Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009 № 567 "Дар бораи масъалаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба Низомномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008 № 189 "Дар бораи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар фасли II сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин ва озод намудани ҳамоҳангсозони конвенсияҳои ҳифзи муҳити зист тибқи мансабҳои хизматӣ ва самти фаъолият пешниҳод манзур менамояд.";

- дар банди 4 фасли IV сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- дар доираи салоҳияти худ назорати фаъолияти филиали тоҷикистонии Маркази илмӣ-иттилоотии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устуворро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ менамояд.".

2) Дар Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008 № 189 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмунн зайл илова карда шавад:

"- Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ".

3) Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати иҷрои қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 октябри соли 2009 № 567

ш. Душанбе