Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 226, аз 20.08.2018 № 433)
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ташкили гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ ба зиммаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июли соли 2009 № 389
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ташкили гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ ба зиммаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июли соли 2009 № 389
ш. Душанбе