Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Таснифи захираҳои конҳо ва манбаъҳои пешбинигардидаи канданиҳои фоиданок
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Таснифи замимагардидаи захираҳои конҳо ва манбаъҳои пешбинигардидаи канданиҳои фоиданок тасдиқ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 июли соли 2009 № 429
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 июли соли 2009 № 429
тасдиқ шудааст
Таснифи захираҳои конҳо ва манбаъҳои пешбинигардидаи канданиҳои фоиданок
1. Муқаррароти умумӣ
1) Таснифи захираҳои конҳо ва манбаъҳои пешбинигардидаи канданиҳои фоиданок мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ва банди 8 Низомномаи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007 № 656 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
2) Таснифи захираҳои конҳо ва манбаъҳои пешбинигардидаи канданиҳои фоиданок (минбаъд - Тасниф) принсипҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ягонаи таснифи конҳо, захираҳо ва манбаъҳои пешбинигардидаи канданиҳои фоиданоки сахтро муқаррар намуда, ба конҳои обҳои зеризаминӣ, нафт ва газ дахл надорад.
3) Объекти ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок кони (қисмати кони) канданиҳои фоиданок мебошад.
4) Объекти баҳодиҳии манбаъҳои пешбинигардидаи канданиҳои фоиданок минтақаҳои металлогенӣ (минерагенӣ), ҳавзаҳо, минтақаҳои маъданӣ, майдонҳо, зуҳуроти маъданӣ, қисмҳои жарфӣ ва атрофи конҳо мебошанд.
5) Захираҳои канданиҳои фоиданок аз рӯи натиҷаҳои корҳои иктишофи геологӣ ва истифодабарии онҳо, ки дар ҷараёни омӯзиш ва азхудкунии саноатии онҳо ба даст омадаанд, ҳисоб карда мешаванд.
6) Манбаъҳои пешбинигардидаи канданиҳои фоиданок дар асоси шароитҳои мусоиди геологӣ, монандии асосноккардашуда ба конҳои маълум, аз рӯи натиҷаҳои корҳои аксбардории геологӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ, баҳодиҳӣ ва ҷустуҷӯӣ арзёбӣ карда мешаванд.
7) Ҳисобкунӣ ва бақайдгирии захираҳои кон (ё қисми он), арзёбӣ ва бақайдгирии манбаъҳои пешбинигардидаи канданиҳои фоиданоки қисми қаъри замин ба ҳисоби воҳиди масса 6 ҳаҷм дар маҷмӯъ, бо дарназардошти нишондоди аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноккардашудаи кондитсияҳо, ки экспертизаи давлатӣ бе баҳисобгирии талафот ва ночизшавӣ ҳангоми истихроҷ, ғанигардонӣ ва коркарди канданиҳои фоиданок тасдиқ намудааст, амалӣ карда мешавад.
8) Ҳангоми муайянкунии захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок, захираҳои канданиҳои фоиданоки асосӣ ва бо онҳо дар якҷоягӣ ҷойгиршуда, ҳамчунин захираҳои қисмҳои асосӣ ва ҳамроҳ (металлҳо, минералҳо, унсурҳои химиявӣ ва пайвастагиҳои онҳо), ки мақсаднок будани қайди давлатии онҳо бо асосноккунии техникии иқтисодии кондитсияҳои ҳисоби захираҳо муайян гардидааст, ҳатман алоҳида ҳисоб ва ба қайд гирифта мешаванд.
9) Сифати канданиҳои фоиданок бо дарназардошти зарурияти истифодаи комплексии онҳо, технологияи коркард, талабот нисбат ба сифати канданиҳои фоиданок ва шароити техникӣ омӯхта мешавад. Ҳамзамон миқдори қисмҳои асосӣ ва ҳамроҳ, заҳрнок ва зараровар, шаклҳои ҷойгиршавӣ ва хусусиятҳои тақсимоти онҳо дар маҳсулоти ғанигардонидашуда ва коркардшуда муайян карда мешавад.
10) Ҳамаи захираҳои ошкоршуда ва аз нуқтаи назари иқтисодӣ баҳогузорӣ кардашудаи канданиҳои фоиданоке, ки миқдору сифат, аҳамияти хоҷагӣ, шароити коркарди техникии кӯҳӣ, гидрогеологӣ, экологӣ ва дигар шароити истихроҷу коркардашон аз экспертизаи давлатӣ гузашта аз тарафи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок тасдиқ шудааст, -ба қайди давлатӣ гарифта мешаванд.
11) Татбиқи Таснифи мазкурро нисбат ба намудҳои мушаххаси канданиҳои фоиданок ҳуҷҷатҳои меъёрию методие, ки бо тартиби муқарраршуда тасдиқ гардидаанд, муайян менамоянд.
2. Гурӯҳи конҳои канданиҳои фоиданок аз рӯи намудҳо ва ҳаҷми захираҳо
12) Гурӯҳи конҳои канданиҳои фоиданок (қисмҳои қаъри замин) аз рӯи намудҳо ва ҳаҷми захираҳо дар замима ба Таснифи мазкур оварда шудаанд (таснифҳои конҳои обҳои зеризаминӣ, нафту газ ва ангашт дар алоҳидагӣ пешниҳод карда мешаванд).
3. Гурӯҳи конҳои канданиҳои фоиданок аз рӯи мураккабии сохти геологӣ
13) Дараҷаи зарурӣ ва кофии иктишофи захираҳои канданиҳои фоиданоки сахт аз рӯи мураккабии сохти геологии конҳо (қисми қаъри замин) муайян гардида, бо ин хусусият ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
а) конҳои гурӯҳи 1-ум. Конҳои дорои сохти соддаи геологӣ, танаҳои маъдании андозаи калон ва ниҳоят калон, баъзан миёна бо ҷойгиршавии вайроннашуда ё кам вайроншуда, ки бо ғафсӣ ва сохтори дохилии устувор, сифати устувори кандании фоиданок ва тақсимоти баробари қисмҳои арзишнок тавсиф мешаванд. Ин хусусиятҳои конҳо дар рафти корҳои иктишофи геологӣ имконияти ҳисоби захираҳоро бо категорияҳои А, В ва С1 таъмин мекунанд;
б) конҳои гурӯҳи 2-юм. Конҳои дорои сохти геологии мураккаб, бо танаҳои маъдании андозаи калон ва миёна бо ҷойгиршавии вайроншуда, ки бо ғафсӣ ва сохтори дохилии ноустувор ва ё сифати тағйирёбандаи канданиҳои фоиданок ва тақсимоти нобаробари қисмҳои арзишноки асосӣ тавсиф мешаванд. Ба ин гурӯҳ ҳамчунин конҳои ангиштсанг, конҳои намак ва дигар намуди канданиҳои фоиданоки дорои сохтори геологии содда, вале бо шароити коркарди кӯҳию геологии мураккаб ва ё ниҳоят мураккаб дохил мешаванд. Ин хусусиятҳои конҳо дар рафти корҳои иктишофи геологӣ имконияти ҳисоби захираҳоро бо категорияҳои В, С1 ва С2 таъмин мекунанд;
в) конҳои гурӯҳи 3-юм. Конҳои дорои сохтори геологии бисёр мураккаб бо танаҳои маъдании андозаашон миёнаю хурд бо ҷойгиршавии сахт вайроншуда ва ё бо тағийрёбии шадиди ғафсӣ ва сохтори дохилӣ, сифати ниҳоят тағйирёбандаи кандании фоиданок ва тақсимоти бисёр нобаробари қисмҳои асосии арзишнок тавсиф мешаванд. Ин хусусиятҳои конҳо дар рафти корҳои иктишофи геологӣ имконияти ҳисоби захираҳоро бо категорияҳои С1 ва С2 таъмин мекунанд;
г) конҳои гурӯҳи 4-ум. Конҳои дорои танаҳои маъдании андозаашон хурд, баъзан миёна бо ҷойгиршавии ниҳоят вайроншуда ва ё бо тағйирёбии шадиди ғафсӣ ва сохтори дохилӣ, сифати ниҳоят тағйирёбандаи кандании фоиданок ва тақсимоти канда-кандаи лонашакли қисмҳои арзишнок тавсиф мешаванд. Ин хусусиятҳои конҳо дар рафти корҳои иктишофи геологӣ имконияти ҳисоби захираҳоро бо категорияҳои С2 таъмин мекунанд.
4. Гурӯҳи конҳои канданиҳои фоиданок вобаста ба дараҷаи омӯзиши онҳо
14) Конҳои канданиҳои фоиданок (қисми қаъри замин) аз рӯи дараҷаи омӯзишашон ба иктишофшуда ва баҳогузоришуда ҷудо карда мешаванд.
15) Конҳои канданиҳои фоиданок (қисми қаъри замин) иктишофшуда хисобида мешаванд, агар захираҳо ва сифати онҳо, хусусияти технологӣ, шароити гидрогеологӣ ва техникию кӯҳии коркардашон аз рӯи натиҷаҳои пармачоҳҳо ва ковишҳои кӯҳӣ ба дараҷае омӯхта шудаанд, ки барои асосноккунии техникиву иқтисодии азхудкунии саноатии онҳо кофӣ мебошад. Конҳои иктишофшуда мувофиқи дараҷаи омӯзишашон бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
а) захираҳо аз рӯи категорияҳои мансуб ба гурӯҳи дахлдори мураккаби сохти геологии конҳо ҳисоб карда шудаанд;
б) таркиби моддӣ ва хусусиятҳои технологии намуд ва навъҳои саноатии канданиҳои фоиданок бо дақиқии барои лоиҳакашии технологияи самараноки коркарди онҳо кофи омӯхта шудаанд;
в) захираҳои канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ ҷойгиршуда, аз ҷумла ҷинсҳои қабати болои маъдан ва обҳои зеризаминӣ, то дараҷаи муайян намудани миқдор ва самти истифодабарии онҳо ба таври кофӣ омӯхта ва баҳогузорӣ карда шудаанд;
г) шароити гидрогеологӣ, муҳандисию геологӣ, геокриологӣ, геологию кӯҳӣ ва дигар шароитҳои табиӣ ба таври дақиқ омӯхта шудаанд, ки барои тартиб додани лоиҳаи коркарди конҳо бо дарназардошти талаботи қонунгузории ҳифзи табиат ва бехатарии корҳои кӯҳӣ кофӣ мебошанд;
д) эътимоднокии маълумот оид ба сохти геологӣ, шароити ҷойгиршавӣ ва шакли танаҳои канданиҳои фоиданок, сифат ва миқдори захираҳо дар қитъаҳои барои ҳамаи кон хос дақиқ омӯхта шуда, тасдиқ гардидаанд;
е) нишондодҳои кондитсия барои ҳисоби захираҳо дар асоси ҳисобҳои техникии иқтисодӣ муайян карда шудаанд;
ж) масъалаҳои ҳифзи муҳити зист омӯхта шуда, самти истифодабарии партовҳои саноатӣ ё варианти муносиби захиракунӣ ва гӯркунии онҳо муайян карда шудаанд.
16) Конҳои канданиҳои фоиданок (қисми қаъри замин) баҳогузорӣ шуда ҳисобида мешаванд, агар захираҳо ва сифати онҳо, хусусияти технологӣ, шароити гидрогеологӣ ва техникию кӯҳии коркардашон то ба дараҷае омӯхта шудаанд, ки ба асоснокии мақсадноки иктишофу коркарди минбаъдаи онҳо имконият медиҳад. Конҳои баҳогузоришуда мувофиқи дараҷаи омӯзишашон бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
а) ҳама ё қисми калони захираҳо бо категорияи С2 ҳисоб карда шудаанд;
б) таркиби моддӣ ва хусусиятҳои технологии канданиҳои фоиданок то андозае, ки барои интихоби намунаи технологии коркарди кон ҷиҳати таъмини истифодаи оқилона ва комплексии канданиҳои фоиданок зарур аст, баҳогузорӣ карда шудаанд;
в) шароити гидрогеологӣ, муҳандисии геологӣ, геокриологӣ, геологию кӯҳӣ ва дигар шароитҳои табиӣ то андозае, ки барои тавсифи пешакии нишондиҳандаҳои асосии онҳо имконият медиҳанд, омӯхта шудаанд;
г) эътимоднокии маълумот оид ба сохти геологӣ, шароити хобиш ва шакли танаҳои канданиҳои фоиданок дар қитъаҳои дақиқ омӯхташуда тасдиқ карда шудаанд;
д) нишондиҳандаҳои кондитсия барои ҳисоби захираҳо дар асоси ҳисобҳои техникию иқтисодии вусъатёфта муайян карда шуда ё дар муқоиса бо конҳои дар шароитҳои монанди ҷуғрофӣ ва кӯҳию геологӣ мавҷудбуда қабул карда шудаанд;
е) таъсири эҳтимолии коркарди кон ба муҳити атроф баррасӣ ва арзёбӣ карда шудааст.
17) Таносуби оқилонаи категорияҳои гуногуни захираҳоро дар конҳои иктишофшуда ва баҳогузоришуда вобаста ба хусусиятҳои мушаххаси геологии кон, шароити маблағгузорӣ ва сохтмони корхонаи истихроҷи маъданро истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ муайян менамоянд.
5. Гурӯҳҳои захираҳои канданиҳои фоиданок аз рӯи аҳамияти иқтисодии онҳо
18) Захираҳои канданиҳои фоиданоки сахт ва қисмҳои фоиданоки таркиби онҳо, вобаста ба аҳамияти иқтисодиашон ба захираҳои тавозунӣ (иқтисодӣ) ва ғайритавозунӣ (эҳтимолии иқгисодӣ) ҷудо карда мешаванд, ки дар алоҳидагӣ ҳисоб ва ба қайд гирифта мешаванд.
19) Захираҳои тавозунӣ захираҳое мебошанд, ки дар лаҳзаи баҳодиҳӣ истихроҷи онҳо дар шароити рақобати бозорӣ мувофиқи ҳисобҳои техникию иқтисодӣ аз нигоҳи иқтисодӣ самаранок аст.
Баҳодиҳии захираҳои канданиҳои фоиданоки мансуб ба гурӯҳи тавозунӣ дар заминаи асосноккунии техникии иқгасодие, ки экспертизаи давлатӣ тасдиқ кардааст, амалӣ гардонида мешавад. Дар доираи баҳодиҳӣ бояд усулҳои самараноки истихроҷи конҳо пешбинӣ гардида, нишондодҳои кондитсия пешниҳод шаванд, ки истифодаи пурра ва комплексии захираҳоро таъмин менамоянд.
20) Захираҳои ғайритавозунӣ захираҳое мебошанд, ки:
а) истихроҷи онҳо дар лаҳзаи баҳодиҳӣ дар шароити рақобати бозорӣ тибқи ҳисобҳои техникию иқтисодӣ аз нигоҳи иқтисодӣ ғайрисамаранок (зараровар) буда, вале азхудкунии онҳо вобаста ба тағйирёбии нархи канданиҳои фоиданок, ба вуҷуд омадани бозори фурӯш ё технологияи нав аз нигоҳи иқтисодӣ фоидаовар мегарданд;
б) ба талаботи захираҳои тавозунй ҷавобгӯ мебошанд, вале истифодаи онҳо дар лаҳзаи баҳодиҳй бинобар сабаби ҷойгиршавиашон дар ҳудуди минтақаҳои ҳифзшавандаи об, маҳалҳои аҳолинишин, биноҳо, иншооти соҳаи кишоварзӣ, мамнӯъгоҳҳо, осорҳои табий, таърихӣ ва фарҳангӣ ғайриимкон аст.
Захираҳои ғайритавозунӣ ҳамон вақт ҳисоб ва ба қайд гирифта мешаванд, ки агар аз рӯи ҳисобҳои техникию иқтисодӣ имконияти истихроҷи минбаъдаи онҳо ё мувофиқи мақсад будани истихроҷи якҷоя, захиракунӣ ва нигоҳдориашон барои дар оянда истифодабарии минбаъда, муқаррар гардида бошад.
6. Категорияҳои заҳираҳо ва манбаъҳои пешбинигардидаи канданиҳои фоиданок
21) Захираҳои канданиҳои фоиданок вобаста ба дараҷаи иктишофашон ба категорияҳои А, В, Сг Сг ҷудо карда мешаванд.
22) Захираҳои категорияи А дар қитъаҳои дақиқ омӯхташудаи конҳои иктишоф ва коркардшавандаи гурӯҳи 1-уми мураккаби сохти геологӣ ҷудо карда мешаванд ва бояд ба талаботи асосии зерин ҷавобгӯ бошанд:
а) шакл, андоза ва тарзи хобиши танаҳои канданиҳои фоиданок муқаррар гардида, хусусият ва қонуниятҳои тағйирпазирии шакл ва сохтори дохилии онҳо омӯхта шудаанд, қитъаҳои ғайримаъданию бесифати дохили танаи канданиҳои фоиданок муайян ва тарҳкашӣ гардида, ҳангоми мавҷудияти тарқишҳо ҷойгиршавӣ ва амплитудаи ҷойивазкунии онҳо муайян карда шудаанд;
б) намудҳои табиии маъдан муайян карда шуда, намуд ва навъҳои саноатии (технологии) канданиҳои фоиданок тарҳкашӣ ва ҷудо карда шудаанд, таркиб ва хусусиятҳои онҳо муқаррар гардида, сифати онҳо аз рӯи андозаҳои пешбинигардидаи саноатӣ тавсиф карда шудаанд;
в) тақсимот ва шакли ҷойгиршавии компонентҳои арзишнок ва зарарнок дар минералҳо ва маҳсулоти коркард ва дигаргунсозии металлургии канданиҳои фоиданок омӯхта шудаанд;
г) тарҳи захираҳои канданиҳои фоиданок тибқи талаботи кондитсияҳо аз рӯи натиҷаҳои маҳакгириҳои дақиқи пармачоҳҳо ва ковишҳои кӯҳӣ муайян карда шудаанд.
23) Захираҳои категорияи В дар қитьаҳои дақиқ омӯхташудаи конҳои иктишоф ва коркардшавандаи гурӯҳи 1 ва 2-и мураккаби сохти геологӣ ҷудо карда мешаванд ва бояд ба талаботи асосии зерин ҷавобгӯ бошанд:
а) андоза, хусусиятҳои асосӣ ва тағйирпазирии шакл ва сохтори дохилӣ, харзи ҷойгиршавии танаҳои канданиҳои фоиданок, ҷойгиршавии қитьаҳои ғайримаъданӣ ва бесифати дохилӣ муайян - карда шуда, ҳангоми мавҷуд будани тарқишҳои калон ҷойгиршавӣ ва амплитудаи ҷойивазкунии онҳо муайян гардидаанд, дараҷаи эҳтимолияти рушди тарқишҳои амплитудааш хурд тавсиф карда шудаанд;
б) гуногунии табий муайян карда шуда, намудҳои саноатии (технологии) канданиҳои фоиданок ҷудо гардида, то ба қадри имкон тарҳкашӣ карда шудаанд, дар ҳолати ғайриимкон будани тархкашй конуниятҳои ҷойгиршавй ва таносуби микдории намудҳо ва навъҳои саноатии канданиҳои фоиданок муқаррар гардида, сифати онҳо, намуд ва навъҳои саноатии ҷудокардашудаи канданиҳои фоиданок аз рӯи тамоми андозаҳои кондитсияҳои пешбинигардида, муайян карда шудаанд;
в) шаклҳои минералии ҷойгиршавии қисмҳои фоиданоку зарарнок муайян карда шудаанд;
г) тархи захираҳои канданиҳои фоиданок мутобиқи талаботи кондитсияҳо вобаста ба натиҷаҳои маҳакгирии пармачоҳҳо ва ковишҳои кӯҳй бо дохилкунии минтақаҳои махдуди экстраполятсионӣ, ки аз рӯи натиҷаҳои корҳои геофизикию геохимиявй муайян карда шудаанд.
24) Захираҳои категорияи С1 қисми асосии захираҳои конҳои иктишофшавандаю коркардшавандаи мансуб ба гурӯҳҳои 1, 2 ва 3-и мураккаби сохти геологиро ташкил менамоянд ва бояд ба талаботи асосии зерин ҷавобгӯ бошанд:
а) андоза ва хусусиятҳои шакли танаҳои канданиҳои фоиданок, хусусиятҳои асосии тарзи ҷойгиршавӣ ва сохтори дохилии онҳо муайян карда шуда, тағйирёбӣ ва канда-кандашавии эҳтимолии танаҳои канданиҳои фоиданок ва барои конҳои қабатӣ ва конҳои сангҳои сохтмонй ва рӯйкаш бошад, ҳамчунин мавҷудияти майдонҳои вайроншавиҳои тектоникии амплитудааш хурд баҳогузорӣ карда шудааст;
б) гуногунии табиӣ ва навъҳои саноатии (технологии) канданиҳои фоиданок муайян карда шуда, қонуниятҳои умумии паҳншавии худудӣ ва таносуби микдории намуд ва навъҳои саноатии канданиҳои фоиданок, шаклҳои минералии мавҷудияти қисмҳои фоиданок ва зараровар муқаррар гардидаанд, сифати онҳо аз рӯи тамоми андозаҳои кондитсияҳо пешбинишуда тавсиф карда шудаанд;
в) тарҳи захираҳои канданиҳои фоиданок вобаста ба талаботи кондитсияҳо тибқи натиҷаҳои маҳакгирии пармачоҳҳо ва ковишҳои кӯҳӣ бо дарназардошти маълумоти тадқиқоти геофизикию геохимиявй муайян карда шудааст.
25) Захираҳои категорияи С2 ҳангоми икташофи конҳои мансуб ба ҳамаи гурӯҳҳои мураккаб ҷудо карда мешаванд ва барои конҳои геологии мансуб ба гурӯҳи муруккаби 4-ум бошад, қисми асосии захираҳоро ташкил намуда, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
а) андоза, шакл ва сохтори дохилии канданиҳои фоиданок ва тарзи ҷойгиршавии онҳо аз рӯи маълумоти геологӣ, геофизикӣ ва геохимиявӣ баҳогузорӣ карда шуда, дар натиҷаи кушодани канданиҳои фоиданок бо микдори махдуди пармачоҳҳо ва ковишҳои кӯҳӣ тасдиқ гардидаанд;
б) тарҳи захираҳои канданиҳои фоиданок мутобиқи талаботи кондитсияҳо дар асоси маҳакгирии микдори махдуди пармачоҳҳо, ковишҳои кӯҳӣ, падидаҳои табиӣ ва ё дар маҷмӯъ бо онҳо, ки ба интерполятсияи маълумоти геологӣ имконият медиҳанд, бо дарназардошти маълумоти тадқиқоти геофизикию геохимиявӣ ва пешбинии геологӣ муайян карда шудааст.
26) Захираҳои маъданҳои комплексӣ ва қисмҳои асосии таркиби онҳо бо категорияҳои ягона ҳисоб карда мешаванд. Захираҳои қисмҳои ҳамроҳ, ки аҳамияти саноатӣ доранд, дар тарҳи ҳисоби захираҳои асосӣ ҳисоб карда шуда, вобаста ба категорияҳо мувофиқи дараҷаи омӯзиши онҳо, хусусияти тақсимшавӣ ва шаклҳои ҷойгиршавиашон баҳогузорӣ карда мешаванд.
27) Дар конҳои коркардшаванда захираҳои канданиҳои фоиданоки кушодашуда, омодагардида ва барои истихроҷ тайёр ва ҳамчунин дар қабатҳои ҳифзкунанда, ковишҳои капитали кӯҳӣ ва тайёркунандаи кӯҳӣ дар алоҳидагӣ бо ҷудокунии онҳо ба гурӯҳҳо ва категорияҳо мутобиқи дарачаи омӯзиши геологии онҳо ҳисоб карда мешаванд.
28) Ҳангоми таснифи захираҳои канданиҳои фоиданок аз руи категорияҳо ба сифати нишондиҳандаи таснифоти иловагӣ бояд баҳогузории микдорӣ ва эҳтимолии аниқ ва эътимодноки муайянкунии андозаҳои асосии ҳисобот истифода бурда шаванд.
29) Манбаъҳои пешбинигардида вобаста ба дараҷаи асоснокиашон ба категорияҳои Р1 Р2, Р3 ҷудо карда мешаванд, ки дорои хусиятҳои зерин мебошанд:
а) манбаъҳои пешбинигардидаи категорияи Р1 имконияти васеъшавии сарҳадҳои паҳшлавии канданиҳои фоиданокро берун аз ҳудуди захираҳои категорияи С2 ё кашфи танаҳои нави маъдании канданиҳои фоиданокро дар зуҳуроти маъданӣ ва койҳои иктишофшудаю иктишофшаванда ба назар мегирад. Барои баҳогузории миқдори захираҳои ин категория намунаи асосноккардашудаи геологии ҳаҷм ва тарзи ҷойгиршавии танаҳои маъмул истифода бурда мешаванд. Баҳогузории захираҳо дар заминаи натиҷаҳои омӯзишҳои геологӣ, геофизикӣ ва геохимиявии мавзеъҳои эҳтимолии ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок, аз рӯи маводи пармачоҳҳои сохторию ҷустуҷӯи асос ёфта, нисбат ба конҳо бошад ба хусусиятҳои экстраполятсияи сохторӣ, литологӣ, стратиграфӣ ва дигар хусусиятҳоинисбатан омӯхташудаи қисми он, ки махдудкунии майдон ва чуқурии паҳншавии канданиҳои фоиданоки аҳамияти саноатӣ доштаро муқаррар менамояд, амалӣ гардонида мешавад;
б) манбаъҳои пешбинигардидаи категорияи Р2 имконияти дар ҳудуди ҳавза, минтақа, гиреҳ, майдони маъданӣ конҳои нави канданиҳои фоиданок, ки эҳтимолияти мавҷуд буданашон ба баҳогузории мусбии ҳангоми аксбардории калонмиқёси геологӣ ва корҳои ҷустуҷӯи ошкоршудаи зуҳуроти канданиҳои фоиданок, инчунин ҳолатҳои аномалияҳои геофизикию геохимиявие, ки хусусият ва ояндаи эҳтимолии онҳо тавассути ковиши кӯҳии ягона муқаррар гардидааст, ба инобат мегирад. Баҳодихии миқдории захираҳо, тасаввурот оид ба андозаи конҳои эҳтимолӣ, таркиби минералӣ ва сифати маъданҳои онҳо, дар муқоиса бо конҳои ҳамон шакли марҳилавӣ (генетикӣ) асос меёбад. Захираҳои пешбинигардида то жарфи айни замон ва дар ояндаи наздики вобаста ба сатҳи техникӣ ва технологияи коркарди конҳои дастрас, баҳогузорӣ карда мешаванд. Тағйирёбии эҳтимолии андозаҳои кондитсияҳо дар муқоиса бо конҳои монанд бояд ба таври дахлдор асоснок карда шавад;
в) манбаъҳои пешбинигардидаи категорияи Рз танҳо имконияти воқеии кашфи конҳои ин ё он намуди канданиҳои фоиданокро дар асоси заминаҳои мусоиди магматикй, стратиграфӣ, литологӣ, тектоникӣ ва палеогеографӣ, ки дар минтақаи санҷишӣ, ҳангоми омӯзиши минтақавии геологии миёна ва хурдмиқёси қаъри замин, тахдили аксҳои кайҳонӣ ва ҳамчунин тахдили натиҷаҳои тадқиқоти геофизикӣ ва геохимиявиро ба назар мегирад. Баҳогузории микдории захираҳои ин категория бидуни вобастагӣ ба объектҳои мушаххас аз рӯи нишондодҳои тахминӣ дар асоси муқоиса бо минтақаҳо, майдонҳо ва ҳавзаҳои нисбатан омухташудае, ки конҳои иктишофшудаи ҳамин шакли генетикй доранд, амалӣ гардонида мешавад.