Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, № 413 "Дар бораи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ"

Санаи амалкуни: 31.08.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 170, аз 3.05.2014 № 312, аз 2.12.2014 № 754, аз 29.12.2018 № 611, аз 31.08.2023 № 426)

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" ва бо мақсади беҳтар намудани кори тухмипарварию селексионӣ, такмили минбаъдаи истеҳсоли тухмии хушсифат, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Номгӯи хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва номгӯи зерташкилотҳои муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки бо тухмипарварии ибтидоии зироатҳои кишоварзӣ машғул мебошанд, мутобиқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

2) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолияти хоҷагиҳои бо тухмипарварии ибтидоӣ ва зиёдкунии тухмӣ машғулро ҷоннок намуда, барои дар истеҳсолот васеъ ҷорӣ намудани навъҳои минтақабоби зироатҳои кишоварзӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

3) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" ҷиҳати дастгирии давлатии соҳаи тухмипарварӣ чораҳои амалӣ андешанд.

4) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии заминсозӣ геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мӯҳлати 6 моҳ фаъолияти илмӣ-истеҳсолии хоҷагиҳои тухмипарвариеро, ки дорои шакли моликияти ҷамоавӣ, кооперативи истеҳсолӣ ва саҳомӣ мебошанд, ҳаматарафа таҳлил намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти минбаъдаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намоянд.

5) Қарори Ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007 № 314 "Дар бораи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон 

ш. Душанбе,

аз 28 июли соли 2009, № 413

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" декабри соли 2018, № 611

тасдиқ шудааст

Таҳрири нав (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2023 № 426)

Номгӯи хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ

Замима   (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2023 № 426)

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 июли соли 2009 № 413

тасдиқ шудааст

Номгӯи зерташкилотҳои муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки бо тухмипарварии ибтидоии зироатҳои кишоварзӣ машғул мебошанд

1) Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва зерташкилотҳои он (истеҳсол ва фурӯши тухмии хушсифати (аслӣ, элита ва репродуксионӣ) зироатҳои пахта, ғалладонагиҳо ва хӯроки чорво)

- Филиал дар вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

- филиал дар вилояти Хатлон, ноҳияи Бохтар

- Стансияи таҷрибавии "Панҷакент", шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

- Хоҷагии таҷрибавии "Зироаткор", ноҳияи Ҳисор

- Хоҷагии таҷрибавии ба номи Дзержинский, ноҳияи Ҳисор.

2) Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва зерташкилотҳои он (истеҳсол ва фурӯши тухмиихушсифати (аслӣ, элитӣ ва репродуксионӣ) зироатҳои сабзавотӣ, полезӣ ва картошка)

- Стансияи таҷрибавии "Файзобод", ноҳияи Файзобод

- Стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикӣ, ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон

- Хоҷагии таҷрибавии "Сунбула", ноҳияи Ҳисор

- Хоҷагии таҷрибавии "Мӯъминобод", ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон

- Хоҷагии таҷрибавии лимӯпарварӣ, ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон

- Пойгоҳи "Ҷиргатол", ноҳияи Ҷиргатол.