Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" барои солҳои 2010-2012
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин фароҳам овардани шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои ташаккули иҷтимоии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи "Ҷавонони Тоҷикистон"барои солҳои 2010-2012 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" барои солҳои 2010-2012 муқаррар карда шавад.
3. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи Барномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" барои солҳои 2010-2012 тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси Барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии ҷавононро таҳия намуда, маблағгузории онро дар сатри алоҳидаи буҷети маҳаллӣ пешбинӣ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июли соли 2009 № 372
ш. Душанбе