Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 №172
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади ба танзим даровардани меъёри пардохт барои истифодаи иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Банди 28 боби 58 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 №172 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳон фаъолият (дар таҳрири нав)" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"28. Барои истифодаи иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ҳар семоҳа ба андозаи 2,5 фоиз аз даромади иҷозатномадор ба буҷети давлатӣ хироҷ ситонида мешавад.".
2) Қарори мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 августи соли 2009 № 472
ш. Душанбе