Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175)
Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1) Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат ва бо мақсади таҳкими заминаҳои моддию техникӣ ва технологияи информатсионӣ бо истифода аз сарчашмаҳои иловагии молиявӣ ва ҷалби соҳибкорону эҳсонкорон тадбирҳои судманд андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 июли соли 2009 № 427
ш. Душанбе