Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 9 Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекор, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004 № 170 тасдиқ шудааст, ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Нусхаҳои ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда бояд ҳатман дар парвандаҳои шахсии шаҳрвандони бекор нигоҳ дошта шаванд".
2. Ба Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи корҳои ҷамъиятӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 №93 тасдиқ шудаанд, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 9 калимаҳои "аз 3 то 6 моҳ" бо калимаҳои "аз 1 то 3 моҳ" иваз карда шаванд;
- дар банди 12 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- иштирок дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июли соли 2009 № 404
ш. Душанбе