Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсис додани Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Экспедитсияи иктишофию геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ"
Мутобиқи моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои ҷустуҷӯӣ, ҷустуҷӯию арзёбӣ ва иктишофӣ, ҷиҳати истифодаи самараноки сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистбн қарор мекунад:
1) Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Экспедитсияи иктишофӣ геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ" таъсис дода шавад.
2) Маводи геологие, ки дар Фонди иттилоотии Корхонаи воҳиди давлатии "Ҷамаст" нигоҳ дошта мешаванд, тибқи тартиби муқарраргардида ба Фонди давлатии иттилоотию геологии қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шаванд.
3) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба тавозуни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани воситаҳои асосии дар ҷараёни омӯзиши геологӣ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии "Ҷамаст" истифодашаванда ва зуҳуроти сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ дар мӯҳлати як моҳ Комиссияи инвентаризатсионӣ таъсис диҳанд.
4) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои дар "Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015" ва барномаҳои соҳавӣ бо мақсади анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ, ҷустуҷӯию арзёбӣ ва ҷустуҷӯию геологӣ пешбинишударо ба инобат гиранд.
5) Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Экспедитсияи иктишофию геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ" дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи объектҳои сангҳои қиматбаҳои мавриди омӯзиши геологи қароргирандаро таъмин намояд.
6) Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Замимаи 3), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 617 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Экспедитсияи иктишофию геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ".
7) Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ лоиҳаи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Экспедитсияи иктишофию геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ"-ро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 июли соли 2009 № 437
ш. Душанбе