Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.03.2014 № 175, аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаҳои 8 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1) Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимии томактабӣ доранд, минбаъд фаъолияти онҳоро аз рӯи ҳамин Стандарт ба роҳ монанд .
3) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2009-2010 барномаи таълимии таҳсилоти томактабиро таҳия ва тасдиқ намуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июли соли 2009 № 388
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2009 № 388
тасдиқ шудааст
Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ ва зарурати қабули он
Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ (минбаъд Стандарти давлатӣ) санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, талаботи ягонаро барои таҳсилоти томактабӣ аз таваллуд то синни 7- солагӣ муқаррар менамояд.
Стандарти давлатӣ - маҷмӯи талабот оид ба хизматрасонӣ ва чорабиниҳои таълимӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ буда, аз тарафи давлат ва дигар субъектҳои манфиатдор (ҷамъиятҳо, шахсони инфиродӣ ва ғ.) пешкаш ва амалӣ карда мешавад.
Стандарти давлатӣ маҷмӯи мақсад, вазифаҳо ва мазмуни сатҳи таҳсилот, ҳаҷми ниҳоӣ ҳамчун таълими иловагӣ барои тарбиятгирандагон, сифати дониши онҳо, натиҷаҳои таълиму тарбия, намудҳои асосӣ, принсипҳо ва қоидаҳои назорати давлатии сифати таҳсилотро дар кишвар муайян мекунад.
Субъектҳои таълиму тарбия, аз ҷумла роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, мураббиён ва волидон вазифадоранд, ки иҷрои стандарти давлатӣ ва инкишофи кӯдакони синни томактабиро таъмин намоянд.
Стандарти давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, ҳадди ақали дониш, қобилият ва маҳорати тарбиягирандагон, инчунин сифати тарбия ва таълимро дар синну соли гуногун муайян менамояд.
Стандарти давлатӣ маҷмӯи меъёрҳои заруриест, ки дар барномаҳои гуногуни таълимии томактабӣ бо мақсади рушди таълиму тарбия ва инкишофи кӯдакон, тайёр намудани мутахассисони педагогӣ, инчунин баҳри такомули хизматрасонии таълимӣ барои кӯдакони синни томактабӣ, новобаста аз ҷинс, миллат, забон ва мақоми иҷтимоӣ истифода бурда мешавад.
Стандарти давлатӣ дар асоси эҳтиёҷи кӯдакон талаботи умумиро ба сатҳи меъёрҳои таҳсилоти томактабӣ, принсипҳои ташкили раванди таълим ва навъи муассисаҳои томактабӣ муайян менамояд.
Ба асоси Стандарти давлатӣ қисмҳои зерин дохил мешаванд:
- мафҳуми психологии синни кӯдакӣ ҳамчун марҳилаи инкишофи синнусолии кӯдак, ки таркибу динамикаи худро дорад;
- хислатномаи иҷтимоиву психологии синни бармаҳали кӯдакӣ, ҳамчун марҳилаи муҳими ҳаёти ӯ аз айёми таваллуд то 7-солагӣ.
Мафҳуми омодагии психологии кӯдаки 6-соларо ба мактаб ҷиҳатҳои зерин муайян менамоянд:
- омодагаи шахсӣ ҳамчун низоми ташаккулёфтаи мақсадҳо, рафтори ихтиёрӣ (озодона) ва тасаввуроти маънавӣ:
- омодагии иҷтимоиву психологӣ барои қабули нақши нави иҷтимоии хонанда;
- омодагии зеҳнӣ ҳамчун ташаккулёбии маҳорати ибтидоӣ дар соҳаи фаъолияти таълимӣ ва инкишофи идрок;
- омодагии физиологӣ- дараҷаи инкишофи системаҳои асосии функсионалии кӯдак;
- омодагии ирода- ташаккулёбии маҳорати банизомдарории рафтори худ дар фаъолияте, ки ба бартарафкунии монеаҳои дохиливу берунӣ алоқаманд аст.
I. Дар Стандарти давлатӣ истилоҳ ва муқаррароти зерин истифода шудаанд:
-мутобиқшавӣ - мутобиқгардонӣ, одат кардани организм ба шароитҳои нав;
-самтгирӣ- (ориентация) қобилияти дарки баъзе масъалаҳо ва муҳити атроф;
-инкишофи кӯдак - ҷараёни ташкилшуда ва тӯлонии таълим, ки дар давоми он кӯдак шаклҳои мураккаби ҳаракат, андешаронӣ, дарк намудан ва гуфтугӯ карданро азхуд менамояд;
-бозичаҳои омӯзишӣ- бозичаҳо (лӯхтакҳо, пирамидаҳо ва ғ.) барои инкишофи зеҳнӣ, сенсорӣ ва таълими кӯдакон;
-таълимоти инклюзивӣ- раванди ҳамгироӣ (интегратсия), ки дастрас будани таҳсил барои ҳама ва инкишофи таҳсилоти умумиро дар бар гирифта, ба талаботи гуногуни кӯдакон мутобиқ карда шудааст;
-барномаи таҳсилоти томактабӣ - барномае, ки мазмуни таълиму тарбияи томактабиро муайян менамояд;
-таҳсилоти томактабӣ- зинаи аввали системаи таҳсилоти муттасил барои кӯдакони хурдсол ва синни томактабӣ, ки маҷмӯи барномаҳои таълимии муттасили томактабӣ ва шабакаҳои муассисаҳои томактабии амалкунанда, гурӯҳҳои томактабӣ дар хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятим ва кӯдакони бепарастор, хонаҳои кӯдакон, синфҳои пешазмактабӣ, гурӯҳҳои томактабӣ дар ташкилотҳои беруназмактабиро дар бар мегирад;
-муассисаи томактабӣ - муассисаи таълимие, ки бо мақсади қонеъгардонии дархосту эҳтиёҷоти оила дар нигоҳубини кӯдак, инкишофи мутаносиби онҳо дар асоси арзишҳои умумимаърифатии миллӣ, тайёрии кӯдак ба зинаи аввали таҳсилоти миёнаи умумӣ, фароҳам овардани шароит барои волидон дар идомаи фаъолият ва таҳсил, иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ ташкил карда мешавад. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ, ҳифз ва мустаҳкам намудани саломатии ҷисмонию рӯҳӣ, инкишофи қобилияти фардӣ ва бартараф намудани норасоиҳои инкишофи кӯдакони ба ин эҳтиёҷмандро дар асоси барномаҳои умумӣ ё махсус амалӣ мегардонад;
-раванди педагогӣ- раванди таълиму тарбияи насли наврас бо мақсади тайёр намудани шахсони ҳаматарафа интикошёфта, ва бомаданияту соҳибмаърифат мебошад.
-таълиму тарбия чун раванди фаъолияти якҷояи педагогии калонсолон ва худинкишофёбии кӯдак дар натиҷаи кӯшишу ғайрати ӯ ва нақши роҳнамоии тарбия ба роҳ монда мешавад.
-нигоҳубин - гузаронидани амалиёти санитарию гигиенӣ ва солимгардонӣ, ғизои кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ, хонаҳои кӯдакон, мактаб-интернатҳо барои ятимон ва бепарасторон;
-қобилият - хусусиятҳои фардию психологии шахсият, ки шарти иҷрои бомуваффақияти ин ё он фаъолият пурмаҳсул ба ҳисоб меравад;
-гурӯҳҳои томактабӣ дар хонаҳои кӯдакон, мактаб-интернатҳо барои ятимон ва бепарасторон - гурӯҳҳое, ки назорат, нигоҳубин, таълиму тарбияи ятимони бепарастормондаи синну соли томактабиро таъмин менамоянд;
-омодагӣ ба мактаб - маҷмӯи хусусиятҳои морфофизиологӣ ва психологии кӯдакони синну соли калони томактабӣ, ки гузариши бомуваффақияти мураттабро ба таҳсили мактабӣ таъмин менамояд;
-тайёрии пешазмактабӣ- зинаи ҳатмии системаи таҳсили томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи он барномаи тайёрии кӯдаки 6-7 сола ба мактаб татбиқ мегардад;
-мақсад - тахайюлоти бошууронаи натиҷаҳои қаблан даркшуда, ки барои ба он ноил шудан амалҳои инсон равона шудааст;
-муносибат - ҳамкории одамон, ки барои мувофиқкунӣ ва муттаҳид намудани саъю кӯшиши онҳо, ба танзими муносибатҳо ва ба даст овардани натиҷаҳои умумии моддию маънавӣ равон карда шудааст;
-таълим - таъсири мақсаднок ва мунтазам ба таълимгиранда бо мақсади ба ӯ додани дониш, маҳорат ва малакаи муайян.
II. Муқаррароти асосии Стандарти давлатӣ
1) Муқаррароти асосии Стандарти давлатӣ инҳоянд:
- таъмини кафолати инкишофи ҳаматарафаи кӯдак;
- ташкили шароити мусоид барои риояи ҳуқуқҳои кӯдак ба инкишофи ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва дарки муҳити атроф;
- ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳид намудани кӯшиши ҳамаи калонсолон барои кӯмак ба нигоҳубини кӯдак дар марҳилаҳои гуногуни инкишофёбии ӯ;
- эътирофи моҳияти оила ва ҷомеа баҳри беҳбудии саломатии кӯдакон ва ҷалби онҳо ба ҷараёни инкишофи кӯдакони синни томактабӣ.
2) Афзалиятҳои стратегӣ - стандарти давлатӣ ба стратегияи мукаммалгардонии аз ҷиҳати илмӣ санҷидашудаи таҳсилоти томактабие, ки афзалиятҳои иҷтимоӣ, ташкилӣ, молиявию иқтисодӣ, барномавию методӣ ва ғайраро бо ҳам мепайвандад такя намуда, барномаи мукаммали амалиро дар системаи таҳсилоти томактабӣ дар сатҳҳои гуногун муайян мекунад.
3) Сатҳи иҷтимоӣ -такмили ҳамкории иҷтимоию иқтисодии оила ва соҳаи маориф, номгӯй ва сифати хизматҳои ба кӯдакон пешниҳодшуда:
- таъсис ва инкишофи ташкилотҳое, ки бо назардошти талаботи оила имконияти барои кӯдакони синни томактабӣ хизмат кардан доранд;
- омодагии пояи таълим ба шаклҳои нави ҳамкорӣ бо оила, ки ба раванди иҷтимоикунонии кӯдак, демократикунонии ҷараёни омӯзгорӣ ва муқаррар намудани муносибатҳои васеи байни омӯзгорон, падару модар ва кӯдакон равона карда шудаанд.
4) Сатҳи молиявию иқтисодӣ ва корҳои ташкилӣ - манбаи маблағгузории тамоми фаъолияти тарбиявию таълимӣ, хоҷагиву молиявии муассисаҳои томактабиро маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла маблағи худи муассисон ва дигар сарчашмаҳо ташкил медиҳад.
Ташкили шаклҳои нави муассисаҳои томактабӣ:
-ширхоргоҳ - кӯдакистонҳои шакли ҷуброншаванда;
-ширхоргоҳ- кӯдакистонҳои нигоҳубин ва табобатӣ;
-марказҳои инкишоф бо муҳайё кардани шароитҳои мусоид барои инкишоф ва таҳсилоти кӯдакони синни томактабӣ;
-ширхоргоҳи хурд, гурӯҳҳои кӯтоҳмуддат, гурӯҳҳои инклюзивӣ ва ғайра, ки фарогирии кӯдакони синну соли бармаҳалро бо таҳсилоти томактабӣ таъмин менамоянд.
5) Сатҳи барномавию методӣ - таъсис ва истифодаи усулҳои нави барномавӣ ва методӣ, таъмини фаъолияти муассисаҳои томактабӣ оид ба тарбия ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ.
III. Қоидаҳои умумӣ
6) Стандарти давлатӣ ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ буда, талаботи асосиро ба мазмуни тарбия, инкишоф ва таълими кӯдакон аз рӯзи таваллуд то синни 7 - солагӣ муқаррар менамояд.
7) Стандарти давлатӣ хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва минтақавии ҷумҳуриро ба эътибор гирифта, сатҳи асосии инкишоф ва таълими кӯдакони синни томактабии кафолатдорро пешбинӣ менамояд, ки он ба ташаккули шахсият, шавқу рағбат, суръати дурусти инкишоф ва тарзи ҳаёти кӯдак мусоидат мекунад.
8) Стандарти давлатӣ шароиту имкониятҳоро оид ба дастгирии ҳиссиёти кӯдак, тарзи муносибати калонсол бо кӯдак, муҳити инкишофёбию таълим, меъёрҳо ва усулҳои тарбияю таълими томактабии кӯдакон, ки сатҳи омодагии ӯро ба мактаб таъмин менамояд, муайян месозад.
9) Стандарти давлатӣ чунин амалҳоро пешбинӣ мекунад:
- истифодаи муносибатҳои нав дар ташкили фаъолияти педагогӣ;
- талаботи мушаххас нисбат ба мазмун, сатҳ ва сифати он;
- ҳифз ва таҳкими саломатии кӯдак тавассути тадбирҳои тиббию педагогӣ;
- таъмини шароит барои ба вуҷуд овардани ҳолати иҷтимоии инкишофи кӯдак.
10) Стандарти давлатӣ дар инкишоф ва таълими кӯдакони синни хурд бозиро чун фаъолияти асосӣ ва пешбарандаи ҷараёни педагогӣ арзёбӣ мекунад.
11) Стандарти давлатӣ мундариҷаи ҷараёни педагогиро дар шаклҳои гуногуни муассисаҳои томактабӣ ҳангоми дар онҳо мавҷуд будани муҳити инкишофёбии ашёӣ, мувофиқати таълимию методии муносибро, ки ба хусусиятҳои синну солии кӯдакон мувофиқат мекунад, муайян менамояд. Чунин муассисаҳо метавонанд марказҳои хурд, гурӯҳҳои кӯтоҳмуддати истиқомати кӯдакон, муассисаҳои махсусгардонидашудаи томактабӣ, кӯдакистонҳо дар хона бошанд, ки бо мақсади таъмини дастрасии барномаҳои таҳсилоти томактабӣ барои табақаҳои гуногуни ҷомеа сохта шудаанд.
12) Стандарти давлатӣ барои ташкили босифати ҷараёни педагогӣ дар гурӯҳҳои омодагии томактабӣ, мониторинги дараҷа ва сифати корҳои таълимию тарбиявӣ дар онҳо пешбинӣ шудааст.
IV. Мақсад ва вазифаҳои таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ
13) Мақсади таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ иборат аст аз:
-муҳайё кардани муҳити солим барои инкишофи кӯдак;
-мусоидат ва ташкили мутобиқшавӣ ба таҷрибаи аввалияи худинкишофёбӣ дар асоси қонеъ кардани талаботи кӯдак;
-ташкили роҳу усули комили инкишофи фардии кӯдаки синни томактабӣ, ки ба худинкишофёбӣ, хештаншиносӣ, худамалкунии ӯ дар роҳи манфиатҳои шахсӣ ва ҷомеа мусоидат мекунад.
14) Вазифаҳои таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ иборат аст аз:
-ҳифз ва пурқувват намудани ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак;
-ташаккули қобилиятҳои ҳаётан муҳим ва мутобиқшавии иҷтимоии аввлия мутобиқи хусусиятҳои синнусолии кӯдакон;
-фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои давраи пурсамари сенсомоторӣ ва сензентивии инкишофи нутқи кӯдак;
-тарбияи муносибатҳои мусбат ва ҳисси боварӣ ба худ ва атрофиён;
-инкишофи эҳсосот ва маънавиёти кӯдак;
-фаъолиятнокии кор бо оила бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии психологию педагогии падару модарон барои нигоҳубини кӯдакони синни хурд ва инкишофу тарбияи онҳо;
-инкишофи маҳорати нутқӣ ва қобилияти кӯдак, инкишофи нерӯи эҷодии кӯдаки синни калони томактабӣ;
-ташаккулёбии малакаҳои фаъолияти таълимӣ ва шавқу рағбат ба мақсадҳои таълим;
-васеъкунонӣ ва ганигардонии дарки кӯдак дар муҳити атроф;
-инкишофи қобилиятҳои ақлӣ, усулҳо ва воситаҳои фаъолияти маърифатӣ.
V. Соҳаҳои татбиқи Стандарти давлатӣ
15) Стандарти давлатӣ ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ буда, барои истифодаи умум ва ҳалли чунин масъалаҳо нигаронида шудааст:
- таъмини доираи васеи мутахассисон бо иттилооти дастрас оид ба таълими кӯдакони синни томактабӣ;
- расонидани кӯмак ба падару модарон барои азхуд кардани дониш ва маҳорати педагогӣ оид ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ;
- навгароии ҷараёни педагогӣ бо назардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа;
- дар таҷрибаи таълими муассисаҳои томактабӣ ҷорӣ намудани қабули пешакии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ба кӯмаки тиббию иҷтимоӣ эҳтиёҷдошта, таъмини шароити ниҳоии нигаҳдошти кӯдакон вобаста ба маҳалли зист, муҳайё кардани дастгирии маслиҳатомез барои падару модарон, инчунин омода намудани ҷомеа барои қабули шахси имконияташ мадҳуд.
16) Стандарти давлатӣ ба ҳама намудҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликият ва ташкиливу ҳуқуқиашон тааллуқ дорад.
17) Талаботи Стандарти давлатӣ барои муассисаҳое, ки ба таҳияи барномаҳои таълими томактабӣ, курсҳои махсус, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ машғуланд, ҳатмӣ мебошад.
VI. Гурӯҳбандии синнусолии кӯдакони синни томактабӣ
18) Асоси гурӯҳбандии синнусолиро низомнома оид ба синну соли психологӣ ҳамчун марҳилаи инкишофи кӯдак ташкил медиҳад, ки дорои сохтор ва ҷараёни инкишофи худ мебошад, инчунин низомнома оид ба вусъатёбии (амплификатсияи) инкишофи кӯдак бо алоқомандии ҳамаи паҳлӯҳои он низ муйян мекунад.
19) Ҳамбастагии кӯдак бо муҳити иҷтимоии худ, ки ӯро таълиму тарбия намуда, роҳи инкишофи кӯдакро муайян менамояд, ба пайдоиши шаклҳои нави психологии синнусолӣ ва ҳолатҳои иҷтимоии инкишоф, ки ба ин синну сол хос аст, оварда мерасонад.
20) Ба самтҳои муҳими инкишофи психикию физиологии кӯдакони синну соли томактабӣ инкишофи ҷисмонӣ, иҷтимоӣ ва эҳсосии кӯдак мансуб аст, ки чунин ҳолатҳоро пешбинӣ мекунад:
- ташаккулёбии хислатҳои иҷтимоию маънавии кӯдак, ки барои худамалкунии шахсият ва мутобиқшавӣ ба муҳити мактаб мусоидат менамоянд;
- инкишофи ташаббускорӣ, фаъолияти зеҳнӣ, соҳибихтиёрӣ, маҳорати хештангароии эҷодӣ дар кӯдак;
- ташаккулёбии салоҳиятнокии иҷтимоию эҳсосии (эмотсионалии) кӯдак, ки аз табъи хуши устувор, боварӣ ба худ, инкишофи назораткунии амалҳои худ, малакаи барқарор намудани муносибатҳои дӯстона бо ҳамсолон, шавқи таҳқиқ намудани ҳолатҳои нав иборат аст;
- гурӯҳҳои омодагии пешазмактабӣ дар муассисаҳои томактабӣ вобаста ба гурӯҳбандии синну солии кӯдак пур карда мешаванд;
21) Ташкили гурӯҳҳои томактабии синну солашон баробар, дар асоси хоҳиши падару модарон, баҳисобгирии шавқу рағбати ҳар як кӯдак бо дарназардошти мушкилоти хоси тарзи ҳаёти оила ва ғ.
VII. Гурӯҳбандии синнусолӣ ва намудҳои фаъолияти таълими дар муассисаҳои томактабӣ
22) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳбандии зерини синнусолӣ, ки хусусиятҳои ҷисмонию рӯҳии инкишофи кӯдакро инъикос менамояд, муқаррар карда мешавад.
-гурӯҳи синну соли бармаҳал - (аз рӯзи таваллуд то яксолагӣ);
-гурӯҳи дуюми синну соли бармаҳал - (аз 1 то 2 сола);
-гурӯҳи якуми хурд - (аз 2 то 3 сола);
-гурӯҳи дуюми хурд - (аз 3 то 4 сола);
-гурӯҳи миёна - (аз 4 то 5 сола);
-гурӯҳи калон - (аз 5 то 6 сола);
-гурӯҳи омодагӣ ба мактаб - (аз 6 то 7 сола).
23) Вобаста ба гурӯҳбандии синнусолӣ дар муассисаҳои томактабӣ чунин гурӯҳҳо ташкил карда мешаванд:
-гурӯҳи тифлӣ - (аз 1 то 2 сола);
-гурӯҳи якуми хурд - (аз 2 то 3 сола);
-гурӯҳи дуюми хурд - (аз -3 то 4 сола);
-гурӯҳи миёна - (аз 4 то 5 сола);
-гурӯҳи калон - (аз 5 то 6 сола);
-гурӯҳи омодагӣ ба мактаб (аз 6 то 7 сола).
24) Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гурӯҳҳои тайёрии пешазмактабӣ барои кӯдакони 6-сола таъсис дода мешаванд.
25) Вазифаҳои асосии Стандарти давлатии омодагии пешазмактабии кӯдакони аз 6 то 7 сола:
-пешниҳоди талаботи ягона барои интихоби мазмуни тарбияи кӯдакони аз 6 то 7- сола бо назардошти вариантнокӣ ва гуногунхелӣ;
-истифодаи муваффақият ва донишҳои муосир дар соҳаи инкишофи кӯдакон;
-вусъати нерӯи ҷисмонӣ, эҷодӣ, маърифатӣ, ҳиссӣ, ва иҷтимоии кӯдакон;
-ворид кардани инкишофи системаи арзишнок ба ҷараёни таълиму тарбия (муҳаббат ва шавқ нисбат ба маърифат, боварӣ ба қобилияти худ, боадолатӣ);
-ташкил намудани муҳити бехавфу инкишофёбанда;
-ба қадри гуногунрангии маданӣ, гендерӣ, этникӣ ва иҷтимоӣ расидан;
-хислатҳои инфиродии кӯдаконро ба эҳтиёҷоти махсуси онҳо ба эътибор гирифтан;
-ҳавасмандгардонии маҳорати кӯдаконро истифода бурдан;
-бо назардошти рағбати кӯдакони дигар муҳайё намудани муҳити мусоид барои тарбиятгирандагоне, эҳтиёҷоти махсус доранд;
-доир намудани машғулиятҳои гурӯҳӣ, фардӣ ва зергурӯҳй бо кӯдакон аз ҷумла бо кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус дар муассисаҳои махсуси таълимии томактабӣ;
-ҳавасманд гардонидани кӯдакон барои андӯхтани донишу малака ва маҳорат;
-тарбия ва таълими кӯдакон, омодагӣ ба мактаб;
-таҷрибаи илми психология, ки ба дониши асосҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ ва намудҳои хоси фаъолияти онҳо (бозӣ, муомилаву гуфтор, фаъолияти бадеию эҷодӣ, маърифатнокӣ, меҳнат) такя мекунад.
26) Дар нақшаи асосии таълим дар муассисаҳои томактабӣ давомнокии тахминии фаъолияти таълимӣ (омӯзиш) мутобиқи гурӯҳбандии синнусолӣ муқаррар шудааст. Шакли ташкили машғулиятҳоро мураббӣ бо роҳи ҳамгироии ҳатмии фаъолияти бозикунӣ ва таълимии кӯдак муайян мекунад. Дар ин ҳолат машғулиятҳо барои кӯдакони синну соли томактабӣ машғулиятҳо воситаест, ки бояд самти дилхоҳ ва сатҳи инкишофи кӯдаконро таъмин кунад, вале набояд мақсади асосии ҷараёни таълим бошад.
VIII. Принсипҳои фаъолияти таълимию тарбиявӣ
27) Солҳои аввали ҳаёти кӯдак хеле муҳим буда, барои инкишофи ӯ нақши асосиро мебозанд.
Ҳамкорӣ бо кӯдак бояд ба рӯҳияи мусбат, муносибати хайрхоҳона асос ёбад, ки он дар муомилоти неки ҷисмонӣ, ҳисси, забонӣ ва ғайризабонӣ таҷассум мегардад.
28) Муассиаҳои таҳсилоти томактабӣ ва шахсоне, ки ба нигоҳубину таълими кӯдакони синни томактабӣ машғуланд, талаботи фардии кӯдаконро ба эътибор мегиранд.
29) Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва шахсоне, ки ба нигоҳубин ва таълими кӯдакон машғуланд, фаъолияташонро ба нақша гирифта, ба мақсади инкишофи ҷисмонӣ, рӯҳӣ, қобилияти суханронӣ ва иҷтимоии кӯдакон чорабиниву машғулиятҳо доир мекунанд.
30) Бо назардошти самт ва хусусиятҳои инкишофи кӯдак фаъолияти намудҳои таълиму тарбия ва нигоҳубини онҳо бояд ба принсипҳои зерин асос ёбад:
- ҳамаи кӯдакон лаёқатманду бофаҳманд ва оламеро, ки дар он зиндагӣ доранд, хуб дарк мекунанд;
- ба худ кӯдакона баҳо додан ҷузъи ҳаётан муҳими инкишофи шахсияти солиму гуногунҷабҳа ба ҳисоб меравад;
- инкишофи кӯдакон малакаҳои маданӣ, забонӣ, фардӣ ва оилавиро дар бар мегирад;
- тарбияи бачагону духтарон бо назардошти эҳсоси дақиқи гендерӣ амалӣ гардонида мешавад;
- тамоми сатҳҳои инкишофи кӯдак ба ҳам алоқаманд буда, ба якдигар таъсир мерасонанд;
- кӯдакони синну соли томактабӣ ба воситаи бозиҳои шавқовар ва дарки фаъолонаи муҳити атроф инкишоф ёфта таълим мегиранд, барои дар чорабинӣ ва машғулиятҳо иштироки фаъолона кардан ба онҳо имкон додан зарур аст;
- қобилияти ҳал намудани мушкилиҳо ба инкишофи кӯдак мусоидат мекунад ва ин маҳорат дар натиҷаи бозиҳои харрӯза, машғулияту машқҳо бояд пайваста такмил ёбад;
- мутахассисони соҳаи инкишоф ва омӯзиши кӯдакони синну солашон томактабӣ сатҳи инкишофи фардии ҳар кӯдакро бояд ба эътибор бигиранд;
- натиҷаҳое, ки ба инкишофи кӯдак вобаста мебошанд, бояд ба хусусиятҳои инкишофу камолоти кӯдак асос ёбад;
- ҳамаи кӯдакон тавассути ба роҳ мондани муносибатҳои тарафайн дар оила, бо ҳамсолон ва калонсолон соҳиби дониш гашта, муайян намудани арзишҳоро дарк мекунанд;
- мураббиён ё шахсоне, ки хизмати тарбияву нигоҳубини кӯдаконро ба ӯҳда доранд, дар инкишоф ва омӯзиши онҳо нақши муҳим мебозанд.
31) Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва шахсоне, ки ба нигоҳубин ва таълими кӯдакони синну соли томактабӣ машғуланд, талаботи фардии кӯдаконро ба эътибор мегиранд ва ӯҳдадориҳои зеринро иҷро мекунанд:
- манбаъҳоро интихоб намуда, чорабиниву машғулиятҳои бозикунӣ мегузаронанд ва андӯхтани таҷрибаи амалиро, ки барои инкишофи ҳаматарафаю пурраи кӯдакон имкон медиҳанд, таъмин менамоянд;
- дастовардҳои кӯдаконро қайд ва таҳлил менамоянд, натиҷаи мушоҳидаҳоро ҳангоми банақшагирии фаъолияти минбаъдаи ташкили бозиҳои бачагона, таълим ва инкишофи онҳо истифода мебаранд;
- барои инкишофи ҳаматарафаи фаъолнокии пешбаранда ва солимгардонии кӯдакон шароитҳо фароҳам меоранд.
32) Номгӯйи машғулиятҳо: шиносоӣ бо муҳити атроф, инкишофи нутқ, адабиёти бадеӣ, меҳнати дастӣ, риёзӣ (ҳисоб), мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, суробсозӣ, гулмонӣ, расмкашӣ, таълими савод, бозиҳои омӯзишӣ, забони русӣ, забони хориҷӣ, шиносоӣ бо табиат.
33) Сарбории миёнаи таълимӣ дар гурӯҳҳои томактабӣ иборат аст:
Гурӯҳи тифлии бармаҳал - 8 соат дар як ҳафта
Гурӯҳи хурди якум - 8 соат дар як ҳафта
Гурӯҳи хурди дуюм -10 соат дар як ҳафта
Гурӯҳи миёна -12 соат дар як ҳафта
Гурӯҳи калон -17 соат дар як ҳафта
Гурӯҳи омодагӣ ба мактаб -17 соат дар як ҳафта.
34) Намуд ва сохтори муассисаҳои таълимии томактабӣ:
-кӯдакистон дар хона;
-кӯдакистонҳои ҷуброншаванда;
-кӯдакистонҳои парасторию солимгардонӣ;
-синфҳои пешазмактабӣ дар мактаб.
35) Имконияти ташкил намудани чунин шаклу сохторҳои нави муассисаҳои томактабӣ барои кӯдакони синни томактабӣ вуҷуд дорад:
- кӯдакистонҳои парасторию солимгардонӣ;
- маркази инкишофи кӯдак;
- гурӯҳи кӯтоҳмуддат;
- гурӯҳҳои инклюзивӣ.
36) Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар баробари муассисаҳои томактабӣ гурӯҳҳои омодагии пешазмактабиро низ ташкил кардан мумкин аст, ки дар онҳо кӯдакони 6-сола таълиму тарбия мегиранд.
37) Муассисаҳои томактабӣ аз ҷиҳати мансубият, таъйинот ва реҷаи кориашон фарқ мекунанд:
а) аз ҷиҳати мансубият онҳо метавонанд давлатӣ ва ғайридавлатй (хусусӣ) ва аз ҷиҳати таъйинот ба таври умумӣ инкишофёбанда бошанд, масалан:
- кӯдакистон барои кӯдакони то 7- сола;
- маркази томактабӣ бо татбиқи як ё якчанд самти афзалиятноки инкишофи тарбиягирандагон;
- марказҳои хурд барои тарбиягирандагон;
- кӯдакистон дар хона барои тарбиягирандагони синну соли гуногун, аз ҷумла кӯдакони 5 сола;
- гурӯҳҳои пешазмактабӣ дар хонаҳои кӯдакон ва мактабинтернатҳо барои ятимон ва бепарасторон;
- гурӯҳҳои пешазмактабӣ ва синфҳо барои тарбиягирандагони 6- 7 сола намуди ҷуброншаванда:
- ширхоргоҳ- кӯдакистон, кӯдакистон барои кӯдаконе, ки ҷисман ва рӯҳан ноқис мебошанд;
- ҳамаи намудҳои муассисаҳои инклюзивӣ.
б) аз ҷиҳати реҷаи корӣ:
- рӯзона;
- шабонарӯзӣ;
IХ. Меъёрҳои салоҳиятнокии кӯдакони синни томактабӣ
38) Мазмуну мундариҷаи нави таҳсилоти томактабӣ муносибатҳои нави ташаккулёбӣ ва инкишофи шахсияти кӯдакро дар бар мегирад, ки қобилияти истифодаи донишу малакаи худро дар вазъиятҳои гуногуни ҳаётӣ дорад ва дар шакли меъёрҳои асосии салоҳиятнокӣ ифода меёбад: а) аз тарафи кӯдак эътироф намудани нигоҳдории саломатӣ ҳамчун яке аз арзишҳои муҳимтарини мавҷудияти инсон, қобилияти солимгардонии ҷисмонии худ ва риояи қоидаҳои бехатарии фаъолияти зиндагӣ мебошад;
б) хусусияти робитавӣ - маҳорати барқарор намудани муносибатҳо бо кӯдакон ва калонсолон;
в) хусусияти забонӣ- азхуд кардани меъёрҳои забонӣ аз тарафи кӯдак;
г) маърифатӣ- мавҷудияти тасаввуроти бошууронаи дарки муҳити атроф ва сатҳи қобилиятҳое, ки ба хусусиятҳои психологии кӯдак мувофиқ мебошанд;
д) иттилоотӣ- қобилияти кор кардан дар фазои иттилоотӣ;
е) хусусияти фардию эҷодӣ ва инкишофи қобилиятҳои эҷодии шахсият, ки барои шинохти худ ҳамчун шахсият, имкониятҳои худ ва дарки қобилиятҳои худӣ заруранд;
ж) иҷтимоӣ- азхуд кардани малакаҳои муҳими ҳаётӣ, ки барои иҷтимоикунонии бомуваффақияти кӯдак дар коллектив, ҷомеа, одат кардан ба мактаб ва шароитҳои зудтағйиршавандаи ҳаёт заруранд;
з) арзишию маънавӣ- омӯхтани дараҷа ва фаҳмишҳои маънавие, ки ба арзишҳои миллию умумибашарӣ мувофиқанд.
Х. Вазифаҳои тарбияи оилавӣ
39) Дар Стандарти давлатӣ оила ҳамчун итститути иҷтимоии ҷамъият баррасӣ мегардад, ки дар он таълиму тарбия ва тайёрии кӯдакон ба мактаб амалӣ карда мешавад. Маҳз падару модар асосгузори шахсият ва саломатии кӯдак буда, дар ӯ талаботро ба муваффақият ташаккул медиҳанд.
40) Вазифаҳои тарбияи оилавӣ:
- фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи кӯдак таъмини ҳифзи иҷтимоию иқтисодӣ ва психологии ӯ;
- нигоҳдорӣ, инкишоф ва ба кӯдакон додани арзишҳои миллӣ, анъанаҳои ҷомеа, татбиқи нерӯҳои тарбиявию иҷтимоии насли худ дар оила;
- фароҳам овардани фазои бароҳати психологӣ, дастгирии эҳсос (эмоциональная поддержка), ҳисси бехатарӣ ва худро ҳамчун "Ман" як қисми ҷудонашавандаи оила ҳис намудани кӯдак.
- қонеъгардонии талаботи фардии кӯдак дар муошират бо наздикони худ ва барқарор намудани алоқаи зич бо онҳо;
- фароҳам овардани имкониятҳо барои шиносоӣ бо муҳити атроф, ҳифзи олами маънавии кӯдак, ёрӣ расонидан дар инкишофи нутқ, талаффузи дурусти калимаҳо, шиносоӣ бо калима ва мафҳумҳои нав;
- инкишофи сифатҳои маърифатӣ ва кунҷковии ӯ;
- такмили малакаю маҳорати фоиданоки амалӣ дар кӯдак, ки ба худхизматрасонӣ ва ёрӣ ба наздикон равон карда шудааст.
41) Волидон ҳуқуқ доранд, ки дар ташкили раванди педагогии муассисаи томактабии фарзандашон шарик шаванд.
ХI. Нақши педагог дар амалишавии Стандарт
42) Вазифаҳои педагог дар тарбияи томактабӣ:
- педагог бояд донишҳои психологияи томактабӣ, педагогӣ ва асосҳои педагогикаи коррексиониро дошта бошад;
- педагог барои сифат ва натиҷаи фаъолияти худ ҷавобгар аст;
- реҷаи оқилонаи ҳаракатнокии (бозиҳо, ҳаракатҳои рақсӣ, машқҳои ҷисмонӣ ва ғ.) кӯдакро ташкил медиҳад;
- шавқу рағбати мустақил будани кӯдаконро дастгирӣ менамояд;
- доираи амалҳои мустақилонаи кӯдакро бо назардошти афзоиши имкониятҳои ӯ васеъ мегардонад;
- барои азхудкунии шаклу намудҳои нави амалҳо, мукаммал намудани рафтору муносибатҳо кӯмак мерасонад;
- фаъолияти маърифатии ҳар як кӯдакро тавсиф менамояд ва рағбати мушоҳидакорӣ, муқоисаи сифату хусусиятҳои ашёҳоро инкишоф медиҳад.
43) Дар ҷараёни тарбия педагог бояд ҳисси таҳайюр, шодӣ, дарк кардани оламро нишон дода, бо саволҳои худ кӯдакро ба фикрронӣ ва ба кашфиётҳои нав водор созад:
-чӣ гуна инкишоф ёфтани муоширати кӯдакро бо ҳамсолон, аз ҷумла бойшавии таҷрибаи кӯдаконаи онҳоро мушоҳида менамояд;
-кӯшиши кӯдакро ба рафтори хуб дастгирӣ намуда, бо ин ба барқароршавии худбаҳодиҳии мусбии кӯдак мусоидат мекунад;
-бозиро мазмуни ҳаёти кӯдак мегардонад, гуногунрангии олами бозиҳоро ба хурдсолон мекушояд, муҳити бозиро ҳамчун ангезандаи эҷоди мустақилонаи бозӣ дар ҳамбастагии озоди кӯдак бо бозичаҳо, ашё, ашёи ивазкунада таъсис медиҳад;
-дарки дурусти ҷараёнҳои оддитарини меҳнатиро таъмин мекунад;
-тарзи ҳаёти кӯдакро ҳангоми бозӣ тавассути муҳити марбутаи ашёиву бозикунӣ, бозичаҳо, ашёи ивазкунанда, мавод барои бозиҳои эҷодӣ ташкил мекунад;
-намудҳои амалиёти мутақобиларо дар ҷараёни педагогикаи инсонпарварӣ, яъне ҳамкорӣ, якҷоя эҷод кардан, иштирок, баёни ҳамдилӣ, мусоҳибаро бояд донад ва тавонад, таҷрибаи намояндагони маданияту миллатҳои гуногун ва гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолиро ба эътибор гирад.
44) Шарти асосии ташкили раванди таълим ин ҳамарӯза муошират намудан бо ҳар як кӯдаки ба таври фардӣ ё дар зергурӯҳ мебошад.
45) Кори педагогиро бо кӯдак дар муассисаҳои томактабӣ, гурӯҳҳои томактабӣ, хонаи бачагон, мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятим ва бепарастор мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ амалӣ менамоянд.
46) Кормандони педагогие, ки маълумоти педагогии томактабӣ надоранд, дар асоси хулосаи комиссияи аттестатсионӣ барои кор бо кӯдакон роҳ дода мешаванд.
47) Кормандони педагогии муассисаҳои томактабӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мегузаранд.
ХII. Талабот ба раванди педагогӣ аз рӯи соҳаҳои маърифатӣ
48) Муайянсозии унсурҳои асосии инкишофи кӯдаки синни томактабӣ барои аниқгардонии панҷ соҳаи инкишофи ӯ, аз ҷумла ҳолати ҷисмонӣ, тарбияи маънавӣ, инкишофи фаъолияти дарккунандагӣ, муошират, забондонӣ ва саводнокӣ, инкишофи эҳсосӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун асос дониста шудааст.
1. Инкишофи ҷисмонӣ
49) Мақсад: тарбияи ҷисмонии кӯдакон - муҳофизат ва мустаҳкам намудани саломатӣ, мукаммалсозии ҳаракати кӯдак ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ комилан инкишоф додани ӯ ба ҳисоб меравад. Тарбияи ҷисмонӣ барои ташаккулёбии малакаҳои ҳаракатӣ, маҳорат ва сифатҳои ҷисмонии (чолокӣ, ҳушёрӣ) кӯдакони синну соли томактабӣ равон карда шудааст.
50) Барои ҳалли ин масъалаҳо ҳатман шароити мусоиди гигиенӣ фароҳам оварда, ташкили реҷаи дурусти рӯз, ғизои хушсифат, чораҳои обутобдиҳӣ, сайругашт дар ҳавои тоза ва ғайраро ба роҳ мондан зарур аст. Тамоми корҳоро оид ба тарбияи ҷисмонии кӯдакон чунон ба роҳ мондан лозим аст, ки онҳо доимо солиму бардам ба воя расанд, бемор нашаванд, хушбахт бошанд ва дар олами иҳотакунанда мавқеи худро дошта бошанд.
51) Инкишофи ҷисмонӣ - давраи солимгардонии ҳаёти кӯдак буда, онҳо дар ин вақт хеле серҳаракатанд. Сиҳатии ҷисмонӣ ба кӯдакон имконият медиҳад, ки бо ёрии машқҳои ҷисмонии гуногун сифатҳои устуворӣ, тавоноӣ, боқувватӣ, чобукию чолокиро дошта бошанд.
52) Саломатӣ ва ғамхорӣ ба худ - асоси ба худ ғамхорӣ кардан буда, гигиенаи шахсии хуб бошад дар худ малакаҳои ҳаррӯзаро ба монанди хоб, оббозӣ, либоспушӣ ва гигиенаи дандонро инъикос мекунад.
Ҳамаи ин омилҳо гарави саломатии кӯдак мебошанд. Муҳим аст, ки кӯдак аҳамияти тарзи ҳаёти солимро дарк намояд.
53) Бехатарӣ- яке аз омилҳои муҳими ҳифзи кӯдакон аз ҳар гуна ҳолатҳои ногувору моддаҳои зараровар мебошад ва дар омӯзиши қоидаҳои бехатарии саломатӣ ба кӯдакон ёрӣ расонданро дар бар мегирад. Бачаҳо бояд оид ба қоидаҳои бехатарӣ ва дастурҳои истифодабарии он дониши хуб дошта, эҳтиёткор бошанд ва тавонанд, дар ҳолатҳои зарурӣ худро муҳофизат намоянд. Дар кадом ҳолат ёрӣ талабидан, фарқияти байни бехатарӣ ва хатарро хуб дарк кардани кӯдакон ҳатмист.
2. Тарбияи маънавӣ ва инкишофи кӯдакон
54) Мақсад: тарбияи маънавӣ-маҷмӯи одату рафтори маънавӣ, гуфтор, ҳис ва дарк намудани тасаввурот мебошад, ки аз солҳои аввали ҳаёти инсон шакл мегиранд.
55) Синну соли томактабӣ- ин давраи муҳими тарбияи маънавӣ ва ташаккулёбии кӯдак мебошад. Бо назардошти синну соли кӯдак шахси калонсол мазмун, вазифаҳо, усулу воситаҳои таъсиррасониро муайян менамояд. Асоси маънавиёти кӯдакро одатҳои маънавӣ, рафтор ва амалҳое ташкил медиҳанд, ки онҳоро кӯдак аз соли аввали ҳаёти ӯ пайдо карда, минбаъд мавқеи худро дар муносибатҳои мутақобилаи иҷтимоӣ муайян менамояд, яъне муносибати дӯстонаю меҳрубонона бо атрофиён, ҳурмату эҳтироми калонсолон, ҳамсолон, мустақил будан, мехлатдустӣ, ғамхорӣ ба муҳити атроф ва дигар сифатҳое, ки ба тарбияи миллӣ хос мебошанд.
- ташаккули малакаҳои (фаҳмишҳои) маънавӣ мувофиқи хусусиятҳои фардӣ ва синнусолии кӯдак;
- инкишофи эҳсосҳои маънавӣ, хусусиятҳо ва тағйирёбии онҳо дар ҳолатҳои гуногун;
- таъсири ҳиссиёти маънавӣ ба рафтори кӯдак;
- тақлид ба калонсолон;
- омӯзиши таҷрибаи маънавӣ ба воситаи намудҳои фаъолият ба мисли бозӣ, меҳнат, муошират бо калонсолон;
- инкишофи худбаҳодиҳии кӯдакон;
- ташаккули олами маънавии кӯдакон;
- тарбияи малакаҳои маънавӣ рафтор ва одат.
3. Муошират, забон, саводомӯзӣ
56) Омӯхтани кӯдакон барои истифодаи озодонаи забони модарӣ ҳангоми муоширати бевосита бо одамон дуруст, бехато ва фаҳмо баён намудани фикри худ, тарбияи шавқу ҳавас каломи миллии адабӣ, ғанигардонии захираи луғавии онҳо самти афзалиятноки фаъолияти муассисаи томактабӣ ба шумор меравад.
57) Амалҳои муҳимтарини ин соҳа чунинанд:
- ташкили таҳсил дар самте, ки ба талаботи инфиродии кӯдак бештар созгор мебошад;
- мақсаднок ва бомаром гардонидани омӯзиш;
- васеъ намудани луғати фаъол ва ғайрифаъоли таркибҳои луғавӣ;
- инкишофи нутқи шифоҳӣ;
- дуруст баён намудани афкор;
- истифодаи калимаҳои азхудкардашуда дар ҷумласозӣ;
- қобилияти (ҷудокунии) пасту баландкунии овозҳо дар калима;
- қобилияти гӯш кардан ва фаҳмидани нутқ;
- калима гуфтан, аз калима ибора, аз ибора ҷумла сохтан;
- расонидани таъсири мусбат ба нутқи шифоҳӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии кӯдакон;
- ташаккули луғат, маданияти овозии нутқ, сохти грамматикии нутқ, нутқи мураттаб;
- омӯзиши талаффузи саҳеҳ.
4. Инкишофи иҷтимоӣ ва эҳсосӣ
58) Инкишофи малакаи кӯдакон барои эътироф ва баёни ҳиссиёти худ, дарки ҳиссиёти дигарон ва ба он ҷавоб додан, ки қисми таркибии инкишофи ҳиссӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Вақте ки кӯдак ба дараҷаи худогоҳӣ расида, ба саволи "ман - кистам," ҷавоб дода метавонад, мақсади мураббиро иҷрошуда ҳисобидан мумкин аст.
59) Соҳаи дигари инкишофи ҳиссӣ ин худтаъсирбахшӣ ва боварӣ мебошад, ки дар он ҳар кас нияти кореро ба анҷом расонидан дорад.
60) Инкишофи эҳсоси дар худ дарк намудан маҳорати идора ё танзим намудани онҳоро дар бар мегирад. Изҳори эҳсоси аввалин: шодӣ, ғазаб, хавф, бадбинӣ, ба ваҷд омадан, даҳшат ва ғ.
61) Азбаски инкишофи иҷтимоӣ ва ҳиссии кӯдакон бо матнҳо, маданият ва муносибатҳое, ки кӯдакон дар онҳо калон мешаванд ва онҳоро дарк мекунанд вобастагӣ дорад ва дар хотири кӯдак хуб нақш мебандад, волидайн ва мураббиён лозим аст, ки дар ташаккули мусбии соҳаи иҷтимоӣ ва инкишофи ҳиссии кӯдакон нақши аввалиндараҷа мебозанд.
5. Инкишофи малакаҳои маърифатӣ
62) Инкишофи қобилияти дарккунии кӯдак дар назар аст:
- инкишофи доираи ҷаҳонбинии мибаъдаи ҳар як кӯдак;
- фароҳам овардани имконияти инкишофи соҳаи маърифатии ҳар як кӯдак;
- ба вуҷуд овардани ҳолатҳое, ки кӯдаконро ба фаъолона истифода бурдани дониш, малакаю маҳорати худ водор месозанд, дар назди онҳо гузоштани вазифҳои боз ҳам мушкилтар барои инкишофи иродаи онҳо;
- ба саволҳои пайдошуда мустақилона ҷавоб ёфтанро водор намояд, ба гузаронидани санҷишҳо, андешаронӣ, тахмин кардан, савол додан равона кунад;
- соҳиби асосҳои маълумот дар соҳаҳои гуногун бошад.
- роҳҳои беҳтари ба кӯдакон расонидани донишро бар ӯҳда гирад.
ХIII. Талаботи намунавӣ ба мазмуни муҳити инкишофёбии кӯдакони синни томактабӣ
63) Гурӯҳҳое, ки дар он кӯдакон ҷойгир карда мешаванд, бояд аз се ҳуҷраи таркибӣ иборат бошанд:
- ҳуҷраи хоб, ҳуҷраи бозӣ, ҳуҷра барои гузаронидани машғулиятҳои инкишофӣ.
64) Дар тамоми бино реҷаи ҳавоӣ мӯътадил риоя карда мешавад:
-ҳуҷра барои гузаронидани машғулият-18-22 дараҷа;
-ҳуҷраи бозӣ-17-21 дараҷа;
-ҷойи хоб-16-20 дараҷа;
-рутубати ҳаво бояд тақрибан 40-60 фоиз бошад.
65) Либоси кӯдакон дар ҳуҷраҳо бояд бароҳат буда, ба реҷаи ҳарорат мувофиқат намояд.
66) Дар гурӯҳҳо барои истифодабарии озодонаи кӯдакон бояд маводҳои лозимии инкишофи нутқӣ ва эҷодии кӯдакон дастрас бошанд; ҳама гуна шароит барои фаъолияти инфиродӣ ва якҷояи кӯдакон муҳайё гардида, аз ҷумла гӯшаҳои танҳонишинӣ омода карда шаванд.
Дар гурӯҳҳо бозиҳои гуногуни омӯзишӣ (маҷмӯи бозиҳои гуногуни сюжетдор), бозичаҳои гуногун барои ташаккулёбии кӯдакон дар намудҳои гуногуни фаъолият бояд вуҷуд дошта бошанд.
Ҳуҷраҳои гурӯҳӣ ва бозӣ бо воситаҳои техникаи ҳозиразамон (компютерҳо, телевизор, видеомагнитофон, асбобҳои мусиқӣ ва ғ.) бояд ҷиҳозонида шуда бошанд.
Ҳуҷраҳои гурӯҳӣ бо мақсади ташкили ҷараёни таълимӣ-тарбиявӣ бо лавозимоти маишӣ- мизҳо, курсиҳо ва ғайра бояд таҷҳизонида шавнд.
67) Ороиши эстетикии гурӯҳҳо ба инкишофи бадеӣ ва эҷодии кӯдакон мусоидат менамояд (намоиши нигораҳо, асарҳои эҷодии халқ; намоиши корҳои муаллифии коркунони муассисаҳои томактабӣ, кӯдакон, волидайн). Барои саҳначаҳо ва спектаклҳо, бозиҳои нақшдор, бозӣ-драмавикунонӣ таҷҳизоту махсусиятҳои гуногун муҳайё карда шудаанд.
68) Дар гурӯҳҳо гӯшаҳои табиат (набототи хонагӣ ва ҳайвонот) ташкил карда шудаанд. Дар қитьаҳои замин барои инкишофи ҳаракат (двигательное развитие), инчунин барои парвариш ва нигоҳубини растаниҳо ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шаванд (боғ, обчакорӣ, гулзорҳо, мевазорҳо ва ғайра).
69) Дар ҳуҷраҳои бозикунӣ ё дар ҳолати набудани он дар ҳуҷраҳои дигар бояд барои бозӣ ҷой ҷудо карда шавад ва таҷҳизоти ҳар гуна бозиҳо вуҷуд дошта бошад.
70) Бозичаҳо ва мавод барои солимии ҷисмӣ бояд бехатар бошанд. Бозичаҳо ва маводи навхаридашуда пеш аз истифодаи кӯдакон бо собун ва оби гарм шуста мешаванд.
Бозичаҳо ва мавод бояд бехатарии психологиро таъмин намоянд. Онҳо набояд кӯдаконро ба иҷрои чунин амалҳо водор намоянд:
а) барангехтани кӯдак ба амалҳои таҷовузкорона, рафтори зишт, зӯроварӣ;
б) пайдо шудани эҳсосоти манфӣ, тарсу ваҳм, ноустуворӣ, нооромӣ.
Бозичаҳо ва мавод бояд инкишофи ҳаматарафаи кӯдаконро таъмин намуда, чунин хусусиятҳоро дошта бошанд:
- бисёрфунксионалӣ (имконияти истифодаи чандирӣ ва вариативӣ дар ҳолатҳои гуногуни бозиҳо, инчунин мувофиқи мазмуни бозӣ ва матлаби кӯдак будани онҳо);
- арзиши омӯзишӣ (имконияти истифодабарӣ ба сифати воситаҳои таълим);
- самти эстетикӣ (барои инкишофи бадеӣ-эстетикии кӯдак, ҷалби ӯ ба олами санъат);
- мувофиқатии бозичаҳо ба ҷинси кӯдак;
- ташкил намудани муҳити бозӣ дар оила.
71) Таҷҳизоте, ки дар ҳуҷраи бозӣ истифода мешаванд, бояд устувор мустаҳкам карда шуда бошанд.
72) Муҳити ташаккулёбии кӯдакро мунтазам тағйир додан зарур аст.
Бозичаҳое, ки ба кӯдак шавқовар нестанд, ба якчанд мӯҳлат гундошта шуда, дар ҳолати зарурӣ боз ба бозӣ омода карда мешаванд.
73) Стандарти давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои ҳамаи муассисаҳои томактабӣ, гурӯҳҳои томактабие, ки дар хонаҳои кӯдакон фаъолият мекунанд, мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятим ва бепарастор, гурӯҳҳои пешазмактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз тобеият ва сохторашон тааллуқ дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаҳои 28 ва 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимии томактабӣ доранд, минбаъд фаъолияти онҳоро аз рӯи ҳамин Стандарт ба роҳ монанд.
3) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2009-2010 барномаи таълимии таҳсилоти томактабиро таҳия ва тасдиқ намуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.