Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи комплексии пешгирӣ ва мубориза бо зукоми парранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2012
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи комплексии пешгирӣ ва мубориза бо зукоми парранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2012 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, корхона ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бо мақсади татбиқи вазифаҳои пешбининамудаи Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2009 № 488
ш. Душанбе