Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2005 №137
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Сархати сеюми банди 20 Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2005 №137 тасдиқ карда шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Рутбаҳои махсуси аввалин ва навбатии ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда (аз ҷумла пеш аз мӯҳлат ё як зина боло) аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Рутбаҳои махсуси навбатии ҳайати миёнаи роҳбарикунанда то капитани милитсия, капитани хизмати дохилӣ аз тарафи сардорони раёсатҳои корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе дода мешавад. Мӯҳлати собиқаи хизмат дар рутбаҳои махсус аз рӯзи имзо шудани фармон оид ба додани рутба ҳисоб карда мёшавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 июли соли 2009 № 447
ш. Душанбе
аз 28 июли соли 2009 № 447
ш. Душанбе
...