиббӣ ва пешгирии бемориҳо дар ҷумҳурӣ, мавҷуд набудани имконяти муолиҷаи пурра, муштарак ва комплексӣ ба он мусоидат мекунад, ки беморони гирифтори омосҳои бадсифати узвҳои гуногун ба муассисаҳои тиббӣ хеле дер муроҷиат мекунанд.
3. Мушкилоти соҳаи саратоншиносӣ
1) Барои ташхиси ибтидоӣ ва саривақтии омосҳои бадсифат дар сатҳи пасти маърифатнокӣ оид ба саратон қарор доштани аҳолӣ, суст ба роҳ мондани корҳои маърифатӣ дар байни аҳолӣ, мавҷуд набудан ё заиф будани ҳушдории табибони шабакаи умумии тиббӣ нисбат ба бемории саратон, мавқеъ надоштани муоинаҳои пешгирӣ ва барномаҳои скринингӣ мушкилоти зиёдеро пеш меоварад.
2) Ӣайр аз ин, омосҳои бадсифат ҳамчун яке аз сабабҳои асосии фавт дар ҷумҳурӣ боқӣ мемонанд. Нишондиҳандаҳои фавт аз бемории саратон танҳо пас аз нишондиҳандаҳои фавт аз бемории дилу раг ва узвҳои нафаскашӣ қарор доранд. Бинобар мавҷуд набудани феҳристи ягонаи давлатии беморони саратон маълумоти омори расмӣ наметавонад ҳолати воқеиро инъикос намояд. Асоси маълумоти мавҷудаи омориро нишондиҳандаҳои муроҷиати беморон ба муассисаҳои махсусгардонидашудаи муолиҷавӣ ташкил медиҳад. Паст будани кори ташкилию методии муассисаҳои муолиҷавию пешгирии фаъолияти умумӣ, надонистани принсипҳои бақайдгирӣ ва баҳисобгирии беморони саратон, ба таври зарурӣ тайёр накардани мутахассисони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, баъди фавт барои фаҳмидани сабаби он ҷарроҳӣ ва муоина накардани ҷасадҳо сабабгори он мешавад, ки бисёр беморони гирифтори омосҳои бадсифат ба ҳисоб ногирифта мемонанд. Беш аз 60 фоизи беморон дар давраҳои ниҳоии беморӣ ошкор карда мешаванд. Масъалаҳои расонидани кӯмаки махсусгардонидашудаи босамари паллиативии ин қабил беморон, ки сифати ҳаёти онҳоро беҳтар менамоянд, ҳалли худро наёфтаанд.
3) То ҳанӯз расонидани кӯмаки паллиативӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар нашудааст. Ҳарчанд давлат ва ҷомеа муҳим будани ин масъаларо, ки он на танҳо мушкилоти тиббӣ, балки иҷтимоӣ низ дорад ва зарурати дар ҷумҳурӣ ташкил намудани хадамоти ёрии паллиативиро расман эътироф намудаанд, вале дар ин самт то ҳанӯз чораҳои мушаххас андешида нашудаанд. Ерии паллиативӣ ба қатори афзалиятҳои асосии рушди тандурустии Тоҷикистон дар солҳои наздик дохил карда нашудааст. Дар ҳуҷҷатҳои барномавӣ ва стратегӣ на масъалаҳои ёрии паллиативӣ ва на роҳҳои ҳалли онҳо зикр намешаванд. Бо вуҷуди дар ҷумҳурӣ амал намудани шабакаи васеи муассисаҳои муолиҷавию пешгирӣ дар ҳеҷ яки он шӯъбаи нигоҳубини паллиативии беморони зинаи ниҳоӣ ва хосписҳо вуҷуд надорад. Системаи ягонаи расонидани ёрии паллиативӣ ба беморони саратон дар низоми тандурустии ҷумҳурӣ вуҷуд надорад ва таҳия карда нашудааст.
Таҳқиқоти муштараки кормандони Маркази илмии саратоншиносӣ дар якҷоягӣ бо Хазинаи Сорос муайян намуд, ки монеаҳои асосии расонидани ёрии паллиативӣ дар ҷумҳурӣ ҳамон монеаҳое мебошанд, ки дар бисёр давалатҳои хориҷӣ ба мушоҳида мерасанд, аз ҷумла:
- ба қадри зарурӣ эътироф, арзёбӣ ва дастгирӣ наёфтани муҳимияти масъалаи мазкур аз ҷониби ходимони сиёсӣ ва сохторҳои давлатии алоқаманд;
- ба қадри кофӣ дастрас нашудани дорувории гурӯҳи опиоидҳо;
- номукаммал ё мавҷуд набудани системаи ягонаи расонидани ёрии паллиативӣ;
- мавҷуд набудани муассисаҳо, шӯъбаҳо ва хосписҳои махсусгардонидашуда;
- нарасидани иқтидори кадрии ба принсипҳои ёрии паллиативӣ омӯзонидашуда;
- мавҷуд набудани марказҳои таълимию методӣ ва амалӣ оид ба тайёр намудани мутахассисон дар ин самт;
- ба таври кофӣ ҷиҳозонида нашудан ва нарасидани таҷҳизот барои табобат ва нигоҳубин;
- нарасидани адабиёт ва маводи таълимиву методӣ;
- нарасидани имконият барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ;
- қолабҳои манфии фарҳангӣ.
4) Ҳолати инфрасохтори моддӣ ва бо техникаи муосири ташхисию муолиҷавӣ ва маводи таъиноти тиббӣ муҷаҳҳаз будани муассисаҳои махсусгардонидашудаи саратоншиносии ҷумҳурӣ ба худ диққати махсусро ҷалб менамояд. 90 фоизи ин таҷҳизот фарсуда ва кӯҳна шуда, қисми зиёди онҳо аз кор баромадаанд. Дар сармуассисаи саратоншиносии ҷумҳурӣ маммограф, ТК ва ТМР вуҷуд надоранд.
5) Барои бо шуоҳо муолиҷа намудани беморони саратон шӯъбаи махсусгардонидашуда танҳо дар МҶ ИС (шаҳри Душанбе) фаъолият мекунад, ки дар соли 2006 бо дастгирии Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи МАГАТЕ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бинобар дурии роҳ ва хароҷоти зиёди роҳкиро, барои беморони ВМКБ ва вилояти Суғд бо шуоҳо муолиҷа гирифтан мушкил аст. Вобаста ба ин талабот ба кушодани шӯъбаҳои муолиҷа бо шуоҳо дар ин вилоятҳо, муҷаҳҳаз кардани онҳо ва тайёр намудани мутахассисон оид ба бо шуоҳо табобати нурдармонӣ ба миён меояд. Маркази саратоншиносии ВМКБ дар ҳолати ҳузнангез қарор дошта, ба ягон талаботи санитарию зиддисӯхторӣ ҷавобгӯ нест.
6) Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ барои бо ёрии кимиё (химиотерапия) муолиҷа намудани беморони саратон шабакаи марказонидашудаи дорухонаҳо барои фурӯши доруҳои зурурӣ мавҷуд нест. Зарурати таҳияи дурнамои муолиҷа бо ёрии кимиё зимни тасдиқи рӯйхати воситаҳои асосии доруворӣ дар ин самт ба миён омадааст.
7) Ҳамаи беморони саратон пас аз муолиҷа бояд мавриди солимгардонии рӯҳӣ ва тиббӣ қарор гиранд, лекин дар басти воҳидҳои кори муассисаҳои саратоншиносӣ табибони равоншинос пешбинӣ нашудааст. Фаъолияти имрӯзаи сохтори Хадамоти давлатии ташхиси тиббии иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ беморони саратонро қонеъ намекунад. Пас аз ҷарроҳиҳои густурдаю омехта ё ҷой доштани аломатҳои такроршавӣ ва авҷ гирифтани беморӣ ба беморон гурӯҳи номуносиби маъюбиро муайян мекунанд.
8) Вобаста ба аз кор рафтани мутахассисон дар ҷумҳурӣ барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи саратоншиносӣ эқтиёҷ ба миён омадааст.
Ҳамин тариқ, вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ оид ба омосҳои бадсифат нишон медиҳад, ки пешгирӣ ва ташхиси ибтидоии саратон дар марҳилаи ҳозира аз мадди назар берун мондааст. Масъалаи табобати махсусгардонидашуда ва паллиативии ин гурӯҳи беморон то ба охир ҳалли худро наёфтааст.
Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тақсим намудани доираи ӯҳдадориҳо дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар системаи тандурустӣ вуҷуд надорад.
Барои таҳия ва қабул намудани Барномаи миллӣ оид ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории саратон дар ҷумҳурӣ зарурати ногузир ба миён омадааст, ки самтҳои афзалиятноки он омосҳои бадсифати ӣадудҳои ширӣ, меъда, гарданаи бачадон, пӯст, системаҳои лимфоидӣ ва хунфишон ва саратони шуш мебошанд.
4. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
Барномаи мазкур ба беҳтар намудани вазъи эпидемиологӣ аз рӯйи бемориҳои саратон дар мамлакат, паст намудани шумораи гирифторон ба ин беморӣ ва фавт аз он, сафарбарии захираҳои мавҷуда барои ташхиси ибтидоии бемориҳои саратон, мукаммал намудани ёрии махсусгардонидашудаи онкологӣ, аз ҷумла ёрии таъҷили ва паллиативӣ, таъмини дастрасии тамоми намудҳои табобат, мустаҳкам намудани замина моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ, тайёр намудани мутахассисони илмию амалӣ равона шудааст.
Вазифаҳои Барнома:
- баланд бардоштани сифати чорабиниҳои пешгирикунанда дар байни аҳолӣ, дар тамоми сатхҳои низоми тандурустӣ, дар ҳамкории зичи вазорату идораҳои манфиатдор, ки ба пастшавӣ ва пешгирии таъсири омилҳои хавфи таҳриккунандаи бемории саратон равона шудаанд;
- беҳтар намудани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ аз рӯи ташхиси пешакӣ дар сатҳи КАТС, соҳаи госпиталӣ бо роҳи фарогирии васеи аҳолӣ ба муоинаҳои пешгирӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои скринингӣ, ки ба принсипҳои тибби собиткунанда асос ёфтаанд;
- ноилшавӣ ба сифати беҳтар, дастрасӣ и такмили ёрии мукаммалгардонидашудаи саратоншиносӣ ба аҳолӣ бо назардошти ҷорӣ намудани технологияи муосир;
- беҳтар намудани сифати ёрии паллиативӣ ба беморони омосҳо бадсифатдошта дар сатҳи КАТС, шабакаи умумии табобатӣ, муассисаҳои махсусгардондашудаи онкологӣ ва дар хона.
5. Ташаккули Барнома ва ӯҳдадориҳо
Роҳбарии умумии Барномаро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳ мегардонад ва ба он ваколати ҳамоҳанг сохтани татбиқи Барнома аз рӯйи чорабиниҳое, ки иҷрои онҳо ба ваколати дигар вазорату идораҳо дохил мешаванд, дода шудааст.
Дар сатҳи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳамоқангсозии Барномаро муовинони раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки масъулони соҳа мебошанд, ба ӯҳда доранд. Муовинони ҳамоҳангсозон сардорони раёсатҳои (мудирони шӯъбаҳо) тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, сартабибони шаҳрӣ ва ноҳиявӣ мебошанд.
Барои амалӣ намудани Барномаи мазкур ҷалби вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҳтимоии аҳолӣ, маориф, рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, кумитаҳои занон, хифзи муҳити зист, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад.
Барои татбиқи самтҳои асосии стратегӣ дар ҷумҳурӣ муассисаҳои махсусгардонидашудаи саратоншиносӣ МҶ ИС ва 4 маркази саратоншиносии вилоятӣ, кафедраи саратоншиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ДТИБДКТТ мавҷуданд. Ӣайр аз ин, ҳуҷраҳои саратоншиносӣ, ташхисгоҳҳои ситологӣ, патоморфологӣ ва масуниятӣ, ҳуҷраҳои эндоскопӣ ва рентгенологӣ, 2 маммограф, таҷҳизоти ташхисӣ бо шуоҳо, фавқусадо (УЗИ), ТК, ТМР мавҷуданд.
Иҷрои Барнома дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ширкатҳои дорусозӣ амалӣ гардонида мешавад.
1) Сохтори соҳа ва ӯҳдадориҳо
Хадамоти саратоншиносӣ дар ҷумҳурӣ расонидани ёрии махсусгардонидашудаи тиббӣ ва диспансеризатсияи беморони гирифтори омосҳои бадсифатро таъмин мекунад. Дар фаъолияти худ он бо шабакаи табобати умумӣ зич алоқманд мебошад.
Хадамоти махсуси саратоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 муассисаи дорои 410 кат иборат аст.
МҶ ИС (235 кат) дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Маркази саратоншиносии вилояти Суғд (110 кат) шаҳри Хуҷанд;
Маркази саратоншиносии вилоятии Кӯлоб №1 (20 кат);
Маркази саратоншиносии вилоятии Қӯрғонтеппа №2 (20 кат);
Маркази саратоншиносии вилоятии Хоруғ (25 кат), шаҳри Хоруғ.
Ғайр аз ин дар марказҳои шаҳрию ноҳиявии саломатӣ ҳуҷраҳои саратоншиносӣ амал менамоянд ва муассисаҳои мазкур дорои воҳидҳои кории табиби саратоншинос мебошанд.
Ҳамагӣ ҳуҷраҳои саратоншиносӣ дар ҷумҳурӣ 75;
ш. Душанбе -11;
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 13;
Вилояти Хатлон, минтақаи Қӯрғонтеппа - 15;
Вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб - 10;
Вилояти Суғд - 18;
ВМКБ - 8
Кадрҳо: Ба хизмат 196 табиб фаро гирифта шудаанд, 72 фоиз мутахассисон дараҷаҳои гуногуни табибӣ доранд. Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ 80 табиб фаъолият менамоянд, дар вилояти Суғд дар хадамот - 35 табиб, вилояти Хатлон - 44, ВМКБ13, НТҶ - 13 ва шаҳри Душанбе -11 нафар кор мекунанд. Дар ҳуҷраҳои саратоншиносии марказии саломатии ноҳия табибоне кор мекунанд, ки курсҳои тайёрии махсуси саратоншиносиро нагузаштаанд.
2) Иқтидори илмии соҳа
Айни замон хадамоти саратоншиносии мамлакат дорои иқтидори кофии илмӣ, ки 4 профессор (доктори илми тиб) ва 19 номзади илми тиб, аз ин шумора 6 дотсент (номзадҳои илми тиб), ки бобҳои гуногуни саратоншиносиро муаррифӣ мекунанд, мебошад.
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ муассисаи асосии махсусгардонидашудаи табобатӣ буда, барои татбиқи Барномаи миллии пешгирӣ, ташхиси пешакӣ ва табобати омосҳои бадсифат иқтидори кофии кадрӣ ва техникӣ дорад. Дар ин муассиса 3 профессор, докторҳои илми тиб, 19 номзади илми тиб, ки 6 нафараи онҳо дотсент мебошанд, 10 унвонҷӯ ва 2 аспирант кор мекунанд. Иқтидории илмии кадрҳои Марказ 40,7 фоиз - ва дараҷанокии онҳо -25,58 фоизро ташкил медиҳад. Дар заминаи муассиса 4 кафедра -кафедраҳои саратоншиносӣ, рентгенология ва радиологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ДТИБКТТ амал менамояд.
Ёрии махсусгардонидашудаи онкогематологиро ба аҳолӣ Шӯъбаи гематологии Маркази миллии тиббӣ мерасонад (замима -сохтори хадамот).
3) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:
- такмили соҳаи саратоншиносиро мутобиқи Консепсияи ислоҳоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳамгироии соҳаи саратоншиносӣ бо кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ равона карда шудааст, ба роҳ монад;
- барои таъмини муассисаҳои махсусгардонидашудаи саратоншиносии кишвар бо доруҳои муолиҷаи кимиёӣ мусоидат намояд;
- ҷиҳати пурзӯр намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои махсусгардонидашудаи саратоншиносии кишвар, мусоидат намояд;
- азнавбақайдгирии таҷҳизоти ҳуҷраҳои эндоскопӣ ва рентгенологиро гузаронад;
- барои васеъ намудани шабакаи ташхисгоҳхои ситологӣ ва тайёр намудани мутахассисон-ситологҳо мусоидат намояд;
- ҷиҳати пурзӯр намудани ташхисгоҳҳои морфологӣ ва тайёр намудани мутахассисон-морфологҳо мусоидат намояд;
- системаи мониторинги доимиро дар рафти татбиқи Барнома ҷорӣ намояд;
- усулҳои нави ташхис ва муолиҷаи бемориҳои саратонро ба роҳ монад.
4) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:
- дар барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ масъалаҳои пешгирии омосҳои бадсифат ва тартиби тарзи ҳаёти солимро дохил намояд;
- дар барномаи таълимии мактабҳои олӣ масъалаҳои пешгирии омосҳои бадсифат ва тартиби тарзи ҳаёти солимро дохил намояд;
- бо мақсади пешгирии омосҳои бадсифат ҷиҳати гузаронидани муоинаи устодон ва донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ мусоидат намояд.
5) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:
- Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъолияти комиссияи махсуси беморони гирифтори омосҳои бадсифатро ба танзим дарорад.
6) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:
- ҳамасола дар нақшаи барномаҳои инвеститсионӣ ҷиҳати пешниҳод намудани лоиҳаҳо доир ба таҷдид ва таҷҳизонидани сохторҳо ва таҳқиқоти илмии соҳаи саратоншиносӣ мусоидат намояд.
7) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:
- барои парвариши навъҳои хушсифати сабзавоту меваҳо ва назорату маҳдуд намудани истифодаи пеститсидҳо, нитрат ва нитритҳо чораҳо андешад.
8) Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:
- дар байни занону духтарон оид ба зарурати пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани омосҳои бадсифат ташфиқот бурда, барои мунтазам аз муоинаи тиббӣ гузаронидани онҳо бо кормандони соҳаи тиб фаъолона ҳамкорӣ намояд.
9) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:
- ҳангоми воридоти технологияи тиббӣ ба ҷумҳурӣ ҷиҳати саривақт ба расмияти гумрукӣ даровардани он тибқи талаботи қонунгузорӣ мусоидат намояд.
10) Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:
- бозори дохилӣ ва воридоти маҳсулотро ҷиҳати сифатнокӣ мавҷудияти моддаҳои кансерогенӣ назорат намояд.
11) Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:
- ҳолати экологии кишварро вобаста ба омилҳои кансерогении муҳити зист назорат намояд.
- саривақт ба Вазорати тандурустӣ оид ба баландшавии миқдори моддаҳои аз ҷиҳати кансерогенӣ хавфноки муҳити зист иттилоот пешниҳод намояд.
12) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:
- ба Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он барои мунтазам пеш бурдани корҳои маърифатӣ оид ба пешгирии омосҳои бадсифат дар байни аҳолии кишвар мусоидат намояд.
13) Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ӯҳдадоранд:
- "Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати омосҳои бадсифат барои солҳои 2010-2015"-ро ҷорӣ намуда, маблағгузории чорабиниҳоро аз буҷети маҳаллӣ барои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, хусусан беморони дорои омосҳои бадсифат таъмин намоянд.
14) Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ассотсиатсияи саратоншиносон ӯҳдадоранд:
- манфиатҳои беморони гирифтори омосҳои бадсифатро ҳимоя намуда, дар доираи Барнома дар иқдомҳои башардӯстона иштирок намоянд.
Таҳияи системаи ҳамкориҳои байналмилалӣ
Бинобар вазъи бамиёномадаи вазнини таъминоти моддию техникӣ ва молиявӣ, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки татбиқи "Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати омосҳои бадсифат барои солҳои 2010-2015"-ро дар ҳамкории зич бо созмонҳои байналмилалӣ, бо назардошти тавсияҳои ТУТ ба нақша мегирад.
Дар назар аст, ки Барнома бо иштироки ТУТ, АБНА, Лоиҳаи ХОУП, Хазинаи Сорос, Хазинаи Огохон, Раёсати Туркия оид ба ҳамкорӣ ва рушд (ТИКА), Корпоратсияи Чин оид ба содирот ва воридоти таҷхизоти тиббӣ (МЕХЕКО), дар доираи кӯмакҳои башардӯстонаи ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ассотсиатсияи саратоншиносони ИДМ амалӣ гардонида мешавад.
6. Робита бо дигар Барномаҳо
- "Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010";
- "Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии репрдуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014";
Барномаи миллии пешгирии ВНМО/БНММ /Бемориҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд.
1) Стратегияи ҳамкориҳо оид ба пешгирии омосҳои бадсифат Стратегияи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ
Моҳи апрели соли 2005 дар ҷаласаи 58 Ассамблеяи байналмилалии тандурустҳ (форуми ҳарсолаи намояндагони давлатҳои аъзои ТУТ) масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди омосҳои бадсифат баррасӣ гардид.
2) Дар ҳуҷҷатҳо қайд гардидааст, ки фаъолият оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди омосҳои бадсифат, аксари вақт дар натиҷаи аз тарафи ҳукуматҳо ва Вазорати тандурустӣ дар сатҳи пасти афзалиятнокӣ қарор додани чунин бемориҳо, таъкиди сарфи зиёд барои табобат ва хароҷот вобаста ба гузаронидани он, инчунин номувозинатии барзиёди байни захираҳое, ки барои таҳқиқоти илмӣ оид ба омосҳои бадсифат ва захираҳое, ки барои пешгирҳ ва мубориза бар зидди ин беморӣ сарф мешаванд, боздошт мегарданд. Олати самараноки пур кардани ҷойи холӣ байни донишҳои назариявӣ ва фаъолияти амалӣ ҷиҳати расидан ба ин мақсад, ин мавҷуд будани барномаи миллии оқилона андешидашудаи мубориза бар зидди омосҳои бадсифат мебошад.
3) Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳамаи давлатҳои аъзоро даъват менамояд, ки дар таҳия ва пурзӯр намудани барномаҳои комплексии мубориза бар зидди омосҳои бадсифат, ки ба шароитҳои мушаххаси иҷтимоию иқтисодӣ, паст намудани беморшавӣ аз ин беморӣ ва фавт аз он, инчунин беҳтар намудани сатҳи зиндагии беморони омосҳои бадсифат ва оилаи онҳо, аз ҷумла, бо роҳи амалисозии системавӣ, давра ба давра ва бо асосҳои одилонаи стратегияи пешгирӣ, ошкорсозии барвақтӣ, ташхис, табобат, барқарорсозӣ ва кӯмаки паллиативии бо маълумоти воқеӣ асосёфта равона гардидааст ва таъсири амали чунин барномаҳоро арзёбӣ мекунад, бо ТУТ ҳамкорҳ намоянд.
4) ӯҳдадориҳои сиёсӣ
а) расонидани дастгирии техникӣ ба давлатҳои аъзо дар муайян намудани афзалиятҳои вобаста ба барномаи пешгирии омосҳои бадсифат, мубориза бар зидди он ва расонидани кӯмаки паллиативӣ;
б) дастгирӣ ва пурзӯр намудани механизмҳои ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ додани донишҳои техникӣ ва таҷриба оид ба пешгирии омосҳои бадсифат ва мубориза бар зидди он, инчунин назорати эпидемиологӣ, скрининг ва таҳқиқоти илмӣ;
в) ба давлатҳои аъзо, хусусан кишварҳои рӯ ба тараққӣ пешниҳод намудани ёрии машваратӣ оид ба таҳия ё пеш бурдани феҳристи миллии омосҳои бадсифат, ки дорои маълумот оид ба навъ ва маҳдудкунии омосҳои бадсифат мебошанд, инчунин тақсимшавии ҷуҷрофии онҳо;
г) бо давлатҳои аъзо хамкорҳ намудан дар фаъолият оид ба таъсиси пажӯҳишгоҳҳои миллии саратоншиносӣ;
д) Дастгирҳ ва мусоидат ба таҳқиқоти илмҳ оид ба арзёбии таъсирнокии ченакҳои кӯмаки тиббию санитарӣ, ки хароҷоти калонро талаб намекунанд, аз ҷиҳати арзиш дастрас мебошанд ва натиҷаҳои устуворро дар кишварҳои сатҳи даромадашон паст таъмин менамоянд;
е) мусоидат ба гузаронидани таҳқиқоти илмҳ оид ба таҳияи ваксинаи босамари зидди саратони гарданаи бачадон;
ж) мусоидат намудан ба таҳияи минбаъда ва васеъ намудани барномаи таҳқиқоти илмӣ дар АБОС ва дигар муассисаҳо, ки барои таҳияи сиёсати комплексӣ ва стратегияҳои мубориза бар зидди омосҳои бадсифат равона гардидаанд, инчунин мусоидат ва дастгирии барномаҳои техникҳ ва тиббӣ оид ба табобати омосҳои бадсифат.
5) Пешгирӣ
Пешгирӣ стратегияи дарозмӯҳлати мубориза бар зидди омосҳои бадсифат мебошад, ки аз нигоҳи иқтисодӣ мувофиқи мақсад ба ҳисоб меравад. Чорабиниҳои пешгирикунанда самаранокии дуҷониба доранд, зеро онҳо ба пешгирии дигар бемориҳои кӯҳнашуда, ки ташаккули онҳо ба ин омилҳо вобастаанд, низ мусоидат менамоянд.
6) Стратегияи ТУТ оид ба пешгирӣ:
а) дастгирҳ ва пурзӯр намудани механизмҳои ба кишварҳои рӯ ба тараққҳ додани донишҳои техникӣ ва таҷриба оид ба пешгирии омосҳои бадсифат ва мубориза бар зидди он, инчунин назорати эпидемиологӣ, скрининг ва таҳқиқоти илмӣ;
б) таъсис ва пурзӯр намудани инфрасохтори системаи тандурустӣ, алалхусус дар бахши захираҳои кадрии тандурустӣ бо мақсади созмон додани иқтидори муносиб ҷиҳати пурмаҳсул амалӣ намудани барномаи пешгирҳ ва мубориза бар зидди омосҳои бадсифат бо ворид намудани системаи феҳристи омосҳои бадсифат;
в) афзалияти баланд додан ба амалигардонӣ ва банақшагирии назорати омосҳои бадсифат дар байни гурӯҳҳои осебпазир, инчунин хешу табори бемор ва онҳое, ки зери таъсири дуру дароз ва пуршиддати моддаҳои кансерогенӣ қарор доштанд;
г) таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудан ба он намудҳои омосҳои бадсифате, ки яке аз сабабҳои онҳо таъсироте мебошанд ва онро бартараф кардан мумкин аст, махсусан таъсири моддаҳои кимиёвӣ ва дуди тамоку дар ҷойи корию муҳити зист, баъзе омилҳои сироятӣ, инчунин таъсири нурҳои ионӣ ва офтобҳ;
д) мусоидат намудан ба гузаронидани таҳқиқоти илмӣ оид ба самаранокии иқтисодии стратегияҳои гуногуни пешгирӣ ва пеш бурдани ҳисоботи омосҳои бадсифати гуногун;
е) мусоидат намудан ба гузаронидани таҳқиқоти илмҳ оид ба таҳияи ваксинаи босамари зидди саратони гарданаи бачадон;
ж) иштироки фаъолона барои амалҳ намудани барномаҳои комплексии ТУТ оид ба пурзӯр намудани саломатӣ ва пешгирӣ, ки ба нест кардани омилҳои осебпазири бемориҳои ҷайрисироятӣ, аз ҷумла омосҳои бадсифат нигаронида шудаанд, баррасии масъалаи ба имзо расонидан, қабулу тасдиқ намудан ва расман маъқул донистани конвенсияи ТУТ оид ба мубориза бар зидди тамоку ё ҳамроҳ шудан ба он.
7) Ташхиси ибтидоӣ
а) бо дастгирии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ беҳтар намудани дастрасӣ ба технологияҳои муносиб ҷиҳати ташхис ва табобати омосҳои бадсифат бо мақсади ташхис ва табобати барвақти бемориҳо, махсусан дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ;
б) мусоидат дар таҳияи тавсияҳо оид ба ташхиси ибтидоии омосҳои бадсифат, пеш аз ҳама ҷиҳати муайян намудани фарогирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ки бояд таҳти чунин ташхиси бемориҳои омоси бадсифат (масалан, омоси бадсифати пӯст, ковокии даҳон, гарданаи бачадон, ҷадуди ширӣ ва ҷадуди олоти таносул) қарор гиранд;
в) Паст намудани шумораи ҳолатҳои дерошкоркунии беморӣ ва таъмини табобати муносиб бо мақсади баланд бардоштан, зинда мондан, паст намудани фавт ва баланд бардоштани сифати зиндагӣ.
8) Табобат
а) Мусоидат ба таҳия ва муайян намудани сиёсат дар соҳаи мукаммал намудан ва нигоҳубини таҷҳизоти техникҳ барои ташхис ва табобати омосҳои бадсифат дар беморхонаҳо, ки хизматрасонии омосҳои бадсифат ва дигар хизматрасониҳои муносибро таъмин менамоянд;
б) омӯзиши тамоми имкониятҳои мавҷудаи таъмини васеи дастрасӣ, аз ҷумла бо воситаҳо ва мавҷудияти воситаҳои муолиҷаи кимиёӣ, махусусан дар кишварҳои рӯ ба тараққҳ барои табобати омосҳои бадсифате, ки бо ВНМО/БНММ алоқаманд мебошанд;
в) мусоидат ба таҳияи минбаъда ва васеъ намудани барномаи тадқиқоти илмӣ дар АБОС ва дигар муассисаҳо, ки барои таҳияи сиёсати комплексҳ ва стратегияҳои мубориза бар зидди омосҳои бадсифат равона гардидаанд, инчунин мусоидат ва дастгирии барномаҳои техникӣ ва тиббӣ оид ба табобати омосҳои бадсифат;
г) мусоидат намудан ба зарурати таҳқиқоти илмие, ки барои афзун намудани дониш оид ба гаронии рӯҳӣ ва сабабҳои пайдо шудани омосҳои бадсифат дар узвҳои одамон бо диққати афзалиятнок додан ба табобати омосҳои бадсифати гарданаи бачадон ва ковокии даҳон, ки дар шароити норасоии захираҳо васеъ паҳн гаштаанд ва бо ёрии чораҳои самараноки иқтисодӣ қобили табобат мебошанд.
9) Кӯмаки паллиативӣ
а) Мусоидат намудан ба истифодаи принсипҳои дастурдиҳандаи кӯмаки паллиативии беморони дорои омосҳои бадсифат бо назардошти ҷанбаҳои ахлоқӣ;
б) дар якҷоягҳ бо Шӯрои байналмилалӣ оид ба мубориза бо маводи нашъадор омӯхтани имконияти созмон додани механизми расонидани кӯмак барои табобат намудани бемориҳо ба воситаи бедардкунандаҳои опиоидӣ;
в) омӯзиши имконияти истифодаи механизмҳои муносиб, ҷиҳати маблаҷгузории бо ҳам мувофиқи барномаҳои пешгирии омоси бадсифат, мубориза бар зидди онҳо ва расонидани кӯмаки паллиативӣ, махусусан дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ;
г) дастгирии техникии давлатҳои аъзо барои муайян намудани афзалиятҳо нисбат ба барномаи пешгирии омосҳои бадсифат, мубориза бар зидди он ва расонидани кӯмаки паллиативӣ;
д) муайян намудани стандартҳои аз рӯи хароҷот минималии ба шароитҳои маҳал мутобиқ ҷиҳати табобати омосҳои бадсифат ва кӯмаки паллиативҳ, ки барои истифодаи Стратегияи ТУТ дар миқёси миллҳ оид ба таъмини дорувориҳои асосӣ, технологияҳо, воситаҳои ташхисӣ ва ваксинаҳо анҷом дода мешавад ва бо назардошти тавсияҳои вохӯрии дуюми умумиҷаҳонии ассотсиатсияи хосписҳои миллҳ ва кӯмаки паллиативӣ дар сатҳи олӣ (Сеул, соли 2005);
е) таъмини дастрасии истифодаи дорувориҳои бедардкунандаи опиоидҳ бо мақсадҳои тиббӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ, тавсияҳои ТУТ ва Шӯрои байналмилалӣ оид ба мубориза бо маводи нашъадор ва дар шароити таъмини системаи самараноки мониторинг ва назорат;
ж) омоси бадсифати паҳнгашта ҳолате мебошад, ки ҳангоми он имконияти эҳтимолии табобат вуҷуд дорад ё ба мӯҳлати бештар умри беморро дароз кардан мумкин аст (масалан, лейкемияи шадиди кӯдакон): расонидани кӯмаки тиббию санитарии мувофиқ бо мақсади баланд бардоштани миқдори зинда мондан, паст намудани миқдори фавт ва баланд бардоштаи сифати ҳаёт;
з) омосҳои бадсифат дар марҳилаҳои дершуда: фаъол намудани чораҳо оид ба бартараф намудани дардҳо ва дигар нишонаҳо, баланд бардоштани сифати ҳаёти бемор ва оилаи онҳо.
Сиёсат ва стратегияи Барномаи мазкур ба тавсияҳои ТУТ, таҷрибаи ҷаҳонӣ, вазъи эпидемиологҳ, ҳолатҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва хусусиятҳои миллии он, инчунин захираҳои мавҷудбуда асос меёбад.
7. Стратегияи Барнома
Дар назар дорад:
- тайёр намудани роҳбарони Барнома дар сатҳҳои гуногун ва муассисаҳои заминавӣ;
- таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тартиби ташкили муборизаро бо омосҳои бадсифат ва расонидани кӯмаки тиббиро ба беморони омоси бадсифат танзим менамояд;
- такмили ҳуҷҷатҳои бақайдгирию ҳисоботии давлатии соҳаи саратоншиносҳ ва таъсиси кансер-регистр;
- такмили барномаҳои тайёркунии тахассусҳ ва азнавтайёркунии мутахассисони соҳаи саратоншиносӣ ва радиологияи тиббҳ: табибон, кормандони миёнаи тиб ва донишҳӯён;
- таҳияи талаботи нави тахассусӣ оид ба саратоншиносӣ ва радиологияи тиббӣ барои табибон ва кормандони миёнаи тиб;
- таҳияи нақшаи назорат ва идораи бобҳои Барнома, ки пешгирии аввалия, дуюмдараҷа ва сеюмдараҷаи омосҳои бадсифатро дар бар мегирад;
- созмон додан ва васеъ намудани шабакаи ташхисгоҳҳои ситологӣ ҷиҳати ташхиси ибтидоии омосҳои бадсифат;
- истифода ва ворид намудани дастовардҳои навтарини илм дар соҳаи пешгирӣ, ташхиси ибтидоӣ ва табобати омосҳои бадсифат.
8. ӯҳдадориҳои сиёсӣ
Сиёсати Барнома аз омилҳои зеринро ба асос мегирад:
- тасдиқ ва дастгирии Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратон барои солҳои 2010-2015, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- созмон додани Кумитаи миллҳ оид ба Барнома;
- маблағгузории Барнома;
- созмон додан ва дастгирии системаи мониторинг ва арзёбии Барнома;
- ҳамгироҳ бо дигар барномаҳои миллии соҳаи тандурустҳ;
- ҳамкорҳ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷайридавлатӣ;
- дастгирии табақаҳои гуногуни аҳолҳ.
9. Системаи иттилоотӣ
Системаи иттилоотӣ Барномаро бо маълумоти оморӣ, ки барои идоракунӣ, мониторинг ва арзёбии иҷрои Барнома дар ҳама сатҳҳо зарур мебошанд, таъмин менамояд.
Принсипи асосии фаъолияти система дар тамоми қаламрави ҷумҳурҳ истифода бурдани ҳуҷҷатҳои ягонаи бақайдгирию ҳисоботиро оид ба саратоншиносҳ пешбинҳ менамояд:
- огоҳинома барои бемори бори аввал бо омосҳои бадсифат ба қайд гирифташуда - ф № 090/у;
- нусха аз варақаи тиббии бемори статсионарӣ - ф.№ 027-2/у;
- протокол дар бораи ОБ-и паҳнгашта (дар натиҷаи мӯҳлати табобати онро гузаронидан) Ф №027/2у;
- варақаи назорати диспансерҳ (онко)- ф №030-6/у;
- ҳисобот дар бораи контингенти беморони гирифтори омосҳои бадсифат - форма №35;
- ҳисобот оид ба омосҳои бадсифат - форма №7.
10. Тайёр намудани кормандон
Тайёрии заминавии кормандон дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, коллеҷҳои тиббҳ ва баъдан дар ДТИБКТТ амалӣ карда мешавад. Тайёрии баъдидипломии мутахассисон, такмили ихтисоси ҳам роҳбарони барномаро дар сатҳҳои гуногун ва ҳам мутобиқи консепсияи нави таълими табибони амалияи умумӣ, табибони оилавҳ, кормандони миёнаи тиббӣ, табибони дигар ихтисосхо, инчунин тайёрии махсуси табибон-лаборантҳо, табибон-рентгенологҳо, эндоскопистҳо, табибон-морфологҳо, ситологҳоро дар назар дорад.
Тайёрии кормандон аз рӯи азхудкунии методҳои муосири пешгирӣ, ташхис ва табобати омосҳои бадсифати ҷойгиршавии гуногун гузаронида мешавад. Кори омӯзишӣ оид ба усулҳои муайян намудани варами ҷойгиршавии беруна (пӯст, ӣадудуди ширҳ, гарданаки бачадон) ба нақша гирифта мешавад. Ӣайр аз ин тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва илмӣ барои ҷумҳурӣ дар асоси хамкорӣ дар доираи Ассотсиатсияи Шӯрои директорони Пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ ва марказҳои саратоншиносию рентген-радиологии давлатҳои аъзои ИДМ амалӣ карда мешавад.
11. Нақшаи татбиқи барнома
Вазифаи № 1 - Баланд бардоштани сифати чорабиниҳои пешгирикунанда дар байни аҳолӣ, дар тамоми сатҳҳои низоми тандурустҳ, ҳамкории зич бо вазорату идораҳои манфиатдор барои камшавҳ ва пешгирии таъсири омилҳои хавфи кансерогении бемории саратон.
1. Чорабиниҳо:
- таҳияи санадҳои меъёрии ба кам намудани истеъмоли тамоку ва машруботи спиртҳ равонашуда;
- муайян намудан, баҳисобгирҳ ва ба қайди давлатҳ гирифтани истеҳсолоти кансерогенҳ, муайян кардани номгӯйи кансерогенҳо ва воситаҳои хавфноки кансерогение, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд;
- иштирок дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи назорати маводи кансерогенӣ, ҷараён ва истеҳсоли онҳо,;
- иштирок дар таҳияи феҳристи давлатии шахсоне, ки бо соҳаҳои химия, физика, биология, радиатсия ва дигар намудҳои кансерогенҳ алоқаи касбҳ доранд;
- фаъолона муайян намудани оилаҳои бемориҳои саратони хусусияти ирсидошта, машварат ва назорати доимии онҳо (ташкили феҳристи онкогенетикӣ);
- таъмини барномаи ваксинатсияи зидди вирусҳои гепатити В, ВПО;
- чорабиниҳо оид ба корҳои маърифатии зиддисаратонҳ ва маърифатҳ дар байни аҳолҳ;
- ҷорӣ намудани силсилаи машӣулиятҳо оид ба пешгирии омосҳои бадсифат, ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар барномаҳои таълимии муассисаҳои тақсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбҳ;
- ба таври мунтазам гузаронидани намоиш ва гуфтугӯи мустақим дар васоити ахбори омма бо олимон ва табибони саратоншинос оид ба масъалаҳои пешгирҳ, ташхиси ибтидоӣ, табобат ва офияти (реабилитатсияи) омосҳои бадсифат;.
- омода намудани мавод оид ба масъалаҳои пешгирҳ ва ташхиси пешакии омосҳои бадсифат ва нашри мунтазами онҳо дар матбуоти даврӣ;
- дар якҷояги бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва намоиши филмҳои мустанад, мусоҳиба бо шахсони аз ин бемориҳо шифоёфта;
- нашри китобча ва дафтарчаҳои хотиравӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва ташхиси ибтидоии омосҳои бадсифат;
- ташвиқи мунтазами тарзи ҳаёти солим тавассути васоити ахбори омма;
Индикаторҳои арзёбӣ:
- то соли 2011 таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ба кам намудани истеъмоли тамоку ва машруботи спиртӣ равонашуда аз ӣониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- то соли 2011 амалӣ намудани бақайдгирии давлатии истеҳсолоти хавфи кансерогенидошта ва муайян кардани номгӯйи воситаҳои хавфноки кансерогении дар Тоҷикистон мавҷудбуда;
- то соли 2012 таҳия намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи назорати моддаҳои кансерогенӣ, ҷараён ва истеҳсоли онҳо,;
- то соли 2012 феҳристи шахсоне, ки бо моддаҳои химиявӣ ва дигар воситаҳои кансерогенӣ алоқаи касбӣ доранд ташкил карда мешавад;
- то соли 2013 феҳристи онкогенетикӣ ташкил карда мешавад;
- то соли 2013 бештар аз 70 фоизи аҳолӣ бар зидди гепатити В, ВПО ЭМ (ваксинатсия) карда мешавад;
- то соли 2012 бештар аз 70 фоизи аҳолӣ вобаста ба самтҳои инкишофи омилҳои хавфи омосҳи бадсифат (тамокукашӣ, алкогол, истеъмол, ирсӣ ва дигар) бо корҳои маърифатӣ фаро гирифта мешаванд;
- то соли 2011 ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ силсилаи машҷулиятҳо оид ба пешгирии омосҳои бадсифат ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим ворид карда мешаванд;
- тавассути телевизиону радио баромади саратоншиносон, ходимони илмӣ оид ба пешгирии омосҳои бадсифат мунтазам ташкил карда мешавад;
- дар матбуоти даврӣ масъалаҳои пешгирӣ ва ташхиси пешакии омосҳои бадсифат мунтазам инъикос карда мешаванд;
- то соли 2014 якҷоя бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филмҳои мустанад бо иштироки беморони аз омосҳои бадсифат шифоёфта таҳия карда мешаванд;
- ҳамасола китобчаҳо, буклет ва дафтарчаҳои хотиравӣ барои доираи васеи аҳолӣ оид ба пешгирҳ ва ташхиси пешакии омосҳои бадсифат нашр карда мешаванд;
- тавассути васоити ахбори омма тарзи ҳаёти солим мунтазам таргиб намуда мешавад.
Вазифаи №2. Беҳтар намудани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ оид ба ташхиси пешакии омосҳои бадсифат дар сатҳи КАТС, бахши госпиталии фарогирии васеи аҳолӣ бо муоинаи пешакӣ, таҳия ва татбиқи барномаҳои скринингӣ, ки ба усулҳои тибби собиткунанда асос ёфтаанд.
2. Чорабиниҳо
- таҳияи ҳуҷҷатҳои батартибдароранда оид ба гузаронидани скрининги мунтазами афзалиятноки (ҷадуди шир, меъда, гарданаки бачадон, пӯст, системаи хунофишон ва лимфавҳ, шуш) бо муайян намудани гурӯҳҳои синнусолӣ, даврияти муоина, таъминоти моддӣ ва ҷайра;
- ҷорҳ намудани низоми скрининги афзалиятноки омосҳои бадсифат дар сатҳи миллҳ;
- дар заминаи беморхонаҳои калони шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ташкил намудани марказҳои скринингии ташхисҳ бо таъмини таҷҳизоти зарурии лабораторӣ-техникии муоинаи васеъ (эндоскопия, флюрография, ситология);
- таъмини минтақаҳои ҷумҳурӣ бо маммографҳои муосир барои ташхиси пешакии саратони ҷадуди шир;
- васеъ намудани шабака ва такмили муҷаҳҳазгардонӣ, дастрасии лабораторияҳои ситологии ҷумҳурӣ;
- гузаронидани паспортизатсияи таҷҳизоти эндоскопӣ ва рентгенологии тамоми муассисаҳои тиббию профилактикии ҷумҳурӣ бо мақсади муайян намудани ҳолати техникҳ ва коршоямӣ;
- васеъ намудани шабакаҳои ташхисгоҳҳои патоморфологӣ, мустаҳкам намудан ва такмил додани таҷҳизот, таъмини дастрасии онҳо;
- таъмини мунтазами ташхисгоҳҳо бо реактивҳо барои гузаронидани тестҳои гирифтории ВПО;
- мустаҳкам намудани таъминоти моддию техникии муассисаҳои махсуси саратоншиносӣ оид ба ташхиси пешакии омосҳои бадсифат;
- ташкили барномаҳои таълимӣ барои кормандони КАТС, шабакаи умумии табобатӣ оид ба ташхиси пешакии омосҳои бадсифат;
- таҳия ва нашри дастурҳои методӣ барои кормандони КАТС, шабакаи умумии табобатӣ оид ба ташхиси пешакии омосҳои бадсифат;
- ташкили семинарҳо барои КАТС ва шабакаи умумии табобатӣ бо мақсади баланд бардоштани дараҷа ҳушёрӣ дар соҳаи саратоншиносӣ;
- табобати саривақтии омосҳои хушсифат ва бемориҳои пешазомосӣ;
- дар сатҳи миллҳ таъсис додани хазинаи маълумоти гурӯҳҳои мақсадноки бо скрининг фарогирифташуда;
- дар асосҳои ҳуқуқӣ ташкил намудани кансер-феҳрист;
- тайёр намудани мутахассисон - табибони ситолог ва морфолог, лаборантҳо.
Индикаторҳои арзёбҳ
- то соли 2011 ҳуҷҷатҳои батартибдароранда оид ба гузаронидани скрининги мунтазами афзалиятноки омосҳои бадсифат (ҷадуди шир, меъда, гарданаки бачадон, пӯст, шуш, системаҳои лимфа ва хунофар) бо муайян намудани гурӯҳҳои синнусолҳ, даврияти муоина, таъминоти моддӣ ва ҷайра таҳия мешаванд;
- то соли 2012 дар 2 ноҳияи таҷрибавӣ, то соли 2015 дар сатҳи миллҳ системаи скрининги мунтазами афзалиятноки омосҳои бадсифат ҷорӣ карда мешавад. То соли 2015 бештар аз 90 фоиз занҳои гурӯҳҳои мақсаднок аз муоинаи тестии маводи аз гарданаки бачадон гирифташуда гузаронида мешаванд, 70 фоиз занҳои синни 50-69 сола муоинаи скринингӣ гузаронида мешаванд (барои барномаҳои маммографҳ), бештар аз 70 фоиз мардҳои синни аз 40 калонтар муоинаи флюрографиро мегузаранд, наздики 50 фоиз нафарони бо маризии саратони шикам гирифтор аз муоинаи эндоскопӣ мегузаранд;
- то соли 2013 дар минтақаҳо, дар заминаи Беморхонаи клиникии шаҳрҳ ва Беморхонаи марказии ноҳиявҳ марказҳои скринингӣ ташкил карда мешаванд;
- то соли 2014 тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо маммографҳо барои гузаронидани скрининги саратони ҷадуди шир таъмин карда мешаванд;
- то соли 2014 дар тамоми муассисаҳои махсусгардонидашудаи онкологӣ, БКШ ва БМН-и калон лабораторияҳои ситологӣ фаъолият менамоянд;
- то соли 2011 паспортизатсияи таҷҳизоти эндоскопҳ ва рентгенологии муассисаҳои тиббию профилактикии ҷумҳурӣ бо мақсади муайян намудани ҳолати техникҳ ва коршоямии онҳо гузаронида мешаванд;
- то соли 2015 дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурҳ лабораторияҳои морфологҳ фаъолият менамоянд;
- лабораторияҳо оид ба муайян намудани ВПО мунтазам бо реактивҳо таъмин карда мешаванд;
- то соли 2014 МҶ ИС бо ТМР таъмин карда шудаанд, дар ҳамаи минтақаҳо лабораторияҳои иммунологҳ оид ба муайян намудани маркерҳо амал менамоянд;
- то соли 2011 беш аз 70 фоиз кормандони КАТС аз курсҳои такмили ихтисос аз рӯи ташхиси пешакии омосҳои бадсифат мегузаранд.
- ҳамасола дастурҳои методҳ барои кормандони КАТС оид ба ташхиси пешакии омосҳо нашр карда мешаванд;
- ҳамасола дар тамоми марказҳои тибби оилавҳ семинарҳо оид ба пешгирҳ ва ташхиси пешакии омосҳои бадсифат гузаронида мешаванд;
- то соли 2015 бештар аз 80 фоиз беморони гирифтори бемориҳои омосҳои хушсифат ва пешазомосҳ табобати саривақтии босифат мегиранд;
- то соли 2015 дар сатҳи миллҳ базаи маълумоти гурӯҳҳои мақсадноки аҳолии бо скрининг фарогирифташуда ташкил карда мешаванд;
- то соли 2015 кансер-феҳристи дар заминаи ҳуқуқӣ амалкунанда ташкил карда мешавад.
Вазифаи 3. Ноил шудан ба сифати хуб, дастрасӣ ва такомули расонидани ёрии махсусгардонидашудаи саратоншиносҳ ба аҳолӣ бо назардошти ҷорӣ намудани технологияи муосир.
3. Чорабиниҳо
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии батартибдарорандаи низоми ташкили мубориза бар зидди саратон ва расонидани ёрии тиббӣ ба беморони гирифтори омосҳои бадсифат;
- таҳияи протоколҳои табобати омосҳои бадсифати афзалиятнок бо назардошти зинаи афзоиш ва сохтори морфологҳ;
- таҳияи асосҳои равона намудани беморон барои табобат;
- таҳия ва ҷорӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни табобати беморони гирифтори омосҳои бадсифат;
- таъсиси Кумитаи этикӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни табобати саратон;
- такмили таъминоти моддии техникии марказҳои махсусгардонидашуда бо таҷҳизоти табобатӣ;
- таъмини дастрасии муолиҷаи шуоӣ барои аҳолии вилояти Суғд ва ВМКБ;
- таъминоти муассисаҳои махсусгардонидашудаи саратоншиносӣ бо дорувории химиявӣ;
- ҷорҳ намудани усулҳои нави табобат дар муассисаҳои махсусгардонидашуда;
- такмили барномаи тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси табибон, кормандони миёнаи тиббӣ ва донишҳӯён оид ба саратоншиносӣ ва радиология;
- таҳияи талаботи нави ихтисосӣ оид ба саратоншиносӣ ва радиологияи тиббӣ барои аттестатсияи табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ;
- ҷорӣ намудани дахолатҳои таъҷилии васеъ ва муштарак дар шароити марказҳои саратоншиносии вилоятӣ;
- баланд бардоштани сифати расонидани ёрии махсусгардонидашудаи саратоншиносӣ;
- тайёр намудани мутахассисони соҳаи саратоншиносҳ: ҷарроҳи саратоншинос, радиолог, химиотерапевт барои марказҳои махсусгардонидашудаи вилоятӣ;
- тадқиқоти илмӣ оид ба ҷиҳатҳои гуногуни табобати омосҳои бадсифат;
- гузаронидани конференсияҳои илмӣ ва форумҳо;
Индикаторҳои арзёбӣ
- то соли 2010 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки низоми ташкили мубориза бар зидди омосҳои бадсифат ва расонидани ёрии тиббиро ба беморони гирифтори омосҳои бадсифат ба тартиб медароранд, таҳия карда мешаванд;
- то соли 2010 протоколҳои табобати омосҳои бадсифат афзалиятнок таҳия карда мешаванд;
- то соли 2010 присипҳои равона намудани беморони гирифтори омосҳои бадсифат барои табобат таҳия карда мешаванд;
- то соли 2011 санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷанбаҳои гуногуни табобати омосҳои бадсифат таҳия карда мешаванд;
- то соли 2011 Кумитаи этикҳ ташкил карда мешавад;
- то соли 2015 бинои ҷарроҳии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ба истифода дода мешавад;
- то соли 2015 дар вилояти Суҷд ва ВМКБ шӯъбаи терапияи шуоӣ фаъолият менамояд;
- то соли 2012 дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дорухонаҳои марказонидашудаи фурӯши дорувориҳо барои муолиҷаи кимиёӣ фаъолият мекунанд;
- то соли 2013 дар муассисаҳои махсусгардонидашуда усулҳои нави табобат ҳорҳ карда мешаванд;
- то соли 2013 барномаи тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи саратоншиносҳ таҳдиди назар шуда, мукаммал гардонида мешавад;
- то соли 2012 талаботи нави ихтисосҳ оид ба саратоншиносҳ ва радиологияи тиббӣ барои аттестатсияи табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ таҳия карда мешавад;
- то соли 2014 табибони саратоншиноси марказҳои вилоятҳ техникаи иҷрои амалиёти таъҷилии муштарак ва маҷмӯиро азхуд намуда, 3 маркази вилоятии саратоншиносӣ (Хатлон, ВМКБ, Суҷд) бо табибони маммолог, саратоншинос-гинеколог, ҷарроҳон, саратоншиносҳои торакоабдоминалӣ, онколог-радиолог ва химиятерапевтҳо таъмин мешаванд;
- то соли 2012 миқдори нуқсҳои (осложнения) баъдиҳарроҳӣ ва фавт ба ҳадди ақал расонида мешаванд, то соли 2015 нишондиҳандаҳои фавт аз омосҳои бадсифат то 20 фоиз кам карда шуда, бидуни дубора пайдо шудани омос зинда мондани одамон зиёд карда мешавад;
- то соли 2015 тамоми муассисаҳои махсусгардонидашуда бо кормандони касбҳ таъмин карда мешаванд;
- то соли 2015 4 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ ҳимоя карда мешаванд;
- дар соли 2010 анҷумани саратоншиносони давлатҳои ИДМ гузаронида шуда, дар соли 2013 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ гузаронида мешавад.
Вазифаи 4. Беҳтар намудани сифати расонидани ёрии паллиативҳ ба беморони гирифтори саратон дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарҳ, шабакаҳои умумии табобатҳ, муассисаҳои махсусгардонидашудаи саратоншиносӣ ва дар хона.
4. Чорабиниҳо
- таҳияи системаи ягонаи расонидани кӯмаки паллиативӣ ба беморони гирифтори саратон;
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқҳ оид ба расонидани кӯмаки паллиативҳ ба беморони гирифтори саратон;
- ташкили катҳои махсусгардонидашуда дар БМН, БКШ ё шӯъбаҳои кӯмаки паллиативҳ дар назди марказҳои саратоншиносӣ;
- такмили барномаи таълими системаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, хадамоти госпиталӣ оид ба кӯмаки паллиативҳ;
- таъмин намудани тайёрии касбии кормандони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ оид ба масъалаҳои кӯмаки паллиативҳ ва кам кардани дард ҳангоми бемории саратон;
- таъмин намудани тайёрии касбии кормандони шабакаҳои умумии табобатӣ оид ба рсонидани кӯмаки паллиативӣ;
- таъмини дастрасии расонидани кӯмаки паллиативӣ дар ҳамаи зинаҳои сохтори тандурустҳ;
- ташкили барномаҳои таълимӣ барои хешовандони беморони гирифтори саратон оид ба расонидани кӯмаки паллиативҳ;
- омода намудани мутахассисони кӯмаки паллиативҳ;
- таъмини дастрасии дорувории опиоидҳ барои бедардкунҳ;
Индикаторҳо:
- то соли 2011 шабакаи ягонаи кӯмаки паллиативӣ ба беморони гирифтори саратон таҳия мегардад;
- то соли 2011 санадҳои меъёрии ҳуқуқҳ оид ба кӯмаки паллиативҳ ба беморони гирифтори саратон таҳия мегарданд;
- то соли 2012 дар назди БМН ва БКШ катҳо барои расонидани кӯмаки паллиативҳ ташкил карда мешаванд ва дар назди МҶ ИС Шӯъбаи кӯмаки паллиативӣ кушода мешавад;
- то соли 2012 барномаи таълими шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, хадамоти госпиталҳ оид ба кӯмаки паллиативӣ аз сари нав дида ва такмил дода мешаванд;
- то соли 2013 бештар аз 70 фоиз тайёрии кормандони шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарҳ оид ба кӯмаки паллиативҳ таъмин карда мешавад;
- то соли 2014 бештар аз 50 фоиз кормандони шабакаҳои умумии табобатҳ омӯзиши кӯмаки паллиативиро мегузаранд;
- то соли 2014 дастрасӣ барои расонидани кӯмаки паллиативӣ таъмин карда мешавад;
- то соли 2014 хешовандони беморони гирифтори саратон бо принсипҳо ва малакаҳои расонидани ёрии паллиативӣ дар хона омӯзонида мешаванд;
- то соли 2015 мутахассисон оид ба расонидани ёрии паллиативҳ дар муассисаҳои махсусгардонидашудаи саратоншиносӣ, шабакаҳои умумии табобатӣ, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дар хона тайёр карда мешаванд;
- то соли 2015 дастрасии дорувории опиоидӣ барои беморони гирифтори саратон муҳайё карда мешавад;
- то соли 2014 зиёда аз 70 фоиз кормандони муассисаҳои КАТС оид ба принсип ва малакаҳои расонидани кӯмаки паллиативӣ омӯхта мешаванд.
- то соли 2013 дар назди марказҳои саломатии ноҳиявӣ ҳуҷраҳои терапияи зиддидардӣ барои беморони гирифтори омосҳои бадсифат фаъолият менамоянд.
12. Мониторинг ва арзёбии Барнома
Барои татбиқи бомуваффақияти Барномаи миллӣ арзёбии мунтазами он, ки ба асосҳои меъёрҳои арзёбии худҳ ҷараён ва ҳам натиҷаҳои он такя мекунад, ҳалкунанда мебошад. Воситаи аз ҳама сарфакоронаи арзёбии муҳимият ва қобилияти ҳаётӣ доштани барномаи мазкур метавонад лоиҳаи таҷрибавӣ бошад ва ҳама гуна норасоиҳои нақшаи барнома дар марҳилаи аввал ошкор шуда, метавонад бе қатъшавии ҷиддии фаъолияти мавҷуда дар соҳаи тандурустӣ ва ё хароҷоти иловагии захираҳои маҳдудбуда ислоӣ карда шаванд.
Мониторинг ва арзёбии тамоми қисматҳои Барномаи миллӣ аз рӯи нишондиҳандаи зерин амалӣ карда мешаванд: меъёрҳои арзёбии ҷараён, меъёрҳои арзёбии таъсир ва меъёрҳои арзёбии натиҷаҳо.
1) Мониторинг ва арзёбии вазифаҳо оид ба пешгирӣ
а) Меъёрҳои арзёбии ҷараён
- фарогирии васеи аҳолҳ бо маърифатнокҳ оид ба масъалаҳои хӯроки безарар, зарари тамокукашӣ, истеъмоли машруботи спиртӣ, дар бораи хавфи таъсири шуои офтоб;
- бештар аз 80 фоиз кормандони шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ иттилооти санитарию маърифатиро оид ба эмкунии зидди вируси гепатити В мегиранд;
- зиёда аз 2 чораи зидди машруботи спиртҳ ва зиёда аз 4 чораи қонунгузорӣ оид ба назорати тамоку дар ҳаёт татбиқ карда мешаванд.
б) Меъёрҳои арзёбии таъсир
- бештар аз 80 фоиз мактаббачагони аз 10 сола боло оид ба зарари тамокукашӣ, хатари бадмастӣ маълумот доранд;
- бештар аз 50 фоиз калонсолон оид ба алоқаи байни машрубот, тамокукашӣ ва бемории саратон огоҳанд.
в) Меъёрхои арзёбии натиҷаҳо
- бештар аз 30 фоизи калонсолон таҷйироти меъёри хӯрокро дар амал фаъолона татбиқ менамоянд, истифодаи машруботи спиртиро кам карданд ва ё аз тамокукашӣ даст кашиданд;
- камшавии теъдоди ошкор намудани бемориҳои системаи узвҳои дилу рагҳои хунгард, бемориҳои роҳҳои нафас, гепатити В ва ғайра;
- камшавии фавт аз бемории саратони шуш, пастшавии ҳодисаҳои беморшавии саратони ҷадуди ширӣ, меъда ва дигар намудҳо;
2) Мониторинг ва арзёбии вазифаҳо оид ба муайянсозии ибтидоии саратон
- арзёбии фарогирии аҳолӣ бо барномаи скрининг;
- муайян намудани ҳиссаи одамони гирифтори бемориҳои пешазомосӣ ё аз меъёр дуршаванда;
- муайян намудани ҳиссаи тамоми бемориҳои шакли муайяни саратон;
- мониторинги сифати техникии тестҳои скринингӣ ва воситаҳои дар скрининг истифодашаванда;
- арзёбӣ ва мониторинги тайёрии касбии кормандон;
3) Мониторинг ва арзёбии вазифаҳо оид ба табобати бемориҳои саратон
- таҳияи принсипҳои роҳбарикунанда ва стандартҳои табобати бемории саратон оид ба ҳар як намуди он;
- дастрасии дорувориҳо аз номгӯи воситаҳои асосии маводи дорувории ТУТ барои стифода ҳангоми муолиҷаи кимиёӣ;
- дастрасии муолиҷа бо шуоҳо;
- тайёрии касбии мутахассисони радиолог-саратоншинос, саратоншинос-терапевт, саратоншинос-ҷарроӣ ва техник-радиолог;
- ҳиссаи беморони саратон, ки табобати сиҳатшаванда мегиранд;
- беҳтаршавии коэффитсиенти 1-солаи зинда мондан;
- беҳтаршавии коэффитсиенти 5-солаи зинда мондан;
4) Мониторинг ва арзёбии вазифаҳо оид ба табобати паллиативии беморони гирифтори саратон
- таҳияи стратегияи миллӣ;
- дастрасии воситаҳои доруворӣ;
- тайёрии касбии саратоншиносон, кормандони шабакаи умумии табобатҳ, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ оид ба расонидани ёрии паллиативӣ ба беморон;
- самаранокии кӯмаки паллиативҳ дар марказҳои махсусгардонидашудаи саратоншиносӣ;
- самаранокии кӯмаки паллиативӣ дар беморхонаҳои минтақавҳ ва ноҳиявҳ;
- самаранокии кӯмаки паллиативӣ дар хонаҳо;
13. Тайёр намудани кадрҳо
Сафарбарии иҷтимоӣ
Мақсади сафарбарии иҷтимоҳ иштироки фаъолонаи беморони гирифтори саратон, хешовандони онҳо, саратоншиносон ва табибони дигар ихтисосҳо, кормандони кӯмаки аввалияи тиббию санитарҳ, кормандони зинаи миёнаи тиббӣ, ҳамчунин ташкилотҳои давлатҳ, ҷамъиятӣ, динӣ дар ҳалли масъалаҳои пешгирҳ, ташхис, табобат ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии беморони гирифтори саратон мебошад.
Стратегияи татбиқи сафарбарии иҷтимоӣ дар бар мегирад:
- таҳия ва нашри маводи методӣ оид ба бемории саратон барои кормандони соҳаи тиб, ходимони дин, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва истифодаи оммавҳ;
- таъмини иттилоотонии аҳолҳ оид ба бемориҳои саратонҳ тавассути ВАО;
- ҳамкории байнисоҳавҳ.
14. Тавсеаи иттилоот
Мушкилоти пешгирӣ ва ташхиси пешакӣ, табобати бемории саратон, ки ба таҷрибаи ҷаҳонӣ асос ёфтаанд, дар барномаҳои мунтазами телевизион ва радиои миллӣ, сӯҳбатҳо, овезаҳо, китобчаҳо ва нашрномаҳои даврӣ пешниҳод карда мешаванд.
15. Боби иқтисодӣ
Татбиқи Барнома дар ҳолати маблағгузории пурраи ҳамаи бобҳои он аз ҳисоби воситаҳои барои соҳаи тандурустӣ пешбинишуда ва дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ имкон дорад.
Маблағҳо ҳангоми татбиқи Барнома барои харидории воситаҳои техникӣ, таҷҳизоти ташхисию доруворӣ ва таҷҳизоте, ки барои ҳифзи манфиатҳои беморони гирифтори саратон, инчунин хароҷот барои нақлиёт оид ба гузаронидани корҳои табобатию пешгирикунанда, ташкилию методӣ, машваратҳ ва иттилоотӣ зарур мешаванд.
16. Буҷет
Барномаро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи воситаҳои барои соҳаи тандурустӣ пешбинишуда маблағгузорӣ менамоянд.
Барои рушди бомуваффақият ва татбиқи Барнома, ҷумҳурҳ ба кӯмаки молиявӣ ва техникии ТУТ, ташкилотҳои байналмилалии МАГАТЭ, Лоиҳаи ХОУП, "Дорусозон бидуни марз", сарҳад надоранд" Лоиҳаи ЗдравПлюс, Хазинаи Сорос, Хазинаи Оҷо Хон ва дигар ташкилотҳои байналмилалҳ ва фармасевтӣ эҳтиёҳ дорад.
Вазоратҳои дахлдор (Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳангоми таҳияи нақшаи муфассали татбиқи Барномаи мазкур буҷети хароҷоти онро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
Замима
ба Барномаи миллии пешгирӣ,
ташхис ва табобати бемориҳои саратон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015
Буҷети эҳтимолии амалигардонии Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратон барои солҳои 2010-2015
+----+--------------------------------+-----------+---------+--------ҷ
|№ | Номгӯи чорабиниҳо | Буҷет |Манбаи |Мӯҳлат |
| | | |Маблаҷ- | |
| | | |гузорӣ | |
+----+--------------------------------+-----------+---------+--------+
|1 | 2 | 3 | 4 | 5 |

| Вазифаи № 1 | |

|1.1.|Эмкунҳ вакцинатсия) аз вируси |5000 сом/ | Лоиҳаи |2010- |
| |папилломаи одам |сол | ХОУП |2015 |

|1.2.|Ташкил намудани муоинаи |15 сом/ҳар |Аз ҳисоби|2010- |
| |профилактикии аҳолии Ҷумҳурии |ним сола |корфармо |2015 |
| |Тоҷикистон | | | |

| Вазифаи № 2 |

|2.1.|Маммография (занони синну соли |30 сом/ҳар |Буҷети |2012- |
| |репродуктивӣ ва давраи |ним сола |ВТ ҶТ |2015 |
| |климактерӣ) | | | |

|2.2.|Ташхиси ситологии молишҳо аз |25 сом/як |Буҷети | 2012- |
| |гарданаки бачадон |нафар |ВТ ҶТ | 2015 |

|2.3.|Ташхиси эндоскопии меъда,роҳҳои |25-40 сом/ |Буҷети | 2012- |
| |нафаскашӣ, колпоскопия, |як нафар |ВТ ҶТ | 2015 |
| |систоскопия |дар сол | | |

|2.4.|Ташхиси иммуно-гистокимиёвии |80 сом/ |Буҷети | 2012- |
| |саратони гадуди ширӣ |нафар |ВТ ҶТ | 2014 |

|2.5.|Томографияи компютерӣ ё ин, ки | 120-140 |Буҷети | 2012- |
| |томографияи магнитию резонансҳ |сом/нафар |ВТ ҶТ | 2015 |

|2.6.|Ташкил намудани Канцер-регистр | 3000 сом |Буҷети | 2010 |
| | | |ВТ ҶТ | |

| Вазифаи № 3 |

|3.1.|Муносиб гардонидани табобати | 600 сом/ |Буҷети | 2010 |
| |нурй аз ҳисоби таҷҳизот ва | нафар |ВТ ҶТ | |
| |усулҳои нави табобати нурафшонӣ | | | |

|3.2.|Иваз намудани манбаи нурафшонӣ | 310800 сом| МАГАТЭ | 2010- |
| |дар таҷҳизоти нурафшонии Рокус | | | 2012 |
| |бо Со 60 | | | |

|3.3.|Муносиб гардонидани табобати |Аз 300- |Лоиҳаи | 2010- |
| |кимиётерапевтй аз ҳисоби |142080 |ХОУП | 2015 |
| |дорувории |сом/нафар |Хоффманн-| |
| |ҳозиразамона -Мабтера,Герсептин,| |ля-Рош, | |
| |Кселода, Гемзар, Иринотекан ва | |Буҷети | |
| |дигарҳо | |ВТ ҶТ | |

|3.4.|Таъмин намудани дорувории |Аз 300-4000|Лоиҳаи | 2010- |
| |зиддигармонӣ (тамоксифен, |сом/нафар |ХОУП | 2015 |
| |золадекс, | |Хоффманн-| |
| | | |ля-Рош, | |
| | | |Буҷети | |

|3.5.|Таъмин намудани дигар |Аз 350 то |Лоиҳаи | 2010- |
| |дорувориҳои ёрирасон барои |3000 сом |ХОУП | 2015 |
| |табобати беморони саратон | |Хоффманн-| |
| |(зомета, ифосфамид,нейпоген, | |ля-Рош, | |
| |эметрон,эритростим) | |Буҷети | |

|3.6.|Ҷори намудани усул ва намудҳои | 3500 сом/ |Буҷети | 2012- |
| |нави табобати бемориҳои саратон | |ВТ ҶТ | 2015 |
| |(эндовидеоҳаррохӣ, микроҷарроҳӣ)| | | |

|3.7.|Таёр намудани мутахасисон | 90000 сом/|Буҷети | 2012- |
| |(тахассуснокии аввалиндараҷа, | |ВТ ҶТ | 2015 |
| |такмили ихтисос, ординатураи | | | |
| |клиникӣ, аспирантура, | | | |
| |докторантура) | | | |

|3.8 |Таҳқиқотҳои илмӣ | 30000 |Буҷети | 2010- |
| | | сом/сол |ВТ ҶТ | 2015 |

| | Вазифаи № 4 | | | |

|4.1 |Ташкил намудани хосписҳо | |Хазинаи | 2010- |
| | | |Сорос | 2015 |

|4.2 |Таъмин намудани дорувории | |Буҷети | 2010- |
| |опиоидӣ ва ғайри опиоидии | |ВТ ҶТ | 2015 |
| |бедардкунанда | | | |

|4.3 |Патронажи беморони саратон дар |1500 сом/ |Буҷети | 2010- |
| |хона |сол |ВТ ҶТ | 2015 |