Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009 № 566 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 172"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 172

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 172 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

а) дар боби 59:

- дар сархати дуюми банди 3 калимаи "истифодаи" ба калимаи "истихроҷи" иваз карда шавад;

- дар банди 5 сархати сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул тибқи Номгӯи замимаи 3 дар асоси захираҳои дар Баланси давлатии захираҳои маводи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда иҷозат дода мешавад.

Гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии канданиҳои фоиданоки маъмул аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин бе гирифтани иҷозатнома, вале дар асоси лоиҳаи бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда амалӣ карда мешавад. Барои анҷом додани чунин корҳо истифодабарандаи қаъри замин метавонад дар асоси шартнома ташкилотҳои дигари соҳавиро ҷалб намояд.";

- дар сархатҳои дуюм ва сеюми банди 7 калимаҳои "Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- банди 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда дар мӯҳлати як моҳ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди давлатии маълумоти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иҷозатномаи додашуда хабардор намуда, нусхаи бастаи пурраи ҳуҷҷатҳоро ба Фонди давлатии маълумоти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигаҳдорӣ месупорад.";

б) дар замимаи 2 Низомнома рақамҳои "14" ва "65" ба рақамҳои "13" ва "59" иваз карда шаванд;

в) ба Низомнома Замимаи 3 "Номгӯи канданиҳои фоиданоки маъмул" илова карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 октябри соли 2009 № 566

ш. Душанбе

Замимаи 3

ба бандҳои 3 ва 6 боби 59

Низомнома дар бораи хусусиятҳои

иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият

Номгӯи канданиҳои фоиданоки маъмул

1. Рег

2. Омехтаи регу шағал

3. Гил

4. Гилхок

5. Санги бинокорӣ

6. Регсанг

7. Бӯр

8. Квартсит

9. Доломит

10. Мергел

11. Оҳаксанг

12. Оҳаксанги ковок

13. Варақсанг

14. Аргиллитҳо ва алевролитҳо

15. Сангҳои магматикӣ, вулқонӣ ва метаморфӣ