Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ
Мутобиқи моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Қоидаҳои замимагардидаи пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ тасдиқ карда шаванд.
2) Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намоянд.
3) Қоидаҳои хизматрасониҳои коммуналӣ, ки ҳамчун замимаи 9 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005 №209 "Дар бораи чорабиниҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" тасдиқ шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 октябри соли 2009 № 531
ш. Душанбе