Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2009, № 727 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9

Мувофиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1) Ба банди 5 Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- калимаҳои "Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" сархати шашум ҳисобида шаванд;

- сархати ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".

2) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

28 октябри соли 2009 № 727