ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил
Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба нигоҳ доштан, истифода кардани молу мулки соҳибмулкони бинои бисёрхонагӣ, ки моликияти умумии ҳиссагии онҳо ба шумор меравад, танзим намуда, тартиби таъсис додан, идора кардан, салоҳият, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ширкати соҳибмулкони манзил ва аъзои онро ҳамчун ташкилоти ғайритиҷоратӣ муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- бинои бисёрхонагӣ - бинои аз ду ва ё зиёда аз ин хонадошта, ки ба қитъаи замини назди ҳамин бино ва иншоотҳои ба он вобастаи истифодаи умум баромадгоҳ дорад;
- манзили истиқоматӣ дар бинои бисёрхонагӣ (минбаъд - манзили истиқоматӣ) - қисмати муайяни таркибии бинои бисёрхонагӣ, ки дар намуди асл (натура) ҷудо карда, барои истифодаи мустақилона ба мақсади зист пешбинӣ шудааст;
- манзили ғайриистиқоматӣ дар бинои бисёрхонагӣ (минбаъдманзили ғайриистиқоматӣ) - қисмати муайяни таркибии бинои бисёрхонагӣ, ки дар намуди асл (натура) ҷудо карда, барои истифодаи мустақилона на ба мақсади зист пешбинӣ шудааст;
- молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ (минбаъд - молу мулки умумӣ) - қисматҳои маҷмааи бинои бисёрхонагӣ, ки барои хизматрасонӣ, истифода ва даромад ба манзил, ҳамчунин ба таъиноти онҳо зич алоқаманд, яъне иншоотҳои истифодабарии умум, ки барои хизмат расонидан ба бештар аз як манзил пешбинӣ шудаанд, аз он ҷумла конструксияҳои синҷ ва қисматкунанда, майдончаҳои зинапоявии байнихонагӣ, зинапояҳо, лифтҳо, чоҳи лифт, даҳлезҳо, ошёнаҳои техникӣ, таҳхона, болохонаҳо, бому болопӯшҳо, таҷҳизоти механикӣ, барқӣ, санитарию техникӣ ва дигар таҷҳизот, ки дар берун ва ё дохили хона ҷойгиранд, қисматҳои кабудизоркунию ободонӣ, роҳҳо, ҳавзҳо, дарахтони бисёрсола, майдончаҳо, гаражҳо ва дигар иншоотҳои хона, ки бо ҳам дар як қитъаи замини умумӣ муттаҳид шудаанд;
- қитъаи замини зери бино - қитъаи муайяни замине, ки дар он бинои бисёрхонагӣ сохта шуда ва барои ҷойгиронии он таъин гардида, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст;
- молу мулки истифодабариаш маҳдуд - қисми молу мулки умумӣ, ки дар сарҳади манзилҳо воқеъ гардидааст, ё аз ҷониби як ё якчанд соҳибмулкони манзилҳо истифода шуда, барои дигар соҳибмулкон дастнорас аст;
- соҳибмулки манзил дар бинои бисёрхонагӣ (минбаъд - соҳибмулки манзил) - шахси воқей ва ҳуқуқӣ, давлат, воҳиди марзию маъмурӣ, ки ба манзили истиқоматӣ ва ё ғайриистиқоматӣ ҳуқуқи моликият дошта, дар як вақт иштирокчии ҳуқуқи моликияти умумии ҳиссавй ба молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ мебошад;
- ҳиссаи иштирок - ҳиссаи ҳуқуқи соҳибмулки манзил дар моликияти умумии ҳиссавии молу мулки умумй, ки мутаносибан масоҳати умумии ба ӯ дар ҳуқуқи моликият тааллукдошта ба ҷамъи масоҳати тамоми манзилҳои соҳибмулкони хонаи бисёрхонагӣ, инчунин дар ҳолатҳои умумӣ иштирок дар хароҷоти умумӣ баробар аст;
...