Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 № 587 "Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии пешгирӣ ташхис ва табобати бемориҳои саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии пешгирӣ ташхис ва табобати бемориҳои саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади паст намудани сатҳи гирифторшавӣ, маъюбшавӣ ва фавт аз бемориҳои саратон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратон барои солҳои 2010-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо маблаӣгузории Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи соҳаи тандурустӣ таъмин намоянд.

3) Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи мақсаду вазифаҳои пешбининамудаи Барномаи мазкур ҳамаи чораҳои заруриро андешанд.

4) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии татбиқи Барномаро таъмин намояд;

б) дар бораи натиҷаҳои татбиқи Барнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ахбор манзур намояд.

5) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои Барномаи мазкур Шӯрои ҳамоҳангсозӣ таъсис диҳанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 октябри соли 2009 № 587

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Национальной программы профилактики, диагностики и лечения онкологических заболеваний в Республике Таджикистан на 2010-2015 годы

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально- экономического развития Республики Таджикистан" с целью снижения темпов прироста заболеваемости, инвалидизации и смертности от онкологических заболеваний, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Национальную программу профилактики, диагностики и лечения онкологических заболеваний в Республике Таджикистан на 2010-2015 годы.

2) Министерству здравоохранения Республики Таджикистан, местным исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов в рамках предусмотренных средств финансирования сектора здравоохранения обеспечить выполнение настоящей Программы.

3) Министерствам и ведомствам, председателям ГорноБадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять все необходимые меры для реализации целей и задач, предусмотренных настоящей Программой.

4) Министерству здравоохранения Республики Таджикистан:

а) обеспечить координацию и техническую поддержку реализации Программы;

б) о результатах реализации Программы ежегодно информировать Правительство Республики Таджикистан.

5) Местным исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов создать Координационный совет по выполнению настоящей Программы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

от 31 октября 2009 года №587

 г. Душанбе