Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009 № 427 "Оид ба тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат"

Санаи амалкуни: 06.03.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175)

Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175):

1) Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат ва бо мақсади таҳкими заминаҳои моддию техникӣ ва технологияи информатсионӣ бо истифода аз сарчашмаҳои иловагии молиявӣ ва ҷалби соҳибкорону эҳсонкорон тадбирҳои судманд андешанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 июли соли 2009 № 427

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 июли соли 2009 № 427

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175, аз 10.02.2016 № 66)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Низомномаи мазкур фаъолияти муассисаҳои махсусгардонидашударо барои хонандагони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Муассисаи таълимӣ) ба танзим медарорад.

2) Муассисаи таълимӣ таҳсили хонандагони болаёқатро вобаста ба равияҳои тахассусии интихобнамудаи онҳо таъмин менамояд, Ба муассисаҳои мазкур хонандагоне, ки қобилияти баланди зеҳнӣ, майлу рағбати махсус ба соҳаҳои муайяни асосҳои илму ҳунар, истеъдод ва хунари баланди эҷодӣ доранд, тариқи озмун қабул карда мешаванд.

3) Вазифаҳои асосии Муассисаи таълимӣ инҳоянд:

а) ташаккули ҳамаҷонибаи хонандагоне, ки қобилияти баланди зеҳнӣ доранд;

б) ошкор намудан ва инкишоф додани малакаи эҷодии хонандагон;

в) ташаккули ҷаҳонбинии устувори хонандагон дар асоси донишҳои амиқ ва ҳаматарафаи илмӣ;

г) таълими малакаи худомўзӣ ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ;

д) ташаккули заминаҳо барои интихоби бошууронаи касб;

е) ҷорӣ кардани таълими инкишофёбанда, таълими фардӣ ва тафриқавӣ, таъмини яклухтӣ ва муттасилии таҳсилот;

4) Муассисаи таълимӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

5) Муассисаи таълимӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, Низомномаи намунавии мазкур ва Оинномаи худ ба роҳ мемонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175).

6) Муассисаҳои таълимӣ ба равияҳои тахассусии зерин ҷудо мешаванд:

а) гуманитарию ҷамъиятӣ;

б) техникию технологӣ;

в) табиию риёзӣ;

г) бадеию эстетикӣ;

д) варзишӣ;

е) мусиқӣ ва ғайраҳо.

Гимназия ва литсейҳо дар доираи равияҳои худ ва ба ҳам наздик амал менамоянд. Муассисаи таълимӣ дорои имкони таъсиси якчанд равияҳои тахассусӣ мебошад.

7) Мақсади Муассисаи таълимӣ ҷалби хонандагони болаёқат барои аз худ кардани дастовардҳои навтарини илмию техникӣ, мукаммал ва васеъ омўхтани фаннҳои алоҳида, пурра ошноӣ пайдо кардан бо технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, ихтироъкорӣ, инчунин омодагии хонандагон ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад.

8) Усулҳои амалигардонии таҳсилот дар Муассисаи таълимӣ инҳоянд:

а) ташкили дарсҳои гурўҳӣ, факултативӣ, синфҳои касбӣ, семинар, конференсия, мизи мудаввар, озмун ва олимпиадаҳо;

б) ташкили сексияҳои фаннӣ, студияҳои эҷодӣ, клубҳои илмию ихтироъкорӣ ва гурўҳҳои таҳқиқотӣ;

9) Муассисаи таълимӣ амалӣ намудани мақсадҳои номбаршударо дар ҷараёни таълиму тарбия аз ҳисоби таъмини барномаҳои таълимӣ, илмию методӣ, инчунин иштироки мунтазами коллективҳои педагогӣ дар корҳои таҷрибавию озмоишӣ таъмин менамояд.

10) Муассиси Муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Муассиси муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шахсони алоҳида шуда метавонанд.

Муассисаи таълимӣ барои инкишофи ҳамаҷонибаи хонандагон заминаи хуби моддию техникӣ ва имконияти ба даст овардани дониши фаровонро муҳайё месозад.

Муассисаи таълимӣ дар назди падару модарон, аҳди ҷомеа ва мақомоти соҳаи маориф барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шахс ба гирифтани таҳсилот, интихоби шакли таълим мутобиқи хусусиятҳои синнусолӣ, равонию физиологии кўдакон, сифати таълим ва тарбия тибқи мақсад ва вазифаҳои бамиёнгузоштаи муассисаҳои мазкур, дар сатҳи баланд таъмин намудани таҳсилот аз рўи стандарти давлатии муайяншуда масъул аст.

11) Иҷозатномадиҳӣ, атгестатсия ва аккредитатеияи давлатии Муассисаи таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

2. Қабул ба Муассисаи таълимӣ

12) Ба Муассисаи таълимӣ хонандагон аз синфи 5 дар асоси озмун, аз рўи хулосаҳои ташхиси пурраи психологию тиббӣ, мутобиқати сатҳи умумии инкишофи зеҳнӣ ва қобилиятҳои махсус қабул карда мешаванд.

Озмун барои қабули хонандагон дар се давр гузаронида мешавад:

а) даври якум - тибқи ташхиси психологӣ;

б) даври дуюм - аз рўи натиҷаҳои имтиҳонҳои фанни забони модарӣ ва математика (хаттӣ);

в) даври сеюм - аз рўи натиҷаҳои имтиҳонҳои забони модарӣ ва адабиёт, таърих, забони хориҷӣ ва фанни равияи интихобшуда.

Ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва озмунҳои байналмилалӣ ба Муассисаи таълимӣ бе озмун қабул карда мешаванд.

13) Тартиби қабул, интиқол ва хатми хонандагон тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175).

14) Дар назди Муассисаи таълимӣ хобгоҳ таъсис дода мешавад. Хонандагоне, ки дур аз маҳали ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур зиндагӣ мекунанд, бо хобгоҳ ва хўроки севақга таъмин карда мешаванд.

15) Имтиҳонҳои гузариш ва хатм тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти  ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф гузаронида мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175).

16. Ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ - барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9), аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ - барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 (12) ва шаҳодатнома дар бораи касб (дараҷа, синф, гурўҳ), ки дар давоми таҳсил аз худ карда шудааст, бо нишон додани номи муассисаи таълимӣ дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175).

3. Фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ

17) Дар Муассисаи таълимӣ ҷараёни таълим аз рўи зинаи таҳсилоти асосӣ (мўҳлати таҳсил 5 сол) ва таҳсилоти миёнаи умумӣ (мўҳлати таҳсил 2 сол) тибқи нақшаю барномаҳои таълимии фардии тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботи асосии  Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд, амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175, аз 10.02.2016 № 66).

Дар сурати мавҷуд будани заминаи моддию техникӣ ва захираи кадрӣ таълим аз рўи зинаи аввал - ибтидоӣ (синфҳои 1-4) иҷозат дода мешавад.

Нақшаи таълимии Муассисаи таълимӣ аз маҷмўи фаннҳо ва курсҳои таҳсилоти ибтидоии касбии равияи интихобшуда иборат буда, ташаккули зеҳнӣ, ахлоқӣ ва касбии шахсро таъмин менамояд.

18) Таълим дар зинаҳои Муассисаи таълимӣ чунин ҷараён мегирад:

а) асоси стратегии зинаи аввали таълим дар муассисаҳои мазкур таълими инкишофӣ буда, барои бедор намудани қобилияти инфиродии хонандагон, ташаккули малакаи аввалияи эҷодӣ равона карда мешавад;

б) зинаи дуюми таълим барои таъмини таҳсилоти бунёдии универсалӣ, рушди маҳорату малакаҳои махсус аз рўи фаннҳои алоҳидаи равиявӣ дар асоси стратегияи пурзўр кардани мазмуни таҳсилот, корҳои мустақилона, низоми таълими инфиродӣ замина фароҳам меоварад;

в) зинаи сеюми таълим барои таъмини ҳамаҷонибаи таҳсилоти такягоҳӣ, таҳкими равияҳо, интихоби дурусти касб, муайян кардани тахассус ва аз худ кардани таҳсилоти муосир шароит фароҳам меорад.

19) Шумораи хонандагон дар синфхонаҳои Муассисаи таълимӣ вобаста ба шароити ташкили ҷараёни таълим 25 нафар муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми омўзиши забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони хориҷӣ, технологияи иттилоотӣ ва технология (таълими меҳнат), ҳамчунин дар вақти гузаронидани машғулиятҳои лаборатории фаннҳои тахассусӣ хонанд ба ду гурўҳ ҷудо карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175).

Бо мақсади омўзиши амиқ бо хоҳиши хонандагон гурўҳҳои омўзиши бардавом ташкил карда мешавад.

Барои машғулиятҳои инфиродӣ ба ин гурўҳҳо омўзгорони мактабҳои олӣ (олимони соҳавӣ), муаллимони навовару эҷодкор даъват карда мешаванд. Ба ин омўзгорон ба андозаи 0,25 сарборӣ (ставка) музди меҳнат муайян карда мешавад. Ҳаҷми умумии дарсҳои ба ин шакл муайянгардида набояд аз 1500 соат дар як сол зиёд бошад.

20) Ҷараёни таълиму тарбия дар Муассисаи таълимӣ бо дарназардошти вазъи саломатии хонандагон амалӣ карда мешавад. Ҳар сол хонандагон аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.

21) Омўзиши барномаҳои таълимии Муассисаи таълимӣ бо супоридани аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм ба анҷом мерасад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175).

Шароит ва тартиби гузаронидани аттестатсия дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассис (муассисон) муайян карда, дар Оиннома дарҷ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175, аз 10.02.2016 № 66).

4. Идораи Муассисаи таълимӣ

22) Идоракунии Муассисаи таълимӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Низомномаи мазкур амалӣ карда мешавад.

Мақоми худидоракунӣ дар Муассисаи таълимӣ Шўрои педагогӣ мебошад. Шўрои педагогӣ дар доираи вазифаҳое, ки дар Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудаанд, фаъолият менамояд.

Муассисаи таълимиро директор, ки онро муассис ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад, роҳбарӣ менамояд.

Вазифаҳои директор, муовинони директор ва дигар ҳайати кормандон дар Оинномаи Муассисаи таълимӣ дарҷ мегарданд.

5. Маблағгузорӣ ва таъмини ҳуқуқии фаъолияти Муассисаи таълимӣ

23) Маблағгузории Муассисаи таълимӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

24) Манбаъҳои маблағгузории Муассисаи таълимӣ аз маблағҳои ҷудокардаи Буҷети давлатӣ, грантҳо, маблағҳои ихтиёрӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла хизматрасонии пулакии таълим ва дигар намудҳои фаъолияте, ки қонунгузории амалкунанда пешбинӣ намудааст, иборат мебошад.

25) Музди меҳнати роҳбарон, омўзгорон, мураббиён ва дигар кормандони муассисаҳои мазкур дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

26) Ба маоши вазифавии директор 25 фоиз, ҷонишинони директор ва омўзгорони фанҳои равиявӣ 15 фоиз ва ба музди меҳнати дигар кормандон 10 фоиз иловапулӣ муқаррар карда мешавад.

27) Муассисаи таълимӣ шахси ҳуқуқии мустақил буда, дорои номи худ, мўҳр, суратҳисоб ва дигар ҳисобҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, мебошад.

6. Ҳамкории байналмилалии Муассисаи таълимӣ

28) Муассисаи таълимӣ ҳуқуқ дорад:

а) оид ба масъалаҳои таҳсилот, илм ва фарҳанг дар фаъолияти байналмилалӣ иштирок намоянд;

б) бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, фондҳои таҳсилотӣ ва дигар ташкилотҳои таҳсилотию илмии хориҷӣ дар бораи ҳамкорӣ, табодули муаллимон ва хонандагон созишнома банданд.

7. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Муассисаи таълимӣ

29) Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Муассисаи таълимӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.