ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҳифзи хок
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027)
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2023 № 2027)
Қонуни мазкур принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо мақсади оқилона ва эҳтиёткорона истифода бурдани хок, нигоҳ доштани сифат, ҳосилхезӣ ва ҳифзи онро аз падидаҳои манфӣ муайян карда, маҷмӯи муносибатҳои бо ҳифзи хок алоқамандро танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- хок - қабати болоии табиӣ ё дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва намудҳои дигари фаъолият тағйирёфтаи замин, ки аз моддаҳои минералӣ ва органикӣ, об, ҳаво, организмҳои хокӣ ва самараи фаъолияти ҳаёти онҳо иборат буда, хосияти ҳосилхезӣ, сохт ва хусусиятҳои дигари барои мавҷудияти набототу ҳайвонот ва ҳаёту фаъолияти инсон зарурро дорост ;
- ҳифзи хок - маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва тадбирҳои дигари оқилона истифода бурдани хок, инчунин аз харобшавӣ, таъсироти манфии табиӣ ва техногенӣ, пешгирӣ ва ҳифз кардани он;
- ҳолати хок - маҷмӯи нишондиҳандаҳое, ки таркиб, сохт ва хусусияти хокро ифода мекунанд;
- сифати хок - маҷмӯи хосиятҳои хок, ки ҷанбаҳо ва самаранокии аҳамияти хокро дар таъмини муҳити мусоид барои зисти инсон, наботот ва ҳайвонот муайян мекунанд;
- қабати ҳосилхези хок - қабати болоии хок, ки барои нумӯи наботот хосияти мусоидро дорост;
- хоки нодир - хоке, ки дар шароити беназири табиию иқлимӣ ташаккул ёфта, дорои аҳамияти махсуси ҳифзшавандаи табиӣ, илмӣ ва хусусиятҳои дигари арзишнок мебошад;
- хоке, ки ба он хатари аз байн рафтан таҳдид менамояд - хоке, ки аз хосиятҳои худ маҳрум мегардад ё ҳамчун объекти табиӣ аз байн меравад;
...